Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ифтихори мӯҳрагони ҷанг

Оё ширкат дар ҷанги Шӯравӣ бо мардуми Афғонистон метавонад, мояи ифтихори як тоҷик бошад? Месазад, оҳанҷомаи бисёреро пеши бар овехт ва солор қадам заду бар пояи пайкараи Мироненку гулчамбар гузошт? Ба ҳеҷ ваҷҳ на. Баракс бояд чилла нишаст ва омурзиш хост. Ваҳшатомез аст, вақте тоҷики Тоҷикистони соҳибистиқлол мегӯяд, аз ширкаташ дар ин авантюраи чанд пири ақлхӯрдаи шӯравӣ мутаассиф нест…

Зоҳиран ин ифтихори ғуломона дар партави ҷанги дигаре, ки имрӯз дар Афғонистон идома дорад, рӯ задааст. Ва ҳам аз таъми бозмондаи ҳасрати замони шӯравӣ, ки нобасомониҳои давраи истиқлолият онро ширинмазза кардаанд. Ва ҳамон худшиносии хуфта, ки хамирмояи ҷанги солҳои 1992-1997-и худи Тоҷикистон шуд.

Ман ҳам дар Афғонистон будам. Аз соли 1986 то 1988, яъне охирин солҳои хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ва даврае, ки дигар тамоми тагу тирези ин ҷанг ва ҳарбиёни шӯравӣ чун рӯз рӯшан шуда буд. Дар тафовут бо онҳое, ки имрӯз аз ширкаташон дар ҷанги Афғонистон ифтихор мекунанд, ман аз он кишвар на “Волга” овардам ва на “Жигулӣ”. Шукр мекунам, ки тани худро ба ватан бозовардам ва чанд ҷилд китоби хубро низ.

Ва достони баландеро бо номи “Асир”, ки аз рӯйдодҳои ҷанги Афғонистон қисса мекунад. Ман онро соли 1989 навиштам, аммо се сол “бузургон”-и Иттифоқи нависандагон ва “Садои Шарқ” ба чопи он иҷоза надоданд. Онҳо боисрор аз ман мехостанд, як саҳнаро, ки сарбози тоҷики шӯравӣ ба сари ду асир бензин рехта, онҳоро оташ мезанад, ихтисор кунам ё тағйир диҳам. То ҳол дар гӯшам, садо медиҳад, ки “на, тоҷик ин корро намекунад, беҳтараш ин сарбозонро қазоқ навис, он гоҳ бе мушкиле чоп мекунем.”

Ман чизеро дар ин асар тағйир надодам ва шодам, ки бигзор дертар, аммо ба шакле чоп шуд, ки мехостам.

Манзури ман тасвири сарбозоне буд, ки бар асари тарбияи коммунистӣ ва дурии комил аз дину диёнат ягон чизи муқаддас надоштанд. Бар замми ин онҳо ҳамчун тоҷик ва ҳамчун мусулмон ҳамеша мавриди шубҳаи фармондеҳони руси худ буданду мебоист бо ҳар роҳ исбот мекарданд, ки сарбозони содиқи шӯравиянд ва аз як сарбози украин ё рус камие надоранд.

Ин ҳам дар ҳоле ки ҳаёти ин “мӯҳрагони ҷанг” (“пешки войны”) барои фармонедҳонашон як пули пуч арзиш надошт ва фармондеҳон дар пайи дуздию сирқат ва ғаниматҳои худ буданд.

Дар қиссаи “Асир” қаҳрамони асосӣ гӯё бешуурона дар ҷанги Афғонистон ширкат мекунад ва ҳангоме ки ба умқи ин ҷиноят сарфаҳм меравад, рӯҳан бемор мегардад ва ба асири рӯъёҳои ҷанг табдил меёбад. Фароянд аз он ҷо сар мешавад, ки ӯ ба ватан бармегардад ва ба маҳбубааш тӯҳфаҳои зиёди “афғонӣ” меорад, аммо бону мегӯяд, ин ҳама олуда ба хун аст. Дар як тахмини адабии худ низ иштибоҳ накардаам, ки пушаймонии сарбози собиқ ба покгардии рӯҳии ӯ роҳ намекушояд, зеро захираҳои маънавию ахлоқии як тарбиятдидаи шӯравӣ барои ин кофӣ нестанд. Вай пойгоҳ, меҳвар ва такиягоҳи устувори маънавӣ надорад ва дар ҷанг бо хештан шикаст мехӯрад.

Иқрор мекунам, ки навиштаи ман шояд таъсири корое ба рӯҳу равони хонанда надошт, чун чизро тағйир надод ва танқиди адабӣ низ бо сабабҳои бароям номаълум ин асарро нодида гирифт. Ба назарам, ҳамчун як тарбиятдидаи дигари шӯравӣ танқиди адабии он давра шояд тавони кофии таҳлилу баррасии ин асари ғайриқолабиро надошт. Ҳарчанд бо назардошти айём ман ҳам натавониста будам, ҳама чизеро, ки мехостам, он вақт бигӯям.

Дар ҳоле ки ба ман мегуфтанд, тоҷик ин корро намекунад, яъне ба сари асирони ҳарбӣ бензин рехта, дар пеши чашми фармондеҳонаш онҳоро оташ намезанад, дертар хотираи як сарбози дигарро шунидам. Дар дохили як тонк фармондеҳи рус, ронандаи украин, сарбози тоҷик ва сарбози қирғиз дар Вардак ҳаракат доштанд. Аз паси сангҳо ба сӯи онҳо тирандозӣ мешавад. Аз оташи ҷавобӣ яке аз муҷоҳидон захмӣ шуда, аз сари кӯҳ меғелад ва ба рӯи роҳ меафтад ва зоҳиран дар ҳоли сакарот аст. Сарбози тоҷик пешниҳод мекунад, ки бо тонк ӯро пахш карда гузаранд ва маҷақашро бароранд. Фармондеҳи рус ба ӯ менигарад ва мегӯяд: “Чӣ мегӯӣ? Магар ту даррандаӣ? Ты что, ты зверь что ли?”

Чӣ монад ба намунаҳои дигар, ки мо худ дар ҷанги солҳои 1992-1997 дар худи Тоҷикистон дидем, сарбози мо, ҳамон тарбиятдидаи шӯравӣ ба чӣ ваҳшонияте қодир будааст. Ҳоло фикр мекунам, рӯ задани он қаҳрамонони қиссаи ман як ҳушдор будааст, ки бо ин ҳол моро чӣ чизе дар пеш интизор аст.

Як ҷинояти дигар ба ёдам мерасад. Дар беҳтарин давраҳои шӯравӣ хабаре шунида будам, ки дар яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон наврасон як шарики худро мурданивор лат карданд, фақат барои он ки тасмаи сарбозии ӯро, ки акояш аз хидмати ҳарбӣ овардааст, аз пешаш бигиранд.

Барои наврасону ҷавонон тасмаи сарбозӣ як мояи ифтихор буд. Камарбанде, ки дар оҳанакаш ситораи панҷгӯша ва досу болға дошт. Баъзеҳо ба он оҳанак симоб медавониданд, то оинасон бидурахшад. Имрӯз, вақте ба сарулибоси ҳарбиёни Тоҷикистони мустақил менигарам, ҳамон қисса ба ёдам меояд. Ин миллат маҳкум ба он аст, ки ҷовидона бо рамзҳои бегонагон ифтихор варзад.

Ва бо ҷангҳои бегонагон, чунончӣ имрӯз бар пояи ҳайкали Мироненку мераванд. Ҳайронам, ки пас аз чанд соли истиқлолият ин ҳайкалро сарнагун хоҳанд кард? Боз бист соли дигар? Ё 40, 50…?

Албатта, ифтихори пучи баъзеҳо аз надонистани ҳақиқат аст, барои бархи дигар ёди солҳои рафтаи умр ва савумиҳо як роҳи худмуаррифӣ ва роҳ ёфтан дар зиндагӣ. Оғозкунандагони ин ҷанг пушаймон шуданд, фармондеҳони он низ, русу украину қазоқу туркманҳо низ. Ҳазорон санаду китоб, филму барномаҳои мунташир шуд, ки ин ҷанг аз аввалин қадамаш хато ва дурӯғомез буд.

Ҳатто ҳамин солгарди 27 декабр як дурӯғе беш нест. Аввалин бахши нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон 10-ум ва 12-уми ноябри соли 1979 аз фурудгоҳи Чирчиқи Узбакистон ба ҳаво хеста, дар поойгоҳи Баграми Афғонистон ба замин нишаст. Рӯзҳои 3-вум ва 14-уми декабр ду баталйони таҳкимёфтаи дигар ба Кобул ва Баграм ворид гашт. Ин ҳама пас аз илтиҷоҳои батакрори раҳбари вақти Афғонистон, Ҳафизулло Амин. Ва ҳамин нерӯҳо худи Аминро нест карданду оташи ҷангро дар Афғонистон рӯған рехтанд, ки то ҳоло идома дорад.

Зиёда аз 1 миллион нафар аз аҳолии Афғонистон дар он ҷанг кушта шуд ва наздик ба 16 ҳазор шаҳрванди Шӯравӣ. То 5 миллион шаҳварнди Афғонистон бехонумон ва муҳоҷиру паноҳанда гардид. Иттиҳоди беобрӯшудаи шӯравӣ фурӯ рехт, ҷанини Толибон нутфагузорӣ гашт. Силоҳи он ҷанг дар Тоҷикистон анбор шуд ва дар қатли даҳҳо ҳазор ҳамватани мо ба кор рафт.

Бисёриҳо бар инанд, ки агар он ҷанг сар намезад, Афғонистон ба чунин рӯз намерасид. Ва дар Тоҷикистон ҳам ҷанг намешуд. Аз кадом сӯе ба ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон нигоҳ кунем, фақат хуну дарду ашк ва хиёнату ҷиноятро мебинем. Пас бо чияш метавон аз ширкат дар ин маъракаи касиф ифтихор кард? Бо чияш?

26.12.2009 - Posted by | Тоҷик, Худшиносй | ,

30 Comments »

  1. Фикр мекунам то хол сарварони гиромии мо аз тахти назорати сиёсати давлати Руссия берун наомадаанд. Истифода бурдани калимахои – худмухтор-сохибихтиёр, сохибистиклол (агарчи дар расмият кабул шудаанд) дар хакки Чумхурии мо ночоиз аст. давлати шурави мурда бошад хам рухи палиди у хамеша бо мо монд.

    Comment by rab | 26.12.2009 | Reply

    • Комилан ҳамфикри Шумоям. Аммо бояд омӯхт, ки чаро чунин шуд. Магар барои ҳар қавму миллат аз истиқлолият дида неъмати бебаҳотаре ҳаст?

      Устоди зиндаёд, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мегуфт, агар пас аз ин ҳама оташу хун Тоҷикистон ба истиқлолияти ҳақиқй соҳиб гардад, рӯҳи шаҳидони ҷанг ва беваю ятими ҷанг моро хоҳанд бахшид. Он гоҳ метавон гуфт, истиқлолият ба мо тӯҳфа нашудааст.

      Сиёсати маҳфилҳои муайяни ҳарбию истеъмории рус ба ҳадафи худ расиданд, онҳо дандонғуҷура мезаданд, ки истиқлолиятро ба чашми мо нишон хоҳанд дод, мегуфтанд, тавре хоҳанд кард, ки истиқлолият барои мо маззаи заҳрро бидиҳад. Агар ҳамаи корҳои кишвари мо хуб пеш мерафт, ҳоло касе ёди Шӯравй ҳам намекард. Зиндагии моро талхтар карданд, то талху шӯри гузашта ба назарамон ширин тобад.

      Comment by aioubzod | 27.12.2009 | Reply

  2. Ба як акидаи муаллиф розй нестам, ки навиштааш ягон таьсир накардааст. Ман ин асари Шуморо аввал дар мачаллаи “Садо Шарк” бо номи “Асири руъё” хондам ва пасон дар китобчаи “Гунги хобдида” ва шахсан ба ман таъсири зиёд дошту хамчунон бар инам, ки ба бисёре аз хамнаслони ман хам таьсири бузург дошт зеро пас аз хондани хамин асари шумо мо чй будани Афгонистонро фахмидем, ки иин аввалин асари мухим дар иин бора буд.

    Пасонтар Шодон Ханиф хам дар мавзуи Афгонистон асар эчод кард, рости гап, хонданаш вазнинтар буд ва навиштаи он кас рухияи идюлужик дошт, ки шуравй ба афгонхо сулху пешрафту тараккиёт меорад. Дар бораи навиштаи шумо аз бисёр дустонам шунидаам, ки барояшон бисёр писанд омадааст, харчанд рости гап, дарки он кори сахл набуд. Ташаккур аз шумо устоди азиз.

    Comment by Samandar | 27.12.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз лутфат, Самандари азиз. Чй чои пинҳон кардан, чунин номаҳо маро бисёр рухбаланд мекунанд, аммо ончй навиштам, ҳақиқати дардомез аст.

      Comment by aioubzod | 27.12.2009 | Reply

      • Изофа мекунам, китоби Шодон Ҳаниф асари хеле хубу хонданист ва аз ҳама муҳимаш воқеънигорона.

        Comment by aioubzod | 27.12.2009

  3. Шумо дар як чанг не, дар ду чанг мукобили афгонхо иштирок кардед, яке чанги русхо мукобил ба афгонистон ва дирае чанги англо-америка мукобили афгонхо. Иттифокан назаратонро дар ин марвид хам изхор кунед. Чун савети акнун моли таърих аст, аммо амрико моли вакт. Шумо чи мегуед?

    Comment by Латиф | 27.12.2009 | Reply

    • “Иштирок дар ҷанг”, Латифи фарзона, маънии муайян дорад — ҷангидан.

      Ман худро иштирокчии на ин ҷанг мешуморам ва на онаш. Мавқеъи ман ошкоро ҳамин ҷо гуфта шудааст, ки ҷанг як ҷиноят ва бадбахтист.

      Аммо башарият маҷбур аст, гоҳе даст ба ҷанг бизанад ва ҷанге, ки ҳоло идома дорад, дар ибтидо одилона буда, акнун ба ботлоқ табдил ёфтааст. Мебоист, дафъатан пас аз зарбаи аввал ва барканории Толибон иллату заминаҳои зуҳури онҳо ва ҳама гуна эҳтимоли идомаи хусумату хунрезй аз байн бурда мешуд. Афсӯс чунин нашуд ва садҳо нафари бегуноҳ кушта мешаванд.

      Беҳтар буд, дар марҳилаи дувум нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон аз кишварҳои мусулмон даъват мешуданд, шояд он гоҳ оташ ба ин андоза забона намезад.

      Comment by aioubzod | 27.12.2009 | Reply

  4. Ассалому алайкум !
    Рости гап ман дар хамин мавзуъ ба акидаи шумо ,огои Аюбзод катъиян рози нестам. Зеро ду нуктае, ки кайт мекунед:
    1. дахолати Англо-Америкои ба давлати Афгонистон дар ибтидо одилона буд.
    ва
    2. дар мархилаи дувум нерухои байналмилали аз кишвархои Мусалмон даъват мешуданд.

    1. Магар Шумо, марги миллионхо мардуми авгонро одилона мешуморед? Магар дахолат кардани Амрикоро ба сисати дохили-марзии дигар давлатхо одилона аст? (агар чи Амрико кафолати демократия дар дунё бошад,ки бу У ин хукукро додаст? ) Макар Шумо огои Аюбзод огох нестед аз сиёсати аслии Амрико?-албатта хастед!
    Баъд аз дохил шудани алянс дар Афгонистон, экспорти кочоки маводи мухаддир шаш баробар зиёд шудааст(аз соли 2001 то 2008) аз такрибан 1млн тон ба 6 млн тонна расидааст) пайсаи он ба кучо сарф шуда истодааст?(он дуруге, ки дар киссаи шахсони алохида хоб аст -ночост) Сухан дар бораи миллиардхо меравад! Лекин, Афгонистон аз хамон сатхи зиндагие, ки дар омони Толибон буд, баландтар нашуд(ба гайр аз оне ,ки пахши телевизион ва радиоро ичазат доданд ва дар баъзе аз кучахои кобул садои мусики баланд шудааст(магар демократияаш хами наст?) )
    Дар ибтидо дахолат кардани Англо-Амрико ба Афгонистон ба бахонаи террористон буд!(вокеаи 11 сентябри2001) Лекин, на террористон ёфта шуданд(дар Афгонистон ) ва на бомбаи хастаи дар Ирок! Ба хар хол мусалмони зиёд кушта шуд) Шумо худ бисёр хуб медонед, ки вокеаи 11 сентябр як сол пеш аз вуку ъ ба разветкаи Фаронса маълум буд. Худ хулоса кунед!!
    2. Шумо мегуед, ки нерухои байналмилали аз кишвархои мусалмон даъват мешуданд. Ба назари Шумо – якдигарфахми мешуд?, эхтироми дини?,мазхаби? Дар хобед ого!
    Шумо дар боло барои Точик точикро куштан дар Афгонистон(бо фармони бехудоён) сухбат доштет (Зеро 30% мардуми Афгонистон точиканд), Фикри худро бисер зуд иваз кардед ого!
    Ба ин давлатхои масалмон, худ рози нашуданд! Зеро мусалмон мусалмонро мекушад! Вакте фармон аз боло шуд! А болои он хама Гургони дарранда Ингилису Амрико истодаанд ого! Мо хама шохидони он гуна фитнахое, ки политтехнологони онхо мекашанд, хастем. Мисол: Фатху Хаммос дар Фаластин. Барои чи он кувае(хизбе), ки бо овози мардум ба шакли демократияви ба сари давлат меояд, Амрико ва хаммаслаконаш тарафдори намекунад (Мисол: Хаммос, Толибо)

    Набояд мусальмон мусалмонро кушт. Мо бояд ягона бошем!

    Comment by rab | 28.12.2009 | Reply

    • Набояд ҳеҷ касе каси дигарро бикушад. Аз ин ҷост, ки ҷанг як ҷиноят шумурда мешавад.

      Ҳамон гуна ки Шумо ба ақидаҳои ман мухолифед, ман ба ақидаҳои Шумо мухолифам.

      1. Агар мудохилаи Амрико ва дигарон намебуд, Толибон дар Афғонистон қуруни вусторо бармегардониданд ва нооромиҳоро ба Тоҷикистону ҳамаи Осиёи Марказй паҳн мекарданд. Исломе, ки толибҳо таблиғ ва ҷорӣ мекарданд, баёнгари ваҳшат буду бас. Онҳо на танҳо ҳуқуқи занон, балки ҳаққи ақаллиятҳои миллиро ба забону фарҳангашон эътироф намекарданд, ҳарчанд ин ақаллиятҳо низ мусулмонанд.

      2. Мудохила замоне ноодилона шуд, ки нерӯҳои байнулмилалй ба гурӯҳи нодурусте такия карданд ва кӯмакҳои Эътилофи Шимолро аз ёд бурданд. Сониян, ҳалношуда боқӣ мондани масъалаи Паштунистон ва амалан боз будани марзи Афғонистон бо Покистон вазъро сангинтар кард. Ниҳоят, фосид шудани ҳукумат ба зарияи пули осон — миллиардҳо доллари ҳадия.

      3. Нерӯҳои посдори сулҳ аз кишварҳои мусулмон барои Ироқ ва Афғонистон беҳтарин роҳи ҳал буд ва ҳаст. Чаро аз Лаҳистону Гурҷистон ё Чехия ва Латвия нерӯҳо хоста шуд, аммо на аз Индунезй ё Миср, Урдун ё Сурия ва ғайра. Дар он сурат аввалан қатлу куштор камтар мешуд ва сониян роҳу эҳтимоли сулҳу тафоҳум бештар. Чаро кишварҳои мусулмон дар ҳоле ки фанноварй ва пешрафтҳои Ғарбро қабул доранд, қоидаҳои ҷаҳонии бозиро намепазиранд ва худро аз масъулияти умури ҷаҳон канор мекашанд?

      Хашм имдодгари мантиқ нест.

      Comment by aioubzod | 28.12.2009 | Reply

      • Сониян, ман аз ягон фикри худ нагаштаам. Дар матлаби боло ман дар бораи ваҳшонияти онҳое навиштам, ки дур аз дину диёнат ва берешаву бемуқаддасот таҳти тарбияи коммунистй ба воя расидаанд. Намебояд онҳоро ҳатто мусулмон номид. Пас ман нанавиштаам, ки мусулмон мусулмонро мекушт. Онҳое, ки ба воситаи дин ё ҳар афкору ақидаи дигар меҳвари қавии маънавй доранд, даст ба ваҳшоният ва одамкушй намезананд.

        Обод бошед.

        Comment by aioubzod | 29.12.2009

  5. Akoi Salim,

    Jangi Afghoniston dar hakikat jangi talxest.
    In idvomi tuxmi koridai imperyai Rusu Inglis bud.

    Vale man chize digar mexostam. Bisyor xub meshud ki Vazorati Maorif dar Afgoniston omuzishi maktabhoro ba uhda megirift. Bar donishjuyoni afgon dar mo kvotaho mekardand to dar oyandai Afghoniston mo roli muayan meboxtem.
    Agar natijai Irok dar Afgoniston niz baroyad yane ba se kism Pashtunu Tojiku Hazara taksim kunand shoyad Tojikiston ba tojikoni burunmarzi xud karzi barodari bajo orad.
    Man tashnai zamini beshtar nestam vale najoti Tojikiston az bapoxestanu najotdihandai tojikoni burunmarzi shudan ast.

    Comment by Voris | 29.12.2009 | Reply

    • Дар Эрон бо як паноҳандаи афғон мулоқот доштам, бо шиква мегуфт, дар 16 соли ҷангу нооромии Афғонистон ва паноҳанда шудани миллионҳо нафар, Эрон як мутахассисе ҳам барои Афғонистон таҳия накард. Албатта, дертар Эрон ба Афғонистон кӯмаки зиёде кард ва мекунад, вале бубинед, ин нукта абадан дар дили ҳамзабони мо боқӣ мондааст ва манзур ин аст, ки кӯмаки зарурӣ дар вақти зарурй ва ба шакли зарурй расонда шавад, бор хоҳад овард.

      Дар ҳақиқат пешниҳоди Шумо ҷолиб аст. Тоҷикистон бояд бо ҳар роҳи мумкин ба тоҷикон дар Афғонистон мадад расонад. То ҷое мебинам, ҳамин тавр ҳам ҳаст, албатта, мумкин аст, бештару бештар бошад.

      Вале фикр намекунам, Тоҷикистон бояд мустақиман вориди баҳсҳои миллй дар Афғонистон шавад. Даргумон аст, ин натиҷаи нек диҳад ва Тоҷикистон низ, мутаассифона, абарқудрат нест.

      Дар бораи тақсимот. Ин ақидаро худи афғонистониҳо низ дар миён мегузоранд ва хостори як конфедерасюн ё федерсиюн ҳастанд. Аламовараш ин аст, ки эътилофи байнулмилалй, зоҳиран ба тоҷикон зиёд бовар надорад ва дар чанд соли охир онҳоро аз саҳна берун кардааст. Боз ҳамон иштибоҳи Шӯравӣ — такия ба паштунҳо ба хотири ором кардани онҳо дар Покистон такрор мешавад, ки як мевааш ҳамон Толибони хунхор буданд.

      Зимнан, толибҳоро низ Ғарб талъиму тарбия дода, пуштибонй карда ба саҳна оварда буд ва ҳоло баорхе аз ҷавонони мо онҳоро чун салафони Паёмбар қабул ва ба пояшон саҷда мекунанд.

      Comment by aioubzod | 30.12.2009 | Reply

  6. Ассалому алайкум!
    Чанг албатта зиён аст ва дар Афгонистон чангро Амрико бо хамтабаконаш саркарданд!
    Бинобар ба хурмату эхтиром дар шахсияти Шумо огои Аюбзод, ллекин акидае ки Шумо пайрави мекунед дар бораи хатарнок будани сиёсати толибон ба кишвархои хамсоя. Ин акидаро ман акидаи бухтони,дуруги ва пуччак медонам. Зеро Ин акида Асос надорад!(ба хар хол надошт!)
    Чи хочати ба факту ракамхо гузаштан аст, дар давраи хукуматдории Толибон роххо хадди акал кушода будан(байни шахрхои дохили Афгонистон) Мисоли дигар дар бораи шартномаи хукумати толибон бо Туркменистон оиди «марзхои озод»-кушода
    Намедонам дар бораи он вахшонияте ки шумо мисол меоред ки толибон чори карданд (Дар хакикат ба назари мардуми гарб панч вакт намоз гузоридан и вахшад аст сатр вахшат аст ва Паёмбари гироми оварандаи он вахшат (Нааузубиллох!)(войи оне ки пайрави аз Он дунёи гарбанд! )) Лекин боз хам ба Шумо ёдрас мешавам ки Толибон Ин меваи интихоби демократияи Афгонистон буд. На он «марионеткае» ки Амрико пешниход кардааст.
    Дар бораи хукуки зан шумо чиро мефахмед?? Масалан ба назари гарбихо фохишаги кардан хукуки зан ба хисоб меравад. Магар Шумо пайрави хамин акида хастед??? Лекин Шумо ба Мусалмон буданатон Алхамдулиллох мумкин гуед!
    Дар бораи акаллияти милли ки бо забону фархангаш эътироф намекарданд хеч хабар надорам:
    Агар шумо дар назар доред точикони афгонро ки ворис дар поён кайт кардааст (бо як назарияи кучак!) Ин сиёсати дохили Афгонистон буд ва Ин бояд хал мешуд Дар дохили Афгонистон !!!
    Хеч кас ба Руссия пешниход намекунад ки чаро хукуки тоторхо поймол аст! Ё забони тотори забони дуюми давлати шинохта шавад ! ё барои чи Руссия факат ба Русхо эътироф мешавад!
    Зеро тоторхо Ин миллати давлатсозанд (Государствостроительный народ) дар Руссия ё масъалаи Кавкоз!!! Ба Ин хеч кас дахолат карда наметавонад зеро Ин масъалаи дохилимарзи аст!
    Аз Ин бар меояд ки максад дар дигар чист!
    Ё дар назар хошиши акаллияти миллиро ки Толибон эътироф накарданд Клубу, Дискотекаву, Майнуширо-агар Ин хаки фарханги бошад! Ё хайкали Будои, дар Ин холат онхо мусалмон нестанд чи хеле киШумо худ дар поён кайт кардед «Пайрави аз комунистро мусалмон намешавад номид»-(Перефразировано)
    Ё Ин ки демократияи Исломро кабул кунед! Ё демократияеро ки ба мо хамин гуна бехудоён ба мо пешниход доранд!
    Як чанд фикри дигар оиди 2 ва 3 хам дорам, Аввал мехостам фикри Шуморо оиди оне ки —Максади асосии Амрико ва НАТО дар Афгонистон дар чист ??? шунавам!

    Comment by rab | 29.12.2009 | Reply

    • Толибон — меваи интихоби демократияи Афғонистон? Магар ого фаромӯш кардед, ки бо чй хунрезиҳое онҳо Ҳироту Кобулро гирифтанд?

      Хуб дар муддати рахбарии худ онҳо чй пешрафти демократие ба Афғонистон оварданд?

      Валлоҳ, ҳаргиз маро мутақоъид карда наметавонед, ки толибҳо нерӯи нек буданд. Ман ҳатто мусулмонии онҳоро зери суол мебарам, чун имон чизест, ки намегузорад, ба роҳи каҷ равй, вале толибҳо аввал фармоиши дигаронро ба ҷо меоварданд ва сипас, вақте ҳокимиятро ба даст гирифтанд, гегемонизму шовинизми паштуниро сармашқи кор қарор доданд.

      Мумкин ҳеҷ кас, махсусан онҳое ки дили санг доранд ва ё идеолужике пеши чашмашонро бастааст, парвое надоштанду надоранд, ки ҳоли тоҷик дар Афғонситон чӣ гуна аст, аммо дили ман ҳамеша ба ҳоли онҳо сӯхтаасту месӯзад, ҳамон гуна ки дили як тотор ба вазъи тоторхо, ки мегуед дар Русия.

      Чаро ислом дохилимарзй нест, дискотека дохилимарзй нест, ҷанг дохилимарзй нест, аммо ишқ ба ҳамзабону ҳамхун бояд дохилимарзй бошад?

      Шумо кистед, ого? Мешавад, бо ному насаб ва ҳирфаю коргоҳи худ ошкоро баҳс кунед? Ман ки ҳамааш рӯшод аст ва ниҳоне надорам.

      Comment by aioubzod | 30.12.2009 | Reply

  7. Ассалому алайкум.Ман ин бахсро хонда натавонистам ки ором биншинам.Фикр мекунам ки барои ором намудани чанг дар Афгонистон аз хама аввал хамсархадон харакат кунанд.Инчунин ин вазифаи мусалмонии хар як фарди мусалмон аст.Ое намешавад як хайате аз одамони бонуфузи давлатхои мусалмоннишин тартиб дод ва дар дохили Авгонистон барои ором намудани чанг мубориза бурд.Агар чунин хайат ба ором намудани вазият каме хам бошад мувафак шавад он гох метавонем гуфтан ки Амрико ва НАТО мудохила накунанд.Дар дохили чанг хеч кас аз берун наметавонад бигуяд ,ки КИ БА ЧИ КОР ОВОРААСТ ва ки хакку ки нохак.Мусулмонон аз маргу нобудии мусулмонон пешгири кунед бетараф набошед!!!!

    Comment by olimbeg | 30.12.2009 | Reply

  8. Мехостам, бифахмам чи пешрафт демократие Амрико овард ба Афгонистон (ба гарз аз миллионхо марги мусалмон!ва равнак ёфтани тичорати маводи мухаддир!)
    Шумо мавкеи худро оиди Максади асосии Амрико ва НАТО дар Афгонистон дар чист ? изхор кунед!!!

    Comment by rab | 30.12.2009 | Reply

    • Афғонистон кишварест, ки ҳаргиз дар он интихоботе баргузор нашуда ва порлумоне вуҷуд надоштааст. Радио, телевизион ва матбуоти озод низ. Иқтисодиёти он дар сатҳи хеле поин қарор дошт ва ҳоло бо вуҷуди фасоду сирқат рӯ ба рушд дорад. Аз ҳама муҳимаш ҳаққи ақаллиятҳои миллй дар ин ҷо ҳамеша поймол мегашт, ки сабаби зуҳури чандин ҳизби миллатгаро гардид. Кишвар ҳоло ба тарбияи мутахассисон дар тамоми риштаҳо машғул аст, то ояндае дошта бошад.

      Ин ҳама фақат дар як нигоҳ.

      Вале, албатта, ҷанг ба пешрафти воқеӣ монеъ мешавад ва решаҳои ҷанг низ на дар ислом аст, балки дар миллатгарой в шовинизми миллй.

      Comment by aioubzod | 31.12.2009 | Reply

  9. Бо зури силох дар Афгонистон хеч давлат, хеч вакт комёб нашудааст ва намешавад. Ин кашмакашихо киссаи сипохиёни Шуравиро ба хотир меорад ва дахсолахо давом хохад кард. Амрико бо як рох метавонад дар Афгонистон комёб шавад, факат бо рохи пулу пайса. Агар дар иктисодиёти Афгонистон, даххо милиард дулор сахм гузори кунад, он гах комёб хохад шуд, вагарна хеч вакт… Хатто, агар Амрико ва НАТО аз хоки Афгонистон берунхам шаванд, дар ончо ороми намешавад. Дар ончо ба гайр аз куввахои Паштунзабонон ва Точикон, боз куввахои Туркзабонон (узбакхову Туркменхо) ва Хазорахо низ вучуд доранд ва ин чор гурух аз чор тарафи курпа (одеяло) капида ба тарафи худ каш медиханд. Хар яке аз ин гуруххо мехохад дар ончо хукумрон бошад. Ноороми ва бадбахтии Афгонистон дар он аст ки, хар яке аз ин гуруххо пуштибони (крыша) худро дорад ва назари ин пуштибонхо бар мукобили якдигаранд.

    Comment by Patriot | 30.12.2009 | Reply

  10. Ba guftai Olimbeg metavon rozi shud. Va inchunin ilva kardaniam, ki ZUR hamesha ZUR ast va chi metavon kard?? Dar zindagii hamaruza niz in namudor ast.Amriko dar haqiqat tavono va bokuvvat ast va tanho az dargohi Khudo khohonam ki ZUR boinsof boshad. Bakhusus Obama khele obrui Amerikaro ba bolo burda istodaast. Yak chizi digarro ilva mekunam ba barodar RAB. Barodar injo bahs dar digar bora raftaistodaast va ba hayotu munosibatu muomilai shakhsii navisanda zanakh nazaned. In az rui odob nest. Ba nazari kamina niz khub meshud az hisobi davlathoi musulmoni neruhoi sulhkhohro onjo mefiristodand. Maro bakhusus yak chizi digar dar tashvish mondaast. Ma’lumot hast ki Uzbakho bo yorii olmoniho naqsha dorand viloyate az Afghoniston ba tassarufi khud darorand. Dustum bo hamin maqsad guyo az Turkiya ba Toshkand va sipas pas az bozdid bo Karimov ba Afghoniston raftaast to naqshai nopoki onhoro amali namoyad. Ya’ne purra az jang istifoda namuda ba qatli tojikkushii omm mashghul shudanash mumkin…

    Comment by Boghbon | 31.12.2009 | Reply

  11. Бехтар аст дар ин бора нанависед феълан. Чун хакикатро медонед, аммо ба худ ичоза намедихед, ки онро бигуед. Ин чури нест, ки тачовузи шурави ба Афгонистон махкум бошаду тачовузи Амрико мукаддас. Ва одилона гуфтани чанг чи маъно дорад, хеч чанге одилона намешавад. Бехтар ин буд, ки Амрико Масъудро намекушт, балки ба ихтиёраш пулу воситаи чанги медод. Мутмаин бошед, ки агар Масъуд 5% пуштибонии балйнамилалиеро, ки имруз хукумати Карзай

    Comment by Латиф | 31.12.2009 | Reply

  12. Бехтар аст дар ин бора нанависед феълан. Чун хакикатро медонед, аммо ба худ ичоза намедихед, ки онро бигуед. Ин чури нест, ки тачовузи шурави ба Афгонистон махкум бошаду тачовузи Амрико мукаддас. Ва одилона гуфтани чанг чи маъно дорад, хеч чанге одилона намешавад. Бехтар ин буд, ки Амрико Масъудро намекушт, балки ба ихтиёраш пулу воситаи чанги медод. Мутмаин бошед, ки агар Масъуд 5% пуштибонии балйнамилалиеро, ки имруз хукумати Карзай дорад медошт,хеч толибе дар ин нух сол боки намонда буд. Аз чанг пуштибони накунед. Агар Амрико аз хукумати мучохиддин пуштибони мекард, заруракте ба зухури Толиб набуд. Чаро намегуед, ки Толиб сохтаи Амрикост?

    Comment by Латиф | 31.12.2009 | Reply

    • Лутфан, Латифи азиз посухҳои маро бодиққаттар бихонед. Ман гуфтаам, ки асли баромади Толибон аз куҷост.

      Comment by aioubzod | 31.12.2009 | Reply

  13. Ман аз огои Аюбзод узр мехохам зеро ба ман хамеша маколаву мавзуъхое ки У пешниход мекунад писанд буд ва хаст Аз чумла дар бораи озодии фикр ва сухан. Мутаасифона дар ин мавзуъ хамфикр нашудем ва дар хама мавзуъхое ки дахолати Амрико аст(вероятно). Зеро ман Демократия Амрикои ро кабул надорам ки барои давлатхои мусалмон талкин мекунад. Боз хам узр..

    Comment by rab | 31.12.2009 | Reply

    • На, узр напурсед. Бигзор ҳар шахс ақидаи худро дошта бошад ва ман ақидаи Шуморо эҳтиром мекунам. Вале ҳамеша мухолифи хулосаҳои қатъй ва ниҳоиям. Ҳеҷ банда наметавонад, ақидаи худро ба ҳайси ҳақиқати мутлақ дар миён гузорад.

      Фақат як лаҳза тасаввур кунед, ки дахолати беруна агар намебуд, дар Афғонистон чӣ вазъу ҳоле барқарор мешуд?

      Сониян, демократия аз Амрико нест, бо ҳама навоқисаш, ин дар ҳоли ҳозир беҳтарин роҳи ҳаифзи тавозун дар ҳар ҷомеа аст ва шарқию ғарбй ҳам буда наметавонад.

      Comment by aioubzod | 31.12.2009 | Reply

  14. Аллоху Акбар! ба суханатон Латиф !!!!!

    Comment by rab | 31.12.2009 | Reply

  15. Рахбари “Хизби чунбиши Милли”-и Афгонистон, женерол Дустум, дар солхои 1996-97 як кисми шимоли Афгонистонро (Мазори Шариф, Шубургон, Маймана…) бо номи давлати “Дустумистон” эълон карда буд. Хатто, пайсахои худро дар муомилот бароварда буд ки, бо номи “пайсахои Дустуми” ёд мешуданд. Аз ин кори Дустум, тамоми миллати Паштуни Афгонистону Покистон ба куввахои “Толибон” пайвастанд. Вакто ки, Толибон ба Мазори Шариф хамла карданд, чангхои шадиду вахшиёна байни ин Ду гурух сар зад, ки чандин нафар аз хамватанони мухочири Точикистони низ чон ба Хак супурданд. Куввахои Дустум аз “Ками Сахи” ки, дар ончо мухочирни Точикистони зиндаги мекарданд, исифода бурданд. Дустумихо бо танкхову тупхо дар дохили Кампи Сахи даромада сангар гирифтанд ва ба тарафи Толибон файр мекарданд. Аз аввал Толибон тарафи Капми Сахи тир напаронднд, ки мухочирони Точик зиён набинанд, баъдхо кампи Сахиро хокашро бехтанд. Дар задухурдхое ки, байни азхоби сиёсии Афгонистон сар мезад, агар куввахои Дустуми иштирок мекарданд хатман тарафи мухочирони Точикистони тир мепарониданд ва чандин нафар мухочири Точик ба халокат мерасид. Дар вилояти Кундуз низ ва дигар чойхои ки, мухочирони Точикистони зиндаги мекарданд ин вокеъахо тез-тез рух медоданд. Дар задухурдхои байни дигар куввахо (гайри Дустуми) ягон Точик ба халокат намерасид ва мухочирони Точикистониро хамеша этиром мекарданд.
    Аз мавзуъ як зарра дуртар рафтам… хайр маъзарат!!!

    Comment by Patriot | 31.12.2009 | Reply

    • Боке нест, ҳама аз мавзӯъ дур рафтем. Ҳамон гуна ки ҳоло ҳам тарафдорони Шӯравй дар байни мо зиёданд, акнун тарафдорони Толибон рӯ ба афзоиш доранд. Иллати асосй ин аст, ки мо аз меҳвари миллият маҳрумем ва одат дорем ба таҳаввулоти олам аз зовияи дигарон нигарем.

      Дӯст дорем, донему надонем, дарк кардаем ё на, ба ҷои дигарон низ ҳарф бизанем.

      Пас суол содатар аст: Шумо бо Аҳмадшоҳи Масъуд ифтихор доред ё бо Толибон?

      Comment by aioubzod | 31.12.2009 | Reply

  16. Ман на тарафдори Шурави хастаму на тарафдори Толибон. Факат як фикр дорам, ки Дустумихо бадтар аз Толибон хастанд. Бо АхмадШохи Масъуд хамеша ифтихор доштаму ва холо хам дорам. Точике ки, бо АхмадШохи Масъуд ифтихор накунад, ношукру курнамак аст!

    Comment by Patriot | 31.12.2009 | Reply

    • Ин беҳтарин посухест, ки то ҳоло шунидам, вале аз рӯи навиштаҳояш, фикр намекунам, ки ҳамсӯҳбати мо бо номи “rab” Масъудро мояи ифтихори худ намешуморад ва афсӯс, ки чунин ҳамватанони мо зиёданд.

      Comment by aioubzod | 31.12.2009 | Reply

  17. Чанд сол пеш як дусти Афгонам ба ман китоберо тухфа намуд, ки муъалифаш нависандаи Амрикои Брус Ричардсон мебошад. Муъалиф дар мавриди сиёсати Русхо дар Афгонистон ва Осиёи Маркази чунин менависад: “Тактикаи Руси “тафрика андози ва хукуматсози” дар Афгонистон комилан машхуд аст. Чунонеки, дар Осиёи Маркази дар кисмати дувуми карни нуздахум ва аввоили карни бистум ба вукуъ пайваст, як навъ тарзи муъомилаи тафрикаандози ва куштори сиёси (геноцид)дар пешбурди чанг, намудори стротежи чанги Шурави буд.” (Нигох: с. 213-215).
    Муъалиф менависад: “як нафар сипохи Шурави, ки бо куввахои муковамат дар вилояти Баглон пайваста буд, ба “Нью-Йорк таймс” чунин гуфт: “мансабдорони мо гуфтанд, ки мо бояд ба дохили кария рафта тамоми мардум ва хайвонот, гусфандон, аспхо, хатто саг ва пишакхои онро бикушем. Мансабдорони мо бо мо хидоят медоданд, ки вакто болои як кария хамла мекунем, хатто як нафар хам набояд зинда бимонад, чунки руйдодро хикоят хохад кард. Агар мо аз таъмили авомири онхо сарпечи мекардем, гардани худи моро мезаданд.” (Георги Замлибеков, аввали ноябри соли 1985).

    Comment by Patriot | 11.01.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: