Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ростию дӯстӣ — ҳамсоягӣ ва дурустӣ

Сардии шабеҳ ба ҳавои шаби солинавиро метавон шохиси вазъи муносибатҳои байни ду ҳамсоя — Тоҷикистон ва Узбакистон дар поёни соли 2009 номид. Вале ба ҳамон гунае, ки ҳаво дар табиат тағйирёбанда аст, ин муносибатҳо низ аз шебу фарози зиёд гузаштанд. Дар ҳеҷ соли дигаре равобит миёни ду кишвар ба ин андоза сард нашудааст. То ба ҳадде, ки хабаргузории Trend-News аз таҳлилгарон пурсидааст, оё дар соли 2010 байни Тоҷикистон ва Узбакистон низоъи мусаллаҳона сар хоҳад зад?

Посухи умда духӯра аст: “Гумон намеравад, мушкили обу энержӣ ду кишварро ба ҷанг кашонад, вале аз ҳеҷ чиз наметавон қатъи назар кард.”

Яъне на “оре”-и қотеъ ва на “не”-и маҳкам. Печидагии тамом, вале падид омадани чунин пурсиш худ як нишондиҳанда аст. Беҳуда нест, ки ин матлаби як андоза таҳрикомези хабаргузории озарбойҷонии Trend-News-ро дафъатан даҳҳо сомонаи интернетии Русия мунташир карданд. Ва дурнамои муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон ба яке аз мавзӯъҳои сиёсатшиносон табдил ёфтааст.

Чӣ чиз имкон намедиҳад, ки ду ҳамсоя сари як миз биншинанд ва тамоми суолу нигарониҳои худро росту рӯшод матраҳ кунанду ҳалле даст ёбанд, ки посухгӯи манофеъи ҳарду ҷониб бошад? Шояд онҳо фикр мекунанд, аз симои ҳамдигар сохтани “душмани беруна” мояи ваҳдату таҳкими қудраташон мешавад? Дар 90 дарсади мавридҳо чунин “душмансозӣ” на фақат масрафи дохилӣ доштааст, балки фаротар рафта, ба нерӯҳои савум имкон додааст, бо истифода аз он ҳаёти ҳарду тарафро талх кунанд.

Шоири тоҷик, Мирзо Турсунзода, беҳуда нагуфтааст, ки

“душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.”

Ё Хоҷа Ҳофиз, ки гуфта,

“Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Дарахти душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.”

Соли 2009 дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ба ҳайси авҷи хусуматҳои ошкору ниҳон боқӣ хоҳад монд. Ин соли тасмими ниҳоии Душанбе дар робита ба тарҳи Роғун ва соли хуруҷи Тошканд аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ буд.

Назари коршиносонро дар бораи рафтори ду ҷониб дар ин таҳлиле хонед, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр кардам. Шарҳу посухи хонандагонро ҳам бихонед, чун манзараро комилтар мекунанд.

Ва суол ҳам рӯшантар мешавад: Оё ростӣ, покбозӣ ва ҷасорату масъулияти ду тараф кофӣ хоҳад буд, ки соли 2010-ро ба соли ҳусни нийят, тафоҳум ва ҳамсоягии нек табдил диҳанд?

26.12.2009 - Posted by | Равобити байнулмилалӣ, Сиёсат | ,

6 Comments »

  1. Bale Salim-ako, okibati in munosibathoi sard hub nest. Shoyad, pas az ivaz gardidani rohbariyati hardy kishvar munosibatho kame garm gardand. Vagarna az in chiz, beshtar mardumi katori zarar mebinand. Shoyad behtar meshavad, ki hardy az aspi jahl poen faroyand va suhbati dustonae namoyand. Chunki hukmronii onho nest. Hardy ham musalmonand va in raftor zebanda nest. Dar horiji dur barodari uzbekero vohurdam. Az didanam hele shod gasht.Muddate dar on shahre, ki u mezist budam, hammaruza az holi banda habar megirift. Bo zaboni tojiki niz kam-kam harf mezad. Borho suhbatamon oidi munosibati 2 kishvar meraft. Va har goh u meguft”chize shudagi in 2 sardorba az mienashon gurba guzashtagimi”. Manzur in ast, ki rohbariyati hardy kishvar boyad munosibati hub doshta boshand. Shoyad baroi hardy taraf guzoshtani kadami avval dushvor boshad, va tarafe ba in jurat karda natavonad.

    Comment by Mehmon | 27.12.2009 | Reply

  2. Dar joe mehostam “chunki hukmronii onho abadi nest” navisam, vale kalimai “abadi” hamroh nashudaast.

    Comment by Mehmon | 27.12.2009 | Reply

    • Меҳмони азиз, ин беҳтарин фурсат барои “дипломатияи мардумист”, ки афроди саршиносу солдида ва бонуфузи ду кишвар бо ҳам дар тамос шаванд ва нишон диҳанд, ки сарнавишшти кишварҳо набояд дар дасти афроди алоҳида, балки мардуми ин кишварҳо бошад, вагарана ин қадар “демократия” гуфтан аз ду тараф чӣ фоида дорад.

      Нисфи аҳолии Узбакистон тоҷиканд, ки қисме забони узбакииро пазируфтааст ва қисме на. Қавме ба номи “сартҳо” дар ин кишвар бенишон гашт, ки ба гуфтаи таърихнигорон аз ҳамоиши ду миллат ба вуҷуд омада буд. Яъне мо ба ҳам бегона нестем ва аз душманй танҳо душмани мо бурд мекунад, беҳтарин роҳ ёфтани забони муштарак ва кӯмак ба якдигар аст.

      Comment by aioubzod | 27.12.2009 | Reply

  3. Ба андешаи ман дар берангтар шудани муносиботи Душанбеву Тошканд давоми соли 2009 накши расонахои хабарии Русия калиди буд. Гумон намекунам, ки дар соли 2010 ин чангандози хотима ёбад, балки суръат мегирад. Дар ин баробар Кумитаи ТВ ва радиои Точикистонро зарур аст, аз таблиги бемаънии шабурузии лампахои камасраф даст кашида, ба хучуми иттилооти омода шавад.

    Comment by MAHBUB-TJ | 28.12.2009 | Reply

  4. Ман ба андешаи Шумо, чаноби Махбуб, рози нестам. Рози хам бошам, ба фикри ман Узбекхо ба пак паки руссхо, ки доимо дар талоши обро лой кардананд, он кадар тавачух зоир намекунанд. Аз расонахои хабарии Точикистону Узбакистон тарсидан зарур аст ва ба хеч чиз нигох накарда дар чустучуи дусти шудан лозим. Ман гуфтани нестам, ки аз сохтмони НОБи Рогун даст кашем,харгиз не!!! Вале олимону коршиносони мо бояд бо аргументхои реали ба Узбакистон фоидаи ин иншоотро ба онхо фахмонда тавонад ва дипломатияи мо низ дар ин кор канор нагиранд.

    Comment by Mark Twain | 04.01.2010 | Reply

  5. Бо Марк Твейн розиям.Бояд дипломатияи точик хуб кор кунад ва рохи халли ин масаларо ебад.

    Comment by Мухидин | 29.01.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: