Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар арафаи «Иди 1-уми январ»

Пас аз соате чанд сол ба поён мерасад ва ҳисоби рӯзҳову моҳҳову ҳафтаҳо аз сар гирифта мешавад. Таърихи сол дар ҳазорон аснод, ҷадвали ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан ва парвози ҳавопаймоҳо, тарҳҳову нақшаҳову ахбору эъломияҳо акнун ин шаклро хоҳад дошт – 2010. Оё ба ғайр аз ин дар шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ чӣ тағйире иттифоқ хоҳад афтод?

Солҳои донишҷӯӣ, он ҳам гоҳе, 1-уми январро ид мекардам. Аммо асосан ҳавасе ба он надоштам, ҳарчанд аз мактаби миёна моро омӯзонда буданд, ки ин як иди муҳим аст ва ба думболаш 11 рӯзи истироҳат дорад. Муаллифи физика Бобои барфӣ мешуд ва муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Барфак. Вақте нахустин бор номи “Барфак”-ро шунидам, фикр кардам, ин ягон ҷонвари ваҳшист, ки аз Қутби шимолӣ хоҳад омад.

Моро дар толори варзиши мактаб ҷамъ меоварданд, ки дар миёнаҷои он арчаи сарсабзу ороста гузошта буданд ва мо, кӯдакон, бо як овоз Бобои барфиро даъват мекардем, зеро медонистем, ки ӯ меҳрубону одил аст ва ба ҳар яки мо тӯҳфаҳои солинавӣ меорад. Ин ид ба мисли идҳои дигари он давра — 1-уми май, 7-уми ноябр ва ғайра як иди маҷбурӣ буд. Аммо одат шуд ва гоҳе бо беқарорию рӯзшуморӣ онро интизор мешудем.

Дар ҳамон солҳо таҷлил аз Наврӯз мамнӯъ буд. Ҳоло Наврӯзро ҷашн мегирем, аммо аҷаб тазоде дар миён аст, ки ҳарчанд Наврӯз моҳияти қудсӣ ва осмонӣ дорад, аз эҳтироми қудсӣ бархӯрдор нест ва баракс 1-уми январ, ки ҳеҷ гуна моҳияти қудсӣ надошта, як қарордоди маснӯъии иҷтимоист, бо тамоми шӯру ҳаяҷон ва барномарезиҳо баргузор мегардад.

Албатта, як ҷанбаъ, яъне ҳамгунии амали миллионҳо нафар ваҳдати иродаи умумиро ба вуҷуд меорад ва шояд бо ин ба 1-уми январ тобиши мӯъҷизаро медиҳад. Вагарна, ҳеҷ мӯъҷизае дар миён нест, як рӯз шаб мешавад ва шаб рӯз.

Ҳамин гуна метавонист, сол на дар 1-уми январ, балки дар 1-уми июл сар шавад. Ва ё дар 5-уми ноябр. Аммо беҳтараш, дар 21-уми март.

Иди 1-уми январ оғози тақвимҳои коғазист ва дар ҳоле ки сол ба поён мерасаду шумориши соли нав оғоз меёбад, табиат ҳамон бепарво ба роҳи худ идома медиҳад. Агар ин дарахтони баргрехта ва хоболуди хиёбон шуур медоштанд, дар ҳайрат мемонанд, ки оё ба насли башар чӣ расида, ки дар ин қаҳратуни зимистон ин қадар шоду масрур шудаанд ва ин қадар доду фиғон мекунанд?

Чӣ чизе ин тӯдаҳоро ба ҳаракат овардааст, ки хонаҳои гарми худро тарк мекунанду ба кӯчаҳо мерезанд ва фарёд задаву ба рақс меоянд, мушаркпаронӣ мекунанду ҷастухез?

Вале замоне ки Наврӯз меояд ва табиат зиндагияшро аз сар мегирад, хоста ё нохоста, дили инсон саршор аз хушию фараҳ ва шукру сипос мешавад. Инсон худ мехоҳад, ба берун, ба кӯча, ба дашту даман бидавад ва ҳамроҳи табиат зодрӯзи онро ид кунад. Ин иди наҷиб замоне мерасад, ки инсон аз машаққати зимистон афсурдаву дилгиру хаста шудааст ва ташнаи навию навгонист.

Боз аз тиреза ба берун менигарам ва дарахтони хушку осмони пурабру сангинро мебинам. Дар пиёдароҳ гурӯҳе сархуш, шишаи шампон дар даст, доду фиғон мекунанд ва сӯи маркази шаҳр равонанд. Зане бо чанд баста тӯҳфа ба манзилаш шитоб дорад. Ду наврас дар канори роҳ мушак мегузоранд, ки ба ҳаво партоб кунанд.

Воқеан, кӣ бо инсонҳо чунин шӯхие карда, ки 1-уми январро барояшон иди сари сол баргузида? Бовар намекунам, ки ин кори Худо бошад. Ин кори бандаҳост. Худованд аз иди худ дар ин фасл ҳеҷ аломате намедиҳад. Сукут меварзад. Вай танҳо дар аввали баҳор ба ҳама мавҷудоти халқкардааш, бидуни истисно, ба ҳама тӯҳфа медиҳад. Тӯҳфаҳои ӯ дили ҳамаро ба ҷӯш меоранд. Ҳама чиз, ҳатто бӯйи ҳаво дигар мешавад. Сабза аз зери хок сар мекашад. Дунёи нимторику хокиранг якбора рангорангу зебо мешавад.

Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки дар Наврӯз ба бозичаҳои зару зеварӣ ва сарулибоси дурахшону зарҳаландуд ҳоҷате нест? Хуршед худ ба ҳамаи ин зарҳали яздонӣ хоҳад давонд? Зарҳалеро, ки дар ин хоболудагии зимистон вуҷуд надорд ва рангу бӯйи табиие нест, ки дилро ба шӯр орад.

Фикр намекунед, чаро иди 1-уми январ асосан дар манзилҳо, толору маҷлисгоҳҳо, қаҳвахонаву тарабистонҳо мегузарад? Дуруст аст, ки бо ин инсон худро аз табиат ҷудо мекунад? Пас иде, ки дар он боз ҳам ба худписандиву худхоҳии инсон рӯбарӯед, чӣ ид аст?

Магар ин ки рӯзҳои истироҳат дорад. Ба курсии роҳат менишинам ва китоби нимахондаамро ба даст мегирам. Ин аст иди ман. Боке нест, агар хобам бибарад ва имсол бихобаму соли дигар аз хоб бархезам. Азоби виждон ҳам надорам, агар 1-уми январро ба ҳамаи Шумо табрик нагуфтам. Ман дар Наврӯз ид хоҳам кард ва Наврӯзро ба Шумо табрик хоҳам гуфт. Сабур бошед.

P. S. Баъд аз навиштани ин сатрҳо дидам, ки Дориюши азиз ин мавзӯъро ба маротиб амиқтар ва аз диди илмӣ матраҳ кардааст. Офарин!

31.12.2009 - Posted by | Инсон, Табиат, Таърих, Тоҷик, Фарҳанг |

6 Comments »

  1. Salom akoi Salim,

    Navruz guftedy dili banda kadre ravshan gardid. Garchande allakay bahore dar kurai janubi e Okeaniya fasli doshtem, hotiroti bahory navruzi vatan har lahza paygiri banda ast. Orzu doram, ki Navruzi navro dar vatan guzaronam. Chunki in behtarin davra ast va hele boshukuh jashn megardad. Mahsusan dar dehot, ba tajlili Navruz dikkati hossa medihand… Buzkashi, gushtigiri, puhtani sumalak… in hamma notakror ast.

    Comment by Mehmon | 01.01.2010 | Reply

  2. Дуруд ба Ватандусти азиз. Мутаассифона, баъзеҳо бар зидди Наврӯз бархостаанд. Чанде пеш дар сомонаи Кавказсентр Наврузро иди шайтонй номидаанд ва дар китобе, ки дар Тотористон чоп шудааст, дастур дода шудааст, ки мусулмонони ҳақиқй бояд Нарвузро ҷашн нагиранд. Гӯё ҳадисе будааст, ки ин идро рад мекардааст.

    Comment by aioubzod | 01.01.2010 | Reply

    • Дар зимн, ҳам комунистон ва ҳам Толибон дар давраи ҳокимияташон ҷашни Наврӯзро манъ карда буданд.

      Comment by aioubzod | 01.01.2010 | Reply

  3. Дуруд бар устоди азиз!
    Хамин матлабаки дар зербударо дар инчо чоы медихам шояд барои хонанадхо низ ин каме бошад хам кумак кунад.

    «Соли Нав» – иди таҳмилӣ, аммо даромаднок

    Ид бошад шуд
    Дар Хуҷанд ҳам пас аз чанд рўзе бо шўру валвалаи тамом ва бо ҳамҳамаю дабдабаи калон мардум иди «Соли нав»-ро пешвоз хоҳанд гирифт. Чаро мелодӣ ва масеҳӣ нагуфтем? Барои он ки барои аксарият ин рўз танҳо ҳамчун як «ид» мисли дигар идҳо, аммо бошукўҳтар маҳсуб мешавад. Дар ин рўзҳо кўчаҳо хиёбонҳо назди хонаҳо, хуллас қариб ҳама ҷоро садои баландтар аз садои тири маводи пиротехникӣ «хлопушка»-ҳо фаро хоҳад гирифт. Садои таркиш ҳоло нест, аммо касе шубҳа надорад, ки маводи пиротехникӣ ба ҳар ҳол дар бозорҳо хоҳу нохоҳ пайдо мешаванд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам шояд дар рўзи ид ба фурўшандаҳои маводи пиротехникӣ аз панҷа менигаранд, ки мардум аллакай инро омўхтаанд.
    «Дар як сол чанд рўзаке бо гўшҳои аз «садои тир» баста бадие надорад» Шояд ба ҳамин фикранд падару модаре, ки ба фарзандон барои хариди «хлопушка» пул ҳам медиҳанд.
    Онҳое низ кам нестанд, ки ин рўзро умуман, ҷашн гирифтанро нодуруст меҳисобанд. Аммо чӣ илоҷ? Маҷбуранд, тоб биёранд.
    Инҳо аксаран соҳибназароне мебошанд, ки кулан зиддӣ таҷлили идҳои таҳмилӣ мебошанд. Дарвоқеъ, таҷлили мелоди масеҳ ба дину оини мардуми қадимаи тоҷик иртибот надорад. Агарчӣ имрўз аксарият аз ин ҷашн пазироӣ кунанд ҳам, аз динӣ будани он ё бархўрдор нестанд, ё умуман чизе донистан намехоҳанд.
    Андеша
    Ба гуфти коршиноси мустақил Қосим Бекуҳаммад, ки ба агентии иттилоотии TojNews ибрози назар кардааст, Соли нави масеҳӣ ҷанбаи динӣ дошта, ба мардуми мо таҳмил шудааст.
    – Соли нави масеҳӣ бо омадани низоми шўравӣ ба мардуми тоҷик таҳвил шуд ва он созишвории суннатие, ки мардуми тоҷик доштанд, бо омадани низоми шўравӣ онро аз даст доданд ва дар сатҳи расмӣ дар ин мавзўъ дигар ҳеч таваҷҷўҳ дода намешуд, балки ба солшумории суннатии мардум таваҷҷўҳ кардан чун мухолифат бо низоми коммунистӣ шинохта мешуд.

    Ба гуфтаи Қосим Бекмуҳаммад, дар тўли 70 соли арзи вуҷуд кардани низоми коммунистӣ мардуми мо тадриҷан аз асли худ дур шудаанд.
    -Солшумории масеҳӣ ё солшумории милодӣ дар ҳақиқат ҷанбаи муҳими мазҳабӣ дошт, аз онро баҳри дур кардани мардуми Осиёи Миёна аз асли хеш истифода мекарданд.
    Дар тўли мавҷудияти давлати шўравӣ соли нави милодиро мардум ба унвони солшумории худашон пазируфтанд ва дигар он риштаи алоқае, ки моро бо гузашта пайванд мекард, канда шуд. Мутаассифона, бо гузашти 18-19 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳанўз ҳам бештари мардум ба маънои воқеӣ Наврўзро ҳамчун соли нави худ намедонанд, – мегўяд коршинос Қосим Бекмуҳаммад.
    Ба гуфти коршинос ин ҷо мардум айбдор нест.
    Ба андешаи ў, мардум илоҷи дигар надоранд, ѓайр аз он ки бо барномаҳое, ки давлат тарҳрезӣ мекунад, ҳамоҳангӣ намоянд.

    – Зеро тамоми барномаҳои давлатӣ, барномаҳои расмии мо дар асоси соли масеҳӣ, соли нави тақлидии расмӣ тарҳрезӣ мешавад. Фикр мекунам солҳо бояд пушти сар бишаванд, то битавонад «Наврўз» ба унвони оѓози соли нав барои тоҷикон ҷойи соли нави мелодӣ ё масеҳиро бигирад.

    Мақсад ин ҷо манфур нишон додани анъанаоту русуми ѓарбӣ нест, балки танхо ишораест ба худи мо, ки бингарем чӣ мекунем.
    Соли нави мардуми ориёинажод, мардуми форсзабон, аз ҷумла тоҷикон рўзи аввали солшумории шамсӣ, аввали ҳамал яъне ба 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Яъне ҷашни истиқбол аз Соли Нав барои мардуми мо ҳамон Наврўз аст. Маҳз дар ҳамин мавсим табиат аз нав эҳё мешавад, маҳз дар ҳамин фасл дарахтони урёну замини хуфта зиндаву шукуфон мешавад.
    Мантиқан, ин ҷо як савол ба миён меояд: чаро модоме, ки ҷашнҳои дигари мо, мисли Моҳи шарифи Рамазон, Иди Қурбон, агарчӣ аз ҷониби давлат бо шукўҳу шаҳомати вижа ва дабдабаву ҳамҳама тарҳрезӣ намешаванд, аз ҷониби мардум бо шаҳомати хеле хоса, албатта бо дасторхонҳои пур таҷлил мешавад?
    Муҳитро кӣ месозад?
    Акнун маро саволи дигар азият медиҳад, ки дар ин шаҳоматтарошӣ ба ин ҷашнҳо ба ҷуз давлат, тавре коршиносон бо эҳтиёт ном мебаранд, магар каси дигаре даст надорад?
    Ишораи ман ба сўйи савдогарони бозорҳо аст, ки аллакай аз имрўз рафҳои маѓозаву бозорҳоро бо тўҳфаю ҳазору як майда чуйда оро дода, аз пайи ҷамъ кардани даромади ҳарчӣ зиёдтаранд.
    Ҳарчӣ ҳам набошад, муҳити ҷашнӣ сохтанро инҳо хеле хуб метавонанд. Масалан, имрўз ҳама тайёр аст, ки бо 35-40 ҳатто 100 сомонӣ арчаи рангаву пурҷилои хитоӣ бихарад. Барои чӣ? Барои он ки вай дар ҳама ҷо ҳаст. Дар майдонҳои калони шаҳр, дар хонаи дўстони мо, дар хонаи хешони мо… Ва ин муҳитро гўё як навъ идона мекунад. Муҳим нест, ки дар киса чанд пул дорад. Харидор фикр мекунад: пас чаро дар хонаи ман набошад? Чӣ магар дар хонаи ман ид нест?
    Албатта телевизион ҳам, бо намоишҳои солинавиаш ин бозорро гармтар месозад. Масалан, намоиш додани халтаи пур аз коѓази Бобои Барфӣ кифоя аст, ки бозори тўҳфаҳои солинавӣ дар ҳама ҷо гарм шавад. Харидори камбаѓалтарин ҳам аввал ҳамин корро мекунад. Мантиқ: «ба кўдакон нагирем, хафа мешаванд!» Дарвоқеъ, ин натанҳо ба телевизиону тоҷҷирони бозорҳо таллуқ дорад.Балки агар дар шабакаҳои телефонии мобилӣ зодрўзи хешу ақрабои шуморо медонистанд, ҳатман шуморо огоҳ мекарданд, ки ба онҳо ба муносибати ҷашни зодрўзашон бо якчанд сенти ИМА «SMS-табрикот» фиристед!

    Охир ҳамаи ин идҳо касеро мехўронанд! Онҳо ба гурўҳе манфиатоваранд. Хоҳ таҳмилӣ бошанду хоҳ милливу хоҳ мазҳабӣ ва хоҳ дигару дигар!
    Firdavsi A\zam
    http://www.firdavsiazam.blogspot.com

    Comment by Firdavsi Azam | 02.01.2010 | Reply

    • Дар ҳақиқат чунин идҳо дар олами Ғарб, кайҳо ба як маъракаи тиҷоратй табдил ёфтаанд. Ду сол пеш чанд нависандаи амрикой эътироз карда буданд, ки Мавлуди Масеҳ аз коммертсия раҳо карда шавад ва моҳияти равонии ин ид ба он бозгардонида.

      Аз ҳақ нагузарем, дар ватани мо ҳам идҳои Рамазон ва Қурбон то рафт ҳолу ҳавои тиҷоратй касб мекунанд.

      Аммо дар бораи гоҳшуморй. Ҳанӯз дар соли 2000 нависандаи шаҳири тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ дар гуфтугӯе бо Радиои Озодй пешниҳод карда буд, ки тақвими расмии Тоҷикистон иваз шавад ва Наврӯз сари сол эълон гардад. Дар он вақт ин пешниҳод ҳеҷ гуна ҳамовозй надида буд. Аксарият писханд мезаданд.

      Муҳаммадзамон гуфта буд, “миллате, ки бо тақвими дигарон зиндагй мекунад, дар ҳоле ки ниёконаш дақиқтарин тақвимро ба ҷаҳон додаанд, ҳамонест, ки “деҳқонаш барои дигарон мекрад.”

      Comment by aioubzod | 02.01.2010 | Reply

  4. Сипос аз ёдкардатон, Салими бузургвор. Қоли қазияро шумо бо баёни ҳарфи дил бахубӣ кандаед. Поянда бошед.

    Comment by Дориюш | 03.01.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: