Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Комил Ёдгор — суратгари рустонишин

Тобистони соли гузашта (2009) як асари наққоши тоҷик, Комил Ёдгор меҳвари намоише бахшида ба 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шуд. Абдувалӣ Шарифов, раиси Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод онро “ифтихори ин намоишгоҳ” номид ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин асари наққош барои осорхона харидорӣ шавад.

Иттифоқан акси ин нигораи мусаввири тоҷик дар Эрону Афғонистон низ ба нашр расид ва дар расонаҳои Аврупо ҳам намудор гашт. Раиси осорхона, Абдувалӣ Шарифов номи асарро “Тарки дарбор” гуфтааст, аммо дар Эрон он бо номи “Тарки Бухоро” мунташир шуд, ки мазмуни фарохтаре гирифта, ба Бухорои бидуни Рӯдакӣ, бунёдгузори шеъри форсӣ ишора мекунад.

Дарди буридани ҷисми зинда ва гусастани рагҳои ҷон. Бузурге меравад ҷовидона ва вомондагон ба видоъи ӯ баромадаанд.

Рассоми Халқии Тоҷикистон, Комил Ёдгор, худ низ ин дардро ҳис кардааст. Вай акнун як наққоши деҳнишин аст. Соли 1992, дар буҳбуҳаи ҷанги дохилӣ Душанбеи азизашро тарк кард ва дар зодгоҳи худ, дар хонаи падарӣ ба сар мебарад. Бо мардуми деҳ менишинад ва бармехезад, монанди ҳама думболи замини кишт ва обу алафи чорпоёнаш аст, аммо ҳар лаҳзаву ҳар сония дар зеҳнаш чӣ мегузарад, шояд касе дарк карда наметавонад.

Наврасоне, ки ӯро дар кӯчаҳои ноҳамвори деҳа ё шанбебозорҳои пурғавғои он вомехӯранд, ҳатто фикр ҳам карда наметавонанд, ки ин шахс замоне дар соҳили халиҷҳои Ҳулланд наққошӣ мекард ва асарҳояш яке аз толорҳои қасри шоҳии ин кишварро оро медиҳанд. Намедонанд, ки ӯ муддате дар Булғористон зистааст ва осораш дар Намоишгоҳи ҳунарҳои нафисаи София овезонанд. Шояд афроди каме бидонад, ки чӣ қадар аржангҳои паҳновари ӯ биноҳоеро дар Душанбе , Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа зеб медиҳанд ва чанд манзаранигории ӯ дар Вашингтон, дар толори Бонки Ҷаҳонӣ гузошта шудаанд.

Корномаи Комил Ёдгор далели ин аст, ки насиҳати “деҳ марав”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ метавонад, истисноҳое дошта бошад. Шояд барои олим ё муҳаққиқ деҳнишинӣ асари манфӣ бигузорад, вале барои наққош, онгуна ки Комил Ёдгор нишон медиҳад, рустои падарӣ метавонад, сарчашмаи илҳом гардад. Таърих даҳҳо мусаввири номиро медонад, ки дар русто ба сар бурда, инсонҳои ҳамшафати худро ба тасвир гирифтаанд.

Аммо шояд пеш аз роҳӣ шудан ба русто бояд монанди Саъдии Шерозӣ ҷаҳонро гашт, дид, санҷид, омӯхт ва андӯхт. Ҳамонгуна ки Саъдӣ пас аз 30 соли мусофирату муҳоҷират дар гӯши ороме ба навиштани “Бӯстон”-у “Гулистон” пардохт, Комил Ёдгор ҳам пас аз шаш соли таҳсил дар беҳтарин донишгоҳи наққошии Маскав – Донишкадаи ба номи Суриков ва даҳҳо соли зиндагӣ дар Душанбешаҳр, баъд аз сафарҳои зиёд ба Аврупо ва кишварҳои Шарқ, акнун ба деҳааш баргаштааст ва андӯхтаҳои дерсолаи худро рӯи тоблу меорад.

Ишораҳо ба Рӯдакӣ, Саъдӣ ва Румӣ беҳуда нестанд. Ҳамчунон мешавад ба Хайёму Сино ё Беҳзоду Ҷомӣ низ ишора кард, чун Комил Ёдгор аз онҳое буду ҳаст, ки ҳанӯз дар авҷи солҳои шӯравӣ рӯ ба мероси бузурги ниёкон оварда буд ва мехост, онро бо диди нав дар нигораҳои худ мусаббат кунад. Нахустин наққошии ҳанӯз шогирдонаи ӯ “Марги Робияи Балхӣ” (1972) ном дошт, ки шоираро дар даруни ҳаммоми тасфон дар ҳоли навиштани мисраъе дар девори гармоба бо хуни хеш ба тасвир мегирифт.

Нохудогоҳ ва ё дидаву дониста, рассом вазъи эҷодкорро дар он замон нишон медод, ки дар фазои сонсур бояд бо хуни дили худ бинависад, то навиштааш умри ҷовид пайдо кунад.

Комил Ёдгор яке аз он силсилаи наққошони навпардозест, ки дар ибтидои солҳои 1980 вориди арсаи ҳунар шуданд ва ба он рӯҳияи миллӣ доданд. Монанди Сабзалии Шариф, Анвар Сайфиддинов, Сӯҳроб Қурбонов, Зиёрато Довудов, Зокир Собиров, Фаридун ва Фаррух Неъматзодаҳо ва дигарон. Насли калонсоли наққошон ин “хун тоза”-ро бадард қабул карданд ва хеле ба сахтӣ ба онҳо роҳ доданд.

Нерӯ ва вақти зиёди ин навҷавонони ҳунар он замон сарфи муборизаҳо шуд ва дар давроне, ки акнун роҳҳо барояшон боз гашта буд, ҷанги солҳои 1992-и Тоҷикистон сар шуда, тамоми равандро ба ҳам зад.

Баъд аз давраи парешонии ҷисмонӣ, марҳилаи парешонии равонии аксари онҳо шурӯъ шуда, тақлид ба намунаҳои хориҷӣ ва бебандубориву зиёдаравӣ дар таҷрибакориҳо то андозае ба роҳгумӣ ва тиҷоратзадагии ҳунари наққошии Тоҷикистон сабаб гардид. Шояд ба ҳамин сабаб аст, ки афроде чун Комил Ёдгор ба деҳа баргаштанд, то он ёфтаҳои нозуку нафиси хешро дар кафи дастонашон чун гавҳараки чашм ҳифз кунанд ва аз даст надиҳанд.

Пас, насиҳати пири тариқат, ки “деҳ марав” на ҳамеша ҳақиқати мутлақ будааст ва тарафи баракс низ доштааст? Ё шояд замона дигар шуда ва бояд акнун ба деҳ рафт, то боқӣ бимонд?

“Мушк на он аст, ки аттор бигӯяд, балки худ бибӯяд.” Биноан, беҳтар аст, сухан кӯтоҳ кунам ва шуморо ба тамошои чанде аз наққошиҳои Комил Ёдгор бикашонам?

01.01.2010 - Posted by | Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳолнома, Ҳунар | ,

11 Comments »

  1. Tashakkur, ki chunin afrodi najibro baroi mo muarrefi mekuned. Salomat boshed.

    Comment by Samandar | 01.01.2010 | Reply

  2. Саломат бошед, Самандари азиз, Тоҷикистон инсонҳои наҷиби зиёде дорад ва афсӯс, ки корнома ва ҳолномаи онҳо дар интернет ҳузур пайдо накардааст. Барои ин бояд ҳамагон талош кунем.

    Comment by aioubzod | 01.01.2010 | Reply

  3. Zamone merasad, ki ba kadri 4unin shakhsi buzurg xalki tojik merasad.

    Comment by RavshanBek | 02.01.2010 | Reply

    • Иншаоллох! Дунё ба умед.

      Comment by aioubzod | 03.01.2010 | Reply

  4. Дуруд бар устоди азиз Салими Аюбзод!
    Вокеан Точикистони мо аз чунин шахсиятхо бенихоят ганист.ИН ганчинаи гановати миллат яьне шахсиятхи ма\руфи онро бояд ба соири миллалу аквоми берун аз кишвар муаррифи кард ва яке аз оне ки пайваста дар талоши шиносондани фархангу адаби миллат мекушад,ин шумоед !Вокеан ман низ каме талош кардаам то шахсиятхои чун шумоеро дар торнигори http://mastchoh.wordpress.com/(шахсиятхои маьруфи Мастчох) то андозае муаррифи намоям.|Аммо ин чиз каме махдудият дорад яьне бояд дастчам\она ва дар хамбастаги хама афроди бузургу сутурги миллатро ба чахониён тавассути шабакахои интернети муааррифи намуд.
    Бо эхтиром
    Фирдавси Аьзам

    Comment by Firdavsi Azam | 02.01.2010 | Reply

    • Бале, корҳое, ки Шумо мекунед, сазовори таҳсинанд. Ба фикри банда, бояд ба чунин афрод кӯмак кард, ки сомона ва торнигорҳои худро дошта бошанд ва осори хешро ба ҷаҳониён муаррифй кунанд. Ҳамин дирӯз бо дӯстони эронӣ ва афғонистонй сӯҳбат мекардем, ки маводи бинишй (вижуол) дар ҳоле ки расмулхатти мо бо онҳо фарқ мекунад, дар ҳоли ҳозир беҳтарин роҳи тафоҳум ва ҳамоиши фарҳангист. Манзурам, ҳунарҳои тасвирй, монанди наққошй, тиётур, синемо…

      Comment by aioubzod | 03.01.2010 | Reply

      • Salom akoi aziz!! xelo shodam az xondani chunin navistajot dar borai padaram . Va navishtajotro man bo padaram rasondam tashakkur az nomi padaram.
        Bo ehtiromi samimi.
        Behruz

        Comment by Behruz Yodgorov | 07.01.2010

  5. салом ба шумо Салими Аюбзод. Ман бо Комил Едгор дар Москав дар донишгохи рассоми ба номи Суриков хонда будам ва дуст они наздик будем. Саломи маро ва табрикоти маро ба у расонед

    Comment by Фаррух Негмат-зода | 02.01.2010 | Reply

    • Бале, Фаррухи азиз. Қиссаҳои дӯстии бузургворонаи шумоёнро аз Фаридун шунидаам. Дар сафарам ба Амрико, ҳадаф доштам, аз ҳоли Фаридун низ огоҳ шавам, вале кори зиёде пеш омад ва ба назди ӯ сафар карда натавонистам, вале ҳамеша дар тамос ҳастем. Ифтихор дорам, ки ӯ яке аз беҳтарин асарҳояшро ба ман тӯҳфа кардааст…

      Шумо худ яке аз беҳтарин наққошони Тоҷикистон ҳастед ва чӣ афсӯс аз корҳои нави Шумо, баъд аз соли 1992 хабаре надорам. Бисёр олй мебуд, агар веблог ва сойте дуруст мекардед ё агар дошта бошед, пайванди онро ба ман мефиристодед, то корҳои нави Шуморо медидам.

      Бароятон муваффақиятҳои нав орзу мекунам. Умедворам, Комилҷон саломи Шуморо аз ин ҷо хонда бошанд.

      Comment by aioubzod | 03.01.2010 | Reply

  6. Бародари аз чашм дуру ба дил наздикам Салимчон! Навиштаатон Дар бораи Рассоми вокеан мардумии Точикистон устод Комили Ёдгор,ки аз кулли шахрхои бузург дехаи Хаддишахрро баргузидааст, ба банда писанд омад. Устод Комил вокеан хам хунарманд ва хам инсонест комилу нотакрор ва худ шохидам, ки барои офаридани гортолорхои давраи сангу охани осорхонаи нави вилояти Сугд наздик ду сол сол дар таххонахои он захмат кашид ва вокеан муъчизае офарид, ки дар Осиёи Маркази банда тимсолашро надидаам. Дар бораи ин асари монументалии у банда чанд сол пеш маколае хам навишта будам.Дар ин офарида Комили Ёдгор бо истифода аз аносири наккоши ва пайкарасози манзарахои зиндагии ориёихои бостониро инъикос намудааст, ки бинандаро вокеан мот мекунанд.Мутаассифона, махз кор дар хамон таххонахои сарду намнок ба саломатии ин бузургвор таъсири бад расонд, ки акнун аз дарди дил азият мекашанд. Худованд шифои комилашон дихад устод Комилро!!! Вакти он аст, ки осори ин марди Худо дар шакли як китоби рангаи бузургхачм гирдовари шавад ва инчунин барояшон як блог ё сайти вижае таъсис бидихем. Чи гуфтед?
    Бо ичозаи Шумо ин навиштаатонро дар хафтаномаи “Вароруд”, ки устод Комил аз хонандагони доимии мо хастанд, бознашр мекунем. Шахди комёби аз коматон дур мабод, додари азиз!
    Вокеан, навиштаатон дар бораи химоят аз устод Айни дар хафтаномаи русизабони Сугд “Третий взгляд” ба табъ расид.

    Comment by jura yusufi | 20.01.2010 | Reply

  7. Здравствуйте Салим. Большое спасибо за то удовольствие,которое вы нам доставили показав нам работы Камила Едгорова.Таджикистану есть кем гордиться! Почаще публикуйте в интернете его работы и поместите его фото.Его искусством должны больше наслаждаться люди, а не прятать в Ленинабаде.Его ученица.

    Comment by зоя иванова | 26.01.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: