Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Пайнавиште ба ояндабинии коршиносон

Дар арафа ва оғози ҳар соли мелодӣ, афроди донишманд ва коршинос чигунагии соли навро пешгӯӣ мекунанд. Онҳо орзуву умедҳои солинавиро канор мегузоранд ва бар пояи равандҳои мавҷуда ояндаи эҳтимолиро ҳадс мезананд. Гоҳе ин ояндабинӣ (на фолкушоӣ) хеле дақиқ мебарояд, вале гоҳи дигар, зиндагӣ бо роҳи пешгӯинашавандааш ҳаракат мекунад. Аз ин лиҳоз ҷолиб аст, дар охири сол пешгӯиҳои оғози солро ба хотир овард.

Рӯзи 26-уми декабри соли 2008 ман бо чанд коршинос ҳамсӯҳбат шудам, то фарояндҳои геополитикии Осиёи Марказиро дар соли 2009 муайян кунам. Ҳоло, вақте ки соли 2009 дигар ба моли таърих табдил ёфт ва нек ё бад онро ба сар бурдем, бори дигар он сӯҳбатҳоро ёфтам ва хостам, қиёс кунам, ки то куҷо воқеъбинона будаанд.

Он мавод, дар сомонаи Радиои Озодӣ ба нашр расида буд: “Дигаргуниҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсири онҳо ба вазъи минтақа”

“Агар дар Тоҷикистон нишаставу барои дарки таҳаввулоти геополитикии минтақа ба атроф нигаред, зарур меояд, ки гардани кас тавони гардиши комили 360-дараҷаиро дошта бошад. Ин бардоштест, ки аз сӯҳбат бо коршиносони умури минтақа ҳосил гашт.

Ҳар яке аз онҳо ба масъалаҳои гуногун ангушт мегузошт, монанди тақвияти дубораи Толибон дар Афғонистон, авҷи тундгароиҳо дар Покистон, хуруҷи Узбакистон аз Созмони ҳамкориҳои Авруосиё, афзоиши сармоягузории Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа худи Тоҷикистон, гармии нави байни Русия ва Қирғизистону сардии равобити Амрико ва Русия бар пояи ҷанги Гурҷистон, таваҷҷӯҳи густарда, вале то ҳанӯз ғуборолуди Иттиҳоди Аврупо ба минтақа ва ғайра.

Бешак, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба сиёсати ҷуғрофиёӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири муайяне доштаанд ва хоҳанд дошт. Аммо профессори Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии масъалаҳои ҷаҳон дар Ослои Норвегия, Павел Боев, мегӯяд, муҳимтарин ҳодисаи аз лиҳози геополитикӣ сарнавиштсози соли 2008 дар минтақа фурӯпошии нархи маводи энержӣ, филизот ва дигар ашёи хом аст, ки чанд моҳ боз идома дошта бошад ҳам, таъсири он ҳанӯз бармало нашуда ва худи кишварҳо ҳам ҳанӯз онро ба пуррагӣ дарк накардаанд. Профессор Боев мегӯяд, ин ҳолат на ба фурӯшандагон, ки асосан кишварҳои тавлидкунандаи маводи хом мебошанд ва на харидорон, ки ба хотири нафту газ ва филизу пахта ба Осиёи Марказӣ рӯ овардаанд, судманд нест, зеро он унсуре аз бӯҳрони амиқтару бузургтар, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон аст.

Профессор Боев аз Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии масъалаҳои ҷаҳон дар Осло мегӯяд, ҳадс задан мушкил аст, ки ин вазъи комилан нав ба сиёсатҳои ҷуғрофиёӣ дар минтақа чӣ таъсир хоҳад дошт, вале ба он ишора мекунад, ки бархилофи пешбиниҳо ва таҳлилҳои гузашта ҳеҷ бархӯрди ҷиддии манофеъ дар байни ширкатдорони “Бозии Бузург”-и нав дар Осиёи Марказӣ ба миён наомада, як рақобати нисбӣ ҳамоно идома дорад. Биноан мегӯяд ӯ бояд ин саргармиҳо ба Бозиҳои бузургро як сӯ гузошт ва воқеъиятро дид.

Аммо таҳлилгари тоҷик Исмоили Раҳмат ҷанги Русия дар Гурҷистонро як ҳодисаи ҷиддии геополитикӣ меномад, ки на танҳо ба равобити байни Маскаву Ғарб таъсир гузошт, балки ҷамоҳири собиқи Шӯравиро низ ҳушёр кард. Русия дар моҳи августи соли 2008 Осетияи Ҷанубиро ишғол кард, ба дохили Гурҷистон ҳамла намуд ва сипас истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба расмият шинохт.

Ҷаноби Раҳмат меафзояд, ҳар кадом аз ин кишварҳо “Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон”- ҳои худро дорад ва ҳама гуна изҳороти онҳо, чи мусбат ва чи манфӣ пайомадҳои ногувор дошта метавонад. Зери фишори сангини Ғарб Русия ба камтарин пуштибонии ҳампаймонҳояш ниёзманд буд, аммо аз Никарагуа садо омаду аз Осиёи марказӣ на. Чаҳор моҳ пас аз ҷанги Гурҷистон Русия эълон кард, мехоҳад, дар зери чатри Паймони амнияти дастаҷамъӣ як артиши 5-ҳазорнафарияшро дар Осиёи Марказӣ мустақар кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пойгоҳҳои ҳарбӣ дорад. Коршиноси низомӣ дар Маскав, Владимир Мухин, мегӯяд, Маскав ба пойгоҳи Хонободи Узбакистон ва Марви Туркманистон чашм дӯхтааст, вале бо вуҷуди баъзе созишҳо узбакҳо, қазоқҳо ва туркманҳо хостори ҳузури ҳарбии Русия нестанд.

Ба ақидаи таҳлилгари масъалаҳои низомӣ ва дифоъ дар маҷаллаи “Ҷейнз Дефенсе Виклӣ”, Питер Филстеад, намунаи Гурҷистон, ки низ ба эҳтимоли зиёд ба муқобили масирҳои мустақили интиқоли нафту газ ба амал омадааст, метавонад ба кишварҳои аз энержӣ сарватманди Осиёи Марказӣ низ таҳдид кунад. Дастикам ба ҳайси парчам. Вале устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Индианаи Иёлоти Муттаҳида, профессор Назифи Шаҳронӣ, мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, президенти нави Амрико, Барак Обама чӣ сиёсатҳои наверо барои Афғонистон омода кардааст, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ пайванд хоҳанд дошт. Ба ақидаи ӯ, Обама талош хоҳад кард, ин кишварҳоро ба Амрико наздиктар кунад ва нақши онҳоро дар минтақа, махсусан Афғонистон таҳким диҳад. Ҳамчунин эҳтимол дорад, Обама Русияро низ ба таъмини эътидол дар Афғонистон ҷалб намояд.

Ба ин тартиб, бо вуҷуди он ки профессор Павел Боев аз Осло пешниҳод мекунад, аз истилоҳи “Бозии Бузург” бояд даст кашид, Русия ва Ғарб пас аз як рӯёрӯӣ дар Гурҷистон дар Осиёи Марказӣ зимни вазъи Афғонистон ба ҳам хоҳанд омад. Ин ҳамоиш, ба гуфтаи устод Шаҳронӣ, метавонад ё ҳамкорӣ бошад ва ё рақобат. Дар ин миён Чин, тибқи андарзи конфутсианӣ ҳамоно аз сари қулла ба ин кашокашҳо менигарад ва бархе аз коршиносон афзоиши сармоягузориҳои Пекинро дар минтақа оғози пешбурди манофеъи геополитикии Чин меноманд. Онҳо мегӯянд, Пекин ҳанӯз ҳам интизори пайти муносиб аст, вале акнун бо нақшаи муайяни амал.»

Хуб, чӣ чизҳо ба вуқӯъ пайваст?

  • Рақобати абадқудратҳои «Бозии бузург» ба таври нисбӣ идома карда, бархӯрди назаррас байни онҳо ба амал наомадааст. Чин ба «пайти муносиби хеш» наздиктар омад.
  • Толибон дар Афғонистон дубора тақвият ёфтанд.
  • Тундгароии мазҳабӣ дар Покистон, бо вуҷуди чандин амалиёти ҳарбии ин кишвар дар манотиқи қабиланишин, ба авҷ расид.
  • Хуруҷи Узбакистон аз созмони ҳамкориҳои Авруосиё иҳоӣ шуд ва ин кишвар аз шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ низ худро берун кашид.
  • Русия пойгоҳи савуми ҳарбии худро дар минтақа ҷойгир кард. Албатта, на дар Узбакистон ё Туркманистон, балки боз ҳам дар Қирғизистон.
  • Узбакҳо, қазоқҳо ва туркманҳо нишон доданд, ки хостори ҳузури ҳарбии Русия нестанд. Узбакистон расман ба таъсиси пойгоҳи нави Русия изҳори мухолифат намуд.
  • Президенти Амрико, Барак Обама, барномаи наверо дар робита ба Афғонистон эълом дошт, вале навигарии он ба ғайр аз таваҷҷӯҳи бештар ба Покистон ва афзоиши нерӯи ҳарбӣ дар Афғонстон ва ҳам ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳо чизи наве, сиёсати наве, надорад.
  • Амрико аз Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар икмоли нерӯҳои байнулмиллӣ аз тариқи «Шабакаи шимолӣ» мадад хост.
  • Сармоягузории Чин ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа, махсусан Тоҷикистон, ба маротиб афзоиш ёфт.
  • Гармӣ миёни Русия ва Қирғизистон ба тасф бадал гашт.
  • Таваҷҷӯҳи ҳарчанд ҳанӯз ҳам асосан зоҳирииИттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ нерӯ гирифт.

Чӣ чизҳо ба вуқӯъ напайваст?

  • Таъсири ҷиддӣ ва сарнавиштсози коҳиши нархи маводи хом, монанди нафт, пахта ва алюмин ба гунае, ки пешгӯӣ мешуд, ба мушоҳида нарасидааст.
  • Таъсири «қазияи Гурҷистон» дар ҳамон сатҳи аввала боқӣ монд ва дар таъини сиёсатҳо тағйироти нав ба бо наовард.
  • «Намунаи Гурҷистон» аз ифтитоҳи масирҳои нави интиқоли нафту газ пешгирӣ карда натавонист ва Чин лӯлаеро аз Туркманистону Узбакистону Қазоқистон ба сарзамини худ бурд.
  • Амрико ва Русия дар Афғонистон ба ҳам наомаданд. НАТО талоше кард, ки Русияро ба мадори ҳаводиси Афғонистон бикашад, аммо ба шартҳои гузоштаи Маскав тан надод.
  • Амрико давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро ба таъмини эътидол дар Афғонистон ҷалб накард.

Ба ин тартиб, ҳарчанд ҳамсӯҳбатони банда иддаъо надоштанд, ки донандагони ғайбанд, бархе аз равандҳоро дуруст пешгӯӣ карданд ва дар бархи дигар зиндагӣ бо роҳи худ рафт.

03.01.2010 - Posted by | Иқтисодиёт, Осиёи Марказӣ, Сиёсат | ,

1 Comment »

  1. Довольно инетерсно!

    Comment by Aziz | 18.01.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: