Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Роду фурӯтан, Муҳаммадраҳими Сайдар

Сахт саргарму саргарони навиштан будам. Навиштани ҳикояте, ки дар он хокбод ҳафтаҳо дар шакли пардаи ситабре осмонро пӯшида ва дунёро торик кардааст. Ғубор чашмҳоро месӯзонад ва хашму ваҳмеро дар дили мардумони деҳаи А ба туғён меорад. Он сӯи пардаро касе намебинад ва ҳама гумон доранду ҳис мекунанд, ки дар он сӯ, мардумони деҳи ҳамсоя силоҳ ҷамъ мекунанду омодаанд, ки ба ҳамсоягони худ ҳамла кунанд.

Ҳар дам овозаҳое мерасад, яке аз дигаре хунинтару дилгудозтар ва ҳар лаҳза хун дар рагҳо ба ҷӯш меояду даст ба сӯи аслиҳа меравад.

1

Агар рӯзе Худо маро насиб гардонаду ин достонро ба поён барам ва бубинам, ки чизи боарзише ҳосил шудааст, онро ба Аслиддини Соҳибназар, инсони поку озода хоҳам бахшид, зеро ғояи навиштани ин достон пас аз хондани такрории “Субҳи ситоракуш”-и он кас ба сарам омад. Ин буд сабаби ҷанги хунини Тоҷикистон. Шӯрондане монанди хокбориш. Ангехтани хусумат байни мардумони хунгарми ду деҳаи ҳамсоя.

Ҷилди аввали китоби акои Аслиддинро дар рӯзҳое мехондам, ки тобистони имсол Душанбе се рӯз асири хокбод буд. Чанд рӯз баъдаш ҳамкори мо Ива аз истироҳат баргашт ва гуфт, дар мавзеъе дам гирифтаам, ки Зноймо ном дорад. Мавзеъи хеле гарм. Ба ёди сармои соли 2008 афтодам, ки ҷони шумори зиёде аз тоҷиконро яхбандон ва тани ҳазорон нафари дигарро бемор кард. Ба ёди он ки ин зимистон мардум чӣ ҳоле хоҳанд дошт. “Зноймо” аз вожаи “зной” – гармӣ, тафт, офтоби сӯзон аст. Чизе, ки зимистонҳо ба мардуми мо ҷон мебахшад, чизе ки ба ин мардум ин зимистонҳо даркор аст…

Ҷанги хунини Тоҷикистон ҳамин гуна тафт буд, вале гармсери сӯзоне, ки ҳамроҳ бо хокбод омада буд ва дар сакароти  худ ҳеч намедонистем, чӣ мекунем…

Қаҳрамони хаёлии достони ман ҷавонест, ки ба тани сафедор боло мешавад ва аз баландии он мебинад, ки деҳаи ҳамсоя қасди ҳамлае надорад. Аслан дар он деҳа касе нест, ҳама фирор кардаанд. Шояд аз айни ҳамон гуна овозаҳое, ки ба деҳаи А мерасид. Вай мехоҳад пеши роҳи ҷангро бигирад, вале касе ба ӯ бовар намекунад. Хокбод чашми ҳамаро бастааст ва ҳама хун мехоҳанд, ҳама дағдағаи ҷанг доранд.

Афроде худро генерал номидаанду ҷавононро дар кӯчаи марказии деҳа машқи роҳгардӣ медиҳанд…

Ин ҷо будам, ки занги телефон омад. Гӯширо бардоштам. Ҳамкорам Соҷида бо садои гиряолуде гуфт:

— Салим, ним соат пеш дар Тула, Муҳаммадраҳими мо гузаштааст…

Шаби савуми январ, дар синни 57-солагӣ. Дар ғурбат ва танҳоӣ.

Дар деҳаи хаёлии ман хунрезӣ оғоз ёфт. Ҷанги Тоҷикистон идома дорад. Тирҳое, ки дар хокбод аз мили силоҳҳо берун ҷаст то имрӯз дар фазо парвоз доранд ва то имрӯз ёрони моро мекушанд. Қурбониёни он ҷанг кайҳост, ҳадду ҳисоб надоранд ва шояд ҳар рӯз яке паси дигар аз пой меафтанд…

2

Чашмони ӯ, ки ҳанӯз оташаки шӯхиҳои ҷавонӣ дар онҳо ягон-ягон медурахшад ва симои ӯ, ки ба ҷуз аз нури меҳрубонӣ аз он чизе наметобид, ба ёдам меоянд.

Ва сукутҳояшу таъхири гоҳе дароз дар вокунишҳову посухҳояш. Ҳаргиз шитоб намекард ба сухане, ишорае, ҳатто тааррузи ошкорое дафъатан ва ҳамонзамонӣ посух бидиҳад. Дертар рӯшан мешуд, ки посух аслан нодаркор будааст. Аммо гоҳи дигар посухи ӯ деру шер меомад. Кӯтоҳ, боумқ, ниҳоӣ ва маҳкам. Бе зарурате ба идома ё бозгашт.

Ҳаргиз хашми ӯро надидаам. Аз ину он шунидаам, ки хашм ҳам дошт, вале худ ҳаргиз шоҳид набудаам. Дар зиёда аз 30 соле, ки бо ҳам ошно будем, боре надидаам, ки Муҳаммадраҳими Сайдар аз сари хашму ғазаб чизе гуфта бошад. Ва ё мисли даҳҳо нафари дигар ба як-ду калима кору ҳастии касеро хатти бутлон зада бошад.

Масалан, монанди бисёрие аз мо, ки воқеаҳои феврали соли 1990 дар пеши чашмамон рӯй дод, раҳбари вақти кишвар, Қаҳҳор Маҳкамовро дӯст намедошт, аммо кори ӯро танқид мекард, на худашро, шахсашро, ва на асли баромаду маҳаллу минтақаашро.

Тамкини ӯ бар хислатҳои неки инсонияш, бар дониш ва эътиқодаш поя дошт, на ба шиорҳои рӯз, ки ивазшавандаанд.

3

Кабинети ӯву Баҳманёр дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” маҷлисгоҳу маҳфилгоҳи аҳли дил буд. Тақрибан ҳар рӯз адибони ҳамнасле монанди шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ, Ҷонибек, Қодири Рустам, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Диловари Мирзо, адабиётшиносон Носирҷон Салимов ва Кароматуллоҳ Шукруллоев, гоҳе ҳам Адаш Истад, Саттор Турсун ва зиндаёд Муаззамаи Аҳмад ин ҷо ҷамъ меомаданд ва сӯҳбати гарми онҳо то наздикиҳои нимашаб низ доман мекашид.

Ин саодатро доштам, ки дар гӯшае аз ин маҳфилҳо нишаста бошам ва ё дар хидмати бузургон истеғ.

Вале ман ӯро ҳанӯз солҳо пеш аз он ки ба “Адабиёт ва санъат” биёям, мешинохтам. Нахустин мулоқоти мо дар соли 1978, замоне ба вуқӯъ пайваста буд, ки Муҳаммадраҳим ҳамчун хабарнигори Радиои Тоҷикистон ва ман ҳамчун коромӯзи “Комсомоли Тоҷикистон” дар ҷашни як урдугоҳи тобистонаи мактаббачагон дар дараи Варзоб вохӯрдем. Як шоми аҷибе буд, ки баъдаш раиси урдугоҳ бо мошине моро хона ба хона бурд ва дар ёд дорам, Муҳаммадраҳим дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе мезист ва ин ҷое буд, ки чун шаб ба он ҷо расидем, аз сари роҳаш чароғҳои Душанбе мисли дарёи нур ба чашм мехӯрд.

Аз он ба баъд, Муҳаммадраҳим гаҳ-гоҳе мехост, ман барои барномаи радиоии ӯ чизе бинависам. Мегуфт, ту донишҷӯ ҳастӣ, чаҳор тангаи изофа ба ту зарар нахоҳад дошт.

4

Заҷре, ки нависандаи тоҷик Сайдар аз дарбадарию бехонагӣ дар кунҷакҳои иҷора ва зери таҳқири соҳибхонаҳои асосан рус дар Душанбе кашидааст, ба ҳамаи намояндагони насли мо хос аст. Ин дарди ӯ солҳо ҷӯшид ва дар шакли яке аз беҳтарин достонҳои ӯ — “Пирамард ва саг” рӯи коғаз рехт. Марди пир ва саге аз хилоли шаҳре мегузаранд, ки мардумонаш дар хобанд ва аз раҳму шафқат бӯе набурдаанд.

Мусофири хастаҷон дар яке аз паскӯчаҳо фурӯ меафтад ва саг низ наздики ӯ меояду дар пеши пояш ғунча мезанад. Сарнавишти инсону саг ба ҳам меомезанд ва фарқе дар миёна намемонад.

Забони достонҳои Сайдар хонандаро шефтаи худ мекард. Ин забони наср набуд, балки шеъре буд, ки бо раҳоӣ аз вазну қофия ба дашти пур аз лола мемонд ва ё ба осмони кабуди пур аз парандагони гуногун.

Агар бисёре аз асарҳои насрии он давра ба оби хлорзадае аз ҷумаки лӯлаҳои обгузар шабоҳат доштанд, достонҳои Сайдару Баҳманёр ё Муҳаммадзамону Муаззама шабеҳи оби чашмаҳои соф буданд, ки аз умқи ин сарзамин пургуҳар берун меомаданд.

Сайдар аз адабиёти гузашта бисёр омӯхта буд ва адабиёти муосири Эрону Афғонистонро хуб медонист. Забондонияш ӯро ба муҳаррири қавие табдил дода буд, ки дар маводи барои “Садои Шарқ” омода мекардааш бараъло дида мешуд. Тозакор буд ва сари нуқтаву вергул ҳам нури чашм ба харҷ медод.

Кор дар маҷалла вақти зиёди Сайдарро мегирифт, ӯро хаста мекард ва намегузошт, бештар машғули офариниш бошад. Кам менавишт, аммо пухтаву сара ва маҷбур буд, кори зиёд кунад, то мояи ии тифлонашро ба даст орад. Падари бачадӯстдоре буд.

5

Дар поёни солҳои 1980, ниҳоят Сайдар соҳиби манзили худ шуд. Дар маҳаллаи навсохти “Испечак” ба ӯ хона доданд. Чанд сол баъдаш ба ман аз маҳаллаи “Зарафшон” манзиле расид ва гоҳе иттифоқ меафтод, ки ҳамроҳ ба корхона равем ё ҳамроҳ аз кор баргардем. Боре аз маркази шаҳр то хонаҳои худ тамоми роҳро пиёда рафтем.

Ин пиёдагардии чандсоата шоми 13-уми феврали соли 1990 ба вуқӯъ пайваст. Аз ин тарафу он тараф садои тирандозиҳо ба гӯш мерасид. Зиреҳпӯшҳо аз кӯчаҳои Душанбе бо суръат мегузаштанд. Дар пешгоҳи “қасри ҳукумат” ҷавонони намоишгарро сарбозони шӯравӣ тирборон карда буданд ва 26 нафар кушта шуд, аз ҷумла ду нафар дар пеши чашми мо.

Дар роҳ, аз Қарияи Боло, ки гузаштем, дар назди хонаҳо тӯдаҳои мардуми ҳаросон гирд омада буданд ва мехостанд, бидонанд, ки дар шаҳрашон чӣ мегузарад. Сайдар ва ман он шом “маърӯзачиён”-и рӯйдодҳои баҳманмоҳ будем. Дар назди ҳар тӯдае аз мардум меистодем ва аз воқеъаҳое, ки дар маркази шаҳр иттифоқ афтод, ба онҳо маълумот медодем. Сайдар ба тоҷикӣ ва ман ба русӣ.

То “Испечак” мо тақрибан дар 8-9 ҷой таваққуф кардем ва ҳақиқати вазъи Душанберо ба ҳамшаҳрони худ қисса намуда, ба суолҳои беохири онҳо посух додем. Ин ҷо буд, ки ман шоҳиди наттоқӣ ва гуфтори пурмӯҳтаво ва мантиқии Сайдар шудам. Вай озод сӯҳбат мекард, бе ягон ҳаяҷон ё шӯру эҳсосот, бе хашм ва ғазаб.

Ман гоҳе зиёдаравӣ мекардам, Сайдар мегуфт, гуфтани ҳақиқат худ кофист. Мардуми мо оқил аст, давомашро худ хоҳад фаҳмид. Мо амалан, кори мансабдорони давлат ва депутатҳоеро мекардем, яъне мулоқот бо мардум ва депутатҳо ба мушхонаҳое фирор карда буданд.

6

Имрӯз вақте аз таърихчаи талабҳои бозгашт ба алифбои арабиасоси тоҷикиро сухан мегӯянд, аз ёд мебаранд, ки аввалин бор ин масъаларо аз диди илмӣ ва сиёсӣ Муҳаммадраҳими Сайдар ва Адаш Истад ба миён гузошта буданд. “Адабиёт ва санъат” рӯзи 2-юми ноябри соли 1989 мақолаи онҳоро зери унвони “Расмулхатти бобоӣ — нури басари моӣ!” ба нашр расонда буд.

Ду адиб изҳори ноқаноатмандӣ мекарданд, ки пешниҳоди онҳо дар бораи дар Қонуни забон муқаррар шудани мӯҳлати дақиқи гузариш ба хатти форсӣ пазируфта нашуд ва бояд ҳоло чораҳои ин гузор баррасӣ шаванд. Бо зикри маҳкамтарин далелҳо, онҳо ҳамчунин тақозо доштанд, осори илмию адабии гузаштагон бо ин дабира ба нашр расида, ховаршиносон аз ранҷи баргардони ин осор ба кириллӣ озод ва ба таҳқиқ машғул шаванд, рӯзномаву маҷалла ба нашри замимаҳои форсӣ оғоз ниҳанд.

Дертар, муаллифон аз таъсиси замимаи форсиҳуруфи“Адабиёт ва санъат” бо номи “Пайванд” самимона истиқбол карда буданд.

7

Муҳаммадраҳими Сайдар дар сарсуханаш ба китоби машҳури Бӯрӣ Карим “Фарёди солҳо” менависад: “Ман нахустин хонандаи ин китоб ҳастам. Он гоҳ онро хондам, ки мошиннавис сари миз қарор дошт. Ҳарчанд дар гирдоварии маводи китоб як андаке кӯмак карда будам, вале намедонистам, ки он бо чӣ рангу сурате ба ҳам меояд. Акнун ман ба суолҳои хеш чун як фарди тоҷик ҷавоб ёфтам, ба он суоле, ки сабабгори ин ҳама хонахаробии мо кӣ буд? Чаро мо аз гиребони хеш гирифтем? Худро хору зору нотавон кардем.”

Дар ҷои дигар: “Дар ин ҷанг ҳама лофҳо газофанд, ҳама даъвоҳо ботил, ҳама хунҳо ноҳаққанд. Ин ҷанг бурд надорад. Ин ҷанг бохтҳо ва сабақҳо дорад. Бузургтарин ҷиноятро дар баробари имрӯз, дирӯз ва ояндаи худ, дар баробари охирати худ бояд иқрор шавем. Дину мазҳаб хор шуд, фисқу фасод боло гирифт. Забони хайру салоҳ лол гашт, талхии ҳарфу ҳиҷо навозишгари гӯшҳо омад. Ёди таърих, Самарқанду Бухоро дар гӯшаи фаромӯшӣ, зери бори чанги ҷаҳолат ва бехабарӣ хазид. Тоҷики ғариб, дарбадар дар суроғи як дами осуда рафт. Ба ёди хонаҳои сӯхтаи худ, хоҳару модари таҳқирдидааш…”

8

Муҳаммадраҳим худ яке аз ҳамин тоҷикони ғариб буд, ки ҷанг хонаашро хароб кард ва сарнавишташро шикаст. Агар ин ҷанг намебуд, вай шояд ҳоло чандумин китоби худро нашр мекард. Беҳтарин навиштаҳое ба мерос мегузошт.

Бо он дили ҳассос, ки Муҳаммадраҳими ватанхоҳ дошт ва аз он ҷо, ки бештар даруннигар буд, то буруннигар, яъне дардро ба худ мекашид мисли он лиф обро, бемории ӯ аз ҳамон давраҳои нохушиҳои кишвар оғоз гирифт ва ҳамзамон бо афзоиши дарду ғами мардумаш лумбиду ӯро ба коми бало кашид.

Вай фарёд назадааст, касеро лат накардааст, то дардҳояш гӯё сабуктар шаванд, аммо ҳамаи қурбониёни ҷанг дар дили ӯ кушта ва дафн шудаанд. Вай ҳам як захмии он ҷанг аст. Анбори дард шудааст дилу ҷисми ӯ.

Барои размандагони собиқ бо сармояи созмонҳои байнулмилал марказҳои муолиҷа таъсис доданд, вале ба назар нагирифтанд, ки на танҳо ширкаткунандагон, балки ҳамаи шоҳидони ҷанги Тоҷикистон низ рӯҳан беморанд. Махсусан, рӯшанфикрони бовиждон ва соҳибдил.

Пас аз зиёрати устод Бечка, дар рӯзҳои сафари кӯтоҳи Муҳаммадраҳими Сайдар ба Прог, бо ӯ дар қаҳвахонаи соҳили рӯди Влтава нишаста будем. Муҳаммадраҳим, ки лаҳзаҳое пеш ба Бечка аз ҷанги Тоҷикистон ва бадбахтиҳои мардум ҳикоят мекард, акнун пасиҳам сигор дуд медод ва ба ман нигаристу гуфт: “Ҳақиқаташ ин аст, ки медонӣ, ҳамаи мо, ҳар яки мо дар ҷанг гунаҳкорем. Мо ҳама олудаи хуни мардуми худем…”

9

Ҳеҷ кас намепурсад, Аслиддини Соҳибназар аз чӣ дарде ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ё Бурҳон Ғанӣ. Ва ё шоир Сармад. Ё садҳо нафари дигар. Аз тири калашников кушта нашудани онҳо чунин маънӣ надорад, ки онҳо қурбониёни ин ҷанг нестанд.

Оё Муҳаммадраҳим охирин қурбонист? Чӣ бохтҳои дигаре дар пеш аст? Аз умри мо чӣ қадар коста шудаасту мешавад?

Ҳол он ки гунаҳкорону барандагони ин ҷанг мебоист ба хотири омурзише дар назди Худованд афроди боистеъдод ва сарнавиштшикастаро дар ватан сарҷамъ мекарданд ва барояшон шароите фароҳам меоварданд, ки фақат биншинанду бо офариниш машғул бошанд.

Ёқуб Салим, зоҳиран пеш аз дигарон ин ҳақиқатро шинохт ва ба сӯи он майл кард. Вай буд, ки ба олимону адибон моҳона медод. Кӯмакпулӣ. Ё шояд ҷубронпулӣ?

Дар давраҳои вазири умури дохилӣ будани Ёқуб боре Муҳаммадраҳимро ба ҳасб гирифта буданд. Нақл карда буд, ки ӯро бозпурсӣ мекарданд ва мехостанд, дар ҷурме айбдор кунанд. Вақте касбукорашро пурсиданд, гуфт, нависанда аст. Муфаттиш бовар накард. Иттифоқан ҳамин лаҳзаҳо аз радоиои ҷумҳурӣ ҳикояи ӯро мешунавонданд. Вақте муфаттиш номи Сайдарро шунид ва ба коғазҳои пешаш нигарист, дарро боз кард ва ба сарбозон хитобид: “Сад бор гуфтам, шоиру нависандаро боздошт карда, пеши ман наоред, чаро боз ҳамин хел кардед!” Вай Муҳаммадраҳимро озод кард. Бирав, нависанда, бинавис…

10

Сайдар, муҳаррири бисёре аз навиштаҳои ман, бархе аз ҳикоётамро писандида буд. Махсусан, “Гунги хобдида” ва “Моҷаро дар навбат”-ро. Мегуфт, дар “Гунг” дарди ҳамаамонро гуфтаӣ ва ин дувумӣ “ғайриодист”.

Дар Прог “Сагзистон”-ро хонд, хушаш омад. Гуфт, нав аст.

“Хокбод”-ро хоҳам навишт. Дар сӯги ҳамаи шаҳидон. Дарди даргузашти Муҳаммадраҳим ба дардҳои ин достон хоҳад афзуд. Илоҳо, ҷоят дар ҷаннат бошад, дӯсти ботамкин ва меҳрубонам. Алвидоъ! То дидор дар он сӯ!

05.01.2010 - Posted by | Инсон, Сарнавишт, Тоҷик |

13 Comments »

  1. Инно лиллохи ва инна алайхи рочеун. Яздони пок чои ин инсони некро бихишт гардонад ва ба шумову хамаи пайвандонаш сабри чамил бидихад. Чи афсусу афсус, ки ба кадри чунин инсонхои бузург нарасидему намерасем, афсус.

    Comment by Samandar | 05.01.2010 | Reply

  2. Худоё, Чаннат-ул-фирдавсро насибаш бигардони! ОМИН!!!
    Худорахмати, мисли як ситораи дурахшони осмони буд, ки ба суйи хазорон кас рушнои мекард, сад афсус ки, аз осмон канда шуд, лекин ИНШОАЛЛО дар дили Мо ва таърих, хамеша зинда ва равшан хохад монд!

    Comment by Patriot | 05.01.2010 | Reply

    • Омиин, ё Раббулоламин!

      Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  3. Парерӯз бузургвор устодам Муҳаммадраҳим Сайдарро аз даст додам… Даргузашташ бовар карданӣ нест. Гӯё ҳамин дирӯз дар коргоҳи радиои “Озодӣ” нишаста будему гузориш омода мекардем… Шодравон маро ҳам кор ёд медод ва ҳам дарси зиндагӣ меомӯхт. Аз гузаштаҳои дуру наздик, аз ҳамсоядории турку тоҷик, аз талошу кӯшишҳо барои мондгории забону фарҳанги тоҷикӣ ва пешомаду пайомадҳои ҷанги таҳмилӣ ва саргузашташ дар замони ҷангу ғарибӣ бароям мегуфт. Аммо он рӯзҳо дардаш хурӯҷ карда буд ва дилсарду хаста менамуд. Бар ин бовар буд ки гӯё суханаш асаре надорад ва зиндагияш беҳуда мегузарад. Гуфтаашро напазируфтам ва гуфтам мақолаеро, ки 20 сол пеш хонда будам (манзурам мақолаи Муҳаммадраҳим Сайдар ва Адаш Истад “Расмулхатти бобоӣ — нури басари моӣ!”, “Адабиёт ва санъат” аз 2 ноябри соли 1989 буд) ҳануз ҳам дар ёдам ҳаст ва метавон гуфт хатти зиндагиямро таъйин кардааст. Бо ҷӯшу хурӯш барояш мисолҳо овардам, ки чигуна дӯстону ҳамсолонам навиштаҳояшро нӯши ҷону раҳнамои талошҳояшон дар роҳи худшиносӣ ва дӯстдории тоҷику Тоҷикистон кардаанд. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад, боварам кард ва дилгарм шуд. Аз устод дархост кардам, ки дидаву донистаҳояшро дар бораи талошу кӯшишҳои ӯву ҳамандешону ҳампешагонаш барои мондгории забону фарҳанги тоҷикӣ дар замони шӯравӣ, озодиву оромиву ободии тоҷику Тоҷикистон ва пешомаду пайомадҳои ҷанги таҳмилӣ барои ҷавонону ояндагон ёддошт кунад. Чун дид ки он ҳама заҳматҳояш бар бод нарафта ва дар ҷавононе асар гузоштаанд, ки чӣ дар меҳану чӣ дар ғарибӣ ҳануз ҳам дил орзӯи озодиву оромиву ободии мардуму кишварашонро доранд, дархостамро пазируфт ва ният дошт дар бознишастагӣ ёддоштҳояшро нависад. Дареғо ки умраш вафо накард ва он ҳама донистаниҳоро бо худ бурд… Ҳануз ҳам бовар намекунам, ки дигар ҳаргиз устодамро нахоҳам дид ва овозашро аз гӯшии телефону радио нахоҳам шунид… Аммо номи неку ёди неку достону навиштаву гузоришҳояш ҳамеша бо мо хоҳанд буд.

    Даргузашташро бар хонаводаву хешу табору дустону ҳамкорону хонандагону шунавандагонаш таслият мегӯям ва аз Худованд барои ҳама сӯгдоронаш шикебоиву бурдборӣ хоҳонам. Худованд биёмурзадаш ва дар биҳишт ҷояш диҳад. Равонаш шод бод!

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 05.01.2010 | Reply

    • Умеди азиз ва сохибдил. Дар вокеъ неку дуруст дарёфтаед, ки чй сахт аст танхо будан ва дард кашидан, ки умр бар хадар рафтааст. Ва кори нек кардай, ки уро самимона рухбаланд ва дилгарм сохтй. Баъзан аз хазорон сармояву кумак як сухани нек арзиши ба маротиб бештар дорад. Шояд ин рухбахшият ба умри у чанд руз ё хафтае ё мохе афзудааст.

      Дарего, ки Мухаммадрахим хотирахояшро бокй нагузошт. Бовар дорам, бехтарин асноди таърихи рушангарой ва ватанхохй дар Точикистон мешуд.

      Дарегу дарег…

      Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  4. Mutaassifona mo hamon vakt sukhan az insonhoi najib meguem, ki vakte ki oftobi umrashon baroi hamesha gurub mekunad.Dar zindabudanashon in chiz nest, in ki tabiist.Ammo pas az baroi hamesha bastani rakht, az u yod mekunand chi khurdu chi kalon va chi badu chi nek.

    Comment by Firdavs | 08.01.2010 | Reply

    • Комилан дуруст. Мо тадричан ба як кавми мурдапараст табдил меёбем. Дар вакти зинда будани инсонхои нек ба кадри онхо намерасем. Вале шояд табиати инсон хамин чур аст. Сарвататро замоне мефахмй, ки аз даст медихй.

      Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  5. Устод! Хабари марги устод Сайдар вокеан андухест бисёр гарон барои нафаре, ки осрои уро мутолиа карда! Ман чун хонанадаи осрои у ин кадар гусса мехурам, дарди шумо чи тур бошад, ки дусту хамкаламаш будед, тасаввур карда наметавонам. Шумову устод Сайдар ва Бахманёру чанд тани дигар будед, ки насри моро то андозае аз колабхои шуравиёна озод кардед. Ба шумо ва ба кулли пайвандону дустдорони осори Устод сабри чамил хохонам. Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун!

    Comment by Бахманёр | 08.01.2010 | Reply

    • Саломат бошед, азизам. Вай барои афроде мисли Шумо бо хуни дил менавишт. Эй кош, ёроне монанди Шумо зиёд буданду бешумор!

      Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  6. Мақолаи дигари Муҳаммадраҳими Сайдар ба ёдам омад, ки “Халифа Ҳасан” ном дошт ва мо онро дар “Адабиёт ва санъат” нашр карда будем. Мақола аввалин бор шахсияти нодири таърихй — Халифа Ҳасан ва корномаи ӯро ба хонандагон муаррифй мекард ва дар заминаи асноди таърихӣ, аз ҷумла хотираҳои капитани Русия подшоҳй, Арандаренко навишта шудааст. Чанд сол баъдаш буридаи ин мақоларо дар дасти марде дар Панҷакент дидам, дар макони дафни Халифа Ҳасан, ки аз Рашт ба ин ҷо омада, дар умури исломӣ ва иҷтимоии ин шаҳр нақши бузург бозидааст.

    Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  7. Шумо мегуед ки мо мардуми мурдапарастем, пас чаро ислох намешавем. Мегуянд икрори гунох ними ислох аст. Пас чаро ислох намешавем?

    Comment by СОДИК | 16.01.2010 | Reply

    • Содиқи азиз. Сабаб шояд дар он аст, ки нерӯи маънавии мардуми мо дар тули ҳазорҳо сол латма дидааст ва дар ҳоли сакарот аст. Барои ҳамин тавони иқрорро дорем, вале ислоҳро на. Ҷомеа тавре рафтор мекунад, ки гӯё ба нерӯи маънавй мӯҳтоҷ нест.

      Comment by aioubzod | 16.01.2010 | Reply

  8. Гарчанде гузоришхои уро борхо шунидаву навиштахояшро хондаам ва ин ном-Мухаммадрахими Сайдар бароям ноошно набуд,вале чи гуна инсон будани уро намедонистам.Баъди хондани ин хикоя,ба марги бармахали у афсус хурдам.Мо чи кадар олиму нависандахои бехтарини худро аз даст додем.Дар катори чума бузургон ба Мухаммадрахим Худованд аз Чанатулфирдавс чой дихад. Салими Аюбзодро Худо лар амон ва имонаш нигах дорад.

    Comment by Abdurahman | 07.01.2014 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: