Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Номае аз 20 сол пеш

Валлоҳ, ки ин як тасодуфи маҳз буд. Матнеро дар сомонаи ҳафтаномаи “Миллат” хондам, хеле зебо ва муассир буду зеҳнамро машғул медошт ва шомгоҳон думболи чизе дар бойгониям мегаштаму коғази зиёдеро тагурӯ мекардам, ки ба мақолаи чопнашудаи хеш бархӯрдам. Ё Баҳоваддини балогардон! Айни мавзӯъ, аммо бозмондаи ногуфтае қариб аз 20 сол пеш.

Хеле фикр кардам, ки зарур аст, ин қиёс? Солҳои зиёде гузаштаву афкори бисёриҳо тағйир кардааст. Аммо дар ҳамон матлаби “Миллат” ин суханонро хондам, ки тасмимамро қатъӣ карданд: “Мо як дафъа гиребони худро ҳам бӯй кунем, ки бӯи кӣ меояд. Ҳама ҷурму гуноҳҳоро ба ҳамсояву ба гардани дигарҳо ҳамл накунем, бор накунем, як дафъа бояд, ки даруннигарӣ кунем, ки мо кӣ будем, чӣ будем, ҳоло кистем. Ин муҳимтар аз ҳама чиз аст, муҳимтар аз шеър ҳам ҳаст, муҳимтар аз сиёсат ҳам, ин муҳим аст барои мо.” Суханони собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири бузурги мо Мӯъмин Қаноат.

Комилан дуруст. Вақте аз бисёр мушкилҳои ҷомеа мегӯем, нахуст бояд ба худ ва ба гузашта бингарем, ки саҳми мо дар вуқӯи онҳо чӣ будааст ва дар ислоҳи онҳо чӣ буда метавонад. Сабаби дувуми тасмими ман ин буд, ки аз он рӯзҳо ду ё се даҳсола гузаштааст. Онҳое, ки дар он давра ба дунё омаданд, ҳоло 20-30-солаанд ва шояд аз бисёр ҷузъиёти гузашта хабаре надоранд. Бадтарин чиз ин аст, ки кӯр-кӯрона аз ақидае пайравӣ кард. Пас, ба хотири ин насли ҷавон, бояд ҳақиқатҳоро гуфт. Иқрори ҳақиқат қадаме ба сӯи омурзиш ва кафорат аст.

Сухан аз шоири тоҷик Бозор Собир меравад. Ва аз пурсиши ин ки кӣ бояд аз ӯ узрхоҳӣ кунад.

Устод Қаноат мегӯянд: “Онҳое, ки дар сохтори режим, низоми Шӯравии коммунистӣ ҳувияти нав эҷод карданд, бузургтарин корро карданд. Баргашт ба асли худ, ҳувият, аз назари таърихӣ бедор кардани андешаҳои миллӣ, ки мо кистем, аз куҷо ва то куҷо ҳастем. Ва дар баробари ин шеърро нав карданд, ки аз асри худ бегона набошад.» Ва боз ҳам бо назардошти Бозор Собир мегӯяд, «шоироне, ки навпардоз буданд, дар диди зиндагӣ ва шинохти зиндагӣ, ки шеъри ҷадвалии сиёсиро онҷо намепазируфтанд дигар, дар ин давра Бозор тамоюли андеша кард, ки чаро (он ҷадвали сиёсиро – С.А.) напазируфт.»

Акнун ба даст мегирам матлаберо, ки, ба фикрам, дар соли 1988 навишта будам ва «Адабиёт ва санъат» онро чоп накарда буд. Ба устод Қаноат эҳтироми бузург қоилам ва медонистам, ки маърӯзаашро дигарон омода мекарданд, вале бо вуҷуди ин, сухани охир боз ҳам бо худи ӯ буд. Навиштаамро ба ҷонишини муҳаррир, шодравон Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ, бурдам, бодиққат хонда, гуфта буд, вай шахсан ба чопаш мухолиф нест, аммо онро ба муҳаррир пешниҳод ҳам намекунад, зеро нашрияи мо органи Иттифоқи нависандагон аст, ҷанҷол мехезад.

ВИЖДОНИ АДАБӢ?

«Маърӯзаи раиси Иттифоқи нависандагонро ба съезд хондаму дилам фишор хӯрд, танг шуд мисли сӯрохи сӯзан. Аз нахустин ҷумлааш гӯё вориди маҳбаси сарду сиёҳу сангин шудам. Аслан, натавонистам, ин маърӯзаро то ба охираш бихонам. Номи «бузургон»-и зиёдеро оварда шудааст. Борони номҳо, аммо бузургони кӯкӣ ва сунъӣ.

Гӯё даъват аз хонандагон ва насиҳат ба адибони ҷавоне мисли ман, ки бояд навиштаи онҳоро бихонем ва аз ин намунаҳо биёмӯзем. На, намехонам, зеро хондани ин осор набояд иҷборӣ бошад. Ҳар қадар шеъру ҳикояи худро таърифу тавсиф кунед ҳам, як тини сиёҳ, як ҳубоби рӯи об қадр надоранд. Онҳо арзандаи фаромӯшиянд.

Ба як чиз ҳайронам. Солҳост, ки асарҳоро аз рӯи арзиши бадеӣ ва ғояшвияшон не, балки аз рӯи мавзӯяшон баҳо медиҳанд. Дӯстии набудаи байни милалро ба чӣ андозае зебоу тумтароқ, болохонадор ва дурӯғу дурӯғу дурӯғ тасвир карда бошанд, ҳамон қадар таъриф бештар мешавад. Номҳову номҳо. Аз як маърӯза ба маърӯзаи дигар.

Дар хусуси жанри очерк низ номҳое зикр шудаанд, ки солҳо боз такрор мешаванд. Ва арзёбӣ на аз рӯи мундариҷаи ғоявӣ (яъне «чӣ») ва маҳорати адабӣ (яъне «чӣ хел»), балки аз рӯи дастур, яъне «дар кадом бора» сурат мегирад: пахта, лимӯ, мармар, Ёвон, Норак, Турсунзода (арзиз)…

Аммо ончӣ маро дилтанг кард, хӯрдагириҳо ба шеъри Бозор буд: «Як силсила шеърҳои дигари Бозор Собир, ки дар мавзӯъоти таърихӣ иншо шудаанд, нуқсонҳои дигар доранд. Аввалан, ин шеърҳо як навъ иншоҳои илҳоқӣ, ҳошиявӣ дар китоби замон ҳастанд, яъне онҳо аз ҷараёни асосии замону таърих хориҷ гуфта шудаанд ва хориҷ мемонанд. Сониян, аз нуқтаи назари шеъри тоҷикӣ сангинанд. Онҳо талмеҳоту ташбеҳоте доранд, ки ба хонандагон ношииносанд. Инро худи шоир ҳам ҳис мекунад ва ногузир дар шеъраш порчаҳои дароз ҷой медиҳад, ки асли мақсад равшан шавад. Табиати шеъри Бозор Собир, ки равшанбаёниро тақозо дорад, аз ин гуна пардапӯшиҳо ва мулҳақот сахт мекоҳад.»

Ин танқидҳои бепоя дӯстдорони шеърро нороҳат мекунад. Ин танқидҳо муҷаррад ва муаллақанд. Бубинем:

Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод.
Хитаи Балху Бухоро дошт, дод.

* * *

Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шӯҳрати олам бимонад нардбон.

* * *

Халқ дар тимсоли Айнӣ халқи минбардор шуд…

* * *

Дар оғӯши ту ҳамчун ҷои Сино ҷовидона холист.

Хуб, бигӯед, ки ин ҷо чӣ чизе берун аз таъриху замону ҲАҚИҚАТ аст? Дар арафаи Инқилоби Октябр тоҷик бо чӣ монда буд? Бо моли дунё? Бо Балху Бухоро?

Оё ҳар куҷо даъвои «улуғ турк, улуғ узбек олими» ва «араб» гуфтанҳо дар хусуси Сино мавҷуд нест? Айнӣ ва «Намуна»-и ӯ намебуд, ин маърӯзагар оё имрӯз аз сари кадом минбар ва бо кадом забон сухан мегуфт? Ҷои Сино дар Бухоро кай пур шуд, ки мо, ҳама бехабар мондаем?

Гуфтани он ки ин шеърҳо аз замону таърих берун мемонанд, як ғалате беш нест. Ин шеърҳо кайҳо ба таърихи мо дохил шудаанд ва бо сиёҳ кардани онҳо дар маърӯзаи съезди Иттифоқи нависандагон ҳақиқат иваз нахоҳад шуд.

Тазаккур ёфт, ки талмеҳоту ташбеҳоти шеъри Бозор номаълуму ношиносанд. Агар талмеҳҳое монанди Искандар, Темурланг, Чингизхон, Сино, Султон Маҳмуд, Нӯҳи Сомонӣ, Рӯдакӣ, Анварӣ, Беҳзод, Мавлонои Балх, Рустам, Сӯҳроб ба хонанда ноошно бошанд, пас барои чунин хонандаи бесавод чӣ гуна бояд навишт?

Кадом ташбеҳот номаълум ва ношинос аст? «Боми шӯҳрати олам»? Номаҳое чу абрҳои баҳорӣ? Ё дигару дигар? Чаро одат шудааст, ки хулоса гуфта шавад, аммо далел оварда нашавад? Ва дуввум ин ки ташбеҳ агар ношинос бошад, пас хуб аст, наву обнорасида аст, такрорӣ нест.

Агар Бозор «сухан дар парда мегӯяд», ҳақ дорад, зеро нахуст сухан бояд шоирона бошад ва зеҳнро ба ҷустуҷӯ ҷалб кунад ва сониян, ҳарчӣ ошкортар гуфт, танқиди бештар шунид. Он ҳам танқиди асосан бедалел.

Метавон тахмин зад, ки чаро Бозорро аз ҳар сӯ танқид мекунанд. Аммо танқиди адабӣ як чиз аст ва танқиди сиёсӣ чизи дигар. Зоҳиран, ба маърӯзаи раҳбари Иттифоқи нависандагон танқиди сиёсӣ роҳ ёфтааст ва аз ҷои дигаре дастурамал шудааст. Иҷрои он гарави ҳифзи курсист. Аммо виждон куҷост. Агар на виждони инсонӣ, балки адабӣ (бигзор тахайюлӣ), ки дар назму насри имрӯз мақоми аслӣ дорад? Пас он виждоне, ки васфаш мекунем, барои дигарон аст ва на барои худи адибон?

Бовар дорам, Бозор шоири бузурги имрӯз ва фардои мост ва аз ин хурдагириҳо малул нахоҳад шуд, балки аз съезд баргашта, шеъри олитару бузургтаре хоҳад навишт, ки мондагор хоҳад буд.»

Ҳоло, бо ҳуруфчинии ин матлаби дерина, ки базӯр аз ҳаваси таҳрири он худдорӣ кардам, то ҳақиқати таърихро поймол накунам. Ин ҳам дар ҳоле ки мисраи “Дар оғӯши ту ҳамчун ҷои Сино ҷовидона холист.” ҳатман иштибоҳе дорад.

Матнро мечидаму ёдам омад, ки он ё соли 1987 ва ё 1988 дар Гардези Афғонистон навишта шудааст, дар давраи хидмати ҳарбии ман. Парешонӣ ва лаҳни он шояд аз рӯзгори сахт ва алами инзиво сарчашма гирифта, аммо ҳангоми рухсатӣ ва бозгашт ба Душанбе, онро нармтар кардаву ба идора овардам, вале боз ҳам пазируфта нашуд. Чунин матлабро, агар имрӯз менавиштам, шояд тамоман чизи дигаре  мешуд, зеро он дар чаҳорчӯби марзҳои баён ва сонсури вақт иншо шудааст.

Ёдам ҳаст, ки зиндаёд Мазҳабшоҳ онро хонда, айнакашро аз чашмонаш гирифт ва ба ман нигариста, баланд хандида буду нарангушташро боло бардошта, яъне «хуб аст!». Баъд аз чойники чинии гулипахтаи пешаш ба ман чой рехт. Ин аломат буд, ки матлаб чоп нахоҳад шуд. Чой хунук буд ва кабинети Мазҳабшоҳ низ.

Дар зимн, метавон он маърӯзаро дар Китобхонаи Фирдавсӣ пайдо кард, вале аввал бояд дид анҷумани Иттифоқи нависандагон дар соли 1987 буд ё 88.

Қиёси ин матлаб ва ончӣ «Миллат» нашр кардааст ягон фурсатталабӣ нест. Ду сабабро дар оғоз гуфтам, сабаби савум ин аст, ки танқидҳои беасос ва асабкуши он давра низ дар ташаккули Бозор Собире, ки мо имрӯз дорем, нақши муайян бозидаанд. Он солҳо дар ягон нашрия ҷумлае аз таъриф ё ситоиши шеъри Бозор ба назар намерасид ва Бозор таҳти тозиёнаи танқидҳои хӯрдагирона ва сиёсӣ, ки ҳанӯз аз Мирзо Турсунзода, раиси пешини Иттифоқи нависандагон сар шуда буд, ба камол расидааст.

Он вақт дӯстони ӯ ангуштшумор буданд, зеро аксaрияти адибон аз наздикӣ бо ӯ метарсиданд, то дар чашми ҳокимон бад нашаванд. Имрӯз, шукр, дӯстону мухлисонаш бешуморанд ва мунаққидони гузашта ба ситоишгарони имрӯза табдил ёфтаанд. Вале бояд эътироф кард, ки дардҳои Бозор на яку ду, балки саду ҳазоранд ва имрӯз пайдо нашудаанд. Ва агар ӯ озурдадил аст, ба ин ҳақ дорад.

09.01.2010 - Posted by | Адабиёт, Инсон, Матбуот, Сарнавишт, Таърих, Тоҷик |

24 Comments »

  1. Агарчанде ба бисер гуфтахои шумо ба андозаи зиёд мувофикам, як чизро кабул надорам, ки чаро бояд аз Бозор Собир узрхохй кард? Ишон зиндагии осуда дар Амрикоро бар кулфату сахтй дар ватан тарчех дод ва ин худ баёнгари хол аст.

    Охир, у тифле набуд, ки надорад, чй мекард ва ба кучо мерафт. Ман мутмаъинам, ишон хар коре ки мекард ва хар сухане ки мегуфт, аз руи акли хеш ва бо ахдофи хеш мекарду мегуфт ва набояд аз касе озурдадил бошад. Кас наметавонад чав бикораду гандум бидаравад!

    Comment by Рустам | 10.01.2010 | Reply

    • Дӯсти ҷавонам, Рустам. Хулосаҳои Шуморо пазируфта наметавонам, зеро Бозор Собир як шахси одӣ ва қаторй нест ва дар ин чаҳорчӯб намегунҷад. Вай шоир аст ва шоири бузург. Ҳамаи миллатҳои ҷаҳон ба шоирони худ арҷ мегузоранд ва агар чунин арҷ ба ӯ дар ватанаш гузошта мешуд, ҳаргиз ватанро тарк намекард. Дар як номаатон хеле дуруст гуфта будед, ки вазъро дар Тоҷикистон ба тавре кардаанд, ки ҳамаро ба ҷалои ватан водор мекунад. Ҳоло ба ин сухани худ дар тазод шудаед.

      Бисёр чизе ки кас мекунад, метавонад, бар асари фишори атрофиён ва ҳолу ҳавои муҳит низ ба амал ояд. Тарк кардан шояд осонтарин вокуниши шоири бузург буд, осонтарин эътирози ӯ дар кишваре, ки эътироз ва дигарандеширо аксарият қабул надоранд. Фикр накунед, ки дар Амрико зиндагии ӯ осудаву хуррам аст. Вай ҳаргиз аз худ ва аз дили худ наметавонад, бигурезад.

      Ниҳоят, бо тамоми масъулият мегӯям, ки Бозор Собир ҳаргиз гандумнамои ҷавфурӯш набудаасту нест, ҳамеша ақидаи худро доштаасту онро мақбул ё номақбули хосу ом бо овози баланд гуфтаст ва як сабаби асосии нокомиҳояш дар ёфтани забони муштарак бо ҳокимони давр ва ҳамқаламонаш ҳамин будааст. Ба ҳар ҳол аз ҳамон ибтидо бардошти ман ҳамин буду ҳамин аст ва тағйире накардааст.

      Узр мехоҳам, ки посухи ман дароз ва дифой баромад.

      Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  2. Устод Аюбзод! Кадом асар моли адабиёт асту ки шоир инро гузашти вакт муайян мекунад. Имруз хама даъвои шоириву нависандаги мекунанд, аммо ….
    Аз назари банда гузашти рузгор худ сараро аз носара чудо мекунад. Ва мардум огох хохад шуд, ки шоири “халки” ва кадом асар моли адабиёт аст…

    Comment by Бахманёр | 10.01.2010 | Reply

    • Баҳмаёри фарзона, оё аз ҳоло намебинед, ки бархе аз “бузургон” ҳамроҳи ҳамаи навиштаҳояшон фаромӯш шудаанд ва бархе қаламкашони беунвону беҷоизаи мо дар дили халқанд. Магар намебинед, ки ҳамаи навиштаҳои бархе аз “бузургон” ба ҷуз аз ҳаққи қалам пайомаде надоштаанду сатру мисраи адибони дигар дар ҷомеа таҳаввуот ба бор овардаанд?

      Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  3. Задан мардро тег бар тори хеш
    Бех аз баргаштан зи гуфтори хеш

    Comment by Samandar | 10.01.2010 | Reply

    • Хеле қатъист. Намедонам аз худи Шумост ва ё аз адабиёти клоссики мо, вале Уинстон Черчилл гуфтааст, танҳо бемағзон ва ҷасадҳо фикри худро тағйир намедиҳанд. Албатта, намехоҳам озурда шавед, ба шахси Шумо дахл надорад. Ин байт мумкин аст, ба ягон гуфтори муайян марбут аст, на ба ҳама чиз?

      Comment by aioubzod | 11.01.2010 | Reply

      • Na moy vzglyad dvoestishye vse taki bolshe o lyudyakh, kotorye otkazyvayutsya ot sobstvennykh slov, t.e. utverzhdaet chto te slova emu ne prinadlezhat. Tak chto ya soglasna s tem chto stikh ne sovsem umesten, tak kak my govorim ne o cheloveke, kotoryy oskazyvaetsya ot sobstvennykh slov, a o cheloveke, kotoryy pereosmyslil zhizn.
        Po suti Bozor Sobir togda i Bozor Sobir seychas eto dazhe dva raznykh cheloveka – odin iz nikh – dostatochno molodoy eschyo i ambitsioznyy v to vremya poet, kotoryy zhil v odnoy velikoy, no nemnogo izolirovannoy ot ostalnogo mira strane. A seychas govorit chelovek, kotoryy uvidel mir (kak v smysle “jahon” tak i v smysle “sulh”), ividel voynu, uvidel kak ego narod zhil ranshe, uvidel kak ego narod zhivet seychas, i uvidel kak na samom dele prokhidt zhizn’ v strane, o kotoroy ranee on imel tolko abstraktnoe predstavenie.

        Comment by Rukhshona | 03.11.2010

    • Avalan bubakhshed, ki tojikii man nachandon khub ast. Ziyod az 10 sol shud, ki bo Tojiki gap nazadaam. Ba’dan…
      Dar in man bo Salimnjon rozi hastam. Ba yodam sukhanhoi navisandai zamonavii Avrupoi Paulo Koelo meoyand: Dar zindagii har yak shakhsi buzurg zamone bud, ki u khato kard, tars dosht… onho buzurg hastand, zero az hamai in gusashtand va volotar shudand. Zero one, ki khato nakard, kadri rostiro nadonad, one ki natarsid, kadri daleriro nafahmid.
      Faylasufoni buzurgtarini dunyo az mushkilihoi ziyodu sakht guzashtand. Agarchand imruz tanho dar borai buzurgiashon menavisand, in ma’noero nadorad ki onho ba khatogi roh nadodand. In fakat ma’noe dorad, ki in shakhson kuvvati ruhonii buzurge doshtand, ki bar tamomi zindagiashon az nav nazar kunand, fikri har koru kardai khudro bikunand, va agar khatogie karda boshand, onro ba khud oshkor namoyand.

      Priznat svoi oshibki eto velikoe delo, tak kak ne kazhdyy mozhet nayti v sebe smelost priznatsya v svoikh oshibkakh pered litsom naroda, a prezhde vsego samogo sebya. (izvinite, ne khvatilo slovarnogo zapasa na Tajikskom eto skazat😦 )

      Comment by Rukhshona | 03.11.2010 | Reply

  4. Мулло Салим, салом!
    Чандест, ки имкон пайдо кардам ва навиштахоятонро мехонам. Дар хар мавзуъ, ки менависед чолиб аст ва хондани ва хондане, ки ба андеша водор мекунад.
    Ва мухимтарин чиз дар хар навишта ин аст, ки андешаро барангезад, фикрро ба тахрик оварад. Ва мухими дигар самими будани навишта аст, ки хар дуро дар навиштаатон мебинам.
    Як нукта дар охир: “виждон” дуруст нест, “вичдон” аст, чунки калима арабист ва арабхо “ж” надорад.

    Саломат бошед!
    Бо эхтиром, дусти шумо Абдукодир.

    Comment by Кодири Рустам | 11.01.2010 | Reply

    • Хуш омадед, Абдуқодири азиз ба ин кулбаи дарвешон. Сипосгузорам аз суханони гарматон, ки ба воситаи онҳо гӯё садои Шуморо шунидам. Оре, иғвои андешаро дуст дорам, на васвасаи андешаро ва то ҳадди мумкин самимиям. Пештар самимитар будам, вале борҳост, пешона ба девор мезанам, зеро ин самимият ва рушодсуханиро на ҳама ба гунае, ки бояд мепазиранд ва талош меварзанд, бо истифода аз ҳар пайти муносиб неши заҳрогин бизананд ва рӯҳам пур аз захмҳои хуншори заҳрогин аст.

      Узр, барои бечоранолй ва “плачъ в жилетку”… Ёди он рӯзҳои нотакрор кардам…

      Ҳатман, ки “виждон” тоҷикӣ нест. Махсусан имрӯз. Аммо ин матни соли 1987 ё 88 аст ва он вақт табъан банда бовар дошт, ки “виждон” тоҷикист.

      Аммо як нози дигар ҳам ҳаст. Аз он ҷо ки ҳарфи “ж” ҳамчун садои аз бунёд тоҷикӣ дар забони мо хеле кам истифода мешавад, ҳамеша талош дорам, он дар навиштаам бошад, садо бидиҳад,албатта на барои жожу мож.

      Бубинед, номаи кӯтоҳи Шумо чӣ қадар иғвои андеша ва сухан кард. Зинда бошед. Умедворам, ҳамеша кажжиҳои банда рост кунед.

      Шод бошеду сарсабз.

      Comment by aioubzod | 11.01.2010 | Reply

  5. Муъалими мухтарам, Абдукодир!
    *Арабхо “ж” надорад*-не!
    Арабхо “ж” надораНд.
    Бо эхтиром хонандаи доимии ин торнома!

    Comment by Tojik | 11.01.2010 | Reply

    • Тоҷики азизам, зинда бошӣ! Аммо гуфтаанд, оқилон ба думболи нуқат нараванд. Яъне агар ба хатти форсии худ менавиштем ва нуқтае меафтод ё ҷои дигар гузошта мешуду аммо маънй фаҳмо буд, олимон ба як-ду нуқтаи иштибоҳй эътибор намедоданд.

      Қодири Рустам як нависандаи асили тоҷикон аст ва ман бисёр орзу дорам, ки вай торнигори худро дошта бошаду мо ҳама дар сӯҳбати ҷовидона бошем.

      Comment by aioubzod | 11.01.2010 | Reply

  6. Бозор Собир аз шоирони равшанфикр аст ва макоми худро дар чомеа ефтааст. Бобати узрпурси аз эшон, камтар шубхаовар менамояд, вале масъалаи ачр, ба рости, шоирон чи гуна арче доранд, гайр аз бахои хонанда ба хар сатр шеъри шоир? Садои дил худ арче ба шоир аст, махсусан шоире ки хакикатро замима мекунад.

    Ташаккур барои макола, бародари азиз.

    Comment by Файзулло Насруллоев | 11.01.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз лутфи Шумо, бародари арҷманд. Дар ҳақиқат сухани Шумо ҳақ аст. Халқ ҳамаи иштибоҳҳои Бозор Собирро мебахшад ва фаромӯш мекунад, зеро шеъри ӯ ин ҳамаро ба канор меафканад ва симои шоирии Бозор аз ҳаваскориҳои сиёсияш қавитару мондагортар хоҳад буд.

      Comment by aioubzod | 11.01.2010 | Reply

  7. Узр мехохам огои Аюбзод, мехостам возех мекардед бароям:
    Магар Бозор Собир худ Демократ набуд?

    P.S Ман шеърхои уро оиди демократия дар китоби “аз гули хор то симхор” хондам. Парадокс!

    Comment by rab | 11.01.2010 | Reply

    • Узр нахоҳед, дӯстам. Ҳақ бо Шумост. Бозор Собир демократ буд ва дар қаъри дилаш демократ мондааст. Аммо таҷрибаи ӯ, яъне бо виҷдон, шеър, фарҳанг, андарзу ҳикмат омехтани сиёсат, нобарор омад.

      Comment by aioubzod | 11.01.2010 | Reply

  8. Салом! Вокеан, бояд аз Бозор Собир узр хост. Ин узрро онхое бояд бипурсанд, ки бойис шуданд то У нух мохро дар зиндон паси сар кунад. Махз азобхои пушти панчара Бозорро аз Ватанаш дилсард сохтааст. Ман он кадар чонибдори баргаштани Бозор Собир ба Точикистон нестам, на ба он маъни, ки намехохам У ба ватанаш биёяд, харгиз чунин нест, балки бисёр хостагорам, ки Устод мисли чанд соли пеш танхо барои хафтае ва чихати баргузории махфили шакарин вориди хоки кишвар шавад. Зеро бовар дорам, ин хама ваъдахои болохонадор, ки дар гайб ба Бозор медиханд афсонае беш нест. Баъди баргаштанаш хама ваъдахошонро фаромуш мекунанд. Бубинед, такдири фарзонатарин марди точик- Тохири Абдучабборро. Уро хам бо хамин шева чег заданд. Гуфтанд, ки миллат ба Ту сахт низ дорад. Омаду дар бечораги ин чахонро падруд гуфт, хатто манзиле надошт, ки рохат зиндаги кунд, дар ичора мезист. Метарсам, ки Бозор хам чунин мешавад. Фикр мекунам Бозор дар Амрико бошад барои миллати мо бехтар аст. Бе ин хам аз охирин навиштахояш “кайф” мекунему бо У ифтихор.

    Comment by MAHBUB-TJ | 12.01.2010 | Reply

    • Маҳбуби азиз, ба ҳамаи гуфтаҳои ту розиям, ҷуз ин ки ҳатмй нест Бозор дар Ватан ба сар барад. Чаро?

      Гап дар ин аст, ки ашхоси саршинос бо ҳузури хеш фазо месозанд. Ҳар қадар ки фазо қавӣ ва рангинтар бошад, рушд ва пешрафт бештар мешавад. Сониян, эҷод кардан дар Ватан хосияти дигар дорад. Ба худи устод Бозор дар сӯҳбати рӯбарӯ дар Сиеттл гуфтам, ки танҳо бо хотираҳо зистан ва эҷод кардан мумкин нест, зеро ин “захира” ба як муддати муайян мерасад ва агар ангезаҳои нав ба нав илҳоми касро ба ҷӯш наоранд, кас ё ба такрори худ сар мекунад ва ё ба такрори дигарон мепардозад. Фазои қавӣ ҳамчунин рақобати созандаи эҷодиро ба вуҷуд меорад, ки низ чархаи пешрафт аст.

      Ман шоҳиди зиндаам, ки Бозор аз он ки дар Амрико ба сар мебарад, рӯҳан шод нест. Мегуфт: “Дар ин ҷо гӯё пойи ман дар замин нест. Ман муаллақам. Байни замин ва осмон.”

      Худам медонаму дилам медонад, ки ғурбат осон нест ва касро пеш аз вақт пиру хаставу афсурдаву бемор мекунад.

      Аммо комилан ҳақбаҷонибед, ки ба қадри Бозор дар Ватан нахоҳанд расид, ҳамонгуна ки ба қадри Тоҳири Абдуҷабор нарасиданд. Чӣ мешавад кард, миллати мо ҳамин асту зиндагии мо ҳамин…

      Comment by aioubzod | 12.01.2010 | Reply

  9. Афсус. Ман ба хар нафаре, ки баъди маргаш аз Бозор КАХРАМОН метарошад нафрин дорам (нодуруст нафахмед). Бозор дирузу хамин руз КАХРАМОН аст. Боз хам меравем суроги Тохири Абдучаббор, ки вакте зинда буд кам касоне ёфт мешуданд, ки вазъи зиндагияш онхоро хичил мекард, аммо вакте хазорон армон дар дил даргузашт, хамаги аз бечорагияш лаб кушоданд. Бовар дорам, ки ИНТ он рузеро интизор аст, ки зиндаги Бозорро аз мо бибарад ва хамон замон он кадар аз “ашъори ноб”-у “пуштибони миллат” будани у ёд мекунанд, ки… Афсус.

    Comment by MAHBUB-TJ | 13.01.2010 | Reply

  10. Ин мақолаи шумо, хеле нағз ва шавқовар аст, ман онро бо шавқу завқ хондам.

    Comment by Romin | 27.01.2010 | Reply

  11. asalom
    man mahdi az iranzaminam. bebakhshid ke be khatte shoma naneveshtam ciricilam khub nist !!!!!!!!!
    maghaleye jalebi bud. be mo ham sar bezanid
    man baraye azadi dar iran talosh mikonam. be omide ruzi ke iran ham mesle tojikiston ruye azadi ra bebenad

    Comment by mahdi | 26.02.2010 | Reply

  12. Бозори Собир шахси бузург хаст,вале мемонад.Афсус,ки бозичаи дасти дмгарон шуд.

    Comment by шамсудин | 02.11.2010 | Reply

  13. Устоди гироми Бозори Собир хамеша дар дилу дидаи мардум мемонад чунки худ шоири мардуми буд на дарбори.
    Танҳоӣ на он аст, ки танҳою ғарибӣ,
    Танҳоӣ на он аст, ки бе ёри қаринӣ.
    Танҳоӣ чунон аст, ки дар байни ҳама халқ
    Бошӣ, вале бе дарди ҳама халқ нишинӣ.

    Танҳоӣ на он аст, ки ёрону ҳарифон
    Як бор напурсанду даратро накушоянд.
    Танҳоӣ чунон аст, ки дар ҳозиру ғоиб
    Қадри ту надонанду ғаматро назудоянд.

    Водареғи рӯзгорат,
    Водареғи эътиборат,
    Водареғи чашми чорат,
    Водареғо, водареғ…

    Comment by Шахло | 03.11.2010 | Reply

  14. Аз як чиз хеле мутаассифам, ки Бозори лаин ба дину оини мо ихонат мекунаду мардуми мо боз хам уро бузург мешуморанд. Шояд ин кори онхо яке аз шартхои “ДЕМОКРАТИЯ” бошад.

    Comment by Бахроми Саид | 11.06.2014 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: