Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Умеда Аҳмадова зиндонй мешавад?

Дар Узбакистон бар зидди филмсоз ва аккос, Умеда Аҳмадова, бо иттиҳоми “тӯҳмат” ва “таҳқир”-и миллати узбак парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. “Ҷурм”-и ӯ ин будааст, ки дар аксҳои худ “танҳо тарафҳои манфии зиндагии мардум дар Узбакистонро ҳадаф қарор додааст.” Манзур, силсилаи нави аксҳои Умеда аст бо номи “Мардону занон. Аз субҳ то шом.”

Ба эҳтимоли зиёд бархе аз аксҳои ин силсила, ки гадо, афроди хиёбонӣ, майзада ва маюъсро нишон медиҳанд, сабаби хашми мақомоти расмии Узбакистон шудаанд. Бахусус, аз он лиҳоз, ки силсилаи мазкур дар чанд кишвари аврупоӣ намоиш дода шуд.

Чандин расона, аз ҷумла блогҳои Global Voice ва Go Petition аз хонандагони хеш даъват кардаанд, ба номаи эътирозӣ ба унвони раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов имзо гузоранд ва аз Умеда Аҳмадова пуштибонӣ кунанд.

Онҳо мегӯянд, “гуноҳ”-и суратгир инаст, ки аксҳояш мисли як оина ҳақиқати зиндагии мардумашро нишон медиҳанд.

10.01.2010 - Posted by | Озодии сухан, Сиёсат, Узбакистон |

11 Comments »

  1. Аксхои хуб ва хабари хеле ногувор! Ман ба он веблогхо рафтам ва ба номаи зидди Ислом Карим имзои электрунй гузоштам. Бояд аз озодии эьчодкорон химоят кард!

    Comment by Рустам | 10.01.2010 | Reply

  2. Ташаккур, Рустами азиз, умедворам, дигарон ҳам аз намунаи Шумо пайравй хоҳанд кард.

    Comment by aioubzod | 10.01.2010 | Reply

  3. Yak “gunoh”-i digari Umeda in ast. ki az Tojikoni Uzbakiston meboshad.

    Comment by Samandar | 11.01.2010 | Reply

  4. Салом бар хамаи дустон! Аслан, ин чизи нав нест, ки макомоти Узбекистон фаъолон ва озодандешонро бо “чурм”-хои хандаовар пушти панчара мекашад. Мухимтарин нукта боз ин аст, ки аксари онхо точиканд. Дар ин баробар созмонхои байналмилалии ба ном хомии хукук ба лаб кулух мемоланд. Медонед чаро онхоро “ба ном” гуфтам? Зеро барои манфиатхои кишвархояшон шуда тамоми амалхои гайриинсонии макомотро нодида мегиранд. Бубинед, бо вучуди он хама бедодихои макомот, ки дар Андичон сурат гирифт ахиран Иттиходи Аврупо тахримхояшро алайхи Узбекистон бекор кард. Мардум дар хама давр чуз худо пуштибоне надоштанду надоранд. Ин бор хам набояд ба умеди созмонхои байналмилалии хифзи хукук нишаст. Журналистону мардуми оддиро мебояд бар зидди ин бедодгари садо баланд кунанд ва аз Умедаи азиз чонибдори намоянд. Медонам, ки суханро ба дарозо кашидам, аммо хомуш буда хам наметавонам. бубинед се хохарро дар Узбекистон бо гунохи авбоши то ба 7-сол махбас кардаанд ва акнун интизори хукми додгох нисбати 12 корманди зиндон бошед, ки ба номуси хохарон тачовус кардаанд. Ман бовар дорам, ки на бештар аз се сол хукм хоханд гирифт. Аз ин дахшаттар чизе намешавад.

    Comment by MAHBUB-TJ | 12.01.2010 | Reply

    • Дар соли 2000-ум ҳукумати Ислом Каримов 30 ҳазор тоҷики Сариосиёро боздошт карда, ба конслагери Шеробод интиқол дод. Онҳоро айбдор карданд, ки гӯё ба мусаллаҳони ҲИУ ҳамдастй кардаанд. Ин комилан зидди ҳуқуқи инсон аст ва дар забони байнулмилал “ҷазои дастаҷамъона” номида мешавад. Бисёр афсӯсҶ ки ин маълумот ба ғайр аз Радиои Озодй дигар дар ҳеҷ куҷо ба нашр нарасид ва ягон созмони ҳуқуқи инсон ба ин парвандаи зиддибашарй мутаваҷҷеҳ нашуд ва то ҳанӯз сарнавишти ин 30 ҳазор инсон, хурду калон, пиру ҷавон ва зану мард, ки дар Дараи Ниҳон — мавзеъи зебоманзари тасвиркардаи устод Айнӣ зиста, акнун ба як биёбони беоб интиқол дода шуданд, номаълум аст.

      Comment by aioubzod | 12.01.2010 | Reply

  5. Ин 30 хазор точики бадарга гашта рузе аз рузхои худо сухан ва тавоноие пайдо мекунанд ва барои баргаштан ба манзили зебои худ талош меварзанд. Худо нигахдорашон бошад.

    Comment by Mark Twain | 13.01.2010 | Reply

  6. Анна, боракалло Салимчон. Фикр мекунед чаро дигар хама хомуш буданд? Бале, сабаб якест. Хамаи созмонхои дифо аз хукук фурухташудаанд. Онхоро низ бояд барои хамдасти дар чиноёти анчомдодаи Ислом Каримову чонибдоронаш мучрим шинохт.

    Comment by MAHBUB-TJ | 13.01.2010 | Reply

  7. Аммо аз чй сабаб созмонхои хукуки башари Точикистон хам дар ин бора ба дахон об гирифтанд? Хизбхои сиёсии Точикистон, ки имруз талоши узвият дар парлумонро доранд чй? Хукумати Точикистон чаро сукут карду сукут мекунад?

    Оё дар Узбакистон ягон созмону ташкилоти дифоъ аз хукуки точикони ин кишвар вучуд дорад? Лутфан адреси онхоро ба ман мефиристодед?

    Comment by Samandar | 13.01.2010 | Reply

  8. Салом бародари гироми Самандар. Фикр мекунед, макомоти Узбекистон “просто так” рози мешаванд, ки як созмони хукукдифоъро сабти ном кунанд, махсусан аз точиконро? Амрико (ЦРУ) бо хама тавоноияш натавонист, ки бахши узбекии Радиои Озодияшро дар каламрави ин кишвар хифз кунаду кучо монад ташкилоти дифоъ аз хукуки точикон. Шояд, чунин созмон вучуд хам дошта бошад, аммо бовар кунед, танхо бо ном мавчуданд ва аз фаъолияти онхо касе нашунидааст…

    Comment by MAHBUB-TJ | 14.01.2010 | Reply

  9. MAHBUB-TJ, аввал хукуки точикон ва точикистониёнро дар Точикистон химоя кунед, баъд ба химояи хукуки точикони Узбакистон сар мекунем…

    Comment by Afshin | 14.01.2010 | Reply

  10. Барои он пурсидам, ки дар он чо солхои пеш чанд созмони точикон фаъолият мебурд.

    Чизи дигар ин ки Умеда аз точикони Бухорост ва дар бораи урфу одат ва дину мазхаби Бухороиён як филм хам сохтааст.

    Comment by Samandar | 19.01.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: