Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чини пешонӣ аз пештозии Чин

Дӯсти оҳангари ман, Баҳриддин, ки аз рессори мошин беҳтарин корду ханҷар ва аз оҳани кӯҳна садбарги шукуфон сохта метавонад, тобистони гузашта аз чиноиҳо шиква кард. Гуфт, як рӯз омаданду оҳангархонаашро ба видео гирифтанд, махсусан дасткорҳояшро ва моҳе баъд бозорашро касод карданд. Тамоми чизе ки ӯ месохт, аз ҷумла досу каланд, белу табар – ҳамаро акнун аз Чин меоранд ва дар ҳамин бозор мефурӯшанд.

Мардум хуб медонад, ки кори дасти усто Баҳриддин ҳамто надорад ва досе, ки ӯ месозад, солҳо ба кор меравад, аммо моли чиноиҳоро мехаранд, зеро ду баробар арзонтар аст.

ШИКВАИ УСТО БАҲРӢ

Бо ҷабинаш арақшор ва пурчин дар ҳоле ки охирин досашро даста мемонад, мегӯяд:

— Каждосе, ки онҳо аз рӯи доси ман сохта овардаанд, ба истилоҳ “одноразовий” аст, зеро онро тез карда намешавад, — мегӯяд усто Баҳрӣ, — вақти тез кардан он доира-доира аз ҳам ҷудо мешаваду мерезад. Оҳанаш бесифат. Ман беҳтараш номамро дигар мекунаму ин хел дос намесозам…

Яке аз ҳамсояҳо гуфт, доси усто Баҳриро 11 сол аст, истифода мекунад, мисли нӯли лаклак борик шудааст, вале пари коҳро дар ҳаво дупалла мекунад.

Ман ба усто гуфтам, ба досу каланду тешаву табаре, ки бо дастони ҳунармандаш месозад, нишона ё тамғаи худро гузорад, масалан, сарҳарфи номаш ё аломатеро ҳак кунад ва сифати баланди молҳои ин тамғаро нигоҳ дорад. Шояд рӯзе мардум ба андозае бой шаванд, ки на ду бор, балки як бор, вале қимат харид кунанд.

Вале усто Баҳрӣ даст афшоду дилсардона гуфт: — Ба фикрам, кори ман тамом аст. Аҷуҷу маҷуҷ ҳамаро гирифт. Ман ба онҳо дасту панҷа нарм карда наметавонам. Инро Чин мегӯяд, ҳамаро дам мекашад. Ман ҳам, ба фикрам, бояд роҳи Русияро пеш гирам. Хонда будам, ки оҳангарҳоро меҷӯянд. Меравам, барои онҳо дарвозаву панҷараҳои гулкорӣ месозам. Тақдири пешонӣ…

Ба худ мегӯям, Чин пешонии усторо пур аз чину ожанг кардааст.

ЁДДОШТЕ АЗ ГУЗАШТА

Ба хона баргаштаму зери таъсири гуфтугӯи ноумедкунанда бо усто Баҳрӣ ҳикояте ба ёдам расид, ки аз падари шодравонам шунида будам.

Бобоям, Домулло Аюб, дар мадрасаи Самарқанд мехондаанд ва падари он кас, яъне бобокалони ман — Мулло Муҳаммадсалим, ба диданашон мераванд. Ҳангоми сайругашт дар бозори Самарқанд маҳсие писандашон меояд ва онро мехаранд. Мегӯянд, ин қадар чармаш нафису маҳину пурҷило ва худаш сабук будааст, ки бобокалонам дар гӯшае аз бозор менишинанд ва бо ҳаваси том маҳсии навро ба по мекунанд.

Баъд аз чанд қадам маҳсии нав пора-пора мешавад ва онҳо мебинанд, ки он на аз чарм, балки аз пӯсти харбуза сохта шудааст. Бобокалонам ба ин ҳол нигариста, механданд, вале бобоям, Домулло Аюб сахт ба хашм меоянд ва қиблагоҳияшонро водор мекунанд, ки ба назди фурӯшанда баргарданд ва пули худро бозпас гиранд.

Вале Мулло Муҳаммадсалим хостори ҷанҷолу кашокаш намешаванд ва мегӯянд: “Вай ба мо на маҳсӣ, балки ҳунарашро фурӯхтааст…”

Фикр кардам, тафовути имрӯз аз он гузаштаи дур ин аст, ки ҳарчанд чиноиҳо низ ба мо ҳунарашонро мефурӯшанд, дар паҳлуи ҳунару тавон бо қашшоқии мо бозӣ мекунанд.

Бобокалони ман он маҳсиро на ба хотири арзонияш, аслан мегӯянд, хеле гарон будааст, балки ба хотири зебо ва нафису ғайриодӣ буданаш харидаанд. Имрӯз мо садҳо чизи тавлиди Чинро маҳз ба хотири арзонияшон мехарем, чунки нархи онҳо ба кисаи мо муносиб меояд.

ҲИКМАТИ АРЗОНӢ

Моли арзону бесифати чиноиҳо моро ҳарчӣ бештар ба як миллати пастҳиммат ва назарпаст табдил медиҳад.

Аз ғояти фақр мо омодаем, барои фарзанди азизамон пойафзоли арзони чиноиро, ки шояд як моҳ ҳам набарад ва шояд ранги он заҳролуд бошад, бихарем, зеро арзон аст. Дар Аврупо ва Амрико либосу пойафзоли кӯдакона баландтарин нархро дорад, зеро дар тавлиди онҳо маводи пок ва заҳмати зиёд харҷ мешавад.

Мардуми мо гуфтааст: “Арзон беиллат нест, қимат бе ҳикмат.”

Агар мо пулдортар мебудем, “ҳунар”-и чиноиҳо бозору кӯчаҳову мактабу хонаҳои моро пур намекард.

Журналисти борикбини тоҷик Мирзонабии Холиқзод дар “Блогистони Озодӣ” менависад: “Ҳоло фақат аққалан як бор ба бозори Султони Кабир дароед ва растаҳои мухталифи онро бубинед, мушоҳида хоҳед кард, ки аз сӯзану чумчаву косаву пиёла то ҷиҳози хонаву қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва хишту девору вассаи бому ҳама моли Чин аст. Моли кишваре, ки бо Тоҷикистон ҳамсояи девор ба девор аст.»

ШӮХӢ БО АРБОБ?

Бо Чин намешавад бозӣ кард. Моли он, ҳарчанд бо сифати беҳтар, Амрикоро низ ғарқ кардааст. Яке аз сабабҳо қарзи бузурги Амрико аз Чин аст, ки бозори дохилии Иёлоти Муттаҳидаро ба рӯи Чин боз кардааст. Ҳазорон шаҳракҳои чиноӣ дар дили шаҳрҳои Амрико низ аз ҳисоби ҳамин мол бунёд шудаву ба миллионҳо чиноӣ дар Амрико ҳаққи иқомат ва имконияти шукуфоӣ додаанд.

Аммо Амрико бузург аст ва метавонад боз ҳамин миқдор шаҳракҳои чиноиро гунҷонад. Тоҷикистон ҳатто ба як аёлати Амрико ҳам баробар нест ва дар ҳоле ба сар мебарад, ки даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандонаш ҳар сол дар кишварҳои дигар муқим мешаванд.

Вале ин ҳам як дарде, ба назар мерасад, Тоҷикистон аз Русия, Амрико, Аврупо ва Ҷаҳони Ислом дил канда, Чинро “бародари калон” баргузидааст. Ин шояд яке аз натиҷаҳои ҷанбии “сиёсати дарҳои боз” аст ё шояд пайомади бозии нодурандешонаи як кишвари кӯчак дар судҷӯӣ аз рақобатҳои геополитикии қудратҳои бузург.

Дарҳо бояд ба рӯи ҳама яксон боз ё нимабоз бошанд ва ҳамаро бояд яксон “хуш омадед” ё “худо ҳофиз” гуфт. Дарёфти манфиат аз рақобатҳоро бояд дар намунаи Қирғизистони ҳамсоя омӯхт, на дар таҷрибаҳои ҳаваскоронае, ки оқибаташон номаълум аст.

ЧИН – ҚАҲРАМОНИ МО?

Чин дар соли 2009 аз рӯи табодули молу хадамот бо Тоҷикистон Русияро дар ақиб гузошт ва ҳоло ба қаҳрамони яккаи ин ришта табдил ёфт. Додугирифт бо Чин дар ҳафт соли гузашта 100(!) баробар зиёдтар шуда, ба нуқтаи рекордии 1,5 миллиард доллар расид ва бояд дар назар дошт, ки таносуби ин додуситад шояд 90% ба суди Чин ва 10% ба суди Тоҷикистон бошад.

Роҳҳои моро Чин месозад, хатҳо ва зеристгоҳҳои барқро низ, оянда нерӯгоҳи Нуробод, нақбҳо, пулҳо… ва ҳамаро бо пулу коргари худ. Назорати бархе аз бозорҳои умдафурӯшии Тоҷикистон низ ба дасти чиноиҳо мегузарад, зеро фазоро барои онҳо дар Русия (Черкизон), Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон танг кардаанд. Тоҷикистон дарҳои боз дорад ва барои бахше аз чиноиҳо кайҳост, ба ватан табдил ёфтааст. Ва бо каме ришва ба ашхоси даркорӣ метавон, кори дилхоҳро кард.

Дар ҳамин ҳол сармоягузориҳо аз Чин қариб ба таври комил сармоягузориҳои давлатиянд ва Чин ба бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон низ табдил ёфтааст. Ҷамъи пуле, ки Пекин ба Душанбе вом додааст, аз сармояи ниҳодҳои байнулмилалӣ ба маротиб бештар аст.

Агар дар солҳои 1990 асосан тоҷирони тоҷик ба Чин рафтаву аз он ҷо мол меоварданд, ҳоло ин ришта қариб пурра ба дасти худи чиноиҳо гузаштааст, зеро ҳукумати Чин барои тоҷирони тоҷик бархе аз маҳдудиятҳоро ҷорӣ кардааст, ки дар натиҷаи онҳо моли воридотии тоҷирони тоҷик дар бозор гаронтар шуда, шикаст мехӯрад.

ВОМ БА МО Ё БА ХУД?

Иқтисодшиносон ҳушдор медиҳанд, ки қарзҳои бузурги Чин ба Тоҷикистон хатари ниҳоне доранд. Рӯшан аст, ки Душанбе ин қарзҳоро дар солҳои наздик пардохта наметавонад. Агар давлат пул медошт, ба пасандозҳои мардуми фақири хеш дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун чашм намедӯхт.

Вақте ки Тоҷикистон наметавонад, қарзҳоро баргардонад, маҷбур ба ин мешавад, ки дар иваз дастрасии Чинро ба риштаҳои стратегӣ, захираҳои табиӣ ва бозори дохилияш васеътар кунад. Аз ин лиҳоз истиқлолияти Тоҷикистон зери хатар меравад.

Аз он ҷо, ки Чин қарор аст дар соли 2010, пас аз Иёлоти Муттаҳида ба абарқудрати шумораи 2 табдил ёбад, истодагарӣ дар муқобили он низ сахту сангин хоҳад шуд. Ба хусус, ки иқтисодшиносон ҳадс мезананд, имсол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даври дувуми бӯҳрони иқтисодӣ шурӯъ мешавад ва Чин, баракс аз бӯҳрон берун меояд.

СОЯИ ФИЛ

Пас бояд ин ояндаро дид ё на? Пешбинӣ кард ё на? Оё дар чунин вазъ талоши Тоҷикистон ба узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат иқдоми солимфикрона аст ё иштибоҳе, ки кишварро дар муқобили на танҳо Чин, балки тамоми ҷаҳон лухту урён ва даступобаста мекунад?

Сарвазири собиқи Канада, Жан Кретйен. мегуфт, азбаски кишвараш дар паҳлуи филе ба сар мебарад, манзур Иёлоти Муттаҳида, бояд эҳтиёт кунад, ки вақти дар хобаш ҳам паҳлу гаштани фил, зери он намонад.

Чин фил нест, балки аждаҳост. Шояд Тоҷикистонро нафаси аждаҳо афсун кардааст?

Дили ман ба усто Баҳрӣ ва миллионҳо нафари шабеҳи ӯ месӯзад, ки агар аллакай ба Русия мардикорӣ рафта бошад, ба Тоҷикистон баргашта, ҷои пой пайдо нахоҳад кард…

24.01.2010 - Posted by | Иқтисодиёт, Равобити байнулмилалӣ, Тоҷикистон | , ,

7 Comments »

  1. Каждос? Бовари дорам, забони точики чунин калима надорад. Шояд качдосро дар назар доред?

    Comment by Файзулло Насруллоев | 24.01.2010 | Reply

  2. Устод Аюбзод дилбастагие ба харфи Ж дорад, ки ба назари у то рафт кам истифода мешавад ва аз забон гум шуданаш сабаби кашшокии забони модарии мо мегардад. Барои хамин Ж навиштааст, аммо Файзуллочон, чунин калима дар забон хаст монанди каждил, каждаст, каждум, кажнигар… Фарханги забони точикиро кушоед, мебинед.

    Comment by Rustam | 25.01.2010 | Reply

  3. Бовар дорам баъди чанд соли дигар мисраи “кадами номубораки Махмуд” ба “кадами номубораки чиноихо” иваз мешавад…. Худо нигах дорад….

    Comment by Mahbub | 25.01.2010 | Reply

  4. Salom akai Salimjon,

    Rahmati kalon akai Salimjon baroi in mavzyi hasos ki xelo zebo navishted.

    Bisyor taasyf ovar hast ki rahbaroni mo az voqeahoi ki dar tarix ryi dodand va onham dar dyry nazdiki mo darsi ibrat nagiriftand. Singapyr jyzi xoki Malaiziya byd ki Chinoiho ba onjo ba tijorat raftand va dar onjo ohist-ohista sykynat varzidand va sipas onro az Mailaiziya jydo namydand.Ba vaziyati kynyni Chinoiho dar Mailaiziya 1 dystam gyft ki aslan Chinoiho az 1 yo 2 farzand ziyod namexohand dosht amo mysalmonho farzandi ziyod dorand amo adodi chinoiho hejgoh ba kami narafta isdodast. sabab dar on bydast har nafare ki memirand joigyzinashro az Chin meovarda bydastand. Bo in tashviqi ki hykymati mo baroi kam farzand kyni karda istodast va rohro baroi Chinoho kyshodast mo dar oyandai nachandon dyr misli Hindyhoi Syrx dar amriko xohem shyd.

    Digar hykymati kishavri mo boyad qonyn doir ba himoyat az Tojironi doxiliro ryi dast girad. Dar tamomi dynyo kishvarho az in namyd fishangi siyosi baroi masolhi doxili ryi dast megirand. Bo in nava tashviqot va dastgiri baroi mahsyloti doxili kishvar meshavad ki dar barobari mahsyloti beryna raqobat pazir meshavad. Agar Hykymati mo fikr menamyd hej vaq moli ki dar doxil tavlid meshavad dar barobari on mahsyliti Chinoi vorid shyda memond agar ham ijozat ba vyrydi mahsyloti xoriji doda shyd boyad barobari ba arzishi masyloti doxili boshad. Albata in koro boyad ba ashyoi ki dar kishvar tavlid meshavad hamchyn dast giri baroi on mahsylot namyd. Amo mytasifona hej kas dar in fikr in nest har ryz 1 tojik be kor shyda istodast.

    Man az 1 chi metarsam ki hole ki dar sari mardymi tyrkistoni sharqi omadast ryzi dar sari mo nayoyad. Bo in siyosate ki mo dorem in kor vyqy shydanash dyr nest.Boyad faromysh nanamyd ki az vaqte ki Chin Tyrkistonro giriftast yagon donishmandashro namodast ki sar baland namoyad na ba xotiri ozod balki baxoti az xyd namydani ilm. Kani 1 kasro nishon tiyet az Turkistoni sharqi dar yagon namydi Sport va ilm dar hamin shabyd ryz shyhrat paido karda boshdad. 1 dystam az Tyrkiston gyft ki hykymati Chin namegyzorand ki Turkistoniiho sarbaland kynand dar ilm omyzi va beshtari donishmandi Turkiston bo kasalihoi nomalym memirand.

    Oyo medoned ki Chinro ba abar qydrat tabdil dod? Ba fikri man xydi hamin Yrypo va amiriko hastand. Chynki in kishvarho ba mardymi faqir (osiyoi Miyona) qarz medihad bo bisyor shrthoi miyonshikan ki az jymlaash boyad zavob nasoxta nashyd bo on Pyli qarz dodagi. Ki in mardym nochor meshavand pylro girifta ba Baroi xaridani Mol ba Chin mervad. Shymo tanho pyle ki yrypo va amriko ba kishavrhoi osyoi miyona qard dodand dar 10 soli axir-ro hisob namoed ki in hamai in pyl ba Chin raftast va Chinro ba abar qydrat tabdil dod.

    Amo doir ba vorid shydan ba sozmoni Tijorat Jahoni, man 1 chizro megyan. Kishvarhoi byzyrg misli yrypo va amriko hamnyz ham baroi ozod bydani tijorati sabzajot tavofyq nakardan va hanyz ham baroi baxshi ziroatiyashonro dastgiri namyda istodand bo rohi andoz bandi ba masyloti az beryn meomada va yo az andoz ozod namydani andoz dehqonon. Tanho chizeki kishvarhoi byzyrg mexohand in paido namydani bozori ozod baroi mahsylotashon hast. Onho hamchynin baroi ozod bydani bozori korgaron va intiqoli texnalogiya az 1 jo ba joi digar niz tavofyq nakardand. Ki inhama ba zarari kishvarhoi faqir va kychak misli Tojikiston hast.

    Comment by SAFAR | 26.01.2010 | Reply

  5. Дуруд. Ман номаи чаноби Сафарро кирилик кардам:
    ————————–
    Салом акаи Салимчон,

    Рахмати калон акаи Салимчон барои ин мавзуи хассос ки хело зебо навиштед.

    Бисёр таасуфовар хаст ки рахбарони мо аз вокеахои ки дар таърих руй доданд ва онхам дар давру наздики мо дарси ибрат нагирифтанд. Сингапур чузъи хоки Малаизия буд ки Чиноихо ба он чо ба тичорат рафтанд ва дар он чо охиста-охиста сукунат варзиданд ва сипас онро аз Малайзия чудо намуданд.Ба вазияти кунунии Чиноихо дар Маилаизия 1 дустам гуфт ки аслан Чиноихо аз 1 ё 2 фарзанд зиёд намехоханд дошт, аммо мусалмонхо фарзанди зиёд доранд аммо адади чиноихо хеч гох ба камй нарафта исдодаст. сабаб дар он будаст хар нафаре ки мемиранд чойгузинашро аз Чин меоварда будастанд. Бо ин ташвики ки хукумати мо барои кам фарзандкуни карда истодаст ва рохро барои Чинохо кушодаст мо дар ояндаи начандон дур мисли Хиндухои Сурх дар амрико хохем шуд.

    Дигар хукумати кишвари мо бояд конун доир ба химоят аз Точирони дохилиро руи даст гирад. Дар тамоми дунё кишвархо аз ин намуд фишанги сиёси барои масоили дохилй руи даст мегиранд. Бо ин навха ташвикот ва дастгирй барои махсулоти дохили кишвар мешавад ки дар баробари махсулоти беруна ракобатпазир мешавад. Агар Хукумати мо фикр менамуд хеч вакт моле ки дар дохил тавлид мешавад дар баробари он махсулоти Чиной ворид шуда мемонд агар хам ичозат ба вуруди махсулоти хоричй дода шуд бояд баробари ба арзиши махсулоти дохилй бошад. Албатта, ин коро бояд ба ашёе ки дар кишвар тавлид мешавад хамчун дастгирй барои он махсулот намуд. Аммо мутаассифона хеч кас дар ин фикр ин нест хар руз 1 точик бекор шуда истодаст.

    Ман аз 1 чи метарсам, ки холе ки дар сари мардуми Туркистони шаркй омадааст рузе дар сари мо наёяд. Бо ин сиёсате ки мо дорем ин кор вукуъ шуданаш дур нест. Бояд фаромуш нанамуд ки аз вакте ки Чин Туркистонро гирифтаст, ягон донишмандашро намондаст, ки сар баланд намояд на ба хотири озод балки ба хотири аз худ намудани илм. Кани 1 касро нишон дихед аз Туркистони шаркй дар ягон намуди Спорт ва илм дар хамин шабу руз шухрат паидо карда бошдад. 1 дустам аз Туркистон гуфт ки хукумати Чин намегузоранд ки Туркистониихо сар баланд кунанд дар илмомузи ва бештари донишманди Туркистон бо касалихои номалум мемиранд.

    Оё медонед кй Чинро ба абаркудрат табдил дод? Ба фикри ман худи хамин Урупо ва амрико хастанд. Чунки ин кишвархо ба мардуми факир (осиёи Миёна) карз медихад бо бисёр шартхои миёншикан ки аз чумлааш бояд завоб насохта нашуд бо он Пули карз додагй. Ки ин мардым ночор мешаванд пулро гирифта ба Барои харидани Мол ба Чин меравад. Шумо танхо пуле ки Урупо ва амрико ба кишаврхои осёи миёна карз доданд дар 10 соли ахир-ро хисоб намоед ки ин хамаи ин пул ба Чин рафтаст ва Чинро ба абар кудрат табдил дод.

    Аммо доир ба ворид шудан ба созмони Тичорат Чахони, ман 1 чизро мегуям. Кишвархои бузург мисли Урупо ва амрико хануз хам барои озод будани тичорати сабзавот тавофук накардан ва хануз хам барои бахши зироатияшонро дастгирй намуда истоданд бо рохи андозбандй ба махсулоти аз берун меомада ва ё аз андоз озод намудани андоз дехконон. Танхо чизеки кишвархои бузург мехоханд ин пайдо намудани бозори озод барои махсулоташон хаст. Онхо хамчунин барои озод будани бозори коргарон ва интиколи технология аз 1 ё ба чои дигар низ тавофук накарданд. Ки ин хама ба зарари кишвархои факир ва кучак мисли Точикистон хаст.

    Comment by Rustam | 26.01.2010 | Reply

  6. Агар хукуматдорони Точикистон сари вакт пеши рохи ин масъаларо нагиранд, бовари комил дорам ки, баъди панчсол дехконони Точикистон низ дехкониро бас намуда рохи мардикориро ба суи Россия пеш мегиранд.
    Ин хол дар бисёр шахрхои Россия ба чашм мерасад. Дар кадом шахре ки, Чиноихо бо парвариши сабзавот машгул шаванд, бозори дигар ширкатхои сабзавотпарварии он шахр ба поён мерасад. Бо ин рох сафи бекорахо руз то руз афзудан мегирад. Сабзавотхое ки, Чиноихо парвариш мекунанд нисбат ба сабзавотхои махали ва аз хорич ворид мешудаги чанд маротиба арзонтаранд, чунки онхо нурихои кимиёиро зиёд истифода мебаранд.
    Барои чи Мо аз дигарон ибрат намегирем? Хатман, бояд дар пусти худ санчиш бигузаронем? Вакто ки, дардро хис кардем баъд хушёр мешавем, ки алакай дер шудаасту…
    Харвакте ки, ин зарбулмасали Русси ба ёдам меояд, “ДУРАК УЧИТСЯ НА СВОИХ ОШИБКАХ, УМНЫЙ НА ЧУЖИХ” худ бо худ мегуям, “Худоё, кай ин хукуматдорони Точикистон донову зирак мешуда бошанду кай ин “экспериментгузаронихо” дар чисми Точикистони азиз бас мешуда бошад?” Агар ин холатхо дер давом кунанд, ояндаи Точикистон дар хатар хохад монд. Наход ки, коршиносони хукумат дар ин фикр набошанд. (Худо аз он рузхову аз ин холатхо Точикону Точикистонро нигахдор бошад)!!!

    Comment by Patriot | 27.01.2010 | Reply

  7. Олимон исбот кардаанд, ки девори бузурги Чинро худи чинхо насохтаан. Онро хамсояхои Чин барои мухофизати худ аз Чин сохтаанд…

    Comment by Mark Twain | 02.02.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: