Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Борони аризаҳои додгоҳӣ бар сари матбуот

Аз таҳдиду дашному латукӯб ё ҳатто “қатлҳои фармоишӣ”-и журналистон дар даҳсолаҳои пеш ба толори додгоҳ кӯчидани ҷанги мансабдорон бо озодии сухан, бешубҳа, метавонад падидаи мусбат шумурда шавад.

Танҳо як мушкил дар миёна мемонад, ки кош, додгоҳҳои Тоҷикистон бетарафу беғараз, мустақил, қонунсолор ва боадолат бошанду ҳамаро дар назди қонун баробар донанд. Он гоҳ муҳокима танҳо ба ошкор шудани ҳақиқат сабаб мегардад, на ба танбеҳу таъқиби журналистон.

Мутаассифона, матолибе, ки сабаби ба додгоҳ кашида шудани се нашрия – “Азия-Плюс”, “Озодагон” ва “Фараж” шудааст, дақиқан акси инро нишон медиҳад. Бино бар номаи вакили ҳуқуқӣ Солеҳҷон Ҷӯраев дар ҳарсе нашрия ва мусоҳибаи “Азия-Плюс” бо додситон Рустам Олимов, вазъи иҷрои қонун ва таъмини адолат дар додгоҳҳои Тоҷикистон бенуқс нест.

Шояд дар таърихи додгустарӣ кам иттифоқ афтода бошад, ки ҳам вакили дифоъ ва ҳам айбдоркунандаи давлатӣ аз ҳукми додгоҳ норозӣ бошанд ва он ҳам на додгоҳи одӣ, балки Додгоҳи олии кишвар, ки бояд намунаи поку барҷастаи ҳақиқат барои ҳамагон бошад.

Адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев дар номаи бози худ ба раҳбарияти кишвар ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чандин намунаи “парвандаҳои фармоишӣ” ва “ҳукмҳои ғариқонунӣ”-ро меорад. Номаи ӯ дарвоқеъ як нуқтаи чархиш дар бозтоби низоми додрасии Тоҷикистон аст ва чашми ҷомеаро ба воқеияти хатарноки он во мекунад.

Бисёриҳо мегуфтанд ва аксарият ҳадс мезад, ки на ҳама ҳукмҳои додгоҳ дар кишвар бар пояи қонун ва адлу ҳақиқат содир мешаванд, аммо шояд кам касон медонистанд, ки вазъ то ба ин андоза ваҳашатангез аст.

Оё медонистед, ки соҳибкор Раҳматулло Турмановро, ки бо пули худ корхонаи футуррафтаи давлатро обод кардааст, ба “дуздии пули худаш” ва напардохтани андоз ва истифодаи ғайримақсадноки 620 ҳазор сомонӣ (Чӣ кунам, истифодаи ғайримақсадноки 1 миллиард доллар аз тарафи Муродалӣ Алимардонов ба ёдам мерасад,) айбдор кардаанд, дар ҳоле ки вазорату идораҳои давлатӣ санад додаанд, ки чунин набуду несту набудаасту нашудааст.

Ҷӯраев менависад, баъд аз аризаи шикоятӣ дар ин бора аризадиҳанда – ҳамсари Турмановро низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд. То ариза вай гуноҳе надоштааст, баъд аз ариза гунаҳкор шуд ва агар айбномаи шавҳараш то ариза аз 2 модда иборат буд, ба 15-то расид.

Пас аз ду тафтиши густарда, додгоҳи ноҳиявӣ ин оиларо бегуноҳ баровардааст, вале додгоҳи болоӣ дубора парвандаро боз кард. Оё муфаттишон иштибоҳ мекунанд ва ё додгоҳ бо ҳар роҳ муҷозоти Турмановро мехоҳад?

Чанд намунае, ки адвокат Ҷӯраев овардааст, ҳамаро рӯшан нишон медиҳанд, аммо ончӣ ба парвандаи “исфарагиҳо” рабт мегирад, билкул такондиҳанда аст. Кас мехоҳад, ба хотири зинда доштани умеди он ки давлати мо ҳуқуқбунёд аст, ба далелу хулосаҳои Ҷӯраев бовар накунад, аммо бархе аз фактҳое, ки ӯ меорад, ин қадар рӯшану мантиқиянд, ки илоҷе боқӣ намемонад.

Масалан, чӣ тавр мумкин аст, ки хонае дар соли 1979 сохта шуда бошаду хиштҳоро барои он дар соли 2005 ва 2006 “дуздида” бошанд?

Ё чӣ тавр силоҳи Калашникове, ки аз рӯи шуморааш бояд дар бойгонии милиса бошад, дар хонаи айбдоршаванда “ёфт мешавад”? Ё чӣ чизе иттифоқ меафтад, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз иттиҳоми пешакӣ бо сабаби исбот нашуданаш даст мекашад, вале додрасҳо, ки бояд аз сабук шудани корашон хушҳол шаванд, баракс ба он “мечаспанд”?

Чаро додгоҳ аз пурсидани шоҳидони ҷиноят худдорӣ мекунад? Аз чӣ моликияти айбдоршавандагон ҳанӯз пеш аз ҳукми додгоҳ мусодира ва “тарака” шудааст?

Ва суолҳои зиёди дигаре. Зимнан аз ҳамон оғоз дар бораи “фармоишӣ” будани парвандаи Низом Ҷӯраев овозаҳо зиёд буд. Нахуст касе мехост, ӯро ҷисман аз байн барад. Тирамоҳи соли 2006 мошини ӯ ҳадафи тирборон қарор гирифт. Ҷон ба саломат бурд. Ва дар моҳи июли соли 2007 бар зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Чаро касе ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони ӯро таҳқиқ намекунад ва оё дар ин бора парвандае боз шудааст? Охир то ҳукми додгоҳ вай на “ҷинояткор”, балки “айбдоршаванда” буд.

Аммо даъвогарони имрӯза ва онҳое, ки паси сари онҳоянд, аз июли соли 2007 Низом Ҷӯраевро “ҷинояткор” эълон карда буданд ва барои ташкили афкори умум аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ба таври густарда истифода мекарданд. Имрӯз, ки нашрияҳо ақидаи тарафи дигарро мунташир карданд, онҳо низ “ҷинояткор” эълон мешаванд.

Аммо журналистони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, ки акнун, зоҳиран, зери борони даъвоҳои додгоҳӣ мондаанд, бояд заррае наҳаросанд, зеро бо нашри матолибе, ки сабаби шикоятҳо шудаанд, даст ба ҷинояте назадаанд, балки вазифаи худро дар назди виждони худ, ҷомеа, ҳукумат, Президент ва ҳатто ҳамон даъвогарон ба ҷо овардаанд.

Агар сурату симо чунин аст, чаро бояд ойина гунаҳкор бошад? Баракс, онҳое бояд битарсанд, ки дар рӯбарӯи фактҳои сахту сангин дар мавқеъи дифоӣ қарор доранд. Онҳо бояд исбот кунанд, ки маълумоти ифшошуда асос надорад.

Ҳамлаи “додгоҳӣ” ба нашрияҳои мустақил ба обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷонкоҳе хоҳад зад. Мусалламан, он ба ҳамаи гузоришҳои байнулмилалӣ ворид хоҳад гашт ва вазъи озодии баёнро дар Тоҷикистон асафбор қаламдод хоҳад намуд.

Дар ростои интихоботи порлумонии кишвар фурӯ рехтани ин “борони аризаҳои додгоҳӣ” ҳатман сабаб мегардад, ки кишварро дар фишор ба матбуот бо мақсади кӯмак ба пирӯзии ҳизб ё гурӯҳи муайян дар интихобот айбдор кунанд. Яъне ҳамаи ин аризаҳо ангеза ва бозтоби сиёсӣ касб мекунанд.

Бархе аз тарафҳои муҳими қазия ва назару вокунишҳоро ба он журналисти таҳлилпешаи тоҷик Мирзои Салимпур дар сомонаи Радиои Озодӣ баррасӣ кардааст ва ибораи боронии ман аз навиштаи ӯ дар бораи арбҳои тира дар осмони матбуоти тоҷик баромадааст.

Агар додгоҳи Тоҷикистон бо идомаи ҳамин сабке, ки то номаи Ҷӯраев пеш гирифта буд, журналистон ва нашрияҳоро маҳкум кунад, кишвар шояд ба сафи “Душманони озодии матбуот” ворид гардад. Махсусан, ки акнун парвандаҳои додгоҳии “Миллат” ва “Пайкон”, идомаи фишор ба шабакаи телевизионии “Симои Муcтақили Тоҷикистон” низ таваҷҷӯҳи созмонҳои байнулмилалиро ба худ кашидаанд.

Рӯзи 29-уми январ Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ошкоро гуфт, ки аз шеваи кори Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар норозист. Оё ин изҳороти ӯ кофӣ хоҳад буд, ки матбуоти мустақил, обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон, ҳуқуқи шаҳрвандон ва адлу қонунро аз хашми додрасҳо ва ниҳодҳои давлатӣ наҷот бидиҳад ва бо назардошти вазъи ҳассос ӯ ба оғози як ислоҳоти бунёдии низоми додрасӣ дастур бидиҳад?

31.01.2010 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Қонун | ,

12 Comments »

  1. Салом бародари арчманд, Худованд Шуморо хифз кунад.
    Вокеан дар чунин шароите, ки ба кавли худатон тахти «борон» (шояд тагарг) карор гирифтани нашрияхои мустакил садо баланд кардани Шумо ва дустони дигар боиси дилгарми ва шикаста нагаштани рухия рузноманигорон дар ин нашрияхо хохад шуд. Мо ба чуз адои вазифаамон, ки расонидани иттилоот будаву хаст, кори дигаре накардаем ва ба хеч вачх намехохем, балки арзандаи он нестем, ки боиси коста шудани обруи кишварамон гашта бошем. Ватан барои мо маънии сиёсї надорад ва ин марзу бум новобаста аз он ки сари ќудрат ки ё кињо њастанд барои мо муќаддас аст ва хеч инсони баномус рози нахохад буд, ки мукаддасоташро дигарон паст бизананд. Аз суи дигар агар инхое, ки дар хар чизу хар падида факат манфиат мечуянд, талош барои шикастани мо доранд, Худо хохад ноком хоханд шуд.
    Ба рости, дуруст фармудаед, ки агар додгох мунсифона, бегараз ва конунмадор бошад, ба он чо кашида шудани рузноманигорон (ба чои мавриди лату куб карор гирифтан) падидаест боиси хушхоли, аммо оё додгоххои Точикистон чунин хастанд? Албатта ин пурсишест хеле мухим…
    Бо ин вучуд ин чанд руз мисрахои парешони зер пайваста дар зехнам мечархад:
    Нимашаб бедор гаштам…
    Шаб намехохад кашид
    Домани худро зи руи хонаам.
    Хоб дар чашмам намеояд дигар,

    Ман зи чашми бози худ озурдаам…

    Шояд мо нимашаб бедоргаштахоем ва ё шояд деркардагонем? Намедонам…
    Боки дар амони Худо бошед.
    Бо камоли эхтиром – Зафар.

    Comment by Zafar | 01.02.2010 | Reply

    • Зафари фарзона, харгиз рухафтода нашавед, Шумо ва хамаи хамкасбони мо кори хубу дурусте анчом медихед ва хатто кори хакку мукаддасеро.

      Додрасон ва мансабдорон хануз нафахмидаанд, ки аз сари хашму газаб ба шумоён хамла карда, пой дар кадом ботлок мегузоранд. Онхо аллакай сабабгори мочарое шудаанд, ки ба умеди Худо, рохро ба ислохоти низоми додрасй боз мекунад.

      Холо бисёр мухим аст, ки хамаи журналистони точик муттахид шаванд ва ба ин зургуихо посухи дастачамъона диханд. Бояд дар хамаи нашрияхо номахои дастчамъонаи эътирозй ба нашр расанд ва хамзамон фаъолияти шармсоркунанда ва хатаровари додгоххои Точикистон мавриди тахкикоти журналистй карор бигиранд.

      Худо бо Шумост ва пируз хохед шуд. Дили ман ба ин оянда бисёр сафед аст.

      Шумо бедоршудагони нимашаб наед ва деромадагон хам на. Шумо кахрамононе хастед дар чуши вокеъияти берахм ва шадидан ноодилонаи мо, ки чонбозиатон бехуда набудаву нест ва нахохад буд.

      Дуои пирузии хамаи Шуморо мекунам.

      Comment by aioubzod | 01.02.2010 | Reply

  2. Салом, акои Салим! Тамоми чомеаи журналистони точик бояд махз хамин фурсат хамрайъ шаванд. Агар журналистикаи точик дар киболи хамин казия маглуб шавад, пас дигар хеч гохе то хадди хостани муваффак нахохад шуд. Солхои кабл казияхои алохида ва дигаргунае буданд, харчанд онхо низ хандаовар буданд, аммо ин тамоман чизи дигарест. Набояд хомуш буд, бояд садо баланд кард, харчанд шояд гуши шунавое намонда бошад. Агар имруз Озодагону Фаражу, Азия Плюсу Пайкон аз майдон “захмдида” берун биёянд, интизор бошед, ки тири дувум бар сари шумост (манзур сомонаву нашрияхои дигар). Ба хамрайъии журналистони точик умед мебандаму аз Худо бехии кор металабам. МО танхо Худову худамонро дорем!

    Comment by MAHBUB-TJ | 01.02.2010 | Reply

    • Комилан бо Шумо хамдилам. Имруз бояд хама — Озодагону Фараж, Азия-Плюсу Миллат, Пайкону Нигох, СССР-у Дайжест-пресс, Авеставу Чархи гардун ва хамаи дигарон озурдагихои гузаштаро фаромуш кунанд ва аз як гиребон сар бароранду барои ояндаи умумии худ мубориза кунанд.

      Бисёр мехохам мавкеъгирии созмонхои зиёди журналистии мо ин бор яксон бошад.

      Comment by aioubzod | 01.02.2010 | Reply

  3. ТАВАЧЧУХ!!!! Судяхои даъвогар дар аризаи даъвоии хеш бо такя ба модаи 142 ва 143 талаб кардаанд, ки то анчоми казия фаъолияти Озодагону Фаражу Азия Плюс мутавакиф шавад…

    Comment by MAHBUB-TJ | 01.02.2010 | Reply

    • Ин ягона чизест, ки онхо мехоханд. Маблагхои калон факат барои тарсондан аст, ягон тини нащрияхоро гирифта наметавонанд, максад факат ин аст, ки нашрияхо ё баста шаванд ва ё аз тарс дигар ба ин мавзуъхои дог руй наоранд.

      Comment by aioubzod | 01.02.2010 | Reply

  4. Ман бисер вакт дидаам, ки рузномахои Точикистон маколахои устод Аюбзодро аз хамин чо гирифта чоп мекарданд. Бисер мехолхам, ки хами маколахоро, махсусан охирияшро тамоми рузномахои Точикистон чоп кунанд ва ин хам як кумак ба якпорчагии касбии журналистони мо мешавад!

    Comment by Rustam | 01.02.2010 | Reply

  5. TASHAKKUR AKOI SALIM BAROYI ISTODAGARIATON, VA HAM EHTIROMI BEPOYONI MAN BA HAMAI KORMANDONI JURNALISTIKAI TOJIK, KI BO NOMUSI KHESH BOZI NAKARDAAND… KUJO MESHAVAD BA NOMAYI DASTGIRII RUZNOMANIGORON VA HAM QAHRAMONI RUZ – VAKILI HUQUQ JURAEV IMZO KARD?
    BO SIPOS VA KAMOLI EHTIROM,
    MUBORAK

    Comment by muborak | 02.02.2010 | Reply

  6. Субхи имруз хабари хуше хондам:

    Субҳи имрӯз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар ҳимоят аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон “Азия Плюс”, “Фараж” ва “Озодагон” изҳороти муштарак мунташир сохтанд. Ин дар ҳолест, ки қарор аст, имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ин 3 нашрия шурӯъ шавад.

    Иттиҳодияи Рӯзноманигорони Тоҷикистон, Анҷумани Милиии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори умумии Тоҷикистон, Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, Маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, Созмони “Журналист” ва Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ аз кашондани нашрияҳои мустақил ба додгоҳ изҳори нигаронӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки намояндагони мақомоти иҷроӣ ва додгоҳӣ бо чунин рафтори худ нисбат ба расонаҳои мустақил ба эътибори матъбуоти мустақил латма ворид мекунанд ва ба онҳо зарари равонӣ мерасонанд.

    Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон фишор бар матбуоти мустақилро ба боди интиқод гирифтаанд ва изҳори умед кардаанд, ки чунин рафтор боиси муфлис шудани нашрияҳои мустақил ва бастани онҳо нахоҳад шуд.

    Comment by aioubzod | 02.02.2010 | Reply

  7. voqean, khabari umedbakhsh va shodiovar! kujo meshavad asli onro paydo kard?
    salomat boshed!

    Comment by muborak | 02.02.2010 | Reply

  8. Салом ба хама. Гилаву шиква аз замонаву “шаби дароз” хуб нест. Бояд аз мочаро бо сарбаланди баромад. Ман ба акли кутохи хеш чунин меандешам, ки имруз дар ин кишвар меъёри кабули бисёр кавлу карорхо сохтмони Рогун ба шумор меравад. Солехчон Чураев ва нашрияхои айбдоршаванда бояд бо аризаи чавоби аз беасос латма дидани обруву эътибори худашон ба додгох мурочиа кунанд ва ба сифати чуброни он дучанди маблаги даъвогарони пешинро барои сохтмони НОБ-и Рогун талаб намоянд. Дар он холат каму-беш “масъала ранги дигар мегирад”.

    Comment by Шоди | 02.02.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: