Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Афсонаи лаънати Темурланг

Метарсам, ки шабакаҳои телевизионии Русия мисли он ки ҳар сол дар арафаи соли нави мелодӣ филми «Тамасхури бахт»-ро намоиш медиҳанд, 22 –юми июн ва ё 9 – уми май – Рӯзи ғалаба бар фашизм филми «Лаънати Темурланг»-ро батакрор пешкаши бинандагон мекунанд.

Ин филмро мустанад шуморидан душвор аст, чун дар он пири синемои узбак, наворгири низомӣ Малик Қаюмов мегӯяд, кушодани дахмаи темуриён дар Самарқанд дар моҳи июни соли 1941 сарманшаи ҳамлаи фашистони олмонӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва вақте устухонҳои Темурро боз ба дахма гузошта, хиштбандӣ карданд, аскарони шӯравӣ дар назди Сталинград ба фашистон зарбаи сахт заданд ва дар ҷанг гардише ба амал омад.

То кадом андоза ин муаммо ба ақли солим рост меояд (дар хусуси шарҳи илмӣ ҳоҷати гап нест), ба виҷдони гӯянда, муаллифон, муҳаррирон ва мушовирони филм вомегузорем. Аммо дар ин кор нависандаи шинохтаи тоҷик Садриддин Айниро айбдор кардани Қаюмов ҳеҷ ба ҳақиқат рост намеояд. Зеро ӯ бидуни ҳеҷ гуна далели боварбахш, танҳо дар асоси «лафзи марди собиқадор» манзараро тавре тасвир мекунад, ки гӯё Айнӣ ҳангоми қабули ин қарор аз ҳама роҳбарони Узбакистон ва ҳатто «доҳии ҳама халқу замонҳо» Иосиф Сталин дида тавонотар будааст.

САНГ БА ПОЛЕЗИ АЙНӢ

Воқеан ҳам, як чиз нофаҳмост: барои чӣ Қаюмов дар кушодани дахмаи Темуру темуриён Айнии бузургро гунаҳгор мекунад? Барои рӯшан кардани ҳақиқати таърихӣ ба ҳуҷҷатҳо рӯ меорем. Дар ҳақиқат, дар оғози соли 1941 бо қарори ҳукумати РСС Узбакистон оид ба кушодани дахмаи мақбараи Гӯри Мир ба Самарқанд экспедитсия фиристода шуда буд.

Ба он олим ва ҷонишини раиси Шӯрои вазирони Узбакистон Т. Н. Қорӣ-Ниёзов (роҳбар), антрополог – ҳайкалтарош М. М. Герасимов, антрополог Л. В. Ошанин, шарқшинос, профессор А. А. Семенов, химик – тармимгар В. В. Кононов, меъмор Б. Н. Засипкин, бостоншинос В. А. Шишкин ва олими узбак Х. Т. Зарифов шомил буданд. Чӣ хеле ки мебинем, дар ҳайат асосан олимон аз Академияи илмҳои СССР ва ду намояндаи Узбакистон шомил буданд. Дар ин рӯйхат номи Садриддин Айнӣ нест. Аммо ба гуфти Қаюмов бовар карда, муаллифони филм Айниро аъзои комиссияи давлатӣ буд, мегӯянд. Дар асл вай дар ҳайати ин комиссия набуд.

Устод дар дафтарҳои хотираю рӯзномаҳои худ низ дар бораи ин экспедитсия ягон ишора намекунад. Ҳол он ки вай баъд аз чанд кӯшиши ҳукуматдорон, ки мехостанд ӯро бо гуноҳи фаъолияти зиддишӯравӣ ба ҳабс гиранд, иштироки худро дар ҳама чорабиниҳои давлатӣ қайд мекард, то мувофиқ будани худро ба сиёсати замон собит кунад. Биноан дар чунин ҳолат, ӯ билкул наметавонист аз зикри узвияташ дар чунин комиссияи бонуфузи давлатӣ худдорӣ кунад.

Ҳамчунин Айнӣ метавонист дар ин бора мақола нависад. Дар моҳи июл ва августи соли 1941 ду эссеи зиддифашистӣ ва зиддиҷангии ӯ таҳти унвони «Чингизи асри бист» ва «Деви ҳафтсар» ба табъ расид. Айни муддао буд, ки вай таассуроташро дар бораи кушодани қабри Темур – боз як сарлашкари хунхор ва ба қавли Қаюмов раҳбари азозили ҷанг истифода кунад. Аммо Айнӣ дар ин бора чизе нанавиштааст. Чунин «бепарвоӣ» ба он давраи ҳаёти нависанда мутлақо хос нест.

Рӯзномаҳои ӯро хонед, ҷаноби Қаюмов! Ин ҳам дар ҳоле ки муаллифони филм исрор меварзанд, гӯё Айнӣ мехост, дар бораи Темур роман нависад…

ДАР ГӮР ЧӢ МЕКОФТАНД?

Расман гуфта мешуд, ки экспедитсия бо мақсади омӯхтани замони зиндагии шоири узбак Алишер Навоӣ роҳандозӣ шуд, ки ҳамон вақт ба ҷашни 500 – солагии ӯ омодагӣ медиданд.

Вазифаи асосии олимон «тафтиши баъзе маълумоти таърихӣ дар бораи Темур ва темуриён, ҳамчунин офаридани симои эшон аз рӯи косахонаи сарашон» буд. Аммо як тахмини дигар ҳам ҳаст: Сталин мехост, ганҷи темуриёнро пайдо кунад. Зеро он вақт ҳокимияти шӯроҳо ба тило ниёз дошт ва қаблан ба ин мақсад сарвати чанд дахмаи одамони бузург, калисою биноҳои қадима мусодира шуд. Бинобар ин таҳқиқи дахмаи темуриён таҳти назорати ҷиддии НКВД (собиқ КГБ) ҷараён меёфт.

Ҳукуматдорон ба садоқати Айнӣ шубҳа доштанд ва гумон намеравад, ки дар чунин чорабинии муҳими давлатии марбут ба НКВД Айниро роҳ дода бошанд.

Сардори экспедитсия Қорӣ-Ниёзов дар китоби ёддоштҳои худ, ки соли 1970 дар Москва чоп шуд, навиштааст, ҳангоми кор дар мақбараи Гӯри Мир вай баъзан бо «нависанда ва таърихшинос Айнӣ», ки дар ҳамон қарибиҳо мезист, маслиҳату машварат мекард.

Ба эҳтимоли қавӣ устод Айнӣ ба сардори экспедитсия ҳамчун «маслиҳатгари ғайриштатӣ», донандаи беҳамтои сарчашмаҳои таърихӣ, аз қабили солномаҳо, тазкираю баёзҳо, луғату рисолаҳои таърихӣ даркор буд. Ӯ ҳанӯз айёми таҳсил дар мадраса ба ҷамъоварии ривояту масалҳои халқӣ ва китобу дастнависҳо машғул буд.

Ба ғайр аз ин, ҳама навиштаҷот рӯйи санги мазорҳо ба забони тоҷикӣ буд, ки он дар давраи темуриён забони давлатӣ ҳисоб меёфт. Ҳарчанд Қорӣ-Ниёзов низ тоҷик буда, дар хонадони зиёиёни Хуҷанд ба дунё омадааст, дар хондану шарҳ додани навиштаҷоти сангҳои қабр ва дигар ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба Айнӣ баробар шуда наметавонист. Вай аз рӯйи ихтисос математик буд.

Қорӣ-Ниёзов дар Фарғона ва Айнӣ бошад, дар Бухорою Самарқанд ба воя расидаанд. Бинобар ин Айнӣ ба сардори экспедитсия ҳамчун донандаи урфу одат ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ низ метавонист кӯмак кунад.

СЕ ПИРАМАРД

Бино бар хотираҳои Қорӣ-Ниёзов ҳанӯз то оғози экспедитсия қариб ҳама ҳуҷҷатҳои маълуми вобаста ба Гӯри Мир омӯхта шудаанд. Ва ҳикояи Малик Қаюмов дар хусуси он ки чи тавр се мӯйсафед дар даст китоби қадимае ба назди иштирокдорони экспедитсия омаданд ва гӯё дар он китоб омадааст, ки кушодани қабри Темур боиси сар задани ҷанг мегардад, афсонаеро мемонад.

Қорӣ-Ниёзов, ки ҳама корҳои вобаста ба кушодани дахмаро роҳбарӣ мекард ва онҳо дар ҳузури ӯ гузаронида мешуданд, менависад: «Лаҳзаи кушодани дахмаҳо аз тарафи Малик Қаюмов ба навори кино гирифта шуд». Зоҳиран Қаюмов танҳо дар ҳамин лаҳза он ҷо ҳузур доштааст. Аҷиб, ки чаро мӯйсафедон ба назди Қорӣ-Ниёзов, ки саркор ва намояндаи ҳукумат буд, нарафта, махсус ба пеши Қаюмов омадаанд. Ин ривоят чандон ба суннатҳои шарқӣ мутобиқат намекунад.

Бубинед, Қаюмови афсонагӯ чӣ мегӯяд: «Ба чойхона даромада, дидам, ки се мӯйсафед нишастаанд. Ман ҳамон лаҳза аз дил гузаронидам: ҳарсе мисли бародарон ба ҳам монанданд. Каме дуртар аз онҳо нишастам ва барои ман чойники чою пиёла оварданд. Ногаҳон яке аз он мӯйсафедон ба ман муроҷиат кард: «Писарам, ту бо ҳамон одамоне, ки мехоҳанд, қабри Темури лангро бикушоянд, ҳамроҳ ҳастӣ?»

Кӣ буданд он мӯйсафедон? Фиристодагон аз кайҳон? Барои чӣ Қорӣ-Ниёзов ҳангоми имзо кардани ҳисоботи давлатӣ дар бораи кушодани қабр дар бораи онҳо чизе нагуфтааст? Агар зикри инро дар ҳисобот ҷоиз надониста бошад, вай метавонист дар хотираҳои худ, ки он ҷо шкоро воқеаҳоро ба қалам додааст, аз ин рӯйдоди ба гуфтаи Қаюмов моҷароомез ва фаромӯшнопазир ёд кунад.

Баъд чӣ тавр номи мӯйсафедонро напурсида, онҳоро ҷавоб додаанд. Ҳол он ки ба гувоҳии ҳуҷҷатҳои таърихӣ ҳамон рӯзҳо посбони мақбара Мухтор Аллаевро бо ҷурми паҳн кардани овозаҳо ба ҳабс гирифта буданд. Он мӯйсафедон низ метавонистанд бо гумони нашри овозаҳои зиддидавлатӣ ва ё кӯшиши коршиканӣ ба ҳабс гирифта шаванд.

Аз ҳама муҳимаш он чӣ гуна китоб буд? Чӣ ном дошт? Наход Қорӣ-Ниёзов, ки ҳама гуна ахборро дар хусуси Гӯри Мир зарра – зарра ҷамъ мекард, чунин китобро аз даст дода бошад? Баъд чунин китоби ниҳоят муҳим куҷо шуд?

ОН ЧӢ КИТОБЕ БУД?

Устод Айнӣ бо он ҳофизаи беназираш наметавонист номи он китобро фаромӯш кунад ва баъди нахустин Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон интихоб шуданаш онро наҷӯяд. Чунки он замон ҳама китобҳои нодиру қадима дар ихтиёраш буданд.

Дертар ӯ аз онҳо истифода намуда, даҳҳо китобу тадқиқот навишт. Хулоса, устод Айнӣ ҳамеша дар пайи дарёфти дастнависҳо буд ва наметавонист чунин китобро аз даст диҳад.

Агар ба гуфтаи Қаюмов устод Айнӣ дар ҳақиқат мехост, дар бораи Темур роман нависад, наметавонист ба чунин маълумот ва китоби нодир бетаваҷҷӯҳӣ кунад.

Айнӣ ҳатман номи он мӯйсафедонро мепурсид. Шоҳидони зинда гуфтаанд, ки устод Айнӣ ҳангоми бо ҳар шахсе шинос шудан аввал решаҳо он, волидайн, ҷойи таваллуд ва ғайраро мепурсидааст.

Қаюмов мегӯяд: «Айнӣ он мӯйсафедонро бо забони форсӣ таҳқир кард асояшро бардошту, бо таҳдид онҳоро пеш кард. Мӯйсафедон ранҷида хестанду ба ӯ як-ду даҳон «сухани гарм» гуфта, рафтанд».

Аҷиб, барои чӣ ба забони форсӣ? Зиёда аз ин, одамони аз худаш калон, мӯйсафедонро таҳқир ва бо асо пеш кардани устод Айнӣ нофаҳмо аст. Зеро он ба хислати ин нависандаи бузург рост намеояд. Ку ҳурмати калонсолон, ки Айнӣ дар китобҳояш менависад? Боваринок нест ин гапҳои Қаюмов. Аз суханҳои ӯ нисбат ба Айнӣ бӯи бадбинӣ меояд. Дурӯғ аст ин. Ҳозир на Айнӣ, на Қорӣ-Ниёзов на Семенов дар қайди ҳаёт нестанд. Сабти аудио ва видеоии он ҳодиса низ нест.

Аз ин гапҳо чунин хулоса бармеояд, ки дар он экспедитсия на Қорӣ-Ниёзов ва на Герасимов, балки Айнӣ роҳбар будааст ва ҳама кор бо қарори ӯ амалӣ мешудааст. Аммо дар он кадрҳое ки Қаюмов дар мақбара ба навор гирифтааст, мо дар ҳеҷ куҷо Айниро намебинем.

Қаюмов ҳатто нависандаро дар он ҳолате, ки ба гуфти ӯ гӯё Айнӣ мисли кӯдак ду дасташро боло бардошта, дод задаст: «Ура! Ман ҳақ будам» – сабт накардааст. Чӣ, вақте дигар шоҳидони зинда нестанд, ҳар чизе ба сари пирона меояд, гуфтан мумкин аст?!

Дар як ҷои дигари филм Қаюмов мегӯяд: «Айнӣ мисли муш менишаст ва ҳеҷ чиз намегуфт».

Барои чӣ мисли моҳӣ нею муш? Шояд барои он ки муш рамзи қабоҳат ва моҳӣ – зебоист? Чӣ хел як одами мӯйсафед, ки чунин умри дароз дидааст, дар бораи намояндаи халқи дигар, ки то ба қарибиҳо сардафтари адабиёти шӯравии узбак низ шуморида мешуд, чунин гапҳоро раво мебинад? Ин аз беадабист ё заъфи пирӣ? Ва ё аз муҳаббати бепоён ба сарлашкаре, ки касоне ӯро безобита кардаанд?

Қаюмов чунин суханонро дар ҳаққи Герасимов раво намедонад, ҳол он ки Герасимов дар хотираҳояш менависад, ки сахт ташнаи ба даст гирифтани косахонаи сари Темур ва аз рӯи он офаридани ҳайкалаш буд. Ба Семенов ҳам намерасад. Охир, филм аз они синамогарони рус аст!

ОН КАТИБА ДАР КУҶО БУД?

«Рӯҳи ҷангро, ки ҳамроҳи сарлашкар Темури Курагонӣ гӯр карда шудааст, безобита накунед.» Чунин навиштаҷотро на дар саҳифаҳои китоби ба ҳеҷ кас номаълум, балки дар санги мазор дидан мантиқитар хоҳад буд.

Аммо дар ҳисоботи расмӣ аз чунин катибае дар санги қабр ёд нашудааст. Қорӣ-Ниёзов матни пурраи ҳамаи катибаҳоро нашр кардааст. Маълум нест, ки бар пояи кадом далел ин катибаи набуда дар филм садо медиҳад: «Дар тахтасанги яшми сабзи болои қабр навишта шудааст: «Ҳар касе осоиши маро дар ин дунё ва ё он дунё халалдор мекунад, гирифтори азоб гашта, ҳалок мешавад».

Кӣ ин навиштаҷотро дидааст ва тарҷума кардааст? Ибораҳои «дар ин дунё» ва «дар он дунё» чӣ маънӣ доранд? Реинкарнатсияи рӯҳ? Оё ба ин «лаҳзаҳои сохта» – и филм бовар кардан мумкин аст? Аз рӯи анъана мусулмонон дар санги мазор суханони таҳдидомез ва бад наменависанд. Баръакс бештар суханҳои бахшоиш, тасаслло ва хотираи некро сабт мекунанд.

Албатта, метавон гуфт ин як қабри муқаррарӣ набуд ва наметавон гуфт, ки дар бораи амир даҳҳо ривояту ҳикоёти гуногун набуданд ё нестанд.

Аз рӯи яке аз онҳо ба чизҳои дар мақбара буда, даст расондан ва нисбат ба онҳо беҳурматӣ кардан, мумкин нест. Аммо ин бештар аз одатҳои исломӣ сарчашма мегирад, ки он безобита кардани рӯҳи мурдагонро манъ мекунад.

Аз тарафи дигар аз ҳад зиёд эҳтиёт кардани оромгоҳи темуриён дигар сабабҳо низ дорад. Гап сари он ки бунёд кардани мақбараҳои боҳашамат бар хилофи шариати ислом аст ва ороиш додани қабрҳо бо чизҳои қиматбаҳо чун нишони бутпарастӣ умуман манъ карда шудааст.

Шояд барои ҳамин ҳам, ҳангоми ҷангҳои дохилӣ ва зуҳури нахустин нишонаҳои барҳамхӯрии империяи темуриён мақбараи Гӯри Мир чун чизи бегона ва хилофи фарҳанги исломӣ мавриди ғорат қарор гирифт.

Бино бар ин ворисони Темур ҳамеша дар ҳарос буданд, ки қабри ҳокими золиму хунхор таҳқир ва поймол карда мешавад. Ин маълумоти таърих сабт шудааст, ки дар соли 1406 тӯдаи ғоратгарон мақбараро зери по карда, аз он ҷо тиловорӣ, гилем ва рӯйкашҳои зарбофт, сангҳои қиматбаҳо ва ғайраро ба яғмо бурдаанд.

Вақте ки писари чоруми Темур – Шоҳрух (1377-1447) дар соли 1409 аз нав Самарқандро ба тасарруфи худ даровард, баъзе он ғоратгаронро пайдо намуд, ҷазои сахт доду қарор кард, ки мақбараро мутобиқи қонунҳои ислом, бидуни ягон ороиши зиёдатӣ аз нав таъмир кунад.

Ва ҳамон вақт вай қонун баровард, ки ҳар касе ба деворҳои мақбара ҳатто даст мерасонад, дар ҷояш кушта мешавад. Ин қарор бояд қатъиян ба иҷро мерасид, чунки пас аз чанд вақт Шоҳрух пойтахтро аз Самарқанд ба Ҳирот кӯчонд ва тарси ом мебоист ҳатто дар набудани ҳоким низ, дар Самарқанд пойдор мемонд.

Шояд ҳамон тарси умумӣ аз расидан ба мақбара дар хотири мардум бо ривоятҳои гуногун, аз ҷумла ба қабр даст расондан азозили ҷанг ва бераҳмиро озод мекунад, боқӣ мондааст?

РИВОЯТҲОИ ДИГАР

Ҳуҷҷатҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки то оғози экспедитсияи Самарқанд маҳалли дафни Темур дақиқ набуд. Масалан, Қорӣ-Ниёзов гумон мекард, Темур дар Ҳирот гӯронда шудааст, зеро Шоҳрух ҳангоми аз Самарқанд ба Ҳирот кӯчонидани пойтахт ҷасади падарашро низ бо худ бурдааст.

Дигарон Кеш (Шаҳрисабзи ҳозира), Балх, Утрор ва дигар шаҳрҳоро ном мебурданд. Воқеан, бино бар васияташ Темур мебоист дар зодгоҳаш Кеш ба хок супурда мешуд ва рӯзи маргаш дар ин ҷо, паҳдуи қабри падару модараш барои ӯ ҳам гӯр канда буданд.

Баъд аз нашри қайдҳои Герасимов, ки вай ба рӯйи виҷдони илмии худ пой гузошта, кӯшиш кард, ба косахонаи сари гӯё Темури ланг нишонаҳои муғулӣ ҳармоҳ кунад, имрӯз баъзеҳо менависанд, ки дар қабри Темур на ҷасади худи ӯ, балки як одами аврупоисимо ёфт шуда буд.

Мӯйҳои зарди ҷасад, ки дар дахма кашф шудаанд, боз як далелест, ки он скелети Темур набуд, зеро мӯйҳои вай мисли қатрон сиёҳ буданд.

Қаюмов, ки ҷасадро дидаасту онро дар лентаи кино сабт кардааст, ӯро одами қаддароз буд, мегӯяд. («Як метру ҳаштод, як метру навад»). Аммо дар ҳама китобҳои таърихӣ гуфта мешавад, ки Темур мисли дигар ҳамқабилаҳояш қадпаст буд.

Шояд Шоҳрух воқеан ҳам, ҷасади падарашро ба Ҳирот бурда буд ва намехост, одамон аз ин ҳол хабар ёбанд? Бинобар ин, вай аз тарс ҳатто эҳтимолияти кушодани қабрро дар Самарқанд қатъиян манъ карда буд. Шояд ҳамон вақт барои тарсонидани одамон аз азозили ҷанг ривояти дӯстдоштаи Қаюмов рӯ зада бошад.

Аҷиб, оё ин ҳақиқатро ба воситаи анализи ДНК барқарор кардан мумкин аст? Шояд имкон бошад, агар коди генетикии ҳама намояндагони темуриён омӯхта ва ба ҳам муқоиса карда шавад. Агар баъд аз он собит гардад, ки воқеан ҳам, дар дахмаи Самарқанд на ҷасади худи Темур, балки ҷасади каси дигар гузошта шудааст, дурӯғбофиҳои Малик Қаюмов мазҳакаеро мемонад аз қабили «Тамасхури бахт» на бо иваз шудани ҷойи воқеа, ки филмеро дар бораи охирин манзили Темури ланг расво кардааст.

(Бо ташаккур аз онҳое, ки ин матлабро аз русӣ баргардон ва дар «Чархи гардун» нашр кардаанд.)

06.02.2010 - Posted by | Синемо, Таърих | , , , ,

3 Comments »

  1. постановщики и режисёры этого документалного фильма в курсе? следовало бы сделать нечто вроде опровежения. я лично смотрел этот фильм по каналу “Моя планета” также наверно смотрели миллионы других. когда услышал фразу узбекского фотографа, который давал коментарии про устода Айни стало очень обидно, не за Айни – такого великого человека дешевый псевдоисторикфотограф не унизить. обидно стало за то, что ничего не могу сделать. спасибо что хотябы Ваша статья вышла.

    Comment by RavshanBek | 10.02.2010 | Reply

  2. Спасибо за Ваш отклик. Статья первоначально была написана на русском языке и первым делом я отправил ее авторам филма с просьбой откорректировать хотя бы вот это страшно бестактное высказывание Каюмова. Ответа пока не получал. Если это не провокация, и не сделано специально, то они должны отрезать грубость из фильма.

    Comment by aioubzod | 10.02.2010 | Reply

  3. Этот фильм уже давно вышел на ТВ, смотрел его очень давно (года два назад) и давно раздается на торрентах. Нелестные слова в адрес Айни меня конечно возмутили.
    Этот горе-оператор представляет себя с позиции как будто из-за него началась война🙂 Не поверите, но он еще пишет, что лично ВСТРЕЧАЛСЯ с маршаллом Георгией Жуковым и последний очень серьезно воспринял его новость о связи раскопок могилы Темурланга и начала ВОВ. Потом Жуков доложил лично Сталину и тот с тревогой его послушал. Смех да и только. И сразу после этого начался переломный момент в войне, когда прах Тамерлана на самолете пролетел по городам СССР.
    Этот узбак дает неясно понять: если бы я не сказал Жукову то в ВОВ не выиграл бы СССР. Он просто-напросто маразматик

    Comment by Rustam | 24.02.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: