Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Пас аз хондани дигарбораи “Segafredo”

Дӯсти арҷманде аз “Боргоҳи сухан” (яке дигар аз эҷодкориҳои Бӯрӣ Карим) хостааст, барояш ҳикояи “Segafredo”-ро бифиристам. Менависад, замоне аз хондани он лаззати зиёд бурдааст ва ҳоло мехоҳанд, онро аз нав чоп кунанд. Дархости камназир ва хушоянд.

Ҳарчанд аз бисёр ёру ошно шунидаам, ки ин достони кӯтоҳ онҳоро хуш омадааст ва мегӯянд, “Segafredo” махсусан ба ҷавонон маъқул аст.

Маро танҳо ифтихори ин мемонад, ки навиштаи ман ба хонанда писанд омадааст. Вале бояд бигӯям, ин шояд, ба истилоҳ, “сабуктарин” ҳикояи банда бошад ва зераш он ягон ғояи амиқи иҷтимоиро ҷой надодаам. Он шояд бештар як ҳикоя-ҳазл, ҳикоя-шӯхист, латифае дар бораи ишқи ноком, ки сабуксарона ба боди фано дода шудааст.

Дастнависи “Segafredo”-ро, агар хато накунам, дар соли 2001 ҳамкорам Сайёфи Мизроб, ки ба Прог сафар карда буд, ҳамроҳаш ба Тоҷикистон бурд ва бо эҳтимоми Хуршеди Атовулло дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба чоп расонд. Гуфта буд, ҳамроҳи Хуршед як акси муносиб ҳам барои ин достони кӯтоҳ пайдо кардаанд. Боз мегуфт, ба бисёриҳо писанд афтодааст.

Ин достони кӯтоҳ шояд фақат як нуктаи ҷолиб дошта бошад, ки бархе аз мардумони мо таҳти таъсири таблиғи замони шӯравӣ, ё ба ҳайси вокуниши манфӣ ба таҳоҷуми фарҳангӣ, аз идроки тангназаронаи маданияти Ғарб, фарти зоҳирбинӣ ё сабабҳои дигар, ҳамаи ғарбиён ё онҳоеро, ки ба Ғарб муҳоҷир шудаанд, ба чашми кам мебинанд ва бар инанд, ки касе дар мулки дигар зист, ҳама расму оини худро гум мекунад.

Ҳол он ки воқеият метавонад ба гунаи дигар бошад. Метавон дар Шарқ зисту комилан ғарбзада буд ва метавон дар Ғарб зисту таҳ ба таҳ боқӣ монд.

Андешаи ин достон дар тирамоҳи соли 2000, замоне ба ман даст дод, ки писарам Гуразм ба Донишгоҳи Роҷер Вилямси Род Айленд, наздикии Бостон, дохил шуд ва ману ӯ ба Амрико рафтему ин даврае буд, ки падару модар аз оғози парвози мустақилонаи фарзанди худ дар изтиробу нигаронияд.

Рӯзҳои аввали сафар ба дуруст кардани асноду ҷадвали дарс ва муайян кардани ҷойи зисту корҳое мисли ин машғул будем, аммо фурсати зиёде доштем, ки ҳамроҳ сайругашт ва сӯҳбат кунем. Ҷавон акнун мебоист, бе мо, худаш танҳо ин ҷо зиндагӣ кунад ва медидам, ки ба ҳама чиз рағбат дошт ва ҳолати нав барояш ҷолиб буд.

Азбаски Гуразм мактаби миёнаро дар Ҷумҳурии Чех хатм карда ва аз он ҷо шомили донишгоҳ гашта буд, ҳама аз рӯйи аснодаш ӯро чех гумон мекарданд, вале вай дар ҳама ҷо эътироз мекард, ки на аз Чехия, балки аз Тоҷикистон аст.

Дар шабнишинии ошноӣ, дар толори пуродам, вақте ба ӯ сухан доданд, эълон карданд, ки аз Ҷумҳурии Чех аст. Баъзе аз ҳамкурсони ояндааш аз ҷойи нишаст, садо заданд, ки “пас хоккейбози хуб аст ё футболбоз!” Аммо ӯ ба минбар баромада, гуфт, дар санадҳо иштибоҳ рафтааст, вай аз Тоҷикистон аст, танҳо мактаби миёнаро дар Чехия хатм кардааст. Чандин нафар суол доданд, ки ин кишвар дар куҷои дунёст. Бархе аз онҳо ҳатто натавонист, номи Тоҷикистонро дуруст таллафуз кунад.

Писарам сар кард ба қисса кардан дар бораи Тоҷикистон – як кишвари кӯчаки мардуми сарбаланд, мамлакати қуллаҳои баланде дар Боми Ҷаҳон ва дар зебоӣ шабеҳи афсона. Бо мардуммони заҳматкашу хоксор ва меҳрубону шоиртабиат. Ба фикрам, аз ҳамаи садучанд донишҷӯи нав вай тӯлонитар сӯҳбат кард ва аз ҳама бештар ба ӯ саволҳо дода шуд.

Ҳозирон Чину Ҷопонро мешинохтанд, номи Русия, Лаҳистон ва Ҳиндустонро шунида, маю таомҳои Фаронсаро чашида, қиссаҳои Испониёро дониста, шахсан ба Канада сафар карда буданд, аммо номи Тоҷикистонро бори аввал мешуниданд.

Барои ман бисёр хушоянд буд, ки Гуразм худро намояндаи Тоҷикистон муаррифӣ мекард, бо ватанаш фахр мекарду бо мардумаш менозид ва дар бораи Душанбеи зебо, ки ҳанӯз дар 10-солагияш онро тарк намуда, дар Русия ва Ҷумҳурии Чех бузург шудааст, ин қадар чизи зиёд медонист. Сафарҳои мо ба зодгоҳ ӯро ба хубӣ “мусаллаҳ” карда буданд.

Дилам фишор мехӯрд, ки вай бе ин ҳам дар ғурбат ба воя расидааст. Аммо хушбахтона, дар оилае, ки дар он ба забони модарӣ сӯҳбат мекарданд ва рӯзу шабро бо тозатарин хабарҳои Тоҷикистон ба сар мебурданд. Акнун вазъи дигаре пеш омада буд ва ӯ мебоист, дур аз модару падару додар, мустақилона ба сар барад.

Дар чунин ғурбати дугонаву дучандон, фикр мекунам, меҳраш ба ватан афзуда, ҳиссиёти миллию мазҳбаияш бедор шуда буд.

Сипас, дарсҳои ӯ сар шуд ва ман рӯзҳои дароз бекор будаму ё ба сайри музею майдонҳои шаҳр мерафтам ва ё дар меҳмонхона китоб мехондам. Як субҳ вай аз хоб хесту гуфт, шаб Душанберо дар хоб дидааст. Мактабашро ва ҳамсинфаш Ғайратро, ки дӯсти хубаш буд. Аз худаш мепурсид, Ғайрат ҳоло куҷо бошад. Баъд бобоҳояшро ёд карду бибиҳояшро, аммаву холаву тағову амакҳояшро…

Ҳамаи ин шояд сабаб шуд, ман дар бораи он нависам, ки дар Ғарб ва ғурбат дилбастагиҳои инсон ба решаҳояш ба маротиб қавитар мешавад ва агар кас хоҳад, дар ҳама гуна ҷо тоҷик, мусулмон ва шарқӣ боқӣ мемонад, агар нахоҳад, зуд иваз шуда, мисли барги хазоне, ки аз шоху танаи дарахт ҷудо шудааст, дар ҳаво ба парвоз меояд, сар-сари деворҳову буттаҳои гуногун меравад ва оқибат зери по меафтад.

Албатта, як гиёҳе низ ҳаст, ки вақте дар атрофаш об ва намӣ кам мешавад, худ решаҳояшро аз хок берун кашида, хешро мехушконад, то мисли пари коҳ сабку шавад ва шамол онро бардошта, ба ҷойҳои дигар барад. Ва агар дар он ҷойҳои нав вай ҳис кард, ки обу намӣ барояш кофист, дубора решаҳояшро боз мекунад ва дар он хок медавонад, то аз нав сабзу хуррам шавад.

Мехостам, ба дӯсти азиз аз “Боргоҳи сухан” як ташаккури кӯтоҳ бигӯям ва барои достони “Segafredo” як дебочаи аз он ҳам кӯтоҳтар бинависаму ҳикояро ин ҷо гузорам, аммо бубинед, чӣ гуна ба хотираҳо дода шудаму ба куҷоҳое рафтам.

Акнун барои ҳикоя ҷое боқӣ намемонад. Пас беҳтар аст, “Боргоҳи сухан” ё китоби банда “Каме латра”-ро, ки бо талошҳои дӯсти ҷавонам, Каюмарси Ато соли 2007 дар Душанбе ба нашр расидааст, пайдо кунеду онро бихонед, албатта, агар аз ин ҳама “таблиғҳо”-и банда дар дилатон чунин хоҳиш рӯ зада бошад.

Ё шояд дертар матни онро, агар хоста бошед, дар ҳамин торнигор ба нашр расонам ва худ натиаҷгирӣ кунед. Шодобу комёбу сарбаланд бошед ва дар ҳар куҷои дунё, ки ҳастед, фаромӯш накунед, ки тоҷикед. Мо он қадар зиёд нестем, ки ҳамдигарро ба осонӣ аз даст бидиҳем. Бояд реша бигирем ва нагузорем, касе аз мо ба “барги хазон” табдил биёбад. Тавре мегӯянд, “тоҷики ман, зинда бош!”

07.02.2010 - Posted by | Адабиёт, Ватан, Сарнавишт, Тоҷик, Ҳикоя | ,

5 Comments »

  1. Бешак чаноби Салими Аюбзод! Офарин! Иллохо хечвакт дарду гамро набини. Иншоалло, хамеша дар хама чо кушиш ба харч медихем, ки номи миллат боло бошад ва аз Точикии худ ифтихор дорем!
    Аз Шумо хохиш дорам, ки он хикоятро харчи зудтар дар ин торнигор ба нашр расонед. Баъди мутолиъаи ин киссаи ширин, маро низ як саргузаште буд, ки мехохам дар инчо пасонтар кисса намоям. “Хар кучое ки, боши точик боши, зинда бош! Шох бош! хамеша бош! Дар амони Худо бош!!!”

    Comment by Patriot | 08.02.2010 | Reply

  2. Ташаккур устоди азиз, аз ин ки бори дигар Сегафредоро дар хотираи ман хам зинда кардед. Дуруст гуфтед, ки ин навиштаи шумо дар соли 2001 дар нашрияи Точикистон чоп шуда буд ва он замон ман дар синфи 10-ум мехондам. Дар пештоки ин навиштаатон таъкиде буд, ки “Ба писарам Гуразм, ки дар гарб хобхои шаркиёна мебинад”. Бар иловаи он ки Сегафродо дар дилам нишаст, номи Гуразм хам бароям писанд омад ва як тахаллус хам дар ин маврид гирифта будам. Чун дар ин чо ёдовар шудед, ман хам бояд гуям, ки китоби Каме Латраро метавонед аз баъзе дуконхои китобфурушии Душанбе дар Гулистон ва болои домпечат пайдо кунед, агар не, ЛУТФАН БА ТЕЛЕФОНИ 98 103 29 53 ТАМОС ГИРЕД, хатман бароятон кумак мекунем.

    Comment by Каюмарси Ато | 08.02.2010 | Reply

  3. Устод! Хоксори кардаед, ки ин хикояро сабук хондаед, аммо шояд барои ман яке аз бехтарин хикоётест, ки то ин лахза мутолиа кардаам. Худи хамин”Барои писарам Гуразм, ки дар Гарб хобхои шаркиёна мебинад ” чи кадр дилнишин аст. Ман хануз сари онро надорам, ки перомуни эчодиёти Шумо сухан бигуям, ба чуз – Ахсант!!!

    Comment by Bahmanjor | 14.02.2010 | Reply

    • Бахманёри фарзона, о, чаро бояд маро ба осмони хафтум бароред. Шумо аз ман бохунартаред ва интизорам аз Шумо танкид аст. Наход хеч гуна нуксе дар ин навишта надидед?

      Ман аз он ки онро хондаед сипосгузорам ва аз суханони рухбаландкунандаи Шумо низ, вале мехохам, накд кунед, чун оинае ин чо надорам.

      Comment by aioubzod | 15.02.2010 | Reply

  4. Китоби “Каме латра”-ро се бор,гаштаву баргашта хондам ва ба дигарон тавсияи хонданашро додам. Сартосари навишта-
    хо дар китоб писанду макбуланд, бахусус “Segafredo”.Барои
    ман, махсусан хикоёти Сурагут ва Афгонистон бештар писанд
    афтод.Маротибаи чахорум аст, ки ин китобро мехарам ва
    хар дафъа ба талабгоре медихам. Ба дусти гироми – Аюбзод
    дар навиштан тавфик таманно дорам!

    Comment by Маликнеъмат | 11.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: