Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бо дард зист, бо дард рафт…

Намедонам чаро, аммо мехоҳам, дар рӯзи марги Устод Фаррухи Қосим  бихандам. Баланд! Ҷарангдор! Беохир! Гӯшкаркунанда! Магар дар рӯзи мотам кас механдад? Охир ин беэҳтиромӣ ба рӯҳи майит нест? Касеро дидаед, ки ба думболи тобут хандакунон биравад? Агар рӯзи 8-уми феврали соли 2010 чунин касеро дар роҳ ба қабристони Лучоб дида бошед, он ман будам…

Хандаи ман ҳамон хандаи сароғози “Тӯдаи риёкорон” аст, ки Фаррух қариб 30 мол пеш рӯйи саҳнаи театри Лоҳутӣ овард. Ва ҳамон хандае, ки дар поёни ин намоиш садо медиҳад. Хандае ба ҳазорон рангу маънӣ. Хандае мисли мушт ба рӯйи риёкорон. Дақиқтараш ба ниқоби риёкорон, чун онҳо рӯй надоранд. Хандаи ниқобшикан.

Хандаи маро худи Фаррух сохтааст ва вақте аз даруни тобут онро мешунавад, сад дарсад бовар дорам, лабханд мезанад. Медонад, ки намурдааст ва намемирад. Онҳое, ки мегирйед, наход бовар мекунед, ки ӯ бозии беҳунаронаи шуморо намефаҳмад ва гиряҳои риёкоронаи шуморо намешиносад?

Ҳоло мефаҳмам, ки дар “Тӯдаи риёкорон” Фаррух на нақши Молйерро мебозид, балки саргузашту сарнавишти худро мезист. Оре, ӯ нақшҳоро намебозид, балки мезист. Ва онеро мезист, ки ҳамнавои дилаш бошад. Молйер дар тасвири Михаил Булгаков на танҳо Молйер, балки худи Булгаков низ буд ва дар иҷрои Фаррух – ҳарсе. Риёкорон – ҷомеае, ки мо дар он мезистем.

Саргузашту сарнавиште пур аз дард ва машаққат, ҳасрат ва андӯҳ, дарбадарӣ ва саргардонӣ, озор ва фишор. Ниқобҳои хандону гирён ҳанӯз аз замони Юнони қадим рамзи театранд. Аммо бархе онҳоро ба таври таҳтуллафз мепазирад ва ҳам дар саҳнаву ҳам дар зиндагӣ бо ниқоб мегардад. Барои Фаррух на он ҷо ва на ин ҷо ниқоб вуҷуд надошт.

Вақте Фаррух Булгаковро ба саҳна мегузошт, бисёриҳо дар Тоҷикистон кӣ будани Булгаковро намедонистанд, чун аксари осори ӯ мамнӯъ буд. Он вақт пас аз хандаҳои молйерӣ, ҳомерӣ, булгаковӣ ва фаррухӣ дар “Тӯдаи риёкорон” бинанда дар роҳ ба хонааш мегирист, вале чунинҳо кам буданд.

Шоҳро дар “Риёкорон” Ато Муҳаммадҷонов мебозид. Ҳузураш дар саҳна кӯтоҳ, аммо фаромӯшнопазир буд. Ҳанӯз ҳам пеши чашмонам аст. Ҳузуре, ки ҳайбаташ на танҳо саҳна, балки толорро ҳам пур карда буд. Солҳо баъд дарк кардам, ки Ато на танҳо шоҳ, балки ҳамзамон Сталин, Брежнев, Маҳкамов, диктатор ва раҳбарро мебозидааст.

Раҳбарони худро мардум дар “Хонасӯзон” ҳам дидааст. Дар ин намоиш Фаррух ду сол қабл аз вуқӯяшон рӯйдодҳои феврали соли 1990 ва чаҳор сол пеш аз сар заданаш ҷанги хонумонсӯзи Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.

Ин намоиш соли 1988 ба саҳна омад ва ҳанӯз мардум намедонист, ки бо шиор ба кӯча баромадану митинг кардан чист. Нахустин гирдиҳамоии эътирозии Тоҷикистон дар саҳнаи Театри ҷавонон бо хости Фаррух Қосим ба вуқӯъ пайваст. Аммо ин эътирози ҷангҷӯёна набуд, балки ҳушдори сахт аз кажроҳа, норозигӣ аз вартаи бузурги байни ҳукумат ва мардум, дақиқтараш деворе байни ин ду, ки танҳо садои пушти деворро мешуниданд ва ҳамдигарро намедиданду намедонистанд ва ҳар тараф ба таври худ мезист.

Ин ҳушдор буд, ки як раҳбар ва як миллат рӯи бучкаҳои бензин паҳлуи оташбозон нишастаанд ва агар роҳе ба дили ҳамдигар наёбанд, хонаи худро хоҳанд сӯхт. Ҷомеаи риёкор ҳушдорро нашунид ё шунида бошад ҳам, нодида гирифт. Хона сӯхт ва хонасӯзон ҳам сӯхтанд.

Ҳушдори қавитаре акнун дар рӯзҳое садо медод, ки аз ҳаво бӯйи хун меомад. “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр”. Бародаркушӣ. Чанде баъд вожаи “ҷанги бародаркуш” сари забонҳо мешавад. Аз ҳар кошона нолаи модарон баланд мешавад.

Магар нашунида будем, навҳаи занонро дар ҳаққи Юсуф? Магар надида будем, чархи арғувониро, ки вақте ба ҳаракат омад, саҳна ҳама мисли хун сурх шуд? Пас на танҳо риёкору кар, кӯр ҳам будем! Оё чунин касон ба ҷуз аз хунрезӣ чӣ инқилобе карда метавонанд?

Фаррух ҳадаф надошт, бо ин намоишҳояш дар театр, тавре имрӯз мегӯянд, инқилоб кунад. Вай мехост, дар зеҳни мо инқилоб орад. Дар гӯшаи хотираш набуд, ки “Юсуф” ба кишварҳои дуру наздик меравад ва дар ҳунари театрии онҳо чархиши куллие ба вуҷуд меорад. На, вай ин намоишҳоро барои онҳо насохта буд , балки барои мо, барои халқи худаш. Зеро ин халқро баробари ҷони хеш дӯст медошт, ҳатто шояд бештар аз он.

Вале мо чӣ кардем. На ман, ки механдам, балки риёкороне, ки имрӯз мегирянд. Бистуду сол ӯро кӣ сарсону дарбадар кард? Ҳанӯз раҳбари вақти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов дар ҳузури даҳҳо тан аз фарҳангиёни тоҷик ваъда дода буд, ки барои театри “Аҳорун” толор медиҳад. Сол аз пайи сол ба ӯ ваъда медоданд, аммо вафо намекарданд. Бепулу бенон бо бачаҳояш шоҳкорҳо меофарид. Замоне ӯро қадрдонӣ мекарданд, ки дигарон, аз берун бикунанд.

Чӣ касоне дар ин муддат сарвару раҳбару коргардону саркоргардони Театри Лоҳутӣ нашуданд. Чӣ карданд онҳо ва чӣ гузоштанд аз худ? Аммо боре магар ӯро даъват карданду калиди ин биноро ба дасташ доданд ва гуфтанд, биёр, бачаҳои гуруснаву саргардонатро, ошиқону девонагони театрро, бигир ин толорро ва обрӯи тоҷиконро ба осмонҳо расон?

Бигзор некӣ накунанд, аммо бадӣ ҳам накунанд.

Магар риёкорон тамоми корро накарданд, ки ӯ ин гуна хору залил бимонад ва дар ниҳояти амр сактаи қалб шавад, аз дасту пой афтад? Чаро ному ҳунару шӯҳраташ нағз буд, худаш бад? Наход, сарнавишти ҳамаи бузургони тоҷик ҳамин гуна бошад? Соле ки ӯ театр месохт, раҳбари Тоҷикистон талош мекард, пахтаи тоҷик ба 1 миллион тонна расад. Куҷо шуд он пахтаву чӣ монд аз он?

Касе ҳаст дар тамоми олам, ки аз ин “қаҳрамонии бардагон” ёд кунад? Бардагони сиёҳи “тилои сафед”!

Аммо арзишҳои ҳунарие, ки Фаррух офарид, мондагоранд. Номи раҳбарон ҳам аз таърих сутурда мешавад, тоннаҳои пахта низ, вай мемонад ва на танҳо дар ватанаш, ки бо вуҷуди даҳҳо даъватномаҳои хориҷӣ нахост, онро тарк кунад, балки дар ҳамон кишварҳои Шарқу Ғарб, ки бо ҳунараш онҳоро тасхир кард.

Фаррухи азизи мо боқӣ хоҳад монд дар зеҳну дили садҳо ҳазор нафаре, ки аз кору осори ӯ андешидан, фаҳмидан, зистан ва офариданро омӯхтанд. Дар дили наслҳое, ки умрашонро намоишҳои ӯ ғановат додаанд ва бо андешаву эҳсос пур кардаанд.

Як даврае бисёр мехост, даст ба синемо занад. Шояд ҳоло сарвати мо боз ҳам бештар мебуд. Дареғ. Касе нахост рақиби бузургро. Магар сазовори ханда нестанд, ин кӯчакдилони тангбин?

Фаррух ҳам умри худро фидо кард, то мо ҳақиқатҳоеро дарк кунем, хун гирист, то мо бихандем. Ин аст, ки ман механдам. Ба думболи тобуташ меравам ва механдам. Чаро нахандам, ки худо насибам гардонд, ҳамасри ӯ бошам, ӯро дидаву дасташро фишурда, борҳову борҳо дар сӯҳбаташ нишаста ва аз ӯ омӯхта риёкор набуданро, инсон буданро…

Чаро нахандам, чун хандаи маро ӯ сохта, ханда чист, аслан маро ба он гунае, ки имрӯз ҳастам, Фаррух сохтааст. Чаро нахандам, ки акнун дар он дунёи нуронӣ боз менишинанд дар сӯҳбати дӯстони чорёр – Маҳмуди Воҳид, Ато Муҳаммадҷонов, Фаррухи Қосим ва Муҳаммадзамони Солеҳ ва дигарону дигарон…

Хандаи ман барои фарқ карданам аз ашкҳои дурӯғин аст. Аз дард ва лоилоҷист. Аммо самимона аст. Фаррух дӯст медошт самимиятро…

———————–

Акс аз “Азия-Плюс”

08.02.2010 - Posted by | Худшиносй, Ҳунар | , ,

10 Comments »

  1. Зеботарин ёдвора аз устод Фаррух, ки то ин лахза хондаам. Ва дарди худи у аз он метаровад. Даст марезод. Равони Устод човидона шод бод.

    Comment by Дориюш | 09.02.2010 | Reply

    • Наметавон гуфт зеботарин, аммо дард, оре, аз гояти дард натавонистам, хуб бинависам. Дарди бохтани у як су, дарди лоилочии ин кавм суи дигар. Дардмондаем ва наметавонем, коре кунем, ба чуз аз нолидан.

      Хуб, агар давлатдорон ба у нарасиданд, пулдорон кучоянд, ки аз Хулланд ба у мадад расиду аз хамсоя ва хамкавму хамхунонаш на?

      Равонаш шод.

      Comment by aioubzod | 13.02.2010 | Reply

  2. llllllll

    Comment by Али | 10.02.2010 | Reply

    • 000000

      Comment by aioubzod | 13.02.2010 | Reply

  3. Tashakkur akoyi Salim! Yodnomai purdard va voqe’i. Iloho nazdikon va farzandoni zeboyash tasalliyate dar in harfhoi samimi va jarfi dusti azizi padarashon paydo kunand va ham darse boshad ba digar tojikon ki buzurgoni khudro dar zinda budanashon qadr kunand.
    Bo sipos!

    Comment by muborak | 11.02.2010 | Reply

    • Сипосгузорам. Метарсам, хамсари мехрубону солехааш апаи Сабохат, фарзандони азизаш, ки аз онхо Шамсиячонро шахсан мешиносам, аз ончй ман навиштам наранчида бошанд. Харчанд навиштам, ки механдам, чои гиря, дилам хун мегирист ва аз чашмонам ашк катор мешуду мерехт.

      Хандае, ки ман навиштам, рамзист, хандаи дарди бепоён ва андухи беилочона аст.

      Рухаш ором.

      Comment by aioubzod | 13.02.2010 | Reply

  4. Mamnun Salimjon, ma dustan va yaran Farrukh Ghassem, hameh delgerefteh hastim…

    Comment by guissou | 13.02.2010 | Reply

    • Зинда бош, Гесуи азиз. Мо дар ёд дорем, ки ту ва дустони дигар чй кадар кумакхо ба у ва кори у кардаед.

      Comment by aioubzod | 13.02.2010 | Reply

  5. Аюбов! Чи тавр шуд,ки сарлавхаи “Ба дард зисту ба дард рафт”-ро ман дар бораи махрум Абдучаббор Тохири дар сахифаи сайти http://www.ozodi.org чун порчаи таъзияи як инсон дида будам! Акнун ин ибораро дар ин сарлавха мебинам!

    Comment by Дарвеш | 16.02.2010 | Reply

  6. Дарвеши гиромй, ки хамноми торнигори ман хастй. Андак нестанд инсонхое, ки бо дард мезиянду бо дард мераванд. Устод Тохир, устод Имомназар ва устод Фаррух хамагй аз чумлаи бузургони дардошнои миллат буданд, дар дард лулиданд, аз дард сохтанд, бо дард сухтанд ва аз дард рафтанд.

    Comment by داريوش | 19.02.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: