Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Segafredo

(достони кӯтоҳ)

Барои писарам Гуразм, ки дар Ғарб
хобҳои шарқиёна мебинад.

“Ман бароят дар меҳмонхона ҷой гирифтам, мегӯяд духтари аммаам Меҳрӣ ва дар ҳоле ки чашмонаш дӯхта ба роҳанду бо дасти чап ҳамоно моҳирона фармони мошинро идора мекунад, бо дасти рост аз паҳлӯи шишиаи об, рӯзнома, ду халтачаи салафанӣ ва рӯймолчаи ғиҷимшудаи рӯи курсии пеш варақеро гирифта, сӯям меёзонад”.

Қоғазро мегирам ва бо як нигоҳ мебинам, ки ин тасдиқномаи меҳмонсарои Кросс Чаринг аст. Ба рӯи чанд сатри он ранги сабзи рӯшан давондаанд, аммо ин ранг ҳуруфро на хиратар, балки рӯшантар кардааст. Оре, ин нишонаи меҳмонсаро ва шумораи манзилест, ки ман бояд дар он зиндагӣ кунам. Ҳуҷрае ба номи банд шудааст ва пулаш бояд дар рӯзи дуюми зист супурда шавад.

“Ман бароят дар меҳмонхона ҷой гирифтам.” Ин танҳо чизест ки акнун тайи қариб чиҳил дақиқаи роҳ, аз фурудгоҳ ба самти шаҳр, аммадухтарам Меҳрӣ ба ман мегӯяд. Пас ӯ барои ман дар меҳмонхона ҷой банд кардааст. Шунида будам, ки ҳавлӣ ва хонаи сеошёна дорад. Аммо ҳоло дигар аниқ аст, ки намехоҳад маро ба хонаш барад. Шояд ба ин ҳақ ҳам дорад ва албатта, ман меҳмони азизи ӯ нестам. Аслан аз ибтидо, вақте модарам гуфт, чун ба Лондон меравам, бояд Меҳриро бинам, дилам фишор хӯрдаву сарам гарон гашта буд, ки ин дидор чӣ гуна сурат хоҳад гирифт.

Табъан, пас аз он чизе ки миёни ману ӯ гузашт, ҳарчанд ин ҳама сол пеш, интизори хушнудии Меҳрӣ набудам, аммо намедонистам, боздиди мо ба ин сардӣ рӯй хоҳад дод.

Дар ду тарафи роҳ ҷангали қадимӣ ба сукути пирона ва бемаънӣ фурӯ рафтааст. Осмон пурабр, роҳ холӣ, ҳаво нимторик. Сиёҳии даруни ҷангал дар дили ман ларзаи сиёҳи изтиробро афзун мекунад. Хомӯшии миёни ӯву ман маро мефишорад. Ман шиканҷаи ин сукутро дар китфу дӯшам эҳсос мекунам.

Пас ҳеҷ гуфтание ва ё шунидание дар миён нест. Беҳтар буд ин мулоқоти ғамангез умуман иттифоқ намеафтод. Аммадухтари аврупоишудаи ман, касе ки кам монда буд, номзади ман шавад, яъне қариб ҳамсари ояндаам, аввалин ҷисми занонае, ки гоҳе тасодуфан, гоҳе қасдона, дастони ноозмудаи ман ба он расида буданд, ҳоло ҳарфе бароям надорад ва намехоҳад чизе барояш бигӯям.

Шояд дар таърихи ҷаҳонии саёҳат чунин иттифоқ наафтодааст, ки пешвозгиранда меҳмонро бо сардии баробар бо Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ вохӯрда бошад. Агар ин тур аз сари ман боби хунук рехтанӣ буд, чаро ба фурудгоҳ омад? Чаро хабар надод, ки маро пешвоз гирифта наметавонад, зеро чашми диданамро надорад ва бе чашм, маълум ки маро дар фурудгоҳи серодам ёфта намешавад.

“Салом, боратро бояд аз поён бигирем.” Ин “истиқбол”- и буд аз ман, ки бар асараш лаҳзаҳое бо дастони ду сӯ ёзида, канори боз, чашмони дурахшон, аммо ҳайратзада, абрӯвони болорафта ва даҳани инҷ дар ҷоям шах шудам. На метавонистам қадаме пеш бардорам ва на гоме ба ақиб гузорам. Як ҷопонӣ ва ё чиноӣ бо ин ки ба ман бархӯрд ва садҳо бор бо нитаъзим узр мепурсид, маро ба худ овард.

Меҳрӣ кӯшиш мекард, ба ман нигоҳ накунад. Ин сӯву он сӯ тоб мехӯрд ва баъд бо ишораи даст самти ҳаракатро нишон дода, худ пеш гузашту ба ҳамон сӯ рафт. Ман аз карда пушаймон ва ҳайрон будам, ки бо вуҷуди пешбинии чунин ҳолат розӣ шудам, модарам ба ӯ занг занад ва аз сафари ман хабар диҳад.

Он ҳама муддате, ки интизори ҷомадони кӯҳнаи ман дар зербинои фурудгоҳ паҳлу ба паҳлу истодем ҳарфе аз ӯ барнаёмад. Вале ман ҳанӯз намедонистам, ки тамоми роҳ низ Меҳрӣ сукут ихтиёр мекунад. Ба назарам метофт, ки ин фақат шарму шигифтии мулоқоти аввал баъд аз ҳафт сол аст ва ба зудӣ хоҳад гузашт.

Борро гирифтем, ба истодгоҳи мошинҳо рафтем ва Меҳрӣ ҳамон сукути ғашовари баробар бо ин бешазорони торикро дар мошин, миёни нишастгоҳи пеш ва ақиб ҷой кард ва акнун хомӯш аз хилоли хомӯшии бузургтар равонем. Бе садо, бе ҳарф ва танҳо бо ғурриши якмароми мошин…

Ин ҳолати такондиҳанда маро нагузоштааст, ба рӯи Меҳрӣ бо диққати зиёдтар нигоҳ кунам. Вале ҳанӯз дар фурудгоҳ ба он андешидам, ки Меҳрӣ хеле дигаргун шудааст. Аз он Меҳрии ҳафт сол пеш танҳо чашмони барроқаш ба назарам ошно намуд.

Аммо зери чашмонаш ожангҳо мисли алафҳои гирди чашма ҳалқа задаанд, лунҷҳояш дарун афтодаанд. Монанди тӯби кафидаи футбол, ки рӯяш ангушт гузошта бошӣ.

Мӯйҳои як замон марғуладор ва саркаши Меҳрӣ акнун ҳамвор ва рост буданд. Ёдам ҳаст, модарам мегуфт, мӯйи Меҳри ҷамолак он сӯ истад, ҳатто бофтанро қабул надорад.

Ҳам симо ва ҳам сарулибосаш ҷиддинамо шудаанд, худаш дамдузд. Шояд танҳо барои ман дамдузд аст ва дар пеши дигарон ҳамоно шӯху хандон боқӣ монда бошад. Наход ин ҳамон духтари чобук ва гапнодарост, ки аз сари девори қалъачаи кӯҳнаи деҳаи мо худро сарозер ба рӯдхона партофта буд? Наход ин ҷавонзани ҷиготгирифта ҳамонест, ки аз шаҳтут биниву ҷабинашро сурх ва аз сиёҳии дег рухсору манаҳашро табаҳ карда, паси дари таомхона пинҳон шуда буд, то “Воҳ!” гуфта холаи Мастурамоҳро ба истилоҳ “талхакаф” кунад. Холаи Мастурамоҳ бо ҳамаи тани чоқ ва вазни зиёдаш дар остонаи таомхона дароз афтида буд ва чанд зани дигар даҳанҳо пур аз ханда обзану ҳушёргари ӯ шуда буданд.

Бо ёд кардани ин ҳодиса ва зуҳури манзара дар пеши чашмонам, ман бесадо хандидам ва ҳис кардам, ки Меҳрӣ мисли ин ки ба чизе пай бурда бошад, аз оинаи пасбин ба ман нигоҳе партофт.

Наход ин ҳамон Меҳриест, ки пинҳонӣ дар манту танга гузошта буду апаи Гулрӯ онро газид ва қариб аз дандон мемонд? Агар ҳоло ба ягон кас гӯӣ, ки ҳамон балочаи аспсаворак аст, мутлақо бовар намекунад. Агар апаи Гулрӯ ҳамроҳи ман ба Лондон меомаду Меҳрибонуро ба ин ҳол медид, ҳатман мегуфт, “ё Баҳоваддин, ин Меҳрии мо нест, каси дигарест дар лиқоби Меҳрӣ!” Яъне “дар ниқоби Меҳрӣ”.

— Апаи Гулрӯ бароят мағзу донакшӯрак фиристод, — оҳиста, беҷуръатона садо баланд мекунам. Ҳарфҳо монанди донакшӯрак гулӯямро мехарошанд ва ҳангоме ки аз даҳонам берун мешаванд, ба ҳавои фишурда бархӯрда, хурд мегарданд. Садоям ғаши худамро меорад. Мисли ин ки як бемори дами марг аз зери фишори тангнафасӣ гап мезада бошад.

Чашм аз оинаи пасбин намеканам, то шояд дар он чашмам ба чашми Меҳрӣ афтад, аммо вай бе он ки ба ман ё ба оина нигарад, як калима посух медиҳад:
— Ташаккур.
Аҷаб ташаккуре, ки “а”-и аввал дар он нест. “Тшаккур”. Мисли писханд. На. Заҳрханд. Ва ё сардханд. Зеро аз лаҳни ин вожа шамоли сарде ба рӯям мерасад.

На, агар ин ҳамон Меҳрии мо мебуд, ҳоло бояд “оваҳ!” мегуфт, қаҳқоҳу ҷарангдор механдид, чашмҳояш аз хотираҳои рангин барқ мезад, бо лабони пур аз ханда арғуштравиҳои апаи Гулрӯро ёд мекард. Ҳамон остин алвонҷдоданҳои ӯро. Аз остинҳои паҳну дарози апаи Гулрӯ ёд мекард, ки гоҳ-гоҳ аз дарунашон монанди ҷодуи чашмбандҳо барои амну Меҳрӣ себи сурх ё аноре берун меомад.

Ин вай нест. Рост мегӯянд, ки Аврупо одамро хушк ва беҳис мегардонад.

— Беҳис мегӯӣ? – Садои Меҳрӣ ба гӯшам мерасаду мефаҳмам, ки ҷумлаи охирро на худ ба худ, балки шунаво ба забон овардаам. Ё шояд монанди он рӯзҳои пеш Меҳрӣ бе ягон ҳарф низ андешаи маро фаҳмида бошад. Вай бо як ҳаракати тунд чамбараки фармонро мегардонад ва мошинро дар канори роҳ нигоҳ медорад. Аз шасти рафтораш ман фикр мекунам, ҳоло поин шуда, аз ин тараф меояд ва дари мошинро кушода, маро ба берун меронад. Аммо вай мошинро нигоҳ медорад ва худ низ аз ҳаракат мемонад. Чанд сония ҳамнафасона сукут меварзем. На. Ҳар кас бо савти хоси худ нафас мекашем ва мо ҳарду намехоҳем, андаруни як оҳанг бошем. Пас аз фосилае баргашта ба ман менигарад ва оҳиста, бе ягон сози ғазаб мегӯяд:

— Ҳайрон нашав, ки чаро туро ба хона намебарам. Шавҳарам дар сафар аст ва ту медонӣ, ки ҳеҷ меҳмоне наметавонад, бе хонаи бемард ворид шавад.

Мебинам, ки чашмонаш ғайриоддиянд ва як даста мӯйи хурмоияш рӯйи чашми росташ хамидааст, аммо ин гӯё ба вай халал намерасонад ва вай гӯё инро намебинад. Боз ба ман менигарад ва дар ҳоле ки дили ман ба чашмони ӯ месӯзад, мегӯяд:

— Се рӯз пас, вақте ки ӯ баргашт, марҳамат, ман туро аз меҳмонсаро ба хонаам мекӯчонам, вале дар бораи “ҳиссиёт” шарқиҳо бояд аваал гиребони худашонро бӯй кунанд ва биандешанд, ки чаро эҳсосоти онҳо ин қадар нопойдор ва вайронгар аст.

Меҳрӣ вақте ин суханонро мегуфт, дигар ба ман наменигарист ва сараш хам буд.

Дили бе ин ҳам тангам то ба ҳадди як дарди сӯзони сари сина фишурда шуд. Мисли ин ки дасти маҳкаме онро ҳамчун як дона лимӯ дар қабза гирифта, зер кард, то об шаваду резад. Туршӣ ба ҳалқам давид.

Меҳрӣ баъд аз як сукути ин қадар дарозу мағшуш ва қаҳромез суханҳое гуфт, ки дарун андарун буданд. Ва ба лаҳни ороме гуфт, ки намешуд, касро ба ҷанҷол кашад. Надонистам, дар посух чӣ бигӯям. Хостам, бипурсам, чаро чунин сард бо ман вохӯрдӣ кардӣ ва ҳоло ин тавр мегӯӣ, аммо нӯги забонамро газидам ва фурсат талабидам, ки нахуст ба маънии гуфтаҳои Меҳрӣ сарфаҳм равам. Ишора ба “шарқиҳо” унвонии рӯшан дорад. “Ҳиссиёти нопойдору вайронгар” низ. Якеаш манам ва дуюмӣ — ончӣ, ки гӯё дар ман аст.

Меҳрибону, ки мо, наздикон, ӯро “Меҳрӣ” ва дӯстони аврупоияш “Мэрӣ” мегӯянд, ҳафт сол пеш бо падару модараш ба мулки бобоӣ, яъне деҳаяки кулбагии мо меҳмон шуда буд. Ин шояд хушбахттарин рӯзҳои умри ман буд, ба истиснои ду рӯзи охирини меҳмонии ӯ. Дар ду рӯзи охирин, баракс, ман донистам, ки дӯзах бояд чӣ гуна ҷое бошад.

Рӯзҳои биҳиштӣ мо лаби рӯдхона мерафтем, оббозӣ мекардем, дар долону ҳуҷраҳои холии қалъачаи қадимӣ русташавакон мебозидем, мегуфтему механдидем, механдидему мегуфтем. Бачаҳои хурдсолтар ва ё ба қавли онвақтаи ман, “фискашолҳо”, корвонвор ба думболи мо медавиданд. Доду фарёди онҳо хоки деворҳои қалъаҳаро мерезонд, барги дарахтонро ба ларзиш меовард ва ба осмони кабуди тобистон дакка мехӯрд.

Меҳрӣ ба ҳамаи ин бо шодию шигифтӣ ва кунҷковию зиракӣ ворид шуда буд. Вай мегуфт, ҳама чиз барояш нав ва дӯстдоштанист.

Меҳрӣ русташавкони оддии моро бо хурсандӣ пазируфт, вале дертар онро тағйир дод. Акнун ҷӯянда ва ё пиллабон на танҳо мебоист, пинҳоншудагонро пайдо мекард, балки онҳоро сур карда, ба китф ва ё шонаашон даст мезад. Вақте ки ман ба китфони Меҳрӣ даст мерасондам, дилам ба ларза меомад, гум мезад, сахт метапид. Ҳолатам ончунон дигаргун мешуд, ки замини зери поямро намефаҳмидам. Чашмонам худ ба худ хира ва баста мешуданд, атрофам мисли ҳавр мавҷ мезад ва танҳо суроби сабзи пироҳани нафиси Меҳриро медидам. Мавҷи гарме аз вуҷудам мегузашт ва гӯё мисли паре ба партгоҳи миёни хобу бедорӣ меафтодам. Ин эҳсос он қадар фораму гуворо буд, ки шаб дар рахти хоб танҳо ба ёд овардани он кофӣ буд, дубора мадҳушам кунад.

Вақте навбати пиллабонии ӯ мерасиду аз пасам медавид ва бо муштчааш ба пушти ман мезад, ин ҳолат боз такрор мешуд. Аз зарбаи мушти ӯ мавҷе ба ҷисми ман мегузашт ва саропоямро гармӣ медод. Гоҳо аз зӯрии ин мавҷ маро ларза мегирифт. Раги пойҳоям сахт, вале худи пойҳоям сусту беҳол мегаштанд. Ҳарчанд мо ҳама бозӣ мекардем, ҳисси ман ин буд, ки ману Меҳрӣ бачаҳои хурдсолро фиреб мекардем ва дар асл машғулу саргарми ҳамдигар будем.

Падари Меҳрӣ, устоди донишгоҳ, хеши дури падарам ва модари Меҳрӣ — Маҳинбону — хоҳари падарам, аз бозиҳои мо ба шавқ меомаданд. Ман дертар аз модарам шунидам, ки онҳо ба ману Меҳрӣ бо ҳавас менигаристаанд ва ҳар дам ба падарам ишора мекардаанд, ки кош, Меҳрӣ шавҳари бегона накунад. Ин ишораҳо хеле рӯшан буданд ва шабе модарам бо падарам машварат кардаанд, ки зуду бановақт бошад ҳам, масъаларо ошкоро дар миён бигузоранд ва ба қавле моро “домандаррон”-и ҳамдигар номанд. Он шаб, ба гуфтаи модарам, ду тан то субҳ ояндабинӣ кардаанд, орзуҳо парвардаанд ва фол задаанд, ки оё ман ба Лондон мекӯчам ва ё Меҳрӣ ба ватани аҷдодӣ бармегардад. Онҳо аз ин шодӣ мекарданд, ки хонаводаи Меҳрибону сарватманд мебошад ва ману Меҳрӣ дар нуқтае ба ҳам пайванд мегирем, ки донишу биниши фарохи Меҳрӣ якҷо бо пешадории ниёии ман оилаи хуберо ба вуҷуд хоҳад овард ва авлодро нерӯмандтар хоҳад сохт. Онҳо ба қароре омадаанд, ки бояд шитоб кунанд, зеро то поёни сафари таътилии Меҳрӣ ҳамагӣ ду рӯзи дигар монда буд.

…Он сапедадам аз ғавғои баланди гуҷишкҳо бедор шудам. Аввал рафта, аз чашма об овардам. Баъд хостам, ба паллаҳо боло равам ва бубинам, оё Меҳрӣ бедор шудааст ё не. Ин вақт буд, ки модарам оҳиста маро садо зад ва ҳамроҳаш ба пушти хона, зери хавозаи ангури ҳусайнӣ бурд.

Мо ҳарду рӯи харак нишастем, модарам бо лабханд ба ман нигарист ва дасташро ба китфам гузошта гуфт:
— Бачаи ширинам, ману падарат ба як фикр омадем, ки як сол ё ду сол пас туву Меҳриро ҳамхона кунем. Падарат мехоҳад, фикри туро бидонад. Ҳа ё неи туро. Бубин, Меҳрӣ чӣ хубу нозанин ва меҳрубон аст…

Аз ин хабари ногаҳонӣ ман гӯё миёни танӯри пур аз гули оташ афтодам, ки сарпоям якбора аланга гирифт. Давоми суханони модарамро нашунидам ва ё фақат порчаҳое аз гуфтори ӯ ба гӯшам расид. Ларзидам, такон хӯрдам, надонистам, хурсанд шавам ё ғамгин, шодӣ кунам ё ваҷоҳати ҷиддӣ ба худ гирам.

Модарам ҳолати маро фаҳмид, ки кафи дасташро ба пешониям гузошт ва пасту оҳиста гуфт:
— Ноҷӯр нашав ва нагӯ, ки зуд аст. Ба дилат гӯш деҳ, ки чӣ мегӯяд.

Ман наметавонистам, ҳиссиёти худро дарк кунам. Дар ҳоле ки чашм аз замини пур аз барги ангур ва донаҳои зер по пахшшудаи он намебардоштам, ба хотири риояти одоб ва бо ибрат аз ончӣ ҷавонони аз ман калонтар дар чунин ҳолат ҷавоб додаанд, бо сари хам гуфтам, “Худатону падарам медонед, ман чӣ медонам.”

Модарам бо лаҳни пур аз навозиш гуфт:
— Як чизро фаҳм, ки фурсати зиёде дар миён нест. Ду рӯзи дигар мондааст. Бояд ризоияти дигарҳоро ҳам гирифт, бояд нақшаи ояндаро кашид ва корро сар кард…

Ғайриинтизори худам сар бардоштам ва ба модарам гуфтам: “Мешавад, ки фардо ҷавобашро бигӯям?”. Дар сари ман фикре пайдо шуд, ки барои як посухи саҳеҳ аввал бояд бо худи Меҳрӣ гап зад.

Модарам гӯё аз ҳарфи ман ҳамин рамузро гирифт, ки чизе нагуфт ва ин аломати ризоияти ӯ буд. Вай бо табассум сари жӯлидамӯйи маро сила кард, бархост ва рафт. Ҳама хубию сабзгунию зебоиҳо аз баргу навдаи ангур поин шуданду аз думболи ӯ рафтанд.

Он рӯз гунаҳои Меҳрӣ фавқулодда арғувонӣ буданд.
Он рӯз вай сари бод аз назди ман гузашт ва ба ман нигоҳ накард.
Он рӯз вай на ба қалъачаи кӯҳна рафт ва на ба лаби рӯдхона. Ҳатто дигар дар рӯйи ҳавлӣ ҳам намудор нашуд ва садои ҷарангдораш ба гӯш нарасид. Пеши панҷараи болохона нишаста буд ва ҳар бор ки ман бо баҳонае туи боғча мерафтам, то ӯро бубинам, зуд пинҳон мегашт. Гӯё рустшавакони мо дар шакли дигар ва бо қоидаҳои дигар давом мекард. Пушти ман ба ёди зарбаи муштчаи ӯ мехорид.

Он рӯз маро боз ба паси хона, зери хавозаи ангури ҳусайнӣ хонданд. Боз баргҳои пажмурдаи ангур ва донаҳои мисли болинаки ангушти занон дар зери по буданд. Онҳо пахш шуда буданд ва хуни сиёҳашон дар фарши санги ҳавлӣ нақш баста буд. Боз ҳамон хараке он ҷо буд, ки рӯйи чӯби қадимияш доғи донаҳои фишурдаи ангур сиёҳӣ мекард.

Ин бор холаам маро он ҷо бурд. Ҳарду рӯйи харак нишастем ва ӯ дафъатан ба танқиди духтарони шаҳрию шаҳргашта пардохт ва хоса устухонҳои онҳоеро хойид, ки ба Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Вай гап мезаду ман ба чашмонаш нигоҳ намекардам, зеро аз онҳо мерамидам ва нигоҳи маро дандонҳои зардаш пур мекарданд. Ман намехостам ба суханони ӯ гӯш диҳам, вале мехостам, мақсадашро дарёбам. Вай бо шитоб мегуфт:

— Уно ахлоқ надоранд. Дур аз дину диёнату масҷид калон шудаанд. Дар мобайни фаҳшу фасод. Фарзанди мӯъмину мусулмон набояд бо чунинҳо издивоҷ кунад. Имонаш месӯзад…

Холаам зоҳиран қазияро медонист. Вақте дид, ки ман ба чашмонаш наменигарам, лаҳзае хомӯш монд. Ман ба чашмони хокистаррангаш нигаристам. Вай як оҳи сард кашид ва ошкоро гуфт:

— Меҳриро нагир. Ту аз дунёи дигар ҳастӣ, вай аз дунёи дигар. Ин аммаат аз худо шарм намекунад, ки духтарашро дар шаҳрҳо гардонда, расво карда, баъд мебиёраду ба як тифли бегуноҳ якҷоя кардан мехоҳад. Магар кинои онҳоро намебинӣ, китобҳояшонро нахондаӣ? Ҳамаашон аз хурдӣ олудаи бадиҳоянд. Духтарашон ҳама “бойифаренд” ва писаронашон “гӯлафаренд” доранд. Валлоҳ, агар ягонтоаш бокира бошад. Хуб давр меронанду баъд ягон лаппаргӯшро таҳи каш мекунанд. Духтари аммаат ҳам аз ҳамунҳо…

Хостам, ба холаам бигӯям, ки … аммо чизе дар гулӯям дармонда буд ва овозам намебаромад. Ягона коре, ки метавонистам дар он лаҳза бикунам ва ҳам кардам, ин буд, ки башиддат бархостаму рафтам. Холаам боз чизе мегуфт, аммо гӯшҳои ман баста буданд. Лабони ҷумбанда, дандонҳои зард ва чашмони бемору дамидаашро медидам, лекин чизе намешунидам.

Мухолифати холаам на ин ки маро аз Меҳрӣ дилсард накард, балки ангезишам дод, ки ҳамон лаҳза модарамро ёбам ва ӯро танҳо карда, бигӯям, ки розиям, то Меҳрӣ зани ман шавад. Бале, “издивоҷ кунад” ё “ҳамсар шавад” не, балки “зани ман шавад, зан”.

Аз миёни боғча мегузаштам, ки пироҳани сабзи Меҳрии азизро дар байни гулҳои садбарг дидам. Наздаш рафтам. Ва мо на аз дарвоза, балки аз поёни боғча фирор кардаву то сари қалъача давидем.

Охирин рустшавакони мо саросар рамз буд. Ин на бозӣ, балки як рақси бесадо буд, ки маросими хурофотии мазҳабиёни хосро мемонд. Вай ба ман фурсат медод, руст шавам, аммо ман намехостам, он гуна пинҳон гардам, ки вай маро зуд ёфта натавонад. Мо аз ҳам намегурехтем, балки ба сӯйи ҳамдигар майл мекардем, дар мадори ҳамдигар мечархидем ва наметавонистем, аз ҷозибаи якдигар раҳо гардем. Дертар, ман ин ҳолатро замоне ба ёд овардам, ки дар телевизион рақси ишқии турнаҳоро дидам. Гоҳе ин қадар ба ҳам наздик меомадем, ки фақат чашмони ҳамдигарро медидем. Ва якдигарро дар чашмони ҳамдигар.

Мижгонҳои махмалии ӯ ба ноз баста мешуданд. Чашмони маро пардае мепӯшонд. Мерамидем ва аз ҳам дур мешудем. Аз миёни буттаҳои ангат ба ӯ менигаристам ва медидам, ки пироҳани сабз ӯро дар марғзори саҳни қалъачаи фурӯрафта нопадид месозад. Тарс маро фаро мегирифт, ки дигар аз миёни ин сабзгунӣ чашмонаш ба сӯям наоянд. Наздик мерафтам ва дастонашро мегирифтам. Дастонаш тафсон буданду дастони маро месӯзонданд. Аммо ин сӯзиш ин қадар роҳатафзо ва оромкунанда буд.

Гӯё ҳамин ҳоло мебинам, ки вай кафи дастонашро аз оби чашма пур мекунад ва оби сардро ба рӯяш мепошад. Об аз рӯйи пӯсти нафису барфгуни ӯ мешорад ва аз гиребонаш поин меравад. Вай бо дастони тар сари дилашро нам мекунад. Ман фикр мекунам, вай месӯзад.

…Суръати мошин якбора паст мешавад ва ман аз таконе ба худ меоям. Мо ҳанӯз ба самти шаҳр дар ҳаракатем ва мошине бо суръати баланд роҳи Меҳриро бурида, пеш рафтаасту сабаби фишанги истро пахш кардани Меҳрӣ шудааст. Акнун мошин оҳистатар меравад, аммо вай боз ҳам ба ман наменигарад.

…Дурудароз ба ман менигарист ва чизе намегуфт. Ман ҳам наметавонистам, чизе бигӯям. Аммо ҳеҷ ҳарфе ба мо даркор набуд. Мо бесадо бо ҳам сухан мегуфтем.

Аз чашмаи ҳавлии қалъа об менӯшем. Боз ба ҳам менигарем. Садои Меҳрӣ мисли тарона ба гӯш мерасад:
— Чӣ оби ширин аст, оби ин ҷо. Агар одамон ин хел обро дар Лондон пайдо кунанд, шояд онро бо чашмонашон бинӯшанд. Шояд он гоҳ ғизояшон болаззаттар ва чояшон камширтар шавад.

Ман мегӯям:
— Ин ҳоло чизе нест. Ба дараи Шигарф равем, оби чашмаҳои он ҷоро бичаш. Якеашонро Чашмаи Амирӣ мегӯянд. Гӯё оби онро дар кӯзаҳои бузурги сафолӣ гирифта, ба шутурҳо бор карда, барои амири Бухоро мебурдаанд. Ҳеҷ каси дигар ҳақ надоштааст, аз он чашма об бинӯшад.

Меҳрӣ бо ин ки кафҳои худро ба ҳам оварда, аз оби зулолу дурахшон онро пур мекунад, мегӯяд:
— Барои инглисҳо ҳаминаш ҳам оби ҳаёт аст.

Ман мегӯям, ки ӯ ба бонувони тоблуҳои Рерих монанд аст, ҳарчанд гандумгун нест. Баъд аз он баҳс мекунем, ки ҳиндуҳо аз таъсири инглисҳо чӣ қадар тағйир карданд, аммо чаро инглисҳо аз ин ҳамзистӣ дигар нашуданд?

Чанд лаҳза дастонамонро андаруни оби сарду поки чашма ба рӯйи сангчаҳои рангоранги бистари он мегузорему ба сукути оби сеҳрангез ғарқ мешавем. Торҳои мӯйи ӯ ба ҷабини ман мерасанд ва ҷисмам аз ин расиш оташ мегирад. Баъд чашмони ӯ хаёлӣ мешаванд. Оҳ мекашад ва мегӯяд:
— Сегафредоро ёд кардам дар ҳамин вақт. Бо вуҷуди ҳамаи хушиҳои ин ҷо, варо мурданивор ёд кардам. Охир чӣ қадар вақт шуд. Кай бозмегашта бошам…

Ин тири заҳрогине буд ба ҷигари ман.
Пас, холаам рост мегуфтааст. Вай дар он ҷо, дар он кишвари бегона ёре дорад, беҳтар аз ман. Вагарна ҳар дафъа кӯшиш намекард, ба камдонишии ман таъкид кунад. Ва ё дар шигифт намеомад, ки ман Рериху Модиляниро аз куҷо медонам. Пас вай номзади худро кайҳо ёфтааст. Чӣ гуфт холаам? Ҳо “бойфирендо” дорад, ки ҳамин ҳоло бо ин қадар сӯзу гудоз аз ӯ ном гирифт.

Дар пиндори ман дафъатан инглиси баландболои зарди чашмонаш кабуд, пӯсташ сафеду нозук мисли пӯсти занони танноз, шиму пиҷаки оростаи гаронбаҳо ва шоҳпараке сари гулӯяш пайдо шуд. Рӯям оташ гирифт, як сӯзиши тунде аз ҳалқам поён рафт.

Меҳриро онгуна ки об ба рухсораҳояш мезаду донаҳои гӯё шишагини об ба лабони гулобию занахаш мешорид ва ӯ рӯ ба офтоб нигаҳ медошт, дар ҳамон сари чашма гузоштам ва то ҷон дар рамақ доштам, ба сӯи хонаамон давидам. Бод дар гӯшҳоям ҳуштаки ҷигарсӯз мекашид, ашк чашмонамро монанди тезоб месӯзонд, дилам қанотак мезад ва аз қафаси сина берун медамид, пойҳоям ба сангу хор мехӯрду дард намекард. Фақат насиме, ки ба рӯям мезад, мехост оромам кунад.

Модарамро дар таомхона ёфтам. Ҳарчанд хоҳаронам ва занони ҳамсоя он ҷо буданду ҳама ба пухтупаз машғул, бо овози баланд ба модарам гуфтам:
— Нест шавад, нест шавад! Намехоҳам! Ман ин духтарро намехоҳам. Ин як кори ношуданист! Вай одам дорад. Вай намехоҳад. Барад духтарашро!..

Модарам, ки дар сари суфра нишаста буд ва завола мегирифт, даст аз рӯйи корсони хамир набардошта, ба ман нигарист ва нигоҳаш пур аз ҳайрату даступохӯрдагӣ буд. Хоҳари калониям дар наздики танӯр, рафида дар даст шах шуд, дар ҳоле ки аз рӯйи рафидаи каҷрафта заволаи нонаш поён мехамид. Холаам дар сари оташдон буд ва гоҳ ба ману гоҳ ба модарам нигаҳҳои тез мепартофт.

Берун давидам ва ҳарчанд хаёлам, модарам аз думболам баромаду маро фарёд зад, наистода, ба пас нанигариста, ҷониби Ғори Морон давидам. Бигзор имшаб тӯъмаи морон шавам…

Он гуфтугӯи сари чашма охирин дидори ман бо Меҳрӣ буд. Ман ду шаби охирро дар ғор рӯз кардам ва замоне ба хона баргаштам, ки Меҳрӣ ва падару модараш рафта буданд. Маро хуб кофтаанд, вале касе фикр накардааст, ки ман ба Ғори Морон меравам.

Хонаи мо мотамсаро буд. Ман ин шикасти покию озодагиро дигар ҳаргиз фаромӯш карда натавонистам. Чанд моҳи аввал ҳар шаб Меҳриро дар хоб медидам ва ин дидор ҳам алами маро дучанд мекарду ҳам дардамро сабук. Вале алам бештар буд ва фиғон мекашидам, ки ҳатто шабҳо аз дасти ӯ оромӣ надорам. Рӯзона ҳама чизи атрофам ӯро ба ёди ман меовард. Ман дигар сари қалъачаи кӯҳна ва чашма намерафтам ва дигар наметавонистам ба панҷараи болохона нигоҳ кунам ва ҳатто ба болохона бароям. Баъдҳо андак-андак дилам аз ёдҳо тоза шуд. Мисли ин буд, ки симои ӯро аз дилам кандаву ба дур афканда будам. Аниқтараш диламро аз қафаси сина канда будам ва дигар ба ҳеҷ чиз эътибор намедодам. Дил нест, эҳсосот ҳам нест…

— Расидем. Ин меҳмонхонаи туст. – Садои Меҳрӣ аз дури дуриҳо ба гӯшам омад. Дақиқтараш мисли раъде буд, ки аз кадом гӯшаи дури осмон мунфаҷир шуда, бо зерубамҳо ба самти кас меояд ва бо худ ваҳму ҳаросу ваҳшат меорад.

Вай мошинро боздошта буд ва ба ман нигоҳ намекард. Ногаҳон ба ёдам расид, ки вай барои ман дар меҳмонхона ҷой гирифтааст. Вожаҳое аз ҳиссиёти пойдору нопойдор, бешазори сиёҳи беохир ва монанди инҳо дар зеҳнам гирд гаштанд.

Ман дарро боз кардам. Сукути сангину дилтангкунанда мисли лойқаи ғализи ботлоқ аз дари бози мошин ба берун рехт.

Ҷомадони хурдакаки худро, ки бо мағзу донакшӯрак ва китобҳои фарсудаи дарунаш ба чашмам бисёр ғарибона намудор шуд, аз бордони мошин гирифтам.

Меҳрӣ ба наздам омад ва дар дурахши чароғҳои рангоранги хиёбони Лондон дидам, ки чашмонаш пуробанд. Ё шояд ба назари ман ҳамин гуна пайдо шуд.

Мо вориди долони рӯшану гарми меҳмонсаро шудем. Нав аз дари чархгардони шишагӣ даромада будем, ки ман беихтиёр ҷомадончаамро рӯйи фарш ҳаво додам. Қулфаки зангзадааш шикаст ва ё боз шуд, ки либосу қоғаз, китобҳову пиставу мағзу донакшӯрак дар рӯйи қолини алвон ва фарши мармарӣ ба ҳар сӯ пош хӯрданд.

Меҳрӣ ҳайратзада ба ман нигарист. Аз китфонаш гирифтам ва бо фиғону алам пурсидам:
— Пас ту хушбахт шудӣ?! Ба муродат расидӣ?! Сегафредои зард чӣ тур аст? Ба сафар рафта?! Ёдаш намекунӣ акнун? Натавонистӣ, миёни ману вай интихоб кунӣ? Албатта, ман кӣ будам ва ё чӣ будам дар баробари вай. Ту фақат шикастани дилро медонӣ. Ман интизори паёмат будам, ки агар паёме ҳаст, умеде ҳаст. Аммо туро дилат ба Сегафредо об шуда буд…

Лаҳзае чашмони нозанини вай пур аз шигифтии кӯдакона шуданд. Дар ҳоле ки паёпай мижгон ба ҳам мезад, гуфт:
— К…к…кадом Сегафредо? Ту чиҳо мегӯӣ?
— Оне ки гуфтӣ мурданивор дӯсташ медорӣ. Гуфтӣ, кай бошад, ба наздаш баргардӣ.

Чашмҳои олуӣ ва дурахшдори ӯ саршор аз тааҷҷуб ва тарс буданд. Ман дар онҳо маҷрои фикри ӯро медидам. Ногаҳон ин ифода нопадид гашт. Меҳрӣ дастҳои маро аз китфҳояш дур кард ва қаҳ-қоҳ хандид. Айнан мисли ҳафт сол пеш дар ҳавлии қалъачаи кӯҳна. Бо овози баланд хандид. Аҷаб хандае. Ҳайрат, тарс, дард, ашк ва ҳамзамон – ханда.

Дар ҳоле ки пешхидматҳои меҳмонсаро омада буданду бору колои парешони маро аз рӯйи фарши мармарии меҳмонхона меғундоштанд, Меҳрӣ миёни хандаи гиряолуд гуфт:
— Гӯл, Сегафредое, ки мегӯӣ, номи қаҳва аст. Номи шавҳари ман – Камол… Камолиддин.

Чашмам ба лавҳае афтод, ки дар пушти сари аз ханда таконхӯрандаи Меҳрӣ рӯшанӣ мекард: Segafredo!..

Бристол, ИМА,
сентябри 2000

10.02.2010 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Ҳикоя | ,

15 Comments »

  1. Дастатон дардро набинад, хеле кайф кардам аз хондани ин достон. Муддатхо буд чизе ин гуна зебову дилнишин нахонда будам. Охир ин бехтарин сценария барои филм аст, ман хайронам чаро бачахои “Точикфилм” ба думболи хар гуна чизхои камтаъсир мераванд. Ин достонро мешавад ба бехтарин филм, ки хамзамон суннату оини точиконро хам нишон дихад табдил дод. Бароятон муваффакиятхои бузурги эчодй орзумандам. Чи хуб буд агар навиштахои дигари худро хам пешниход мекардед, зеро китоби шумо ба мо дастрасй нашудааст.

    Comment by Rustam | 11.02.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз лутфи Шумо, Рустами азиз. Худо кунад, ба чашми коргардонону кордорон бирасад.

      Comment by aioubzod | 12.02.2010 | Reply

  2. Дастатон дард накунад, достони хеле чолиб.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 11.02.2010 | Reply

    • Зинда бошед, дусти меҳрубон.

      Comment by aioubzod | 12.02.2010 | Reply

  3. Салом. Рости гап, ман баъди хондани ин достон аз Шумо – Акои Салим – ба хашм меоям, ки чи гуна Шумо чунин табъи Худододро бугиву бисмил кардаед. Манзурам ин ки бояд ба чунин мавзухо бештар даст мезадед. Ё шояд хасту мо бехабар мондем? Бисёр ширин ва гуворо аст.
    Аслан мо хама фиребхурдаи гуруру номуси чавонихои худ хастем. Гох амдан ва гох касдан имконти зиёдеро вопас мегузорему баъд таассуф мехурем. Такдири ин чавон низ ба хамин монанд аст. Уро гурури кунд нагузоштааст, ки хакикатро бибураду биёбад. Ман фикр мекунам, ки ин кундии гуруру номус танхо хоси мо мардуми Осиёи Миёна аст, ки дар асари он гохо гунгу нобино мешавем.

    Comment by Шоди | 11.02.2010 | Reply

    • Чун хамеша, Шодии азиз ба ҳама чиз биниши худро дорад ва дарку дониши хешро бар он меафзояд. Пештар навишта будам, ки ин як достон-ҳазл ё достон-шухист. Аммо “ғурури кунд”, ки Шоди аз ин навишта кашф кардааст, вокеан барои худам низ ҷолиб аст. Зинда бошед ва шодкому сарбаланд.

      Comment by aioubzod | 12.02.2010 | Reply

  4. Бо ичозати Шумо, ин достонро дар пойгоҳи хеш чой бидиҳам.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 12.02.2010 | Reply

    • Бале, Сайидюнуси фарзона, ончй нашр шуд, ҳама моли ҳамаи мост ва иҷоза пурсидан нашояд. Комёб бошед.

      Comment by aioubzod | 12.02.2010 | Reply

  5. Бо дуруд!
    Бисёр достони чолиб будааст. Аз хонданаш хело лаззат бурдам ба истилохи дигар гуям, “кайф кардум”!!! Чаноби Аюбзод ба фикрам бойгони шумо аз ин намуд достонхову киссахо пур аст?
    Гох-гохе аз чунин достонхову киссахои дилнишинатон низ нависед. Навиштахои шумо дар хар мавзуъе, ки набошанд, хастакунанда нестанд, хамеша кобили кабули мебошанд!!!
    ХУДО ХОФИЗ!

    Comment by Patriot | 12.02.2010 | Reply

    • Пур ку нест, аммо ягон-ягон хаст, Патриоти азиз. Гохе кас мехохад аз дарду доги замона фориг шавад ва дунёи зебову чавони афсонавй фуру афтад. Дар хамон лахзахо чунин чизакое ба дунё меояд.

      Худо ёри Шумо ва сипос аз дилдориатон.

      Comment by aioubzod | 15.02.2010 | Reply

  6. Паёму дуруди пурмехри маро пазиро бошед, чаноби Аюбзод! Рости, пас аз мутолиаи ба кавли худи Шумо “достон-хазл”, хеле хушхол гаштам! Зинда бошед! Бошад, ки мисли Шумо забардастону сохибкаламон зиёдтар гарданд ва асару достон, хикояхои пурмазмунро биофаранд бахри хонандагони хеш. Мурги илхоматон хамеша баландпарвоз бошад! Боки, Худо нигахбонатон.

    Comment by Мехрангез | 15.02.2010 | Reply

    • Дуруд бар Мехрангези мехрубон. Шодам, агар як сонияе Щуморо хушхол карда бошам. На зарабдастам ва не сохибкалам, хастам хамту мехмони дурузаи ин чахони гохе берахм ва гохе пурмехр. Сипосгузорам аз дуохои некатон.

      Comment by aioubzod | 15.02.2010 | Reply

  7. As-salomu alaikum akai Salimjon,

    Qisai xelo jolib va halovat baxsh. Az xondanash xelo lazat byrdam. Dastaton dardro nabinad ki bon in qisayat andake boshad dili moro shod namyded. Ajibtar dar qisa in tashbehotash hast ki xelo joliband.

    Comment by Muhammadruzi | 16.02.2010 | Reply

  8. Ин киссаи чолибро, ки ман хануз соли 2001 хонда будам, ин хафта нашрияи Боргохи сухан дар ду сахифаи рузнома чоп кардааст.

    Comment by Ka Yoo Mars | 19.02.2010 | Reply

  9. Солхое пеш ин достонро хонда будам, дар хамон замон диламро такон дода буд, зеро баъзе аз лахзахояш гуё аз варакхои сарнавишти ман бошад. Хотиротамро пас аз мутолиаи он дубора зинда кардед, чаноби Салим. Ин гуна бояд хикоя,кисса, роман навишт. Ин хикояи Шумо дар чаридаи адабиёти точик сабт хохад шуд.

    Comment by Умриддин | 23.02.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: