Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тоҳири Абдуҷаббор: “Муште аз ин тарафу муште аз он тараф, барои мансаб…”

Имрӯз, вақте ҳама хурду калон “Роғун – ояндаи мо!” мегӯянд, бархе фаромӯш мекунанд ва бархи дигар шояд намедонанд, ки шодравон Тоҳири Абдуҷаббор аввалин касе буд, ки ин маъниро бо сароҳати тамом ба миён гузошта, мегуфт, “баҳрабардории муассир аз манобеъи энержии кишвар гарави аслии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.” Инро касе мегуфт, ки маънии вожаи “истиқлолият”-ро бо тамоми ҳастияш дарк мекард.

Шигифтовар аст, ки таърих боз ба ӯ бармегардад ва ҳамонгуна ки ҳанӯз соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистонро навишта буду вакилони мардум дар Шӯрои Олӣ онро напазируфта буданд, даҳсолае пеш вай аз Роғун мегуфту гӯё касе намешунид. Вақте зинда буд, ӯро ба Иди Истиқлолият даъват намекарданд. Онҳое, ки эъломияи ӯро ба боди тамасхур гирифта буданд, меҳмонони болонишини Иди Истиқлолиятанд. Оё дар Иди Роғун аз ӯ ёд мекарда бошанд? Оё рӯзу рӯзгоре ҷойгоҳи ҳақиқии ӯ дар таърихи Тоҷикистон одилона муқаррар мешуда бошад?

Вай мурдаасту душманонаш ҳанӯз ҳам бо ӯ дар ҷанганд. Сулҳ ва иқрор кай дармерасида бошад?

Ин андешаҳо дар ҳоле маро ба гирдоби ғам мекашанд, ки садои ботамкинашро мешунавам ва суханонашро ҳарф ба ҳарф рӯи сафҳа меорам.

Дар тӯдаи наворҳои кӯҳнаи бойгониям, пас аз кофтуковҳои зиёд, ниҳоят ин наворро пайдо кардам. Забти мусоҳибаеро, ки 20-уми июни соли 1994 дар меҳмонсарои Ниёварони Эрон ӯ ба ман дода буд ва ҳамон ҳафта ин сӯҳбат дар Радиои Озоодӣ пахш шуда буд. Афсӯс, он вақт радио сомонаи интернетӣ надошт ва на матну на садои ин мусоҳиба ба дӯстони хонанда ва шунаванда дастрас нест. Чанд рӯз ин наворро меҷустам, то ин нуқсро ислоҳ кунам ва бо ҳам бозу боз аз Тоҳири Абдуҷаббор ёд кунем.

МАТНИ МУСОҲИБА

Салими Аюбзод: Номи Тоҳири Абдуҷаббор, вакили мардумии Тоҷикистон, раиси ҷумбиши мардумии “Растохез” ба ағлаби шумо ошност. Ин вакили мардумӣ дар иҷлосияҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон умдатарин масоилро ба миён мегузошт ва роҳи ҳалли ин масоилро низ пешниҳод мекард ва бо ин на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос пайдо намуд, балки дар бедорӣ ва худогоҳии ин мардум саҳми босазое гузоштааст.

Панҷ сол қабл аз ин бо кӯшиши Тоҳири Абдуҷаббор ва дӯстони ӯ дар шаҳри Душанбе, дар таърихи 14 сентябри 1989 созмони мардумии Растохез таъсис ёфта буд. Мо дар арафаи ҷашни панҷумин солгарди таъсиси ин ҷумбиши мардумӣ бо вакили мардумии Тоҷикистон Тоҳири Абдуҷаббор рӯ ба рӯ нишастаем. Ман аз эшон суол мекунам:

Аз таъсиси ҷумбиши мардумии “Растохез” панҷ сол гузашт. Панҷ сол, албатта, дар назди таърих муддати мадиде нест, аммо дар матни рӯйдодҳои ҳадди ақал ду соли охири Тоҷикистон метавон гуфт, ки ҳарфҳои гуфтанӣ дар мавриди созмони мардумии “Растохез” зиёданд. Мехостам дар ин рӯз аз Шумо бипурсам, ки ин панҷ соли мавҷудияти “Растохез”-ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва ба фаъолияти созмон тайи ин муддат чӣ баҳо медиҳед?

Тоҳири Абдуҷаббор: Панҷ соли гузаштаро барои созмони мардумии “Растохез”-и Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ барои равшанфикрони тоҷик ва мардуми Тоҷикстон наметавон бо чанд сухан ва ё бо чанд ҷумла зикр кард. Як давраи хеле пурталотум, хеле печида буд ва намешуд, ки ин давраро танҳо бо як ранге ранг кард. Бурду бохтҳои зиёде буданд. Дастовардҳое буданд, бохтҳое буданд, пешравиҳое буданд, пасравиҳое буданд. Воқеан нимаи дувуми даҳаи ҳаштод ва авоили даҳаи навад дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, минҷумла дар Тоҷикистон, як давраи хосе буд, давраи хеле ҳассос ва сарнавиштсоз. Мутаассифона, дар маҷмӯъ мардуми Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон, равшанфикрони Тоҷикистон барои ворид шудан ба ин давра омода набуданд. Ва хеле чизҳое, ки ба назари ман, мумкин буд халқи тоҷик ба даст орад, вале он муяссар нашуд , иллаташ он аст, ки омодагӣ ба ин як давраи хеле ҳассос дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт.

Албатта, созмони мардумии “Растохез” аз ибтидо бо дарки як силсила масоили хеле муҳиме, ки дар назди ҷомеа дар ин давра истода буд, ба майдон омад ва ҳадафи худро, агар хеле мухтасар бигӯем, чунин дар пеши худ гузошт, ки мо бояд барои ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон талош биварзем ва ман фикр мекунам, ки ин як нуҳзати мардумие, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, тамоми халқҳои собиқ Шӯравӣ хос буданд, ҳамаи онҳо барои ин талош карданд ва имрӯз ҳам халқҳои собиқ Шӯравӣ, ҷумҳуриҳо дар ҳамин марҳила қарор доранд, яъне марҳилаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва эҷоди як давлати мустақили миллӣ. Дар тамоми ҷумҳуриҳо ин раванд мегузарад. Дар ҷое, албатта, бомуваффақияттар, дар ҷое дастовардҳои камтар ва мушкилоти бештар дида мешавад, вале дар Тоҷикистон ин мушкил хеле бештар ва болои он мушкилоте, ки мумкин буд аз он сарфи назар кард, изофа шуданд, биноан таърихи “Растохез”, таърихи фаъолиятҳои панҷсолаи “Растохез” — ин як таърихи пурпечутоб аст , вале “Растохез” аз ҳамон оғоз ҳадафи худро хеле равшан ва возеҳ дар пеш гузошта буд ва барои он бо шеваҳое, ки дар барномааш зикр шуда, барои он талош карда, ки муҳимтарин шеваи кораш шеваи фаъолиятҳои сиёсӣ ва қатъиян рад кардани ҳама гуна шеваҳои зӯриву зӯроварӣ буд. Бо ин роҳ рафта ва имрӯз ҳам сарфи назар аз мушкилоти зиёде, ки дар назди “Растохез” ва дар маҷмӯъ дар назди мардуми Тоҷикистон истодааст, ин созмон барои ноил шудан ба ҳадафи худ, муборизаи худро давом медиҳад.

Пурсиш: Устод Тоҳири Абдуҷаббор, оё аз ҷониби раёсати созмони мардумии “Растохез” ва ё фаъолони он дар рӯйдодҳои Тоҷикистон иштибоҳе сар задааст?

Посух: Албатта, ин як мавзӯъи хеле печидааст ва агар бигӯем, ки “Растохез” дар фаъолияти худ ба ҳеҷ гуна иштибоҳе муртакиб нашуда, ҳамчунон, фикр мекунам, дуруст нахоҳад буд. Дар маҷмӯъ ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон, қишри равшанфикри Тоҷикистон ва минҷумла созмони “Растохез” шинохти кофӣ дар муҳити ҷомеаи худ надошт. Албатта, мо медонистем, ки ҷомеаи мо барои хеле равандҳо ҳанӯз омода нест. Мардум, савияи маърифати сиёсии мардум хеле поин аст, аз дарки хеле масоил дур ҳастанд ва ин ҳам тасодуфӣ нест, чун сиёсати ҳафтодсола мардумро ба ин поя кашонида буд.

Вале дар тасаввури мо чунин буд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳар касе набошад, дарки ин як маънии олӣ ва муқаддасро дорад, ки истиқлолияти сиёсии як миллат болотар аз ҳама чиз аст. Сарфи назар аз он ки ӯ кӣ ҳаст, коммунист ҳаст, растохезӣ ҳаст, демократ ҳаст ё исломӣ ҳаст, ё касе ки набошад, аввал аз ҳама бояд инсон, аввал аз ҳама бояд фарзанди хоки худ Ватани худ бошад ва мо рӯи ин маъни бисёр такя мекардем, вақте ки созмонро ба масобаи як созмони мардумӣ ба вуҷуд овардем ва ҳадафҳои худро бар ҳамагон эълом кардем, чашм доштем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла коммунистони Тоҷикистон, онро дастгирӣ хоҳанд кард. Тамоми мардуми гуногунзабони Тоҷикистон, аз ҷумла мардуми русизабони Тоҷикистон ва узбекҳо аз он пуштибонӣ хоҳанд кард, ба хотири он ки ҳадафҳое, ки дар пеши “Растохез” истода буд барои манфиати тамоми мардуми Тоҷикистон, тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон буд.

Мутаассифона, мо ки фикр мекардем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон аввал аз ҳама сокини Тоҷикистон ҳастанд, аввал аз ҳама гражданини Тоҷикистон ҳастанд, баъд аз он як кас метавонад коммунист бошад, як кас бепартиявӣ бошад, як каси дигар узви ягон созмон ё ҳизби дигар бошад мо, дар ин андеша будем, мутаассифона, чунин набуд воқеият. Воқеият бар он буд, ки мардум ҳатто мансубияти худро ба ин ё он маҳал болотар мегузоштанд аз мансубияти худ ба миллати тоҷик. Ва ин ки баъдан созмонҳои зиёди маҳаллӣ ба вуҷуд омаданд, худ далели ин гуфтор аст.

Мутаассифона, дар миёни равшанфикрон, раёсати “Растохез” дарки ин маънӣ ба андозаи кофӣ вуҷуд надошт. Мо бар он будем, ки ин ҳадафҳои волоро ҳамагон дастгирӣ хоҳанд кард, ҳамагон аз он пуштибонӣ хоҳанд кард, ҳамон тавре ки дар ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ, дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, дар Украина, Белоруссия, дар Русия, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон ҳамин ҳолат буд, яъне ҳизби коммунисти онҷо, ки сари қудрат буданд, барои истиқлолияти худашон, барои озодии мардум, барои ҳифзи забону фарҳанги миллишон талошҳо карданд ва муваффақ ҳам шуданд, ба истиснои Тоҷикистон ва теъдоди зиёде аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки хеле дар ин ҷиҳат заиф буданд. Хушбахтона, дар мароҳили баъдӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, минҷумла дар Узбакистон, дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон раҳбарони инҳо ҳарчанд ки коммунистони собиқ ҳам буданд, вале барои ба даст овардани истиқлолияташон ва ҳифзи истиқлолияти миллишон корҳое карданд ва ман воқеан аз қадамҳое, ки дар ин ҷиҳат аз тарафи раиси давлати Туркманистон Ниёзов, аз тарафи Ислом Каримов ё Нурсултон Назарбоев, Оқоев бардошта шуданд, аз ин қадрдонӣ мекунам, воқеан ман фикр мекунам, ки онҳо дар ҳамин ҷиҳат хизмати шоистае дар ҳамин давра барои халқи худ карданд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон чунин чизе пеш наомад. Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон нишон дод, ки он аз дарки вазъи пешомада, аз дарки манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои олии халқи худ хеле дур аст ва дар Тоҷикистон, бадбахтона, дар ҳамин як шароти бисёр хосе, ки пеш омад, шароити ҳассос, ба ҷои он ки ҳам ҳукумат, ҳам тамоми мардум дар атрофи расидан ба як ҳадафи олӣ муттаҳид шаванд, низоъу нифоқ пеш омад ва як муште аз ин тарафу ва муште аз он тараф барои расидан ба қудрат, барои ҳукумат талош карданд, барои мансаб талош карданд.

Хуб, қаблан ки як ҳукумати марказии пурқудрат буд ва тамоми мансабҳову ҳукуматҳо аз тарафи он таъин мешуд, ашхосе дар ин ҷову дар он мақом таъин мекарданд, як назму низоме, ба истилоҳ, буд. Вақте ки ҳукумати марказӣ аз байн рафт, дар Тоҷикистон як қудрати мукаммале муттакӣ ба худ вуҷуд надошт, яъне заъфи ҳукумат вуҷуд дошт, як сустӣ, дар ҳамин гуна шароит боз ба болои ин талоши қудрат, ҷоҳу ҷалол илова шуд ва инҳо боиси ин гуна бадбахтӣ гардид.

Пурсиш: Имрӯзҳо чун ҳайати намояндагӣ аз оппозисюни тоҷик ва ҳайати режими Душанбе сари мизи музокира нишастаанд ва даври дувуми музокироти сулҳи Тоҷикистон ба итмом расид, беш аз ҳама истилоҳи “оппозисиюни муштарак” ё ин ки “муттаҳидини Наҳзати Исломии Тоҷикистон” мавриди сӯҳбат қарор меёбад. Оё созмони мардумии “Растохез” дар таркиби нерӯҳои оппозисюн шомил аст ва ё на?

Посух: Созмони “Растохез” бинобар шароити пешомада аввал аз ҳама ба масобаи аз созмоне, ки мехост бо тамоми нерӯҳои дар Тоҷикистон буда ҳамкорӣ кунад, ташкил шуд ва мукарраран, борҳо бо раҳбарони Тоҷикистон дар тамос буд, пешниҳоди ҳамкорӣ кард, вале, мутаассифона, раҳбарони Тоҷикистон бар зидди истиқлолияти Тоҷикистон, бар зидди забону фарҳанги миллати тоҷик амал карданд. Биноан, созмони “Растохез” минбаъд маҷбур шуд, ки гӯё дар оппозитсия ба ҳукумат қарор гирад, ё дурусттараш ба сиёсате, ки ҳукумат пешгирифта. Ва имрӯз ҳам, ки истиқлолияти Тоҷикистон муҳимтарин масъала барои “Растохез” аст, муҳимтарин ҳадафаш аст ва ҳукуматҳои мавҷуда, режимҳои мавҷуда дар пайи ин чиз нестанд ва Тоҷикистон аз як истиқлолияти қоғазие, ки ба туфайли, яъне ба шарофати наҳзатҳои мардумию наҳзатҳои демократии дигар халқҳо, озодихоҳии дигар халқҳо дар ин як шароити хос ба даст оварда буд, ҳатто аз ин дорад маҳрум мешавад. Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар садади таҳким ва мустаҳкам кардани истиқлолияти давлати Тоҷикистон нест, дар садади ҳифзи манофеъ ва ҳуқуқҳои мардуми худ нест.

Аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастаи сиёсии имрӯз, ҳатто дар собиқ Шӯравӣ, хелеҳо борҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон имрӯз ба як протекторат табдил шудааст, проректорати Русия, яъне бубинед, ки як истиқлолияти ба ном дар рӯи қоғаз буда ҳам, ҳаминам дорад аз байн меравад, дорад аз даст меравад. Ва “Растохез” ҳеҷ гоҳ наметавонад, ба ин чиз розӣ бошад ва ё мувофиқ бошад. “Растохез” ҳамеша хилофи ҳамагуна низову нифоқ буд ва ҳаст. “Растохез” ҳамеша бар зидди ҳамагуна ҷабру зӯрӣ ва зуроварӣ буд ва ҳаст ва мо аз ҳамун оғоз борҳо ин чиза аз минбарҳои пасту баланд дар сӯҳбатҳои хусусӣ ва сӯҳбатҳо бо раҳбарони ҳукумат борҳо гуфта будем, ки дар Тоҷикистон набояд ҷангу ҷидол ва ин хунрезӣ ба вуҷуд биёяд ва идома ёбад ва аз ҳукуматдорон борҳо, гаштаву баргашта талаб кардем будем, ки онҳо, вазифаашон аст, ва ба ин ҷангу хунрезию бародаркушӣ хотима гузоранд. Мо яқини комил дорем, ки ҷангу хунрезӣ ва бародаркушӣ дар Тоҷикистон ин танҳо ва танҳо бар зарари халқи тоҷик аст. Фарқ намекунад, кӣ кушта мешавад дар Тоҷикистон, хуни касе нарезад, хуни халқи тоҷик аст ва ҳар чӣ қадар ин даргириҳо идома агар ёбад ба ҳамон андоза иқтисоди Тоҷикистон харобтар мешавад, хуни бештари мардум рехта мешавад ва Тоҷикистон ба тобеияту ба зорию ба вазъи бадтари иқтисодию сиёсию иҷтимоӣ гирифтор мешавад. Ва ин танҳо бар зарари халқи тоҷик аст ва бар хилофи манфиатҳои олии миллии халқи тоҷик аст, яъне ҳатто дар ин гуна шароит истиқлолияти Тоҷикистон, ҳамон истиқлолияти қоғазие, ки ба ном ҳасту худаш ҳам вуҷуд надорад, ҳамин ҳам аз даст мумкин аст биравад. Гузашта аз ин хатари порча-порча шудани Тоҷикистон ҳамчунон дар миён вуҷуд дорад.

Биноан, мо гаштаву баргашта ин чизро аз соли 91-у 92 такрор кардем ва то имрӯз ман борҳо ин чиза гуфтам, ки дар Тоҷикистон бояд ба ин ҷангу хунрезӣ нуқта гузошта шавад, билофосила, ҳатман! Ва танҳо роҳи ҳалли ин масъала бояд роҳи сиёсӣ бошад, билоохира онҳое, ки дар сари қудрат ҳастанд ва онҳое, ки нестанд ё дар канор ҳастанд, ҳар як фарде, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва ҳар як фарзанди тоҷик, ки имрӯз берун аз Тоҷикистон воқеъ дорад, бояд дарк бикунанд, ки ин ҷангу ҷидол ба нафъи кӣ ҳаст.

Ин ҷангу ҷидол ҳеҷ гоҳ ба нафъи халқи тоҷик набуда ва намебошад. Биноан, мо мавқеи муайяни худа дорем дар ин маврид ва инро борҳо эълом доштаем, ки мо хилофи он нерӯҳое ҳастем, ки имрӯз алайҳи истиқлолияти Тоҷикистон кор мекунанд ва биноан, дар оппозисия ҳастем ба он, дар ҷумлаи мухолиф.

Пурсиш: Ташаккур. Шумо хеле хуб вазъи имрӯзаи Ватани моро тафсир кардед, пас, роҳи наҷот чист?

Посух: Танҳо роҳи наҷот ин сулҳу субот дар Тоҷикистон аст. Набояд ин бадбахтӣ пеш меомад ва ин бадбахтӣ дар Тоҷикистон метавонист, суръат ҳам нагирад, агар мудохилаи нирӯҳои дигаре намебуданд.

Ва имрӯз ҳар касе ки ақли солим дорад, бояд дарк бикунад, ки танҳо, ягона роҳи наҷоти Тоҷикистон ин сулҳу субот, оромӣ ва ба хонаҳои худ баргаштани тамоми мардуме, ки аз Тоҷикистон берун рафтаанд ва таъмин кардани амнияти ому томи онҳо аст. Ва ягона роҳи дурусти расидан ба ин ҳадаф танҳо роҳи музокирати сиёсӣ аст.

Пурсиш: Шумо аз музокироте, ки идома доранд чӣ умедворӣ доред?

Посух: Ба ҳар сурат, ман ба ақли солим боварӣ дорам. Ман фикр мекунам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ҳам умедашон ба он аст, ки ҳамин музокирот натиҷаи мусбат ба бор меорад, билохира намояндагони тарафайн ба як созиш мерасанд, муросо мекунанд ва ба хотири ояндаи Тоҷикистон, ба хотири манофеи олии ин мардум, яъне мардуми ин сарзамин, роҳи муросо ва роҳи сулҳу оштиро пеш мегиранд ва аз ин музокирот ман ҳам ҳамин натиҷаро интизор ҳастам. Ва аз тамоми онҳое, ки дар ин музокирот ширкат мекунанд, хоҳиши ман ҳаам ҳамин аст, ки аз ҳисси кинаву интиқому аз ин чизҳо ба хотири ояндаи Тоҷикистон даст бикашанд ва танҳо роҳи сулҳу суботро пеш бигиранд.

————————————

Дар ҷустори оянда навори аудиои ин мусоҳибаро нашр хоҳам кард.

25.02.2010 - Posted by | Сарнавишт, Таърих, Тоҷикистон, Худшиносй |

3 Comments »

  1. Chi khub ki in musohibaro paydo karded, askoi Salom! Tashakkur az zahmatho va az peshkashi in boygonii purarzish!
    vaqte az ustod Tohir yod mekunam in surudro yod mekunam..

    salomat boshed!

    Comment by muborak | 26.02.2010 | Reply

  2. Аз ибтидо мо халқи мурдапарвару зиндабезор будем. Мутаассифона имрӯз ин дарди бедаво даҳчанд шудааст. Ҳайф…

    Comment by Набиюллоҳи Суннатӣ | 27.02.2010 | Reply

  3. Точик андар ватани хеш чаро муттахам аст?!
    Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам?

    Comment by Shahlo Mahmudzoda | 03.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: