Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Наврӯз ҷаҳоншумул шуд

Ҳоло, ки Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфт, Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Ва набояд дар ин роҳ аз эҳтимоли дарҳам-барҳамӣ дар гоҳшуморӣ ва ноҳамгунии он бо солшумории дигарон нигарон буд. Бавижа ки дастикам дар як кишвар Наврӯз расман сари сол аст. Ва нашояд масъаларо сиёсӣ ё мазҳабӣ кард. Асли матлаб хештаншиносист ва ҳамоҳангӣ бо табиатест, ки Худо офаридааст.

Чаро бояд пойбанди соли наве монд, ки дар он на чизе ба поён мерасаду на чизе оғоз меёбад, дар ҳоле ки соли нави форсиён табиитарин аст ва дар фарҷоми як давраву шурӯи давраи дигар фаро мерасад. Магар мо ба касе қавл додаем, ки умрбод соли нави онро аз они худ хоҳем шумурд? Магар маҷбурем?

АГАР СОЛИ НАВ ЯНВАР АСТ, НАВРӮЗ ЧИСТ?

Охир халқҳои зиёде ҳастанд, ки соли навашон 1-уми январ сар намешвад ва ин ҳол барояшон ягон бадбахтие наовардааст.

Барои намуна, соли нави Чин 14-уми феврал фаро расида буд ва таҷлили он дар бархе аз манотиқи он то 1-уми март идома ёфт.

Соли нави сикхҳои Панҷоб дар Покистон 13-уми апрел фаро мерасад. Дар Ҳабашистон соли нав 11-уми сентябр оғоз меёбад. Вашнавҳои Банғолистони Ҳинд 28-уми феврал соли навро ба ҳамдигар табрик гуфтанд. Муҳимтар аз ҳама, соли нав дар Эрон имсол аз 20-уми март сар мешавад.

Зимнан дар ҳар кишвар метавонад, ду ё зиёда аз он солшумориҳо мақоми расмӣ дошта бошанд ва ин ҳол ҳеҷ мушкиле пеш намеорад, аммо эҳёи солшумории ниёгон ва дар паҳлуи он шояд солшумории мардумӣ ва мазҳабӣ мӯҷиби қаноату ифтихори ҳамаи ақшори ҷомеа мешавад.

Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки қарори Созмони Милал, дареғо, ташаббуси мо набуд, нахустин шуда, ба солшумории миллии наврӯзии хеш баргаштани мо ҳаққи таърихии моро ба он бештар ва маҳкамтар мекунад.

БАРХӮРДҲОИ ДУГОНА БА НАВРӮЗ

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 23-юми феврали соли 2010 бо қабули қатъномае 21-уми мартро Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эълон кард ва ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милал хост, ба интишори ин иди қадимӣ мусоидат кунанд.

Қатъномаи пешниҳодиро ҳайати Озарбойҷон дар ҳаммуаллифӣ бо Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Албания, Мақдуния ва Ҳиндустон муаррифӣ кард. Қатънома бо ҳамовозии тамом пазируфта шуд. Ин ҳақиқат ҳам тазаккур ёфт, ки асли баромади Наврӯз форсӣ буда, маънии калима дар тарҷума аз форсӣ “Рӯзи нав” мебошад.

Бо вуҷуди як пешдоварие ба фарҳанги эрониасл дар сатҳи ҷаҳонӣ, тарҳи марбут ба Наврӯз бидуни камтарин мушкиле мавриди пазироии аҳли ҷаҳон қарор гирифт.

Аммо дар бархе аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла Ислам.ру ин хабар вокуниши нек ба думбол надоштааст. Муаллифи беном бо ишора ба ҳадисе, ки саҳеҳ будани он зери суол аст, иброз медорад, ки Наврӯз ба мусулмонон бегона аст ва “онҳо бояд аз тақлид ба бегонагон парҳез кунанд ва фарзандони худро низ аз оинҳои маҷусӣ ҳифз намоянд.”

Торнамои Кавказсентр.ком Наврӯзро “як оини касифи шайтонӣ” номида, менависад, бар пояи шариати исломӣ ҷашн гирифтани Наврӯз ба мусулмонон ҳаром аст. Ҳанӯз чанде пеш аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар Бошқирдистони Русия китобе бо номи «Праздник Навруз и исламская доктрина» ба нашр расид, ки дар он фақеҳе бо номи Абдуллоҳ Ализода низ ин идро ба мусулмонон ҳаром номидааст ва таҷлили онро барои мусулмонони Русия қатъиян манъ кардааст.

Ба ақидаи донишмандоне, ки дар таърихи Наврӯз пажӯҳидаанд, дарвоқеъ он бо оинҳои зардуштӣ пайванди устувор дорад. Аз ҷумла оташ гирондан, бо орзуи “сӯхтани гуноҳҳои соли рафта” аз болои гулхан ҷаҳидан ва оинҳое шабеҳи ин, ба эҳтимоли зиёд аз давроне ба Наврӯз шомил шудаанд, зардуштия дини расмии ақвоми эрониасл будааст.

Аммо бархе аз пажӯҳишгарон мегӯянд, решаҳои Наврӯз ба Сумер(Шумер)-и қадим бармегардад ва ба худои офтоб – Мардук бахшида шудааст. Дар бораи базмҳои пуршӯри ин ид аз тахтачаҳои сафолии давраи Ашурбанипал (садаи 7 пеш аз милод) маълумоти муфассал ба даст омадааст.

Дар миёни баъзе ақвом ривояте мавҷуд аст, ки Наврӯз ба нахустин рӯзи баромадани офтоб рабт дорад. Бархи дигар онро ба рӯзи лангар андохтани киштии ҳазрати Нӯҳ дар кӯҳи Арарат пайванд медиҳанд. Ин рӯзро ҳамчунин то ҳанӯз дар ҷазираи Юкатани Амрикои Марказӣ, дар харобаҳои пойтахти тамаддуни Майя аз рӯи ҳаракати сояи пайкарае, ки дар қуллаи аҳроми Кукултан гузошта шудааст, ҷашн мегиранд.

НАВРӮЗ, МАЗҲАБ, ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГ

Иттилои зиёде ба он ишора мекунад, ки Наврӯзи имрӯзаи мо дар давраҳои қадимтарин як иди умумии аҳли башар будааст, махсусан онҳое, ки аввалин бор заминро кишт карданд ва офтобро мояи ҳосили киштзорони худ донистанд. Ин аст, ки шикастпораҳои шояд нахустин иди инсоният акнун дар расму оини бисёре аз халқҳои олам ба мушоҳида мерасад.

Ҳатто иди Масленитсаи русҳо, ки аслан насронӣ нест ва аз ҳазорон соли пеш аз масеҳият омадааст, шабоҳатҳое бо Наврӯз дорад, аз ҷумла ранг кардани тухми мурғ, обпошӣ ба ҳамдигар ва ғайра. Калисои насронӣ дар ибтидо солҳои зиёде бо Масленитса биҷангид, борҳо онро мамнӯъ эълон кард, вале пас аз дарки бенатиҷагии ин мубориза онро ба қатори идҳои мазҳабии хеш шомил кард.

Пас аз густариши ислом дар Эрон ва Осиёи Марказӣ, арабҳо бо Наврӯз мухолифат накарданд, аммо онро маъқул низ надонистанд. Дар бораи расман манъ шудании таҷлил аз Наврӯз аз тарафи бузургони ислом хабаре нест. Аммо гуфта мешавад, бархе аз одатҳои наврӯзӣ, ки ошкоро ба шариати исломӣ мухолифат доштаанд, тадриҷан аз байн рафтаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, шароб аз дастархони наврӯзии ақвоми эрониасл ихроҷ шуда, аз ин ҷо Ҳафт шин ба Ҳафт син табдил гаштааст.

Акнун дар ин дастархон – сабзӣ, сипанд, себ, санҷид, сиёҳдона, сир ва сирко мақоми асосӣ касб мекунанд. Ва гуногунии ҳафтмева дар дастархони наврӯзии манотиқи мухталиф низ шояд аз ин ҷо сарчашма мегирад.

Бо вуҷуди хабарҳои ин ки аз ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯз дар Тоҷикистон гарм истиқбол шудааст, чанд соли охир садоҳое шунида мешавад, ки набояд аз ин иди ба мусулмонон бегона таҷлил кард. Агар 5-7 сол пеш онҳое, ки чунин ақидаро баён мекарданд, ангуштшумор буданд, ҳоло теъдоди он хеле афзудааст.

Доноён ин ҳолатро ба густариш ва таҳким ёфтани донишҳои исломӣ дар ҷомеа бастагӣ медиҳанд. Бист соли охир давраи эҳёи ислом дар Тоҷикистон буд ва табъан чунин эҳё наметавонист бидуни тундравиҳои муайян ба вуқӯъ пайвандад.

Имсол низ бояд интизори инро дошт, ки садои махсусан ҷавонони исломгаро бар зидди иди Наврӯз баландтар хоҳад шуд. Аммо даргумон аст, ки чунин садоҳо битавонанд, тағйири муҳиме дар зеҳни ҷомеа ба вуҷуд оранд.

Посухи як мубоҳис мантиқӣ буд, ки мегуфт, “чаро бояд аз таърих ва фарҳанги миллии худ даст кашид ва он ҳам дар ҳоле ки бо чунин иддаоҳои пуч намешавад, исломи азизро ҳамчун дини сулҳу тафоҳум ва хираду ниёиш намудор кард.”

Ин муаллиф намуна оварда буд, ки ҳазорон сол аст, мисриҳо бо аҳромҳои Миср ҳамчун мероси бузурги таърихиву фарҳангии хеш мефахранд ва ба ёди касе намерасад, барои исботи мусулмонии худ онҳоро аз байн барад. Ҳатто бо вуҷуди хусумати қадимӣ ба фиръавнҳо…

27.02.2010 - Posted by | Табиат, Худшиносй, Эрон | ,

7 Comments »

  1. Сипоси фаровон барои иттилоъоти фаровон.

    Ва аммо баъд, як суол ва андешахое дар ин боб: Оё ба рости “қарори Созмони Милал, ташаббуси мо набуд”, оё ба рости “Қатъномаи пешниҳодиро ҳайати Озарбойҷон дар ҳаммуаллифӣ бо Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Албания, Мақдуния ва Ҳиндустон муаррифӣ кард?”

    Суолро боис ин аст, ки бино ба иттилоъи расонахои Точикистон ин пешниход аз суи намояндагии Точикистон дар Созмони Милал пешниход шуда ва кишвархои дигар аз он пуштибони кардаанд! Ва шабакахои телевизионии Точикистон чанд шаб аст, ки дар ин бора барномахо пахш мекунанд ва давлатмардону арбоби илму адаб бо ифтихор ин нуктаро ёдовар мешаванд! Пас боз хам дуруг гуфтаанд, боз хам ифтихори дуругинро ба хурди мардум медиханд! Афсус!

    Дар мавриди ин ки “исломиён” бо Навруз сари мухолифат доранд, харфи тоза нест. Вале ин андеша, ки “доноён ин ҳолатро ба густариш ва таҳким ёфтани донишҳои исломӣ дар ҷомеа бастагӣ медиҳанд”, чандон сахех нест. Донишхои амики исломи хеч мухолифате бо Навруз надорад, балки дониши сатхи, дониши ифротии ба ном “исломи” бо он мухолифат меварзад. Мантики чунин “исломихо” фаротар аз исломи будан аст, онхо мехоханд, мардумро “араб” кунанд. Онхо на танхо бо Навруз, онхо бо номхои точики, бо Фирдавсию “Шохнома”, бо харчи ки моро аз арабу турку хабаши тафовут мебахшад ва моро Мо кардааст, мухолифанд.

    Дар асл Навруз дини мазхаби нест, на зардуштист, на исломи, иди башари ва мардумист. Арабхо, ки дар ибтидо хостанд Наврузро манъ кунанд, ба ин далел буд, ки халкеро аз мазхабе ба мазхаби дигар гардонидан чуз бо тазъифи суннатхои милли ва бумии у гайриимкон аст, халке ки решахои амики фарханги ва мазхаби дорад, хар гуна чизи навро (хох идеологи бошад, хох фарханги ва хох санъати) хеле бо душвори мепазирад. Ин аст, ки чун мардуми эрони нихоятан исломро пазируфтанд (гохе бо зарби шамшер ва гохе ихтиёри) зарурати мубориза бо Навруз низ аз миён рафт ва дигар халифахои Аббосии араб худ Наврузро тачлил кардан гирифтанд.

    Бибинед, шоирони бузурги мо — Рудаки,Саъди, Мавлоно, Хофиз …. ки ба мусалмони комил буданашон хеч шакке нест Наврузро чигуна бо мехр ситудаанд…

    Пас хар ки бо Навруз мухолиф аст, точик нест ва низ хар точики зидди исломи низ точик нест. Точик мачмуъи эроният ва исломият аст ва агар яке аз инхо осеб бибинад, Точикият низ осеб мебинад!

    Comment by Кодири Рустам | 28.02.2010 | Reply

    • Устод Қодири Рустам.

      Ман кулоҳ ба осмон меафкандам, агар ин ташаббуси Тоҷикистон мебуд. Дареғо, ки дастикам бино бар хабарҳои расмии СММ, маҳз Озарбойҷон пешнависи қарорро таҳия ва пешниҳод кардааст. Аммо шояд акнун ин дигар муҳим ҳам нест, зеро соҳибони аслии Наврӯз мо, тоҷиконем.

      Ба солшумории расмӣ табдил додани он соҳиби аслй будани моро гувоҳ хоҳад шуд.

      Боқӣ ба ҳамаи андешаҳои Шумо ҳамнавоям ва худам ҳам гуфтаам, ки мухолифати хасмона ба Наврӯз аз дониши амиқи исломй на, балки аз тундравиҳои бехирадона аст.

      Сипосгузорам аз изофаҳое, ки Шумо раво дидед.

      Comment by aioubzod | 28.02.2010 | Reply

  2. Дуруд бар устод Аюбзод!
    Ҷашни ҷаҳонӣ эълом шудани Наврӯз бар Шумо ва хонандагони торнигоратон хуҷаста бод!
    Устоди арҷманд, аз Шумо ва ҳама дӯстдорони фарҳанги тоҷикӣ даъват мекунам номае таҳия ва аз Маҷлиси Тоҷикистон талаб кунем, ки Наврӯзро қонунан оғози солшумории расмии кишварамон эълом кунанд.
    Наврӯз ягона ҷашнест аз ҷашнҳои бостонии мо, ки бо ҳама давру замону ҳамагуна дину мазҳабу ҳукумату давлат созгор будааст. На Сикандару ҷонишинонаш, на халифаҳои Уммавиву Аббосӣ, на султонҳои турку хонҳо муғул ва на амирони манғиту подшоҳони русу раисҳои ҳизби камунист натавонистанд ин ҷашнро аз фарҳанги мо решакан кунанд. Зеро Наврӯз зодрӯз ва ё солрӯзи ҳиҷрати фиристодае аз паёмбарони Худо нест, балки ҷашни табиъиву худоии оғози соли нав аст, ки ба хости худи Худованд дар замину осмон бо баробар шудани шабу рӯз дар оғози баҳор фаро мерасад. Кадом ҷашне беҳтар аз Наврӯз офаридгории Худовандро барои ҷаҳониён намудор мекунад? Магар на дар баҳор аст, ки замину осмон ба хости Худованд аз хоб бедор мешаванд ва зиндагӣ аз нав оғоз мешавад?
    Мо ҳам хостори бедориву зиндагӣ ҳастем. Хоби гарони бистсола бас аст!

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 28.02.2010 | Reply

  3. Дуруд ба хамагон!
    Шахсан, камина мисли оне,ки чашни туи аруси ва ё ифтитохе ва ё муносибатеро тачлил гирифта, муборакбодию хурсанди мекунем,хаммонанд, иди Наврузро низ хамчун туйю хурсандие кабул дорам. Туй эхёи табиат. (Чунон эхёе, ки дар ягон мавриди замонии дигар рух намедихад. Ва на касе аз уламою хукамо бар ин амр мухолиф нестанд.Ва он макбули худиву бегона аст. Ва он нишоне барои дарёфту шинохти кудратхои Худои ягона аст.) Ва низ дар хеч чое хурсанд будан аз неъматхои илохие,(аз ин ки парвардигори боз моро то ба мавриди нави кишту хишт ва фаъолтар будан расонда аст) нахий нагаштааст.Ва низ хурсанд будан ва ё хурсанд шудан як навъи идроки атои худовандист, ва як навъ шукргузории худованди аст…
    Пас чаро аз он истикбол накунем?
    Дуруст, ки баъзе аз одоти зардушти дар он вучуд дорад.
    Алхамдулиллох, мо мусулмонем ва сохиби хирад.Ва хеч гох аз онхо пайрави нахохем кард.Асли мохияту мадхали Навруз на зардуштигарист, балки идроку шинохти яке аз кудратхои илохист.Ва имруз хам ду ва ё се хазор сол пеш нест, ки ба он монанд мо таклид кунем.Башарият хамеша дар холи ислоху тачаддуд хаст…
    Пас чаро, бо диду эхсосу идроку ниёзи исломи аз он истикбол накунем? Ба он тарике, ки ниёзи имонию исломии моро конеъ кунад. Ва низ аз ширку гумрохи ва ё мунхиёте бархазар бошем.??????7??…….
    Вокеъан, парвардигори хуш дорад,то хар рузашро мисли навруз истикбол намоем ва шукргузор бошем!!!

    Comment by Халифа | 02.03.2010 | Reply

  4. THANKS YOU VERY MUCH
    my dear I will be glad that we (from IRAN )can read your beautiful poems.unfortunaltly because the different writhing between us,this positive relationship are closed.so we need to use identical writing style for understanding our perception.dont forget that we are from one great civilization which are seperated due to powefull counteries such as russ.so we should keep our ancient culter.I request you enhance your cultral orientation.dont let weaken the proud culter which arose them the great scientists such az bo ali sina,kharazmi,bironi and farabi
    we like to communicate you closley
    be sucsessful

    Comment by samani lover | 18.03.2010 | Reply

  5. http://WWW.GREAT.AZ – Величественный Азербайджан
    Интересные события из мира знаменитостей, кино, музыки, моды и спорта;http://great.az/index.php?do=cat&category=poleznoe-chtivo
    актуальные новости технологий и архитектуры, дизайна и рекламы http://great.az/index.php?do=cat&category=mir-tehnologii
    Статьи развлекательного характера об известных людях (избранные материалы)http://great.az/index.php?do=cat&category=shou-biznes
    Анекдоты, приколы, игры, мультфильмы, видео и др. развлечения. http://great.az/index.php?do=cat&category=jumor

    Comment by great.az | 09.09.2010 | Reply

  6. Биё, эй булбули ш=рида, бо пайщоми навр=зц,
    Ба б=и накьати гулщунчаву эьроми навр=зц.
    Муаттар кун ба б=и хуш димощу дидаву дильо,
    Саро «Савти Ажам»-ро пурнаво ьангоми навр=зц.
    Ба ыалби ошиыони зиндагц нер=и нав бахшо,
    Ба оьанги ьазорон мурщи хушильони навр=зц.
    Намо щулщулаьо пайдо ба ыалби ошиыи шайдо,
    Ба оьанги рубобу дойраву анжоми навр=зц.
    Биё аз нав бибозем дил, бис=зем, олам афр=зем,
    Муборакбодию паймона г=ем гоми навр=зц.
    Замину осмон шодона ашки дида мерезад,
    Биё борони найсонц, бирез аз боми навр=зц.
    Ба пойб=сии Навр=зи Ажам фарзонаьо дорем,
    Жашида ьафт сину шину ноб аз коми навр=зц.
    Ба ьар як мардуми олам муборакбодиьо г=ем,
    Намуда пешкаш бар аьли даьр Инъоми навр=зц.

    Comment by Inomi Temurzod | 20.03.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: