Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Баргардиши орзу ба дилсардӣ

Шабакаҳои гуногуни телевизионӣ, хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, рӯзнома ва нашрияҳои Аврупову Амрико аз интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ чанд сатр иттилоъ медиҳанд. Ҳол он ки ҳафтае пеш  хабару гузориши онҳо аз омодагиҳо ба интихобот дар Тоҷикистон хеле фарқ мекард. Рӯҳияи умумӣ ва лаҳни сухан тамоман дигар буд. Ҳатто рангҳо дар видеоҳо рӯшантару дурахшандатар.

Ин гузоришҳо доманадор буданд ва бо вуҷуди тамаркуз ба интихобот ба риштаҳои гуногуни ҳаёти кишвар дахл мекарданд. Аз вазъи имрӯза мегуфтанд, чанд соли гузаштаро таҳлил мекарданд ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон сухан медоданд

Акнун хабар аламовар кӯтоҳ аст. Як ё ду акси нимторик, чанд ҷумлаи хушк ва гоҳе ҳатто як сатр, ки “дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ҳизби президентии кишвар пирӯзии комил ба даст овард, аммо нозирони байнулмилалӣ мегӯянд, интихобот ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ набуд.”

Зоҳиран, шеваи раъйдиҳӣ ва натиҷаҳои интихобот онҳоро ҳам дар як саф бо аҳзоб ва номзадҳои норозӣ дилсард кардааст. Аз гузоришҳои пешинаи онҳо бардоште ҳосил мешуд, ки интихобот дар Тоҷикистон аз чунин маърака дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ фарқ хоҳад дошт ва озодтару шаффофу боадолатона ҷараён хоҳад ёфт. Тақрибан бори аввал буд, ки ман дар гузоришҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон рӯҳияи мусбатеро шоҳид мешудам.

Ин гузоришҳо интизориҳои некро ангезиш медод ва мояи фахру сарбаландии тоҷикон дар хориҷа мегашт. Вақте сари онҳо фикр мекардӣ, боваре ба вуҷуд меомад, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон дар баробари як имконияти нодир қарор дорад, ки аввалин бор дар ин ҳама сол мумкин аст, интихоботи онро озоду шаффофу мардумӣ баргузор гардад ва барои дигарон ҳамчун намуна мавриди ситоиш қарор гирад.

Дар яке аз намоишҳои телевизионӣ ин нукта ҳам садо дода буд, ки Тоҷикистон мехоҳад, бо пешрафтҳои демократии хеш таваҷҷӯҳи Ғарбро ба даст оварад, зеро пас аз ваъдахилофиҳои Русия ва хусуматҳои Узбакистони ҳамсоя ба кӯмакҳои бузурги молӣ ниёз дорад. Аксҳое аз сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун намоиш меёфт ва афзуда мешуд, ки тоҷикон қотеона мехоҳанд, ин тавлидгоҳи барқро бунёд кунанд ва истиқлолияти энержӣ ба даст оварда, зиндагии худро беҳбуд бахшанд.

Мисли он буд, ки тоҷикон дили худро ба ҷаҳон кушодаанд ва мегӯянд, аз рӯи ростӣ ҳарф хоҳанд зад ва росту дуруст зиндагӣ хоҳанд кард. Интихобот як имтиҳони ин орзуҳо буд. Ваъдаи қатъии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт, шахсан худаш кафили як интихоботи озоду одилона ва шаффофу демократӣ хоҳад буд, бовару эътимоди зиёде ба вуҷуд оварда буд.

Ин гуна падидор мешуд, ки раисиҷумҳур хеле хубу дақиқ дарк мекунад, ки агар мехоҳад, бо ёрдами мардуми худ Роғунро бисозад, бояд эътимоди мардумро дубора ба даст орад ва ваҳдату ягонагии онҳоро таъмин кунад. Чунин кори бузурге монанди бунёди нерӯгоҳи Роғун наметавонад, дар сояи шубҳаву нобовариҳо ба самимият ва сидқи мақомоти давлатӣ ва ихтилофу тафриқаҳо бар асари тақаллуб дар интихобот, пеш бурда шавад.

Мақомоти давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ, раисону аъзои кумиссюнҳои интихоботӣ дар марказ ва ҳавзаву қитъаҳо, ҳатто фаъолони ҳизби ҳоким мисли инки паёми сардори кишвари худро нашуниданд ва ё шунида бошанд ҳам, худро ба карӣ заданд. Ё шояд паём дертар иваз гашт. Ба ҳар тартиб, ки буд, интихоботи порлумонии 28-уми феврали Тоҷикистон мояи ифтихор ва эътимод нагашт. Ваъдаҳо муаллақ монд.

Мардум орзуҳои ояндаи худро дар шакли баргаҳои раъй ба табла ё қуттиҳо андохтанд. Ин қуттӣ дар забони русӣ “урна” ном дорад ва кӯзаҳоеро, ки дар он турбати рафтагон нигоҳдорӣ мешаванд, низ “урна” мегӯянд. Худо кунад, ки мансабдорони давлат қуттиҳои раъйи мардумро ба урнаҳои қабристонии бовару эътимоди онҳо табдил надода бошанд.

01.03.2010 - Posted by | Интихобот, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун |

9 Comments »

  1. Ман аз бекадрии хори сари девор донистам…

    Comment by Шоди | 01.03.2010 | Reply

  2. Эй вой бар мо….

    Comment by Farid | 02.03.2010 | Reply

  3. Ба Зойиров дилам месӯзад…Агар ба чои у мебудам, шояд дар конфронси матбуоти эълон мекардам, ки аз рахбарии ХСДТ канор меравам, аз сиесат канор меравам, аз Точикистон хам меравам ва бигзор он муаллимхое, ки аз ин давлат а бештар аз 100 сомони маош мегиранд ва боз хам хамин давлатро чунин дастгири мекнуанд, дар ин чо зиндаги кунанд бо хамон сад сомони маошашон…

    Comment by Follower | 02.03.2010 | Reply

  4. Дар хакикат ман ин бор гумон доштам, чаноби олй Рахмон тамоми чиддияти вазъи кишвар ва вазъи худашро ба хубй дарк кардааст ва ин дафъа мансабдорони худро бо рохи дуруст мебарад. Афсусу афсус ки вай маълум мешавад аз ин вазъ 100% розист ва чизеро иваз карданй нест. Худованди пок окаибаташро ба хайр кунад.

    Comment by Rustam | 02.03.2010 | Reply

  5. Аз ин “интихобот” якчанд хулоса бардоштам. Якум, то он замоне, ки “маълима”-хо комиссияи “интихобот”-и хастанд, ягон тагйиротеро умедвор нашояд шуд. Дуввум, дидам, ки то чи андоза Рахмон “кафил” буданашро бори дигар нишон дод. Саввум, бори дигар мардуми нодони бахтбаргаштаро дилшикаста карданд, вале фаромуш мекунанд, ки охи мардум окибат месузонадашон. Ва нихоят, харчи зудтар мехохам ки ин беномуси, ин маъракаи фахшу лахш, фиску фучурро ба тамом фаромуш кунам. Ин тахкири навбати буд ба халки Худо. Хаволаатон ба Худо Рахмонуф ва Ко.

    Comment by Sooroosh | 02.03.2010 | Reply

  6. Акаи Салимчон, он чизеро, ки шумо эхсос кардед ман хамчунин эхсос мекардам ва бо хело чушу хуруш шабро шаб нагуфта барои ХНИТ таргибот мебурдам. Ва фикр мекардам, ки Чаноби оли дар гуфтааш содикаст ва интихобот шаффоф мегузараду як кадам ба пеш меравем.
    Вале вакте, ки натоичро дидам чунон дилсард шудам, ки гуё оби яхе бар тамоми вучудам рехтанд ва хатто дигар хавсалаи сухбат бо дустонро гум кардам. Охир наход ХНИТ, ки ин кадар мехнат карданд ва худро дар корзори интихобот собит карданд, мисли хизби кишоварзи ва хизби ислохот овоз гирад??
    Ман фикр мекардам, ки овозхоро шояд кам кунанд вале намедонистам, хадяхо хам ба хизбхои “мухолиф” (дар асл сохта шуда)мешуда будааст ва барои хамин хам сохта шуданд.
    Валлохе дустон, ин барои мо ХНИТ ва ХСДТ имруз мотамаст. Вале то кай дар ин мотамсарой зиндаги мекарда бошем???

    Comment by Каримчон | 02.03.2010 | Reply

  7. Аз мост, ки бар мост……..

    Comment by Махмадрахим | 03.03.2010 | Reply

  8. Ба назари банда ин хукумат як бори дигар симои хакикии худашро нишон дод ва исбот кард, ки бар макру фасод асос ёфта, тамоми сиёсатхояш дар забон гуё ба манфиати миллату кишвар, аммо дар асл бар зидди хам ину хам он аст. Инхо кайхо одат кардаанд, ки ба чашми халк нигаристу ба руяш туф кунанд ва дуруг гуянд. Танхо чои афсус асту бас. Худованд хидоят кунад ва окибати ин найрангхо ба хушй анчомад.

    Comment by Samandar | 03.03.2010 | Reply

  9. Барои Чаноби Оли ва хамчунин барои миллати мо ин шанси хакикие буд барои гирифтани обу руи хакики ва одамони солимакли Точикистонро бедор кардан… Бояд Чаноби Оли бо тахлилоти хосаи худ баромад намояд ва фикри худро байон намояд… Ё хочат ба баён нест????

    Comment by Mark Twain | 10.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: