Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Як наврузии дигар аз устод Шакурӣ

Намедонам, шаҳрдории Душанбе ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ кӯмак карда бошад, ки манзили худро иваз карда, аз заҳу рутубат ва сардии тоқатфарсои табақаи аввал наҷот ёбад, аммо имрӯз устодро дар хонаи наве дидам, дар манзили интернетӣ, ки дараш ба тамоми ҷаҳон боз ва тамоми ҷаҳон аз они ӯ. Торнамои наве, ки осори донишманди бузурги тоҷикро ба аҳли ҷаҳон тақдим мекунад. Муборак бодо, устоди азиз.

Ман агар ин вожаҳоро менависам ва талош ба он дорам, ки суханам равону шево барояд, бидеҳкори пири хирад, устод Шакуриям. Чӣ монад ба ман, ки ҳамаи шоирони бузурги мо дар ҳаққи ӯ шеъру ғазал сурудаанд ва нависандагони забардасти мо шахсу корномаи ӯро сутуда. Ёрои навиштан дар бораи ин бузургворро надорам, аммо шодмонии ман аз дидани сарманзили ӯ ҷасоратам медиҳад.

Тақрибан 35 сол пеш китоби устод Шакурӣ “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ба дасти мани мактабхон афтода буд ва сухангӯиву навиштанро ман аз ин китоб омӯхтам. Масалан, ҳоло ҳам бисёриҳо “боварӣ дорам” ё “хатогӣ кардам” мегӯянд. Ман на. Зеро ғалат аст. Онҳое иштибоҳ мекунанд, ки китоби устод Шакуриро нахондаанд.

Ягона нусхаи ин китоб дар китобхонаи мактаби мо даст ба даст мегашт ва мо, ҳамсинфон, дар мактаб ё саҳрои пахта сари ҳар нуктаи он сӯҳбат мекардем, ба мантиқи нависандааш аҳсант мехондем ва ба ғалатҳои фоҳиши калонсолон механдидем. Китоби илмӣ барои мо, наврасон, аз румону достону қиссаҳо ҳам ҷолибтару шавқангезтар буд. Ин китоб буд, ки куллан шавқи хонданро дар дили мо бедор кардааст.

Пас аз солҳои зиёд, дар моҳи марти соли 2006 дӯсте аз Душанбе ба Праг омад ва бароям ҳамин китоби устод Шакуриро овард. Бо соядасти табаррукии худашон. Кӯтоҳ, аммо дилгудоз: “Барои Салими Айюбзод ҳадяе наврӯзӣ.”

Ин нашри севуми китоб буд, ки соли 2005 анҷом шудааст. Бо иловаҳо ва такмил. Дар даврони истиқлолият. Аммо, нашри аввали китоб дар соли 1968, дар он давраи фишори кушанда ба забони модарии мо, шояд ба маротиб боаҳамияттар буд, зеро ҳам як навъ эътирози фарҳангӣ буд ва ҳам сипаре дар муқобили “тарҷумзадагӣ”-и забони мо ва ҳам сармашқи сухан ба афроде монанди ман.

Дертар китоби дигари устод бо номи “Садри Бухоро” низ ба дасти ман расид, аммо хеле малул будам, ки “Хуросон аст ин ҷо”-ро надоштам ва танҳо аз забони онҳое, ки китобро хондаанд, нукотеро мешунидам ва орзу доштам, ин китобро ҳам дастрас кунам. Ҷуръат намекардам, худи устодро заҳмат диҳам, зеро медонистам, саропо ба кор фурӯ рафтаанд ва нашояд вақти гаронбаҳои он касро бигирам.

Иттифоқан, китобро дар хонаи устод Иржи Бечка дидам. Онро Бунёди Оли Сомон бо талошҳои раиси ин бунёд зиндаёд Абдулқодир Холиқзода дар соли 1997 дар қоғазе чоп карда буданд, ки барои нашри рӯзномаҳост ва кайҳо зард гаштааст. Шодравон Бечка китобро ҳамагӣ барои ҳафтае ба ман доданд, зеро худ онро гаштаю баргашта мехонданд ва ҳошияҳои ҳар сафҳааш пур аз навиштаҷоти эшон буд.

“Хуросон аст ин ҷо” ба масъалаҳои умдаи таърих, забон, ҳикмат, маънавият ва сарнавишти миллии тоҷикон бахшида шуда, консепсиюн ё назарияи эҳё ва рушди миллии ин қавм аст. Айнан мисли дигар асарҳои устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар айёме навишта шудааст, ки миллат ба он ниёз дорад. Ин китобест, ки ба тани мо ҷон медамонад, ақли моро ба таҳрик меорад ва чашми моро рӯшан мекунад, то ояндаи худро бубинем.

Дареғ, то ҳанӯз дар Тоҷикистон ба ин китоби паёмбаронаи устод Шакурӣ арҷи дуруст гузошта нашудааст. Ин китоб ба ҳама ҷоизаҳои бузург меарзад ва сиёсати мамлакат бояд бар пояи он сохта шавад. Ҳақиқатро бояд гуфт, ки таъсири он ба сиёсатҳои давлат то андозае дида мешавад, аммо на ба дараҷаи кофӣ. Бад нест, ҳар касе ки вазири фарҳанг ё маорифи Тоҷикистон мешавад, аввал аз рӯйи ин китоб имтиҳон бисупорад ва нақшаи кори худро дар чунин вазифаҳо бо нукоти асосии ин китоб ҳамоҳанг бикунад.

Як ҳафта, ҳам шабу ҳам рӯз китобро хондам, барои худ қайдҳое гирифтам ва ба устод Бечка баргардондам, ки мегуфт, ҳоло маҷбур шудааст, тамоми осори хешро дар бораи тоҷикон як бори дигар бо ин китоб дар паллаи тарозу гузорад ва навиштаҳои худро таҳриру такмил бикунад. Тақризи доманадори Иржи Бечка ба китоби “Хуросон аст ин ҷо” соли 2001 дар маҷаллаи “Нови Ориент”-и Ҷумҳурии Чех ба нашр расид.

Ҳоло бениҳоят шодам, ки ин китоб акнун бо ман аст, зеро дар торнамои устод Шакурӣ интишор ёфтааст ва ба миллионҳо нафар дар саросари олам дастрас шудааст. Ва касе ҳар вақте ки хост, онро боз мекунаду мехонад. Ин боз як ҳадяи дигари наврӯзии устод Шакурист ба ҳамаи дӯстдоронаш монанди ман.

Шодкомии бештар аз он ҷост, ки торнамо ҳам ба сириллик ҳаст ва ҳам ба алифбои ниёкон, ба расмулхатти форсии тоҷикӣ. Хуш омадед, устод ба дунёи бемарзи интернет! Хуш омадед, ай устоде, ки идомаи Аҳмади Дониш, Садриддини Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ҳастед. Дунёи интернет бо афкори як марди бузурги тоҷикон рангинтар шуд ва месазад, ки ин афкор монанди интернет бесарҳад ва ҷовидона бошад.

Умедворам, шаҳрдории Душанбе ба Шумо мадад карда бошад, то ба хонаи беҳтар ва ба вазъи саломатии Шумо муносибтаре кӯчида бошед. Бовар дорам, дар Тоҷикистон на ҳама гирифтори танҳо суду баҳраи худ аст ва қадри Шуморо мешиносанд.

Агар ҳанӯз коре бароятон накарда бошанд, бигзор хуршеди Наврӯз ба дилашон нуре биандозад ва имрӯз ҳама корро бикунанд, то фардо пушаймон нашаванд.

Аммо фаромӯш накунед, хонаи дилҳои мо хонаи Шумост ва шукри Худо, ин хона офтобию гарм аст, зеро оташро дар ин оташдонҳо Шумо худ афрӯхтаед. Соҳибхонаед…

06.03.2010 - Posted by | Забони модарӣ, Илм, Таърих, Тоҷикистон |

9 Comments »

  1. Ташаккур, устод Салими Айюбзод барои ин хушхабар!
    Бенихоят шод шудум аз дидани ин торнамои устод Шакури. Барои ман ин як Иде аст, ки аз хама Идхо болотар. Ин Идро ба хамаи дустон муборак мегуям!
    Бисёр торнамои хонданибоб аст, торнамои устод Муҳаммадҷон Шакурӣ. Худо кунад, ки дигар Бузургворону Равшанфикрони Точик низ, харчи зудтар торнамохои хешро дар олами интернет во кунанд, то ин ки, бисёрихо аз панду насихатхову навиштачотхои Онхо бенасиб намонанд!
    Ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, тансихативу умри дарозро аз даргохи Худои Мехрубон, хохонам!

    Comment by Patriot | 06.03.2010 | Reply

    • Дуруди фаровон ба дӯсти арҷманд. Ман ҳам сидқан умедворам, ки ҳамаи адибону бузургони мо торнамо ва торнигорҳои худро боз кунанд ва ба як ҷумбиши бузурги фарҳангӣ ба хотири эҳё ва рушди миллй асос гузоранд.

      Устод Шакурй, ки ҳамеша пешсафи рушангарон ва рушанфикрони тоҷик буданд, ин ҷо ҳам пешгомии худро нишон доданд ва ҳазорон бор ба эшону онҳое, ки дар ташкили торнамояшон саҳим будаанд, сипосгузорй мекунем.

      Comment by aioubzod | 07.03.2010 | Reply

  2. Az Sepideh Khanbolooki dar Facebook:

    چه خبر خوبی! دستتان درد نبیند، چقدر نغز حق مطلب را ادا کرد
    ه اید. برای استاد شکوری گرامی تندرستی ، طول عمر و برار کار آرزومندم. لطفا سلام مرا به ایشان برسانید

    همچنین برای شما، در آستانه ی سال نو، بهترین ها را آرزومندم. به عنوان دوستدار و ارادتمند استاد شکوری، بار دیگر ، از شما سپاسگزاری می کنم

    Comment by aioubzod | 07.03.2010 | Reply

  3. Акаи Салимчон, дуруд.
    Илохо, хечгох дастат дардро набинад, ки сойти ин абармарди Точикро Устод Мухаммадчон Шукуриро ба мо такдим кардед. Рости, аз хело боз мехостам ба муаллафоти Устод дартраси пайдо кунам вале нашуд. Хар ин се китоби Устодро аз сойташ мегирам.
    Барои ин хабари хуш, ки Устод дар олами интернет омад, як чахон ташаккур. Устод хуш омадед ва Худовандо Шуморо тани сихат ва умри дароз дихад то дар сари ин миллати мазлум падари кунед.

    Comment by Махмудчон Файзрахмонов | 08.03.2010 | Reply

    • Ташаккур аз Шумо Маҳмудҷон! Эй кош ҳамаи бузургону рушангарону андешмандони мо сомонаҳои худро медоштанд ва монанди устодон Муҳаммадҷон Шакурию Акбари Турсону Бозор Собир моро ба пеш ҳидоят мекарданд!

      Comment by aioubzod | 15.03.2010 | Reply

  4. Rosti kitobi Khuroson ast injoro ba yak dustam dodam, mutaassifona u gum kard. Pas az chande dustam kitobro ovard, suol kardam, ki kitobro yofti, guft na. Dar sari roh az kitobfurushe kharidam, khele khijil shudam, ki baroi man kitob kharid, kitobi kamyob ast, qimmatash ham bolost. Dusti man shoyad az fikri man ogoh gasht, ki man suol nakarda guft, hamagi 5 somoni dodam baroi in kitob.
    Chande pesh dar khiyoboni markazi ba kitobfurushe duchor shudam, kitobi Faryodi befaryodrasi Loiqro mefurukht, qimmatashro pursidam 5 somoni guft. Az on 4 nuskha kharida ba nazdikonam dodam, ammo imruz in kitobro nameyobam.
    Va akhiran kitobi Bozor Sobir Agar shoiru she]re hast, kitobe ast ki dar shahr kamyoft meboshad, hamchunin in se kitob qarib hamvaznand.
    Az ustod baroi in khushkhabar tashakkur meguyam!

    Comment by Nakhudak | 09.03.2010 | Reply

    • Ба ҳама гуфтаҳои Шумо ҳамфикрам ва шукр мегузорам Худовандро, ки Шумо ҳастед.

      Comment by aioubzod | 15.03.2010 | Reply

  5. Устоди азиз! Барои нақл аз ҳаёти худ ва муаррифии китобҳо, инчуни пайванд ба сомонаи Устод Шакурӣ хеле сипосгузорам. Хаста набошед

    Comment by Иброҳимҷон | 12.03.2010 | Reply

    • Зинда бошед, Иброҳимҷон. Орзу дорам ҳамеша комёб ва сарафроз бошед!

      Comment by aioubzod | 15.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: