Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ормони бунёдгузорони “Бухорои шариф”

Рӯзи матбуоти тоҷик ба ҳамаи дастандаркорони он муборак бод! “Рӯзи журналистикаи тоҷик” ё “Рӯзи журналисти тоҷик” шояд муносибтар бошад, зеро матбуот акнун шаклҳои гуногун касб мекунад ва бо расонаҳои электронӣ омезиш ёфта, истилоҳҳои “матбуоти нав” ё “чандрасонаӣ”-ро ба вуҷуд овардааст. Журналистӣ ба маротиб шавқангезтар ва ба ҳамон андоза мураккабтар шудааст.

Журналистикаи чандрасонаӣ чандҳунарӣ ва суръат мехоҳад. Хабарнигор акнун бо як ройона ё компютери саризонуӣ метавонад ва бояд аз ҷои воқеа хабар нависад, аксу видео бардорад, садоҳоро пахш кунад ва ҳар лаҳза омодаи тамос бо муштариён бошад.

Хеле чизҳо иваз шуд, аммо хамирмоя ва рукни асосии касби мо ба ҳамон шакле, ки садсолаҳост ба хабарнигорон шӯҳрат ва эҳтиром меорад, боқӣ мемонад. Ба мардум расондани ҳақиқати рӯйдод ва падидаҳо.

Ҳақиқат аст, ки кори як журналистро боаҳамият мекунад. Ин ҷо виждони журналист дар миён хоҳад буд. На раҳм кунад ва на хашм. На хеш гӯяд ва на дарвеш. Мардумро бигӯяд. Хонанда, шунаванда, бинанда – муштариро бигӯяд. Бояд бо ҳар ҳуҷайраи вуҷуди хеш барои ҳақиқат мубориза кард. Мардум ҳақиқати тиҷоратшударо хеле зуд ва хеле хуб дарк мекунад.

Бигзор ба осонӣ моро бифурӯшанд, аммо ҳаргиз харида натавонанд. Бигзор иттилоъро ба ҳар нархе ҳаст, бихарем, вале суханфурӯш набошем. Бигзор фақиру бенаво бошем, аммо чашми ҳирс ба ришвати сарватмандон надӯзем ва дурри суханро зери пои хукон нарезем.

Забони равону шево ва босаводона ҳамоно василаи расондани иттилоъ боқӣ мондааст, аммо акнун сухани журналист бо аксу видео тақвият пайдо мекунад ва агар аз як сӯ камсуханӣ ин ҷо боарзиштар шуда бошад, шумурдасуханӣ ба ҳунари воло табдил меёбад. Маҷбур хоҳем буд он чанд ҷумларо гуфт, аммо ҳамон чанд ҷумлаи заруриро бидуни гаштанҳо давру бар ва адабгуфториҳову худнамоиҳо.

Дар ҳоле ки журналистони тоҷик хеле пеш рафтаанд, муносибати давлат ва ҷомеа ба онҳо дар қарни гузашта мондааст. Ин боз ҳам далели он аст, ки журналистон таърихан дар сафи пеш буданду ҳастанд, сиёсатмадорон вопаснигаранд. Журналистон барои хирадмандии ҷомеа хидмат мекунанд ва давлат бояд ба доноии шаҳрвандонаш такия кунад, на ба тарс ё бемаърифатии онҳо. Давлат бояд ба рушди донишу фаҳмиши мардумаш манфиатдор бошад, на ба хоболудагӣ ва бетафовутии он. Тамоми нооромӣ ва ошӯбҳо аз бемаърифатии мардум ва рафтори подавори онҳо маншаъ мегиранд.

Онҳое, ки 11-уми марти соли 1912 бо ларзаҳои дил нахустин шумораи “Бухорои шариф”-ро аз чоп бароварданд, ҷомеаи озод, хирадманд ва ободро мехостанд. Онҳое, ки ба Рӯзи матбуоти тоҷик эътиқод доранд, бояд он ормонҳоро низ пос доранд.

10.03.2010 - Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Сиёсат, Тоҷикистон |

9 Comments »

  1. Сипос, ки зодрӯзи “Бухорои Шариф”-ро ба ёд овардед. “Бухоро”-eро, ки чун шаҳри ҳамномаш аз даст рафт ва ҳудуди 7 сол пеш зери йӯғи номардумиҳои замону замондорон забони ғайрро ихтиёр кард.

    Comment by Дориюш | 11.03.2010 | Reply

    • Бале, ва агар дар ёд дошта бошед, бедорфикрони тоҷик нашрияи “Бухорои шариф”-ро ба номи каси дигар, ки аслан тоҷик набуд, сабтином карданд. Ин амр сабаб шуд, ки “бунёдгузор” номардие дар баробари онҳо нишон диҳад.

      Comment by aioubzod | 15.03.2010 | Reply

  2. Иди Шумо ва хамаи онхое, ки чун Шумо дар ин чодаи душвору сангин захмат мекашанд муборак бод.

    Comment by Шоди | 11.03.2010 | Reply

    • Саломат бошӣ, Шодии азиз! Худо муборак!

      Comment by aioubzod | 15.03.2010 | Reply

  3. Агар устод С.Аюбзод дар фосилаи 2-3 сония аз як нохия ба нохияи дигар ва аз як деха ба дехаи дигари Точикистони азиз мераванд ва аз ин сафари хидмати, ки хадафи аслиаш дуруст кардани “Харитаи интерактивии интихоботи Точикистон” аст лаззат мебаранд, аммо ман руйи чакидахои хомаи каламбадастоне чун эшон сафаре руй ба машрик, сафаре руй ба магриб, сафаре ру ба боло, сафаре ру ба поён … мекунам.
    Месазад ки дар сарогози “Сафарнома”-и худ, аз бахри арчгузори ба кутбнамохои ин сафар, байти зерро хаттоти кунам:

    Танат ба нози табибон ниёзманд мабод
    Вучуди нозукат озурдаи газанд мабод
    Саломати офок хама дар саломати туст
    Ба хеч ориза шахси ту дардманд мабод

    Comment by Мехрубон | 15.03.2010 | Reply

    • Меҳру лутф Шуморо фаровон, Меҳрубони арҷманд! Номаи Шуморо дар ҳоле мехонам, ки дар роҳи сафар ҳастам. Ин бор ба Мағриб ва самти ғуруб. Шунида будам, ки Калифорниё шабеҳи Тоҷикистон аст, ҳоло кӯҳҳои атрофи шаҳрро мебинам ва Душанбе ба ёдам мерасад…

      Арзиши байтҳои зебову пурнури Шуморо надорам, аммо шояд рӯзе пайдо кунам, барои ин аз замин то осмон спосгузорам. Ва Калифорниё ҷои хубе барои табобат аст…

      Comment by aioubzod | 15.03.2010 | Reply

  4. Sahehtar hisob kunem, Bukhoroi Sharif 24.03.1912 nashr shudaast, na 11.03.1912. Dar in khusus Sohib Tabarov porsol maqolai khube dar haftanomai NIGOH chop kard. Ba vay kase posukhi rad nadod.
    Pas charo ruzi 11 mart boyad hamchun ruzi matbuoti tojik id karda shavad?

    Comment by Odiljon | 18.03.2010 | Reply

  5. salom ba oghoi ayyubzodi giromi
    man ham in ruzro ba shumo va hamai ruznomahigoroni tojik tabrok meguyam.
    suole doshtam
    oyo safahoti bukhoroi shrif dar internrt mavjud ast? misli hamin akse ki dar bolo guzoshted ( i albatta andozaash khele kuchak bud ba ghobili khondan nabud )?

    Comment by muhammed hosein | 19.03.2010 | Reply

  6. Ин панди калиди, ки устод бо дарди дили хассоси хеш андухтаанд бояд руи мизи кории хар журналисти чавони точик бошад:
    “Хақиқат аст, ки кори як журналистро боаҳамият мекунад. Ин ҷо виждони журналист дар миён хоҳад буд. На раҳм кунад ва на хашм. На хеш гӯяд ва на дарвеш. Мардумро бигӯяд. Хонанда, шунаванда, бинанда – муштариро бигӯяд. Бояд бо ҳар ҳуҷайраи вуҷуди хеш барои ҳақиқат мубориза кард. Мардум ҳақиқати тиҷоратшударо хеле зуд ва хеле хуб дарк мекунад.
    Бигзор ба осонӣ моро бифурӯшанд, аммо ҳаргиз харида натавонанд. Бигзор иттилоъро ба ҳар нархе ҳаст, бихарем, вале суханфурӯш набошем. Бигзор фақиру бенаво бошем, аммо чашми ҳирс ба ришвати сарватмандон надӯзем ва дурри суханро зери пои хукон нарезем.”

    Саломат бошеду обод, Салимчон!
    Бо ихлос ва сипос,

    Comment by муборак | 14.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: