Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гунги хобдида

Ин достони кӯтоҳро дар соли 1995 навишта будам. Ҳанӯз ба забони тоҷикӣ чоп нашуда, ба чехӣ дар баргардони устоди шодравон Иржи Бечка ба нашр расид. Дертар порчае аз он дар нашрияи Бӯрӣ Карим ва Муҳаммадраҳими Сайдар “Паём” дар Маскав чоп шуд. Матни пуррааш ба забони тоҷикӣ дар соли 1999 дар китобам ҷой гирифт ва ба маҷмӯа ном дод. Дертар аз устодон Муҳаммадзамони Солеҳ ва Ҷонибек ситоиш дид. Ҳоло мебинам, нуқси зиёде доштааст. Онро бознависӣ кардам. Сужа тағйире надидааст, аммо баён иваз шуд.

Дар сӯги Пиримқули Сатторӣ, ки тирамоҳи соли 1992 шаҳид шуд.

Ҳанӯз субҳ надамида буд ва ҷанги байни рӯшаниву торикӣ давом дошт. Дар ин тумани соядор ҳанӯз намешуд баргҳои тирагуни пунбаро аз косаҳои бишкуфтаи он фарқ кард. Ҳанӯз нур наёмада буд, ки ба ҳар суроби асроромези атроф ном гузорад ва дунёро аз коми аждар берун кашад. Баъд аз он ки пардаи нуронӣ лаҳзае шабро сафед кард, осмон боз ба умқи зулмот фурӯ рафт. Ба зулмоте амиқтар аз гузашта. Ва пас аз чанде боз ҳарири нимранг мисли мавҷи ларзоне аз як соҳил ба соҳили дигари осмон бол кушод.

Пирум ин осмонро медид ва дар нигоҳаш фазои хомӯшу мотамзадаи он дар давродаври худ аз шоху баргҳои пахта ҳошия дошт. Пирум мепиндошт, ки тамоми шаб ва ҳатто се шаби пеш чашм аз осмон накандааст ва хаёлан дар Роҳи Каҳкашон, ки акнун ба назари ӯ як тӯдаи пошхӯрдаи хокистарро мемонд, мерафту мерафту мерафт.

Атроф ва мавҷудоташ тадриҷан аз торикӣ раҳо мехӯрд ва нимранг мешуд. Нуру зулмот лаҳзае аз задухӯрд бозмеистоданд ва ба сози оштӣ канори ҳам меомаданд, ба ҳамдигар меомехтанд. Амо вақт бознамеистод ва мерафту мерафт. Гардунаҳо дар Роҳи Каҳкашон хокистари нарму гарму ҷо-ҷо фурӯзонро бесадо пахш мекарданду мегузаштанд.

Хокистари Каҳкашон мерехт ва давру пеши Пирумро хокистар мегирифт.

“Ҳамаро сӯхтанд,” оҳ кашид Пирум.

Ситораҳои танҳо дар осмони бохтаранг мисли донаҳои дурахшону булӯрини намак андаруни об ҳал мешуданд. Пирум ҳанӯзӯ ҳам таъми шӯриро дар кому даҳони худ мечашид. Забонаш ба як гулӯлаи хунину сӯзон табдил ёфта буд ва азобаш медод. Ҳарчанд дар ин чаҳор рӯз дарди ҷонкоҳи он каме фурӯ нишаста буд, гаҳ-гоҳ ончунон оташ мегирифт, ки зӯри дард Пирумро ба нолиш меовард. Вай даҳонашро то метавонист боз мекард ва зуд-зуд нафас мекашид ва мехост, боди бештар ба рӯи захм нишинаду онро карахт кунад ва хушконад. Порчаи кӯтоҳи забонашро меҷумбонд, мехост, дандонҳо ва комашро бо забон ламс кунад, вале ин дигар як кори номумкин буд. Кому ҳалқаш гӯё мисли осмон ё ҳатто коинот ба як фазои беканору беохир табдил ёфта буд…

Пирум ҳамеша эҳсос мекард, ки кундаи забонаш тару хунин аст, дар ҳоле ки хун дигар ҷӯшидаву парда баста буд ва фақат оби даҳон буд, ки онро тар нигоҳ медошт. Пирум мепиндошт, ки хун ҳанӯз ҳам аз ҳалқаш поин меравад ва гандидаасту бӯ мекунад.

Чаҳор рӯз пеш забони ӯро буриданд. Дар боғча, байни гулҳову дарахтоне, ки ӯ солҳо парварида буд. Бо гулқайчии худаш. Ба ёд овардани он лаҳзаи сиёҳ кофӣ буд, ки рашъа ба андоми Пирум дамад. Садои ваҳшатангези бурида шудани як порча гӯшти худаш туи гӯшҳояш пажвок зад. Аз нав дарди ҷонкоҳ аз бехи забонаш оташ гирифта, бо даҳҳо рагу найча ба тамоми баданаш паҳн шуд ва вуҷудашро такон дод. Аз нав ӯро арақи сард пахш кард. Аммо шояд на аз дард, балки аз шарм ва ҳисси ҳақорат.

Панҷ сияҳпӯши мусаллаҳ, ки сеяшон сари худро поктарош карда буданд, мисли ин ки ба ситоди артиши бегона ҳамла мекарда бошанд, аз болои чиғ ҷаҳиданд. Танҳо зонувони онҳо ҳангоми ин ҷаҳиш ва чашмони хунборашон дар ёди Пирум мондааст. Ӯро, ки аслан ба фикри гурехтан ҳам набуду дар миёнаҷои боғча шах шуда буд, дар байн гирифтанд. Кадоме аз онҳо ба зарби як мушт ӯро аз пой афтонд, дувумӣ зонуяшро ба тахтапушти Пирум гузошт ва бо банде дастҳои Пирумро баст. Баъд вай мили сарди калашниковро дар хобаки сараш ҳис кард. Аҷиб буд, ки тарсе дар дил надоошт ва ин ҷастухези сиҳяпӯшонро шӯхию бозие мепиндошт.

Яке аз онҳо рӯи буҷулаки пои Пирум зону зада буд ва намегузошт Пирум ҳаракате кунад. Оне ки мили силоҳро ба пушти сари Пирум ниҳода буд, девонавор фарёд мезад, дашном медод, чизе мегуфт ва суханонаш рабте ба ҳам надоштанд. Пирум гӯё худро аз гӯшае медид, ки бо мӯйҳои сафеди парешон сар ба хок хобидааст ва ба гӯсфанди қурбонӣ дар зери дасти қассобон шабоҳат дорад.

Шунида буд, ки сияҳпӯшон одамонро шикор мекарданд. Мегуфтанд, ба дасти онҳо рӯйихат ва нишонаҳоеро додаанд ва акнун онҳо монанди сагони шикорӣ деҳа ба деҳа мегаштанду шахсонеро, ки номашон дар ин феҳраст ҳаст, ҷазо медоданд.. Якеро мекуштанд ва дигареро гӯшу бинӣ мебуриданд. Маълум набуд, ҷазоро кӣ ва аз рӯи чӣ муқаррар мекард. Довари якто сукут меварзид ва мамлакат бесоҳиб буд. Мамлакат дар зери пойи сияҳпӯшон буд. Мисли як урдуи бегона, мисли ишғолгарони аҷнабӣ ватани худро метохтанд.

Пирум бо он ки сарашро ба замин пахш карда буданд, бо гӯшаи чашм ба ақиб ва боло менигарист. Вай дард мекашид, ки дар баробари зӯроварии сенафара ин қадар оҷизу нотавон аст. Ба сухан омад ва хост, онҳоро аз раъяшон баргардонад. Аммо он девона ҳанӯз ҳам доду фиғон мекашид ва ҳарсӣ аз даҳонаш меомад мегуфт. Сипас дар дасти яке аз сияҳпӯшон теғи корд дурахшид. Дувумӣ ба тарафи хона давид ва бо гулқайчӣ баргашт. Пасон ду ангушт ба косаҳои чашми Пирум даромад ва сарашро ақиб кашиданду бо корд дандонҳои болоу поёни ба ҳам зиреҳбастаашро боз карданд ва дасти ифлосу шӯре аз забони Пирум қапид…

Вақте ӯро аз замин бардоштанд ва хун, ки аз даҳонаш ба рӯйи сабза мерехт, акнун ба қадди манаҳ, гардан ва сари синааш шорид, сари шогирдаш Муинро дар сари чиғ дид. Ҳоли худаш баҳам хӯрда буд, аммо аз дидани сари Муин ваҳшатзада шуд. Якқад парид, чун ба назараш омад, ки ин сари буридаест, дар шохаки тавора бо чашмони бозу бемазмуне. Вале мӯъҷиза рӯй дод. Сари Муин хандае зад ва ба чапу рост нигарист. Пирум шукр ба Худо гузошт, ки Муин зиндааст. Аммо ҳамон лаҳза андешае рӯ зад, ки чаро механдад.

Ин пурсиш мисли ситораи паррон андаруни пиндошти торикшудааш дурахше заду нопадид гашт. На, барқ нопадид гашт, аммо суол монд, ки чаро Муин механдид?

Ҳоло ҳам ба осмони торик менигарад ва ба пурсишҳои худ посух меҷӯяд, вале пурсишҳо ин қадар зиёданд ва посухҳо ин қадар кам.

Пирум ангошт, шубҳа ба дилаш роҳ ёфтааст. Шубҳаи ин ки сияҳпӯшонро ба сари ӯ Муин оварда буд. Ботинан шарм дошт.

Дар осмон охирин ситора ҳам мурд.

Махмали сиёҳи осмони шаб ба латтаи рангбохтаи фарсуда табдил ёфт. Аз деҳа хурӯсаке маҳзун садо зад. Саге гиряолду уллос кашид. Се шаб аст, ки ин саг зӯза мекашад.

Наход Муин буд, ки сияҳпӯшонро ба сари ӯ овард, ба онҳо роҳи боғчаи Пирумро нишон дод? Ин андеша аз замин то осмон боварнакарданӣ буд ва ба ҳамон андоза дарднок. Дуруст аст, ки Муин аз устодаш озурдагие дошт, зеро Пирум на ӯ, балки шогирди дигарашро ба раъс гузошт. Пирум шунида буд, ки дар валвалаи ҷангҳо ҳар кас қасди худро аз касе мегирифт, ки замоне аз ӯ ранҷида бошад. Фурсати интиқоми нокомон аз шодкомон фаро расида буд. Кину хашму ҳасад бо лаҳни калашников садо баланд карда буданд ва ин садо гӯшкаркунанда буд. Касе метавонист, интиқоми солҳо пинҳондоштаашро меситонд. Ҳамсоя аз ҳамсоя, коргар аз раис, маҳбус аз додситон ва наход шогирд аз устод? Пирум дар ботин ҳаракате кард, ки гумонро аз худ дур афканад. Вай Муинро дӯст медошт.

Сурфид ва филҳол дарди забонашро ҳис кард. Дарди порчаи гӯшти хунини инсониро, ки як вақт дароз буд ва забон ном дошт. Дар толорҳои пуродам ин порчаи сурх шеърҳое мехонд, ки ҳозирон аз шунидани онҳо эҳсосотӣ мешуданд, дилҳояшон сахт ба тапиш меомад, чашмҳо медурахшиданд ва кафони дастҳо аз кафкӯбӣ обила мебаст.

“Забони дарозамро кӯтоҳ карданд,” дар дил гуфт Пирум.

Вақте ки дар боғ, байни садбаргҳои шукуфон ва пурнакҳат, байни дарахтони пурбор ва сарбазер забонашро мебуриданд, бо дашном мегуфтанд: “Дигар моро бад карда наметавонӣ, дигар то абад гунг хоҳӣ монд, то абад!”

Саг зӯза кашид.

Ҳоло вай наметавонад баробари як саг садо баланд кунад. Шояд ҳам битавонад, аммо боре ҳам наозмудааст. Замоне дар бозори шаҳр дида буд, ки як шахси безабон садоҳои фиғонмонанде аз худ дармедод, то ба як нафар чизро бифаҳмонад. Унгу мунг мекард ва зӯр мезаду аз ҳанҷарааш садои дардомез ва риққатоваре берун меомад. Садои саги сӯзанхӯрдае. Раҳгузар ҳарчанд талош мекард, намефаҳмид, ки гунг аз ӯ чӣ мехоҳад. Чанд тани дигар низ он ҷо истода буданд ва ба мазара менигаристанд. Яке писханд ба лаб ва нописандона, дигаре бо тараҳҳум, савумӣ бо тамасхур…

Марди безабон ба раҳгузари дигар рӯ меовард ва бо дастонаш ишораҳое мекарду ҳамон аз гулӯяш садоҳои шабеҳ ба аккоси саг дармедод. На, вай ба саг монанд набуд, балки а бӯзинае монанд буд, ки бозориҳо ҳарчи бештар дар гирдаш ҷамъ меомаданд ва ба ҳаракатҳояш хира мешуданд. Издиҳом шояд аз ин манзара хушҳол мешуд, зеро одамон худро болотар аз ин марди оҷиз медиданд, ногаҳон дар чашми худ аҳамияти бештар пайдо мекарданд ва шояд ҳам шукр мегузоштанд, ки мисли ин бӯзина, ки садои саг дармедиҳад, нотавону хандаовар нестанд.

Пирум хаёлан он манзараро ба шеърхониҳои худаш дар миёни издиҳом қиёс кард. На, дар мавриди шеърхониҳои вай издиҳом шояд баракс худро нотавону ночиз эҳсос мекард ва ба бартарии шоир қойил мешуд.

Хост, мисрае аз шеъри худ бихонад ва бубинад, оё чӣ садое бар хоҳад омад, вале хештандорӣ кард, зеро аз шунидани садои хеш биҳаросид. Акнун дақиқан вай дигар шеър хонда наметавонад. Дигар нахоҳад тавонист, вожаҳоро бо вазну задаву оҳанг, равону шево, рукн ба рукну тақтеъ ба тақтеъ дар ҳаво ба парвоз орад. Вожаҳоеро, ки ҳамчун садо аз даҳони ӯ берун мешуданд ва дар фазо ба гулу дарахтон, кӯҳу дара, одамон, хонаҳо, ишқу навозиш, ҷаҳлу хиёнат, дардҳову ормонҳо табдил меёфтанд. Дигар сукут хоҳад варзид. Барояш гуфтанд, забонкӯтоҳат мекунем, то дигар ҷовидона чизе гуфта натавонӣ.

«Эҳ, беҳудаҳо!», дар дил хитобид Пирум ва фикр кард, ин ночизакон намедонанд, ки шеърро дил менависад, на забон. Мирзодаи Ишқиро дар маҳбас даҳон дӯхта буданд, вале натавонистанд, коре кунанд, ки дигар шеър гуфта натавонад. Фикр кард, оё падарони ҳаминҳо набудаанд, ки даҳони Ишқиро дӯхтанд? Оё онҳо набудаанд, ки Адиб Собирро дар рӯди Ҷайҳун ғарқ карданд, Мансури Ҳаллоҷро ба дор кашиданд, Роияи Балхиро дар гармоба сӯхтанд, Ҳилолиро сангсор карданд ва пеш аз ин ҳама Рӯдакиро нил ба дидагон кашиданд?

Торикӣ дар осмон пеш аз он ки маҳв гардад, ғалаёне кард. Гӯё бо чанголҳои нонамоёнаш аз ҳар ҷои осмон дошта буду ба худ мекашид ва мехост, боқӣ бимонад. Вале соаташ расида буд ва осмон тадриҷан рӯшантару рӯшантар мешуд.

Чаҳор чархболи ҷангӣ аз болои паҳнои пунбазори колхози «Роҳи Ленин» гузашта, ба самти ҷануб парвоз кард. Ин чархболҳои бенишона ҳар рӯз чанд бор дар осмони ватани Пирум ба парвоз меомаданд ва эҳтимолан ба ҷойҳое мерафтанд, ки он ҷо даргириҳои сахте идома дошт. Шояд сияҳпӯшони тозанафасеро ба майдони ҷанг мебурданд. Ё ба пархошҷӯёне, ки намехостанд, аз «Роҳи Ленин» канор раванд, силоҳу муҳимоту хӯрокворӣ мебурданд. Вақте ки ҳавопаймоҳо наздик омаданд, Пирум худро ба танаи пахтаҳо ҷафстар кард, то аз боло ӯро дида натавонанд.

«Маро чӣ меҷӯянд, ман ки як ночизам, касе нестам,» аз дил бурд Пирум ва ба худ хандид.

Шоми он рӯз, ки сияҳпӯшон ба вай чунин таҳқирро раво диданд, шогирди азизаш Сӯҳроб ҳаросон омад. Аз роҳи поини боғ омад, на аз кӯча ва ба зорӣ даромад, ки «устод, равед, равед, ин ҷо набошед, гуфтаанд, забони ӯро буридан кам аст, бояд сарашро бибурид. Гуфтаанд, шаб бо зиреҳпӯш хоҳанд омад ва хонаву боғатонро ба хок яксон хоҳанд кард. Илтиҷо мекунам, биравед, бигурезед, фирор бикунед.» Инро мегуфту чашмонаш пур аз дарду раҳму ваҳшат буданд Сӯҳробро. Мегуфт, галаи хунмасте ба чаро баромадааст. Издиҳоми бехуде, ки чизеро намефаҳмад ва фаҳмидан намехоҳад.

Пирум пештар ҳам аз чанд нафаре шунида буд, ки сияҳпӯшон аз куштани ҳамсони худ лаззати тамом мебаранд ва меосоянд. Онҳо сармасту бехуданд, худношинос ва худоношиносанд…

Пирум дар пиндошти худ ба он шоми хунини се рӯз пеш баргашт ва хаёлан бо чашмони Сӯҳроб ба ҳолати онлаҳзаинаи хеш нигарист. Худро дид, ки заҳиру рангпарида аст, нур дар чашмонаш мурда ва ҳамаи ҷояш, аз мӯйҳои сафеди сараш гирифта, то нӯги пояш ба хун жӯлида. Хун ҳама ҷо ҷӯшидаву сиёҳкарахт шуда.

Пирум ба ёд овард, ки вай намегирист. Вай он вақт ҳатто дардро ҳис намекард. Пирум ба ҳарфу садои Сӯҳроб гӯш медод, ба чашмони ваҳшатзада ва андӯҳгини ӯ менигарист, аммо андешааш ҷои дигар буд. Дарунакӣ пӯзханд мезад, ки марг ҳам дигар чизе набудааст. Ба мурдан розӣ буд, аммо вуҷудашро хашме фаро гирифта буд, ки чаро ӯро ин гуна таҳқир карданд, беҳтар буд, мекуштанду мерафтанд. Мисли ин буд, ки ба номусаш расида бошанд. Ҳамин гуна таҳвин мекунанд, то касро сарпаст ва сокиту ночиз кунанд. Забонкӯтоҳу дамкӯтоҳу шармсор.

Саг зӯзаи давомдор кашид ва садои он рӯ-рӯи ниҳолҳои пахта гузашту хаёле баргу шохчаҳои пунбадонаро алвонҷ дода рафт.

«Соҳибашро гум карда бошад ва ё акнун бадбахтие ба сари соҳибаш хоҳад омад? Шеване бар мурдаҳост ё ҳушдоре ба зиндаҳо?», аз дил гузаронд Пирум ва ба ёд овард, ки чандин касон ӯро огоҳонида буданд, деҳаро тарк кунад ва чанд муддате ин ҷо набошад. Аммо вай фирорро ҳам тавҳин ба хеш донист ва акнун ба шармсории бузургтаре гирифтор шуд. Ҳатман хабари бад барқвор сайр мекунад ва ҳоло ҳама шунидаанд, ки забони фулон шоирро буриданд, аз сухан монд. Пирум аз худ пурсид, наход, таҷовузгаронро шогирдаш Муин раҳнамоӣ карда бошад. Наход ӯ тавонист, чунин хиёнате бикунад?

Пирум дарёфт, ки ботинан интизори зӯзаи навбатии саг аст, вале саг хомӯш гашт. Дигар уллос намекашид ва бомдод дар сукути тамом фаро мерасид. Лекин ин сукут фақат лаҳзае идома кард. Аввал садоҳое омад, ки намешуд, онҳоро ташхис дод. Дур, нимғурма ва нофаҳмо. Раге дар зери меъдааш кашида шуд. Ғайриихтиёр ба ёдаш омад, ки дар ин се шаб чизе нахӯрдааст ва гурусна аст. Аҷиб, ки гуруснагиро фаромӯш карда буд. Мисли бараҳманҳое, ки ба муроқиба рафтаанд ва ғизо ба ёдашон намерасад. Фикр кард, бо ин забони бурида ва даҳони пурхун чӣ гуна хоҳад тавонист, чизе бихӯрад. Як гулӯлаи варамидаи гӯшт пайдо шуда буд. Ба хотираш омад, ки аввал, вақте хуни зиёд ҳам ба берун ва ҳам ба дарунаш рехт, фикр карда буд, ки аслан дигар забон надорад ва даҳонаш холисту ба як фазои бузурге табдил ёфтааст. Кундаи забонаш дертар варамида, қариб роҳи нафасашро ҳам баста буд, аммо он вақт ба атрофаш менигарист ва ҳанӯз шигифтзада буд.

Баъд аз он ки сияҳпӯшон ба даруни хонааш даромаданд ва ҳар чизеро, ки мехостанд, бардоштаву ҳавлии ӯро тарк карданд, ҳамсояҳо давида омаданд. Мӯйсафеди Қаландар «воҳ, балам» мегуфту аз манаҳи Пирум гирифта буд ва ба ҳоли ӯ мегирист. Пири солдида ҳайрон буд, ки чӣ тавр мешавад, ин гуна захмро баст, то пеши роҳи хун гирифта шавад. Ду нафари дигар сару китфон ва даступои Пирумро молиш медоданд. Зане фиғон мекашид. Ҷавоне саропои Пирумро аз хун пок мекард. Пирум гоҳ ба онҳо, гоҳе ба замин, гоҳе ба дарахтони атроф ва гоҳе ба осмон нигоҳ меафканд. Шояд дар осмон Худоро меҷуст, то бипурсад, ин чӣ ҳолест, ки бо ӯ мекунад. Дар ин нигоҳҳои гирдгардон чашмаш ба ҳамсояаш Сафар афтод, ки бо бародараш он ҷо буд ва дуртар рафта, ба зери забонаш нос партофта, нимашунаво мегуфт: «Забони сурх сари сабз медиҳад барбод…»

Ҳамаи гуноҳи Пирум ин буд, ки шеърҳои дилрас ва дилгудоз менавишт ва як шеъре ҳам ба пешвои ҷавонон Сайид Акобири Ҳурӣ бахшида буд. Аммо фикр намекунад, ҳамин шеър сабаби хашми сияҳпӯшон шуда бошад, ки Ҳуриро чашми дидан надоштанд. Сияҳпӯшон асосан нохудогоҳон, раҳгумкардагон, фандхӯрдагон ва муздурони кишваре буданд, ки ватани Пирум акнун мехост, аз чанголи султаҷӯёнаи он раҳоӣ ёбад. Дар муқобили онҳо, дар вилоят ҷавононе буданд, ки сияҳпӯшон ва амалдорони давлатро ба хиёнат гунаҳкор мекарданд. Пирум онҳоро аз наздик намешинохт, вале вақте ки онҳо коршинканӣ карданд, вай ҳам ба майдон баромад, то аз ормони онҳо пуштибонӣ кунад. Дӯстонаш ба ӯ ҳушдор медоданд, ки шарик нашавад, аммо касе ки солҳо дар бораи ватан, озодӣ, миллат, адл ва имон шеър гуфтааст, наметавонад, дар рӯзгоре ки сарнавишти ин мафоҳим ҳал мешавад, дар кунҷи хона бинишинад. Он гоҳ шеъри ӯ шиори тухолие хоҳад буд ва як филис арзиш ҳам нахоҳад дошт. Он гоҳ касе ба сухани ӯ бовар нахоҳад кард. Вай аз шоироне набуд, ки танҳо дар шеърашон ватандӯст бошанд. Намешавад, ба мардум як чиз гуфт ва худ кори дигар кард. Мешавад, аммо наметавон дуру дароз ба ин роҳ рафт.

Раддаи пахтаҳо ба ҷумбиш омад ва зоҳиран, чизе андаруни ҷӯяҳо дар ҳаракат буд.

Пирум беихтиёр ғунча зад ва кӯчактар шуд. Фикр кард, шояд ҳамон саге аз даруни ҷӯяҳо меояд, ки чанде пеш зӯза мекашид.

Ҷумбидани ниҳолҳо ва садои хиш-хиш то рафт ба Пирум наздиктар меомад. Махлуқе бо ҷисми худ ниҳолҳои пахтаро ба ҷумбиш меовард. Он гоҳе дар як пай меистод, аммо ниҳолҳо аз ҳаракат бознамемонданд. Пирум тахмин зад, ки шояд махлуқи номаълум бехи ниҳолҳоро мековад.

Ин вақт саг боз зӯза кашид. Садояш аз канори деҳаи ҳанӯз хобзада ба рӯи паҳнои пахтазор пароканда шуд.

Дирӯз субҳ Пирум аз миёни ниҳолҳои пахта сар боло карда, ба деҳа менигарист ва медид, ки деҳа на на дар ҳоли хоб, балки дар афсуни марг аст. Дар як бехудии фидокорона. Ҳама чиз – дарахтон, деворҳо, бомҳо, зану марду кӯдаку солманди зери ин бомҳо, чиғҳо, сангу алафи сари роҳ, ҳатто рӯдхонае, ки обаш аз ҳаракат бозмондааст, хуллас, ҳама чиз, дар умқи бетафовутӣ ва сакарот афтода буд. Танҳо ин саг монда буд, ки шояд сар рӯи дастнаш гузоштаву ба як нуқта чашм дӯхта буд ва лаҳзаҳое ҳам дар ғояти ҳайрат ва лоилоҷӣ ба осмон менигаристу зӯза мекашид.

Инак, боз нолаи дарозе дар дод, аммо ин дафъа садояш аз дуртар омад. Пирум сагҳои мурдахорро ба ёд овард, ки гала шудаву дар миёни деҳа медавиданд, аз хурду калон тарсе надоштанд ва ба одамон ҳамлавар мешуданд. Мегуфтанд, даҳҳо ҷасад дар кӯча монда буд ва сияҳпӯшон ба касе иҷоза намедоданд, наздики мурдаҳо шаванд, аммо сагҳоро мегузоштанд, ки ин ҷасадҳоро бидаранд ва бихӯранд. Ва чашми ин сагҳо монанди чашми сияҳпӯшон пурхун шуда буд. Мисли чашми онҳое, ки забони Пирумро буриданд.

Садои хиш-хиш омад. Пирум дид, ки махлуқи номаълум боз ба наздиктари ӯ ҳаракат мекунад. Ба дили бе ин ҳам сиёҳу ғамзадаи Пирум ваҳм роҳ ёфт. Дар шигифт буд, чӣ ҳайвоне ба ҷонибаш ҳаракат дорад.

Пирум гарданашро ёзонд, то бубинад, ин чист, аммо аз дарди ҷонкоҳе дар бехи гулӯяш қариб буд фарёд барорад. Ба сӯи ниҳолҳои ҷумбанда хира шуд. Чӣ ҷонваре ба сӯи ӯ ҳаракат дорад? Дар байни баргҳои тирагун як гулӯлаи хокиранги мутаҳаррикро дид. Тамоми нерӯи босираашро мутамаркизу сафарбар кард. Як чизи лӯнда ва хокранге тарафаш пеш меомад.

Ваҳм дилашро тарк карда, ҷои онро ӯро як бетафовутии тамом гирифта буд. Аслан дигар чӣ фарқе дорад, ки чӣ хоҳад шуд? Аммо лӯнда ғелону ҷумбон пеш меомад ва то рафт ба Пирум наздиктар мешуд.

Ниҳоят аз миёни баргҳои пунбадона онро дид. Аввал нафаҳмид, ки ин ҷонвар фарзанди инсон аст. Бештар ба махлуқи афсонавие шабоҳат дошт. Аммо кӯдаке буд бо сару рӯи варамидаву чиркин ва либоси дарида даруни ҷӯяки пахта мехазид ва бо панҷаҳои сиёҳгаштаашу шитобзадагии ҳайратовар ангури сагакро чида мушт-мушт ба даҳон меандохт ва шояд нахоида, фурӯ мебурд.

Писарак дар ҷӯяи паҳлуии Пирум, тамоман наздик ба вай ҳамон донаҳои бунафшу гулобӣ ва ҳатто гоҳе сабзу хоми ангури сагакро ҳарисона мехӯрд. Баъзан шохчаву ғунчаҳои ангури ваҳширо ба даҳон меандохт. Ангуштҳояш чиркбаставу сиёҳ ва пур аз харошҳои хурду бузург буданд.

Аз дидани ин манзара ҳанҷараи Пирум сих зад ва ба дард омад, зеро ӯро низ нафс ҷумбиду оби даҳонашро якҷо бо лахтаҳои шӯри хун фурӯ бурд. Ташнагияш оташ гирифт. Медид, ки доначаҳои ангури сагак дар зери дандонҳои сабзу сурхи писарак бо садои қирсас мекафиданд ва оби онҳо ба комаш мешорид.

Ногаҳон писараки жанда, ки баргҳои пӯсида ба манаҳу рухсораш часпида буданд, аз ҳаракат бозмонд. Вай ҷо ба ҷо карахт шуд. Чашмони зву Пирум ҳамдигарро ёфтаанд. Нигоҳи ду ҷуфт чашми ҳайратзада ба ҳамдигар печид. Писарак фарёди ҷонкоҳе кашид ва ҷисми кӯчаки худро аз ниҳолҳои пунбадона ба ақиб афканд. Вай аз дидани Пирум фиғон баровард ва гурехт. Аммо дур нарафт, фақат дар як фосилаи ба Пирум дастнорас бозистод ва ба Пирум нигарист.

Чашмони мешияш ба чашмони одами солим монанд набуданд. Пур аз ваҳшат ва интизорӣ.

Пирум зӯр заду табассум кард, то нишон диҳад, ки душман нест ва қасди баде надорад. Аммо ҳис кард, ки ба ҷои лабханд даҳон аз дард каҷшудаеро ба кӯдак нишон медиҳад ва шояд ӯро бештар метарсонад. “Аз ман натарс”, гуфт Пирум ва фавран дарди сахтеро дар ҳалқаш ҳис кард ва нола сар дод ва ба ёд овард, ки дигар акнун вай гунг аст ва сухани фаҳмое талаффуз карда наметавонад. “Ӯро бадтар тарсондам,” фикр кард Пирум.

Бо вуҷуди ин ифодаи тарс аз сурати писарак гум шуда, баракс ҷои ҳаросро шавқ ва кунҷковӣ гирифт. Барқе дар чашмони кӯдак дурахшид. Лабонаш моил ба ханда шуд.

Пирум ба ёд овард, ки чандин сол пеш гунге дар деҳакада мегашт ва Пируми хурдсол якҷо бо бачаҳои дигар думболи ӯ медавиданд, масхарааш мекарданд, сангаш мезаданд. Аҳли русто ӯро девона мехонданд. Як рӯз модаркалони Пирум, Худо биёмурзадаш, он вақт дар ҳаёт буд, дид, ки чӣ тавр бачаҳои кӯча гунги раҳгузарро санг мезананд, аз гӯши Пирум гирифт, хона овард ва дуруст дар ҳамон боғчае, ки он замон ҳамагӣ ду ниҳоли тут дошт, дар назди падари Пирум, ки рӯи суфа нишаста буд, танбеҳаш дод.

Бибияш гуфт: “Вай гунг нест. Девона ҳам нест, балки назаркардаи Худост. Айбу убол аст, ӯро азият кардан ва бо ин кор ту ба худат зиён мехарӣ…

(Думбола дорад)

16.03.2010 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Ҳикоя |

2 Comments »

  1. Дуруди фаровон ба чаноби Аюбзод!
    Бисёр саргузашти талхе дошта будааст, Худорахматии Пиримкули Саттори! Худоё, мардуми азизи Моро аз он рузхо хамеша нигах дори!!!
    Вакти мутолиъаи ин достони дилхарош, тамоми аъзои баданам ба ларза даромад, чи тавре ки, уруссо мегуянд “мурашки” хамаи баданамро гирифт. Рости, вакти мутолиъа кариб дар хар чумла, ягон вокеъаи дахшатноки солхои чанги 1992… ба ёдам меомад, ки фикрам хато мехурд. Хар чумларо гаштаву баргашта такрор мекардам. Худро мачбур месохтам, вагарна намефахмидам. Дар чанд дакика, чандин вокеъахои солхои чанг ба хотирам омад ки, гуё дар картаи филм тамошо карда бошам!!! Ох, вой бар Мо ки, Мардуми дусткуши душманпарваремеееееееееееееееееееееееееееееееее!

    Comment by Patriot | 16.03.2010 | Reply

  2. Салом Устод Аюбзод! Достонест, ки метавонад, туи калби инсон нишинад ё ба таъбири дигар шахсро мафтун кунад.
    Ман ин достонро чандин сол мукаддам хонда будам ва ин дафъа низ баъди мутолиа маро ба фикр кардан водошт.Ва мунтахои андешахоям инчо карор гирифт, ки
    бояд чунин навишт, чунин тасвир кард. Ва чунин бо дард навиштан аст, ки осори шуморо дар калбхо мондагор созад.

    Comment by Бахманёр | 20.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: