Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фархунда бод Наврӯзи оламоро!

Пеш аз ҳама муборак бод ба Хуршеди Тобон, ки имрӯз дар чархиши муназзами коинот дар марзи роҳи нави хеш қарор гирифт. Сипас табрик бод ба Замин, ки пас аз моҳҳои безурётӣ ва хазону яхбандон акнун обистани ишқу орзу шуд. Ба ҳазрати Деҳқон, ки шукри офтобу нуру гармӣ мегӯяд ва донаи умед дар мазраа мекорад. Ба ҳар яки Шумо, хонандагони ин торнигор, ки бо ҳам рӯзҳои сарду сиёҳи зимистонро паси сар кардем. Наврӯз муборак!

Хуҷаста бод Наврӯз ба бемороне, ки пас аз авҷи дардҳои хеш дар пирию афсурдагиҳои фасли сармо ва ғалаёни эҳсоси барбастани рахт дар вопасин нохунхароши хокҳои яхбастаи роҳи қабристон аз меҳрубонии Худо ба баҳори нав расиданд ва дигарбора дар чашми онҳо ишқи зиндагӣ дурахшид, дигарбора умед мисли муғчае дар шохаи хушкидаи дарахти дили онҳо бишукуфт.

Оне ки ба баҳор расид, то зимистон хоҳад зист. Худованд бо Наврӯз ба ӯ чунин паём дода. Як соли дигар хуш бош эй ҷон, ки ҳанӯз паймонаатон пур нашуда. Боз бишаванд дилҳои баста ва тилисми бемориҳо. Худованд бо Наврӯз ба онҳо рӯшанӣ ва шифо фиристад. Ва умру бақо. То баҳори дигар ва баҳорони дигар.

Наврӯз муборак ба модаре, ки моро зоду парвард ва аз пойи равони мо ба ӯ фақат ғубори ғаму дарди ҳиҷрон мерасад. Хушо, ки ба Наврӯз ёдаш кунем ва дилашро шод ва омурзиш бихоҳем аз ӯ барои дил ниҳодан ба ҷодаҳои хоро ва мулкҳои бегона.

Шод бод Наврӯз ба мусофирони раҳдуру ранҷур ва сарсону саргардон, ки дар ҳар куҷои олам бошанд, дар беҳтарин бадтарин лаҳзаҳои умр ёди ватан мекунанд ва дар фосилаи байни ин ду ёди фарзанду ҳамсару хоҳару бародар ба дарди дили онҳо меафзояд ва ҳам ин дардро сабуктар мекунад. Бошад, ки ҳамроҳи баҳор ба кӯйи азизони хеш баргарданд.

Фаррухпайк бод Наврӯз ба ошиқоне, ки дар тиратарин шабҳо низ ҳама чизи атроф барояшон ҳамеша ҷилои наврӯзӣ доштаву дорад ва тақвиму солгардон ё фаслу моҳе нест ишқи онҳоро ва Наврӯз аст онҳоро ҳама рӯзу имрӯзу ҷовидона.

Фархунда бод Наврӯз ба парандаҳои муҳоҷир, ки ба кошонаи пурҳасрати хеш баргаштаанду меҳру нишоти нав ба он овардаанд. Таронаи онҳост, ки Наврӯзро аз дуриҳо фаро мехонад ва ба мо мерасонад. Дуруд бод бар шукуфаҳои наврӯзӣ, ки ҳаворо атр бахшиданд ва салом ба боди наврӯзӣ, ки дуду меҳро парешон карду чашмҳоро рӯшан.

Шоиста бод Наврӯз ба болонишинон, ки дар ин рӯз поён биёянд ва ҳамнаво бо мардуми хеш бошанд, ҳамдард, ҳамнафас, ҳамсафар, ҳамнаво, ҳамдил ва ҳамкор. Бадиҳо фаромӯш, некиҳо тоҷи сар, корҳо аз сафҳаи сафед то рангорангии гулҳо, ростӣ ва дурустӣ, некӣ ва дӯстӣ. Худоё, шифо, бақо, барор, ҳамҷӯрии ҳама бо ҳам ва ҳамагон бо ҷаҳонеро, ки офаридаӣ, ҳидоятамон кун.

Ва ниҳоят номаеро, ки аз дӯсте расида, ҳусни мақтаъ мекунаму вассалом:


20.03.2010 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Табиат, Фарҳанг | , ,

3 Comments »

  1. Гуед ба Навруз ки наояд ба ин мулки гуломон!

    Comment by Samandar | 21.03.2010 | Reply

  2. Устоди арчманд!
    хаммаслакони гиромикадр!
    Фарорасии Наврузи хучастамакдам ва фаррухфолро, ки чашни эхёи зиндагони ва тачаммули бахори нозанин дар саросари Ачам аст, ба Шумо самимона тахният гуфта, бароятон саодати рузгор, офияти пайваста, икболу манзалати оли, комрониву комгорихои хамешагиро таманно мекунам.
    Чашни Наврузи Ачам башоратовари паёми чонфизои Бахори хучастафол ва рамзи тулуъи хуршеди оламафруз ва чахонорост, ки дар тадовуми фурсатхои сабзу шукуфо ба зиндагонии мардумони ориётабор нуру зиё, шукуху сафо, гулистони назокату латофат ва чамани орзухо эхдо оварда, моро ба фардохои пур аз максуд ва фуруги абадипартави саодат мепайвандад. Ин чашнвораест, ки аз рузгори чамшеди Каёни ибтидо гирифта, дар тамоми масири таърихи аквоми эронитабор хамагуна тахдиду фишорхои таърихро ба сарбаланди тахаммул карда, то имрузи фурузону дурахшони мо хамчун рамзи човидонагии мероси Ачами бузург аз гирдбодхои пурталотуми таърихи инсоният махфуз мондааст. Ин аст, ки то кунун тамоми мардумони Ачам бо хастии ин суннати деринаи ачдоди ва чашни шукуфоиву нусрат ва нузхати табиат алами ифтихор барафрошта, Наврузи некпайро тимсоли дустиву иттиход ва нишони вахдати мардумони сарзамини Ачам шинохта меоянд.
    Бори дигар Шумо хамзаминону хамзамонон ва хамзабонони арчмандро ба муносибати ин чашни хумоюну фархунда самимона тахният гуфта, бароятон шукуфоии тоза, нусрату нузхати хамешаги дар зиндагони ва мачмуи хушихои рузгорро таманно намуда, дасти дуои хайре мекушоям, ки
    Эй Худованди замину осмон,
    То ба Наврузи дигар моро расон!
    Наврузи хучастакадам муборак!

    Comment by Мехрубон | 21.03.2010 | Reply

  3. norooz bar hameye shoma mardome sharif mobarak bad
    in ghalam serilik ra ma iranian nemitavanim hargez bekhanim.dari ra be ghalame english benevisied ta ba ham betavanim ertebat bargharar konim
    ba tashakor

    Comment by samani lover | 29.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: