Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гунги хобдида (Поён)

Дуруст мегӯянд, ки ҳар матнеро метавон то ба беохир оросту веросту перосту суфта кард. Ин бахш аз достони кӯтоҳи “Гунги хобдида” дар баробарӣ бо бахши пешинаи он хеле таҳрир дид. Ногуфта ва кетмонҳое будаанд, ки таҳтушшууран таҳт мондаанд ва нофаҳмидаҳое, ки акнун рӯ задаанд. Бознависӣ ҳамеша бознигарӣ ва бозкушоиҳое доштааст. Ҳоло дигар такмил ва том шуд ин достони кӯҳан. Шояд то бознависие дигар…

Баъд аз бист сол қиссаи гунгро аз мӯйсафеди Зариф шунид, ки мегуфт, ин оҷиз писари Эшони Абдураҳмонхон аст. Падару модар ва бародаронашро ба Сибир бадарға ё ба гуфтаи бобои Зариф “весилка” карда буданд. Ин писари хурдӣ бо тасодуфе наҷот ёфта буд, аммо ҳеҷ яке аз хешу пайвандон ҷасорат накард, ӯро, бачаи “душмани халқ”-ро, ба манзилаш роҳ диҳад. Дар кӯҳҳо пинҳон буд ва як рӯз ба деҳа баргашт. Ё забонро фаромӯш карда буд ва ё намехост, бо ин мардум ҳарф бизанад.

Баъзеҳо мегуфтанд, холааш ӯро талқин кардааст, ки бо касе сӯҳбат накунад ва аслу насаби хешро нагӯяд вагарна ё кушта хоҳад шуд ва ё монанди бародаронаш бадарғаи Сибир. Ин мард гоҳе дар хонаи холааш ва гоҳи дигар дар бозор мезист, бо наздик ҳавлии падарияш меомад, ки ҳоло моли раиси колхоз буд, соатҳо аз сари девор ба боғча менигарист ва боз дар кӯчаҳо лоқайдона мегашт ва бо касе ҳарф намезад. Сарулибоси жанда ва чашмони пур аз илтиҷо дошт.

Ҳоло дар миёни пахтаҳои бишкуфта, ин писараки жандарӯш бо айни ҳамон чашмоне ба Пирум менигарист, ки солҳо пеш Пирум ба авлиёзодаи гунгу бесаробон нигоҳ мекард. Баъдҳо, вақте ки дар кӯчаҳои деҳа мастҳо ва ё ба гуфтаи бобои Зариф “пиёнҳо” пайдо шуданд ва дар кӯю барзах сарлучу пойлуч, афтодаву хеста бо овози гирифта “суруд”-ҳои урусӣ мехонданд, рағбати калонсолон низ бо шунидани хабари “пиён омад” аз забони бачаҳо афзуда, онҳоро хонахез ба кӯча меронд, то аз тамошои бепули намоиши бадмастон бебаҳра намонанд. Сафи марду зан кӯчаҳоро пур мекард ва онҳо бо шавқ афтодану бархостани сияҳмастонро тамошо мекарданд. Амалдорони давлат чорае зидди бадмастон намедиданд, зеро мегуфтанд, инҳо атеист, яъне бехудоянд ва биноан тарафдори давлатанд.

Ин манзараҳои дерина дар они воҳид аз пиндошти Пирум гузаштанд ва ин ҳам дар ҳоле ки чашм аз писарак барнадошта буд. Ин лаҳза буд, ки писарак лабханд зад. Сода ва беғубор. Зоҳиран вай аз рӯи эҳсос дониста буд, ки ин марди ошуфта бо он чашмони гиряолуд барояш хатарнок нест.

Пирум чашмҳояшро пӯшид. Зӯзаи саг ба гӯшаш омад. Дар дил ба худ гуфт: “Ман гунги хобдидаву олам тамом кар. Ман оҷизам зи гуфтану халқ аз шуниданаш.” Кош ҳоло метавонист, барои ин писарак шеър бихонад ва дили ӯро орому осуда кунад.

Баъд аз он ки дар донишгоҳ аввалин бор ба сеҳри шеър фурӯ рафт ва дар ин олами мӯъҷизаосо бори нахуст бо ин мисраъҳо вохӯрд, беихтиёр он марди гунги деҳаашро ба ёд овард, ки шояд як ҷаҳон ҳарф дар сина барои гуфтан дошт, аммо лол буд. Он вақт дар симои гунге, ки чашмонаш даричаи ботини пурсадояш буданд, барои худ тимсоли асроромези пайваста бо Худоро кашф кард. Аҷабаш омада буд, ки ба кадом ақл мардум гунгу бадмастонро дар як радда мегузоштанд. Яке мамлӯ аз бори сангини ғам ва дигаре сабук аз хандаву шодиҳои лода. Охир ин ду қутб, яке оташу дигаре об, яке замину дигаре осмон ва яке нуру дигаре зулмат буд.

Зӯзаи бардавоми саг ӯро ба худ овард. На, ин зӯза ба роҳи худ буд. Касе аз остинаш кашид ва ӯро ба воқеияти субҳидами сокит баргардонд.

Дандонҳои зарду сиёҳи писаракро дар пеши чашмаш дид. Доғи сабзу бунафш ва нилии ангури сагак дар гирди лабони бача ҷӯшида буд. Бо ин ҳол писарак механдид. Ва ҳам чизе мегуфт нимсадо ва печидаву омехтаву нофаҳмову ношунаво. Аз рӯи синнусол кӯдак бояд кайҳо забон бароварда бошад. Вале ончӣ Пирум дар чанд моҳи охир диду мебинад, дар як муддати кӯтоҳ зеҳнашро ба он одат дод, ки дар ин дунё ҳама чиз мумкин будааст.

Дар бораи забони бача фикр кард ва дарди бехи забонаш дубора авҷ гирифт.

Пирум мӯътақид аст, агар соле пеш барояш мегуфтанд, ки ҳамин Атои писари подабон ёздаҳ нафар аз навҷавононро дами тир мегирад, ё инки Тешаалии қассоб гӯшу бинии домулло Сайидҳошимро мебураду хонаи ӯро оташ мезанад, ё ин навхостагон ба тангчашмони деҳаи ҳамсоя имкон медиҳанд, ки ба номуси занонун духтарони деҳаи Пирум бирасанд, вай ҳаргиз ба чунин ҳарфҳо бовар намекард. Акнун ҳама чиз мумкин шудааст. Ҷавонакҳои бефаросоте забони худи ӯро буриданд.

Дили Пирум фишурда шуду ба дард омад ва ӯ ҳис кард, ки ҳарчӣ бештар ҳолаш ба ҳам мехӯрад. Шояд танҳо лабханди писарак буд, ки намегузошт, Пирум аз ҳуш равад. Аз ҷо ҷумбид ва мисли ҳаррӯза баргҳои паҳни пахтаро кафшак карда, ба даҳонаш наздик бурд ва шабнами рӯи баргҳоро ошомид. Аммо ин субҳ дер карда буд. Вақти шакрехт гузаштаву донаҳои шаффофи шабнам кӯчак шуда буданд. Фақат лабонаш хаёле тар шуданд. Фикр кард, ки ин ҳама рӯз шабнамнӯшии ӯ як худфиребӣ будааст. Бо он порчаи гӯшти варамида дар ҳалқаш вай наметавонист об бинӯшад ва ҳамин тавр худро, дақиқтараш ҷисми худро тасалло медод. Ҷисмеро, ки ҳамаи ҳуҷайраҳояш омода ба ҷанг шудаанд ва нерӯмандии чандрӯзаи Пирум аз ҳамин ҷо буд.

Писарак низ ба тақлид аз Пирум бо панҷаҳои кӯчакаш баргҳоро ҷамъ кард ва нами рӯйи онҳоро лесид. Вай гӯё шикамсерӣ субҳона хӯрда бошад, лабу даҳонашро бо остини аз чирк рахшандааш пок кард. Сипас хандид ва гуфт: “Ту пиёнӣ.” Садои гирифтаву дуруште дошт писарак, ки хоси синну солаш набуд. Овози ғафси шахси солхӯрда ва хаста.

Пирум ба аломати инкор сар ҷумбонд.

“Пиёнӣ, пиёнӣ, медонам. Падари ман ҳам вақте пиён мешуд, даруни ҷӯякҳо мехобид, то модарам ӯро пайдо накунад,” гуфт писарак дар ҳоле ки гӯё механдид ва данонҳои зарди худро намоиш медод. Ва филфавр ба гиря даромад. Донаҳои ашки писарак мисли қатраҳои зулоли шабнам ва сурати чиркини ӯ монанди баргҳои тирагуну заъфаронии пунбадона пораи манзарае шуданд, ки тайи ин чанд рӯз пеши чашми Пирум буд. Писарак, дар ҳоле ки ашк шоридаву рӯяшро мешуст, худро ба оғӯши Пирум партофт. Ҷисми тафсоне дошт кӯдак. Пирум ӯро танг ба канор гирифт ва дилаш фишурда шуд. Вай ба он андешид, ки солҳо буд, мехост, издивоҷ кунад ва фарзанддор шавад. Пирум тапиши дили кӯдакро бо ҷисми хеш ламс кард. Ин қадар сахту зуд метапид ин дили хурдакак! Мавҷе аз зарбони дили писарак ба дили Пирум мегузашт ва вай ба дард фикр кард, наметавонад, он суханони дилнавозеро ба кӯдак бигӯяд, ки аз навозиши онҳо дили писарак ором бигирад. Дигар гунгу дамкӯтоҳ аст Пирум.

Замони сухани ӯ гузаштаву даврони дашном ва зӯргӯӣ расидааст. Он замон гузаштааст, ки ӯ аз минбари баланд ҳарф мегуфт ва ҳазорон нафар баробар мегирист ва ё хушгӯӣ мекард ва ҳазорон нафар механдиданду хушҳол мешуданд. Боре пирамарде наздаш омада, ӯро ба оғӯш кашида, гуфта буд, “вақте ту гап мезанӣ, дили ман холӣ мешавад, худро хеле сабук эҳсос мекунам, монанди паре мешавам, ки ба парвоз биёям…”

Пирум ҳоло наметавонист, ба ёд орад, ки ин воқеъа кай ва дар куҷо рӯй дода буд, танҳо ҳис мекард, дар оғӯши мӯйсафед, худро мисли ин кӯдак дар канори худаш эҳсос карда буд.

“На. На ҳама чизе ки гуфтем, дуруст гуфтем,” аз дил гузаронд Пирум дар ҳоле ки сараш чарх мезад, шунид, ки “рост ҳам буд, дурӯғ ҳам буд”. Маълум набуд, ин суханонро худаш ба хештан мегуфт, ё аз куҷое ин садо меомад. Дар ғояти шигифтзадагӣ фикр кард, ки писарак аз зери дастони ҳалқазадаи Пирум садо дардодааст. Аммо дарҳол андешид, ки ин чиз номумкин аст.

Пирум надонист, чанд муддат ин гуна нишаста буду писарак дар оғӯшаш, аммо вақте сари кӯдакро, ки рӯйи оринҷаш буд, бардошт, дид, ӯро хоб бурдаасту лабонаш хаёле меҷумбанд. Пирум ҳадс зад, ки гӯшаш садо додааст. Мегӯянд, гӯши одами гунг ҳамеша пури садост.

Вай ба чеҳраи писарак хира шуд. Аҷаб хатту холи ашрофонае дошт ин бачаҳак! Абрӯвонаш сиёҳу камонӣ, ҷабинаш бозу баланд, мижгонҳояш банози баргашта, лабонаш маҳин. “Дар чӣ хонадони шоду ободе мезист ин писарак,” андешид Пирум. Хори гулӯлаи ғулқро аз мӯйҳои заррини писарак бо эҳтиёт берун кашид, ба дур афканд ва чашмонашро пӯшида, тасаввур кард, ки модари меҳрубони писарак шабонгоҳ кӯрпаро ба рӯйи кӯдак паҳн мекард, ки хунук нахӯрад ва субҳ бо навозишу дӯстдорӣ ӯро аз хоби заргӯшӣ мехезонд, мепӯшонду мехӯронд ва ба мактаб равон мекард. Мактаб дошт писарак ва китобу дафтару қалам. Ва ҳамсинфону омӯзгорон. Акнун ҳама зеру забар шуд. Назми зиндагӣ ба ҳам хӯрд. Хостанд, гӯшае аз онро ислоҳ кунанд, вале оқибат ба ҳарҷу марҷ гирифтор шуданд. Душманони озодӣ ҳама корро карданд, то ин озодӣ табдил ба бебандуборӣ шавад. Мардумро аз озодӣ тарсонданд. Қиматеро дар ивазаш хостанд, ки умеди мардум ба пушаймонӣ табдил ёбад.

Пирум хунрезиеро, ки акнун шаҳру деҳи кишварашро фаро гирифта буд, кори дасти бегонагон медонист, ки даҳсолаҳо бар ин мардум ҳукм ронданд ва акнун, вақте зимоми ин ҳукм аз дасташон афтод, ҳавзҳоро пур аз хун карданд ва гуфтанд, бинӯшед аз он озодие, ки мехостед, бинӯшед, ҳар қадар, ки мехоҳед.

Озодихоҳонро ба “моҳидорӣ” мефиристоданд. Яъне ба қаъри дарё. “Шино кунед дар ин обҳои арғувонӣ монанди моҳӣ!”

“Гулмоҳӣ, ширмоҳӣ…” Пирум надонист, ин садои худаш буд ё писарак овоз медод. Ба ҳар ҳол садо тифлона буд. Садои ширини кӯдакона.

Ба андоми Пирум ларза дамид. Писарак бедор буд ва ба ӯ нигоҳ мекард. Пас аз лаҳзае садояш омад: “Очама сӯзонданд.” Ин садо ин қадар ногаҳонӣ буд, ки Пирум қариб аз ҷой мепарид. Вай ҳис кард, ки бехи забонаш дард мекунад. Бухс гулӯгираш кардааст ва захмро ба дард овардааст. Дил фарёд мехоҳад, аммо бе забон чӣ гуна метавон фарёд зад.

Шояд мисли моҳӣ, вале онгуна ки аз ин фарёд ситораҳо дар осмон такон бихӯранд ва хуршед дигар барнаояд ва агар бо мо ин карданд, бигзор ҷовидона дар зулмот ва сардӣ бимонанд.

Ба ҷои Пирум саг зӯза кашид. Ин бор баландтар ва пурдардтар. Мисли нолаи инсоне, ки наздиктарин инсонҳояшро дар пеши чашмаш кушта бошанд.

Саг зӯза кашид, садои мусалсали калашников омад ва зӯзаи саг ҳам канда шуд. Пирум донист, ин охирин фарёд буд. Паиҳам садои мусалсал баланд шуд. Ва ҳамзамон садои фарёду фиғони одамон. Пирум фикр кард, сияҳпӯшон омаданд, то субҳи ин деҳаро низ ба зулмот табдил диҳанд. Фиғони пур аз ваҳшати зане ба гӯш расид. Боз калашниковҳо хандаи мастона заданд. Фарёду шеван, доду ғирев ба осмон печид. Садои инфиҷоре омад, ки ба таркиши норинҷак ё мушак монанд буд.

Пирум сарашро боло кард ва ба тарафи деҳа нигарист. Дид, ки тӯдаҳои парешони одамон афтону хезон ба самти пахтазор медаванд.

Писарак ҳам сар бардошта буд ва ин манзараро дидан замон худро аз канори Пирум ба ҷӯяки пахта ҳавола дод. Пирум ҷаҳид, то аз дасти ӯ бигирад, аммо писарак бо чашмони пур аз тарс ва илтиҷо хешро ақибтар кашид.

Садоҳо аз самти деҳа то рафт баландтар мешуд, манзур одамон ба пахтазор наздиктар меомаданд. Пирум ба писарак нигарист ва ангушт ба лабони худ гузошт, ишора кард, хомӯш бимонад. Вале писарак аз ҷой хест. Қаддаш аз ниҳолҳои пунбадона қадре баландтар буд. Пирум аз остини ӯ кашид. Ба маънои он ки “Биншин. Пинҳон шав.”

Писарак гӯё ин ҳарфи бесадои Пирумро фаҳмида бошад, нишаст ва сар хам кард. Дасту пои писарак меларзид ва ранг аз рӯяш парида буд. Мисли ҳамин пахта сафед ба назар мерасид.

Дар ин байн овози одамон ногаҳон қатъ гашт ва садои хиш-хиши баргу пояҳои пунбадона ба гӯш омад. Пирум вазни худро ба пушт андохт ва пиндошт, ки анбӯҳи одамон андаруни ҷӯяҳои пахта дар ҳаракат аст ва ҷое меҷӯяд, ки ҷони худро пинҳон кунад. Бигзор ҷое мисли сӯрохи сӯзан. Садои оҳу воҳ меомад. Касе начандон баланд ном гирифта, касеро фарёд мекунад. Касе шояд меафтаду касе мехезад, касе меғелад ва касе мехазад.

Пирум чашмонашро баст ва фикр кард, ки ин пахтазор Киштии Нӯҳ асту ҷонварон дар бими ҷон ба он часпидаанд, зораву тавалло мекунанд, шафқат мехоҳанд, паноҳ меҷӯянд, наҷот металабанд.

Аммо инҳо на аз тӯфон, балки аз ҳамсонҳои худ, аз ҳамсоягону бародарони худ паноҳ меҷӯянд. “Ва ин куҷо киштист, — фикр кард Пирум,– хок асту пахта. Магар он хоҳад тавонист, ҳамаро наҷот дод? Лекин ин хокест, ки мардум онро навохт ва ниҳолҳое, ки мардум онҳоро парвард.”

Пирум ба он андешид, ки ин киштзор чанд рӯз боз наҷотбахши ӯст ва ҳам наҷотбахши ин кӯдаки хурдсол. Шояд дигаронро ҳам наҷот бидиҳад.

Ногаҳон ҳама ҷоро як сукути сангине фаро гирифт. Фақат аз самти деҳа ягон-ягон садои мусалал меомад ва он ҳам то рафт кам мешуд. Дар деҳа касе фарёд мезад ва касе посух медод. “Сияҳпӯшони сияҳкоранд,” андешид Пирум ва дид, ки писарак ҳам мутаваҷҷеҳ асту медонад, ки дар атроф чӣ мегузарад. Писарак ба Пирум ором нигоҳ кард ва хаёле лабханд зад.

Пирум ба замин хобид ва аз зери пояи ниҳолҳо аз бистари ҷӯяк ба самти деҳа нигарист. Дид, ки дар ҳамин “ҷӯяи ӯ” шаш ё ҳафт нафар пасиҳам хобидаанд, аммо сарашон на ба тарафи ӯ, балки ба самти деҳа буд. Шояд вазъро нигоҳ мекунанд. Фосилаи байни онҳо ва Пирум чандон зиёд ҳам набуд. Агар мехост, метавонист, онҳоро садо бизанад. Аммо сокит монд. Ҳама хомӯш буданд ва интизории чизеро мекашидаанд.

Аз самти деҳа садои мотор ба гӯш расид. Пирум ҳоло метавонист, муайян кунад, ки ба камияш се мошин ва як зиреҳпӯш ба ин тараф меоянд. Писарак чашмонашро нимпӯш кард, гӯш дод ва гуфт: “ду зиреҳпӯш ва чаҳор мошин.” Пирум дар тааҷҷуб афтод, вале чизе нагуфт. Лабханд зад. Мехост ҳам, чизе гуфта наметавонист. Пирум лол аст.

Роҳ аз сарколаи пахтазор мегузашт. Зиреҳпӯшу мошинҳо он ҷо истоданд. Пирум тахмин зад, ки онҳо пас аз гаштугузор ва қатлу куштору ғорат дар деҳа ба ин ҷо омаданд, зеро шояд пай бурданд ва ё аз дур диданд, ки қисме аз мардум ин ҷо пинҳон шуд.

Нохост пахтазор зери борони тир монд. Даҳҳо, шояд садҳо мил мусалсал баробар ба кор даромада буд. Фавҷи гулӯла аз болои сари Пирум ва писарак ҳуштак мекашид. Шохубарг ва порчаҳои пахта ба сару рӯяшон мерехт. Ҳам Пирум ва ҳам писарак сари худро сахт ба замин фишурда буданд. Пирум аз дил бурд, ки мехоҳад, ба дарунтари ин хоки кӯҳан фурӯ биравад.

Аз ҷӯяҳои пеш садои доду ғирев омад. Ҳатман касе захмӣ шуда буд ва ё шояд аз тарсу ҳарос садо зад.

Тирборон чанд лаҳза давом кард. Вале гӯё охир надошт. Касе бо фарёди худ борони тирро боздошт. Пирум ба ин андешид, ки агар ин сияҳпӯшон пуштибони қавӣ надошта бошанд, ин қадар тиру силоҳро аз куҷо гирифтаанд.

Пирум ба писарак нигоҳ кард. Вай ҳам сар бардоштаву аз зери шохубарги пахтаҳо ба самти деҳа менигарист. Кӯдак рӯ ба Пирум овард ва табассум кард – зиндаем.

Аз саргаҳи пахтазор садо омад: “Тирро ҳайф накунед, ба замин об сар диҳед, берун ки омаданд, ҳамаша моҳиқапӣ мефиристем.”

Пирум дид, ки одамон пуштнокӣ мелағзанд ва ба дарунтари пахтазор мераванд. Чашмонашро пӯшид. Агар ин ҳама хуну оташ ба поён расад, ин тифлро писархонд хоҳад гирифт. Пирум фарзанд надошт ва Муин, ин шогирди чобукашро мисли писари худ парасторӣ мекард. Боз он пурсиши ҷонгудоз ба ёдаш расид. Наход сияҳпӯшонро Муин ба хонаи Пирум оварда буд? Наход Муин аз ҳоли устоди худ шод бошад? Оё пайвандҳои равонии миёни инсонҳо бояд ҳамеша заъифтар аз решаҳои хунӣ бошанд? Охир Пирум ин қадар дӯст медошт Муинро. Панҷ моҳ буд, ки Муин маҳфили Пирумро тарк карда буд. Танҳо ба маҳзи он ки Сӯҳроб аз ӯ беҳтару донотар буд. Фақат барои он ки Пирум бартариҳои Сӯҳробро шинохт ва арҷ гузошт…

Пахтазор ба зане монанд буд обистани ҳазорон ҷанин, ки дар ин лаҳзаҳо фақат ба наҷоти ҷони худ фикр мекарданд. Шиками киштзор моломоли зот буд ва меҷумбид. Дигар садои мошину зиреҳпӯшҳо сукути сангинро халалдор намекард.

Пирум тахмин зад, ки ҳама – одамони ниҳонгашта, пахтаҳо, дарахтҳои тути атрофи киштзор, осмони кабуди боло сар – интизори садои мусалалҳоянд. Тамоми вазъият ба назараш шабеҳи бозие буд, ки қарор аст, бо хандаву шӯхӣ ба поён расад. Ҳама аз ҷӯякҳои қатор бармехезанд, хок аз домон меафшонанд, бо табассум ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд, рафтори чанд лаҳза пеши якдигарро бо ширинкорӣ тақлид мекунанд.

Андаруни пахтазор ҷумбише ба амал омад. Пирум филфавр чашмонашро боз кард ва дид, ки зану марди даруни ҷӯяҳо нимхез мешаванд, паҳлу мегарданд ё ба сӯи деҳа менигаранд. Пирум фикр кард, тахминаш дуруст баромадааст, бозӣ поён ёфт.

“Об омад! Об омад!” – ин садо ба гӯшаш расид. Писарак ҳам ба ӯ нигарист ва гуфт, ки онҳо ба пахтазор об сар додаанд, то одамони дар он пинҳоншуда берун оянд.

Пирум сар ба зер афканд. Фикр кард, ин магар бозиест, ки қоидае дошта бошад? Пас сияҳпӯшон одамонро шикор мекунанд. Одамонро ба муҳосира гирифтаанд ва мисли даранда бо сайди худ бозӣ доранд. Ва медонанд, ки сарнавишти сайд кайҳо маълум аст.

Пирум обро дид, ки андаруни ҷӯяҳо ҳамранг бо либоси сияҳпӯшон пеш мехазад. Меғелад ва меояд ваҳшатангез. Хоки ковок баъд аз омадани об фурӯ меравад ва одамон ба коми хок кашида мешаванд. Онҳо ба талвоса меафтанд, нимхез мешаванд, мехоҳанд, дасту пои худро аз ин гил берун кашанд, аммо сар боло мекунанд ва чашмони душмани худро мебинанд. Ва хандаи мастонаи ӯро.

Чанд нафар аз ҷӯяҳо берун шуданд. Онҳо либоси гилолуди худро тоза мекарданд, бари ҷомаву пироҳани худро меғавжиданд, то обро биҷаванд. Он қадар бо эҳтиёт ва ҳавсалаи тамом, ки гӯё дигар коре муҳимтар аз ин вуҷуд надошт. Сияҳпӯшон дастони онҳоро ба пушт мекарданд ва бо симхор мебастанд. Мӯйсафеде гуфт, “ист, бачам, оби калушома бирезам”. Сияҳпӯше хам шуд, то ба ӯ кӯмак кунад. Аммо калуши ӯро гирифт ва ба сараш зад. Сипас дастҳои мӯйсафедро ҳам бастанд.

Пирумро фикре ба сар омад, ки бархезад, равад ва бигӯяд, ки ҳамаи инҳоро озод кунед ва маро бубаред, зеро медонам, маро мекобед. Агар гуноҳе дорам, ман дорам, на ин бечорагон. Дафъатан фикр кард, бо ин безабонӣ чӣ хоҳад гуфт ба онҳо. Ба писарак нигарист. Дид, ки вай ба воқеа хеле мутаваҷҷеҳу мутамарказ аст ва гӯё чашмонаш ду баробар бузургтар шудаанду ҳодисаро мебинанд.

“Бубин. Ин ҳамаро бубин ва дар ёд бигир. Барои фардо. Барои рӯзе ки ҳар савол посухи худро хоҳад хост,” рӯ ба писарак аз дил гузаронд Пирум.

Вай барои охирин бор ба писарак нигоҳе афканд ва аз ҷой бархост. Бо тамоми он қомати баланд. Писарак дод зад ва бо ду даст аз пойи Пирум дошт. Пирум дигар намешунид, ки бачаҳак чиҳо мегӯяд. Пирум ба гурӯҳи сияҳпӯшон ва марду зани гилолуде, ки паиҳам аз пунбазори обхӯрда берун меомаданд, хира шуд. Пойи худро раҳ кард ва рафт. Ин як ҳолати рӯъёӣ буд байни хобу бедорӣ. Пирум ба як лахт рӯъё табдил ёфта буд ва гӯё на қадам мезад, балки рӯ-рӯйи замин парвоз мекард. Писарак пояшро раҳо карда буд ва акнун Пирум мисли паре бевазн шуда буд.

Сияҳпӯшон аз зарбу латти асирони нави худ бозистода буданд ва ба қомати баланди Пирум, ба гашти шукӯҳманди ӯ менигаристанд. Нигоҳи онҳо дар чашмони оташини марде дармонда буд, ки рӯ-рӯйи ниҳолҳои сабзи пунбадона ва ҳатто қадре баландтар аз онҳо парвоз мекард. Дар сари баланди ин марде, ки рост ба сӯяшон меомад, фарри пурнуреро медиданд ва дар кӯчактарин ҳаракаташ ҳайбату ваҳшатро. Сияҳпӯшонро нигоҳ тира шуда буд.

Мардону занони гилолуд ва ҳақир, ки бархе аз онҳоро дастҳо ба пушт баста буданд, баргаштанд ва Пирумро диданд, ки мисли фариштае дар фазо қадам мезад. Ифодаи биму илтиҷоро дар сурати онҳо ҳайрат ва рӯшанӣ иваз кард.

Пирум омад, бозистод, дасти росташро баланд кард. Чизе намегуфт, аммо чашмонаш гӯё буданд, чашмонаш мегуфтанду мегуфтанд. Он қадар баланд, ки ҳама, ҳатто онҳое, ки дар дуртарин ҷӯякҳо, андаруни обу гил сар ба замин фурӯ бурда буданд, овози чашмони ӯро мешуниданд.

“Занед инро, занед!” – фиғон мебаровард сарвари сияҳпӯшон, вале ҳеҷ кас наметавонист, мили силоҳашро тарафи ӯ рост кунад. Силоҳдорон мабҳут буданд. Мисли морҳое дар баробари дуои сулаймонӣ. Аммо рӯшании бузурге ба мағзи онҳо роҳ ёфта буд ва онҳо акнун манзараро аён медиданд. Ба гунае дигар.

Сарвари сияҳпӯшон туфангча аз наём берун гирифт…

21.03.2010 - Posted by | Адабиёт, Каме латра, Фарҳанг, Ҳикоя |

4 Comments »

  1. Ташаккур аз захматхои Шумо, устод. Ман варианти пешинаро хонда будам, холо ба маротиб хубтар шудааст. Ман фикр мекунам ин як чизи мондагор аст. Ягон адиби мо дар бораи чанге ки ба сари мардуми мо омад, ин хел чизи чолибу хассос нанавиштааст. Холо ин нависандахои мо ба таърихи дунёи кадим рафтагй. Ба хотири он ки барояшон ягон мушкил пеш наояд, аз таърихи гузашатаи дур менависанд, вале аз ходисахое, ки хамин чанд сол пеш дар ватани азаизамон руй доданд, ба лаб мухри хомушй мезананд. Зинда бошед ва хамин гуна асархои нав биофаред. Баротон муваффакият мехохам!

    Comment by Рустам | 23.03.2010 | Reply

  2. Сипосгузорам аз лутфу марҳамати Шумо. Месазад барои хонандагоне мисли Шумо шабзиндадорӣ карду навишту навишт. Коматон ширин ва саратон баланд.

    Comment by aioubzod | 09.04.2010 | Reply

  3. =)))

    Comment by меъроч | 14.03.2012 | Reply

  4. Бин чомаи туена ба бар дорад у,
    Ин точу кулохи шах ба сар дорад у.
    Эй кош,ки номвари ин авлод шавад,
    Аз бахти накуи худ хабар дорад у.

    Comment by меъроч | 14.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: