Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чашмандозе ба осори Орҳан Памук

Оё метавон матне навишт, ки аз он ҳавои тозае бивазад ва хонанда аз ин ҳаво нафаси наҷотбахше бикашад ва ин нафас барояш баробари ҳаёт дар муқобили марг бошад? Чӣ гуна бояд навишту матне сохт, ки мисли як нӯш оби ҷонбахш барои ташнагони раҳгумзадаи биёбон бошад? Матне мисли нӯшдору…

Аз куҷо кофту ёфт, он ягонатарин вожаҳоеро, ки аз роҳи чашм ба мағзҳо дароянд ва ба короитарин зарраҳо табдил ёфтаву дар рагҳои хуни хонанда бишоранд ва ба тани дар ҳоли сакарот ҷон бидаманд. Чӣ қадар сухани бузург хоҳад буд, сухане, ки агар ташнаи онед, дигар ҳазорон ҷилди муҷаллоро ба як филис нахоҳед гирифт ва нахоҳед пазируфт.

ДЕБОЧА

Шайх Камоли Хуҷандӣ дар бораи шеъри худ мегӯяд: “Зи ҳар ҳарфаш равон магзар чу хома, Ба ҳар ҳарфаш фурӯ рав чун сиёҳӣ.” Иморӣ мегӯяд, “андар ғазали хеш ниҳон хоҳам гашт, то бар лаби ту бӯса занам, чун-ш бихонӣ.”

Нича мегӯяд, набояд бо сиёҳӣ навишт, балки бо хуни ҷигар ва набояд онгуна навишт, то туро бихонанд, балки онгуна, ки навиштаи туро азёд кунанд.

Ба қавли Томас Манн, нависандаҳои бузургро хонандагони бузург меофаранд. Белинский баракс, ин хидматро бар дӯши танқиди адабӣ мегузорад.

Мо имрӯз на инро дорему на онро. На хонандаи бузург ва на нақди амиқу муассир. Шояд ҳардуро дорем, аммо намебинем ва намешиносем?

Пас мо дар куҷоем ва чикораем? Мо, яъне ҳамаи мо. Хобем ё бедор? Ончӣ доштем, ба ҳаво чошидем ва дар иваз чизи наве ҳам ба даст наовардем? “Солҳо дил талаби Ҷоми Ҷам аз мо мекард”, аммо солҳо баҳонаҳое доштем ва ҳоло зоҳиран ин дил дигар ҳеч талабе ҳам аз мо надорад. Дастикам барои солҳои наздик…

ОШНОИИ АВВАЛИН БО ПАМУК

Вақте ки Дориюши Раҷабиён гуфт, бояд Орҳан Памукро ба тоҷикон муаррифӣ кунад, хушам наомад ва ғурунгидам, ки “агар Ҷоизаи Нобел гирифтааст, ҳанӯз ба он маънӣ нест, ки бояд эътирофаш кард.» Боз гуфтам, “ин ҷоиза сиёсист, зеро Памук қатлиоми арманиҳоро эътироф кард.” Яъне муқобили маҷро шино кард. Шояд Салмон Рушдӣ ҳам мехост, ба ҳамин роҳ Нобел бигирад.

Соле баъд, вақте ҳамҳамаи нобелии Памук андак-андак паст мешуд, дар фурудгоҳи Мадрид аз китобфурӯшие “Истамбул”-и Памукро харидам ва ба курсие нишаста, дар интизори парвоз ба Бостон онро во намудам. Аз ҳамон аввалин ҷумлаҳо шефтаи сухани сеҳрангези Памук гаштам.

Фикр кардам, дар баробари дӯстам Дориюш одил набудам ва дер ҳам бошад, тан медиҳам, ки суханаш ҳақ буд. Памук нависандаи заҳматкаш ва парвардаи фарҳанги бузурги эрониасл аст. Дар осори ӯ андеша ва ҳунари зебошиносии бузургони тоҷикзабон бо ҷаҳонофарӣ ва баёни ғарбӣ решапайванд шудаанд.

Пас аз он китоби фурудгоҳӣ, қариб ҳамаи осори Памукро хондам. Дирӯз охирин румонаш – “Ҳаёти нав”-ро фуровардам. Шигифтангез аст, ки нахустин сафҳаҳои китоби нави Памук як ҳикояи деринаи нависандаи тоҷик Адаш Истадро ба ёди ман овард. Дар он сухан аз як навиштаҷоте мерафт, ки ҳар кас онро мехонд, дигар наметавонист, ба шеваи пешина зиндагӣ кунад. Ин навиштаи кӯтоҳ ҳаёти одамонро дигар мекард, онҳоро водор менамуд, аз хоби ғафлат бедор шаванд, фаромӯшкардаҳои хешро ба ёд оранд ва даст ба амал зананд.

Памук ҳам аз китобе қисса мекунад, ки хондани он, айнан монанди навиштаҷоти достони устод Адаш ҳаёти хонандагонро аз бум иваз мекард. Сармоядори бузурге, ки писараш аз хондани ин китоб даст аз ин дунё шуста, ба зиндагии дигаре пардохтааст, аз дарди бохтани фарзандаш ҳамаи хонандагон ва паҳнкунандагони китобро, ки акнун аз ҳастии ҳамдигар огоҳ шуда, ба ҳам пайваста, ба як ҷумбиш табдил ёфта буданд, ба дасти қотилони зархарид аз байн мебарад.

КИТОБИ ОСМОНӢ?

Дар оғоз кас фикр мекунад, сухан аз ягон китоби муқаддаси мазҳабист. Памук ҳатто сафҳаҳо ва ҳуруфи онро тавре тасвир мекунад, ки гӯё аз онҳо нуре таҷаллӣ мешавад. Пас ин як китоби одӣ на, балки осмонист.

Қаҳрамони асосии асар дар ҷое мегӯяд, гоҳе ба назараш чунин меояд, ки китоби нуронӣ ба “қонунмандиҳо ва самтгириҳои муайяни коинот” ишора мекунад.

Онҳое, ки китобро мехонанд, аз хонаводаҳои худ мебуранд ва ба сафар мебароянд, то марзи ҷаҳони дигарро пайдо кунанд ва аз тариқи он бо воҷибалвуҷуд бипайванданд.

Шахси аввали асар, ки ҳикоят аз номи ӯ меравад, чунин марзро дар садамаҳои роҳ меёбад. Вақте автобус ба сонеҳа дучор мешавад ва қисми зиёде аз сарнишинони он кушта мешаванд, вай дар ҷои ҳодиса фариштаҳоро мебинад ва орзу мекунад, бо ҷаҳони дигар пайваста он ягона сирри ҳастиро ба даст орад. Садама, яъне фалокати кушанда остонест, ки кас вақте ба он мерасад, аз он ҷо ҷаҳони дигар дида метавонад.

Барои қаҳрамони асосии “Ҳаёти нав”-и Памук фирораш аз хона ва донишгоҳ ва роҳ афтоданҳои бебарномааш сафарест дар ҷустуҷӯи маҳбубааш, ки Ҷонон ном дорад. Ҷонон мегӯяд, ин ишқ аст, ки инсонро ба сӯи мақсаде равона мекунад, дар дарки моҳияти ашё мадад мерасонад ва дар ниҳояти амр ба боз кардани сирри ҳастӣ сабаб мегардад.

Дар зимн вожаи тоҷикии “ҷонон” дар забони туркӣ яке аз номҳои Худост. Пас, фикр кунед, ки қаҳрамони асосии китоб дар ҷустуҷӯи Ҷонон рафтанаш оё ду маъно надорад? Касе, ки дар ҷустуҷӯи Худо меафтад, аллакай метавонад, одами нек бошад.

ТАЪСИРИ АДАБИЁТИ СӮФИЯ

То нимаи китоб хонандае, ки аз тасаввуф огаҳӣ дорад, гӯё ҳамроҳи қаҳрамонони он аз водиҳои маърифат, шариат ва тариқат мегузарад. Ва ин ҷо мефаҳмад, ки барои расидан ба ҷаҳони дигар кас бояд кушта шавад. Ин ҳам шабеҳи “фанофиллоҳ”-и сӯфия аст, ки ошиқи Худованд дар водии муҳаббат бояд маҳв гардад, то бо Худованд бипайвандад.

Аммо дар як марҳилаи муайян ин сулуки водиҳои сӯфиёна дар румони нави Памук ҷомаи сиёсат ба бар карда, аз як сӯ эътирози зидди ҷаҳоншумулӣ ё ҷаҳонишавиро фаро мегирад ва аз сӯи дигар ба шикаст ва сарпастии ҷаҳони ислом ишора мекунад. “Мо мағлубони бадбахте ҳастем, ки қиморе бо номи “таърих”-ро бохтаем.”

Ин биниш дар ҷое ба авҷ мерасад, ки яке аз қаҳрамонони асар мегӯяд: “Мо ду роҳи наздик шудан ба Оллоҳро дорем. Яке бо ёрии силоҳ – роҳи ҷиҳод ва дигаре бо кӯмаки соат – роҳи намоз.”

Вале тадриҷан ин хатти андеша дар китоби Памук ба чизҳои одӣ бармегардад ва китоб ҳам китоби одӣ шудаву воқеа ба як детектив ё хаёлбофиҳои наврасона табдил меёбад. Талхии бохти ҷаҳони ислом бо талошҳои омезиши фалсафа ва афкори мусулмонону насрониён дар заминаи шабоҳатҳо таъми нармтаре касб мекунад.

Китоб ҳам маълум мешавад, на “Қурон” аст, балки достонест, ки муаллифи “комиксҳо” ё қиссаҳои корикатурӣ, собиқ корманди роҳи оҳан навиштаву номи худро пинҳон доштааст. Дар комиксҳои худ ин пирамард қаҳрамонони дӯстдоштаи бачагони амрикоиро бо паҳлавонони турк омезиш медодааст, ки машҳуртарини онҳо “Питер ва Партав” ном доштааст.

Ба хонанда фақат ҳадси ин мемонад, ки чаро Памук дар авҷи андешаҳои баланд якбора бозмеистад ва аз ин иртифоъ ба сатҳи зеҳнбозиҳои детективмаъоби ҷавонона сарозер мегардад. Оё ӯ аз фарти худсонсурӣ хештандорӣ мекунад, то “хатти сурх”-и ҳусни сиёсатро наубурад ва ё аз қазо нияташ танҳо эҳёи ёдбудҳои давраи наврасӣ ва як навъ нозу нонории онҳо буд?

ХУДСОНСУРИИ ПАМУК?

Нависандаи бузурги тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ мегуфт, асари бадеӣ бояд чанд сатҳи мафкуравӣ дошта бошад ва ҳар хонанда бо назардошти омодагию фаросоташ ба яке аз ин баландиҳо бирасад. Аз нигоҳи ӯ, асареро метавон ситоиш кард, ки чанин чандсатҳӣ ва чандмаъноӣ дошта хонандагони гуногунсатҳро қаноат бахшад.

Пас, магар Памук бо дастони худаш ин комёбии румони нави хешро вайрон намекунад? Беҳтар набуд, ӯ чандмаъноии китобаш ва паҳнои бемарзи андешапарварии онро ҳифз кунад?

Чунин носуботқадамӣ дар дигар асарҳои Орҳан Памук низ ба мушоҳида мерасад. Барои намуна, дар румони “Китоби сиёҳ” аз як сӯ сарнавишти рӯзноманигори машҳуре матраҳ мешавад, ки пас аз дарки як ҳақиқати нодир нопадид гаштааст ва ҷустуҷӯи ӯву таҳлили осораш қаҳрамони меҳварии ин румонро ба андешаҳои мухталифе мепечонад.

Бархе аз ин андешаҳо дар нуқтаи авҷ ба фалсафаи Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) бармегардад ва куллан андарзу бозёфтҳои адабиёти форсу тоҷик дар ин китоб низ ба ҳадди аксар корбаст мешавад.

ҲУЗНИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГӢ

Яъсе ба ҳамаи навиштаҳои Памук хос аст. Вай дар ёддоштҳояш иқрор мекунад, ки на танҳо ӯро, балки ҳамаи туркҳо ва куллан мусулмононро асрҳост “ҳузн” фаро гирифтааст. Ин вожаро Памук дар шакли туркишудаи “ҳузун” менависад.

Қаҳрамонони ӯ мехоҳанд, сарчашмаи ҳузн хешро пайдо кунанд ва бидонанд, ки чаро ба чунин ҳоле афтодаанд. Истамбуле, ки як замон пойтахти як империя буд, акнун ба як шаҳри музофотии маҳзун табдил меёбад. Ҳамон гуна ки Бухоро ба рӯзгори талхе рӯбарӯ гаштааст. Ва ё Бағдод, маркази як хилофати бузург.

Аммо беш аз ҳама Памукро чунин тағйири маҳвкунандаи инсонҳо ба ташвиш меорад. Одамонанд, ки шаҳрҳоро бузург мекунанд ва акнун ба ҷое афтодаанд, ки бояд бо кӯҳнафурӯшӣ рӯз ба сар баранд.

Дар “Китоби сиёҳ” Памук менависад, “зистан дар кишвари мағлубшудагон ба маънии каси дигаре ҷуз аз худ будан аст.” Дар ҷои дигаре аз ҳамин румон меорад: “Муҳимтарин масъала барои инсон имконияти хештан будан аст. Агар ин масъала ба таври бояду шояд ҳал нашавад, мо ҳама маҳкум ба фалокат, шикаст ва ғуломӣ хоҳем буд. Тамоми миллатҳое, ки натавонистаанд, худ бошанд, маҳкум ба ғуломӣ ва марганд.”

Памук фақат худ ва миллати худро дар назар надорад. Ҳамаи моро низ ҳушдор медиҳад.

31.03.2010 - Posted by | Адабиёт, Таърих, Фалсафа, Худшиносй, Ҳунар |

8 Comments »

  1. Устод Салими Аюбзод!
    Сипос Худовандро,ки чунин шахсиятхои бузург чун Шуморо барои мо миллати точик арзони дошта.Чизе намегуям, чуз ин ки хар кучое,ки бошед, саломат бошед.Ин чониб ба ифтихори 60–солагии рассоми моникалам, мусаввири барчастаи точик Комил Ёдгор навиштае омода намудам,ки дар рузхои наздик ба дасти чоп мерасад.Дар сухбат устод Комил аз Шумо ба неки ёд карданд.
    Худо Шуморо хифз кунад.
    Бо эхтиром
    Фирдавси Аьзам

    Comment by Firdavsi Azam | 01.04.2010 | Reply

  2. Ташаккур барои ин тахлили хаматарафаи асархои Орхан Памук. Ман китоби у “My name red”ро хондаам. Хакикатан хам шумо дуруст менависед, ки вай аз мероси бузурги адабиёти точику форс ба тарики васеъ истифода мекунад. Хамин китоби чолибаш дар бораи хаттотони куруни вустост, ки ба хатти арабй китобхоро хаттотй мекунанд ва бо вучуди он ки Ислом кашидани сурати инсонро манъ мекунад, яке аз онхо дар байни хаттотихо аксхои инсонро мекашад. Ман фикр мекунам Памук аз маснавии Чалолидини Румй бисёр истифода кардааст. Афсус дар он аст, ки адибони мо адабиёти клоссики моро намедонанд ва намедонанд, чй тарик аз он истифода кунанд ва ба сатхи чахонй бароянд. Онхо ба таърифу тавсифи раисичумхури кишвар машгуланд, маддохй мекунанд ки тухфае аз у бигиранд. Сониян чоизахои адабй ба онхое дода мешавад, ки хамин хел маддохй кунанд. Шумо бинед, ки ин чандин соли охир Чоизаи Рудакй ба кихо дода шуд, ба онхое ки аллакай асархои чоизагирифтаашон аз ёди хама фаромуш шудааст. Агар чоизахои бузург ба одамоне дод мешуд, ки хакикатан хам барои адабиёти миллат хизмат мекунанд, дода мешуд адабиёт инкишоф меёфт. Лек бо ин холе ки мо дорем, адабиёт хам гирифтори кризиси амик аст ва ба нобудй расидааст. Бинобар ин солхои наздик ё дахсолахои оянда аз байни адибони мо памукхое ба камол намерасад. Хама чиз тамом шудааст. Ман ин тахлили шуморо ба сифати хамин таассуф ва дарего кабул мекунам. Худо шуморо дар панохаш нигох дорад.

    Comment by Рустам | 01.04.2010 | Reply

  3. Албатта, тафовути завкхо ва бинишхоро бояд дар назар гирифт. Вале дар мачмуъ ман бо он назари Шумо, ки дар огози макола иброз кардаед, мувофик хастам, яъне барандаи чоизаи Нобел шудани Памук бештар ангезаи сиёси дорад. Агарчи Орхон Памук нависандаи заъиф нест,аз баъзе лихоз чолиб хам хаст, вале хатто адабиёти худи Туркия нависандагоне дорад, ки аз назари хунари нависандаги кавитар аз Орхон Памук хастанд. Масалан Орхон Камол ва Яшар Камол ва дар танзу хачв Азиз Несин.
    Мутаассифона, чоизаи Нобел, ба вежа дар солхои охир бештар хусисияти сиёси гирифта, дар амри тасмими эътои он харфи доирахои муъаяне, ки сиёсати чахонро низ мечархонанд, муассир аст. Чолиб аст, ки Орхон Памукро дар Урупо “Умберто Эко”-и турк мегуянд, ва дар ин хол Умберто Эко – нависандаи ва донишманди маъруфи итолиёи ин чоизаро надорад, вале Памук дорад.
    Ёдовар мешавем, ки нависандагон ва шоирони бузурге чун Толстой, Чехов, Чеймс Чойс, Марсел Пруст, Борхес, Ахмади Шомлу ин чоизаро надоранд. Чоизаи Нобел на ба шоири бузург Борис Пастернак, балки ба нависандаи мутавассит Борис Пастернак эъто шудааст…
    Ва чоизаи Рудаки низ чунонки бародар Рустам сарехан гуфтааст, пас аз истиклоли Точикистон дар сатхи кучактару поёнтар ба “масхараи адаби” табдил ёфтааст…
    Умуман адабиёт дар Точикистони азизи мо дар холи мурдан аст. Нависандагон дорем, шоирон хастанд, вале раванди адаби вучуд надорад. Хонанда вучуд надорад. Томас Манн дуруст гуфтааст, ки адабиётро хонанда ба вучуд меоварад, хар кадар хонада бештар бошад, хар кадар хонандаи амикназар ва волозавк бештар бошад, он кадар адабиёт рушд хохад кард. Зеро адабиёт чун хама падидахи ичтимои посух ба ниёзхо аст. Чун ниёз ва эхтиёч вучуд надорад, ин бозор низ сард аст. Вале Точик китоб намехонад; на рузноманигораш мехонад, на устоди донишгохаш, на донишчуяш мехонад, на вазираш, ба ин далел аст, ки китобхои хубе, ки чанд сол кабл бо тирожи 1 хазор нусха чоп шудаанд (аз чумла китобхои Бозор Собир ва Бахманёр, ки аввали бехтарин шоир ва дувуми бехтарин нависандаи муосири точик аст), то кунун дар рафхои китобфурушии шахри Душанбе – пойтахти Точикистон, ки “пойтахти фарханги исломи дар соли 2010” хам интихоб шудааст, чанг зада хобидаанд! Чун фарханги китобхони нест, фарханг низ аз миён дорад меравад, ахлок низ, забони точики дар сатхи поёнтарини хароби аст.
    Дируз маколаи хеле чолиб ва пурдарди Абдуазими Абдуваххобро дар хафтаномаи “Нигох” хондам, ки кисмате аз он дар мавриди фарханги китобхони дар чомиъаи Жопон буд. Ва ба хулоса расидам, ки яке аз мухитмтарин омили пешрафти жопонихо дар хама сохаи зиндаги хамин амр будааст: онхо китоб мехонанд ва китоб онхоро маърифат меомузад, боис ба тавлиди андеша мешавад. Ва андеша кардан шарти нахустини Инсон будан аст.
    Дареги мо ки бо канор гузоштани китобу китобхони асли Инсон буданро хам фаромуш кардаем!
    Пас аз ин хама, Орхон Памукро ба “хонандаи точик” муъарафи кардани Шумо, дар хован об куфтанро мемонад. Дареги захмататон!
    Саломату обод бошед!

    Бо эхтиром, Хонандаи Точик Кодири Рустам.

    Comment by Кодири Рустам | 02.04.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз нависандаи хушсалиқа Қодири Рустам. Дар ин андешаам, ки номаи ӯро дар шакли як матлаб дар торнигор нашр кунам ва бубинам, дар посух чӣ метавон гуфт.

      Comment by aioubzod | 09.04.2010 | Reply

  4. Durud ustodi aziz,

    man ham asarhoi uro bisyor dust doram, afsus, ki tanho tarjumai olmoniashonro mutolia kardam. Moro imruz chunin ashkhos meboyad, matni shukhanronii uro hangomi giriftani joisai nobel khonded?

    Samak

    Comment by Samak | 04.04.2010 | Reply

    • Саломат бошед, Самаки азиз. Дарег ин нутки уро нахондаам. Хатман онро пайдо хохам карду хонд, зеро аз ишораи Шумо мефахмам, ки он барои дарки осори Памук хеле мухим аст.

      Comment by aioubzod | 09.04.2010 | Reply

  5. Як чахон ташаккур барои ин навишта.

    Танхо хамин авохир ба хондани асархои бадеи бо англиси огоз кардаам ва танхо ду китоби нависандахои афгонро хонда будам.

    Вале хамакнун хохам донист, ки боз киро бихонам.

    Comment by Follower | 11.04.2010 | Reply

  6. дуруду сипос ба Шумо Салимчон Аюбзод! Дируз нихоят китобе бо фармоиши ман аз дусти мардикорам аз Русия ба дастам расид. Ин яке аз румонхои Орхан Памук “Джевдетбей и сыновья” мебошад (50 сомониро ин дустам кашида гирифт, нархаш 370 рубли руси). Мутолиаи онро аллакай огоз кардам ва пас аз дуввум сахифа хулоса баровардам, ки месазад ба Шумо миннатдории хешро баён намоям. Вокеан аз ин китоб бисёр чизхоро метавон омухт. Хусусан аз иштибохи дигарон дарс гирифтан.Танхо афсуси онки бо забони руси аст ва кас хис мекунад ки тарчумон чизи хостаи Орханро гуфта натавонистааст. Шояд тарчима бо точики метавонист наздиктар ба гуфтаи муаллиф мебуд. онро ба охир расонам агар ба ман маъкул нашавад харчи маро хисорот хохед кард ))))) (шухи)
    Чунки пас аз хондани ин матлаб аз паи осори Орхан шудам. Ташаккур акои Салим!Саломат бошед.

    Comment by Bedil | 05.08.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: