Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Хонаи сарду торику бебарқу бегаз барои Бан Ки-мун

Сокинони шаҳраке дар наздикии баҳри Арал дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун, ки аз тарафи мақомоти давлатии Узбакистон созмон дода шуд, Тоҷикистонро дар хушкидани оби ин кӯлр айбдор карданд ва гуфтанд, агар тоҷикон нерӯгоҳи Роғунро бисозанд, вазъ дар ин ҷо ба маротиб бадтар хоҳад шуд ва баҳри Арал комилан хоҳад хушкид…

Хандаам меояд ба ҳоли диктатори Узбакистон, Ислом Каримов, ки зоҳиран ба ҳимояти мӯйсафедои қароқалпоқ зор шудааст. Бигзор ҳатто бо фанду фиребу масхарабозиҳо.

Магар аз лиҳози тавлиди пахта дар ҷаҳон ҷои дувумро гирифтани Узбакистон дар ивази хушкондани Арал ба даст наомадааст? Кай боз Каримов, ба ақидаи мардуми одӣ гӯш медодагӣ шудааст, ки даҳҳо нафарро ба пешвози раҳбари Созмони Милал баровард, то зидди Роғун шиор зананд? Оё ба моҳонаи кӯчаки қароқалпоқҳо ва таъмини бади иҷтимоии онҳо низ Тоҷикистон гунаҳкор аст? Чӣ шудааст, ки Каримов тазоҳуркунандагони зидди Тоҷикистонро дар Тирмиз монанди Андиҷони соли 2005 тирборон намекунад? Баракс вакилони порлумони Узбакистон бо дастури Каримов халқи одиро ба танаффур ва хусумат дар нисбати ҳамсоягонашон ангезиш медиҳанд.

Як мӯйсафед аз шаҳраки Муинаки Арал, Жанабой Юусуфов, ба Бан Ки-мун нолидааст, ки ба ҳамаи ин аҳволи бади зиндагии онҳо Роғуни тоҷикон гунаҳкор аст ва гуфтааст, “ҳамаи нерӯгоҳҳои барқи оби минтақа бояд аз бозрасии байнулмилалӣ гузаранд.” Ин айни талабест, ки раисиҷумҳури Узбакистон борҳост, ба миён мегузорад ва дар ҳоле ки Тоҷикистон гуфтааст, ба ҳама гуна бозрасӣ ва таҳқиқ омодааст, Тошканд ором нагирифта, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бар зидди Роғун ва зимни он ба муқобили истиқлолияту сарбаландӣ ва ояндаи тоҷикон мубориза мекунад.

Вале оё Созмони Милал инро дарк мекарда бошад, ки Узбакистон бо ташкили муҳосираи иқтисодӣ, роҳандозии ҷанги иттилоотӣ, ҷамъоварии мухолифони тарҳҳои энержии Тоҷикистону Қирғизистон, тахриби шабакаи ягонаи нерӯи барқ, фишори сиёсӣ бо истифода аз интиқоли газ, минакории марзҳо ва бадтар аз ҳама — ангезиши мардуми хеш бар зидди кишвари ҳамсоя нахоҳад тавонист, ба ҳалли дипломатӣ, обрӯмандона ва ҳамаҷонибаи масъала даст ёфт. Биноан, Бан Ки-мун гуфт, аз сарони Осиёи Марказӣ даъват хоҳад кард, ки мушкили обро пас як мизи гуфтушунид ҳал кунанд. Оё Ислом Каримов ин даъватро хоҳад пазируфт?

Тоҷикистон ба фарқ аз Узбакистону Қазоқистон ё Туркманистон захираҳои бузурги нафту газ надорад, аммо аз 300 миллиард киловатт-соат захираи барқи обияш ҳамагӣ 5 дарсадро истифода мекунад. Пас ҳанӯз Роғунро насохта, танҳо бо андешаҳо дар ин бора Тоҷикистон масъули хушкидани баҳри Арал шудааст? Ин аст, маънии андарзе, ки дузди зӯр соҳиби говро муттаҳам кардааст.

Ҳоло Тоҷикистон бояд чӣ бикунад? Оё мешавад, раҳбари Созмони Милалро ба қабристони кӯдаконе бурд, ки дар зимистони мудҳиши солҳои 2007-08 дар натиҷаи қатъи интиқоли нерӯи барқ ва газ аз Узбакистон ва аз тариқи Узбакистон ба ҳалокат расиданд. Иттилое нашр шуда буд, ки он зимистон 639 тифли навзод фавтидаанд. Дар бораи шумораи модарон, пиронсолон, беморон, ки дар натиҷаи “зарба”-и Узбакистон бо қатъи барқ ва газ кушта шудаанд, маълумоте ба нашр нарасидааст.

Акнун мақомоти Тоҷикистон бояд дарк кунанд, ки нашри маълумоти ростин ва саривақтӣ чӣ андоза муҳим аст. Онҳо баракс дар вақташ бо тамоми роҳу васила ҳақиқатро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон доштанд. Худи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқоти таърихияш бо журналистони тоҷик иқрор карда буд, ки аз марги навзодон дар он рӯзҳо хабар дошт ва аз он хабарҳо хеле афсурда шуда буд.

Ҳоло Узбакистон ваҳшати экологии Аралро ба намоиш гузошта, ба таври сунъӣ онро ба тарҳҳои обу энержии Тоҷикистон пайванд медиҳад. Вале Душанбе то ҳанӯз натавонистааст, зарурати хешро ба нерӯгоҳи Роғун ба таври барҷаста ва муассир ба исбот расонад. Ин ҳам дар ҳоле ки бо сангинтар шудани паллаи тарозу ба нафъи Узбакистон мухолифат ба тарҳи Роғун рӯ ба афзоиш дорад.

Шояд беҳтар аст, маъюбони минаҳои Узбакистон Дабири кулли Созмони Милалро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз бигиранд ва ҳам соҳибкороне, ки миллионҳо долларашон бар асари “бозиҳои роҳиоҳанӣ”-и Узбакистон сӯхту дар ҳаво рафт? Ё бояд Бан Ки-мунро дар меҳмонхонаи сард, бебарқ ва бегаз як шаб нигоҳ дошт, то вазъи тоҷиконро шахсан ҳис кунад? Ҳарчанд дареғ, ки сафараш на дар зимистони солҳои 2007-08 ҷараён мегирад ва ҳаво дар Душанбе гарм аст.

Дар арафаи сафари Дабири кулли Созмони Милал ба Осиёи Марказӣ як академики узбак аз тариқи тамоми расонаҳои Узбакистон ва минтақа пешниҳод кард, ки СММ Қатъномаи ҳифзи Аралро ба тасвиб расонад. Вай ҳатто матни ин санадро омода кардааст, ки тибқи он об дар минтақа ҳаргиз набояд моли мавриди тиҷорат шинохта шавад ва кишварҳои болооб ҳар як тарҳи обу энержии худро танҳо бо иҷозаи кишварҳои поёноб амалӣ кунанд.

Академикҳои Тоҷикистон, ки солҳост, пули бедардимиёни миллати тоҷикро мехӯранд ва кам ҳам не, балки чанд баробари шаҳрвандони одӣ, сукут ихтиёр кардаанд. Чаро онҳо матни Қатъномаи истифодаи оқилонаи захираҳои оби Осиёи Марказиро омода накардаанд? Ё лоақал шиори инро, ки Узбакистон барои ҳифзи Арал бояд тавлиди пахтаро ба поёнтарин сатҳ коҳиш диҳад? Ва ё чаро даъвати худи СММ-ро такрор намекунанд, ки хостори рӯ овардани кишварҳо ба энержии пок ва “сабз”-у эҳёшаванда шудааст?

Магар онҳо наметавонанд, бо ҳисобу китобҳои дақиқу рӯшан нишон диҳанд, ки аз бунёди обанбори Роғун на Узбакистон ва на кишварҳои дигар зиён нахоҳанд дид, балки баракс ин обанбор метавонад дар таъмини муназзами онҳо бо об кӯмак кунад?

Ба ин шева, аз ҳоло маълум мешавад, ки ё Тоҷикистон дар тасмими бунёди нерӯгоҳи Роғун самимӣ нест ва аз он ба ҳайси як шиори масрафи дохилию хориҷӣ истифода мекунад ва ё дар ин ҳукумат аслан намедонанд, ки кадом корро бояд ба кадом тарзу тариқ анҷом дод. Бо ин ҳол хатаре вуҷуд дорад, ки идеяи миллии Тоҷикистон ба як шикасти навбатии он дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёбад, ки пайомадаш метавонад хеле сангинтар аз шикасти танҳо идея бошад.

04.04.2010 - Posted by | Равобити байнулмилалӣ, Сиёсат, Тоҷикистон, Қонун | ,

3 Comments »

  1. Tashakkur akai Salimjon.
    Aknun aybatanra ba rogun partoftan gired.Mardumi kazbekistanatan noni khurd nadorad ba in ham Rogun gunahkor ast tamomi mardumat ovorai dunyo shudaast ba in ham rogun ginahkor.

    Comment by Nousrat Sogdy | 05.04.2010 | Reply

    • Дуруд бар Нусрати азиз. Хуш омадед ба ин кулбаи фақиронаи банд. Сипосгузорам аз нахустин изҳори назаратон. Орзу дорам, ҳамеша меҳмони арҷманди ин кошонаи ёрон бошед.

      Comment by aioubzod | 09.04.2010 | Reply

  2. 243 минных полей общей площадью 11 млн. квадратных метров предстоит очистить Таджикистану в течение последующих 10 лет, сообщает Таджикский центр по минным вопросам.

    В центре отмечают, что в течение этого периода также необходимо обезвредить предположительно 57 опасных участков на таджикско-узбекской границе. Данная цифра является предположительной, так как детальные исследования на таджикско-узбекской границе не проводились. По данным Центра, с 1992 года в Таджикистане из-за взрывов на минах пострадало свыше 800 человек, из которых 358 – погибли.

    Таджикистан столкнулся с минной угрозой в результате гражданского противостояния в 90-х годах прошлого столетия. В 2004 году при поддержке мирового сообщества и стран-доноров, была образована таджикская программа по противоминной деятельности, которая в настоящее время успешно реализуется.

    За этот период было исследовано и очищено более 4 млн. квадратных метров минных полей, более 45 млн. квадратных метров признаны после обследования безопасными. Уничтожено около 12,3 тыс. мин, 2,63 тыс. неразорвавшихся боеприпасов, более 5 тыс. различных патронов.

    В Центре добавили, что обязательства Таджикистана по полному разминированию опасных участков, в соответствии с Оттавской конвенцией, продлены до 1 апреля 2020 года.

    4 апреля в рамках Международного дня противоминной деятельности в Душанбе откроется выставка, посвященная противоминной деятельности, на которую приглашены представители международных организаций, диппредставительств, министерств и ведомств. Ожидается, что выставку посетит также Генеральный секретарь ООН Пан Ги Мун, прибывающий в понедельник в таджикскую столицу.

    5 апреля 2010,

    Comment by Рустам | 05.04.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: