Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Адабиёт дар ҳоли мурдан аст?

Номаҳои нависандаи тоҷик Қодири Рустам ҳамеша нукоти муҳиму ҷолиб, хотирмон ва ибратомӯз доранд. Ба вижа, наметавон аз номаи ахири ӯ осон гузар кард. Вай рукуди феълӣ дар Тоҷикистонро ба дур шудани мардум аз китобхонӣ, андеша ва маърифат бастагӣ медиҳад. Бемаърифатӣ дар навбати худ ҳама гуна эҳтиёҷ ба андешаро аз байн мебарад. Ин ҳам дар ҳоле ки андешидан шарти аввали инсон будан аст.

Мавзӯъ нав нест, аммо таҳрик ба он медиҳад, ки замони шӯравӣ бо вазъи имрӯзӣ муқоиса шавад. Абдуқодир ва ман фарзандони он замонем ва ҳанӯз дар ҳамон давра аз вазъи мавҷуда сахт норизо будем. Дар нишастҳои донишҷӯён, маҳфилҳои адабӣ, идораи “Чароғи рӯз” – хуллас, қариб ҳамеша баҳси ин буд, ки чаро мардуми мо ба сарнавишти хеш бетафовут аст ва аз чӣ мардум китоб намехонад, чаро мо як миллате бо таъриху фарҳанги бузург ба таҳхонаи таърих афтодаем ва хушу ҳавсалае надорем, барои бедор шудану қомат афрохтан ва садо баланд кардану ҳақталошӣ коре бикунем.

Даврони шӯравӣ дар қиёс бо вазъи феълӣ мисли биҳиште ба назар мерасад. Шояд ин як биниши ғалат аст ё мумкин бегонагон моро ба ин рӯз расонданд, то аз истиқлолияти худ мутанаффир бошем? Он вақт моро маҷбур мекарданд, ба Шӯравӣ савганди ишқу садоқат бихӯрем ва Муҳаммадзамони Солеҳ бо дард мепурсид, “оё метавон бо танаффур дӯст дошт ва зиндагӣ кард?”

Оё дарвоқеъ мо пас аз истиқлолият рӯ ба ақиб дорем ё ин як исти муваққатист бо орзуи парвози ҳақиқии баъдӣ? Қодири Рустам сӯҳбатро аз ҷоизаи Нобели нависандаи турк Памук оғоз мекунад:

«Албатта, тафовути завқҳо ва бинишҳоро бояд дар назар гирифт. Вале дар маҷмӯъ ман бо он назари Шумо, ки дар оғози мақола иброз кардаед, мувофиқ ҳастам, яъне барандаи ҷоизаи Нобел шудани Памук бештар ангезаи сиёсӣ дорад. Агарчи Орхон Памук нависандаи заъиф нест, аз баъзе лиҳоз ҷолиб ҳам ҳаст, вале ҳатто адабиёти худи Туркия нависандагоне дорад, ки аз назари ҳунари нависандагӣ қавитар аз Орхон Памук ҳастанд. Масалан Орхон Камол ва Яшар Камол ва дар танзу ҳаҷв Азиз Несин.»

Дар ҳақиқат осори ин адибон арзандатар аст ва ман дар пешнависи матлаби худ аз Несин ва Нозим Ҳикмат ёд карда будам. Шӯҳрати дувумӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ пояҳои сиёсӣ дошт, аммо истеъдоди Ҳикматро наметавон рад кард. Хуб, идомаи номаи Қодири Рустам:

«Мутаассифона, ҷоизаи Нобел, ба вежа дар солҳои охир бештар хусусияти сиёсӣ гирифта, дар амри тасмими эътои он ҳарфи доираҳои муайяне, ки сиёсати ҷаҳонро низ мечархонанд, муассир аст. Ҷолиб аст, ки Орхон Памукро дар Урупо “Умберто Эко”-и турк мегуянд, ва дар ин ҳол Умберто Эко – нависандаи ва донишманди маъруфи итолиёӣ ин ҷоизаро надорад, вале Памук дорад.

Ёдовар мешавем, ки нависандагон ва шоирони бузурге чун Толстой, Чехов, Ҷеймс Ҷойс, Марсел Пруст, Борхес, Аҳмади Шомлу ин ҷоизаро надоранд. Ҷоизаи Нобел на ба шоири бузург Борис Пастернак, балки ба нависандаи мутавассит Борис Пастернак эъто шудааст…»

Бино бар низомномааш ҷоизаи Нобел танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар қайди ҳаётанд. Бо ин сабаб, соли 2002 кумитаи ҷоизаҳо номзадии равоншод Аҳмадшоҳи Масъудро рад карда буд. Шояд ин дуруст нест, зеро на ҳама инсонҳо ва адибони бузург дар вақти зинда буданашон шинохта мешаванд. Стендал танҳо пас аз сад соли маргаш ҳамчун нависанда ном баровард ва румони «Сурху сиёҳ» ба яке аз китобҳои машҳури олам табдил ёфт. Маълум нест, чаро аъзои кумитаи ҷоизаҳои Нобел аз мурдагон ҳарос доранд.

Қодири Рустам: «Ва ҷоизаи Рудакӣ низ чунонки бародар Рустам сареҳан гуфтааст, пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар сатҳи кӯчактару поёнтар ба “масхараи адабӣ” табдил ёфтааст…»

Ростӣ, солҳои охир онҳое соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ шуданд, ки китобашонро ба ғайр аз худашон каси дигар нахондааст. Баъзе аз он китобҳо ғайриқобили мутолиаанд. Ин ҷо аъзои кумита айбе надоранд, зеро тасмимро на онҳо мегиранд ва мегӯянд, боре номи барандагони ҷоиза дар як шаб иваз шудааст. Теъдоди ҷоизадорон то рафт бештар мешавад ва теъдоди адибони ҳақиқӣ то рафт коҳиш меёбад. Ҳазле паҳн шудааст, «ҷоизаро ба фалонӣ диҳед, хона харидааст, аммо пулаш ба ҷиҳози хона намерасад.» Соле ҳам баҳсе рӯ зада буд. Яке мегуфт, пули ҷоизаро гиред, ба ман танҳо унвонаш даркор ва дигаре мегуфт, унвонро ба касе мехоҳед бидиҳед, аммо пули ҷоизаро ба ман супоред. Хулоса – бардак.

Қодири Рустам: «Умуман, адабиёт дар Точикистони азизи мо дар ҳоли мурдан аст. Нависандагон дорем, шоирон ҳастанд, вале раванди адабӣ вуҷуд надорад. Хонанда вуҷуд надорад. Томас Манн дуруст гуфтааст, ки адабиётро хонанда ба вуҷуд меоварад, ҳар қадар хонанда бештар бошад, ҳар қадар хонандаи амиқназар ва волозавқ бештар бошад, он қадар адабиёт рушд хоҳад кард. Зеро адабиёт чун ҳама падидаҳои иҷтимоӣ посух ба ниёзҳо аст. Чун ниёз ва эҳтиёҷ вуҷуд надорад, ин бозор низ сард аст. Вале Тоҷик китоб намехонад; на рӯзноманигораш мехонад, на устоди донишгоҳаш, на донишҷӯяш мехонад, на вазираш, ба ин далел аст, ки китобҳои хубе, ки чанд сол қабл бо тирожи 1 ҳазор нусха чоп шудаанд (аз ҷумла китобҳои Бозор Собир ва Баҳманёр, ки аввалӣ беҳтарин шоир ва дувумӣ беҳтарин нависандаи муосири тоҷик аст), то кунун дар рафҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон, ки “пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010″ ҳам интихоб шудааст, чанг зада хобидаанд! Чун фарҳанги китобхонӣ нест, фарҳанг низ аз миён дорад меравад, ахлоқ низ, забони тоҷикӣ дар сатҳи поёнтарини харобӣ аст.»

Бозору Баҳманёрро дар садр қарор додед. Вале андешаи дигарон чӣ бошад? Дар Тоҷикистон раддабандии сиёсатмадорону сарватмандонро хеле зуд ёд гирифтанд, аммо ягон бор рейтинги шоиру нависандагон ва ё маҳбубияти ин ё он китобро ҳанӯз касе таҳқиқ ва нашр накардааст. Агар пурсише бигузорем, ки 10 китоби беҳтарини 10 соли охир кадомҳоянд, чӣ посух хоҳем гирифт? Ва оё ин посух то куҷо аз ҷоизаву эътирофҳои расмӣ тафовут хоҳад дошт?

Қодири Рустам: «Дирӯз мақолаи хеле ҷолиб ва пурдарди Абдуазими Абдуваҳҳобро дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” хондам, ки қисмате аз он дар мавриди фарҳанги китобхонӣ дар ҷомиъаи Жопон буд. Ва ба хулоса расидам, ки яке аз муҳимтарин омили пешрафти жопониҳо дар ҳама соҳаи зиндагӣ ҳамин амр будааст: онҳо китоб мехонанд ва китоб онҳоро маърифат меомӯзад, боис ба тавлиди андеша мешавад. Ва андеша кардан шарти нахустини Инсон будан аст.

Дареғи мо, ки бо канор гузоштани китобу китобхонӣ асли Инсон буданро ҳам фаромӯш кардаем!»

Агар ин масъала решаи ҳамаи бадбахтиҳои мардуми мост, чаро касе ба он эътиборе намедиҳад? Хуб, мансабдорони давлат як сӯ — кӣ будани онҳо ба ҳама маълум аст, аммо чаро созмонҳои ғайридавлатӣ низ канораҷӯӣ мекунанд. Барои таблиғи китоб ва адибон дар кишвар ҳамаи шароит муҳайёст ва касе ин корро манъ накардаасту намекунад, аммо ҳеч гуна ҳаракате ба мушоҳида намерасад.

Қодири Рустам: «Пас аз ин ҳама, Орхон Памукро ба “хонандаи тоҷик” муъарафӣ кардани Шумо, дар ҳован об кӯфтанро мемонад. Дареғи заҳмататон!

Саломату обод бошед!

Бо эҳтиром, Хонандаи Тоҷик Қодири Рустам.»

Наход ман дар ҳован об кӯбидам? Дар омади гап, бародарони афғон ба миномёт «ҳован» мегӯянд. Агар ин силоҳ об ҳам паронда бошем, бояд ба ҷое бирасад. Дастикам як чунин гуфтугӯе бо Хонандаи Тоҷик Қодири Рустам аз ҳамон Памукнома сар шуд, пас шояд кори беҳудае набуд?

10.04.2010 - Posted by | Адабиёт, Забони модарӣ, Китоб, Тоҷикистон, Фарҳанг |

3 Comments »

  1. Bahs dar Facebook

    Shahzadeh Nazarova: Salom ustod, ob dar hovan nakuftaed. Daqiqan hamin ruzu soathayi ki shumo in matnro menavisted man dar furugohi Ota Turk dar harisona tamosho karani kitobhoi Pamuk budam. Vaqte az on berun omadam khudam nafahmidam ki 5 namuna z kitobhoyashro kharidaam. Mo tojikon injovu onjo tashnayi khondan hastem va mekhonem, mushkil injost ki ba zabonhoi digar mekhonem. Zaboni tojiki khor shuda va khonandayi tojik inro medonad.

    Muvafaq va dilgarm boshed ustod, rohi darmon kardani zaboni tojiki hanuz daroz ast va nirumandivu dartgiri ba duston va ustodoni zabon vazifayi hama most.

    Az noumedi tojikona va lahzayi zindagi kardanash va khudro dar shodihoi kutohmudat gharq kardanash sadde roh ast, boyad khonandayi tojikro yori kard, ustodi tojikro tashviq. …
    See More
    Sat at 8:14pm ·

    Sirojiddin Tolibov: Ba nazari man, hali masala khele oson ast. boyad hurufi alifboi forsiro jori kard.
    Sat at 9:41pm ·

    Zuhursho Rahmatulloev: bad “mersi” gufta megardem🙂
    Sat at 10:02pm ·

    Dariush Rajabian: behtar az ‘astanofka’ guftanu gashtan;)
    Sat at 11:59pm ·

    Sirojiddin Tolibov: Zuhursho, dar alifboi kirili chand kitobi tojiki chop shudaast, medoned?
    Yesterday at 12:14am ·

    Zuhursho Rahmatulloev: oghoi Dariush: Vahti uruso giriftanmon, Eron dar kijo bud? no seriously😉
    oghoi Sirojiddin: savoli retoricheski🙂
    Yesterday at 11:19am ·

    Manuchehr Kudratov: Dustoni arjmand, huruf bahonae besh nest, navisandai mashhuri chekh Milan Kundera ba fransavi menavisad, yo musoli digar Otiq Rahimi kitobi tozai khudro ba fransavi navist. On chi mo nadorem in san’ati navishtan va raghbat ba khondan ast. Millati mo dar ruhaftodagi ma’navi (Depressiya) qaror dorad va baroi baromandan az aon pisishk losim ast.
    Yesterday at 12:59pm ·

    Saymudin Ehsan: هر كه او از همزبانی شد جدا بینوا شد، گر چه دارد صد نوا
    har ki u az hamzabone shud judo
    Benavo shud garchi dorad sad navo
    Mavlono
    Yesterday at 1:20pm ·

    Saymudin Ehsan: duston, ba nazari banda zabon pesh az hama chiz afzori fikr kardan va bayoni fikr ast, va ba’d az on doston, she’r va roman ejod kardan, kadome az mo komilan ba zaboni khud fikr mekunem, aksari tahsilkardahoi mo ba zabonhoi digar fikr mekunand va ba’d kushish mekunand onro ba gunae ba zaboni khud bargardo kunand
    Pas chi boyad kard?
    Yesterday at 1:27pm ·

    Comment by Samandar | 12.04.2010 | Reply

  2. Бубахшед,ки аз мавзуъ берун, лек ба ин ду иктибос назаре афканед, махсусан ба муаллифонаш: 1) http://orienews.com/glavnaya-novost/mat-natsii-na-podchvate#yvComment342
    2) http://www.kubkz.com/article.php?sid=22891

    Comment by Дарвеш | 15.04.2010 | Reply

  3. Кариб хамаруза хамрохи ду рафикам аз дуконхои китобфурушии Душанбе дидан мекунем. Китоби наверо бо забони точики, ки хонданибоб бошад дар рафи дуконхо намебинем. Хама саросар бо забони руси ва зебо бо тамоми маъно. Намедонам, устод Кодири Рустам кадом китоби устод Бозорро дар назар дошта бошанд? 1 сол аст, ки китоби “Шоиру щеъре агар хаст”-и Бозорро мекобам, дар дуконхо нест. Дигар бештари китобхои нави адибони точик аз афсонахои бибии ман мегуфта, пуртаъсиртар нестанд. Дар ин миён наметавон аз китоби нави Гулрухсор ёдовар нашуда. “Сакарот”-и Гулрухсор … наметавонам чизе бигуям. Чун Гулрухсор кадри асараш, кадри худашро медонад, кам китобхои у дар дуконхо дида мещавад. То чое ман медонам, Гулрухсор китобхояшро худаш таксим мекунад, ба онхое, ки мехонанд.
    Ба иттилои масъулини вазорати фарханги Точикистон дар 3-мохаи соли чори 6-хазор нусха китоб дар нашрияхои тобеъи вазорат ба нашр расидааст. Аз ин омор худ казоват кунед.

    Comment by Абдуазим | 25.04.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: