Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гулхотирае аз сафари Лос Анҷелес

Аз ҳар сафар ба сарзаминҳои дуру наздик беихтиёр ёдбудҳои нодире боқӣ мемонанд. Хурду реза, аммо дилнишин. Баъдҳо, гоҳу ногоҳ он саҳнаҳо, чеҳраҳо, кӯчаву хиёбон, садоҳо, рангҳо, вожаҳо дар пиндорам зинда мешаванд ва маро ба лаҳзаҳои хушу фараҳбахши рӯзҳои гузаштаву дур бармегардонанд. Онҳо ба колбади сафарномаҳои суннатӣ ва ё хотираҳои хонаводагию дидорҳои дӯсту ошно намегунҷанд. Ҷудо аз ҳам ба сари худ порчаҳои тикка-тиккаи зиндагиянд. Аммо

имрӯз чӣ шуд, ки порчаҳои хотирае турнавор дар осмони ҳофизаам қатор омад. Шояд сабаб он буд, ки дар охирин рӯзи сафар дар Лос Анҷелес нимишабӣ ба токсие нишастем, ки ҳамаи моро дар ҳайрат гузошт. Чанд лаҳза зарур шуд, то аз ончӣ дидем ба худ оем. Тамоми бом ё шифти токсӣ пур аз акс буд, ҳамчунин ба дарҳои токсӣ аз дарун поёнтар аз шиша низ даҳҳо акс часпонда буданд. Аз шифт ҳар куҷо шилшилаҳо дурахшон ва навиштаҷоти хурд ва дар мобайни ду курсии пеш як қандилчаи рангин овезон буду зери он қуттичае пур аз қанду қандалот, шириниҳои гуногун.

Ронандаи миёнасол, ки мӯйлаб ва мӯйсари мошубиринҷ дошт бо рӯйи хандон моро хушомадед гуфт ва дасти росташро ба қутти қандалот гузошта, хоҳиш кард, ки даҳан ширин кунем. Ронанда филҳол ҳамдеҳаам Асрори бачаи Эшони Офоқро ба ёдам овард. Албатта, Асрорро 25 сол шуд надидаам ва намедонам, чаро дар нахустин лаҳзаи дидор бо ронанда ӯ ба хотирам омад.

Токсии булаҷабе буд ва ронандаи булаҷабе. Шояд барои он Асрорҷони ҳамдеҳаам ба ёдам расид, ки аз чеҳраи ронанда нур ва меҳрубонӣ меборид. Шарикони ҳамсафарам низ баъдтар, вақте ки токсии аҷибу ғариб моро ба манзили мурод расонд, гуфтанд, аз аввалин бархӯрд бо ронанда ва таҳти таъсири озину ороиши вижаи дохили солун худро дар ҷойи бароҳат дарёфтаанд. Яке гуфт, падари зиндаёд ва солҳои кӯдакияш ба ёдаш омадаанд.

Ронанда худро Кенӣ номид, аммо дар гуфтори инглисияш лаҳҷа шунида мешуд. Масалан, вай садои “р”-ро дар ҳамаи вожаҳо, ҳатто дар ҷое ки он бояд қариб шунида нашавад, бо зада талаффуз мекард. Лаҳзаҳое баъд аз гуфтугӯ, ки то рафт самимияти бештар касб кард, маълумамон шуд, Кенӣ аслан Абдуқодир аст аз Урдун ва қариб се даҳсола пеш муқими Амрико шуда, ҳамсараш як хонуми мексикоист, як духтар дорад, ки ба наздикӣ бояд барорад, духтараш ҷавони yрдуниеро баргузидааст ва чанде аз хешу табораш дар Дубай, Испониё ва Конодо ба сар мебаранд.

“Токсии Шумо ороиши аҷибе дорад, хеле мақбул…” – гуфтам ба Абдуқодир. Вай баргашту бо лабханд гуфт:

— Бале, ҳама инро мегӯяд. Инҳо акси муштариёнест, ки ман аз ҷо ба ҷое расондаам.

– Яъне ҳар касеро, ки ба токсии Шумо нишаст, акс мегиред?

– Албатта, на. Онҳоеро, ки чунин хоҳишро дошта бошанд. Ин анъана замоне сер шуд, ки духтар хурдсоли ман ҳамеша мепурсид, имрӯз чӣ касонеро дар мошинам бурдам. Вай бисёр мехост, ин одамонро ба худ тасаввур кунад ва ман тасмим гирифтам, чанде аз мусофирони токсиямро ба аксгирӣ дар дохили солун розӣ кунонам, то ба ӯ нишон диҳам.

Ман ба аксҳои атроф ва болои сарам нигаристам. Одамони гуногун, бо сару либоси мухталиф, миёнасолон, солмандон, ҷавонону духтарон, гоҳе кӯдакону наврасон. Аҷибаш ин ки ҳамаи онҳо табассум ё ширинкорие мекарданд, гӯё ба духтарчаи хурдсоли Абдуқодир паём мефиристоданд.

Акнун ин духтари нимаараб ва нимамексикоӣ, ба қад расидааст ва ҳамсари ҷавони арабе хоҳад шуд. Ва аксҳо акнун на ба ӯ, балки ба ҳар мусофире механданд, ки нимашабе ё субҳе, хушҳол ё ғамгин дар хиёбоне даст боло мекунанд, токсӣ мехоҳанд, онро бозмедоранд, дарро мекушоянд ва ба курсии нарми он менишинанд. Нишастан замон рӯҳияи онҳо тағйир мекунад. То он ки ба ҷойи зарурии хеш бирасанд, онҳо ба дунёи дигаре сафар мекунанд, ки баъзан бо ҳазорон доллар ҳам намешавад, ба он ҷо рафт.

Аксҳои сершумор ва пур аз шодиву лабханд ғами ӯро мебароранд ва ҳатман сабабу заминаи оғози як сӯҳбати гарм бо ронанда мешаванд.

Ман ба Абдуқодир мегӯям, ҳар бор ки ба Амрико меоям, аз пешрафтҳо ё дидани чизҳое, ки надидаам, дар ҳайрат мешавам, аммо ҳамеша як нукта аз ёдам намеравад, ки дар ин ҷо ҳама чиз барои тиҷорат кор мекунад, пас оё ин токсии булаҷаби ӯ як дилёбии муштарӣ, як тарҳи ҳисобшудаи пиари тиҷоратӣ нест?

Вай механдад ва қатъиян рад мекунад. Мегӯяд, росташ дигар ҳадафи 30 сол пешро надорад, ки пули бисёре ба даст оварад. Агар ҳоло бознишаста шавад, зиёда аз 3 000 доллар дар моҳ хоҳад гирифт, ҳамсараш низ тақрибан ҳамин қадар ва мушкиле нахоҳад дошт. Аз сӯе ҳам пасандози кофӣ ҷамъ овардааст ва ҳар сол ба як кишвари хориҷӣ сафари тафреҳӣ мекунад.

Ман танҳо акнун ба он зеҳн мемонам, ки аксҳо як андоза дарҳаму барҳам часпонда шудаанд ва тамоми ороиш ба андозае ҳирфаӣ нест, ки тарҳи таблиғотӣ шумурда шавад. Абдуқодир/Кеннӣ мегӯяд:

— Фикри часпондани аксҳо замоне пайдо шуд, ки онҳо хеле зиёд шуданд ва ману духтарчаам дигар намедонистем, онҳоро чӣ кор кунем. Иди Соли Нав буд ва духтарчаам пинҳон аз ман чанде аз онҳоро дар солун часпонда, навишт “Муштариёни падари ман, ҳамеша лабханд занед.”

Абдуқодир/Кеннӣ он навиштаи кӯдаконаро ба ман нишон дод. Навиштаҳои дигар, ки дертар пайдо шудаанд, чопӣ ва моли худаш буданд: “Умр кӯтоҳ аст, онро шод бигзарон”, “Худо ҳамаи моро нигаҳбон бошад!”, “Амрико – сарзамини иҷрои орзуҳо”, “Ман фақат ронанда нестам, балки дӯсте ҳастам, ки шуморо амн ба хонаатон мерасонам” ва монанди инҳо.

— Бад набуд, агар рубоие аз Хайёмро ҳам насб мекардед, — мегӯям ба ӯ ва шод мешавад.

— Шумо Хайёмро медонед? Шумо аз куҷоед?

Чеҳраи аврупоинамуди ман ҳамеша ҳамин гуна асли баромадамро пинҳон медорад. Ҳамзмон фикр мекунам, оё Тоҷикистонро медониста бошад?

— Аз Тоҷикистон. Шумо медонед, он дар куҷост?

— О, пас аз ватани Хаёйм! Бале медонам, кишвари форсизабон дар байни Афғонистону Чин. Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ. Шунидаам. Чанд сол пеш он ҷо ноором буд, на? Ҳоло чӣ хел? Зиндагии мардум чӣ хел? Ба фикрам, Шумо аввалин тоҷике ҳастед, ки мебинам…

Донишҳои Абдуқодир ва саволборони ӯ, ҳарчанд нарму ботаҳаммулона меборад, маро шод мекунад. Барояш аз Тоҷикистон қисса мекунам. Боэҳтиёт ва ҳаққонӣ. Шояд замоне ба тоҷики дигаре, ки ба токсияш менишинад, гуфтаҳои маро нақл кунад.

Кишвари зебои кӯҳистонӣ, каме шабеҳи Калифорниё, аммо, дареғ баҳру уқёнус надорад. Зиндагии мардуми нозанин ва содаву дилсофаш як навъ мубориза барои зинда мондан. Оре, ҷанге он ҷо буд, ки бегонагон оташашро афрӯхта буданд. Русия ва Узбакистон. Ва аловмонҳои дохилӣ. Ва шояд боз дигарон ҳам. Косае бишканад, мосте бирезад. Ҷаҳон гардад ба даври косалесон…

Абдуқодир пешниҳод мекунад, вақте ки ба манзил расидем, ҳама як ҷо акс бигирем. Воқеъан дар бархе аз аксҳои даруни солун худи ӯ низ ҳаст. Вай ба як баста аксҳои нав ишора мекунад ва мегӯяд, ҳамааш аз ҳамин моҳи апрел. Бояд дар ивази кӯҳнаҳо часпонда шаванд.

Мо ҳатто дарк намекунем, ки чӣ қадар зуд ба манзил мерасем. Вай аз мо чойпулӣ намегирад. Мегӯям, расми кулли токсистҳоро баҳам мезанад. Мепурсам, шояд ба тоҷикон дилсӯзӣ дорад? Рад мекунад ва ба навиштае дар дохили солун ишора мекунад. “Падари ман чойпулӣ намегирад, ҳайрон нашавед.”

Мо акс мегирем, боз лаҳзаҳое дар сари кӯча сӯҳбат мекунем ва ҳамдигарро мисли дӯстони дерина ба оғӯш мекашем, аммо пеш аз худоҳофизӣ ман аз ӯ барои пурсиши бемаъниям дар бораи тарҳи таблиғотию тиҷоратӣ узр мепурсам. Вай даст меафшонад. Ман мегӯям, шахсе монанди Шумо наметавонист, токсияш одӣ ва муқаррарӣ бошад. Фикр мекунам, дарвоқеъ ин токсӣ аз табиати худи ӯ ингуна шудааст.

Мо шумораи телефони ӯро мегирем, яке боз хоҳише пайдо шавад, ки чанд лаҳза дар ин кишвари пурҷӯшу хурӯш ва суръатҳои кайҳониву ҷангалҳои сангӣ орому осудаву хушу роҳат дар гӯшаи дилнишине бо шахси ба дил наздик бигӯиву бихандӣ…

Вай аз даруни мошин даст меафшонад ва мегӯяд: “Ман барои Тоҷикистон дар намозҳоям дуо мефиристам…”

16.04.2010 - Posted by | Амрико, Инсон, Каме латра, Сарнавишт |

8 Comments »

  1. Tashakkur az Shumo. Dast marezod. Khile shirin va delneshin ast.

    Comment by Rustam | 17.04.2010 | Reply

    • Саломат бошед, дусти азизам. Умедваорам холатон хуб бошад.

      Comment by aioubzod | 25.04.2010 | Reply

  2. Maqolai bisyor ajoibe ki dar dohili taksi ba vuqy omadaast pisandamon omad,man dar avval hayol kardam ki bo yagon taxi-1,2 vohurdaedmi.
    Az naqlhoi yak ronandai moshin in suhanhoro shunidan hudash hele jolibovar ast,nisbati davlatamon yoki shinokhtani Tojikiston.Masalai rasmhoi hotiravi haminro meguyam davlati ozod,shoyad kori kardai ronanda dar hudi mardumi Amriko oddi tobad na jalbkunanda…

    Comment by Taxi | 17.04.2010 | Reply

    • Не, медонед, барои худи мардуми Амрико хам ин кори ачоиб шавкангез будааст. Ман дар бораи ин таксирон дар чанд блоги инглисй хам матолибе хондам ва дар Ютуб як видео хам дидам.

      Дар кишвари озод хам кори ачоиб ва гайриодй диккати одамонро чалб мекунад.

      Амрико кишвари карни 22-ст ва дар ин чо хама аз пайи пул шитоб доранд. Дар ин масъала ин чомеа хеле берахм аст ва хеч килу колро намепазирад. Хама чизи дигар — хамдиёрй, хамзабонй, инсоният, рафокат танхо дар чои дувуманд, баъд аз пул. Биноан, дар чунин чомеа кори инсондустонае, ки ин шахс кардааст, барои хамагон чолиб мебошад.

      Зинда бошед.

      Comment by aioubzod | 25.04.2010 | Reply

  3. Qissai khele dilnishin, akoyi Salim! Baroyam navishtahoyaton oyidi mehri nozanini dukhtaru padar khele pisand omad. Kosh tojikon ham bo kudakoni khud chunin latifona, hofizona, hakimona, oshiqona raftor mekardand!!! Bar onam, ki rushdi millatamon az buzurgii mehri khonavodaho va makhsusan mehri volidayn ba kudakonashon sar mezanad…

    Kudakon hadyai shirini khudovandand, ba har kas ham nasib namegardad, onhoro boyad chun gavharaki chashm parastish kard va bo latofatu zeboyii zaminu kayhon va jahoni bashar bo tahammulu muhabbat oshno sokht, to fardo in donishu mehri bashardustonaro ba kudakoni khud pas dihand…

    Daregho ziyod didaam, ki in mehrubonii Khudovand ba kasone ham merasad, ki na savod va na sazoi padar yo modar shudanro nadorand… Az tahqiqoti khud medonam, ki kudakoni ziyode dar Tojikiston bo dard va alam dar kamii mehri atrofiyon – volidon, kheshovandon, hamsoyagon, muallimon, davlatdoron – kalon meshavand, va in ham ghamu kulfat va dardu nobasomonii millatamonro afzun megardonad… Millathoye ki ba joye rasidaand az ba somon ovardani vaz’i khonavodagi, muhofizati kudakon, takmili odotu usuli muoshirat va munosibati zanu mard, modaru padari oyanda, munosibate ki aslu basta bar mehr va muhabbat ast shuru’ kardaand… Rushdu khushbakhtii millat az khushholi va rushdi kudakoni on sar meshavad.

    Umedvoram chande az volidoni tojik az in safarnomayi shumo hikmate mebardorand.

    Shodu salomat boshed!
    Muborak

    Comment by muborak | 20.04.2010 | Reply

    • Комилан бо Шумо хамфкир ва хамдардам, Мубораки азиз. Тамоми чизи нек аз хонавода сар мешавад. Ман ба онхое, ки дар хонаводаашон мехр ва эхтиром несту дар бораи мехр ва эхтиром касида мехонанд, як сари му бовар надорам.

      Сониян, тамоми ин наслхо дигар тамомшуда хастанд ва мехваре дар ботин надоранд. Ягона хидмате ки онхо ба ояндаи точик карда метавонанд, тарбияи фарзандони солим, хушнуд, хушбахт ва доност. Дигар хеч!

      Афсус, фарзанд ва кудак дар чомеи футуррафта, фасодзада, гушназада, харис, маккор, дуруггу, дуруя ва касифи мо пасттарин ЧИЗ аст ва дар бехтарин холат мумкин аст, танхо хамчун кувваи корй истифода шавад. Дарег.

      Миллате, ки элита надорад ва ё элитаи худро гум кардааст, ба чунин бадбахтй махкум аст. Кош дар охирин лахза хамагон сармояи худро ба рушди насли нав бигузоранд, на ба рохати чандлахзагии хеш.

      Он гох умеде хаст вагарна дар пеш чизи дигаре бокй намондааст.

      Comment by aioubzod | 25.04.2010 | Reply

  4. Salom akai Salim,
    Qissai xele zebovu dilnishin.
    Mutashakiram

    Comment by Nourmamad | 21.04.2010 | Reply

    • Саломт бошед, азизам! Кучое хастед, Худо нигахдоратон бод!

      Comment by aioubzod | 25.04.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: