Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Гуфтан ё нагуфтан?

Субҳи оташгун медамад ва пардаи ситабри торикиро месӯзонад. Хуршед пур аз хуни зинда аз уфуқ сар мекашад. Парандаҳое дар осмони софи бомдод мисли сурае аз намоз ба он сӯи ҳастӣ мепаранд. Чандумин бор аст, субҳро мебинам ва чӣ қадар субҳи дигареро хоҳам дид. Субҳ мисли даъват ба набард, талош ва зиндагист. Охирин субҳи ман! Оё ба чӣ гунае хоҳӣ буд? Моему меравем, вале зиндагӣ идома мекунад. Гӯё ҳастем. Аммо…

Аммо чӣ қадар фиребҳое дорад ин падидаи мӯъҷизавӣ бо номи зиндагӣ? Як фиребаш умед ба саҳари босафо дар поёни шаби сиёҳ. Фардои беҳтаре аз имрӯз. Фиреби дигараш — ҷоне, ки бар тани мо дамидаанд барои тапидан, палартидан, афтодану бархостан, ҷангидан, яъне зистан. Боз — зодан ва парвардан, дидани натиҷаи амали худ. Болидан, сар афроштан, фахридан. Ва ҳама дурӯғин.

Солҳо пеш дӯсте мегуфт, зиндагӣ як бозист ва онро бояд мисли бозие зист. Он замон розӣ намешудам ва накӯҳишаш мекардам, ки набояд барои дилбардорӣ ё тасаллои ман ҳамаи зиндагиро пуч унвон кард. “Зиндагӣ барои ман бозӣ набуду нест!”– мехитобидам ба ӯ. Намедонистам ва ҳоло ҳам намедонам. Шояд ин ҳама фиреб нест, балки ҳақиқати зиндагист?

Вале ҳанӯз ҳамон даврон гоҳо, дар он лаҳзаҳое ки дидаву андӯхтаҳои хешро ба тарозуи ақл мегузоштам ва аз беадолатиҳои замона мешӯридам, тан медодам, ки зиндагӣ беш аз як бозие нест. Бо мурури замон ин андарз бароям ба як ҳақиқати тому ом табдил ёфт. Агар бозӣ нест, ончӣ мо дар атрофи худ мебинем, чист? Чаро инсон агар дар ҳоли бозӣ нест,  ин қадар зуду осон сари итоат ба иблис меорад? Рӯҳ пешво ва пешбари мо нест, балки нафс аст, ки моро ба бозӣ меорад. Музҳику хандаовар аст ин ҳама!

Ҳазорон чиз дар умри мо сабуку гузарон, ночизу беҳуда аст ва дареғо, фарзанди инсон ба ин фиребҳои зиндагӣ дода мешаваду чизҳои дарвоқеъ боарзишро, ки месазад, кас барояшон зиндагӣ кунад ва бимирад, аз ёд мебарад. Шояд он чизҳои бузургу арзишманд барои ҳар кас ҳар хел бошанд? Чистанд онҳо барои Шумо, фаразан, хонумҳо ва ҷанобон?

Барои ман, ин пеш аз ҳама номи неки сазовор ба номи падару гузаштагонам аст, ки бояд ба фарзандонам мерос гузорам. Эҳтироми модар ва тарбияи фарзандон ва кӯмак ба хушбахтии онҳо низ аз чунин арзишҳост. Сипас, то ҷое метавонам, ба мардуми хеш хидмат кунам, ба он хоке, ки маро зодаву парвардааст. Бигзор на зиёду оламшумул, балки кӯчак ва ба андозаи тавонам. Набояд виҷдонфурӯшӣ кунам. Набояд бидуздам ва тӯҳмат бикунам. Бояд аз худ чизе боқӣ бигузорам, ки агар мояи ифтихори фарзандонам набуд, бигзор мояи шармсории онҳо набошад.

Ҳамин гуна “бояд”-ҳо ва “набояд”-ҳои зиёде дорам, ки табъан зиндагиямро сангин кардаанд ва шояд ҳақ ба ҷониби он дӯст аст, ки мегӯяд, зиндагиро бояд бозие шумурд. Чарх бизан! Бибоз! Ба ҳар сӯ таъзим кун! Сипас тамасхур! Мехоҳам, лек наметавонам, чӣ кунам? Бозиҳоро мебинаму лабханд мезанам. Ҳаволаашон ба Худо, вале гоҳе дар ғояти яъс низ мехоҳам, зиндагиро ба як бозии беқоидаву бемарз табдил бидиҳам. Оҳ аз нафаси шайтон!

Аммо зиндагӣ фиребҳои худро дорад ва боз маро мефиребад. Дирӯз буд, ки бо худ паймон бибастам, дигар нависонависро дар ин ҷо қатъ бикунам. Эҳсосам ин аст, ки навиштаҳоям ба дарди касе дардмон намешавад. Суханбозии замонасозонаро ҳам намедонам, то аз суханам филисе дароварам ва ин дар ҳолест, ки ҳамаи мо, аҳли башар, ба қарни суханфурӯшӣ ворид шудаем. Суханфурӯшие аз сари ҳирсу нафсу ниёзу нуфуз. Бозӣ бо виҷдони хеш ва азҳони мардум.

Хуллас, мехостам, дари ин кошонаро бубандам, аммо ин нома даррасид ва ҳамчун як фиреби дигари зиндагӣ маро боз ба навиштан водошт. Ман фақат расидани он ва дар чунин лаҳза расиданашро фиреби зиндагӣ меномам, аммо худи нома саршор аз самимият аст, ки мисли садои виҷдон хуни маро ба ҷӯш меорад. Ман ин номаро, ҳамонгуна ки расидааст ин ҷо нашр мекунам, ба нишони сипос аз меҳрубонии муаллифаш, ки маро ба худ баргардонд. Мисли дуои бомдодие буд, ки аз роҳи дур ба ман расид ва ба саропои равонам шориду онро пок кард. Ба шарофати он гӯё таҳорати ботин кардам.

Бубинед, ин фарзанди Ватан чӣ менависад:

“Бо дурудхои бепоён.

Бисёр хушписанд аст, ки мебинӣ боз ҳам одамоне ҳастанд, шояд дар берун аз давлат ҳаёт ба сар мебаранд, соҳиби дарҳои умед гаштаанд ва ояндаро хуш мебинанд ин худаш яке аз нуктахои хуб барои мо ҷавонони имрӯза мебошад.

Фикри худам ё эҳсосоти худро дар ин ҷо изҳор кардан мехостам ҳамаи ин имрӯза мушкилоту хурсандие ки дар қафои худ як чизро бисёр таъкид мекард тоҷикон дар куҷое набошад, муттаҳид шудан, дасти ёриро дароз намудан, дӯстдори ватан будан ва ба оину одоби худ эҳтиром гузоштан, забони худро ҳифз намудан аст, инҳоро тоҷики дар хориҷа ҳаётбурда бисёртар ҳис мекунад ва ташнаи ин масъала аст.

Мавзӯъро дар бораи аз ватан берунбудагон рафта истодааст ин чизро бояд фаромӯш накард, ҳар миллате ки набошад аввал забон урфу одат, аз таъриху фарханги худ огоҳ набошад барои ва ё барои талаби илм сафар ба хорҷя кардан мушкилиҳои зиёдеро дар худ меорад, сабаби тақлидкунӣ ба дигар халқҳо ва онҳоро аз миллати худ баланд донистан мегардад, шояд ин машаққатро на ҳама кас ҳис карда тавонад, ё ки дарки ин мавзӯъ бошад. Ин як нуқтаи назари ҳамчун ҷавоне буд, мумкин иштибоҳе карда бошам, ислоҳ ва фикри шумоёнро шунидан мехоҳам.

Акаи Салим, ба шумо чӣ хел арзу сипоси худро баён намоям, намедонам, як хабари хуш дорам, вақте ман ин сомонаи шуморо пайдо намудам, ҳама навиштаи мақолаҳоятонро як ба як аз чашм гузаронида, ба худ як камтаре бошад, ҳамчун ибрате гирифтам ва дар ҳаёти ҷавонии худам истифода мекунам. Бо як хулоса гӯям, ин сомонаи шумо ба ҳисси ватандӯстии ман қуввае бахшид.

Дар охир мехостам табрикоти маро қабул фармоед. Ҳамеша дар куҷое бошед сарбаланду комёб ва сиҳату саломат бошед!!!

Мақолахои наву пурмашаққати шуморо мо интизорем, яке аз мухлису дӯстдори шумо, акаи САЛИМ…”

Пас чӣ гуна ман метавонам нанависам? Чаро бояд дарҳоро бубандам? Аз чӣ бояд фурӯ биншинам? Худоё, ёрам бишав, ки дар нимароҳ намонам ва эй бомдоди оташгун нерӯям бидеҳ, ки сухане оташвору равонбахш дошта бошам! Агар сухани ман дили касеро рӯшан ва гарм мекунад, пас ин пурсиш набояд ҷой дошта бошад, ки гуфтан ё нагуфтан, навиштан ё нанавиштан. Он гуна ки бомдодро суоле нест, дамидан ё надамидан…

26.04.2010 - Posted by | Ватан, Инсон, Муҳоҷират, Сарнавишт, Тоҷик |

30 Comments »

  1. Устоди гиромикадр! Набояд харгиз заррае аз навмедй ба дили худ рох дихед. Суханони Шумо чй ин чо ва чй дар хамаи навиштанхои дигаратон мустаким ба умки дили ман мерасанд ва дили маро хам равшан мекунанд. Пас ин суолхо чист? Дур кунед аз худ! Худо хамеша нигахдори Шумо бодо!

    Comment by Rustam | 27.04.2010 | Reply

    • Зинда ва сарбаланд бошед, азизам.

      Comment by aioubzod | 29.04.2010 | Reply

  2. Хофизи бузургвор фармуда:

    Окибат манзили мо водии хомушон аст,
    Холиё гулгула дар гунбади афлок андоз!

    Хомуши ихтиёр кардан кори осон аст. Вале шарти зиндагии озодона ва озодихохона садо баланд кардан аст, хомуш набудан аст, эътироз кардан аст! Бигзор хатто барои 100 нафар, 10 нафар ва ё танхо барои худ!
    Яке аз мухимтарин вежагихои рушанфикр рози набудан аст, рози набудан аз чомиъаи худ, аз мардуми худ, аз худ, зеро рушанфикр жарфбинтар ва дурнигартар аст! Ва рози набудан шарти такомул аст. Рози набудан ба масал, руди хурушони кухистон аст, ки сар ба сангхои кафи руд ва сохил мезанад, садо баланд мекунад ва рох мепаймояду даштхои лабташнаро шодоб мекунад. Рози будан оби кулмак аст, ки мегандаду бухор мешавад!
    Ва аммо холе ки бо Шумо даст дода, мунхасир ба фарди Шумо нест.
    Бепарвоии масъулон ба холи мардум, бетаваччухии мардум ба ояндаи худ хар як Инсони худшинохтаро хаставу навмед мекунад, аз зиндаги хам безор мешавию аз худ хам!
    Ахмади Дониш (Алломаи Адхам)-ро ба ёд биёваред, ки бо лахни муассири хунарманди бузург Ато Мухаммадчонов ба толор, ба мо менигаристу аз умки дил фарёд мекард: “Гуши суханшунаве намонда, танхо ин монда, ки худ мегуиву худ мешунави”.
    “Фарёдхои бефарёдрас”-и устод Лоикро ба ёд оваред!
    Хадди акалл барои худ, барои худ шунидан бояд гуфт! То дар ин кишвар касе хаст, ки хадди акалл барои худ мегуяд, умеде хаст! Мегуянд: чаро худро азият мекуни, медони ки харфхоят асаре надорад, чуз зиён ба худат подоше намедихад! Посух ин аст: барои таскини худ мегуям, барои оромиши худ мегуям, агар нагуям, агар хомуш биншинам худро гунахкор эхсос мекунам, худро, калбамро гандида ва олуда эхсос мекунам, барои пок шудан мегуям, барои татхири ботин! Бояд хадди акалл дар назди вичдони худ шармсор набошем!
    Али – чахорумин аз хулафои рошидин гуфта: (Мазмунан) “На танхо ононе гунахкоранд, ки чиноят содир мекунанд, онхое низ, ки мебинанду хомуш менишинанд, шарики чиноятанд”. Бале, бисёр вакт хомуши хам чиноят аст!
    Вале мухимтар ин аст, ки медонам, Шумо, хушбахтона, наметавонед, хомуш биншинед, каламатонро бишканед! Пас

    Холиё гулгула дар гунбади афлок андоз!

    Comment by Кодири Рустам | 27.04.2010 | Reply

    • Комилан дуруст гуфтед. Аммо номахоро мехонаму фикр мекунам, ба хар хол чанд нафаре хастанд, ки месазад, барои онхо навишт. Вале вакте ботин тадричан хушк мешавад, хеле сахт аст…

      Comment by aioubzod | 29.04.2010 | Reply

      • Аз фарёдҳо тағйиру таҳаввуле мебинед Куллан оё оянда ба чашми Шумо ба чй ранге ҷилва мекунад? Мо солҳост ба умқ меафтем ва ҳанӯз ба бистари чоҳ нарасидаем.

        Comment by aioubzod | 29.04.2010

  3. Банда хеле вакт шуд хонандаи сахифаи Шумо хастам. Ба рости хафтаи гузашта чанд бор ба блогатон даромадаму матлаби наве наёфтам. Аммо аз гушаи хотирам хам нагузаштааст,ки шояд Шумо нияти бастани ин сахифаро доред. Матлабатонро хондаму бе мухобот андухгин шудам. Сахифаи Шумо ба макони андешаю табодули фикр мубаддал гаштааст. Моро аз чунин маъбади марифат махрум накунед муаллифи азиз. Бо эхтироми зиёд хонандаи сахифаи Шумо.

    Comment by Абдулло | 27.04.2010 | Reply

    • Як чизро дарк кунед, ки ман аз хонандагон ва ё касони дигар норозй нестам, балки аз худ ва факат аз худ. Умр тирвор мегузарад, коре накарда мебинй, ки солҳоио зиёде рафтаанд бебозгашт.

      Comment by aioubzod | 29.04.2010 | Reply

  4. Akai Salim, shoyad Shumo az on sabab mahzun shudaed,ki kase noma namenavisad. Ba Shumo merasonam, ki chandin marotiba kushishi ishtirok dar bahsho namudam, vale bebaror. Misli man hazoron hazor ki tanho mekhonandu lek komment navishta nametavonand. Hamai navishtaho oliand! Dar bisyoriash ashk merezam. Goh ashki shodi, ashki gham, goh ashke ki khud namedonam az chi bois omad. Dar borai taxichii LosAngelesro har bor mekhonam. Avvalin bore ki khondam dar nimai qissa ashk ruiamro meshust. To hol nafahmidam ki chi ashk bud on?

    Man ki khudro yak insoni badxu, berahm, zolim va purjahlu ghazab mehisobam dar nazdi satrhoi Shumo bejur’at va bequvvat meshavam. Beshtar ba hikoyavu qissahoe dast zaned ki aqlhoro dar justujui muammoho firistad va az siyosat duri jued. Zinda boshed ai hammillati baoru nomusam!

    Comment by Чердак Снайпер | 28.04.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз лутфат, дусти азиз. Номаи Шумо ва дустони дигар хеле рухбахшанд, аммо ба номи Худо рост мегуям, ки шабуруз мепурсам, чаро ман дар руи заминам ва Кароматуллохи Курбон пахлуям асту мехонад, ки ба думболи чй мегардам, худоё ва ман хам ба у ҳамовоз мешавам.

      Comment by aioubzod | 29.04.2010 | Reply

  5. Устод Салим, ин фикрро аз сар дур партоед.
    Донахои маърифатро коштан гиред. Ин донахо сабз шуда мева хоханд дод.
    Мо ташнаи суханхои ноби шумо.

    Comment by Sooroosh | 28.04.2010 | Reply

    • Хатману хатман. Аммо росташ медонам, ки нобе нагуфтааму Шумо лутфи бузург доред.

      Comment by aioubzod | 29.04.2010 | Reply

  6. Дуруд бар нависандаи хушқаламу некӯсалиқа Салими Айубзод,
    Устоди азиз! Ҳамин ки одамӣ он чи дар замираш ҳаст-ро барои хонанда бидуни ҳеҷ мулоҳиза ва риёе бармало созад, худ таҳсинбарангез асту ибратофарин. Ба назари қосири камина, ҳунар дар ин нест, ки нависанда ҳамвора дар фикри ин бошад, ки ҳар чи мавриди писанди хонанда бошад ба риштаи таҳрир дароварад, балки ҳунар он аст, ки ҳар чи худаш мехоҳад бинависад, ҳол, хоҳ писанди хонанда қарор гирад ё нагирад.
    Банда, бидуни ҳеҷ таоруфу муҷомилагӯйӣ, бароятон арз кунам, ки шумо аз он зумра қаламбадастонед, ки хонанда ҳаргиз дар навиштаҳоятон риё ва ё мулоҳизаи ину он намекунад. Бузургон, хештанро бар дигарон таҳмил кардаанд, на ин ки дигаронро бар худ таҳмил намуда бошанд.
    Ҳамин пораи сухани шумо, ки мефармоед “Суханбозии замонасозонаро ҳам намедонам, то аз суханам филисе дароварам ва ин дар ҳолест, ки ҳамаи мо, аҳли башар, ба қарни суханфурӯшӣ ворид шудаем. Суханфурӯшие аз сари ҳирсу нафсу ниёзу нуфуз. Бозӣ бо виҷдони хеш ва азҳони мардум”, худ пандест бархоста аз замир, на он мавоизе, ки дар нӯки забон ҷорӣ мешаваду вориди қулуб намегардад. Ва ҳар он чи аз замир бархезад, бе тардид дар замоир ҷой гирад.
    Ва ё ин тикка аз гуфторатон, ки “Барои ман, ин пеш аз ҳама номи неки сазовор ба номи падару гузаштагонам аст, ки бояд ба фарзандонам мерос гузорам. Эҳтироми модар ва тарбияи фарзандон ва кӯмак ба хушбахтии онҳо низ аз чунин арзишҳост. Сипас, то ҷое метавонам, ба мардуми хеш хидмат кунам, ба он хоке, ки маро зодаву парвардааст. Бигзор на зиёду оламшумул, балки кӯчак ва ба андозаи тавонам. Набояд виҷдонфурӯшӣ кунам. Набояд бидуздам ва тӯҳмат бикунам. Бояд аз худ чизе боқӣ бигузорам, ки агар мояи ифтихори фарзандонам набуд, бигзор мояи шармсории онҳо набошад”, худ дарсест бас бузург; он ҳам дарсе баргирифта аз матни зиндагӣ, на он чи дар лобалои китобҳо ҷой дошта бошаду таъсиргузор воқеъ нагардад.
    Аммо, як нукта ҳаст, ки ба унвони як бародари кучактаратон бароятон ёдовар шавам ва пешопеш агар мояи озурдаи хотири ҷанобашон гардад, узр мепурсам.
    Хонанда бо мутолеаи оғози гуфтори шумо (на поёнаш) бар он мешавад, ки ҳазратиолиро навъе ҷаҳонбинии “бадбинона” ва ё “пучгароёна” фаро гирифта ва мехоҳед ин нуктаро талқин намойед, ки ҳар чи ҳаст ҷуз бозиву пучӣ нест. Шояд, як чунин дидгоҳе назди касоне ки ҳамвора рӯбарӯ бо шикасту ноҳамвориҳои зиндагӣ буда ва дар зиндагӣ навъе ноком шудаанд тавҷеҳпазир намояд, аммо ба ҳайси як дидгоҳу андеша, бас хатарнок асту вайронкунанда.
    Зиндагӣ, бо ҳамаи талхиҳояш, ки аҳёнан гиребонгирамон мешавад, боз ҳам ширин аст. Агар риёву дурӯғу фиреби бархе аз шайтонҳои одамсурат, ки мутаассифона дар ин рӯзгор кам ҳам нестанд, ҳама ҷоро пур сохтааст, боз ҳам асолат азони ростиву некӯкориву ҳақиқату дурусткорӣ аст, вале риёву фиребу найрангу аз ин қабил падидаҳо, ҷуз кафи рӯйи об намонанд.
    Агар асолат азони ҳақиқат намебуд, ҳаргиз ботил барои намоён шудан, ба шиори ҳақиқат паноҳ намебурд. Ботил ҳаргиз намегӯяд, ман ботилам, чун медонад, фитрати одамӣ ботилро намепазирад. Аз ин рӯ, мегӯяд, ман ҳаққам, чаро ки медонад танҳо бо шиори ҳақ аст, ки метавонад ба аҳдофи ботилаш бирасад.
    Ҳол, намехоҳам зиёдагӯйӣ кунам. Умедворам аз гуфтаҳоям ранҷур намешавед.
    Нависед, нависед ва боз ҳам нависед, ки то мо бихонему баҳра гирем.
    Худо нигаҳдори шумо!

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 28.04.2010 | Reply

    • Қабул ва мақбул. Аз ягон ҳарфи Шумо заррае ранҷур нестам. Рост ва дуруст навиштаед. Блоги Шуморо мехонам ва хушам, ки чое хаст кас хам дониш бигирад ва ҳам оромиш. Зинда бошед!

      Comment by aioubzod | 29.04.2010 | Reply

      • Ҳоло номаи худ ба хештан: Эҳ, шарм доред, бародар Аюбзод! Шарм! Магар ҳоло фурсати чунин фикрҳост? Корҳои зиёде нимакора ва тарҳҳои зиёде дар нимароҳ, аммо Шумо ба чй андешаҳои кӯчаке гирифторед! Оваҳ, иддаои Шумо дар осмон асту пойи Шумо дар гил. Каме фаротар бингаред. Нигоҳ набояд бо чаҳорчӯби тирезаҳои манзили Шумо маҳдуд шавад, балки бояд то офоқ равад ва фаротар аз он. Андешаро коинот бояд на дили танг.

        Лоақал маъниҳои ин байтро биҷӯед:

        Пойбӯсон хуш аст найли мурод
        Ноумедӣ пас аз тамаъ марг аст.

        Камтар бихобед ва бештар кор кунед, чун худ дарк кардаед, ки фурсат ҳарчӣ камтару камтар мешавад…

        Comment by aioubzod | 03.05.2010

      • Дуруд,
        Боракаллоҳ Устод!
        Аз чанобиоли чуз ин ҳам таваққуъ намерафт. Ҳамин аст роҳи рост ва ҳамин аст кори дуруст.
        Худо шуморо ҳамега муваффақ ва пируз дорад!

        Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 03.05.2010

  7. Salom akoi Salim,

    Chande pesh dar vatan, vale boz ba horiji dur bargashtam. Muddate judoi az padary modar va oila hoh-nohoh osori heshro meguzorad. Gohe kas mehohad, ki hamaashro ba bod dihad va nazdi onho boshad. Vale, gohho problemahoi kuchake kasro poyband mekunand va gohho in duri hele tul mekashad. Hullas, karib ki az mavzu” dur shavam. Mushavvash budam va tornigori shumo ba hotiram omady heshro kame hubtar his kardam, misli onki maro suhbati garme bo barodari aziz dar pesh boshad. Onchi ki shumo ejod mekuned, misli obest ki az piryah zarra-zarra jori megardad. Bastani on hub nest, vagarna obi gungashta ehtimoli rahna kardani sadro dorad. Pas, biguzored ki jori gardad va har onki mushtok ast, tashnagii heshro raf’ namoyad. Banda, on kadar san’ati navishtanro nadoram, vale az navishtahoi shumo ilhomam omad. Hudovandi mehrubon nigahbonaton boshad.

    Comment by Mehmon | 29.04.2010 | Reply

    • Дарди хамаи мо сахт аст, зеро ҳасрати Ватан ба ҳасрати умри азиз зам мешавад. Суол ин аст, ки дар чунин вазъ чй бояд кард, ки кас аз умри худ лоакал соатхои кутохе ризо бошад ва бо худ сулх дошта бошад. Рост мегуед, ки як рохи рахой тамосу гуфтану холй шудан аст.

      Comment by aioubzod | 29.04.2010 | Reply

  8. Durud ustodi aziz!
    Inson har chi kadar meomuzad, mebinad, meshunavad. boz hamon kadar mehohad bubinad,omuzad va shunavad.Shumo base korhoe,anjom dodaed,base noguftahoe guftaed va base nonavishtahoero navishtaed,ki kam kase ba in kor dast zada.
    Har jo boshed,osudavu salomatu saodatmandu sohibdilu sohibmehan boshed ustodi aziz.
    Tavfik rafik bod…

    Comment by Firdavsi Azam | 01.05.2010 | Reply

    • Комилан дуруст, Фирдавси азиз. Аммо осуда ва осоишро набояд орзу кард. Осоиш хоб аст ва хоб навъе аз марг. Марги муваққат. Боз ҳам шукр, ки ҳастед ва дили бузурге доред.

      Comment by aioubzod | 03.05.2010 | Reply

  9. Дуруд,устод! Ба Шумо чи шуд?! Ин чи дарсест, устод?! Магар намедонед, ки сорбони корвоне хастед ва масъули расонидани он ба манзил?! Шумо мехохед ин корвон дар нимарох бимонад ва пароканда гардад, хол он ки дорад ба оянда чароге мебарад? Ва он чарог ба дасти Шумост, устод! Агар мутмаин хастед, ки чунин хаке доред… биравед. Ва ин корвонро бигзоред то дар торики пароканда шавад ва хар яке туъмае.

    Comment by Farid | 03.05.2010 | Reply

    • На, бовар кунед, на сорбонам ва на раҳнамо ва ноумед ҳам нестам, фақат инро мехостам, бигӯям, ки зиндагй чй аҷоиб аст, чун вақте мехоҳӣ чизеро раҳо кунй, паёми дигаре ба ту мефиристад. Ҳоло даҳҳо паём бо он паём як шуд. Сипосгузорам аз меҳрубонии ҳамагон. Бахшиш.

      Comment by aioubzod | 04.05.2010 | Reply

  10. Дуруд Салимчони азиз!

    Эчодкори асил фосилае хомуш будан буда метавонад, аммо на тамоман хомуш будан. Ин дарде, ки мо дорем ба истилохи табибон (хронический). Баъди мурдан хеле вакт дасти рости Толстой харакати навиштан кардааст. Мегуянд, ки баъди мурдан 40 руз дар лахад дахани суханвар мечунбидааст. Ана хамин тавр Салимчон моро баъди мурдан низ аз ин дард халоси нест.

    Comment by Адаш ИСТАД | 05.05.2010 | Reply

    • Ба гуфтан хоыем гуфт, устоди арҷманд ва торнигори Шумо пур аз нуқли андеша аст, аммо бовар доред, ки суде ҳаст? Ман ҳарчӣ камтар мебинам, ки аз кишти мо ҳосиле бор ояд.

      Рост гуфтед, ки ин як беморист, дарди бедавост. Дареғ агар дар гӯр ҳам осуда набошем.

      Comment by aioubzod | 06.05.2010 | Reply

  11. Окои Салим сохибчамолеро мемонад, ки эхтиёчи мафтунии хешро пурсон аст! Зи мачлиси худ дарталабй! Бинвис!

    Comment by Darvesh | 05.05.2010 | Reply

    • Окои Дарвеш агар нартистизмро дар назар дорад, маъзур ончй ки нест, нест.

      Comment by aioubzod | 06.05.2010 | Reply

  12. Бубахшед, устод. Бори дигар наваиштаатонро хондам ва фахмидам, ки хато кардаам – охири маколаро шояд аз эхсосоте, ки аз хондани аввали он пайдо шуд дуруст дарк накардаам. Аммо банда хам маъзур хастам, зеро вакте бузургон аз зиндаги ва мушкилот меноланд, хурдонро мешикананд. Бубахшед, ки сахт гуфтам.

    Comment by Farid | 06.05.2010 | Reply

    • Ҳаргиз на, Фариди азиз, хатое накардед ва сахте нагуфтед. Фақат он вакт ва ҳоло низ маро беш аз будам ситоиш кардаед. Бовар кунед, ҳеҷам ва маъние надорам. Ҳар рӯз дарк мекунам, ки чизеро намедонаму бо даъво даст ба арши олй мезанам.

      Comment by aioubzod | 06.05.2010 | Reply

  13. Салом Устод. Ман фикр мекунам, ки Шумо як шухие кардед ва мо мухлисон онро чидди гумон кардем. Мо гарибони дур аз ватан ба чунин сайтхо бенихоят ниёз дорем. Чунин сайтхо ба мисли сайти Шумо ва масалан сайти радиои озоди,барои мо як кутбнамо аст.Ман рузи кории худамро аз кушодани ин сайтхо сар мекунам.Ба кариби маколаатонро дар сайти радиои озоди оиди вокеъаи 30 апрели соли 1997 дар шахри Хучанд бодиккат хондам.Ягон хатогии имлоиву грамматики, синтаксисиву сиеси ва г. наефтам. Вале ин навишта дар байни мардум сару садохои зиеде ба бор овард. Кисми зиеди навиштахо хато буданд. Шояд ин навиштахо ба Шумо таъсири манфи расонда бошанд. Ба фикри ман ба онхо ахамият додан лозим нест. Бараькс дар оянда бештару муфассалтар оиди чунин вокеъахо навиштану гуфтан лозим аст.
    Ман ба Шумо барори кор мехохам,ман бо Шумоам ва навиштахоятнро интизорам.
    Бо салом ва камоли эхтиром Махмадрахим.

    Comment by Махмадрахим | 08.05.2010 | Reply

  14. Дилтангии Шумо як сабаб дорад – ноаёнии натичаи он кадар фикрхои зиёде, ки дарч намудед.

    Ин як вазъи табиист. Магар ба Достоевский гуш карда буданд, ки дар китобхояш окибати бади пушти по задании арзишхои бузурги инсониро барои «ояндаи дурахшон» пешгуи карда буд?

    Ва умуман давлатдорон дар кадом замон сухани кадом адибро пазируфта буданд?

    Улугзода ба Мухаммадзамон гуфта буданд, ки агар як нафар хонанда дошта боши низ навис!

    Ба хисобкунаки блогатон нигох кунед, чи кадар хонанда доред! Вакте ки китобхои панчсад нусха чопшудаи «нависандахои раками як» дар дуконхои китоби Душанбе чанг зер карда хобидаасту Шумо ин кадар хонанда доред, вазъи Шумо бехтар ё он нависандахо?

    Comment by Адаш ИСТАД | 11.05.2010 | Reply

  15. Ба устод Салими Аюбзод аввалан салом и гарму чушон аз як хананда ва баъд он ба шумо ба кори блогатон мувафакият орзу мекунам. Аз Шумо як хохиш мекардам, то он суханони дар боло навиштаатонро давом медодед ва онро ба китоб мубадал мекардед. Пас аз хондани чунин навиштахо ман боз хаети худро аз сари нав дар каллаам гузаронидам.Ман худ аз зиндагонии гузаронидаи худ хеч рози нестам, чаро ки ба он орзухои худ аккалан 50 фоиз нарасидаам.Харчанд аз 35 гузаштаам, аммо холо хам дар харакат хастам ва фахмидам зиндагии худамро танхо худам идора карда метавонам. Аз хамин сабаб бояд худам ба он максадхое, ки хохам расид талош барам.
    Ба ниваштахоятон сад ташаккур. Китоби Шуморо интизорам.Шумо ба навиштани китоби пурмазмуну ба кас даркориро сазовор гаштаед.

    Comment by Мухидин | 22.05.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: