Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ёдгори умри падар (Видео)

Хотираҳои маро дар бораи падарам, додарам Илҳомҷон, писари хурдӣ ва нонори падар идома медиҳад. Наврасии ӯ ба замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост омад ва вазъи бади иқтисодии кишвар дар қатори садҳо ҳазор нафар ӯро низ ба муҳоҷири мавсимие дар Русия табдил дод. Вай дар номаи аввалаш хотираеро ба ин гуна овард.

Continue reading

Advertisements

29.05.2010 Posted by | Инсон, Каме латра, Муҳоҷират, Сарнавишт | | 6 Comments

Марсияи носуруда

Ҳар сол 15-уми май бомдоди ман торику боронист. Айнан монанди ҳамон субҳи соли 2002-ум, вақте падарам аз ин дунёи фонӣ реҳлат карданд. Моро гузоштанду рафтанд. Дар айни камолот, дар синни 67-солагӣ ва дар ҳоле ки мебоист, боз солҳои зиёде соябони сари мо, фарзандонашон мебуданд. Дару девори хонаи мо бекасу бесарпараст монд.

Continue reading

17.05.2010 Posted by | Рӯзгор, Сарнавишт, Худшиносй, Ҳолнома | | 26 Comments

Телевизиони мардумии Тоҷикистон

Ҳукумати нави Қирғизистон радио ва телевизиони давлатии ин кишварро ба ниҳоди мустақили ҷамъиятӣ табдил дод. Аз ин ба баъд кори онро Шӯрои мустақили нозирон идора хоҳад кард. Ин шӯро дар навбати худ аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва журналистони мустақил иборат хоҳад буд.

Continue reading

14.05.2010 Posted by | Ватан, Душанбе, Рӯзгор, Таърих, Тоҷикистон | | 6 Comments

Катринаи Тоҷикистон

Аввалан, дуое дар ҳаққи қурбониёни обхезии Кӯлоб. Худоё, ин машаққатдидагони ҳамаи давру замонҳоро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардон. Оҳ аз ҷигар дар ҳаққи кӯдакони бегуноҳ, ки ба коми сел рафтанд. Ин боз як фоҷиаи дигари миллӣ буд ва он рӯз ман дар барномаи радиоӣ гуфтам: “Имрӯз мо ҳама кӯлобием!” Мо ҳамдарди мардуми бепаноҳем, ки дар баробари ғурриши сел ва марги азизони худ ночор мондаанд.

Continue reading

08.05.2010 Posted by | Тоҷик, Тоҷикистон, Фалокат | , | 23 Comments

Пули сироти бечорагон?

Чанд сол пеш як ҳикояи хурде навишта будам, ки дар маҷаллаи чехию форсии “Бӯстон”-и устод Иржи Бечка ба нашр расид. Сармоядорони хориҷӣ ба як деҳаи кӯҳистон меоянд ва бо пиру ҷавони он мулоқот карда, ба рӯзгори сахти онҳо дареғ мегӯянду пешниҳод мекунанд, ки барои ин деҳотиёни дурафтода роҳи хубу ҳамвору зебое бисозанд, зеро ба гуфтаи онҳо, роҳ шоҳраги иқтисодиёти ҳар кишвар аст.

Continue reading

04.05.2010 Posted by | Ватан, Ваҳдат, Тоҷик, Тоҷикистон, Қонун | | 7 Comments