Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Пули сироти бечорагон?

Чанд сол пеш як ҳикояи хурде навишта будам, ки дар маҷаллаи чехию форсии “Бӯстон”-и устод Иржи Бечка ба нашр расид. Сармоядорони хориҷӣ ба як деҳаи кӯҳистон меоянд ва бо пиру ҷавони он мулоқот карда, ба рӯзгори сахти онҳо дареғ мегӯянду пешниҳод мекунанд, ки барои ин деҳотиёни дурафтода роҳи хубу ҳамвору зебое бисозанд, зеро ба гуфтаи онҳо, роҳ шоҳраги иқтисодиёти ҳар кишвар аст.

Ҳама розӣ мешаванд, вале як пирамард эътироз мекунад. Вақте аз ӯ мепурсанд, ки чаро норозист, мегӯяд:

— Шумо аввал ба мо меҳрубонӣ мекунеду роҳ месозед, аммо баъд ба мо тарзи роҳгардӣ дар роҳи худро низ ёд медиҳед, зеро он дигар роҳи шумо хоҳад буд, на мо. Ин барои мо на кӯмак, балки фоҷиа хоҳад буд…

Имрӯз ба баҳсҳои марбут ба нахустин ва ягона роҳи пулакии Тоҷикистон менигараму он пирамард ба ёдам мерасад. Дуруст аст, ки пирамарди мо дурнигару дурандеш буд, аммо каме иштибоҳ кард. Наафзуд, ки ба ғайр омӯзондани шеваи нави роҳ рафтан, роҳсозон даст ба ҷайби мардум ҳам хоҳанд бурд.

Ба баҳси роҳи Душанбе — Чаноқ менигараму аз он нороҳат мешавам, ки ин роҳро ягон хориҷӣ барои мо насохтааст, балки онҳо фақат роҳеро, ки вуҷуд дошт, тармим карданд. Ин роҳро барои мо давлати шӯравӣ тарҳрезӣ кардаву сохта буд ва он моликияти умумимардумӣ ба шумор мерафт. Ҳоло танҳо ба хотири он ки пулдороне дар давраи бенавоии мо онро ҳамвору тахт ва каме васеътар кардаанд, мардум бояд “дандонашро канаду ба онҳо бидиҳад.”

Ин ҷабрро ба сари мардум худиҳо бор карданд ё хориҷиҳо, фарқ надорад, ҳар касе ки буд  ба машаққати мардуми қашшоқ афзуд ва онҳоро дилсард кард.

ВАСЛ БОЯД КАРД, НА ФАСЛ

Вақте ки солҳо пеш аз ин ба кандани нақби Уштур сар карда буданд, як шиносам мегуфт, ҳамаи айбу нуқкси ин ҳукуматро мебахшад ва бовар дорад, ки ин ҳукумат дар таърих ба номи нек хоҳад монд, зеро иллати асосии бегонагӣ ва нотифоқии тоҷиконро дарк намуд ва роҳҳои пайванд кардани порчаҳову таҳкими ваҳдати миллиро дарёфт.

Замоне ки дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ду тарафи нақб, ки номи баланди “Истиқлол”-ро гирифт, базми шоҳона оростанд, маъюстарин шаҳрвандон ҳам ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд ва ба тарафдори аз номзадии Э.Раҳмон раъй доданд – “Вай на танҳо ба кишвар сулҳ овард, балки ҳамагонро бо ҳам муттаҳид кард!”

Шиноси дигарам, ахиран, пас аз сафари нахустинаш дар масири аввалин роҳи пулакии Тоҷикистон гуфт, тамоми тӯли роҳ эҳсосаш ин будааст, ки гӯё ба давраи ҷанги шаҳрвандии кишвар баргаштааст. Айнан монанди ҳамон давра, вақте ки дар роҳ постҳо гузошта буданд ва дар ҳар яки онҳо бояд пул медодӣ, то бигзарӣ.

Роҳҳо барои онанд, ки мардумонро бо ҳам васл кунанд, на фасл. Бо пулакӣ кардани ин роҳ як марзи душворгузаре пайдо шуд, ки кишварро ба ду қисм ҷудо мекунад ва равобити байни онҳоро коҳиш медиҳад.

ИМТИЁЗИ ҒУЛОМИЮ БЕНАВОӢ

Истилоҳи “toll” (аз “telonium”-и лотинӣ) дар забони инглисӣ ба маънои пул ё молиётест, ки барои озодӣ ё имтиёз пардохта мешавад. Яъне касе тавонашро дорад, пул медиҳад, то озод бошад ва аз имтиёзе бархӯрдор шавад. Пул медиҳад, то аз дигарон дида роҳаттар бошад.

Оё мардуме, ки барои роҳи Душанбе – Чаноқ пул медиҳанд, чӣ озодӣ ва чӣ имтиёзе ба даст меоранд? Роҳи каммошин? Имконияти бо суръати баланд рондан мошин?

Бархилофи гуфтаҳои мансабдорони Тоҷикистон, дар ягон кишвари дунё роҳи беалтернативии пулакӣ вуҷуд надорад. Роҳи пулакӣ дар паҳлуи роҳи бепул мавҷуд аст, то онҳое ки пули кофӣ доранд ва ё мехоҳанд бо суръати баландтар рафтаву зудтар ба ҷое бирасанд, аз он ҳамчун як озодӣ ва имтиёз истифода кунанд.

Дар кишварҳои ҷаҳон асосан роҳҳои хусусӣ пулакиянд, на роҳҳое, ки ба давлат, яъне миллат ва яъне мардум тааллуқ доранд. Марҳамат, шумо арақи ҷабин бирезеду заминро бихаред, роҳу пулҳо созед ва он моли шахсии шумо хоҳад буд ва азбаски муштариёне пайдо мешаванд, ки розиянд, аз ин моли хусусии шумо истифода кунанд, бигзор барои чунин имтиёз ба шумо пул бидиҳанд.

Дар акси ҳол ин суистифода аз моликияти мардумӣ ва нақзи Қонуни асосии Тоҷикистон хоҳад буд, ки озодии ҳаракатро ба ҳар шаҳрванди кишвар кафолат медиҳад. Нақзи қонун бояд пайомаде дошта бошад, на?

ШИРКАТИ ПИРӮЗМАНДИ ХОРИҶӢ

Намунаи ноёби Тоҷикистон боз аз он лиҳоз шубҳбарангез аст, ки ҳарчанд роҳ моликияти давлатист ва қарзи Чин барои тармими он низ қарзи давлатӣ, “пулчинак”-и роҳ як ширкати хусусии хориҷист, ки таърихи мушаххасу шаффофе надорад.

Иттилое мавҷуд нест, ки кай ва дар кадом тендер ширкати Innovative Road Solutions Ltd бо пешниҳоди беҳтарин шароити хидмат пирӯз омад ва ҳуқуқи барчидани хазони пул дар роҳи Душанбе – Чаноқро ба даст овард? Ё ин ҳам мисли ширкатҳои Максим Боқиев, писари президенти шарманда ва гурезаи қирғиз аз ҳуқуқи махсус бархӯрдор буд? Чун ин ширкат худро саҳҳомӣ меномад, он саҳҳомон кистанд ва Шӯрои мудиронаш аз киҳо иборат аст?

Дар оинномаи ширкат шаффофият як рукни асосии кори он номида шудааст, аммо чунин шаффофият дида намешавад ва баракс он ба як ниҳоди асроромез монанд аст.

Шояд фаъолияти он на танҳо аз тарафи Хадамоти зиддимонополӣ, ки ба нархгузориҳои худсаронаи ин ширкат ҳайрон мондааст, балки аз ҷониби Оҷонси мубориза бо фасод ҳам тафтиш шавад?

КОРНОМАИ ВАРЗОБИҲО

Нашрияҳо менависанд, ки варзобиҳо дар талабҳои худ пирӯз шуданд ва пас аз шикояту ҳақталошиҳо нархи роҳи паси хонаашон барои онҳо арзонтар шуд. Онҳо дар назди дарвозаҳои пулситонӣ гирдиҳамоии эътирозӣ барпо ва 10 000 имзо ҷамъоварӣ карданд.

Тасмими додани сабукӣ ба варзобиҳо сабаб мешавад, ки намунаи онҳо дигаронро низ ба майдон кашад. Оё беҳтар набуд, ба ҳамаи сокинони сари роҳ имтиёзҳои яксон дод ва интизори ошӯбу эътирозе нашуд?

ШЕВАИ ПУЛЧИНӢ

Шакли коре ки барои ҷамъоварии пули роҳ баргузида шудааст, ба ақидаи коршиносони ғарбӣ, шароити мусоидтареро барои фасоду коррупсия фароҳам меорад. Камтар давлатҳое аз чунин шева истифода мекунанд. Тоҷикистон мо аз онҳое нест, ки дар феҳрасти кишварҳои фасодзада мақоми тозатаре дошта бошад.

Шояд беҳтар аст, ҷамъоварии ин пул ба воситаи бонкҳо ва бо харидани марка ё тамбр ва ё парвонаи роҳ аз тарафи ронандагон сурат бигирад. Ин шумориши маблағҳоро дақиқтар ва дар сурати зарурӣ шаффофтар мекунад.

Аслан, дар ин як моҳи аввал оё ширкати хориҷӣ чӣ қадар сармоя ҷамъоварӣ кард? Чӣ миқдоре аз онро худ гирифт ва чӣ миқдореро барои кандани қарзи Чин фиристод? Дар зимн, вақте ки қарзи Чин пурра баргардонида ки шуд, роҳ аз наҳ бепул хоҳад шуд ё ин “охур” ҳамон ба кораш идома хоҳад дод? Дар он сурат масъалаи воми Чин ба як афсона барои гӯлакон табдил намеёбад? Ё касе ҳам гӯл несту танҳо дандон ба дандон монда, тоқат мекунанд?

04.05.2010 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Тоҷик, Тоҷикистон, Қонун |

7 Comments »

  1. Чун хамаруза дарди дили хазорхоро арз кардаед, ташаккур акои Салим.
    бо сипос, Муборак

    Comment by muborak | 06.05.2010 | Reply

  2. Akai Salim,
    Navishtajoti shumo xelo ba jo ast. Savole doram, ki javobi onro namedonam va on in ask, ki agar yak odami ravshanfikr chize dar mavridi dardu alami mardum navisad, oyo siyostamadoroni Tojiki muosir onro mexonand?
    Hatto az pusridani posux ba in savol yo sharmanda meshavam, yo xanda maro megirad, ki charo in davlat va davlatdoroni mo mardumi xeshro zindaba gur mefiristonand.
    Az xondani maqolai shumo xelo xushhol shudam.
    Tashakur

    Comment by Nour | 06.05.2010 | Reply

  3. Барои чи шахсони масъули ин компанияи хусуси, вакте ба онхо савол доданд, ки дар давраи фаъолияти 1 мохаашон чанд мошини сабукрав, чанд мошини боркашон ва чи кадар маблаг чам шуду кучо сарф карданд, дар чавоб сирри тичорати (комерческая тайна) мегуянд. Ин директоре ки компания дорад шахси подставной буда хучаини асосии компания чонишини якуми вазири молия Чамолиддин Нуралиев мебошад. Ин шахс аз домоди Президент буданаш истифода бурда дар тамоми вазорату корхонахои дахлдор оиномаашро мувофика карда хамаи имтиёзхое ки дар конунгузории Точикистон амал мекунад барои ин компания шароит фарохам овардааст. Ин компания аз пардохти тамоми андозхо озод мебошад.

    Comment by Шамс | 07.05.2010 | Reply

    • Шамс чурачон ман шунидаги ки огои Чамолиддин реформатор! реформатори асоси он кас дар сохаи молия ва иктисодиет! Лекин аз рафикам аз Минюсть фахмидам ки компания дар хакикат хоричи ва регистрация шудаги ва учредителош хам хоричи! Барои хамин мумкин намин шахси гуфтаги ягон алока дошта бошад лекин гуфтаи Шумо инчо беасос аст! эхтиет шав дар оянда ин шахсро бисьерихо хурмат мекунанд! ислохот ин ояндаи рушди иктисодиет хаст! рохро хуб нигох доранд алакай ин хуб аст!!!

      Бо эхтироми комил

      Салим аз бадахшон

      Comment by Салим | 11.06.2010 | Reply

  4. Хамду сано ба мардуми сарбаланди Варзоб! Дигарон магар мурдаанд ва ё хануз мурча нагазидааст?

    Ман пешниход мекунам, ки аз байни мардум кумитаи зидди рохи пулакй ташкил шавад ва он хамаи ин мунофикони миллатро ба додгох кашанд. Бигзор додгох муайян кунад, ки

    а) пулакй кардани ин рох мумкиин буд ё на?
    б) пули рох ба пушондани карзи Хитой меравад ё ба чои дигар?
    в) аслан ташаббускори ин амали зиддимиллй кист?

    ва дар натича рох бепул карда шавад!

    Comment by Рустам | 07.05.2010 | Reply

  5. РУСТАМИ азиз.Дигарон зиндаву саломат дар интизори мурчаанд.Пеш аз пода чанг намекунем.Монед пода назди мо расад.

    Comment by олимбек | 08.05.2010 | Reply

  6. Ya dumayu chto eto put k reformam. Skoree vsego put k capitalizmyu. Mi k etomyu v lyubom sluchae prishli bi. Mi pervie v CIS (SNG) tak chto garzhus etim… Tajiki vpervioe nado gordidsya a ne plakat.

    Proshu avtoryu statyi, provedite analis ekonomicheskikh i po bolshe obosnovanie chem splednih. Proshu vas. Vi horoshiy jurnalist no nado sovershenstsvivat vashyu rabotu.

    Ya proshu chtobi vi pechatali moyu zayavlenyu. I potom posmotrim esli vi na samom dele liberalist!!!

    Salimjon as badahshon…

    Comment by Салим | 11.06.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: