Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Катринаи Тоҷикистон

Аввалан, дуое дар ҳаққи қурбониёни обхезии Кӯлоб. Худоё, ин машаққатдидагони ҳамаи давру замонҳоро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардон. Оҳ аз ҷигар дар ҳаққи кӯдакони бегуноҳ, ки ба коми сел рафтанд. Ин боз як фоҷиаи дигари миллӣ буд ва он рӯз ман дар барномаи радиоӣ гуфтам: “Имрӯз мо ҳама кӯлобием!” Мо ҳамдарди мардуми бепаноҳем, ки дар баробари ғурриши сел ва марги азизони худ ночор мондаанд.

Ҳафт соат мардум дар дами марг метапид ва касе ба имдодаш намерасид. Бахше дар хоби ноз буданд ва бахши дигар машғули худороӣ барои ширкат дар ҷашнҳое. Тоҷикистон боз қурбонӣ дод, то ғафлатзадагон бедор шаванд ва ба худ оянд.

Рӯйдод ва вокуниш ба он шабеҳ ба фоҷиаи тӯфони Катрина дар Иёлоти Муттаҳида буд, ки ба ҳайси доғи дигаре дар таърихи президентии Ҷорҷ Буши писар боқӣ монд.

ВОКУНИШИ ДАВЛАТ

Ба аксҳое, ки ҳамкорам Мӯъмини Аҳмадӣ даста-даста аз ҷои воқеа мефиристод ва дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр мешуданд, кас наметавонад, бе таҳ нишастанҳои дил ва бухси гурӯгир нигоҳ кунад. Чанде нагузашта як навори видео омад, ки шахсе бо номи Абӯоиша фиристода буд. Дертар телевизиони К+ саҳнаҳоеро аз фоҷиаи Кӯлоб нишон дод. Сипас ҳамкори мо Бароти Юсуфӣ навори комилтаре нахш кард.

Ваҳшат! Танҳо ин калима ба забонам меояд ҳамроҳ бо обе ки чашмҳоямро пур ва манзараи бадбахтиҳои мардумро дар нигоҳам тира мекунад. Ба фикрам, мо ба охирин нуқтаи ваҳшат расидаем. Он сӯ дигар чизе намондааст.

Менишинӣ, бармехезӣ, меравӣ, меоӣ, аммо он манзараҳо аз пеши чашм дур намешаванд. Мехоҳӣ ғизое бихӯрӣ, фикр мекунӣ он тифлаконе, ки косаи чашмонашон пур аз тарсу ноумедист, ҳоло чӣ мехӯрда бошанд. Оё чизе барои хӯрдан дошта бошанд?

Дар вокуниш ба фоҷиаи Кӯлоб ҳукумати Тоҷикистон бори дигар ноӯҳдабароӣ, корношоямии комил ва сардназариву бепарвоияшро ба аҳволи мардум нишон дод. Чаро бори дигар? Зеро пеш аз он Майхураи соли 2007 буд, сипас зимистони 2007-2008, баъд аз он ноҳияи Ҳамадонӣ, сипас Варзоб, баъдаш Қумсангир, селу жола дар Душанбе, ноҳияи Хуросон, пасон боз Майхура, Восеъ ва инак, чандин ноҳияи минтақаи Кӯлоб ва худи шаҳр.

Дар фоҷиаи ахир заъфу камбудиҳои аввалиндараҷаи ҳукумат инҳо буданд:

  • Сари вақт нарасидани гурӯҳҳои наҷотбахш
  • набуди техникаи наҷотдиҳӣ
  • набуди мушоҳида ва муроқибаи афзоиши сатҳи об
  • набуди шабака ва низоми огоҳонидани мардум
  • набуди навбатдорӣ барои назорат ба вазъият
  • набуди маркази раҳбарӣ ба амалиёти наҷот

Бар замми ҳамаи ин мақомоти расмӣ ба ҷои иқрор ба нуқсонҳои кори хеш ибтидо талош карданд, ҳақиқати воқеа ошкор нашавад ва то ҳоло талош доранд, шумораи кушташудагонро кам нишон диҳанд, ки як беэҳтиромӣ ба мардуми мусибатзада ва арвоҳи қурбониён аст.

ЗАРУРАТ БА ПАЖӮҲИШ

Оё касе муайян кардааст, ки дар як сол чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар офатҳо ба ҳалокат мерасанд. Ниҳодҳои давлатӣ, тақрибан ҳамеша чунин арқомро кам нишон медиҳанд ва ё дар ҳоле ки шоҳидони ҳол аз ҳалокати 15 нафар дар сели ноҳияи Хуросон дар соли гузашта иттилоъ дода буданд, мақомот ҳалокати 8 нафарро тасдиқ карданд. Маълум нест, ҳадаф аз чунин бозиҳо чист.

Эҳсоси куллӣ ин аст, ки ҷони шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳукумати Тоҷикистон аҳамияте надорад. Зеро ҳеҷ кадоме аз ин фалокатҳои чанд соли охир, ҳатто ҳалокати одамон дар зимистони таърихӣ таҳқиқ нашуд. Маълум нагашт, ки омилу заминаи ин рӯйдодҳо комилан табиӣ буданд ва ё ҷанбаъҳои техногенӣ ва башарӣ ҳам доштанд ва ниҳодҳои давлатӣ дар пайти вуқӯъ, дарёфти огаҳӣ, мудохила ба ҷараёни воқеа ва рафъи пайомадҳои он чӣ нақш бозидаанд.

Ҳолат ва нишонаҳои хоси пеш аз офатҳо, шаклгирӣ ва бурузи онҳо, вокунишҳои мардум ва бурду бохти талошҳои наҷот офатҳо омӯхта ва арзишёбӣ нашуд ва аз ҳама муҳимаш касе барои ҳалокати одамон ҷавоб надод. Ҳамчунин сармоягузорӣ ба роҳҳои пешгирӣ аз офатҳо низ тафтишу таҳқиқ нашудааст. Шояд ба ҳамин сабаб аз як офат то офати дигар шумораи қурбониён бештару бештар ва худи офатҳо харобиовартар мешаванд.

Ҳол он ки як чунин пажӯҳиш метавонист кишварро ба воқеаҳои баъдӣ омодатар кунад ва даҳҳо нафарро аз марг наҷот дода, аз миллионҳо доллар зиён ҷилавгирӣ намояд.

Зоҳиран, ҳукумат дар ин ришта низ монанди ҳамаи соҳаҳои дигар консепсияи муайян надорад. Чизе ки медонад, аз будаш бузургтар нишон додани зиён барои дарёфти кӯмаки бештар аз созмонҳои байнулмилал аст. Шеваи истифодаи ин кӯмакҳо маълуму шаффоф нест ва дар беҳтарин ҳолат бо эълони ба осебзадагон расондани чанд хаймаву кампал ба поён мерасад.

ИЛОҶ ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

Оё ҳоло ҳукумат гуфта метавонад, ки барои ҷилавгирӣ аз талафот дар сурати сар задани сел дар Кӯлоб чӣ корҳое кардааст ва чаро онҳо натиҷаи ночиз додаанд? Аҳолии шаҳри Кӯлоб ҳанӯз чанд моҳ пеш аз ин фоҷиа ба ҳукумат муроҷиат кардаанд, ки сойи Тебалай пок шавад, зеро сангу гили зиёде бистари онро пур кардааст ва дар ҳоли омадани сел он дигар наметавонад нақши обпарто ё селравро бозӣ кунад.

Гуфта мешавад, барои поккории рӯдхона маблағ ихтисос дода шудааст, вале худи поккорӣ сурат нагирифтааст. Пас ин сармоя ба куҷо рафтааст? Ҳамонгуна ки гуфта мешуд, барои соҳилбандии рӯди Панҷ дар соли 2008 зиёде аз 11 миллион доллар (асосан аз ҳисоби кӯмакҳои байнулмилалӣ ва қисман буҷаи давлат) сарф шуд, аммо боз ҳам обхезии Панҷ чандин деҳаро аз байн бурд.

Шояд аз ин ба баъд тахсиси сармоя ва истифодаи он ба таври шаффоф ҷараён гирад ва созмонҳои мардумие зуҳур кунанд, ки ба ин раванд назорат баранд? Мумкин беҳтар аст, созмонҳои байнулмилал кӯмакҳои худро барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ба ширкатҳои хусусӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ диҳанд, то ба ниҳодҳои фасодзадаи давлат?

Андешаҳои зиёде ба зеҳн меоянд, вале шояд ин ҳама аз алам аст ва медонам, ҳеҷ яке аз онҳо ба дарди онҳое, ки пайвандону ҷигарбандҳои худро аз даст доданд, малҳам намешавад. Мурдаҳоро намешавад зинда кард, вале метавон корҳоеро анҷом дод, ки зиндаҳои боқимонда ба ин шева, дар ватани худ ва дар даврони осоишта намиранд.

————————————

Акс аз сомонаи интернетии Радиои Озодӣ

08.05.2010 - Posted by | Тоҷик, Тоҷикистон, Фалокат | ,

23 Comments »

  1. Худо биёмурзад селбурдагонро…
    Худо биёмурзад Восеъро…

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 08.05.2010 | Reply

  2. Ман фикр мекунам ба хамаи ин мардуми кулоб худ гунахкор аст
    Авалан ин ки ин хукумати фасодзадае ки точикистонро хукмрони дорад ва сол то сол мамлакатро ба як харобазор ташкил кардааст хамин мардум сари хокимият овард
    Аз хама ачиб овараш ин аст ки соли 1993 хамин мардум бо тонку БТРу чархболу хавопаймо нохияхои водии Раштро ба харобазор табдил дод ва бенихоят чавононро нобут карданд ва духтаронро тачовуз карданд ва аламовар ин ки ба аскарони узбак душизахоро хадя карданд ва боз чи дашатхое накарданд
    аммо имруз наметавонад як чархболе пайдо кунад ки мардумро аз зери об начот дихад Пас кучо шуд он кадар тонкхову чархболхо ва имруз шарм накарда боз аз артиши руссия мадад металабад.
    Ин хукуматдорон шояд пеш як подабоне ва е дуторнавозе ва е аз хама илмдораш раиси колхоз буд дар собик ва дониши каззоие нисбати давлату давлатдори надоранд мисол шуда метавонад мусохибаи Достиеви пасол бо хабарнигори радиои озоди ки рости ба монанди як зани куча харф зад
    Ва хукуматдорон хама он пулхое ки барои сохилбанди чудо мешуданд бо рохи изофанависи аз худ мекардан фикр мекунанд ки ин давраи шурави аст ва боз мефиристанд инхо хамаашон камбагалоне хастанд ки пулро надидаанд ва бо ддани пул хамаро фаромуш карданд

    Ва ман фикр мекунам ки дахшатхои зиед барои Точикистон аз пеш аст ва ба хамаи ин мардуми кулоб гунахкор аст.
    Чаро?
    Чаро ки ин мардум ба харфи ачнабихои узбак бовар карда хукумати донишмандону зиеиене ки нав дар соли 1990 ташкил шуда буд вовчику дигар чи ном бурда бо ерии артиши узбакистону россия мардумро кушт горат кард ва як хукумати туремчикхоро сари хокимият овардад ки имруз подоши он хамаро мебинед
    Ва бобои Салмонатон чи тавре ки иброз дошта буд то Сергатолро чанг карда рафтум не то Чергатолро шумо ба гуломии чандин асра боз мувочех кардед ва имруз нушатон бод ин хокимияти овардатон ки акалан тавони як чархболро дар муддати 18 надорад

    Comment by Собик точик | 08.05.2010 | Reply

    • Шумо иштибоҳ мекунед. Магар инсон то ин ҳадд бераҳм мешавад? Магар инак маҷоли чунин суханони заҳролуд аст? Ин бечорагон чӣ гуноҳ доранд, ки шумо хунсардона ва бо камоли оромиш ба унвони эшон чунин мегӯйед?

      Агар чунин мусибат гиребонгири аҳлу хонаводаи шумо гардад ва наздикони хешро аз даст бидиҳед ва ё бехонумон шаванд ва дар ин ҳолат касе ба шумо чунин бигӯяд, чӣ ҳолате хоҳед дошт?
      Гузашта аз ин ки мо тоҷикем, лоақалл ба унвони як инсон, чӣ гуна барои худ сазовор дидед чунин суханони зишт ва бе масъулона ба забон оваред?

      Аҷаб мардуме ҳастем мо? Бовар кунед, вақте навиштаҳои шуморо хондам, пеши худам гуфтам, чаро мо то ин ҳадд суқут кардаем? Оё вазъи бади иқтисодӣ мардуми моро бе раҳм ва то ин ҳадд хунсард кардааст? Ё дурӣ аз ватан? Ё худкамбинӣ? Намедонам чӣ?

      Баъд, фарз кунед инак мусибате дар пеш набуд, ҳатто дар он сурат низ, шумо иштибоҳ мекунед. Асосан чӣ касе гуфтааст, мардуми минтақаи муайяне аз Тоҷикистон айбдори он ҳама фаҷоеъе, ки собиқан гиребонгирамон шуда буд, ҳастанд? Медонед дар он замон чӣ чизе боиси он ҳама бадбахтӣ шуда буд? Ҳамин ҳисси бе масъулиятӣ, ҳамин хунсардӣ, ҳамин ҳисси интиқомҷӯйӣ, ҳамин кӯтаҳнигарӣ ва… ки инак дар шумо мебинем…

      Хоҳиш мешавад лаҳзае ба тафаккур фурӯ равед ва каме ба худ ойед.

      Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 10.05.2010 | Reply

      • Аҷиб нест, ки ҳодисаҳои мудҳиш ва манфур зуд-зуд дар сарзамини Тоҷикон руй медиҳанд. Миллати мо баъди салтанати Сомониён ва чанде дигар сулолаҳои асрҳои миёна, тавони давлатдорӣ намудан нишон надод. Шояд он шикасти хеле сахте буд ва пас аз садсолаҳои давраи торикии ҳокимияти турку муғулнажодон ва 70 соли фишору фишанги коммунизму русизм акнун ин миллат дигар қудрати ёфтани бахту роҳбари асиле нахохад дошт.

        Чаро ин миллат пас аз фурупошии шуравӣ ягона ҷанги шаҳрвандиро ба худ раво дид? Чаро мардуми мо фақат дингаро ё бегонапараст (русгаро ё туркгаро) ҳастанд, вале миллатдуст нестанд ва арзишҳову манфиатҳои миллиро аз ҳама боло намегиранд? Чаро ин миллат иҷозат медиҳад, ки гуруҳе андаки касифу зиёнкораш ба қисмати бузурги наҷибу накукораш ҳукми ситам намояд ва нагузорад, ки фарзандони беҳтаринаш онро сарварӣ намояд? Чаро миллати мо далериву дуруштӣ надорад, ки ба номи адлу инсоф ва шарафи инсонӣ дасти ҳам бигираду ба корзор барояд?

        Comment by Путин | 12.05.2010

    • Salom Dysti aziz?
      Dar shaby ryzi ba yod ovardani on ryzho kori xyd nest. Man ham misli ty barin on jabr didaho hastam va lakin shykri Xydi mekynam ki dar sarzamin mo sylhy shyd agar chande ki myshkiliho vyjyd dorad. Amo dar in hodisa falokat bori kylob beshtari kaso neki myrtdand tiflakone hastand ki begynohand. Man 1 chizro ba ty merasonam on chi ki dar solhoi 90ynm gyzasht hama milati Tojik Kylobi boshad yo Garmim Pomiri va Zarafshoni onro mahkym menamoyad va on ishtibohi byzyrg byd. Ba hamchynin hykymati kynyni na dar fikri Kylob va dar firki milat Tojik, tanho dar firki pyl jama kardan. Ki hamgon dar tamomi dynyo medonad ki Alimardonov chi qadar pylro dyzdid. Neki dar inshabyd ryz mo boyad hamchyn milat xydro nishon dihem ki mo 1 milat hastem na KYLObi, na Garmi va Zarafshoni va Na Pomiri.
      In korat xyb nest dar in shaby ryz boloi syxta namakob rezi.
      Xydo biomyrzad shymoro.

      Comment by Aziz, Az Hoit, RASHT | 15.05.2010 | Reply

  3. Kulob zeri ob – besh az 1500 xona vayron gashta, va besh az 300 nafar halok shudaast, Jumhuriyat.tj (gazetayi davlati) boshad, az Yunon (vaz’i siyosii Avrupo) suhbat mekunad.

    Comment by Tojik | 09.05.2010 | Reply

  4. Шабе торику бими мавчу гирдобе чунин хоил,
    Кучо донанд холи мо сабукборони сохилхо.

    Ин сабукборон доранд охирин нафасхои худро мекашанд. Сели норизоие, ки худашон барпо карданд, хохадашон бурд, мисли ин сели Кулоб, ки аз сабаби хунукназарии онхо кудакони бегуноху пурумеди кулобиро бурд. Хар зулме хам хад дорад ва агар мардум барои дафъи он барнахост, Худо ки нозир аст.

    Comment by Farid | 09.05.2010 | Reply

  5. Рости аз он дар таачубам ки чаро устод дар сайташон як ктмменте ки ман навишта будам чо надоданд
    Банда фикр мекардам устод аз чизе наметарсед аммо мебинам ки Шумо е метарсед ва е яке аз хамин одамони хукумат хастед

    Comment by Собик точик | 09.05.2010 | Reply

  6. Рости аз он дар таачубам ки чаро устод дар сайташон як ктмменте ки ман навишта будам чо надоданд
    Банда фикр мекардам устод аз чизе наметарсед аммо мебинам ки Шумо е метарсед ва е яке аз хамин одамони хукумат хастед

    Comment by Путин | 09.05.2010 | Reply

    • Чаноби Путин, танхо пас аз мурочиати шумо аз пайи такрори “Собик точик” ба нашри шархи у икдом кардам. Бародараи азиз, харчанд акнун худро “Собик точик” меномад ва намефахмам акнун у кй бошад, агар точик нест, суханаш ба манфиати вахдати миллй дар Точикистон нест.

      Магар дар кишвар сулх нашуд? Сулх маънои гузаштро дорад. Магар ба хам гузашт накардем? Ба гузашта салавот нахондем? Бигзор ба хамаи ин таърих бахо дихад, аммо дар рузи бадбахтияш ба мардум чунин гуфтан, ба фикрам, аз руи одоб нест.

      Солисан, намешавад, тамоми мардуми як минтакаро масъули ин ё он чурм номид.

      Хуб, пас аз мудохилаи Путин шархи Шуморо ба нашр расондам, аммо чунин маъно надорад, ки аз Путин ё каси дигаре ба гайр аз Худо метаврсида бошам. Мехохам, дигарон фикри худро дар робита ба номаи Шумо баён кунанд ва ба Шумо посух диханд.

      Як нуктаи дигар хам хаст, ки мо точикон ба хамдигар берахмем, на ба бегона.

      Comment by aioubzod | 10.05.2010 | Reply

      • Устодаи Мухтарам
        Хакатон аст Шумо сарзанишам кунед чун гоибона хам бошад Шумо устоди ман хастед
        Бале устод хуб кайд кардед ки мо худ берахмем инчунин бегонапараст хам хастем
        Бас ки бегонапарастем амон аз ману ту (Устоди бузург Лоик)
        ва нисбати собик точик бале дуруст мегуи ман собик точикам чун дар точикистон касеро надорам хамаашонро хамин кулобихо куштанд сухтанд зинда ба зинда пеши чашмонам ва ман он вакт кудак будам чаро ба ман касе ери надод чаро аз ман касе нанавишт ва ба монанди банда хазорхо нафар буданд кудакон ва онон ОЙ Худо чи гунох дорем мегуфтанд????
        Хуб нисбати сулх чиии магар сулх кардем магар гузашт кардем? Устоди азиз боварам намешавад шумо ин харфхоро мегуед
        Магар он чавононе ки барои номуси худ мечангиданд ва опозицион ном бароварда шуда буданд баад аз ин сулхе ки Шумо мегуед зиндониву гурезаву кушта нагардиданд? Лидерони опозициун куштаву зиндони нагардиданд баъди ин сулхе ки Шумо мегуед? Чи магар хукумат шакли дарбориро нагирифт???? ва боз магару магархои дигар ва боз ман ба хамаи ин боз хамин мардуми кулобро гунахкор медонам чун бо ин хама азобхо боз тарафдораш хастан ин хукумати дарбориро

        Comment by Путин | 10.05.2010

  7. Хак ба чониби Шумост, ки аз худношиносй ва бегонапарастй, аз нодонй ва хунгармй, аз акибмондагй ва бемаърифатй, аз кашшокй ва чашмгуруснагии мо бисёрихо истифода карданд ва балохои азиме ба сари мо оварданд.

    Хак ба чониби Шумост, ки сулхи мо як фанду фиреб буд ба истиснои ин ки хунрезй ва халокати чавонони мо катъ гашт.

    Шумо дар бисёр маврид хак ба чонибед ва ман хам ба хар яки ин иштибоху нокомихо баробари Шумо гиристааму мегирям.

    Аммо бояд зист, бояд пеш рафт ба умеди ин ки рузе мо миллат мешавем ва хатогихои худро мефахмему дигар онхоро такрор намекунем. Огози ин рох гузашт буд ва хаст. Бояд бахшид, бояд аз гуноххо гузашт. Дар акси хол пешнихои Шумо чист?

    Бояд ба ин мусибати бародарони хамхуни худ ханда занем ва шукр гуем, ки ба сари онхо хам бало омад?

    На. Баракс ин фурсатест, ки даст бидихем ва бигуем, харчй бо мо кардй, кардй, аммо бародари манй ва наметавонам, дар чунин рузи сахтат пахлуят набошам.

    Узр, азизам, агар дилатро озурда бошам…

    Comment by aioubzod | 10.05.2010 | Reply

  8. Устод Шумо бубахшед бандаро ки аз суханони ман норохат гаштед аммо устод вакте мегуи
    Сулх шуд ва халокати чавонони мо катъ гашт аммо ин хар руза груз 200-хе аз Россия меоранд магар инхо чавонони точик нестанд

    Чи Шумо фикр мекунед ман ба он марги кудакаконе ки ануз дар дунеи кудаки аз зиндаги мархум шуданд ман хусандам? На баракс хун мегирям ва ба марги ин кудакон худи ин мардумро гунахкор мешуморам чун ба ин хама дахшати хукуматашон токат кардаанд ки руз то руз мучозоташро мебинанд

    Пешниходи ман ин аст ки бояд аз таарихи начандон дур сабкат гирифт ки соли 1990 чандин бор Сангаку дигар кумандонхоро бо чангихояшон асир гирифтанд аммо ба хотири хамин ороми даст доданд гузашт карданд аммо боз чи рафтанду боз якчоя бо узбакхо омаданд точиккуши карданд ва аз тарих шарм надошта Фронти Халки ташкил намуданд барои точики асилро куштан

    Ва боз имруз хам дар манотики дигари кишвар кулоби шарм накарда МА гуфта мегардад чун дар ин маврид точик буданашро фаромуш мекунад ва мегуяд ман кулоби хастам чанг кардам гирифтам хокимията чи хохам кардан мегирам ва мардуми дигар махалро сорти дуввум мешуморанд ва ман хатто шохиди он будам к то имруз хам кудаконро баъд аз 20 соли чанг хам бошад дар рухияи гармибадбини тарбият мекунанд ва пас чаро дар бисери маврид намегуянд мо точик хастем мо кулоби хастем

    Ман ба мусибати ин мардуми бечора намехандам ва афсус мехурам ки то хол ба худ наомадданд то як хукумате ташкил кунанд ки аз тамоми манотики кишвар намояндагон дар он бошанд ва дар хама маврид масъулиятр хукумати мардуми ба ухда гирад ва нагуяд ки ман кулоби ва е дангараги хастам орзу дорам ки бигуяд ман точикам ва масъулиятро ба ухда гирад ва инчунин насли ояндаро дар рухияи дохипарасти\чаноби олигуи\бегонапарасти ва дигару дигар тардият накунад

    Ман рости дилам ба хамаи ин мусибат месузад чун падарам ТОЧИК буд
    Хазорхо бор пузиш устоди гироми агар норохататон кардам

    Comment by Путин | 10.05.2010 | Reply

  9. Hamaamon niyozi omurzishi khudovandem…chun millati murdagonem dar kafanhoni zinda… rishvavu torikii dilu aql, tamomi javshani ghurur, jismu botinamonro khurdaast… ba kudakoni ruznadidavu millat-bepanoh dilam khele mesuzad…

    Comment by muborak | 10.05.2010 | Reply

  10. Бародар, собик точик. Худо туро биомурзад ва ба рохи рост хидоят кунад,ки чунин андеша дори.

    Магар кудаки кулобие, ки хнуз аз домани модар бернуро надида буд ва дар офат халокшуд, гунахкор аст?

    Магар духтар душизае, ки дар интизори туи арусиаш менишаст ва шабогах дар офат халок шуд, котил буд?

    Магар модари 70 солае, замони чанги шахрванди ду фарзандашро аз гуруснаги дар ин шахр аз дастдода ва дар ин селчахо набераашро гунох дошт ва хунрези мехост?

    Фаромуш накун, ки аз ду чониб гурухои чинояткор дар Точикистон бо амри чосусони Русия ба майдон кашида шуданд. Ку як нафар кумандони чанги шахрвандиеро гу, ки хабс нашуда ё доги суди надорад?
    Муло Абдуло Ризвон Сангак Файзали Абдуллои Нури ва садхои дигар. Магар Ризвону Мулло Абдулву Рахмон Гитлер инсонхои хубе буданд, ки садхо нафар бегунохро катл карднд? Мардуми Кулоб низ аз мархум Нури хотираи хуб надорад, ки мегуфт, хар тире, ки рахо кунед ба сина кулоби мерасад. Онхо низ инро бахона кунанд, ёд биоранд ва як умр дар киболи хам бошанд? Ба худо ки онхо инро фаромуш кардаанд вале бо мисли ту баринхо дар лахзахои хассос аз он ёд мекунанд ва мукобили хам сангар мегиранд. Кучост вахдати як миллати кучак? Дигар ин хукумат хукумати махали нест, балки як хукумати хонаводагист.

    Бубин ки ки аввалин шуда чанд кулобиро кушту миёни ин мадум игво адохт ки фулончоихо туро фалон карданд. Ин хама бахона буд. Магар модари чигаррехтаи кулоби мехост,ки вазъ чунин шавад.

    Бародар дуввум ин ки дар сари кудрат мондани як хукумат на вазифаи кулобисту на гамиву помириву сугди. То замоне, ки Русия ва дигар абаркудратон мехоханд, хар хукумате бошад, мемонад. То замоне, ки барои онхо лозим аст, он боки хохад монд. Ба хусус ба мисли Точикистон аз иродаи мардум чизе вобаста нест, танхо агаристифода нашвад. Нахостанд, боз аз номи мардум сарнагун мешавад. Фикр мекунам, устод Аюбзод боз хубтар медонад. Магар чавони Кулобие,ки дар Русия муздури мекунад ва бародархояшро мекушанд, ин хукуматро дуст медорад?

    Занхое дахсолахост беманзиланд магар дуст медоранд, чунин хукуматро.

    Дар холе, ки мардум аз ин офат хун мегиряд ту ба холашон механди?
    Чи хандаи талху шуре, ки ба ин мебояд гирист. Медони бародар, инсон мурдааст, инсон. Точиконе, ки комилан ба иттихомоти ту рабт надоранд!!!

    Ва ин гуфтаи ту боз ангезаи махалгарои дорад,ки дар сурати инкишофаш ба бомбаи мудхишинфичоре бадал хохад гашт, ки дар сурати таркиш хазорони дигаре мисли ману туро курбон хохад кард.
    Мо дигар набояд ба ин мараз грифтор шавем ва онро таргиб кунем.
    Дар Кулоб фочеа хаст, бояд ба холи он мардум гирист.

    Comment by Муин | 10.05.2010 | Reply

    • Муинчон, саломат боши!

      Comment by Darvesh | 16.05.2010 | Reply

  11. Barodaroni Aziz,

    hama tanga du ruy dorad. Az yak su durust ast, ki hukumati imruza yak hukumati siyoiyon va millatdustdoronro az bayn burd, na tanho az bayn burd, balki rshahoyashro ham suzonid, ki sadsolai digar ba khud nameyoyad. Mardumi Kulob dar in hama in hukumatro dastgir bud, ammo okhir fahmid, ki gumroh shud. Ammo aybi digaron ham kam nabud, az jumla shimoliyon va badakhshoniho. In hama budu raft, kur aknun boyad digar ba choh naaftad, u boyad donad: ki dust astu ki dushman.

    Boyad biguyam, ki in hukumat az ahlijam’i Tojikiston yak vartai ghulomonro sokht, ki ghulom budani khudro ehsos namekunad.

    Khudo rahmano,

    Comment by Samak | 11.05.2010 | Reply

  12. When the natures pay’s back!!

    Comment by Shukui | 12.05.2010 | Reply

  13. http://www.borgoh.wordpress.com

    Comment by Mustanger | 14.05.2010 | Reply

  14. 17.05.10 сол аз шабакаи телевизиони ТВЦ-и Русия барнома бо номи “Право имею”-ро нишон доданд, ки он дар бораи мухочирони корй бахшида шуда буд. Дар он барнома хамчунин конуни охирине, ки барои воридоти мухочирони кори ба корхонаву ташкилотхои технология баланд ва коркунони хонаги (домработники) мутолиа шуда буд. Агар ин конунро кабул кунанд, он гох мухочири кори бояд, баъди худро ба кайд гузоштанаш (регистрация) бояд кор ебад. Вакте, ки у кор меебад бояд бо кордиханда шартномаи кори бастанаш лозим. Он гох бо ин шартнома ба кумитаи миграционии он нохия рафта бояд хар мох 1000 рубл бидихад, пас аз он метавонад натарсида кор кунад. Аз хотир набароред, имсол назоратхо нисбати бе хуччати духтури ба ягон
    корхона коргарони мухочирро ба кор намегиранд. Ин хуччатро харакат кунед гиред, ки мухлати онро хангоми гирифтан аз духтурхона албатта муайян кунед.
    Дар барнома ду тараф буданд, ки якешон хукукхои коргарони мухочирро хифз мекарданд, дигаре зид. Хангоми тамошои ин барнома баро чунон хашм гирифт, худро дошта ин барномаро то охир тамошо кардам. Дар барнома як тахлилгари иктисоди гуфт:
    -Харчанд мо конуну коидахо кабул кунем е накунем бе коргарони мухочир мо тараккиети давлатро ба сатхи даркори бароварда наметавонем, аз ин лихоз онхо ба Русия лозиманд. Аммо киро ва чанд нафарро даъват кардан кори ташкилотхои салохиятдор мебошад.
    Собик депутати хизби ЛДПР Алексей Митрофанов, ки тарафдори содда гардонидани сару хисоби мухочирон ва таъмин кардани хукуки онхо буд, гуфт:
    -Ое ягон шахрванди рус ба он корхое, ки имруз мухочирони точик мекунанд, рози хасатнд? Ба он хакки музде, ки ин мухочирон мегиранд, русхо рози хастанд? Хеч вакт русхо хусусан дар Маскав ин корро намегунанд ва агар ман нохак бощам ба ман он нафарро пайдо кунед.
    Дар ин барнома сухан факат дар бораи мардуми точик мерафт. Намояндагони зид мехостанд, ки бо Точикистон рафтуои визавиро ташкил кунанд. Ба собик хамватанони худ, яъне русхои хоричи кишвари Русия буда шароити ба ватан баргаштанашонро осон кунанд.
    Баъди ин барнома фикрхои бисьер кардам ва ба он хулоса омадам, ки чаро худованд ба мардуми точики ман чунин кисматро раво дид.Магар мо точикон ба ин пастзаданихои миллатхои аз мо маданият пастдошта хубанд? Магар мо точикон сохиби кисмати худ нестем? Чаро мо точикон дар мусофири он кадар ахл нестем монанди дигар миллатхо? Мо ки адабиети хазорсолахо дорем чаро аз маданияти худ дар мулки мусофир дур мешавем? Ин саволхо дар дилу чони ман мисли хун гардиш меебанд. Ое ман ин ходисаро то охири умрам мебинам магар? Ман ки худ мухочир хастам, албатта маро ин беадолатихо осуда намегузоранд.
    Мардуми точикро то он дарача чашми дидан надоранд, ки моро ба хар нохушии кишвари худ сабаб мегузоранд.Гуе мо точикон ин нохушихоро ба миен оварда бошем. Ое да Русия як халки точик мухочир аст? Ое дигар халкхо дар он чойхое, ки мо кор мекунем, кор намекунанд магар? Ба мардумам дилам месузаду дили шишабори ишку хаваси ватан тапиши тезутундеро мегирад. Боз ба худо марочиат мекунаму худро тасалли медихам. Бо умед ба осмон нигох карда дасти дуо мекушоям ва мугуям:
    -Эй Худои мехрубон халки маро мардуми ба номуси точикро дар хар чое, ки набошад, дар холати сериву пури, дар гамиву хурсанди, дар саломативу бемори, дар ватану беватан, дар назди оилаву гариби, бо дуст е душман.Дар хоб е бедори, бо ишк е танхо хамаашонро бар панохат нигах дор. Бигзор ин рузхои дахшатноктарини мардуми точик паси сар шавад. Дигар иллохо ягон фарди точики мо ин рузхои мусофирии вазнинро набинад. Ба хукумати мо куввату акли солим дех, ки хукуки шахрвандони моро дар хорич мухофизат кунад ва ба поймол кардани нангу номуси миллати точик рох надиханд.Намояндагони давлати точикон фарк надорад дар кадом сатхи ухдадори набошад, номи точиконро, хукуки мардумро химоя кунанд дар хама макони руи замине, ки шахрванди у хаст.
    Агар хукуматдорони боломакоми Точикистон ба шакли чидди зидди барномахои “Наша Раша”, ки хукуки мардуми точикро поймол карда мардуми точиконро чун як ифроди пас нишон медиханд, ба давлатдорони боломакоми Русия арз карда аз онхо талаби манъ намудани ин барнома мекарданд, ин барнома то хол давом намедод. Дар нашрияву телевизиони Руссия нисбати ин намоиш танхо диаспораи точикони Маскав баромад карданду халос. Чаро намояндагони сафоратхонаи Точикистон бо нота баромад накард? Магр онхо точик нестанд е онхо аз вучуд доштани чунин барнома огох нестанд?
    Рости гап аз тарафи дигар мо точикон худ хам айб дорем. Чунки мо бо кору рафтори ношоями худ, ки дар хар кучо мекунем ба дигарон бахона ба миен овардем, то онхо нисбати мо чунин муносибат кунанд. Чаро мо худро хангоми ба куча баромадан ба низом намеорем? Чаро мо бо либосхои ифлосу кухна ва е либоси кори ба шахр мебароему байни мардум бо овози баланд гап мезанем? Чаро мо хангоми муомила дар байни дигарзабонхо бо точики баланд сухан меронем? Чаро мо ба хама кори пасту каммузд ба тези рози мешавем? Ое моро падару модар ба чунин кору рафтор тарбия карда буданд? Чаро мо ба якдигар бо чашми хасуд ва гаюри менигарем?
    То он даме, ки мо тарбияамонро дар назди дигарон ба дарачаи хуб наорем, нисбати мо дигар мардумон чунин муносибати беинсониро давом медиханд. Мо иззати якдигарро аз худ бояд сар кунем. Агар шумо хохед, ки бо шумо хуб муомила кунанд, бояд худи шумо муомилаи хубро нисбати дигарон кунед.
    Харчанд хозир ба мардуми точик ин рузхо рузхои вазнин дар мусофири хаст, ман фикр мекунам ин рузхо хам мегузаранд. Ба сари мардуми точдори ман офтоб нурпоши мекунаду точикони мо рузхои хубу фарахманд мерасанд. Дар давлатамон хам сериву пури ходованд ато менамояд ва мардуми точиконро аз хар балохо эмин медорад. Шоду пируз бош халки точики дунье.

    Comment by Мухидин | 18.05.2010 | Reply

  15. Закон о реституции, предложенный правительством Конфедерации, направлен то, чтобы облегчить процедуру возврата неправедно полученных денег народу.
    О знаменитых диктаторах и коррупционнерах, размещавших целые состояния, полученные нелегальным путем, на тайных счетах в швейцарских банках, мы уже писали.

    Вчера на пресс-конференции в Швейцарском клубе прессы в Женеве Валентин Зелльвегер, директор Отделения международного права Министерства иностранных дел Швейцарии, рассказал о позиции Конфедерации относительно размещения в стране миллионов, полученных корруммированными политиками. А также представил собравшимся журналистам проект нового Закона о реституции денежных средств.

    Сегодня, имея дело с подобными средствами, Швейцария опирается на пять ключевых положений:
    – меры, направленные на предупреждение коррупции;
    – обязательство банков проверять, кому принадлежат средства, которые клиент намерен разместить, и кому они предназначены.
    – обязательство банкиров сообщать швейцарским властям о подозрительных денежных переводах, если считают, что речь может идти о нелегальных финансовых операциях;
    – право Швейцарии, по запросу затронутой страны, заблокировать спорную сумму до решения суда;
    – и наконец, реституция – возврат денежных средств. Здесь существуют различные модели, в каждом отдельном случае Швейцария и заинтересованное государство оговаривают условия возврата и использования денег: иногда они передаются на финансирование конкретного проекта, либо в распоряжение международных гуманитарных организаций, или в специальный фонд, который отчитывается о дальнейших тратах.

    Новостью пресс-конференции стало то, что, оказывается, Швейцария за последние годы вернула 1,7 миллиарда франков государствам, из которых эти средства были незаконно выведены. Ни одна другая страна мира не возвратила такой значительной суммы. При этом Швейцарская Конфедерация является активной стороной в деле возвращения денег: уже были случаи, когда швейцарский МИД сам оплачивал услуги адвокатов и переводчиков, помогая стране «в сложной ситуации» проследить путь спорных сумм, доказав их нелегальное происхождение, найдя, откуда и куда они были перечислены и в каком банке находятся.

    Также ни одна банковская держава мира не блокирует деньги в подозрительных случаях, как делает это Швейцария. Например, сразу после свержения президента Фердинанда Маркеса, без запроса со стороны Филиппин, Швейцария через несколько часов заблокировала у себя его счет. Рассмотрение дела о возврате денег Маркоса длилось с 1986 по 2003 годы, в итоге Швейцария передала правительству Манилы 684 миллиона долларов.

    Не все государства-жертвы политиков активно занимаются впоследствии розыском похищенных денег. Например, в начале 1990-х годов, в интересах Мали, Швейцария сама поддержала процедуру реституции средств Муссы Траоре, малийского президента и диктатора в 1968—1991 гг. Швейцарский МИД оплачивал услуги адвокатов. Подобная практика активного вмешательства применялась и в деле Мобуту – к сожалению, конголезское правительство отказалось от процесса против семьи экс-диктатора, в 2003 году дело было закрыто, а средства со швейцарских банковских счетов переданы наследникам Мобуту. Аналогичная ситуация рисковала произойти и в деле Дювалье, которое тянется с 1986 года.

    Comment by Samandar | 19.05.2010 | Reply

  16. В середине января 2010 года, следуя букве закона, швейцарский суд постановил передать заблокированные в банке Лихтенштейна деньги бывшего диктатора Гаити Франсуа Дювалье его сыну. При этом, оказывается, Дювалье-младший после ужасного землетрясения в январе этого года официально отказался от спорных средств и попросил передать их в пользу гаитянского народа. Во всяком случае, отказался он от тех 6 миллионов, что хранятся в Швейцарии. А вот адвокаты семьи по-прежнему настаивают на их возврате. (Похоже, непонимание между истцами и их адвокатами становится приметой современности – так и Саманта Геймер, давняя жертва режиссера Романа Полански, уже многократно просила закрыть дело, а американские адвокаты твердой рукой ведут его дальше.)

    После этого, 3 февраля 2010 года, Федеральный Совет вновь принял решение заморозить гаитянские деньги до вхождения в действие Федерального закона о реституции ценностей нелегального происхождения, принадлежащих политическим деятелям, или до момента, когда проект этого закона будет отвергнут парламентом Швейцарии. А днем позже, 4 марта, адвокаты семьи Дювалье подали в Административный федеральный суд протест против решения о блокировке средств.

    Новый Закон о реституции оговаривает условия «заморозки» денег на счетах, конфискации и возврата средств, незаконно присвоенных политическими деятелями в случае, если официальный запрос по правилам международной юстиции невозможно довести до конца. К примеру, по истечении сроков давности (как в случае с миллионами гаитянского экс-президента Франсуа Дювалье), или из-за внутренних сложностей в самом государстве, ставшем жертвой коррумпированного политика.

    По проекту нового закона, для возврата средств больше не понадобится осуждать политика как преступника. Он облегчит доказательство незаконного происхождения сокровищ: те станут считаться «награбленными» в случае, если будет наглядно виднен очень резкий, вопиющий рост богатства политика, а степень коррумпированности его государства также высока.

    Парламенту Швейцарии предстоит рассмотреть этот проект уже на летней, июньской, сессии. В случае, если парламентарии его одобрят, Закон о реституции будет поставлен на референдум – в Швейцарии все изменения Конституции предварительно проходят через народное голосование – и может вступить в силу уже с начала 2011 года.

    Comment by Samandar | 19.05.2010 | Reply

  17. ба собик точик!!! илм дорию одамгари надори,фарки байни ту ва онхое мардуми бегунохро дар чанги бародаркуш нубуд карданд, чист?

    Comment by Саид | 23.05.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: