Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Телевизиони мардумии Тоҷикистон

Ҳукумати нави Қирғизистон радио ва телевизиони давлатии ин кишварро ба ниҳоди мустақили ҷамъиятӣ табдил дод. Аз ин ба баъд кори онро Шӯрои мустақили нозирон идора хоҳад кард. Ин шӯро дар навбати худ аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва журналистони мустақил иборат хоҳад буд.

Вақте ин хабарро дар сомона гузоштам, тақрибан баъд аз чанд дақиқа, зинда бошӣ, тоҷики ман, хонандае барқвор ба он вокуниш нишон дод:

“Бо ин иқдоми бузург ҳоло бубинед баъди чанд соле мардуми қирғиз чӣ гуна миллат шавад. Бо телевизиони мардумӣ метавон миллатро сохт. Афсӯс, ки ин идеяҳо дар Тоҷикистони мо ҳанӯз солҳои 90-ум буд, аммо бо ҳар баҳона моро саркӯб ва ормонҳои миллатро чун чӯҷаи кабк нобуд карданд.”

Иттифоқан эълони Телевизион ва Радиои мардумии Қирғизистон дар рӯзҳои таъсиси Телевизиони Мардумии Тоҷикистон садо дод, аммо бо таъхири 18-сола. Тоҷикон ҳанӯз дар моҳи майи соли 1992 телевизиони худро мардумӣ карда буданд. Аммо ин таҷриба шикаст хӯрд. Худо кунад, ҳамкасбони мо дар Қирғизистон на дар ин таҷриба ва на куллан сарнавишти тоҷиконро такрор накунанд.

ИШҒОЛИ ТЕЛЕВИЗИОН ДАР ДУШАНБЕ

Шоми 5-уми майи соли 1992 издиҳоме бо номи “ҷавонони Душанбе”, ки дар асл яке аз шохаҳои гирдиҳамоии майдони Шаҳидон буд, пас аз тазоҳуроти тӯлонӣ дар назди Осорхонаи Беҳзод дар майдони Айнӣ ба дари Студияи телевизиони тоҷик омад ва талаб кард, он ҳақиқати ҳоли кишварро ба мардум бинамояд.

Телевизион он рӯзҳо зери дасти шахсе бо номи Атахон Сайфуллоев ё аз нодонию итоати комил ба зимомдорон ва ё аз ғояти маҳорат дар макру ҳиял рӯз то рӯз кишварро ба вартаи хун мекашонид. Он ба як дастгоҳи ангезиши хашму нафрати ом табдил ёфта буд.

Намоиши фурӯшикании пайкараи Ленин аз тарафи тазоҳуркунандагони демократӣ-миллӣ-исломӣ яке аз таҷрибаҳои “муваффақе” шуд, ки нерӯи таблиғи якҷонибаро нишон дод. Субҳи он рӯз агар ними мардуми ленинпарастро сарони корхона ва муассисаҳо бо автобусҳои давлатӣ ба майдони эътироз кашонданд, ними дигарро маҳз намоиши телевизион ба кӯча даъват кард.

Гирдиҳамоии “бутпарастон” бо сарварии вазири вақти кишоварзӣ Ваҳҳоб Воҳидов ба силсилаи тазоҳурот идома бахшид ва кинаву адоватро дар ҷомеа умқи бештар дод.

Пас аз ин таҷрибаи иҷтимоӣ, ки телевизиони тоҷик дар он нақши, ба гуфтаи Ленин, на танҳо агитатору пропагандист, балки ҳамчунин “ташкилотчии ҷамъиятӣ”-ро бозид, навори комили “бозпурсӣ”-и вазири вақти умури дохилӣ Муҳаммадайёз Навҷувонов аз тарафи раиси вақти Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев пахш шуда, ин дафъа хашму ғазаби бадахшониҳоро барангехт. Тазоҳуроти онҳо ба сароғози ҷанги бародаркуш табдил ёфт.

Ҳамаи ин дар зеҳн, “ҷавонони Душанбе” ба назди дарвозаҳои панҷарабастаи телевизион омаданд, то талаб кунанд, ки аз “оинаи нилгун” ҳақиқат нишон дода шавад. Ва ҳақиқат ин буд, ки гирдиҳамоии майдони Шаҳидон хостори хушунат нест, балки мухолифи беадолатиҳост ва пешрафти кишварро мехоҳад. Талаб ин буд, ки телевизион ба арсаи муколама ва тафоҳум табдил ёбад ва ҳоло, ки дер нашудааст, аз хунрезии байни тоҷикон пешгирӣ кунад.

Ҷавононе, ки дар назди дари телевзион ҷамъ омада буданд, шояд нақшаи ишғоли онро надоштанд, аммо воқеае ба ҳайси охирин қатра косаи сабри онҳоро лабрез кард.

Дар ҳоле ки тазоҳуркунандагон шиор мезаданд, як мошини “Москвич”, ки дар паҳлу ва ақибаш сӯрохҳое аз тири калашников дошт, назди онҳо омаду истод. Аз мошин шахси сару либосаш хунолуд берун баромад ва гуфт, дар дуроҳаи Ёвон сарбозони горди президентӣ ба сӯи мардуми бесилоҳе, ки ба сари ҷода баромада буданд ва мехостанд, пеши роҳи мошинҳои пуродамро, ки аз Кӯлоб ба майдони “Озодӣ” меомаданд, бигиранд, тирандозӣ карданд. Дар натиҷа 4 нафар кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуданд.

Ин хабар ва симои ваҳшатзадаву хунини марде, ки аз ноҳияи Ленин омада буд, тазоҳуркунандагонро ба шӯр овард ва онҳо ба дохили ҳавлии телевизион ҳаракат карданд. Дигар на дарвозаи фӯлодин тавонист, пеши роҳи ин мавҷи одамиро бигираду на милисаву посбонони телевизион.

Дар сафи пеши онҳо омӯзгори ҷавони Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, сокини яке аз маҳаллаҳои Шоҳмансур, Юсуфи Ҳоким раҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекард. Мегӯянд, дар байни тазоҳуркунандагон мусаллаҳон ҳам буданд, аммо ин иттилоъ ҳам мавҷуд аст, ки мусаллаҳон дертар, вақте ки телевизион ба дасти тазоҳуркунандагон гузашт, ба ин ҷо омаданд, то аз он дифоъ кунанд.

ДАЪВАТИ МУҲАММАДАЛИИ ҲАЙИТ

Ба ҳар ҳол, сарвари ҷавонон Юсуфи Ҳоким телевизионро гирифт ва дар ихтиёри тарафдорони майдони Шаҳидон гузошт. Дар ҳоле ки садҳо ҳазор нафар дар ду майдони маркази Душанбе гирдиҳамоӣ мекард, телевизион он лаҳзаҳо консерт намоиш медод ва ногаҳон аз шоми 5-уми май симои гӯяндаҳо дар оинаи нилгун тағйир кард. Муҳаммадалии Ҳайит, Аҳмадшоҳи Комил бо ришаш, Рустами Ваҳҳоб, Абдулвоҳиди Аъламхон дар телевизион зоҳир шуданд ва ба таври зинда аз вазъу ҳоли кишвар ба сӯҳбат пардохтанд.

Ин як рӯйдоди фараҳбахше буд. Аввалин бор аз телевизиони тоҷик сухани озод садо медод. Дидан мумкин буд, ки бачаҳо ягон “шпаргалка” надоранд ва содаву шево аз рӯйдодҳои ватани худ ҳарф мезананд. Ба гуфтаи як ҳамсояи он рӯзҳои ман, мисли ин буд, ки абрҳои сиёҳ пароканда шудаву офтоб баромада буд, то ҳама ҷоро яксон рӯшану нуронӣ кунад.

Ман ҳам аз ончӣ медидам, ҳамчун журналисти озодандеш “кайф” мекардам ва аз хона ба студия занг задаву ба Аҳмадшоҳ ва гоҳе Муҳаммадалӣ машварат медодам, ки чӣ бояд кард ва ба чӣ чизҳо бояд тамаркуз кард. Масалан, ёд дорам, ба онҳо гуфтам, барои фурӯ нишондани изтироби мардум чанд шумораи телефонро эълон кунанд ва дар телевизион нишон диҳанд, то касе пурсише дорад ё касе шоҳиди рӯйдоде шудааст, ба онҳо занг занад ва бипурсад ё хабар диҳад.

Машварати дигари ман ин буд, ки чун русзабонҳо аз тағйир дар телевизион шояд ба ваҳшат афтода бошанд, як бахши хабарҳои муҳимро ба русӣ ва шояд узбакӣ низ нашр кунанд.

Вақте мехостам, ба Муҳаммадалӣ дар бораи рӯшании ками студия сӯҳбат кунам, зеро тирагии тасвир ба дили бинанда як навъ ваҳм ва нороҳатӣ ворид мекард, вай дар гӯшии телефон фарёд зад, ки “бародар, дар хона шиштану аз он ҷо ба мо маслиҳат додан, кори осонест. Дилат месӯхта бошад, хезу биё, ин ҷо имрӯз арсаи кор аст, майдон аз мардону далерон. Ин чист, ки ҳар лаҳза занг мезанию машварат медиҳӣ?! Биё ва худат ин корҳоро бикун, ин ҷо одам надорем, ҳамаи кормандон рафтаанд.”

Гуфтам, ҳамин ҳоло хоҳам омад. Дар он нимишабӣ, ки аз ҳар маҳаллаи шаҳр садои тирпарронӣ меомад, ҳамсояам Солеҳро розӣ кунондам, ки маро ба телевизион барад. Дар ягон бист дақиқа, бе монеае ба он ҷо расидем ва ман ҳам ба як корманди инқилобии телевизиони инқилобӣ табдил ёфтам.

WHAT WENT WRONG?

Ҳарчанд дар шеваи кор гурӯҳи нави телевизиончиҳои тоҷик ба самти мусбат ҳаракат дошт – намоиши воқеият, ифшои ҳақиқат ба он шале ки ҳаст, набуди сонсур, имконияти сухан барои ҳамаи хоҳишмандон ва соҳибдардон ва афроде, ки дар гузашта бино бар “рӯйхатти сиёҳ”-и Сайфуллоев роҳи онҳо ба телевизион баста буд – дар мавзеъгирӣ ба иштибоҳи фоҳиш роҳ дода шуд.

Онҳо ҳамон ҷомаи ҷаноби Сайфуллоевро ба бар карданд, аммо чаппа. Акнун гӯё тарафҳо ҷой иваз карда буданд. Тарафи “ғолиб” айни кореро мекард, ки чанде пеш тарафи дигар ва ё “мағлубшуда” аз худ нишон медод. Дар ин байн издиҳоми майдони “Озодӣ” пойтахтро тарк карда буд ва телевизион бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда онҳоро “сиёҳ” мекард. Набуди сонсур дар чунин ҳолатҳо натиҷаи баракс медодааст. Чунончй, нишон додани латтаву путтаи занон, шишаҳои шароб ва ҳатто рифола (презерватив)-и истифодашуда дар урудгоҳи матруки рақиб дигар ба ҳеч қолаб намегунҷид ва танҳо як ҳадаф дошт – ангехтани танаффуру хусумат.

Ҳаргиз фаромӯш намекунам, чаҳор сокини Душанбе ба студия омада буданд ва мехостанд, ба онҳо сухан дода шавад, то бигӯянд, ки кӯлобиёни Душанбе омодаанд, ҳамаи пасмондаҳои гирдиҳамоии майдони “Озодӣ”-ро тоза кунанд. Аммо раҳбарони нави телевизион ба онҳо чунин имкониятро надоданд. Ин дигар сонсур буд. Ман хеле пойфишорӣ кардам, ки ба онҳо сухан дода шавад, суханам нагузашт.

Мавриди дувуми сонсур замоне ба амал омад, ки се корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба идораи телевизион омаданд, то мардуми “пирӯзшуда”-ро огоҳ кунанд, ки ба бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ наздик нашаванд, зеро вокуниш аз ин биноҳо шадид ва бераҳмона хоҳад буд. Ба онҳо ҳам навбати сухан дар Телевизиони мардумии Тоҷикистон дода нашуд. Ҳол он ки чунин сӯҳбат аз забони кормандони кумита метавонист, аз иғвое, ки маълум мешавад, онҳо бӯ бурда буданд, пешгирӣ кунад ва даҳҳо нафарро аз марг наҷот диҳад.

Иштибоҳи дигар ин буд, ки бисёре аз кормандони соҳибтаҷрибаи телевизион корро тарк карда буданд. Бархе аз рӯи мухолифат ба раҳбарони нав, бархеро ҳам орзурда буданд ва бархе шояд даъвати бозгашт ба сари корро мехостанд. Чунин даъват дертар аз тарафи раиси нави Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Мирбобо Мирраҳимов садо дод, аммо дер шуда, кор аз кор гузашта буд. Бархи дигар агар омада бошанд ҳам пазируфта нашуданд.

КАРДИНАЛ МУЛЛО АБДУҒАФФОР

Бо вуҷуди таъин шудани М. Мирраҳимов дар телевизион амалан Мулло Абдуғаффор, ки то имрӯз кӣ будани ӯ номаълум боқӣ мондааст (чандин нафар ӯро корманди амниятӣ меномиданд) сарварӣ мекард. Вай хеле мухлис буд, ки бештар рӯҳониён бо ришу салла дар телевзион зоҳир шаванду вазъ гӯянд ва дар аксари корҳо асосан ба намояндагони як маҳалли Тоҷикистон такия карда, ба дигарон беэҳтиромӣ нишон медод. Вай дастур дода буд, ки занони берӯсарӣ дар телевизион пайдо нашаванд.

Бо вуҷуди як-ду ҳафтаи аввали кори нисбатан бомуваффақият, манзурам, бозтоби воқеият ва даъват ба тафоҳуму мусолиҳа ва қатъи душманҷӯиву интиқомхоҳӣ ба зудӣ телевизион ҳарчанд “мардумӣ” эълон шуда буд, ба телевизиони бахше аз мардум табдил ёфт ва натавонист нақши муттаҳидкунанда ва созанда дошта бошад. Ҳамонгуна ки дар давраҳои пеш роҳи афроди муайяне ба телевизион баста буд, акнун роҳи афроди муайяни дигаре, ки қаблан шабурӯз меҳмони “оинаи нилгун” буданд, ба идораи телевизион баста шуд.

Шояд ҳамон вақт зарур буд, ки мисли амалкарди имрӯзаи қирғизҳо телевизионро аз назорати ҳукумат берун овард ва як Шӯрои мустақили нозирони ҷамъиятиро таъсис дода, дар садри он гузошт? Бигзор ҳатто Мулло Абдуғаффор ҳам узви он мешуд, аммо ҳамзамон беҳтарин афроди бетараф ва ватанхоҳро мебоист узви ин шӯро кард. Афсӯс кор то ин ҷо накашид ва тафаккури замони шӯравӣ пирӯз гардид.

Дар ин байн рақобатҳои мансабхоҳӣ рӯ зад ва аз ҷумла маро айбдор карданд, ки ба хотири мансаб ба ин ҷо омадаам ва ин ҳам дар ҳоле ки ман аллакай ба бисёре аз сиёсату сиёсатбозиҳо дар ТМТ шадидан мухолиф будам, бо таассуф он даргоҳро тарк кардам.

Ва Худо шоҳид буд, ки ман бо дили соф ва барои кӯмак омада будам ва он ҳама кор фидокоронаву худоӣ буд.

Дареғи ман аз он буд, ки телевизион натавонист, бо истифода аз тавоноиҳои беҳудуди хеш, мухолифони Ҳукумати Муросои Миллиро ба ормонҳои миллӣ мутақоид гардонад ва нагузорад, ки ҳазорон нафар аз ҷавонон ба сафи ҷангталабон бипайванданд. Хулоса, телевизиони як ҳукумати номуваффақ танҳо дар сурате метавонист муваффақ бошад, ки аз зери дасти ин ҳукумат берун шавад ва бо тамоми миллат дар сӯҳбат биншинад, ба оинаи ҳамаи миллат табдил ёбад.

БА НОМ “МАРДУМӢ”

Интизори ман аз унвони “мардумӣ”-и телевизиони тоҷик дар он рӯзҳо низ ҳамин буд. Вале чунин телевизионро онҳое сохта наметавонистанд, ки худ ҷузве аз ҳукумат ва бахше аз сиёсатмадорону сиёсатбозони он буданд. Онро танҳо журналистони касбӣ ва озоду бетараф сохта метавонистанд.

Ҳоло ояндаи Қирғизистон ҳарчанд аз бисёр ҷиҳат ба мавзеъгирӣ ва шеваи кори ҳукумати муваққати ин кишвар бастагӣ дорад, телевизиони ҷамъиятии он метавонад, аз ҳамаи гирудорҳо ва тарафкашиҳо болотар биистад ва дарвоқеъ ба телевизиони ҳамаи ҷомеа табдил ёфта, ҳамаро ба ифоқа ораду аз гузаштаи тоҷикон, ки метавонад ба ояндаи қирғизҳо табдил ёбад, пешгирӣ кунад.

Дар зимн ин нукта на танҳо ба кишварҳои дар ҳоли инқилоб дахл дорад, балки ба ҳамаи кишварҳо дар ҳамаи давру замон. Афсӯс, ки телевизионҳои якҷонибаи кишварҳои мо танҳо ҷангу шӯришу танаффуру хусуматро ангехта метавонанд, на ояндаи шукуфон ва хушбахтонаи ҷомеаҳоро.

14.05.2010 - Posted by | Ватан, Душанбе, Рӯзгор, Таърих, Тоҷикистон |

6 Comments »

  1. Акаи Салим,
    Юсуфи Ҳокимро дар ёд надорам, аммо кабл аз ишғоли тлевизион, аз кадом су ба ҷониби мо тир кушоданд ва чанд нафарро захми карданд. Ха дар дасти мо ярок буд ва хабари ба дасти мардум даромадани онро як бачаи ёш (барандаи телевизион он замон) эълон кард. Вай гуфт ки “фикр накунед ки мо дар зери милли автомат ин хабарро медихем, аммо дар студио кариб хама муссалах буданд. Аммо ба ягон корманди телевизион тахдид карда нашуд. Хангоми ишғоли телевизион директори филмхои Бахтиёр Худоназаров – Рушд ном як бачаи помири аз пояш тир хурд. Вай дар миёни ишғолкунандагон буд.

    Comment by Додар | 16.05.2010 | Reply

    • Сипосгузорам, Додари азиз аз захмати ёд овардан ва илова кардани ин порча. Ман шахсан дар лахзахои ишгол набудам ва хуб агар муфассалтар нависед, ки ходиса чй хел чараён гирифта буд. Ман аз забони дигарон шунидам, ки Юусуфи Хоким дар сафи пеш буд ва хангоме ки ба телевизион омадам, низ уро дидам, ки силохдорон ба фармонаш гуш медоданд.

      Он чо Шамс хам буд, сармухандиси телевизион, ки аз у хотирахои нек дорам, тамоми талошашро мекард, ки телевизион яктарафа кор накунад, балки баракс барои пешгирй аз хунрезй мардумро ором намояд. Вале, ба назарам хашму газаб хеле баланд буд.

      Хохиш мекунам, ончиро ки он рузхо дидед, бинависед. Чавонони имрузаи мо хак доранд, ки хакикатро бидонанд.

      Comment by aioubzod | 16.05.2010 | Reply

  2. Акаи Салимҷон ташаккур ба шумо.Ман ҳар бор фейсбук дароям ҳатман сафҳаи шуморо мебинам бисёр ҳарфҳои диламро мехонам. Агар мумкин бошад аз ҳамон давраҳои ҷанг бештар менавистед.Бо ташакур

    Comment by Nousrat | 16.05.2010 | Reply

    • Дуруд бар Нусрати азиз! Ташаккур аз таваҷҷӯҳи Шумо. Ҳатман талош хоҳам кард. Вале як мақсади ман ин аст, ки шоҳидони зиндаи он рӯйдодҳо низ хотираҳои хешро бинависанд ва дар он сурат мо манзараи пурраву комилро хоҳем дид. Дар паноҳи Худо бошед.

      Comment by aioubzod | 16.05.2010 | Reply

  3. Окои Салим! Зи хотирот сипос!

    Comment by Darvesh | 16.05.2010 | Reply

  4. На танхо телевизиони кишвар дар он вактхо, балки хамчунин худи Хукумати муросои миллй ки ин кадар аз он ситоиш мекунед, рохи яктарафаи махалчигиро пеш гирифт ва натавонист, кишварро ба оросмй расонад. Баъзе нафархо ки якбора ба мансаб расиданд дар 6 мохи хукумати муросои миллй тамоми хешу хешбачаи худро ба вазорат ба кор оварданд ва ба мактабхои олии хоричй аз хисоби давлат фиристоданд. То хол дар Точикистон ягон хукумате сари кор наомадааст, ки аз махалчигй орй бошад. Хама саросар махалчй ва ин сабаби фасоду акибафтодагии миллати точик аст.

    Comment by Рустам | 19.05.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: