Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Марсияи носуруда

Ҳар сол 15-уми май бомдоди ман торику боронист. Айнан монанди ҳамон субҳи соли 2002-ум, вақте падарам аз ин дунёи фонӣ реҳлат карданд. Моро гузоштанду рафтанд. Дар айни камолот, дар синни 67-солагӣ ва дар ҳоле ки мебоист, боз солҳои зиёде соябони сари мо, фарзандонашон мебуданд. Дару девори хонаи мо бекасу бесарпараст монд.

Он рӯзро ҳаргиз, то охирин нафаси умрам фаромӯш нахоҳам кард. Борони реза меборид. Ҳама ҷо нам кашида буд. Зоҳиран дар тӯли шаб борон сахт буд, вале мо хабаре аз борон надоштем. Мо худ он шаб гӯё борон будем. Борони ашки шашқатор. Додарону хоҳарон, хешу пайвандон гирди бистари падар ҷамъ будем, даступои ӯро мемолидем, ба гулӯяш об мечакондем, бо ӯ видоъ мекардем…

Субҳ дарахту гулҳои рӯи ҳавлиро дидам, ки нам кашида буданд. Гунҷишкон дар шохи ин дарахтон, ки падарам шинонда буданд ва дар сари дару деворе, ки падарам бо дастони худ барафрошта буданд, ғунча задаву ҷафс ба ҳамдигар нишаста буданд, гӯё мисли мо, ки андӯҳи хешро ба ҷуссаҳои худ печондаву сукут меварзиданд. Парандаҳо он субҳ таронаҳои бомдодӣ намехонданд. Фиғону шевани хоҳарони ман онҳоро ҳайрон карда буд. Боде ҳам намевазид ва танҳо қатраҳои борон буданд, ки дона-дона мечакиданд, монанди ашки додаронам.

Дунё барои мо симои бераҳми худро нишон дода буд. Зиндагӣ ба мо дарде ато карда буд, ки дар он лаҳзаҳо фикр мекардам, наметавон онро ба сар бурд.

Солҳо мегузаранд, аммо он дарди ҷонкоҳ маро тарк намекунад. Ҳар лаҳза гоҳе ногаҳон ва гоҳе бо кӯчактарин ангезае симои пурнуру хандони падар пеши чашмам пайдо мешавад ва мехоҳам, фарёд занам, фиғон кашам, бигирям…

Аммо чунин лаҳзаҳо аҳёнан рӯй медиҳанд, зеро дар ҳама ҳангоми дигар тавре зиндагӣ мекунам, ки гӯё падарам зиндаанд ва аз дур ба ҳар кори ман, ба ҳар ҳарфи ман, ба ҳар навиштаи ман диққат медиҳанд. Ман натавонистам, ба набудани он кас одат кунам. Натавонистам, бовар кунам, ки падарам дигар нестанд, чун дар ҳақиқат ҳамеша ҳузури эшонро ҳис мекунам ва дар ҳар лаҳзаи мушкил аз он кас машварат мегирам ва дар хобу бедорӣ бо он кас ҳамсӯҳбат мешавам, садои он касро мешунавам.

Шояд бисёриҳо бар ин бошанд, ки падарон барои мо намунаи зиндагиянд ва рӯҳи онҳо то охирин нафас моро ҳамроҳӣ кардаву дар лаҳзаҳои душвор наҷотамон медиҳад. Оре, падари ҳар кас барояш азизу маҳбуб аст, аммо аз чист, ки фикр мекунам, достони байни ману падарам достонест дигар, нодир ва нотакрор.

МЕҲРИ ПАДАР

Меҳри модар ба фарзанд падидаи табиӣ ва ғаризаист, чун фарзанд аз батни модар ба дунё меояд, аммо падарон метавонанд ба ҳар гуна бошанд. Ман инро ҳанӯз дар ҳамон овони кӯдакӣ медидам. Падароне буданд, ки ба фарзандони худ ҳама гуна бераҳмиро раво медиданд. Падароне буданд, ки аслан дар фикри фарзандони хеш набуданд. Вале падари ман аз гӯё аз обу гили дигар буданд.

Вақте ман ё додару хоҳаронам бемор мешудем, ба фикрам, он кас баробари мо, ҳатто бештар аз мо дард мекашиданд, ба андозае ки беморӣ аз сар заданаш ба хонадони мо шарм медошт ва моро тарк мекард. Агар кадоме аз мо нонорӣ мехост, худро ба касалӣ мезад, то аз меҳрубонии бештари падар лаззат барад ва рашки дигаронро орад. Вале одатан талош мекардем, бемор нашавем ё бемор будани худро пинҳон дорем, то он касро азият надиҳем.

Падарам бо ҳисси барои мо номаълуме ҳамеша дарк мекарданд, ки дар ин ё он лаҳза дили мо чӣ мехоҳад ва ҳама корро мекарданд, ки дили мо шод бошад. Лек ҳеч яки моро аз дигаре боло намегузоштанд ва ҳар моҳ як рӯз барои ҳама ҳадия мехариданд, ҳар ид ба ҳар яки мо баробари синнусоламон идпулӣ медоданд.

Бибиям ва модарам падарамонро коҳиш мекарданд, ки бачаҳоро аз ҳад зиёд нозпарвард мекунанд. Онҳо шояд метарсиданд, ки мо эрка ва гапношунав шавем. Аммо муносибати падар бо фарзандон гӯё як низоми муайян ва мушаххасе дошт. Падар аз фарзандон дар ивази муҳаббаташ мехост, боодобу хушахлоқ бошанд ва дар мактаб нағз хонанд. Баъд аз ин ҳама нозпарвардӣ, камтарин нигоҳи он кас ба мо кофӣ буд, то аз шарм розӣ бошем, ки ба зери замин дароему чунин нигоҳро набинем.

Ба фикрам, он кас як сабки ба худ хоси тарбияро дарёфта буданд, ки ҳамеша коро буд ва ҳаргиз барҳадар намерафт.

Дар баҳс бо бибиям ва модарамон падар ҳамчун устоди адабиёт аз Саъдӣ, “Қобуснома”, Низомиву Ҷомӣ намуна оварда, аз шеваи парвариши фарзандони хеш ҳимоят мекарданд. Ва касе ҳам наметавонист дар баробари эътибори яке аз беҳтарин муаллимони диёр ба ҳарфи он кас шубҳа кунад.

Хушбахтии ман, фарзанди нахустин ва хоҳару додаронам – Гулнора, Гулчеҳра, Гулсара, Ҳакимҷон, Гулпарӣ, Гуландом, Афзалмоҳ, Илҳомҷон ва Гулафзо ин буд, ки чунин падаре доштем – муаллим, порсо, парҳезгор, ростқавл, хоксор, олиҳиммат, меҳрубон, донишманд ва адолатпеша.

Аз сӯе ҳам ин як масъулияти бузург буд. Мо бояд тавре таҳсил мекардем ва одобе медоштем, ки сазовори номи падар бошад. Метарсидем, омӯзгоре моро таъна накунад, ки магар фарзанди чунин шахс метавонад, баҳои паст бигирад ва ё рафтори ғалат бикунад.

Падарам тамоми ҳастии хешро ба тарбияи мо, фарзандон сарф мекарданд ва аз он ҷо ки ҳамчун омӯзгор намунаҳои зиёде пеши чашмонашон буду тайи солҳо таҷрибаи бузурге андӯхта буданд, чӣ кор карданашонро хуб медонистанд.

Он кас на танҳо мо, фарзандони худро, балки ҳазорон нафар аз фарзандони мардуро низ дар ҳамин рӯҳия таълим додаву тарбия кардаанд. Дар мактаб бо мо тавре рафтор мекарданд, ки гӯё фарзандони он кас набошем. Дар мактаб мо барои он кас ба ҳамаи хонандагони дигар баробар будем. Рашку алами мо меомад, вақте медидем, ки аз хонандаи дигаре ситоиш ва ба ӯ меҳрубонӣ мекунанд. Ин ҳам моро таҳрик медод, дар таҳсил на танҳо аз касе кам бошем, балки баракс пешсафиро аз даст надиҳем. Медидем, ки пешсафии мо он касро шод мекунад.

Нахустин насиҳати падар ба мо, фарзандонаш ин буд, ки ҳаргиз, дар ҳеч шароите дурӯғ нагӯем. Камтарин аломати дурӯғро дар ҳарфи мо дафъатан ҳис мекарданд ва ҳамон тарзи нигоҳе, ки дили моро мефишурд, паёмашон буд. Паёми ин ки набояд, ин гуна идома дод. Мегуфтанд, «дурӯғ касро шояд барои чанд рӯз наҷот медиҳад, аммо барои солҳо, ҳатто тамоми умр маҳбус мегардонад.»

Дувумин таъкиди падарам ин буд, ки чизи ҳамдигарро бе иҷозат нагирем. Бе пурсиш гирифтани чизи каси дигар дуздист. «Дуздӣ ҳазломез буда наметавонад.» «Сӯзандузд фардо шутурдузд мешавад.» Ҳар яки мо дар як токча банкаҳои шишагие доштем, ки тангаҳои ҳадия ё сарфашударо ба онҳо меандохтем ва дар ҳолати зарурӣ аз онҳо истифода мекардем. Пасандози хонадон дар кадом сандуқча буд, низ ҳама медонистем ва ҳаргиз касе тине гум накардааст.

Албатта, гоҳе хаёлан ошӯб мебардорам ва гӯё ба он кас мегӯям, чаро ба ман роҳҳои фанду фиреб, макру ҳиял ва хиёнат ба хотири баҳраҷӯиро ёд надодед. Ин дар ҳамон лаҳзаҳое мешавад, ки пирӯзии дурӯғу найрангро мебинӣ ва аз нокомиву шикаст намедонӣ чӣ бикунӣ.

Ба назарам, ин як сустии лаҳзагист вагарна он меҳвари фӯлодие, ки аз тарбияи он кас дар мағзи устухони ман рост шудааст, ҳаргиз нагузоштааст, сархам бошам, таъзим кунам, таслим шавам ва ба роҳи ғалат равам. Шояд иштибоҳҳое кардаам, аммо хиёнатҳое на, найрангҳое на, судҷӯиҳое на, ҳаромхӯриҳое на ва виҷдонфурӯшиҳое на. Сипос мегузорам барои ин ба заҳматҳои падарам.

ДУ БОБО – ДУ ҶАҲОН

Шояд ҳамин гуна ки ман аз падарам хислату хосият, донишу нерӯ ва машварату кӯмак мегирам, он кас ин ҳамаро аз падари хеш, аз бобои ман – Муллоаюб валади Муҳаммадсалим мегирифтанд.

Бобои Муллоаюбам (1883-19960) шахси таҳсилдида ва домуллои деҳа буданд. Бо гузашти даҳсолаҳо низ шӯҳрату обрӯи он кас нагузашта буд ва дар ҳама ҷо, вақте мешуниданд, ки ман набераи Домуллоаюбам, ба зарияи он бузургвор бароям арҷ мегузоштанду болонишинам мекарданд. Ҳаргиз як воқеаро фаромӯш намекунам. Боре аз Душанбе меомадам ва дар фурудгоҳи Хуҷанд тасодуфан ҳамдиёронеро вохӯрдам, ки баҳимматона розӣ шуданд, мани донишҷӯнаморо низ то деҳаам бирасонанд.

Дар роҳ табъан гуфтугӯ сар шуд ва дар он давраи шӯҳратхоҳии ҷавонӣ номамро гуфтаму оҳиста илова кардам, ки журналистам. Даврае буд, ки ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар мекардам ва аксаран аз он ки бо гуфтани номам маро мешинохтанду аз ман ситоиш мекарданд арҷу эҳтиром мегузоштанд, фикр кардам ҳоло маро мешиносанд ва ба важд меоянд. Вале номи ман ба ҳамсафаронам асаре накард ва ғайриинтизори ман аз онҳо вокунише нашуд.

Пурсиданд, писари кӣ мешавед? Ин ҳам фурсати хубе буд, зеро падарамро низ дар ин ҷо ҳамчун яке аз нахустин омӯзгорони диёр хуб мешинохтанд ва касе ки он касро мешинохт, табъан номи маро ҳам шунида буд, аммо ин ҳам таъсире надошт. Он гоҳ номи бобоямро гирифтам. Гуфтам, ман набераи Домуллоаюб мешавам. Мошин ҷобаҷо истод. Ҳамсафарони мо изҳори озурдагӣ карданд, ки чаро ман аз аввал ба онҳо нагуфтам, ки кистам. Бо вуҷуди ин ки ба сол аз ман хеле бузургтар буданд, бо нидоҳои меҳрубононау арҷгузорона аз мошин баромаданд. Назди дари ақиб, омаданд, ман ҳам баромадам ва онҳо маро якояк ба канор гирифтанд ва гуфтанд, чӣ саодате буд, ки ин шом бо набераи чунин шахси бузург вохӯрдаанд.

Он шаб моро ба хонаашон бурданд ва то дер вақт меҳмондорӣ карданд. Ман сари як дастархони пур аз нозу неъмат дар миёни даҳҳо нафар аз аҳли як деҳа нишаста будам ва ҳар лаҳза номаки хасакии журналистии худро ёд мекардаму ба ҳоли худ механдидам.

Ба назарам бобоям гӯё лабханд мезаданд, ки хостаам бо ном ва обрӯйи эшон рақобат кунам. Аз худам шармам меомад.

Бобои модариям низ як шахси шинохташуда буданд. Ду бобо, яке домулло ва шахси шадидан мазҳабӣ ва дигаре корманди ҳизбӣ, коммунисти сарсупурда, “коргари район” бо ҳам қудо шуданд.

Падарам мегӯянд, онҳо ҳамчун намояндагони ду фазои рӯзгори замони шӯравӣ ҳамдигарро такмил мекарданд. Яке фазои суннатии зиндагии тоҷикон ва дигаре таҳоҷуми сиёсӣ ва фарҳангии шӯравӣ. Яке ҳокимияти ботинӣ бар зеҳну дили одамон ва дигаре ҳокимияти амалӣ ба зиндагии онҳо.

Ба зоҳир онҳо ду қутби хилофи ҳам буданд, аммо дар ботин ҳамон як тамомияти равонии мардум, ки идеолужики коммунистӣ барояшон бештар як саҳнасозӣ ба хотири ҳифзи ҷону мол ба шумор мерафт.

Падарам мегуфтанд, мулоқоту сӯҳбату ду бобои ман барои бисёриҳо ҷолиб буд. Дар оғоз ҳар ду нарму мӯътадил бо ҳам гап мезанданд, дар нимаҳои сӯҳбат, мавзеъгириҳои ғоявии онҳо кам-кам зуҳур мекард ва гуфтугӯ акнун аз паси ду сангар ҷараён меёфт, дар фарҷом баҳс сиёсӣ мешуд. Баҳси ислом ва коммунизм. Баҳси гузаштаи феодалӣ ва давраи нави шӯравӣ.

Ҳарду аз мавзеъгириҳои хеш ҳимоят мекарданд, аммо ба иззати нафси ҳамдигар намерасиданд.

Замоне ки бибиям оши палавро рӯи дастархон мегузоштанд, сӯҳбат дубора ба нармиш гаройида, баҳс аз байн мерафт ва навбат ба таом мерасид. Ин ҷо хиради мардумии “Аввал таом в-он гаҳ калом” пирӯз мегашт.

Ба фикрам, бобои домуллоям бо вуҷуди ноқаноатмандияшон аз қарору қонуни ҳукумат, дарк мекарданд, ки тағйир додани вазъ дигар номумкин аст ва баҳс тақрибан фоидаи зиёде надорад. Бобои коммунистам, ба навбати худ, медонистанд, ки ҳизб чизе гӯяду нагӯяд, мардум мусулмон буданд ва мусулмон хоҳанд монд, биноан, набояд беш аз ҳад фишор овард. Онҳо аз ҳамдигар машаварат мегирифтанд ва тавре рафтор мекарданд, ки ҳадафи интиқоди якдигар қарор нагиранд. Ҳамин тавр дар хонадони мо ислом ва коммунизм кайҳо бо ҳам сулҳ баста буданд.

ПАДАРАМ

Падарам шояд маҳкум ба ин буданд, ки дар байни ин ду қутб зиндагӣ кунанд. Ниме ба ин ва ниме ба он. Он кас, ба фикрам, тамоми имкониятро доштанд, ки ба як рӯҳонии бонуфуз табдил ёбанд ва ё ба узви кумитаи ҳизбии ноҳия ё яке аз сарони он.

Ҳарду роҳ барояшон боз буд, лекин ба андозае, ки боз буд, ба ҳамон андоза баста. Агар таҳсил дар мактабҳои махфии диниро бармегузиданд, шояд ҳамчун «домоди корманди райком» зери шубҳа мебуданд ва агар кори ҳизбию шӯравиро интихоб мекарданд, онҳое ёфта мешуданд, ки «писари домулло» буданашонро хотиррасон кунанд.

Пешаи омӯзгорӣ ба зудӣ он кас ва дӯсти ҳамкасбашон Ҳоҷихон Муҳаммадиевро дар ноҳия навбунёд шӯҳратёр кард. Ҳоҷихон ба кори ҳизбӣ гузаштанд. Аммо падарам то охири умр коммунист нашуданд ва ба ин сабаб дар айни авҷи карйераи худ, дар ҳоле ки ба мансабҳои баланд расидаву барояшон дар маркази ноҳия коттеҷ дода буданд, аз вазифа даст кашиданд.

Ман кӯдак будаму ин коттеҷ дар хотирам мондааст, зеро мо, тифлонро ба он ҷо бурда, пурсида буданд, оё мехоҳем аз деҳа ба ин ҷо кӯч бандем. Ин як манзили дутабақа буд, чаҳор хонаи хоб, салон, ҳавливу боғча ва ҳатто дар подомани боғча оғилҳои замонавӣ дошт. Мо хурсанд ва омода будем, ки ба хонаи нав бикӯчем, вале пас аз як муддат на танҳо ба он ҷо накӯчидем, балки падарам ҳам кор дар маркази ноҳияро қатъ карданд ва куллан ба деҳа баргашта, аз нав дар ҳамон мактаб омӯзгори одӣ шуданд.

Ҳарчанд кӯдак будаму намедонистам, дар дунёи калонсолон чӣ мегузарад, аз падарам мепурсидем, кай мо ба хонаи нав мекӯчем. Он кас посух медоданд, ки калидҳои хонаи навро супурдаанд, зеро бибиям нахостаанд, деҳаро тарк кунанд. Барои он нахостаанд, ки дар шаҳр гову молдорӣ намешавад. Охир чӣ хел, он хона оғилҳо ҳам дошт ку? Гӯё он оғилҳо ба бибиям писанд набудаанд. Ва ин ҳам писанд набудааст, ки дар хонаи нав ташноби дурусте нест ва мардум ҳама тару хушки худро дар об сар медиҳанд, ки убол аст, чун ба об ҳатто тфу кардан мумкин нест, чӣ монад ва корҳои дигар…

Фақат пас аз солҳои зиёд ҳақиқатро донистам, ки падарамро борҳову борҳо маҷбур кардаанд, барои узвият дар Ҳизби коммунист ариза диҳанд. Ин ҳам дар ҳоле ки солҳои 1970-ум танҳо ба намояндагони синфи коргар ва деҳқон шомил шудан ба ҳизб осон буд, на ба омӯзгорон, ки намояндагони интеллигентсия ба шумор мерафтанд. Вақте падарам ин пешниҳодҳоро рад карданд, дафъатан ба сафи афроди “калаванда” афтоданд ва маҷбур шуданд, корро дар маркази ноҳия қатъ кардаву ба деҳаи худ баргарданд.

АЗ ШАЙТОНАРОБА ТО ТЕЛЕВИЗОР

Модарам, духтари як корманди ҳизбию давлатӣ, дар синни хеле ҷавон бо падарам издивоҷ карданд. Бибиям нақл мекарданд, ки модарам ҳар нимирӯзӣ лӯхтакҳои худро дар ошпазхона қатор чидаву арӯсакбозӣ мекардаанд. Вуруд ба ин хонадон барои модарам як андозае изтиробангез буд. Вуруди духтари нозпарварди корманди райком ба хонадони пӯшидаву бастаи домуллои машҳур. Аммо аз сӯи дигар тамоми деҳа медонист, ки ин як хонадони пешрафта ва рӯшангар аст ва дар он ба ҳеч гуна ҷабру зулм роҳ дода нахоҳад шуд.

Ин солҳое буд, ки хонадони Домуллоаюб аввалин шуда, “шайтонароба”-ро ба Масчоҳ оварда буд. Манзурам, велосидпед ё дучарха, ки он вақт мардум онро “шайтонароба” ном кард. Дертар нахустин радиоро низ ҳамин хонавода овард ва мардум ҷамъ меомаданд, то садои радиоро шунаванд.

Ривоят мекунанд, ки бибиям Афзалмоҳ аз садои шавшуви радио безор шуда, ба писаронаш мегуфтааст, “ин чизро аз хона берун бароред, валлоҳ кӯрпачаҳоро ғиччи об мекунад.” Бибии худораҳматиям фикр мекарданд, ки он шавшуви радио садои об аст.

Дертар ҳамин хонавода нахустин телевизионро ба ноҳия овард. Худи ман, ҳарчанд кӯдаки хурдсол будам, дар хотир дорам, ки солҳои 1965 ё 1966 даҳҳо тан аз ҳамдеҳагонамон ба хонаи мо меомаданд, то телевизионро бинанд. Агар тобистон буд, модарам дар рӯи ҳавлӣ, зери тут шолчаву намадҳоро паҳн мекарданду кӯрпачаҳо меандохтанд ва ҳамдеҳагони мо қатор нишаста, намоишҳои телевизонро медиданд. Ин як телевизори “Старт-3” бо экрани хеле хурд ва тасвири сиёҳу сафед буд.

Дар оғоз танҳо намоишҳои телевизиони Тошкандро дидан мумкин буд, мавҷи телевизиони Тоҷикистон то ин ҷо намерасид. Падарам даҳҳо намуд мавҷгири хурду бузурге сохтанд, то телевизиони мо бо тоҷикӣ садо диҳад. Ёд дорам, боре чандин лулаи оҳаниро кафшер карда, бо ёрии ҳамдеҳагон мавҷгирро ба баландии 16 метр бардоштанд. Чанд нафар мавҷгирро нигоҳ медоштанд ва ин сӯву он сӯ мегардонданд ва падарам аз канал ба канал мегузаштанд, то мавҷҳои телевизиони тоҷикро пайдо кунанд.

Натиҷае ба даст намеомад. Ҳол он ки ин мавҷгирро падарам пас аз фиристодани нома ба маҷаллаи маскавии “Радио и телевидение” ва гирифтани посухе бо тарзи сохтани мавҷгир чандин шаб бедорхобӣ кашида, аз симҳои борику ғафи алюмин ва тахтачаҳои плостикӣ сохта буданд.

На, мавҷгир гӯё кор намедод. Вале вақте ки онро поин меоварданд ва он дар ҳоле ки ҳамоил буд ба баланди 2 метр фуромад, ногаҳон дар телевизиони мо гӯё дар миёни туману борону барф дикторзани тоҷик пайдо шуд ва каломи тоҷикӣ садо дод. Падарам фарёд заданд, ки “Шуд! Истед!” ҳама истоданд ва дар ин оромӣ садои дикторзани тоҷик ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва ҳамаи онҳое, ки он ҷо буданд, аз дилу ҷон “ҳурро” гуфта, фарёд бароварданд.

Дар экрани телевизион зане бо мӯйҳои мисли тӯб дар болои сараш баста пайдо шуд ва ба забоне ҳарф мезад, ки пас аз чандин ҳафтаи узбакиҳои диктори телевизиони Тошканд Насиба Қамбарова мисли ҷон ба тани падарам ва ҳамдеҳагони мо дамид. Танҳо баъдҳо мо, ки номи диктори узбакро медонистем, фаҳмидем, ки номи дикторзани тоҷик Рафоат Абдусаломова будааст. Апаи Рафоат ба зудӣ ба узви хонадони мо, ба яке аз ҳамдеҳагони мо табдил ёфтанд.

Он лаҳзаҳо ман шодмонии падарамро дида будам, аммо намедонистам, ки вай чӣ зиндагии сахтеро паси сар кардааст. Махсусан дар давраҳои бепулие, ки дар Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа мехонд ва яке аз шогирдони беҳтарини устод Разиюллоҳи Абдуллоҳзода буд. Ва ё солҳои қаҳтӣ ва сармои бузург.

Ҳаргиз он солҳоро ёд намекарданд, аслан мойил набуданд, аз душвориҳои зиндагӣ ҳарф зананд. Амакам нақл карданд, ки дар солҳои қаҳтии Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бибиям пеш аз рафтан ба кори колхоз як кулчаи хурдаки нони зағора барояш мегузоштаанд, то худаш, додараш ва хоҳараш бихӯранд. Додарон нонро ду ҳисса мекардаанд, то нимашро ба хоҳарчаашон диҳанд, вале вай кулчаи нимаро намехостааст ва мегиристаанд, онҳо маҷбур мешудаанд, нимаҳои нонро бо чӯбакҳо ба ҳам васл кунанду ба ӯ диҳанд, то гиря накунад.

КОҒАЗ ВА ОҲАНҶОМА

Зоҳиран, падарам ҳамчун фарзанди солҳои қаҳтию нодорӣ мебоист, як каси хасис мебуданд, аммо дар амал чунин набуд. Модарам гоҳе падарамро накӯҳиш мекарданд, ки серхарҷанд, охирин пули худро ба ҳар кас қарз медиҳанд ва пули зиёдеро сарфи коғаз ё оҳанпора мекунанд.

Дарвоқеъ падарам ба техника шавқи беандоза доштанд. Пас аз нахустин велосипед, хонавода бо тавассути он кас аввалин мотосиклро ба деҳа овард. Он тамғаи “Ковроветс” буд ва хеле вақт садояш ба ҳамдеҳагон хабар медод, ки писари Домуллоаюб ба куҷо рафт ё аз кадом тараф омад. Дертар, мо соҳиби мотосикли сечархаи “ИЖ- Юпитер” шудем ва баъд аз он сечархаи “Муравей”. Хона пур аз пармаву рандаҳои гуногун, шиканҷаи оҳанин, кафшеракҳои барқӣ ва ғайра буд.

Аммо ончӣ ҳама ҷоро фаро гирифта буд, китоб буд. Китоби зиёде ҷамъ шуда буд, ки падарам маҷбур гаштанд, барои онҳо як ҳуҷраи ҷудогона созанд. Ибтидо ҳамкасбони падарам, омӯзгорон, дертар хонандагон ва баъд ҳатто одамони ношиносе аз деҳкадаҳои дур дар ҷустуҷӯи китобе ба хонаи мо меомаданд. Баъзеҳо китобҳоро мебурданду дигар барнамегардонданд ва падарам аз ин сахт нороҳат мешуданд. Барои он ки фаромӯшашон нашавад, кадом китоб дар дасти кист, ду дафтар боз карданд. Дар яке номи ҳамаи китобҳо сабт шуда буд ва дар дувумӣ номи афроде, ки китоб қарз мегирифтанд.

Ҳамин гуна китобхонаи мардумии падарам пайдо шуд. Он ҷо наздик ба 5 000 нусха китобу маҷалла мавҷуд буд. Ҳар сол падарам ду моҳ музди кор надоштанд. Ин нархи обуна ба тамоми рӯзномаҳои Тоҷикистон ва 5-6 рӯзномаву маҷаллаи русӣ буд. “Известяи”, “За рубежом”, “Знамя”, “Дружба народов”, “За рулем”, “Наука и жизнъ”, «Азия и Африка сегодня», Техника молодежи”, “Юностъ”, “Мурзилка”, “Веселие картинки”, “Молодая гвардия” аз нашрияҳои дӯстдоштаи он кас буд. Ба ғайр аз ин аз Лаҳистон ё Полша маҷаллаи “Наука и техника для детей и молодежи”-ро мегирифтанд, аз Тошканд – «Мусулъмане Средней Азии» ва «Ҳақиқати Узбакистон» (собиқ «Овози тоҷик»)-ро.

Бо вуҷуди ишқе, ки падарам ба адабиёти классики тоҷик доштанд, бисёр мехостанд, мо ба риштаҳои техникӣ майл пайдо кунем. То охирин соли таҳсил дар мактаби миёна, ба ман мегуфтанд, бояд муҳандиси сохтмон шавам. Дар яке аз зодрӯзҳоям бароям бозии “Конструктор” – ро харида буданд. Ин як қуттие буд пур аз ҷузвҳои гуногун ва печҳои васлкунанда ва аз онҳо кас метавонист, хона ё ҳавопаймову киштӣ бисозад.

Он кас мегуфтанд, дар интихоби касб бояд дид, ки ҷомеа имрӯз ба чӣ касоне ниёз дорад. Орзу доштанд, ки деҳаи нави мо, шаҳрҳои кишвар ва куллан ватани мо зебо бошад ва меъмории қадимии мо эҳё шавад.

ИНТИХОБИ ПЕША

Соли 1977 ман мактаби миёнаро хатм кардам. Тайи як сол то ин воқеа падарам ҳамеша бо ман сӯҳбат мекарданд ва мепурсиданд, кӣ шудан мехоҳам. Орзуи ландаҳуронае дар дили ман нишаста буд, ки бояд ҳунарпешаи синемо шавам. Ману ҳамсинфам Давлат Қурбонов бо ҳам аҳд баста будем, ки ба Душанбе рафта, таҳсилро дар Донишкадаи ҳунарҳои нафиса идома хоҳем дод.

Падарам ибтидо намехостанд, ошкоро мухолифати худро ба ин нақшаҳои ман нишон диҳанд. Фақат мегуфтанд, “аз он ки ту дар синемо худнамоӣ хоҳӣ кард, ба кӣ чӣ фоидае мерасад? Бояд ба думболи касбе равӣ, ки ба ҷомеа даркор ва зарур бошад.” Аммо ман ошиқи кино будам ва ҳамон давраҳо буд, ки китобчаи Ато Аҳроров “Кинои тоҷик”-ро хондаву тасмимамро гирифта будам. Бозии Маҳмудҷон Воҳидов ва Бимбулат Ватаевро дар филми “Достони Рустам” дидаву шефтаи ҳунари онҳо будам ва ҳатто дар хоби шаб бозии онҳоро такрор мекардам.

Аслан, ин меҳрро низ ба дили ман падарам ҷо карда буданд. Ҳанӯз кӯдак будем, аммо ҳамроҳи хоҳаронам Гулнора ва Гурчеҳра як театри хонагӣ доштем, ки худамон барои он пйесаҳо навишта, ба саҳна мегузоштем ва ба хешу наздикон намоиш медодем. Пайдо шудан дар симои афроди гуногун ва зистани умри онҳо, барои омодагӣ ба як саҳначаи чанддақиқаӣ барои ман беҳтарин шуғл буд.

Падарам маро ҳушдор медоданд, ки ҳунарпешаи синемо бояд овоз дошта бошад, ки тарона бихонад, бояд хуб бирақсад. Ман ба дастаи ҳаваскорони санъати мактаб даромада будам ва рубобу гиторро хуб менавохтам, суруд мехондам ва мерақсидам. Бо ҳаммактабон Табарркушоҳ ва Ғуфрон чанд намоиши театрӣ омода карда будем, ки хеле муваффақ буданд.

Аммо, росташ, мо ҳамагӣ шефтаи филмҳои ҳиндӣ будем. Ёд дорам, ҳамон вақт филмҳои “Боббӣ” ва “Ишқ зиндагист”-ро 7-8 бор тамошо карда будам ва бароям душвор набуд, дар синфхона тамоми нақшеро ки Риши Капур ё Амитабх Баччан бозидаанд, бибозам.

Рӯзи ҳалли ниҳоӣ дар тобистони соли 1977 низ фаро расид. Падару модарам дар пешгоҳ нишаста буданд ва хоҳаронам дар поён ва аз ман суол шуд, ки ниҳоят, қарорам чист. Боз ҳам шояд натиҷаи тарбияи падарам буд, ки бо қатъияти тамом гуфтам: “Кино ва тамом!”

Падарам лабханд заданд, ба модарам нигаристанд ва баъд аз лаҳзае гуфтанд, “хуб, дар он сурат, бароят 200 сӯм медиҳам ва чӣ коре, ки мехоҳӣ бикуну бидон, ки масъули ҳама корат худатӣ.”

Вақте бо Давлат ба Душанбе расидем ва ба Донишкадаи санъат омадем, маълум шуд, ки он сол, яъне 1977 танҳо ба бахши русии факултаи театру синемо донишҷӯ қабул мекардаанд. Давлат дудила шуд ва ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи маданӣ-равшаннамоиву китобхнадорӣ супорид. Ман ба факултаи театру синемо, аммо қабул накарданд, зеро ман дар мактаби русӣ таҳсил накарда будам.

Оваҳ, ман мехостам, дар бораи падарам бинависам, аммо худхоҳӣ маро ин ҷо овард, ки ба нақли саргузаштҳои худ пардохтам ва ин достон дароз асту шояд фурсати дигаре бояд ҳикоят шавад.

ФОҶИАИ МУҲОҶИРАТ

Падарам на танҳо фарзанди айёми ҷанг буданд, балки ҷавонии он кас дар муҳоҷират барбод рафтааст. Соли 1956 мардуми моро аз кӯҳистони биҳиштосои Масчо ба дашти Дилварзин муҳоҷир карданд. Ин нақшаи Бобоҷон Ғафуров буд, ки мардуми Масчо ӯро танҳо баъд аз нашри китоби “Тоҷикон” бахшид, вагарна ҳаргиз намебахшид.

Ҳазорон нафарро аз сарзамине, ки насл ба наслу аҷдод ба аҷдод дар он ҷо зистаанд, бо зӯри силоҳ ба биёбон ронданд. Мисли он буд, ки бурси сарсабзи ҳазорсоларо аз решае, ки ба обҳои ширини кӯҳистон печида буд, бикананд ва дар биёбони сӯзон, байни хору хас биншонанд.

Мардуми зиёде зери офтоби сӯзони биёбон дар ҳасрати боғу бешазорон ва рӯду чашмасорони хеш ҷон дод, то барои давлати шӯравӣ пахта бирӯёнад. Падарам мегуфтанд, агар дар ватани обоӣ деҳаи мо ҳамагӣ як тобут дошт, дар ҷои нав панҷ тобут сохта буданд, ки ҳамарӯза дар роҳи байни хонаҳои нимасохтаву хаймаҳо ва қабристони навпайдо дар ҳаракат буданд.

Рӯзҳое мешуд, ки аз як хона ду ё се тобут мебароварданд. Ва рӯзҳое мешуд, ки барои тобут навбат мегирифтанд. Бештар аз ҳама кӯдакону солмандон гурӯҳ-гурӯҳ мемурданд. То ҳанӯз бойгонии ин фоҷиа гӯё боз нашудааст. Нависандаи шаҳир Пӯлод Толис ба назди ин мардум сафар кард ва мебоист, достони қаҳрамонии мардуми кӯҳистонро менавишт, аммо аз ғояти дард натавонист, чизе бинависад. Шояд ҳамин дард буд, ки оқибат ӯро бемор ва ҷавонимарг кард. Шояд дидани фоҷиаи бесоибқа буд, ки дар ниҳояти амр ӯро ба худкушӣ водор намуд.

Бобои Муллоаюбам он рӯзҳо аз субҳ то шом деҳаро мегаштанд ва аз ҳоли муҳоҷирон хабар мегирифтанд. Онҳоро дилдорӣ мекарданд.

Падарам, яке аз нахустин омӯзгорони мактаби нав муаллимони дигар ва хонандагонро ба шинондани ниҳол водор карданд. Мебоист, боғҳо сохт ва мебоист кӯчаҳо пур аз дарахт бошанду ба зудӣ шоху шипа зананд ва бар сари мардум соя кунанд.

Бибиям Афзалмоҳ ин биёбонро Дашти Карбало меномиданд ва кӯдакону наврасонро шаҳид. Он кас мегуфтанд, дар ин биёбон дарахт сабз намешавад ва дар ҷое ки дарахт намесабзад, инсон бояд зиндагӣ накунад. Бобоҷон Ғафуров, тавре акнун мебинем, ҳадафи дигаре дошт, бузургтар аз пахтаи Масчо. Вай мехост, марзро тақвият диҳад, марзро бубандад. Вале оё мумкин буд, ба ин қадар маргумир роҳ надода, ин корро кард?

Падарам мегуфтанд, як бадбахтии дигар ин буд, ки мардум аз сари хашм фарзандони худро аз мактаб мегирифтанд. Онҳо бо ҳамин роҳ эътирози худро ба ҳукумат баён медоштанд. Он гоҳ тасмим гирифта шуд, ки муаллимон деҳаи навободро ба бахшҳо тақсим кунанд ва хона ба хона бигарданду кӯдаконро ба мактаб биёранд. Мушкил ин буд, ки агар дар Масчои кӯҳна деҳаҳо ҷудо-ҷудо ва дур аз ҳам воқеъ буданд, баъд аз кӯчондану ба Дилварзин овардани мардум аҳолии чанд деҳаро дар як деҳкада ҷой доданд ва маҳаллаҳо номе надоштанд, ки ба бахшҳо қисмат кардану масъулияти онҳоро бар дӯш гирифтани муаллимон як низоми муайян дошта бошад.

Он гоҳ масъалаи номгузории кӯчаҳо ва шумора задан ба хонаҳо ба миён омад. Кӯчаҳои бахши аз канали “Тоҷикистони шӯравӣ” болои деҳкадаи Обурдонро падари ман номгузорӣ кардаанд. Дӯсту ҳамкасбу ҳамсарнавишти эшон, муаллим Хурсанд Надиров ҳикоят мекарданд, ки ба ҳамин сабаб номи кӯчаҳои боло ҳама аз зикри бузургони адабиёти тоҷику форс иборат аст – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷомӣ, Зебуннисо, Бедил, Саъдӣ ва кӯчаҳои поён ба номи Жуков, Крупская, Фадеев, Кошевой ва монанди инҳо.

Вақте ман мактабхон шудам кайҳо дарахтони деҳа бар фарози кӯчаҳо соя андохта буданд, аммо дар аксҳое, ки падарам аз он рӯзгор бардоштаанд, ниҳоле ба чашм намехӯрад ва танҳо дашт асту биноҳои навобод. Боғи мо боғе буд, ки даҳҳо нафар аз он ниҳолак ё пайванд мегирифтанд. Падарам аз ҳар куҷо, бештар аз ҳама аз Янгиюли Узбакистон, ки амакашон он ҷо мезистанд, ниҳолҳои гуногуни мевадор меоварданд ва пас аз чанде ин ниҳолҳо ба тамоми деҳа паҳн мешуд.

Омӯзгор буданд, аммо ба шогирдонашон на танҳо савод меомӯхтанд, балки як ҳуҷраи хонаи мо фотолаборатория шуда буд ва бачаҳо дар он ҷо навори аксҳоро мебароварданд ва аксҳоро нашр мекарданд. Дақиқ намедонам, аммо яке аз аввалиин дастгоҳҳои аккосӣ дар хонаи мо пайдо шуда буд.

Даҳҳо нафар дар хотирам ҳастанд, ки бо шеваи акнун нодаркор, аммо он замон инқилобии чопи акс дар обҳои кимиёӣ садҳо аксро нашр мекарданд. Барои ман зери шуъои қирмизӣ тадриҷан пайдо шудани аввал хатҳои нимааён, сипас суробу шабаҳҳо ва он гоҳ симову шаклҳо мисли як мӯъҷиза буд.

Дар зимн, аввалин акс аз ман замоне бардошта шудааст, ки ҳамагӣ семоҳа будам ва монанди касе ҳастам, ки сару рӯяш докапеч аст. Ин манам дар парпечҳо. Ва даҳҳо аксе мондааст, ки дар онҳо ман дар синну соли гуногун намудор мешавам. Хушбахтона, аз бобоҳоям 3 акс боқӣ мондааст, ки акнун барои хонадон ба кӯҳи тило баробаранд. Бибиям акс гирифтанро дӯст намедоштанд. Мегуфтанд, ин суратҳо ними рӯҳи одам ва нерӯи ӯро бо худ мебаранд. Бо вуҷуди ин аз он кас 1 акс ба ёдгор мондааст.

Падарам тамоми фароянди муҳоҷирати мардуми Масчоро низ дар аксҳое тасвир кардаанд. Дӯст намедоштанд, касе ин аксҳоро бубинад. Мегуфтанд, бахши аъзами онҳоро ҳатто рӯйи коғаз нашр накарданд. Боре ҳамроҳ як чанбар наворҳои негативиро дидем ва аз байни онҳо 60 наворро ман интихоб кардам, ки ба Душанбе бурда, тармим ва нашр мекунам ва дар Иттифоқи журналистон як намоишгоҳе дуруст мекунем, ки ҳақиқати фоҷиаи муҳоҷирати мардуми моро нишон диҳад.

Бадбахтона, ин наворҳо ҳамроҳ бо ашёву колои дигари ман дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз хонаи ғоратшудаам ба яғмо рафт. Ин шояд гаронбаҳотарин дороии ман буд, ки абадан ба он ганҷи сӯхта хоҳам сӯхт.

ВОПАСИН НАФАСҲО

Хушбахтиям дар ин буд, ки бо вуҷуди табдил шуданам ба мусофири абадӣ дар вопасин лаҳзаҳои умри падар ҳамроҳашон будаму дасташон дар дастам буд. Аз роҳ меомадам, чун хабар гирифта будам, ки ҳолашон бад аст ва хоҳарам дар гӯшии телефон мегирист, ки агар дар чанд соати дигар нарасам, рӯйи гарми он касро нахоҳам дид. Аммо ба амри Худованд падарам то омадани ман интизор монданд.

Хоҳаронам гуфтанд, ҳар лаҳза сар аз болин мебардоштанду ба дар менигаристанд ва интизори ту буданд. Вақте ман вориди ҳуҷраашон шудам ва ҳама давра нишаста буданду амакам “Ёсин” мехонданд ва хоҳарам пойҳояшонро мемолид. Бо садои дар он кас сар аз болин бардоштанду ба ман нигаристанд ва гунаҳкорона табассум карданд. Дилам таҳ нишаст. Ҳаргиз он касро дар чунин ҳолу вазъ надида будам. Вақте ки наздашон нишастаму оғӯшашон гирифтам ва ашк аз чашмонам шашқаттор равон гашт, хоҳиш карданд, ки гиря накунам. Вале мо ҳама мегиристему он кас механдиданд. Пас аз чанд лаҳза ба якояки мо нигаристанду ҳамаи моро падруд гуфтанд. Дигар ҳарфу садое набуд. Дигар сар аз болин барнамедоштанд. Ва ҳамзамон бо охирин нафаси он кас фиғону фарёд гӯё боми хонаро барканд. Шигифтовар буд, ки дар он лаҳзаи вопасин ҳамоно лабханде дар лабонашон нақш баста буд.

Ҳафтае пеш аз ин вақте рӯйи кати зери хавозаи ток нишаста сӯҳбат мекрадем, гуфта буданд, фурсати охирин сафари он кас расидааст. Ман эътироз мекардам, он кас мегуфтанд, “ин хости Худованд аст ва танҳо инро бароят мегӯям, ки ман аз ҳеч чиз пушаймон нестам. Ман аз ҳама чиз розиям. Аз ту хеле ва хеле розиям ва хоҳиши ман ин аст, ки ҳамин роҳатро идома бидеҳ, ҳаргиз дарнамон ва пушаймон ё ноумед нашав.”

Ин васияти падар буд, аммо таърихчае дошт, ки фақат ҳардуямон медонистем. Аз он ҷо, ки ман журналист шудам ва он ҳам журналисти саркашу мубориз, падарам солҳо розӣ набуданд. Мегуфтанд, тунд меравӣ. Мегуфтанд, муросо ва мудоро бояд кард. Аммо ман аз сухан ва корам суд барои мардум меҷустам, на барои худ. Баҳсҳои сангине бо ҳам доштем. Албатта, падар мехост, писараш амн ва муваффақ бошад, аммо фикр намекард, ки писар наметавонад, меъёрҳои ахлоқиеро, ки падар дар ниҳоди ӯ гузоштааст, баҳам занад.

Ҳар гоҳе ки мақолаи танқидии ман чоп мешуд, рӯзи дигараш падарам занг мезаданд ва назари худро мегуфтанд ва боз ҳамоно насиҳати оҳиста рав, ҳамеша рав. Гоҳе аз ин, ба истилоҳ, назорати сонсурмонанд дилтанг мешудам ва мегуфтам, дигар кӯдак нестам, бигузоред, худам ҳал кунам, ки чӣ чиз бароям хуб асту чи чизе бад.

Соли 1992 барои тамоми миллати тоҷик соли сахт буд. Барои падарам ва ман низ. Дар ҳоле ки ман кишварро тарк карда будам ва нокасоне бо дастури ё бегонагон ё ҳукуматдорони нав маро меҷустанд, ба падарам мерасонанд, ки гӯё ман захмӣ шуда, дар бемористони ноҳияи Айнӣ мебошам.

Ин дасисаи кормандони амниятӣ буд, ки аз як сӯ мехостанд, бидонанд, оё падар аз маҳалли будубоши писар хабар дорад ё на ва аз сӯи дигар, агар падар ба ҷустуҷӯи писар барояд, мешавад, ба думболи ӯ рафт ва журналистро пайдо карду ба ҳабс гирифт.

Падарам бо шунидани ин хабар ба сафар мебароянд. Ба Панҷакенту Айнӣ, сипас ба Душанбе мераванд ва ин ҳама муддат ҷосусон аз паяшон мегарданд. Вақте ба Масчо бармегарданд, он касро ба Кумитаи амният ба бозпурсӣ даъват мекунанд. Барои ман шунидани ин хабар бисёр дардовар буд. Шабу рӯз дар ҳароси ин будам, ки бо падарам чӣ хоҳанд кард. Ба худ савганд хӯрда будам, ки агар он касро ҳабс кунанд, ман меравам, то барои озодияшон кунҷи маҳбас биншинам.

Маҷбур шудам, нахустин бор гузоришҳои худро ба Радиои Озодӣ на ба садои худам бидиҳам. Ҳафтае нагузашт, ки падарам занг заданд ва гуфтанд, “писарам, ман ҳамеша мегуфтам, тунд марав, эҳтиёт кун ва ба фикрам, ҳоло ту барои ман шуда, гузоришҳоятро бе садои худат пахш мекунӣ. Фикри ман ин аст, ки бояд натарсӣ ва ҳақиқатро ба мардум расонӣ. Аз ҳеч чиз фикр накун. Ончӣ ман дидам, далели ин аст, ки бояд хомӯш наистод ва сухани ҳақро гуфт. Ман дар намозҳоям аз Худованд мехоҳам, ҷонатро дар амон дорад, то битавонӣ дарди мардуми худро бигӯӣ.”

Ман даступо хӯрдам. Бори аввал буд, падарам он бори сангинро аз дӯши ман мегиранд ва роҳи маро боз мекунанд, ки дигар бепарво ва озод ҳарф занам. Пас аз як лаҳза сукут он кас илова карданд:

“Дарди мардумро бигӯ, то дардашон сабуктар шавад. Ин васияти ман аст.”

Мо ду тан, яке дар Маскав ва дигаре дар Тоҷикистон дар гӯшии телефон бо ҳам мегиристем. Гиряе буд, ки ангезаҳои зиёд дошт. Ҳам дурии писар аз падар, ҳам қатли оме, ки бар сари тоҷикон рехт, ҳам аз ҳоли зори ҳазорон маҳбуси бегуноҳ, ҳам аз боз шудани дилҳои падару писар бо ҳам, ҳам аз ноумедии дидоре, ки ба қиёмат мемонад.

Аммо тақдир карда будааст, ки дида ба дидор расид, аммо чӣ дидоре. Аз тарси нокасон ду дафъа, аввал дар соли 1994 дар Маскав вохӯрдем ва сипас, соли 1996 дар Тошканд. Ду тоҷик наметавонистем дар ватан ҳамдигарро бубинем ва дар кишвари савум мулоқот мекардем. Баъд чанд дафъаи дигар ва акнун, шукр дар деҳаи худ. Ин солҳои 1998 ва 2000. Соли 2002 ба сафари хидматӣ омада будам ва он кас намегузоштанд, наздашон биншинам, маҷбур мекарданд, аз пайи корат шав, аз корат намон. Ҳоло фикр мекунем, оё он ҳама арзише дошт, ки ман машғул ба давандагиҳои беҳуда бошам. Пушаймонам, ки аз ҳар лаҳзаи дидор истифода накардам ва аз сӯҳбатҳои он кас сер нашудам.

Вале оё сер шудан аз он дидору нишастҳо оё аслан мумкин буд?

Намехостам, ин гуна тӯлонӣ ва дарҳаму барҳам бинависам. Мехостам, фақат ёде аз падарам бикунам. Надонистам, ки риштаи суханам ин гуна ба дарозо кашид. Вале ҳанӯз ҳам дилам пур аст ва ин қадар гуфтание дорам, ки ҳоло танҳо ашк пеши чашмонамро гирифтаву дард диламро мефишорад ва фарёд гулӯямро месӯзонад, бояд биистам ва идомаи суханро ба вақти дигаре бигузорам.

17.05.2010 - Posted by | Рӯзгор, Сарнавишт, Худшиносй, Ҳолнома |

26 Comments »

  1. Ахсант ба устоди гиромикадр вокеъан саргузашти талхеву пандомез. Аз даргохи Худованди Таборак ва Таъоло бароят сарбаланди орзу дорам. Илохо Рухи Киблагохатон хамеша шод бошаду манзили охраташон обод. Бояд бемухобот гуям хангоме, ки ин сатрхоро мехондам ашк дар чашмонам халка мезад ва ба ёди Хаммиллатонам ки замоне азобхои сангинро пушти сар кардаанд сарбазер уфтодам. Хамеша дуогуи Падароне хастам, ки чунин фарзонафарзандонеро ба мо мерос гузоштаанд.

    Comment by Аличон | 17.05.2010 | Reply

    • Дуруд бар Аличони азиз! Бовар дорам, хама дар бораи падари худ хамин гуна ёддошту сипоси бекарон дорад. Дарди дили худро навиштам, чун солхои зиёде аз он кас дур будам ва аз сухбатшон сер нашудам ва хам ба имдодашон дар лахзахои зарурй нарасидам, шояд ба ин сабаб дардам сахт аст. Сипосгузорам аз дуохои неки Шумо.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  2. Руҳашон шоду ҷояшон ҷаннат бод!

    Comment by Nousrat | 17.05.2010 | Reply

    • Илохи омин ва такдими дуо ба рухи хамаи гузаштагон.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  3. Дуруд акои Салимчон!
    Рости аз хондани чунин саргузашти ачоибу гароиб ба вачд омадам, чизхое бардошт намудам ва лаззат бурдам.Пояндаву пуё бошед устоди азиз!

    Comment by Firdavs | 18.05.2010 | Reply

    • Нушатон бод. Сарсабз ва сарбаланд бошед. Ба кадри падари бузургворатон бирасед.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  4. Мутмаинам, падари Шумо, Устод, аз чунин Писар хатман ки фахр мекунад! Браво!

    Comment by Follower | 18.05.2010 | Reply

    • Эй кош чунин буд ва равонашон шод бод! Комёб бошед!

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  5. Акои Салим, навиштахои Шумо дар бораи падаратон хеле гамангез аст. Мисли хикояхои аксари мардуми Масчо. Падаратонро хуб мешинохтам. Одами хеле богайрату бодиёнат буданд. Дар бораи шумо бо фахр накл мекард. Чошон дар чаннат бод. Имсол тобистон Масчо равона хастем. Намехохам фарзандонам майхани худашонро фаромуш кунанд. Хамеша дуогуи шумо хастем. Бо эхтиром Сирочиддин аз дехаи хамсоя…

    Comment by Сирочиддини Ислом | 18.05.2010 | Reply

    • Саломат бошед, Сирочиддини азиз. Хатман фарзандонро ба ватани азиз баред ва бо хешу пайвандон ва ахли дехаатон ошно кунед. Мардуми мо начибанд ва хислату хосияти воло доранд, набояд фарзандони мо аз ин хама махрум бошанд ва бояд бидонанд, ки ахли як чомеаи тифок ва чавонмарданд.

      Ман сафари худро хамеша аз мазористони дехахоямон сар мекунам. Ба рухи гузаштагон дуо мефиристам ва сари кабрхои нав, ки дар набудани ман пайдо шудаанд, менишинам. Аз додаронам саргузашти онхоро мешунавам. Ба фарзандонам хикоят мекунам ва сипас хона ба хона, мухим нест, аз кадом деха, мегардаму фотеха мехонам. Ман аз хамаи ин мардум карздорам, ки дар набудани ман ба падарам кумак мекарданд ва рузи фавти он кас садхо нафар аз паси тобути падарам мерафтанд ва ман медидам, ки мо хама якему ман пушту панохе дар симои онхо дорам.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  6. Салимчон,

    хатман бояд ин киссаро то чое ки мешавад батамом гуфт! Ба назарам, аз хамаи чизе ки навиштаед ин авлотар аст, чун торихномаи вокеии халки мост. Бар онам, ки торихи миллат аз рузгори рушангарони шабу рузи он иборат аст.

    Ба калби пурсузатон, оилаи зебоятон ва хамаи точикон саломати ва сарбаланди мехохам!

    Comment by муборак | 19.05.2010 | Reply

    • Спосгузорам, Муборакчон, додаронам инро хондаву чандин хотираи худро ба ман накл карданд ва мо карор кардем, хамаи инхоро гирд меорем, то ба фарзандон ва наберагонамон мерос бигузорем.

      Сарсабзу шодоб бошед.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  7. акои Салим. хеле хуб навиштед. дар як ёддоштномаи ба назари аввал субъективона, таърихи як миллат, тамоми мухочирони точик… чунин мухочиршавии ичбори ва чунин фочианомаи миллат дар дигар гушахои Точикистон зиёд буд. кучонидани мардуми Каротегин ба Вахшонзамин, мардуми Балчувон ба Фархору Маскав… инак, мардуми Бадахшон ба Бешкенти чули биёбон… бовар кунед, дар охир гиря хам кардам. падари худорахматии ман низ ин гуна шахс буд. агар дар борааш очерк менавиштам, айнан ба фикрам, хамон кисми аввали саргузашти шуморо менавиштам.Модарам доимо кохиш мекунанд. ки дар бораи хама менависию падаратро фаромуш кардаи. мумкин ин аст рислоати журналисти, ки дар мадди аввал оммаро ба назар мегирем. навиштан бароям душвор аст, харчанд дар накша хаст. ки агар китобе матрах созам, албатта аз чунин марсиянома огоз хохам кард…Худоё, бехтарин инсонхоро аз байни мо рабуда, дар даргохат охираташонро пурнур гардон! Омин!

    Comment by Manizha | 19.05.2010 | Reply

    • Дуруд бар Манижаи азиз. Ростй, мехостам хамагй чанд сатре аз рузгори падар бинависам ва нишон дихам, ки миллати мо харгиз, дар тамоми тули торих, фурсате, нафасе барои рохат надошта, умре гирифтори машаккат будаасту хамингуна мондааст. Вакте ба навиштан сар кардам, дигар натавонистам, бозистам. Медонам, ин матни ибтидоист ва нуксони зиёд дорад. Аммо онгуна ки Гулрухсор мегуяд, “Эй мухаррир, шеъри ман дарди дил аст, Шеьрро тахрир кардан мушкил аст.”

      Хатман дар бораи падари бузургворатон бинависед. Зиндагии онхо баёнгари торихи механ ва миллат аст. Бароятон дар ин чода комёбё орзу мекунам ва медонам, ки комёбй хамеша бо Шумо хамрох аст. Сарбаланд бошед.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  8. Браво, устод! Шумо боре бароям навишта будед, ки шарти аввали навиштан доштани дард аст. Инак дарёфтам, ки дард чи таъсири бузурге ба калам доштааст. Пас шукри Худованд, ки ба бузургон дард додааст, то боиси рохнамоии тудахо шаванд. Ва боиси лаззатбурданхо аз суханони воло ва доди сухан. Зинда бошед!

    Comment by Farid | 20.05.2010 | Reply

    • Саломат бошед. Рост гуфтед. Агар дард набошад, мо нахохем донист, ки кистем ва чи ботине дорем. Аммо худро аз фарти бузургон намешуморам ва бовар дорам, дардхои Шумо аз дардхои ман кам нестанд. Барои Манижа навиштам, ки миллати мо карнхо гирифтори дард ва саргардонист.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  9. Бехтарин марсия ва бехтарин кисса! Неки бимонад човидон. Оре хама рузе ин дунёро тарк мегуем. Аммо асос он аст ки чиро ва ё киро ба наслхои оянда такдим мекунем. Илохо Худованд бихиштро ба харду бобою киблагохи бузургворатон насиб гардонад. ОМИН.

    Comment by Bedil | 20.05.2010 | Reply

    • Илохо дуоятон мустачоб бод. Оре, максад ин аст, ки фарзандони мо гузаштагони худро бишиносанд ва аз ин рох ба суи хещтанщиносй кадам зананд ва кош ба манзили мурод бирасанд.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  10. Боре дар Тошканд бароям занг задед ва гуфтед, ки дар шаҳратон меҳмон ҳастам. Шуморо аз ин пеш дар Тошканд надида будам. Вақте ки шуморо пайдо кардам, падари бузургворатон низ ҳамроҳ буданд(Илоҳо ҷояшон дар ҷаннат бошад!). Ман ба таври худ тарҳи кай ва ба куҷои Тошканд рафтанамон, шуморо дар куҷо меҳмон карданро кашида будам. Аммо баъди боздидамон шумо гуфтед, ки мехоҳед падаратонро ба духтурҳои Тошканд нишон диҳед. Ҳамроҳи мо яке аз хешони шумо Тоҳир-ака Олимбоев ҳам ҳузур доштанд, ки ҳоло ҳам дар рӯзномаи “Овози тоҷик” кор мекунанд. Мо фақат чанд лаҳза бо ҳам будем ва нони чоштро бо ҳам хӯрдем. Баъд шумо маъзарат хостед ва баъди мувофиқа бо духтуре, ки Тоҳир-ака мешинохтанд, параратонро ба яке аз клиникаҳои Тошканд бурдед. Сонй телефон кардед ва ҳарчанд гуфтам, ки бо падаратон як шаб меҳмони хонадони ман бошед, узр пеш овардед ва ба деҳа баргаштед. Ман падари шуморо бори аввалу охир дар Тошканд дида будам. Бори дигар аз худованд мепурсам:равонашон шод бод!

    Comment by Мирасрор | 21.05.2010 | Reply

    • Бале, Мирасрори фарзона, он рузхоро хуб дар хотир дорам ва дарего, он вакт пизишкони Тошканд, ки як пизишки точик тавсия дода буд, нишонаи ягон бемориеро дар вучуди падарам пайдо накарданд. Харчанд дида мешуд, ки он кас мисли шамъ дар холи об шудан буданд. Мутаассифона, пищишкони худамон бемории он касро нодуруст ташхис дода, дорувори комилан нодурусте ба эшон доданд ва мо инро хеле дер фахмидем.

      Мо, хешу табор хама бар ин будем, ки гаму гусса он касро ба ин чо расонд, зеро хама авлодй барои халли мушкили хеш назди он кас меомаданд ва дарду гами худро дар миён мегузоштанд. Падарам монанди лиф ин гаму гуссаи онхоро фуру мекашиданд ва дилбардорияшон мекарданд ва ё бахсу хархашаи хешу таборро хамчун довари бетарафу одил хал мекарданд. Вале табъан асари ин хама дар дили эшон бокй мемонад.

      Аммо сафари Тошкандро хуб дар ёд дорам. Узр, ки фурсате нашуд, аз фарзандони азизи Шумо зиёрат кунем. Дар деха маърака буд ва он кас шитоб доштанд. Падарам, аслан берун аз деха беш яз 1-2 руз дар чое буда наметавонистанд ва ман дар шигифтам, ки чи гуна тавонистам ин кадар сол дур аз хамдехагони азизам ба сар барам.

      Хамон зиёфат дар маркази Тошканд дар хавелии Мучтамаи рузномаву мачаллахои Узбакистон хотирнишин буд. Падарам Шуморо аз руи гузоришхоятон хуб мешинохтанд ва аз мулокот хеле шод шудаву баъдан таассуроти неки худро аз дидори Шумо хикоят карда буданд.

      Хамаи гузаштагони азизи моро гарикаи рахмат ва шоистаи чаннат бикунад. Омин.

      Comment by aioubzod | 21.05.2010 | Reply

  11. Акои Салим
    Рости ваке ин хикояро мехондам боз як бори дигар он вахшати чанг ба хотирам омад ки чи гуна падарам дар зери багал маро аз зери шикастапорахои махалаамон (ки дар натичаи бомбаандозихои хавопаймохои хукумати дар нохияи Рашт ба кулли тахриб шуда буд) мегузаронд аммо тарси худро нишон намедод аммо ман имруз тарси уро хисс мекнам чи тарсе дошт он рузхо
    Ва боз ба хотир меорам он кудаконе ки дар лабашон хун набуд ва гиряи беашк мекарданд дар фирои падаронашон ки падарони ишон ичборан аз тарафи фронти халки кушта шуда будаднд (дар сари пули САЙРОН)
    Илохо чояшон чаннат бод он чавонмаргони бегунохе ки хандаи тифлони худро надида курбони сиесатбозихои хукумат гардиданд

    Comment by Нодаркор | 21.05.2010 | Reply

  12. Бо дуруд! Аммо, Устод! Илтимос мешавад хотирахои бародару хохаронатанро чамъовари ва навиштан танхо барои фарзандони худатон набошад! Акнун ки ин чо огоз кардед, бояд бокияшро хам ин чо гузоред. Чашонидани шириниву сипас пинхонаш кардан кори хубе нест.😉

    Comment by Farid | 22.05.2010 | Reply

  13. Дарди дили маро тоза кардед устод.
    Он рузхоишум ба ёдам мерасанду хун мегирям.Ман низ бародаре дорам бузургтар аз ман,ки дар гами халк аст.Ва падари ман(рухашон шод)чун падари Шумо дар гами фарзанд сухта бемор шуданд,ки асоси бемориашонро аз гам мепиндорам.
    БАРОДАРОН!Илтичо дорам,аз дурии зиёд аз волидайн бипархезед!Мо то сохиби фарзанд нашавему фироки фарзандро начашем,азоби волидайнро дарк намекунем.Бигузор на касру на кушк,на мошину набоигари факат як бурда нон бошаду хизмати падару модар.
    Агар шабе ба хона дер меомадам албатта падарро назди дарвоза медидам ва эътироз карда мегуфтам”Падар о ман кудак не.Гург намехурад.Хоб кунед намешавад.”Аммо акнун фахмидам.Фарзанд азиз будааст.Бубахшед сергапи кардам.Гаму гуссаву сузишро падарам ба хок бурданд.Вале ман,ки аз сузиши падарам огох будам то хол месузам.Абёти зерин замзамаи падарам буд,ки чунин хам шуд.
    Биёи диданам тарсам ки он руз.
    Ба гайр аз сабзаи хокам набини.
    Узр мепурсам агар ба касе сахт расида бошам.

    Comment by dust | 24.05.2010 | Reply

  14. Salimjon, nameshavad dar borai bibiho, modar va khoharonaton ham kame ziyodtar naql kuned? az on chize kame ki navishtaed dark kardaam, ki zanoni khele dunyodidavu nerumandand! masalan in porae olist! “… Бибиям Афзалмоҳ ин биёбонро Дашти Карбало меномиданд ва кӯдакону наврасонро шаҳид. Он кас мегуфтанд, дар ин биёбон дарахт сабз намешавад ва дар ҷое ки дарахт намесабзад, инсон бояд зиндагӣ накунад…” yo in jo ovardaed, ki: Ҳанӯз кӯдак будем, аммо ҳамроҳи хоҳаронам Гулнора ва Гурчеҳра як театри хонагӣ доштем, ки худамон барои он пйесаҳо навишта, ба саҳна мегузоштем ва ба хешу наздикон намоиш медодем.” … Umuman “soyahoi” zanoni pasi mardoni zeboi millat didai maro khele jalb mekunand…🙂 khususan, qissahoi mehr va javonmardii zanonu mardoni tojik… umed doram, ki in darkhostamro chun taklifi kushodani ravzanai nave dar navishtahoyaton qabul mekuned…🙂
    Bo sipos, m

    Comment by муборак | 26.05.2010 | Reply

  15. Инно лиЛоҳи ва инно илайҳи роҷиъун. Акои Салимҷон, ҷуз сукут ва ҳамдардӣ, чизе наметавонам бикорам. Мехонаму, хаёлам кӯчаҳои диёр парвоз мекунад. Гиря як гулӯгирам мекунаду, як сарам медиҳад. Ба назарам симои бобову падари Худораҳматиям омаданд. Рӯҳашон шод бод, гузаштагонатонро. Зиҳӣ.волидайне, ки фарзандони худро чунин тарбия мекунанд. Ва ҳама амали солеҳашон, дастгири охираташон гардад. Омин!

    Comment by Рахимбек Муродбеков | 14.06.2013 | Reply

  16. Киссаи дилошуб, ки дар баъзе лахзахои он хаёти худаму атрофиёнамро дидам! Дар хакикат аз калб навишта шудааст, ки ба дилхо рох меёбад. Оби чашмам халка зад. Каламатон бурротар гардад, домулло Салим! Чун шумо ба чунин мартаба арзандаед. Худованд гузаштагони хамаи моро шоистаи чаннат гардонаду ба зиндагон куввату саломати насиб гардонад! Орзуманди тамоми бурдборихо барои шумо мебошам.

    Comment by Каюм Юсуфов | 15.06.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: