Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ёдгори умри падар (Видео)

Хотираҳои маро дар бораи падарам, додарам Илҳомҷон, писари хурдӣ ва нонори падар идома медиҳад. Наврасии ӯ ба замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост омад ва вазъи бади иқтисодии кишвар дар қатори садҳо ҳазор нафар ӯро низ ба муҳоҷири мавсимие дар Русия табдил дод. Вай дар номаи аввалаш хотираеро ба ин гуна овард.

НОМАИ АВВАЛ

Салом акоҷон.

Пас аз мутолиаи “Марсияи носуруда” имруз ба худ омада, нома менависам. Рӯшанам гашт, ки ончӣ Шумо мегуфтед “ба хотири оянда бояд зист, на ба хотири гузашта” танҳо ба забон будааст ва ба хотири орому дилгарм ба зиндагӣ намудани ман будааст ва мутаасифона, муваффақ ҳам шуд ин суханатон.

Рӯҳашон шод бод хеле хотирномаи олӣ шудааст. Албатта, агар васфи ҳамаи он бузургиҳои қиблагоҳиро кунем, як китоби калон мешавад. Ба Шумои азиз як амали бузурги падарҷони меҳрубонро хотиррасон мекунам.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ соҳаи маориф бесоҳиб гашта, қариб ҳамаи муаллимон тарки касбу мактаб карда буданд. Чунки зиёда аз 8 моҳ маош қать шуда буд. Касе моҳона намегирифт. Шумо, ки ба падар пул мефиристодед ва зиндагии хонадони мо нисбатан таъмин буд, ин бузурги Худо ҷома дар тан бо маҳсиву калуш ва ришу чеҳраи нуронӣ ҳар субҳ ба мактаб мерафтанд ва шом бармегаштанд. Ҳатто боре модар норозигӣ карданд, ки модоме мактаб пул намедиҳад, пас партоянд мактаброву мисли дигарон рӯ ба деҳқониву замин оранд. Лек қиблагоҳ бо сӯз посух доданд, ки “ин талабаҳо гуноҳе надоранд ва набояд ба иллати носозгории ҷомеа насле чунин бесавод монад. Бигзор маориф тамоман пул надиҳад, аммо ман тарки мактаб нахоҳам кард!”

Сад дар сад гуфтаатон дуруст аст, аз Шумо хеле розӣ буданд. Ва доим ба ёд меоварданд, ки Шумо будеду он кас дар ҳамон давраҳои сахтиву гуруснагӣ аз касе қарздор ва забункӯтоҳ нашудаанд ва рӯй ба сабӯсу ҷуворихӯрӣ наовардаем. Обод бошед акоҷону дар паноҳи Худо!”

Дар бораи имдоди ман ба хонавода, шояд додарам каме муболиға мекунад. Вагарна, худаш маҷбур намешуд, таҳсилро нимкора гузоштаву роҳи Русияро дар пеш нагирад. Аммо аз ин лиҳоз низ сарнавишти аъзои хонадони мо ба сарнавишти зиёда аз 1 миллион нафар тоҷикони оғози садаи 21 ҳамсон аст.

Номаи дувуми Илҳомҷони мусофир низ маро дар шигифт гузошт. Мехондаму ин ҳамаро медидам ва узви оилаи мо – Шермаҳмади ҷавонмардро ба ёд меовардам, ки ёдгоре аз мардонагию хоксорӣ дар дили мо монду рафт. Монанди ҳазорон муҳоҷири дигари тоҷик, ки аз мулки ғурбат дар тобути сангин баргаштанд.

Бино бар омори расмӣ, дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон тобути 784 муҳоҷири тоҷик оварда шудааст, ки 51 нафари онҳо занон будаанд. Бахши аъзами онҳо ҷабран аз ҷаҳон гузаштаанд. Вале бо вуҷуди ин ҳамасола то як миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи шуғл ва даромад ба Русия ҳиҷрат мекунанд.

НОМАИ СОНӢ

Ҳар бор ки азми сафари Русия мекардам, қиблагоҳӣ каме мухолифат мекарданд. Вале дертар, вақте худ низ медиданд, ки коре дар ватан барои ман вуҷуд надорад ва бояд оилаамро хӯронаму пӯшонам, ба ҳар ҳол розӣ шуда, фотиҳаи сафарам медоданд. Аммо он баҳор ман ва ду язнаам – Шермаҳмад ва Ҳотамбек равони Русия шудем ва падар қатъиян зид буданд.

Норозигии он касро одати ҳарвақта пиндошта, ман ҳам мисли ҳарвақта пойфишорӣ кардам. Ин бор ҳис кардам, фотеҳаи он кас самимона набуд. Дар сухани худ дармемонданд, гоҳе ист мекарданд ва аз нав мехонданд, маълум, ки худро маҷбур мекарданд. Ҳангоми талаффузи калимаҳое монанди “амонат” ва “саломат” овозашон ларзид ва вақти омин бардоштан аввалин бор дидам, ки дастонашон меларзад ва чашмонашон нам мешавад.

Мо ба роҳ афтодем. Автобуси муҳоҷирон аз назди бозорча сафарро сар мекард. Роҳкироро супурдему бору колои худро ҷобаҷо кардем ва ба курсиҳо нишастем. Аммо ин вақт байни миёнаравҳо, ронандагон, соҳиби автобус ва кадом як гурӯҳи ҷавонони шабеҳ ба ҷинояткорон ё шояд наъшаҷаллобон кашмакашҳову “разборкаҳо” сар шуда, бо ин анҷом ёфт, ки автобус ба ҳеҷ куҷо намеравад.

Пули ҳамаро бозпас доданд ва сафарро барои мӯҳлати номаълум ба таъхир гузоштанд. Бо борҷомаҳо ва сару китфи ордолуд, ки модар ҳар бор вақти сафар «роҳи сафед» гуфта ба китфам мепошиданд, ба хона баргаштам.

Аз дарвоза ки даромадам, ҳама бе пешвозам давиданд. Яке механдид, ки «Ҳа, Русия рафта алов гирифта, омадед!», дигаре мегуфт «Лаклакро рафтанаш чӣ мебинӣ, омаданашро бин!», савумӣ афсӯс мехӯрд, ки бо ин қадар омодагӣ кор барор нагирифтааст, аммо падарам кӯдаквор шодӣ мекарданд, ки ман баргаштам. Маро оғӯш кашида, мебӯсиданд, мисли ин ки дар ҳақиқат баъд аз чанд моҳи дурӣ акнун омада бошад. Падарам гӯё аз нав ҷон гирифта буданд. Шукуфта буданд.

Пас аз чанд руз боз суроғи як автобуси дигарро ёфтем, ки аз маркази ноҳия ба Русия мерафтааст. Мани якрав боз ба ҳарфи падар гӯш надода, хайрухуш кардаму ба роҳ баромадам.

Ва то расидан ба маркази ноҳия — Бӯстон, суханҳои қиблагоҳӣ дар гӯшам садо медоданд, ки писарам аз сафар якбор гаштӣ, дигар нарав, ман маззаам нест. Шермаҳмадро ҳам аз роҳ гардон… Ва боз чизҳое гуфтанӣ мешуданд. Лекин ман бо дуруштӣ суханашонро мебуридам, ки монед ин гапҳоро, Худоро шукр нағз ҳастед. Онкас дар чавоб «эээ…» гуфта, аз наздам мерафтанд.

Рости гап, мавзӯъи аз ҳама бад медидаам он вақт марг буд. Гоҳе хабари марги муҳоҷирони тоҷик сари дастархони мо иштиҳоро мебаст ва гоҳе падарам мегуфтанд, вақташон наздик омадаасту онро ҳис мекунанд.

Ман тасаввур намекардам, ки марг дар ҳақиқат дар пайи бурдани падари ширинам аст. Инро ҳеч намехостам, ҳатто дарк намоям, ки падарҷони лоғару дардмандам дар ҳақиқат рӯзу моҳи охиринашонро ба сар мебаранд.

Оҳ аз ин хуни ҷӯшони ҷавонӣ! Оҳ, агар медонистам…

Бахусус дар ин мавзӯъ бо раҳматӣ бисёр баҳс мекардам, ки Шумо нағз ҳастед ва ин танҳо “самовнушение” асту худ хештанро талқин мекунед. Ҳайҳот…

Баробари расидан ба Бӯстон борҷомаамро кушода, нону тушаҳои роҳро ба Ҳотамбеку Шермаҳмад додам ва аз русияравӣ даст кашида, бозпас гаштам. Онҳо рафтанду пас аз се ё чаҳор рӯз ҳоли падарам бад шуд ва он касро ба беморхонаи маркази ноҳия, мавсум ба “шифохонаи доктор Ҷумъаев” бурдем.

Ба «облаваи солдатқапӣ” нигоҳ накарда, ҳар рӯз ба аёдаташон мерафтам. Рӯзе он касро бисёр ғамгин дарёфтам. Падар аз дастам дошта, ҳарду ба берун, ба ҳавелии шифохона баромадем ва аз ман пурсиданд, ки аз Шермаҳмад чӣ хабар? Оё ба шаҳраш расидааст ё на? Мегуфтанд ва ашк мерехтанд. Сабаби гиряашонро пурсидам. Гуфтанд, хобаш дидам. Шермаҳмад бо ҳамон рафтааш зинда наомад.

Сипас Шумо омадеду падарро аз Бӯстон ба Хуҷанд бурдем. Ва аз он ҷо ба хона. Ва ширинкаломи мо бо дарди дили нуҳуфта ва суханҳои нагуфта моро тарк карданд. Дареғ…

Он рӯзҳо дар ҳоли шок ҳеч ба дарки фоҷиа намерафтам. Гуё боварам намеомад, ки тамом, соябони сарам дигар нест.

Тахминан ду моҳ пеш, дар Русия хоб дидам, ки кадом апаам ё садое мегуфт, ки ба падар як бор занг занам. Дарҳол аз хоб бедор шуда, хоболуд телефони мобилиамро ҷустам. Сипас дар сарам зад, ки рақами телефонашонро аз куҷо ёбам. Вакте ба худ омадам, ки дар хотираи телефон байни номҳо номи падарамро меҷӯям.

Фиғоне дардноке синаамро шикоф кард ва ашкам мерехт. Э рӯи ман сиёҳ! Ман куҷо занг мезанам? Киро меҷӯям? Дареғо, ҳасрато!…

29.05.2010 - Posted by | Инсон, Каме латра, Муҳоҷират, Сарнавишт |

6 Comments »

  1. Харду бахшро хондам ва хеле мутаассир шудам. Пешниходи ман ин аст, ки шумо бояд монанди устод Айнй Ёддоштхо нависед. Монанди идомаи он китоби чахорчилдаи Айнй мешавад ва гар Айнй як давраро тасвир карда бошад, Шумо давраи баъд аз Айниро метавонед ба ин хубиву зебой муаррафй кунед ва кори бузурги уро идома дихед. Тасвирхои Айнй аз хонаводааш низ ахамияти ичтимой доштанд ва ин хислат дар тасвирхои Шумо хам дида мешавад. Ин хама таьрихи мардуми мост.

    Ин ду видео низ дилрешкунандаанд, махсусан дувумй. Аввалй хам, вакте ки тифлон сухбат мекунанд. Ташаккур барои ба диккати хамагон гузоштани онон. Бароятон барори кор орзу мекунам.

    Comment by Рустам | 29.05.2010 | Reply

  2. Бисёр одами хоксор ва хамзамон хушбахт будаянд киблагохатон устод Салим Аюбзод. Аз хоксории мардуми точик хушам меояд. Падари Шумо намунаи олии хамин гуна хоксори будаанд.
    Равонашон шод ва чояшон чаннат бошад илохо!

    Comment by Аслам | 30.05.2010 | Reply

  3. Гирди номи падар чй мегардй
    Падари хеш шав агар мардй

    Comment by Исо | 30.05.2010 | Reply

  4. Ба окои Исо!

    Чаноб Аюбзод ва додару бародарони ишон кайхо падари худ шудаанд ва аммо хамчун фарзандони неку боги падар аз бузургвории падари хеш мегуняд, чаро ба шумо сахт расиде?

    Шумо маънии ин маталро дарк накардай. Агар дар хакки Рустам Эмомалй мегуфтй харфат дуруст буд. Ё дар хакки онхое ки аз пушти номи падари хеш мехоханд ба чое бирасанд. Мо то холо ва кайхо инчониб чаноби Аюбзодро мешинхотем, холо бо падари бузургвори ишон хам ошно шудем.

    Comment by Samandar | 30.05.2010 | Reply

  5. Сипос барои насби видеохо, ки худ баёнгари хамаи нукотест, ки гуфтаед!

    Comment by Samandar | 30.05.2010 | Reply

  6. Дуруд ба Аюбзод! Он чи ки мехостам гуям, бародар Рустам гуфтааст, бинобар ин нашояд такрор намоям. Итмоми нома аламовар ва дарднок. Бародар, Исо, некбини ва некхохи хислатхои шоёни ориёихост. Ин чизхоро дар хеш чой кардан низ кори басе мушкил будааст. Мухтарам Аюбзод, мунтазири ёддоштномахои Шумо. Зинда бошед.

    Comment by Bedil | 30.05.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: