Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тазоҳуроти “ҳокимияти чаҳорум”?

Хабари гирдиҳамоии журналистон дар баробари сафорати Узбакистон дар Душанбе таассуроти духӯрае аз худ боқӣ мегузорад ва андешаҳои тазодомезеро ба миён меорад. Бархе бар журналистон дуруд хоҳанд фиристод, ки дар амал низ ватандӯстии хешро исбот карданд. Аммо бархи дигар пурсишеро ба миён хоҳанд гузошт, ки оё журналистон бо ин иқдом ба рисолати хеш латма назаданд??

Савумиҳо шубҳа хоҳанд кард, ки ин гирдиҳамоӣ, пас аз ҳассосияти қариб 20-солаи ҳукумати Тоҷикистон ба эътирози дастаҷамъона, бо дастури “боло” сар назада бошад. Ин ҳам, аллакай, сояе ба рӯи рисолати ҳирфаӣ хоҳад буд.

Аммо журналисти чирадаст Абдулазими Абдулваҳҳоб шояд бо идроки таҳтушшуронаи ин “ғаш”-ҳои ниҳони гирдиҳамоии 9-уми июн гуфт, ки на ҳамчун журналист, балки ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон пой ба майдони эътироз ниҳодааст. Хуб, он гоҳ чаро ин эътироз “гирдиҳамоии журналистон” номида шуд?

Гирдиҳамоӣ шояд аз он ҷо маншаъ мегирад, ки журналистон шаҳрвандони озодандеш, пажӯҳишгар, ростгӯ ва ҷасуранд? Шояд. Лекин байни ширкати журналист дар гирдиҳамоии умумии шаҳрвандон ва ташкили гирдиҳамоии ҳамкасбон аз тарафи худи журналистон фарқҳое ҳаст.

Назариядону назарияпардози журналистика нестам, балки бештар амалгароям ва менависам, онгуна ки метавонам. Аммо намешавад гуфт, ба ончӣ дастандаркорони ин касб мекунанд, таваҷҷӯҳ надорам. Баракс хеле мутаваҷҷеҳам. Гоҳе ҳамчун журналист бо мақсади омӯзиш ва гоҳе ҳамчун шаҳрванд бо ҳадафи дарёфти маълумот.

Ҳамчун хонанда, бинанда, шунаванда ман аз журналисти хуб доварӣ ё омӯзгориро интизор нестам. Чунончӣ, ҳамин як-ду рӯз пеш ҳамчун бинанда аз як намоиши телевизиони Евронюз (6 июни 2010) ба маънои томаш такон хӯрдам. Дар он муҷрии Радиои форсии Исроил, ки аз солҳо инҷониб шефтаи кораш будам, гуфт, “бояд иншооти ҳастаии Эронро дар ду мавзеъ – Натанз ва Исфаҳон бомбаборон кард, вале ин як ҳалли кӯтоҳмуддат хоҳад буд.” Агар ин ҳарфро генерале мегуфт ва ё ҳатто як шаҳрванди одие, маро парвое набуд.

Ё журналисти машҳури FoxTV Ҷералдо Ривера дар як гузоришаш аз Афғонистон дар соли 2002 шофи дарозеро аз камар баркашид ва хитоб кард, “оҳ агар ҳоло ва дар ҳамин ҷо Усома бин Лодинро вомехӯрдам ва бо ин шоф сари ӯро аз танаш ҷудо мекардам.” Ин суханони Ривера баҳсҳои доманадореро ба бор овард ва ӯ мухлисони зиёди худро аз даст дод. Вале ҳамзамон мухлисони наве пайдо кард. Аммо фарқ байни ин ду навъи мухлисон хеле бузург буд

Дере нагузашта ҳамкасбони ҷиддии Ривера низ аз ӯ интиқод карданд ва фосила гирифтанд. Ӯро як шахси моҷароҷӯй ва шӯҳратталаб шумурданд. Ҳол он ки бе ин ҳам Ривера дар Амрико аз чеҳраҳои машҳур аст. “Ню Йорк Таймс” ӯро шахсе гирифтори идеологияи носолим номид.

Ёдоварии ин рӯйдодҳо суолеро дар зеҳнам гардон кард, ки журналистикаи муосири мо оё маромнома, назария ва идеологияи муайяне дорад? Оё як хатти сирот-ул-мустақиме ҳаст? Ресмоне, ки ҳама онро даст гиранд ва паҳлуи ҳам бошанд? Он ин ба истиҳоҳ идеология чӣ буда метавонад? Ҷомеасолорӣ? Миллигароӣ? Хабаррасонии бетарафона? Миёнаравӣ? Муфаттишӣ? Нозирӣ? Мубаллиғӣ! Ва ё қиссагӯӣ барои саргармии дигарон? Ё ҳама дар як? Ва ё аслан ҳеч идеологияе даркор нест?

Ҳоло ба андеша меравам, агар сарони Тоҷикистону Узбакистон ва ҳукуматҳои ин ду кишвар натавонистанд, мушкили ҷиддиеро, ки ба миён омадааст, ҳал кунанд, оё журналистони ду кишвар метавонанд, аз роҳи дипломатияи мардумӣ ва дар ҳамоҳангӣ ба ҳалли онҳо пардозанд? Пас ҳоло хабари тазоҳуроти журналистони тоҷикро ҳамкасбони онҳо дар Узбакистон чӣ гуна пазируфта бошанд? Оё тафоҳум бештар хоҳад шуд ё адоват?

Иқдоми журналистони мо дафъатан онҳоро ба ҳадафи чандгона табдил медиҳад. Ҳамин мардуме, ки онҳо хостанд, мисли садобар ё баландгӯяк садояшонро ба гӯши афроди масъул расонанд, акнун менависанд, ки “хуб мешуд агар дар баробари шиорҳо бо талаби раҳо кардани вагонҳо ду се хабарнигор бо худ шиорҳо бо талаби озод шудани маҳбусони сиёсӣ, катъи ғорати мардум дар роҳи Душанбе Хуҷанд, баргузоршавии интихоботи озод низ бо худ медоштанд.”

Ва менависанд, агар ин гуна набуд, пас ин гирдиҳамоӣ бо дастури “боло” шудааст. Шояд аз таффи ватанхоҳӣ буд? Ҳарчанд мумкин як амали “дон-кихотонае” бошад, барои бедор кардани ҷомеае, ки худ талоши ҳаққи хешро надорад. Яке пешниҳод кардааст, ки журналситон барои ронандагони “Тангем”-ҳо низ як гирдиҳамоӣ ҷӯр кунанд.

Аммо шояд ин қадам як занги ҳушдоре ба сиёсатмадорон аст, ки набояд вазъро то ба нуқтаи инфиҷор расонд. Дар ҳар сурат наметавон гуфт, чаҳорчӯби “ҳокимияти чаҳорум” барои ҷавонон тангӣ кардааст? Содатар аз ин нокифоятӣ кардааст. Зеро ҳанӯз воқеан ба ҳокимият табдил наёфтааст.

————————————

Ибтидо дар Блогистони сомонаи Радиои Озодӣ ба нашр расидааст.

Акс аз видеогузориши Бароти Юсуфӣ ва Шаҳлои Гулхоҷа.

09.06.2010 - Posted by | Матбуот, Осиёи Марказӣ, Сиёсат, Тоҷикистон, Узбакистон |

5 Comments »

  1. Акаи Салим, ба хама маълум аст ки хамаи гирдихамоихо бар зидди Узбакистон бо супориш ва хамоханги бо макомот доир мешаванд. Вагарна бидуни ин ичозат аз 3 нафар зиёд чамъ шудани шахрвандон дар хиёбонхои ватанамон “чиноят” хонад мешавад ва макомот зуд чунин фаъолонро шапот зада пароканда мекунад.
    Ин хушдор не балки аломати пурра зерри идораи давлат будани журналистони мо мебошад.
    Чаро агар хашми мардум бар мукобили “бегонагон” равона шудааст онро ташабуси худчуш мегуянд, аммо агар бар мукобили золимони “худи” дасисаи хоричиён?

    Comment by Додар | 09.06.2010 | Reply

    • Ман мутмаин нестам, Додари азиз, ки хамаи ин тазохурот бо супориш ва хамохангии макомоти давлатй чараён ёфта бошанд. Охир имкон дорад, ки то огохй ёфтани макомот журналистони чавони мо чамъ шуда, сухани худро гуфта бошанд.

      Аммо дар кул хак бо Шумост, агар хассосият ва фишори макомоти давлат намебуд, то хол кайхо чандин гирдихамоии дигар ба вукуъ мепайваст. Бино бар конуни нонавиштаи ин хукумат хама гуна гирдихамоихо манъ кард, агар дар онхо дарди хакикии чомеа матрах шавад.

      Бадбахтона, ин макомот хамин тазохуроти “худчушаш”-ро хам наметавонад дар сатхи даркорй ва муассир ташкил кунад. Чамъ омадани 10-15 нафар масхараи тазохурот аст. Аммо агар Точикистон кишвари демократй мебуд, дар ин гирдихамоихо шояд то 100 хазор нафар ба майдон мебаромад.

      Набоист тазохуротро хатман ба маънои чангталабй ё нооромй тафсир кард. Гирдихамой метавонад, танхо баёни иродаи мардум бошад.

      Comment by aioubzod | 12.06.2010 | Reply

  2. Салом устод, Салими Аюбзод. Аз хар он чизе, ки гуфтед ба ман танхо хаминаш (такрибан хамин тавр гуфтед)”ин тазохурот шояд барои шикастани яххо рохандози шудааст” писанд омад. Дуруст! факат ва факат барои хамин. Хеч хадафи дигаре надошт. Зеро хамаи муътаризон мутмаин буданд, ки садошон ба гушхои “ношунавои” сафиру сафорату сардамдорони Узбак намерасад. Факат барои об кардани яххо… дар ин тобистони гармое, ки холо дар пешоруямон аст. “Факат баъзехо метавонон эътирозро рохандози кунанд, вале дар бораи он хамонгон фикр карда метавонанд”. (Илхом аз як сухани файласуфе.) Набояд дар холи хозир ин садо буги шавад… Хар чи буду набуд…

    Comment by bayodgor | 10.06.2010 | Reply

    • Ба нукоте, ки матрах кардед, розиям. Аммо ман бештар аз он нигаронам, ки ин тазохурот ба номи журналистон рабт дода шуд.

      Агар он ба мукобили мухокимаи нашрияхо дар додгох ё надодани ичозаи кори радио ва телевизионхои нав ва ё душноми як мансабдори баландпоя ба ардеси яке аз журналистон баргузор мегашт, парвое набуд.

      Журналистон дар мочарои байни Точикистону Узбакистон бояд нашки бузургтар ва болотаре аз шиорпароканию тазохурот дошта бошанд. Хатто болотар аз хукумат. Онхо набояд равобити худро бо макомоти Узбакистон халалдор кунанд, балки баракс бо онхо робитаи хуб карда, ба Узбакистон сафар кунанд ва вагонхои маньшудаву рохи, ба гуфтаи макомоти Узбакистон, тахрибгаштаро бубинанду ба навор гиранд, масъаларо тахкик кунанд.

      Албатта, гумон аст, макомоти Узбакистон ба осонй чунин имконро фарохам оваранд, вале аз дар ки заданд, бояд аз тиреза рафт, вале набояд муносибатхоро бо хабарсозон бад карду рохи худро бо дастони худ баст.

      Comment by aioubzod | 12.06.2010 | Reply

  3. Бо дуруд ба устод Салими Аюбзод ва насли бедори миллат.
    Шеьри зер аз навьи Зулол мебошад.

    Насли ман
    Насли ман, бедор шав
    Мастихо як су куну хушёр шав
    Солхо дар хоби гафлат зиндаги карди бас аст,
    Чашм во кун, сарбадори дар рахи эхёи нангу ор шав
    Дар чахоне, ки башар хасми башар дар хар кучо
    Бо силохи фикри худ дар кор шав
    Равзане дар тор шав

    Comment by Firdavsi Azam | 11.06.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: