Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Хун, оташ, ашк ва хокистар дар Уш

Рӯйдодҳои хунини ҷануби Қирғизистон як ба як даргириҳои тобистони соли 1992 дар Қӯрғонтеппаро ба ёд меоранд. Мусаллаҳони савори “КамАЗ”-ҳо, ҳазорон тан гурезаи гирён, сӯхтани хонаҳову боғҳо, нотавонӣ ё тарафкашии милисаву нерӯҳои амниятӣ, ғоратгариҳои дастаҷамъона…

Наворҳои видеоро дар Youtube наметавон бе ғалаёни эҳсосот дид. Мусибати инсонӣ дар ҳама ҷо як чеҳра ва хуни инсон дар ҳама ҷо як ранг дорад. Видеоҳоро мебинам ва диламро ҳамчунин ғами даҳҳо ҳазор тоҷике пур мекунад, ки дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолободи Қирғизистон зиндагӣ мекунанд ва ҳамроҳ бо ҳамкорам Мирасрори Фарғонӣ барои онҳо садҳо нусха китоби тоҷикӣ расонда будем.

Аҳволи онҳо дар ин қатли ом чӣ гуна бошад, зеро ҷангал ки оташ гирифт, тару хушк баробар месӯзад. Агар ихтилоф байни қирғизу узбак аст, кош касе ба онҳо таарруз накунад, зеро таърихан ба ҳеҷ яке аз низоъ ва ихтилофоти ин минтақа дахл накардаанд. Вале оё дар шӯру таффи хушунат кӣ хоҳад онҳоро аз дигарон ҷудо кард, ҳарчанд дар ҷанги Тоҷикистон дида будем, ки агар ҳамаи Панҷ ё Қубодиён ҳам месӯхт, мӯе аз сари узбак ё арабҳои ин ҷо кам намегашт, балки фақат тоҷикон кушта мешудандва он ҳам зодагони як минтақаи муайян.

Дар рӯйи дарвозаҳо мансубияти миллӣ ё маҳаллии соҳибони он навишта мешуданд, то ҳамлаварон иштибоҳ накунанд. Дар Уш ва деҳоти атрофи он низ имрӯзҳо дар дарвозаҳо навиштаҷот пайдо шудаанд, ҳатто дар мошинҳо, то аз ҳамлаи галаҳои хунхор пешгирӣ шавад.

Ҳазорон нафар молу манзили худро партофта, тифлакон сари даст роҳҳои пурпечутоб ва дарозеро ба сӯи макони амн тай мекунанд. Меҳмонсаро ва мактабҳо пур аз фирориёнанд.

Аммо бузургтарин шабоҳатро бо ҷанги Тоҷикистон ноиби раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон Умарбек Текебоев ба забон овард. Вай гуфт, гурӯҳе бо рабудани як зиреҳпӯш ба деҳаи узбакҳои минтақаи Маҷритол ворид шуда, чандин сокини ин деҳаро ба қатл расондааст. Сипас, ба эҳтимоли зиёд боз ҳам ҳамин гурӯҳ ба деҳаи ҳамсояи қирғизнишин ворид гашта, чанде аз қирғизҳоро ба ҳалокат расондааст. Ин аст коштани тухми адоват, ки намунаҳояш дар ҷануби Тоҷикистон ҳам ба мушоҳида расида буд.

Шабоҳати дигар ин аст, ки бино бар заъфи ниҳодҳои давлат ва ҳам “бетарафии бешарафона”-и онҳо чархи адоват гардиши бештару босуръаттар гирифт ва зуд ба паҳнои фарохе доман кашид. Ниҳодҳои давлатии Қирғизистон аз омодагиҳо ба хунрезӣ хабар доштанд ва дидаву дониста аз нахустин бархӯрд пешгирӣ накарданд. Шояд дар ин ниҳодҳо афроде ҳастанд, ки фикр мекунанд, рондани узбактаборон аз Қирғизистон ҷои онҳоро васеътар ва ҳаворо барои нафаскашиашон бештар мекунад.

Гуноҳи узбактаборон нест, ки харитаи минтақа дар солҳои 1920 ба чунин шакл кашида шуда, ҳанӯз аз ҳамон давра хамирмояи низоъҳои оянда дар сиришти ҳар яке аз давлатҳои минтақа хобонда шудааст. Қирғизҳо бояд худро дар пӯсти узбактаборони худ ҳис кунанд ва эҳтироми мизбониро ба ҷо оранд. Чаро барои ҷурми чанд нафар бояд тамоми мардум, тифлону занон, пирамардону пиразанон ҷавобгар бошанд?

Айнан монанди Тоҷикистони соли 1992 дар ҷануби Қирғизистон нақши дуздону рекэтирҳо — сарони гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳалкунанда шудааст. Хабарҳои зиёде мерасад, ки даргириҳоро низ онҳо сар кардаанд. Аввал байни худ, сипас байни намояндагони ду қавм. Вале таърих борҳо як ҳақиқатро нишон додааст, ки тарафи мағлуб бо умеди ҳифзи нуфуз, моликият ё ҳато бозгашт ба сари қудрат низоъи сиёсиро ба низоъи қавмӣ табдил медиҳад.

Ин ҳолат дар Афғонистони пас аз суқути режими Наҷибуллоҳ ва ҳам дар Тоҷикистони соли 1992 ба мушоҳида расидааст. Дар ҳарду ҳолат коммунистон зимни камтарин имконият ихтилофҳои сиёсиро ба қавму миллиятҳо интиқол доданд, то ҷойгоҳи худро ҳаддалимкон ҳифз кунанд.

Мухолифони ҳукумати муваққати Қирғизистон онро айбдор мекунанд, ки натавонист, аз ташаннуҷи авзоъ дар ҷануб ҷилавгирӣ кунад. Бархе бар инанд, ки худи ин ҳукумат ғайриқонунист ва мардум ба он итоат намекунанд. Шояд ин хулоса то андозае дуруст бошад ва ҳукумати Отунбоева ба легитимизатсияи хеш шитоб накард, аммо Ҳукумати муросои миллии Тоҷикистон, ки дар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷанг барои барканории он сар шуда буд ва низ ғайриқонунӣ унвон мешуд, қонунӣ буда, зимни созишномаҳо таъсис ёфта буд.

Оё имкон дорад, ки дар Қирғизистони имрӯза низ ҷангҳо дар ҷануб бо дахолати хориҷӣ сар шудаанд? Далели қотеъ дар даст нест, вале мусаллам аст, ки “дасти беруна” аз чунин вазъ ба суди худ истифода хоҳад кард. Худо аз паҳн шудани оташ нигоҳ дорад. Шояд зарур аст, Тоҷикистон низ садо баланд кунад ва қатъи ҳама гуна хусумату хушунатро тақозо намояд. Ва дар ҳолати зарурӣ ба Қирғизистон нерӯҳои ҳомии сулҳу субот фиристад, то аз тоҷикони Қирғизистон низ дифое ба амал ояд?

13.06.2010 - Posted by | Амният, Осиёи Марказӣ, Қирғизистон | , ,

6 Comments »

  1. Салом. Комилан ба он чи чихати умумияти хаводиси солхои 1992-93-и Точикистон ва хаводиси феълии Кигизистон харф мезанед, хамфикр буда наметавонам. Агарчи Шумо умуман ба ин нукта дахолат накардаед ва чузъи бахс мекунед, вале гумон мекунам чун аксари шорехони сиёсии точик, ба умумияти ховодиси мазкур имон доред.
    Ба хамин кариби шояд вокеахое ба амал ояд, ки куллан вазъияти Киргизистонро дигар кунад ва бо берун ронда шудани истгохи харбии Амрико, нафси худкомахое чун огои Путину Каримовро конеъ гардонад. Он вакт шояд бисёр бозихои пасипардаги ошкор шаванд.
    Холо, дигар бор, бо таваччух ба ин берахмие, ки аз худ нишон дод, ба ин нукта, ки дар вучуди Каримов ягон зарра хуни узбек нест, бовар мекунам.

    Comment by Шоди | 13.06.2010 | Reply

  2. Бар тибки охирин хабархо 32 000 узбактабори Киргизистон бо хавопаймохо ва аз рохи заминй ба Узбакистон интикол дода шуданд. Гами точикони Киргизистонро касе намехурад ва касе хам аз холи онхо савол намедихад. Хеч кас барои начот ё химояи онхо садое баланд намекунад. Ман шахсан бовар надорам, ки киргизхо вакте карор кардаанд, бегонахоро аз мулки худ биронанд, ба точикхо кордор нашуда бошанд. Агар касе дар Киргизистон аст, хуб мешавад дар бораи холу ахволи онхо хабаре иттилоъ дихад.

    Comment by Рустам | 14.06.2010 | Reply

    • Омори охирин — 75 хазор узбактабори Киргизистон дар Узбакистон пазируфта шуданд.

      Як нуктаи дигар хам рушан гашт, ки сарони чомеаи узбактабор низ дар сар задани ин хунрезихо бечурм набудаанд.

      Comment by aioubzod | 14.06.2010 | Reply

  3. http://newsru.com/world/15jun2010/taj.html

    Salimjon, in khabari khele bad, kase ba on to hanuz javobe nadodaast… tajovuzgar va jinoyatkor millat nadorad… guruhhoye mekhohand alangai otashro ba sui tojikon havola kunand… boyad kore kard… bo sipos va ikhlos, m

    Comment by муборак | 15.06.2010 | Reply

  4. Нашрияи Озодагон дар сармақолаи худ ба номи “Тоҷик” менависад, ки шоми рӯзи душанбе шуморе аз афроди мусаллаҳ дар панҷ сабукрав вориди шаҳраки Ҳайдарканд, дар наздикии Ӯш шуда ва тоҷикони муқими ин шаҳракро таҳдид кардаанд, ки фавран аз Қирғизистон берун раванд.

    Ҳукумати навпойи Қирғизистон барои ҳалли ихтилофот даст ба домони Русия шудааст. Мусалламан қудрате чун Русия бидуни дарназардошти манофеъи тангназаронаи хеш даст ба ҳаллу фасли масоили минтақае ҳошияӣ намезанад

    Ин нашрия менависад: “…тоҷикон дар шаҳраки Учқурғон ва Ҳайдарканд комилан дар тарсу ваҳшат ва бепаноҳӣ қарор гирифтаанд ва аксари мардуми Учқурғон духтарон ва занҳоро ба шаҳристонҳои Қуввасойу Аввали Фарғона, ки онҷо низ аксарият тоҷиканд, фиристодаанд ва занону духтарони ҳайдаркандӣ дар хонаҳои хешу таборашон дар ноҳияи Сӯх паноҳ ёфтаанд.”

    Озодагон ҳамчунин номае саргушода аз теъдоде аз тоҷикони Қирғизистон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро чоп кардаст, ки он низ аз таҳдиди 20-30 ҷавони қирғиз ҳикоят мекунад.

    Онҳо зимни тақозои ёрӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон менависанд: “Розием, ки дар ҳар куҷо бошем, вале фарзандону наздиконамон дар амнияти ором зиндагӣ кунанд. Агар инҷо фақат ватани қирғизҳо бошад, мо дар ин ҷо монданро намехоҳем. Илтимос, ба мо ёрӣ диҳед.”

    Comment by Samandar | 17.06.2010 | Reply

  5. Javonzani tojik az Osh ba Uzbakiston firor kard

    http://allhumanitytv.blogspot.com/2010/06/firuza-tajik-citizen-who-visited-her.html

    Comment by Samandar | 17.06.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: