Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ду шеваи муносибат бо Узбакистон

Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба Тошканд, ҳарчанд шиддатро дар байни ду кишвари ҳамсоя як андоза камтар кард, вале гиреҳи равобити печидаи онҳоро накушод. Мушкил замоне ҳал хоҳад шуд, ки гуфтушунид бо назардошти баробарӣ ва шинохти манофеъи тарафайн идома пайдо кунад. Аммо…

…раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, ҳамчун раҳбари ботаҷриба, бераҳм, гарданшах ва зирак танҳо ба он талош хоҳад кард, ки гапи худро бигузаронад.

Дар натиҷа Тоҷикистонро ду гузинае беш боқӣ намемонад: а) пазириши шартҳои Каримов; б) идомаи саркашӣ ва рӯёрӯӣ.

Яке хеле осон ва дигаре хеле мушкил. Интихоб дар ин дуроҳа ба ирода ва дурандешии давлатмардони Тоҷикистон бастагӣ хоҳад дошт, аммо бояд дид, ки кадоме аз ин гузинаҳо барои кишвар чӣ пайомадҳо дошта метавонад.

РОҲИ “А”

Тан додан ба фишорҳои Каримов, яъне даст кашидан аз тарҳи Роғун, барои ҳукумати Тоҷикистон маънии поёни роҳро хоҳад дошт. Роғун шиорест, ки нокомиҳои иқтисодии ду даҳсолаи ахирро тафсир карду ба онҳо далел дод ва паёмест, ки ҳукумат василаи расидан ба рушди иқтисодиро ёфтааст ва талошаш ҷиддист. Ҳамзамон Роғун ахиран ба парчами ваҳдат ва сафарбарии миллӣ низ табдил ёфтааст.

Ҳарчанд гуфта мешавад, фурӯши саҳмияҳои Роғун маҷбурӣ ҷараён меёфт, садҳо ҳазор нафаре низ ҳастанд, ки ба маърака сидқан бовар карданд ва охирин пашизи худро ба хазинаи Роғун рехтанд. Нахустин бор мардуми одӣ ҳам дид, ки метавонад, ба равандҳои муайяне дар кишвараш ва минтақа дахолат кунад.

Ман навишта будам, ки ин маърака бидуни таҳқиқу омодагии ҳамаҷониба ва дар ғояти эҳсосот роҳандозӣ шуд ва аз ин лиҳоз бештар шиоргуна буд, то амалгароёна. Ҳукумат метавонист, бидуни сарусадо сохтмонро идома дода, ба марҳилаи муҳиме расонад, аммо шиор ва маъракабозӣ, он ҳам дар ростои интихоботи порлумонӣ шефтагӣ ва баҳраи бештар дошт. Махсусан, баъди танҳо мондани Тоҷикистон дар муқобили Узбакистон ва Русия.

Дилсардии аҳолӣ аз фурӯпошии тарҳи Роғун охирин талоши бовари мардум ба ҳукуматро аз байн хоҳад бурд ва онро ба маротиб осебпазиртар хоҳад кард. Албатта, Узбакистон дар ин ҳолат ҳамчун подош ба кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон хоҳад расид, аммо гумон аст, бо Роғун талабҳои Каримов ба поён расад. Каримов талабу шартҳои дигаре низ ба миён хоҳад гузошт, ки мӯҳтавои аслии онҳо идора кардани Тоҷикистон бо дасти раҳбарони он хоҳад буд.

Ҳанӯз соли 1993 яке аз афроди наздик ба ҳарду ҳукумат гуфта буд, дар дунё намунаҳои давлатдории “патрон – клиент”, яъне “ҳомӣ — муштарӣ” зиёданд ва ин бадие надорад. Дар зимн, ширкати Узбакистон дар ҷанги Тоҷикистон ва талошҳои он барои ба қудрат расондани раҳбарони феълӣ маҳз ба хотири бунёди ҳамин гуна равобит буд, ки ибтидо ҳатто равобити “падару писар” эълон шуд. Ва сардиеро, ки дар миён афтодааст сабаб фақат Роғун нест.

РОҲИ “Б”

Ин роҳест, ки алҳол Тоҷикистон ба он пеш меравад. Пойфишорӣ дар тасмими хеш ва муқовимат ба фишорҳои беруна кори хеле сахтест ва сахттар хоҳад шуд, аммо арзишдор, зеро обрӯи ҳукуматро дар чашми шаҳрвандонаш ва куллан эътибори Тоҷикистонро дар саҳнаи байнулмилалӣ боло хоҳад бурд. Ва ҳукуматро ба ҷустуҷӯи олтернативаҳои гуногун маҷбур хоҳад кард.

Бо вуҷуди он ки дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир паллаи тарозу ба фоидаи Узбакистон вазнин шуда, Тошканд, зоҳиран, ҷанги иттилоотиро бурдааст, онҳое низ ҳастанд, ки Тоҷикистонро ҳақбаҷониб мешуморанд. Кишвар ҳақ дорад, худро аз бӯҳрони энержӣ берун кашад ва ба пешрафти иқтисодӣ даст ёбад.

Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳ ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд ва аз Узбакистон ҳам даъват кардааст, дар сохтмон ширкат варзад. Пас, амалан, ҳоло Тошканд Тоҷикистонро барои ҷурмҳои нокардае, ки мумкин аст, дар оянда бикунад, мавриди ҷазо қарор додааст. Ин ҳам дар ҳоле ки худ аз гази табиӣ, нерӯи барқи ҳатто тарафи савум (Туркманистон), минакории марз ва тронзити амволи Тоҷикистон аз роҳи оҳан ба ҳайси фишанги сиёсӣ истифода мекунад.

Агар Узбакистон на бо говзӯрӣ, балки бо далелҳои шаъйӣ ва аз роҳи гуфтушунид пой дар миён мегузошт, табъан аз пуштибонии бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор мегашт. Аз ин лиҳоз, наметавон гуфт, ки агар касе ё кишваре дар сатҳи байнулмилалӣ аз Узбакистон ҳимоят мекунад, аз адл кор мегирад ва мавзеъгирияш бетағйир боқӣ хоҳад монд.

Албатта, ояндаи Роғун, эҳтимолан, бештар ба хулосаи ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бастагӣ хоҳад дошт, вале камтарин аломати сустии Душанбе метавонад, дар паёми меҳварии ин хулоса нақши умда дошта бошад.

МИЁНАРАВОН

Ҳимоятҳо аз Узбакистон сирфан ба хотири ҳаҷми он ва захираҳои табиияш шакл гирифтааст. Вале ҳамаи ҳомиён инро ҳам хуб медонанд, ки Узбакистон як кишвари пӯшида ва диктаторист. Даҳҳо ширкати бонуфузи хориҷӣ бино бар маҳдудиятҳо дар истифода аз фоидаҳои молии хеш ва қурби иҷбории табдили пул Узбакистонро тарк карданд.

Дар ин кишвар ҳуқуқи инсон шадидан поймол мешавад ва ҳазорон нафар танҳо ба ҷурми намозхонӣ дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Аҳзоби мухолиф ронда шуда, бисёрҳизбӣ як бозии зоҳирпарастона аст. Озодии баён вуҷуд надорад.

Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупо (муҳимтарин миёнарави эҳтимолӣ) ва Иёлоти Муттаҳида (ҳавохоҳи судури барқи тоҷик ба Афғонистон ва Покистон)-ро бо густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини шароити беҳтар барои сармоягузорони хориҷӣ ҷалб намояд. Ҳамон ба умеди Русия будану онро довари ҳақбин шумурдан хатои маҳз хоҳад буд. Бояд хайрхоҳии Аврупо, Амрико ва ҷаҳонро ба худ ҷалб кард. На бо ғарбгароии кӯр-кӯрона, балки бо пешбурди ислоҳот.

Аммо аз он ҷо ки ин як фароянди дароз аст, дар кӯтоҳмуддат таваҷҷӯҳ, ҳамкорӣ ва пуштибонии ду қудрати ҷаҳониро метавон бо табдили босуръати Тоҷикистон ба як кишвари воқеан демократӣ ҷалб кард. Бавижа, ки заминаҳои чунин “пешрафти инқилобӣ” мавҷуданд.

НАҶОТ

Ҳукумат агар намехоҳад, ҳамроҳ бо фурӯпошии ормони умумимиллии Роғун худро ба бунбасти охирини хеш ворид намояд, бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ислоҳоти демократиро ба роҳ монад, чеҳраҳои саршиноси мухолифро ба идораи давлат ҷалб кунад, ба ҳизбҳои сиёсӣ озодии комили фаъолият диҳад, муборизаи ҳақиқиро бо фасоди молӣ ва идорӣ ба авҷ расонад ва бе ягон тарсу ҳарос маҳдудиятҳои озодии баёнро аз байн барад.

Ҷаҳон имрӯз ба ҷазираи нави демократия дар Осиёи Марказӣ ниёз дорад ва эҳтимолан дар шароити феълӣ ин беҳтарин имконияти ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи шаъни худ ва татбиқи барномаҳои рушду истиқлолияти он аст.

14.06.2010 - Posted by | Роғун, Тоҷикистон, Узбакистон |

19 Comments »

  1. Хамду сано ба Аюбзоди сиёсатшинос! Бехтарин ва муфидтарин навишта оиди муносибат дар оянда бо узбакхо. Эй кош давлатдорони мо ва чаноби Эмомали Рахмон дар ин нуктахо андеша намуда хирадмандии хешро зохир намоянд. Дунё ба умед..

    Comment by Bedil | 14.06.2010 | Reply

    • Бовар дорам, бисёре аз навиштахо ба сурогаи зарурй мерасанд. Хуб аст, агар на дар сухан ва иловаю изофахи хусусй, балки дар нусхаи асл расонда шаванд. Сипосгузорам аз мехрубонии Шумо. Худо кунад, орзуи мову Шумо амалй гардад.

      Comment by aioubzod | 14.06.2010 | Reply

  2. ОЛИЧАНОБ.Фикру тахлили Шуморо хонда аз худ мепурсам “чаро чун шумо сиёсатмадорхо дар хукумати мо нестанд?”Чойи Шумо радио не.Агар дар хукумати Точикистон ду ё се нафар чунин инсонхои аз сиёсату давлатдори бохабар чой медоштанд ватан обод мешуд.

    Comment by dust | 14.06.2010 | Reply

    • Эҳ-ҳа! Дусти азиз, барои ман ҳамин журналистй баландтарин мансаб аст. Ва боз нависандагй дар лахзахои хастагй. Дар хар сурат сипосгузорам аз суханони неки Шумо.

      Comment by aioubzod | 14.06.2010 | Reply

  3. Дуруд устоди заки!
    Вокеан дуруст фармудед маьракаи хам фуруши сахмияхо ва хам чалби мардум ба ин иншоот аз руи эхсосоти шадиди ангор милли сурат гирифт, мисли хамон пуффаке аст,ки якбор дам мешаваду баьд суст мешавад.Маьракаи мо хам хамин тавр буд, аввалхо чунин ташвикот буд,ки ман шахсан худамро бовар кунондам,ки кор ОЛИ мешавад, аммо холо…
    Аз ду гузинахое,ки матрах намудаед, фикр мекунам рохи рахои аз ин вобастагихо гузинаи “Б” бошад.Мардум бояд то метавонад истодагари намояд бар мукобили ин “фишор”-хои хамсоякишвархо.

    Comment by Фирдавси Азьам | 15.06.2010 | Reply

  4. Харчи фармудед, дурусту рост аст, ки натичаи мушохидахои тулони ва амик мебошанд.
    Дуруст мегуед, ки Рогун дар ин маврид танхо мархалаи навбатист дар амри душмании давлати Узбакистон ба точикону Точикистон ва агар ин душмани ошкортар (хамрох бо чанги иттилоъоти) ва шадидтар сурат мегирад, сабаб ин аст, ки чанд омил ба ин душмани афзуда шуда: 1) дигар хакаме бо номи Кремл вучуд надорад, ки дар холати зарурат лагомхоро бикашад 2) Узбакистон ба паёмхои сарварони Точикистон, ки кишвари мо хеч гох хамсояхои худро бидуни об намегузорад, бовар надорад ва итминон дорад, ки Точикистон дар холи зарурат аз саддхои оби худ ба унвони фишор истифода хохад кард, чунонки Узбакистон худ газаш ва рохи оханашро ба омили фишор табдил додааст 3) шахси ду райиси чумхур, ки харду амбитсияхои вежа доранд якраванд ва намехоханд, ба якдигар гузашт кунанд.
    Тачрибаи мухосираи иктисодии Точикистон аз суи Узбакистон, ки мухолиф ва мугойир бо усули равобити байналмилал ва асосномаи СММ аст, бори дигар гувох бар он аст, ки кишвархои абаркудрат дар хама чо ва хама кор аз равзанаи манофеъи сиёси ва иктисодии худ нигох мекунанд ва созмонхои байналмилал низ аксаран васила ва абзоре барои пешбурди сиёсатхои ин абаркудратхост. Узбакистон бар хилофи Точикистон саршор аз газу нафт аст, ки василаи рушди санъат аст, Узбакистон бозори 27 млн.-и барои фуруши тавлидоти санъати ва колохои ширкатхои руси ва гарбист, Узбакситон рохест барои расонидани колохои гарбиён ба Афгонистон.
    Бибинед, яке аз мухимтарин ахдофи бонкхои чахони ва минтакаи мусоидат ба рушди тичорати озод аст, аммо дар шароите, ки Узбакистон Точикистонро дар мухосираи иктисоди карор додааст, ин бонкхо на танхо ба Узбакистон эътироз намекунанд, ки бо давлати ин кишвар – ин нокизи хукуки башар, ин диктатура, ин пайкараи зиддиинсони карордодхои чандмиллиони имзо мекунанд.
    Мо дар муносибат бо хама кишвархои чахон, аз чумла хамсоягон бояд сиёсати амик ва дакик андешидашуда дошта бошем. Вале хайхот!!! Бештарин заъфи мо дар хамин адами сиёсати амику дакик,дар хамин набуди дипломатияи нозук ки хадди акалл ду сол пешро дида тавонад ва дар ростои манофеи милли мо бошад, аст. Агар на чунин буд, мо ба содаги фиреби русхоро намехурдем ва чанд соли мухимро аз даст намедодем.
    Пас аз вокеоти соли 2005 Андичон ва ба дунболи он ба сарди гироидани равобити Гарб дар раъси Амрико бо Узбакистон фурсати хеле муносиб буд, ки мо тархи Рогунро мавриди коршиносии мухандиси ва мухитизисти карор бидихем ва ба сохтмони он шуруъ мекардем. Дар он шароит Бокни чахони, ки абзори дасти Амрикоист ин коршиносиро дар кутохтарин фурсат ва – агар на ба манфиати Точикистон, ки объективона (ки боз хам ба манфиати Точикистон аст) анчом медод ва консосиум хам ташкил мешуд ва сармоя хам пайдо мешуд!
    Бибинед, барои мурооти хотири Узбакистон кишвархои “дуст”-и мо Русия ва Чин тафохумхои каблии худ бо Точикистон дар мавриди эхдоси неругоххоро ба мархалаи ичро нарасониданд.
    Бештар аз ин, эхдоси неругоххои Точикистон ба рушди иктисоди Афгонистону Покистон аз тарики дарёфти неруи арзонтарини барк ва ба ин васила ба халли мушкилоти ичтимои дар ин гушаи ноамни чахон мусоидат мекунад, аммо хатто ин ду кишвар расман бо судури як баёнияе аз мавкеъи Точикистон дар бахсу обу энержи пуштибони накарданд!
    Сабаб он аст, ки сиёсати давлати Точикистонро бештар дилетантхо мечархонанд ва ин амр боз хам ноши аз сиёсати кадрии президенти Точикистон аст. Сиёсати кадрии у мутаасссифона, бештар ба махал такя мекунанд на ба хираду кордониву короии кадрхо.
    Ба акидаи ман бештари мушкилот ва нокомихои Точикистон марбут ба хамин сиёсати кадрии фарсаххо дур аз сиёсати давлатдори ва тасмимхои нодуруст ва гохе зидди миллии давлати Точикистон (мисли пардохт барои истьифода аз шохрохи Душанбе – Чаннак ) мебошад.
    Барои мо дар мархалаи кунуни, ки Узбакистон руирост душмани ва адоват зохир мекунад, муносибат бо Русия ба сарди гироидааст, чанг дар Афгонистони бародар, ки метавонад рохи муносибе барои мо ба чахони хорич бошад, идома дорад, дар кишвари дигари муттахид ва хамкисмати мо Киргистон субот бахам хурдааст, танхо рохи устувори ва муковимат бо хатароти атроф иттиход ва вахдати миллист. Аммо, боз хам мутаассифона, сиёсати кадрии давлати Точикистон манбаъ ва маншаъи парокандагии миллист ва низ коррупсия, ки хама нияти некро хунсо мекунад. Вакти он аст, ки президенти Точикистон аз сухан ба амал гузарад ва ба чойи тантанахои пурхарочоти вахдати милли сиёсати кадрии миллиро ба рох монад, ки худ асоси вахдат ва иттиходи миллист ва нахустин ва бузургтарин гом барои решакан кардани анчари манхуси коррупсия!!!

    Comment by Кодири Рустам | 15.06.2010 | Reply

  5. Устоди арчманд чаро шумо ва шумо барин сиёсатмадорон ва равшанфикрон аз идораи давлат канорачуи мекунед? Чаро шумо бо неруи аклонии худ дар идоракунии давлати иштирок намехохед кардан.Ва ируз хаваси мансабро факат бесаводону фасодон доранд факат ба хотири манфиати хеш.Чаро шумо ируз хохиши сохиби мансаб шуданро ба хотири бехбуди бахшидани зиндагии мардум,рушди чомеаи демократи ва аз чумла халли чунин казияхоро (дар мисоли муносибатхои Точикистону Узбакаистон) надоред? Ё акалан хамаи ин нерухо муттахид шаванду “Мозговой центр”таъсис бидихану дар идоракунии давлти хатман иштирок кунанд. Мутаасифона имруз неруи бокуввати точикро созмону ташкилотхои хоричи истифода мебаранд, ё зиёдашон бурун аз кишваранд.Мухтарам устод Точикистон бо он неруи заифи кадриаш имруз то кадом сатх кударти халли чунин казияхоро дорад?

    Comment by мохлико | 15.06.2010 | Reply

  6. Брависсимо, устод. Шояд Раиси Чумхур ё нафаре аз наздикони як каме инсофдораш сахифаи шуморо мехонанд?!

    Comment by farid | 15.06.2010 | Reply

  7. (Ирсоли мучаддад бо ислохоти имлои. Пас аз ин ривояти аввал мансух аст!)
    Харчи фармудед, дурусту рост аст, ки натичаи мушохидахои тулони ва амик мебошанд.
    Дуруст мегуед, ки Рогун дар ин маврид танхо мархалаи навбатист дар амри душмании давлати Узбакистон ба точикону Точикистон ва агар ин душмани ошкортар (хамрох бо чанги иттилоъоти) ва шадидтар сурат мегирад, сабаб ин аст, ки чанд омил ба ин душмани афзуда шуда: 1) дигар хакаме бо номи Кремл вучуд надорад, ки дар холати зарурат лагомхоро бикашад 2) Узбакистон ба паёмхои сарварони Точикистон, ки кишвари мо хеч гох хамсояхои худро бидуни об намегузорад, бовар надорад ва итминон дорад, ки Точикистон дар холи зарурат аз саддхои оби худ ба унвони фишор истифода хохад кард, чунонки Узбакистон худ газаш ва рохи оханашро ба омили фишор табдил додааст 3) шахси ду райиси чумхур, ки харду амбитсияхои вежа доранд, якраванд ва намехоханд ба якдигар гузашт кунанд.
    Тачрибаи мухосираи иктисодии Точикистон аз суи Узбакистон, ки мухолиф ва мугойир бо усули равобити байналмилал ва асосномаи СММ аст, бори дигар гувох бар он мебошанд, ки кишвархои абаркудрат дар хама чо ва хама кор аз равзанаи манофеъи сиёси ва иктисодии худ нигох мекунанд ва созмонхои байналмилал низ аксаран васила ва абзоре барои пешбурди сиёсатхои ин абаркудратхо астанд. Узбакистон бар хилофи Точикистон саршор аз газу нафт аст, ки василаи рушди санъат аст, Узбакистон бозори 27 млн.-и барои фуруши тавлидоти санъати ва колохои ширкатхои руси ва гарбист, Узбакситон масири муносиб аст барои расонидани колохои гарбиён ба Афгонистон.
    Бибинед, яке аз мухимтарин ахдофи бонкхои чахони ва минтакаи мусоидат ба рушди тичорати озод аст, аммо дар шароите, ки Узбакистон (узви ин бонкхо) Точикистон (узви дигар)-ро дар мухосираи иктисоди карор додааст, ин бонкхо на танхо ба Узбакистон эътироз намекунанд, ки бо давлати ин кишвар – ин нокизи хукуки башар, ин диктатура, ин пайкараи зиддиинсони карордодхои чандсадмиллиони имзо мекунанд.
    Мо дар муносибат бо хама кишвархои чахон, аз чумла хамсоягон бояд сиёсати амик ва дакик андешидашуда дошта бошем. Вале хайхот!!! Бештарин заъфи мо дар хамин адами сиёсати амику дакик,дар хамин набуди дипломатияи боназокат, ки хадди акалл ду сол пешро дида тавонад ва дар ростои манофеи милли мо бошад, аст. Агар на чунин буд, мо ба содаги фиреби русхоро намехурдем ва чанд соли мухимро аз даст намедодем.
    Пас аз вокеоти соли 2005 Андичон ва ба дунболи он ба сарди гироидани равобити Гарб дар раъси Амрико бо Узбакистон фурсати хеле муносиб буд, ки мо тархи Рогунро мавриди коршиносии мухандиси ва мухитизисти карор бидихем ва ба сохтмони он шуруъ бикунем. Дар он шароит Бонки чахони, ки абзори дасти Амрикост ин коршиносиро дар кутохтарин фурсат ва агар на ба манфиати Точикистон, ки объективона (ки боз хам ба манфиати Точикистон аст) анчом медод ва консорсиум хам ташкил мешуд ва сармоя хам пайдо мекарданд!
    Бибинед, барои мурооти хотири Узбакистон кишвархои “дуст”-и мо Русия ва Чин тафохум ва тавофукхои каблии худ бо Точикистон дар мавриди эхдоси неругоххоро ба мархалаи ичро нарасониданд.
    Бештар аз ин, эхдоси неругоххои Точикистон ба рушди иктисоди Афгонистону Покистон аз тарики дарёфти неруи арзонтарини барк ва ба ин васила ба халли мушкилоти ичтимои дар ин гушаи ноамни чахон, ки ба кулли чахон таъсироти манфи дорад, мусоидат мекунад, аммо хатто ин ду кишвар расман бо судури як баёнияе аз мавкеъи Точикистон дар бахсу обу энержи пуштибони ва химоят накарданд!
    Сабаб он аст, ки сиёсати давлати Точикистонро бештар дилетантхо мечархонанд ва ин амр боз хам ноши аз сиёсати кадрии президенти Точикистон аст. Сиёсати кадрии у мутаасссифона, бештар ба махал такя мекунанд на ба хираду кордониву короии кадрхо.
    Ба акидаи ман, бештари мушкилот ва нокомихои Точикистон марбут ба хамин сиёсати кадрии фарсаххо дур аз сиёсати давлатдори ва тасмимхои нодуруст ва гохе зидди миллии давлати Точикистон (мисли пардохт барои истьифода аз шохрохи Душанбе – Чанак ) мебошад.
    Барои мо дар мархалаи кунуни, ки Узбакистон руирост душмани ва адоват зохир мекунад, муносибат бо Русия ба сарди гироидааст, чанг дар Афгонистони бародар, ки метавонад рохи муносибе барои мо ба чахони хорич бошад, идома дорад, дар кишвари дигари муттахид ва хамкисмати мо Киргизистон субот бахам хурдааст, танхо рохи устувори ва муковимат бо хатароти атроф иттиход ва вахдати миллист. Аммо, боз хам мутаассифона, сиёсати кадрии давлати Точикистон боиси адами эътимод дар миёни мардуми манотики Точикистон ва манбаъ ва маншаъи парокандагии милли шудааст ва низ коррупсия, ки хама нияти некро хунсо мекунад. Вакти он аст, ки президенти Точикистон аз сухан ба амал гузарад ва ба чойи тантанахои пурхарочоти вахдати милли сиёсати кадрии миллиро ба рох монад, ки худ асоси вахдат ва иттиходи миллист ва нахустин ва бузургтарин гом барои решакан кардани анчари манхуси коррупсия!!!

    Comment by Кодири Рустам | 15.06.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз ин замимаи хеле мухиме, ки ба навиштаи банда кардед. Дарвокеъ на танхо ба умки мушкилихои мавчуда нигаристед, балки сабабу омилхои онро реша чустед.

      Махсусан ин нуктаро наметавон рад кард, зеро хеч гуна далел барои радди он мавчуд нест: “Бештарин заъфи мо дар хамин адами сиёсати амику дакик,дар хамин набуди дипломатияи боназокат, ки хадди акалл ду сол пешро дида тавонад ва дар ростои манофеи милли мо бошад, аст. Агар на чунин буд, мо ба содаги фиреби русхоро намехурдем ва чанд соли мухимро аз даст намедодем.”

      Ва хам ин нуктаро низ бояд таъкид намуд: “Сабаб он аст, ки сиёсати давлати Точикистонро бештар дилетантхо мечархонанд ва ин амр боз хам ноши аз сиёсати кадрии президенти Точикистон аст. Сиёсати кадрии у мутаассифона, бештар ба махал такя мекунанд на ба хираду кордониву короии кадрхо.”

      Мушкил дар он аст, ки сардори давлат гаравгони кадрхои худ шудааст ва талош мекунад, касеро аз худ наранчонад. Фикр намекунад, ки барои чанд ёру дуст ва хешу табор шуда, дар поёни кор ва окибат вай тамоми халки точик, хамаи шахрвандони Точикистонро хохад ранчонд ва на бо номи неке дар таьрих хохад монд. Афсус, рангубор ва шукуху чалоли хукуматдориву сарварй пеши чашмонашро бастааст ва мулозимону надимонаш хам ба у ончиро мегуянд, ки ба гушаш форам расад. Окибати ин иллюзия метавонад, хеле сахту сангин бошад.

      Comment by aioubzod | 16.06.2010 | Reply

  8. Гузаштхои Точикистон ба талаботи Узбекистон аз кабули режими виза сар карда дар муддати ду дахсола он кадар зиёд, ки як мафкураи бо точикон ва Точикистон хама корро карда мумкин астро ба вучуд овардааст. Кор ба он мархилла расидааст, ки Узбекистон тахсили мактабхои точикиро то синфи 9 махдуд кард, яъне колечу лисейхои точикиро таъсис надода ба идомаи тахсили точикон монеа пеш овард. Яъне хукуки точиконро махдуд намуд. Ба гайри ин олимони торихшиноси Узбекистон чанд соли охир хама корхои асосии илмиро гундошта монда ба инкори мавчудияти мардуми точик дар марзи Осиёи Маркази машгуланд. Нигаред дар ин бора ба маколахое, ки баъзеи онхоро дар Интернет гузоштаанд. Дар ин бобат точики миллатфурухтаи хамшахрии Саттор Турсун Камолиддин Ш. пешкадам аст.

    Ба фикрам С.Аюбзод танхо баъзе аз ин зиддиятхоро номбар кардаанд.

    Comment by Сухроби Рустам | 15.06.2010 | Reply

    • Дуруст дарёфтаед, ман танхо бархе аз масъалахоро номбар кардам ва нукоти дардомези фишор ба точикон аз тарафи як кавми ба худи точикон наздик хеле ва хеле зиёданд.

      Вале манзуратон аз Камолиддин Ш. чист? Мешавад, каме бештар хикоят кунед?

      Comment by aioubzod | 16.06.2010 | Reply

  9. Устоди мухтарам Шумо дар поёни макола рохи начотро пешниход намудаед!Бо ин роххои нишондодаи шум бовар кунед хукумати кунунии Точикистон аз байн меравад!Саломат бошед!!!

    Comment by Ошурмахмад | 17.06.2010 | Reply

    • Ошурмахмади азиз. Манзуратонро нафахмидам. Яъне давлатдории точикон аз байн меравад ё хамин хайати феълии хукумат?

      Comment by aioubzod | 17.06.2010 | Reply

  10. Асархои Камолиддин Ш. зери ин ном дар Googl хаст.

    Comment by Сухроби Рустам | 19.06.2010 | Reply

  11. Сиёсат хунари аз хама мураккаб аст. Он чараёнхои ба чашми нонамоёни зеризамини дорад.
    Сиёсадмадор барои фахмидани он ки «об» аз кучо меояду ва то кучо мерасад, мачбур мешавад, ки баъзан «обро ранг» кунад. Барои он ки оби Искандаркул то кучо мерасад оби онро бо марганец ранг кардаанд. Чашмахои шахри Самарканд рангин шудааст.
    Рахмон низ барои фахмидани он ки хуб шудани муносибатхои ин ду чумхуриро ки намехохад, оиди Самарканду Бухоро ду-се харфи гайрирасми гуфта гуё таъкид кардааст, ки ин гап хамин чо бимонад.
    Дар ин сухбат Аркадий Дубнов набудааст. Аммо хамон руз уро пайдо карда мефармоянд, ки барои бад кардани муносибатхои Точикистону Узбекистон дар асоси гапхои Рахмон макола нависад. Ва хамон руз журналисти зархарид садо баланд мекунад. Дубнов агенти кист? Чаро коргардоне, ки оиди кушодани кабри Амир Темур филми мустанад гирифтааст, Малик Каюмовро такрор ба такрор мачбур кардааст, ки мукобили устод Айни гап занад?
    Чаро бо чори шудани режими виза на дар шахру вилоятхои калони Узбекистон, на Точикистон ягон консулхона кушода нашуд?
    Хар як шартнома ба мухлати муаян кабул мешавад.
    Шартномаи мазкурба кадом мухлат кабул шудааст? Магар то киёмат?
    Чунин саволхоро сиёсатшиносони хар ду чумхури бояд тахлил кунанд. Аммо ку он сиёсатшиносони бохирад?

    Comment by Сангин Мурод | 20.06.2010 | Reply

  12. Salim, tu bo hamon takhayyuli tangi kuhistoni ki ba juz sangu shakh digar chizero dar suvari khesh nadorad muhokimaroni mekuni va nasli shumo az on badbakhtoni proletarzodaed ki shumoro Kreml ba guruhhoi milli taqsim kardu shumu hama chun gusfandoni jahlzada sar ba sari ham mezaned va dar simoi hamdigar dushman mejued. To zamone ki tu va nasli tangnazari tu az sahna dur nashavand nasli nav chi dar Tojikistonu chi dar digar kishvarhoi Osiyoi Markazi ba zindagii khub nakhohand rasid. Masalan kasero ki padar tojiku modar uzbek va yo baraks boshad pas u kist va bo ki boshad – oyo shumo bore dar borai in toifa andishidaed – magar gunohi onhost. Ilova bar in tu khud metavoni guftan ki 3-4 hazor sol pesh guzashtagoni tu az chi millat budaand. harchand ki dar urupo budai namedonam charo az urupo bekhabari, afsus ki harchand peshqadami millati khudi az beshtarin kasoni jahon pasmondai. Ba hama chiz az oasi sangar menigari, dar pasi sangar yo uzbek yo rus, yo amrikoi va e.s. Bubin Rudakii buzurg andeshai milli dosht va yo andeshai bashari va yo Hofiz, charo mardumro ba chunin andeshahoi voloi bashari hidoyat namekuni. Nashavad ki navistahoyat pas az sarat ba zudi botil shavand.
    Baroyat taharruki andesha khohonam.

    Comment by Hushdor | 29.07.2010 | Reply

  13. То чое ки аз номаи хашмолуд ва пурпечутобат донистам, бародари азиз, маро ба тангназарй айбдор мекунй ва ба он ки гуё аз паси сангар менигараму он су факат душман мебинам. Валлох, ки рост мегуй, точики ман имруз як дуст хам дар хамаи руи замин надорад. Шаш чихаташ сангар асту душман дар камин ва аз дарду хашм худаш ба худаш хам душман гаштааст.

    Ту фикр мекунй, онхое, ки вагонхои Точикистонро намегузорад, барои мардум нону кафан баранд ва онхое, ки намехоханд, хонаи точик рушану гарм бошад, дустони туанд? Агар онхо дустони ту бошанд, пас ту худ дусти ин мардуми ин сарзамин нестт! Ва чаро ин хамсоя даст ба рус додаву мехохад, моро ба зону биншонад ва биншонда хам. Ва инро бидон, ки вакте ман узбак мегуям, хукумати Узбакистонро дар назар дорам, на мардуми онро. Чй тавр, ту ки ин кадар доной ва наслу зоти хамарову хадафу максади хамаро мефахмй ва ин кадар фарохназарй, ин чизхои одиро намефахмй?

    Зимнан дар бораи гузаштагонам хам хамин чо навиштаам ва дар бораи кухистонигарй низ. Аммо нафахмидам, насли мо ба ту чй кардааст, ки ин кадар ба он танаффур дорй. Ман ошики наслбозихову тафрикаандозихо нестам ва бархилофи ту аз насли пешгузаштам сипосгузораму ифтихор мекунам, зеро харчи буду набуд, кореро, ки метавонист, кард. Аммо ту худ чй кардаи, ки ба хештан хакки таъин медихй. Агар ин кадар ба дилу гурда хастй, номи худро паси ник пинхон накун ва ошкоро ба майдон баро, он гох бахс кунем. Ба хар хол, туро хуб мефахмам ва медонам аз кадом обу гилй, лутфан, малул мабош. Хар вакт ки Яздон хост, ман хам сахнаро тарк мекунаму насли ман хам. Инаш дигар ба дасти Уст, вале хеле тардид дорам, ки бо ин равиш он вакт рузи ту хуш шавад. Тарсам, ки баракс нашавад.

    Вале чи хуб, ки нихоят афроди мисли ту хам ба интернет дастрасй ёфтед ва хуруфро хам ёд гирифтед. Худо кунад, бештар омузй ва андешидану навиштанро хам ёд бигирй. Охир касе агар Рудакиву Хофиз хонда бошад, суханро ингуна бо захр намеомезад. Худо биёмурзад туро, азизам.

    Comment by aioubzod | 29.07.2010 | Reply

  14. Akai Salimjon lutfan tab’i khudro bo sukhanporamonandihoi in guna shakhsoni khudkushi begonaparast(khudi budanash ham noma’lum),khira nanamoyed. Chunki on chi u injo ovardaast hama puchu bemagz va muhimtarash bedalelu beasos hastand va mutmainam ki 90% nasli hozira ba shumo tarafdor khohand bud. Uzbakiston hej goh khohoni peshravii Tojikiston nabud nest vva nameshavad. Tashakkur baroi navishtahoi hakikatboraton.

    Comment by Muzaffar | 31.10.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: