Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нафаси фалокат

Расонаҳои ҳамагонии ғарбӣ бо ҳайратзадагии тамом аз ваҳшати даргириҳо дар ҷануби Қирғизистон хабар дода, решаҳои низоъро кандуков мекунанд. Онҳо мехоҳанд пардаро аз рӯи воқеаҳо бардоранд ва ояндаи авзоъро аз зовияҳои гуногун ҳадс мезананд.

Ҳоло як мурури кӯтоҳ ба муҳимтарин матолиби чанде аз нашрияҳои бонуфузи ғарбӣ.

РЕШАҲО

Рӯзномаи “Daily Telegraph” менависад, ин хабар, ки гӯё қатлҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон рӯзи шанбеи гузашта сар шуд, ғалат аст, зеро он ҳанӯз аз давраи Иосиф Сталин шурӯъ шуда буд. Ҳафтаномаи “The Economist” низ ба ин нукта ишора карда, ҷабрдидагони рӯйдодҳои Қирғизистонро охирин қурбониёни мероси Сталин номидааст.

Ба гуфтаи “The Economist” Сталин марзҳоро дар Осиёи Марказӣ ба гунае кашид, ки ҳар ҷумҳурӣ гирифтор ба рақобатҳои қавмӣ бошад ва ҳеҷ кадом натавонад, ба Иттиҳоди Шӯравӣ мухолиф барояд ё аз он хориҷ гардад. Ин, ба навиштаи “Daily Telegraph” афсона аст, ки Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳар кадом мутаносибан хонаи миллии қирғизҳо, тоҷикҳо ва узбакҳост.

Масалан, шаҳри Ош, ки сокинонаш ғолибан узбаканд, дар қаламрави Қирғизистон монд ва ё марказҳои фарҳангии тоҷикон Самарқанд ва Бухоро на дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди Узбакистонанд. Ин ҳол дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки миллатгароиро зери фишори сангин нигоҳ медошт, хатарнок набуд, аммо акнун дар давлати мустақил миллатгароӣ идеологияи давлатиро ташкил медиҳад.

ТАБИАТИ НИЗОЪ

Аксари расонаҳои ғарбӣ низоъ дар ҷануби Қирғизистонро қавмӣ қаламдод кардаанд, аммо “New York Times” ба табиати синфии он аҳамияти бештар қойил шудааст. Ба нақл аз коршиносон, ин рӯзнома менависад, қирғизҳо аз рӯи анъана кӯҳманчӣ ва узбакҳои кишоварз будаанд. Дар давраи шӯравӣ узбакҳо шадидан норозӣ буданд, ки заминҳои кишти онҳо барои манзилсозӣ ба қирғизҳо дода мешуд. Бо андаке суст шудани фишори Маскав дар соли 1990 узбакҳо ва қирғизҳо дар Уш ба ҷони ҳамдигар дарафтода буданд.

“New York Times” меафзояд, таърихан узбакҳо пулдортаранд ва зиндагии бофароғате доштанд, ки ҳамеша рашки ҳамсояҳои қирғизи онҳоро меовард.

Гӯё дар идомаи мантиқии ҳамин нукта “Daily Telegraph” менависад, узбакҳои ҷануби Қирғизистон ибтидо аз президент Аскар Оқоев ҳимоят мекарданд, ки дар муносибат ба онҳо эҳтиёткор буд. Як тавозун дар муносибати ҳукумати марказӣ бо онҳо дар давраи Боқиев аз байн рафт. Қирғизҳои ҷануб аз Боқиев, ки ӯро намояндаи худ медонистанд, пуштибонӣ мекарданд ва дар ҷавоб имтиёз ва озодиҳое доштанд.

МАНОБЕИ ХАБАРӢ

Бо сабаби он ки расонаҳои ғарбӣ ба Осиёи Марказӣ асосан ҳангоми ошӯбу даргириҳо мутаваҷҷеҳ мешаванд, аксари онҳо аз оғози хунрезиҳо дар Қирғизистон бехабар монданд ва ба гузориши созмонҳои ҳуқуқи башар такия кардаанд. Аз ин лиҳоз, созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch тақрибан нақши хабаргузориро бозидааст.

Иттилои дасти аввале, ки намояндаи ин созмон дар Уш, Оле Солванг, ҷамъ овардааст, дар чандин нашрия ба табъ расидааст. Солванг бо ҷавонзани 19-сола Нодира ҳамсӯҳбат шудааст, ки сарурӯяш пур аз захми латукӯб буд. Нодира тифли панҷмоҳа дар даст ба минтақаи “Кирпичний завод” рафтааст, то аз ҳоли шавҳар ва хешу табораш огоҳ шавад, аммо ба ғайр аз як ҳавлии саропо хоку хокистар чизе наёфтааст. Дар бозгашт, мусаллаҳоне ӯро нигоҳ дошта, латукӯб ва таҷовуз кардаанд. Вай дар ин гирудор кӯдакашро гум кардааст.

Солванг инчунин бо Азимҷон Аскаров ҳамсӯҳбат шудааст. Аскаров бархе аз рӯйдодҳоро дар видео гирифтааст. Дар яке аз онҳо полис дида мешавад, ки ғоратгарӣ ва сӯзондани хонаҳоро мебинанд, аммо дахолате намекунанд. Ба гуфтаи Солванг, Аскаров акнун дар ҳасб ба сар мебарад ва бародараш мегӯяд, ӯро дар маҳбас латукӯб мекунанд.

ШУБҲА АЗ НЕРӮҲОИ ДАВЛАТ

“Washington Post” амалкарди артиш ва полисро зери суол бурда, навиштааст, аксари фирориёни узбак ибтидо ба полис ва ҳарбиён чашми умед бастаанд, аммо вақте диданд, ки онҳо, ба камияш ҳамлаи одамкушону ғоратгаронро нодида мегиранд, онҳоро ҳам бахше аз ҳамлаварон меноманд ва ба сухани ҳукумати муваққат бовар надоранд.

“The Economist” мегӯяд, ҳукумати муваққат бегуноҳ ҳам нест, аммо ба кӯмаки байнулмилалӣ эҳтиёҷ дорад, то тартибу низомро барқарор кунад. Вале ба қавли “Wall Street Journal”, зоҳиран ҳеҷ яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ омода нест, ба Қирғизистон кӯмак кунад. Дар посух ба ин “Financial Times” менависад, аз сӯи дигар мудохилаи Русия метавонад, нороҳатии бузургеро эҷод кунад, чун хотираҳои ҳамла ба Гурҷистонро дар соли 2008 зинда хоҳад кард.

ДАСТАК БА ДИКТАТОРОН

Ва “The Economist” гӯё ин ҳамаро хулоса мекунад, ки рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон ба диктаторҳои Осиёи Марказӣ дастак хоҳад дод, ки ба бартарии ҳукумати қавии авторитарӣ таъкид кунанд. Аммо ин боз ҳамон сталинизм хоҳад буд ва дар қуттӣ ҷой кардани шиддатҳо танҳо як оромии дурӯғинро ба вуҷуд хоҳад овард. Ба гуфтаи “The Economist”, мушкилоти феълии Қирғизистон аз демократия сар назадааст, баракс он метавонист кишварро аз чунин рӯзи сиёҳ наҷот бидиҳад.

Расонаҳои ҳамагонии Ғарб ояндаи рӯйдодҳои Қирғизистонро чаҳор навъ тахмин мезананд:

  • хушунат идома мекунад ва густариш меёбад
  • низоъ ором мегардад
  • Русия дахолат хоҳад кард
  • нерӯҳои посдори сулҳи Созмони Милал ба кишвар ворид хоҳанд шуд.

Ин матлаб нахуст дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд ва аммо акси зерро ҳамкорам Тоҳири Сафар аз амвоҷи хабару гузоришҳо пайдо кард ва ба ҳамагон фиристод.

Зернависи ин акс чунин аст: “Фирӯза, шаҳрванди Тоҷикистон барои аёдати модараш ба Уш сафар карда буд ва бо оғози даргириҳо аз Қирғизистон фирор кардаву дар урдугоҳи паноҳандагон, дар наздикии деҳаи Ёрқишлоқи вилояти Андиҷони Узбакистон ба сар мебарад. Вай дар назди духтарчаи панҷрӯзааш Ҳадиса нишастааст.”

Аксро Шомил Жуматов, аккори Ройтерз рӯзи 15-уми июн бардоштааст.

Фирӯза кист ва аз куҷо ба ин ҷо омадааст? Модараш куҷост? Хешу наздиконаш куҷо бошанд?

Навишта будам, ки аз аҳволи ҳазорон тоҷик, ки дар ҷануби Қирғизистон ба сар мебаранд, хабари дақиқе нарасидааст. Як манбаъ дар шаҳри Уш ба ҳамкорам Мирзоҷалоли Шоҳҷамол гуфтаанд, ки дар ин шаҳр зиёда аз 110 шаҳрванди Тоҷикистон интизори кӯмаки ҳукумати худанд. Сарнавишти баъдинаи онҳо ба чӣ ранг бошад.

Хабаргузории Шинҳуаи Чин иттилоъ дод, ки ин кишвар 2780 шаҳрванди худро бо ҳавопаймоҳо аз Уш ва Ҷалолобод ба Вилояти Шинҷону Уйғур интиқол додааст.  Ҳоҷат ба шарҳе нест.

Худовандо, бандагони бечораатро наҷот бидеҳ!

18.06.2010 - Posted by | Осиёи Марказӣ, Узбакистон, Фалокат, Қирғизистон |

2 Comments »

  1. Маъзарат, Устод,

    “Ксинҳуа” не, “Шинҳуа”. “X”-и лотинӣ аз чинӣ ба тоҷикӣ бо “Ш” ҳарфгардон мешавад. Мисли “Xingang” – “Шинҷон”

    Бо эҳтиром,
    И.К.

    Comment by I.K. | 21.06.2010 | Reply

  2. Дуруст аст, кабул дорам. Албатта, дар вожахои чиной, на хамеша .

    Comment by aioubzod | 21.06.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: