Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Боришот бориданд”

Чанде пеш як намояндаи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар сӯҳбати телевизионӣ роҷеъ ба селу обхезӣ дар кишвар мехост, бигӯяд, “борон зиёд борид” ё “бориш зиёд шуд”, вале ғалатеро, ки шояд аз касе омӯхта буд, батакрор ба забон овард: “боришот зиёд бориданд”, “боришот бориданд”.

“Бориш” вожаи ноби тоҷикист ва акнун зӯракӣ ба он пайвандаки ҷамъбандии арабии “от”-ро часпондаанд. Ба ин шева шояд рӯзе “варзишот” ва “ҷаҳишот” ҳам пайдо шаванд.

Интизори ман ин буд, ки корманди телевизион ҳамчун як донандаи забон ва журналисти собиқадор ин иштибоҳи ҳамсӯҳбаташро ислоҳ мекунад, аммо ҳайҳот, пас аз лаҳзае вай худаш ба “боришот бориданд”-гӯӣ сар кард. На танҳо ба гӯш, балки ба чашмони худ бовар намекардам…

Шояд “камол”-и ҳамнишин ба ӯ асар кард? Дертар, пас аз сайре дар сомонаҳо ва нашрияҳо донистам, ки “боришот” кайҳост, дар забони бисёре аз журналистони мо маъмул шудааст ва ин айби корманди технократи Маркази ҳавошиносӣ не, балки айби мо, журналистон, аст, ки ин ғалатро ба мардуми худ омӯзондаем.

Дар омади гап, айни чизро метавон да ҳаққи вожаи нави “селхезӣ” низ гуфт. Касе мехост, обхезӣ бигӯяд, аммо ё калима ба ёдаш наомад, ё аз куҷое шунида буд, ки “селхезӣ” гуфт ва яке аз паси дигар ҳама ба “селхезӣ” дилу забон бастанд. Сел намехезад, балки меояд ё мезанад. Мардум мегӯянд “сел зад”, “сел омад”, “сел шуст”, “сел бурд”, “сел овард”, аммо касе “сел хест” намегӯяд. Сел дар ҳоли хоб нест, ки хезад. (Дар бораи ғалати дигар – “сел борид” нигаред ба пажӯҳиши устод Муҳаммадҷон Шакурӣ “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад”, Душанбе, 2005, саҳ. 36.)

Ба наздикӣ як нафар бисёр талош кард, ҷамъбандии арабиро ба вожаи дигари тоҷикӣ — “пешниҳод” низ бичаспонад. Гаштаю баргашта “пешниҳодот” гуфтан, мумкин аст дар ояндаи наздик ин орзуи ғалатро низ ҷомаи амал пӯшонад ва на танҳо “пешниҳодот” ҷой афтад, балки “пешниҳодотҳо” ҳам урф шавад.

Магар пасвандҳои ҷамъбандии “ҳо”, “он”, “вон” ва “гон”-и тоҷикиро чӣ шудааст, ки мардум дар гуфтор ва навиштор ҳарчӣ бештар ба ҷамъбандиҳои арабӣ рӯ меоранд? Чаро моли худро мондаву аз дигарон вом мегирем? Чаро ба забони модарӣ хиёнат мекунем?

Нафари дигар дар мусоҳибаи радиоӣ ҳар сари чанд ҷумла вожаи “назариётҳо”-ро ба кор мебурд. Боре “тадорукотҳо” низ садо дода буд. Сабабаш табиист, зеро пайвандакҳои бегона маънои барои гӯянда зарурро намедиҳанд ва ӯ ин норасоиро ҳис кардаву ба калима як ҷамъбандии дигар низ ҳамроҳ мекунад, ки ғалат андар ғалат ва узри бадтар аз гуноҳ аст. Ягона роҳи наҷот аз чунин ғалатҳо парҳези пурра аз корбурди ҷамъбандиҳои арабист.

Албатта, намешавад ҳамаи онҳоро аз забон берун ронд, зеро бахши бузурге аз ҷамъбандиҳои арабӣ дар забони мо хеле маҳкам ҷобаҷо шудаанд ва он ҳам дар натиҷаи мӯди рӯз ё одатҳое, ки як муддат дар ҷомеаи қаламкашон иштибоҳан ва аз бесаводӣ бартарӣ пайдо мекунанд ва сипас бахши калони онҳо боз фаромӯш мегардад.

Ҳамин гуна, то солҳои 1920 дар забони мо ҷамъбандии арабӣ мақоми асосӣ доштааст. Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар китоби “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” овардаанд, ки маҷаллаи “Шӯълаи инқилоб” аз нигорандагони худ хостааст, аз истифодаи калимаҳои ношиноси арабӣ худдорӣ кунанд ва низ калимаҳои форсиро ба қоидаҳои арабӣ ҷамъ набанданд. “Яъне ба ҷои “фаромин”– “фармонҳо”, “ҳозирин” — “ҳозирон”, “навиштаҷот” — “навиштаҳо”, “макотиб” — “мактабҳо”, “шуъаро” — “шоирон” ва мисли инҳо” нависанд. (“Шӯълаи инқилоб”, 1919, рақами 20, саҳ. 1)

Дар ҳоле ки корбурди ҷамъбандиҳои арабӣ як муддат ҷиддан коҳиш ёфт, ҳоло мисли ин ки давраи нави мӯди он сар шудааст. Бархе аз қаламкашон фикр мекунанд, ки ин калимаҳои ҳатто барои худашон нофаҳмо ё начандон фаҳмо, босаводии онҳоро нишон медиҳад. Ҳама ҷо пур аз “асомӣ”, “мазомин”, “масориф” ва монанди инҳо шудааст.

Ҳамин гуна давраи шукуфоии ҷамъбандии дигари арабӣ “ин” низ расидааст. “Муҳассилин, мухолифин, муҳоҷирин, мунофиқин, масъулин…” Шояд барои гӯш ва вазни сухан хушсадост, аммо тоҷикӣ нест. Ба гӯши ман, шахсан, “масъулон” ё “мухолифон” хуштар аст. Аз чӣ бошад, “масъулин” маро ба ёди беморон ва доруи “инсулин” мекашонад.

Бояд бозистод, то рӯзе вожаҳои “донишмандин”, “кормандин” ва ё “пизишкин”-у “беморин”-ро ҳам нашунавему нахонем. Ба хотири гиромидошти забони модарӣ.

Ба гуфтаи устод Шакурӣ, қаламкашон набояд ин равандро вусъат диҳанд, зеро ҷамъбандиҳои арабӣ дар забони халқ камтарин ҷойгоҳро доранд ва агар мо забонро аз соҳибонаш ҷудо ва дур карданӣ набошем, бояд аз ҷамъбандиҳои душвори арабӣ ва куллан корбурди вожаҳои бегона то ҷое, ки метавонем, парҳез кунем.

20.06.2010 - Posted by | Забони модарӣ, Матбуот, Фарҳанг | ,

8 Comments »

  1. Инхо чанд калимае, ки бо як нигох аз ду маколаи матбуоти точик барчида шуданд:

    Қазия, ҷараён, мудохила, низоъ, истисно, нуфуз, ҳаводис, манофеъ, саҳим, маҳсуб, муҷаррад, хушунат, васила, омил, тавассут, ташрифот, муваззаф, мухолифат, маврид, муваффақ, тарҷеҳ, ҷиноёт, фоҳиш, тафриқа, иродат, масъулин, тавофуқ, аҳром, такзиб, таҳаввул, улгӯ, мадорик, шавоҳид, муассир, авлавият, тасвиб, мароҳил, муҷаддадан, мукаррар, илҳоқ, истиқрор, муғриз

    Comment by Samandar | 20.06.2010 | Reply

    • Самандарчон, албатта, на хамаи ин калимахо ношинос ва нофахмо ё галатанд, балки бештари онхо дар забони форсй чой гирифтаанд ва ба андозае кавй, ки вожахои форсии ин мафхумхо кайхо аз ёди сохибони забон рафтааст. Дарег, аммо чора нест. Ба хар хол бо эхтироми захмате, ки Шумо кашидаед, талош мекунам, форсии онхоро бичинам:

      Парванда, фароянд, дастхуш, даргирй, ягона, шумор, зуроварй, фишанг, моя, бо, вазифадор, норозигй, пайт, комёб…

      Comment by aioubzod | 21.06.2010 | Reply

  2. Дуруст гуфтед. Галат андар галат сухан гуфтан ё навиштан ба он хотир аст, ки “бе маъниги” эхсос нашавад. Ба ин андешаам, ки танхо вокеъанигорон нестанд вожахоро носахех истифода мебаранд. Садрнишинон низ авлавият доранд. Шахсан аз забони вазирону кабирон ин бе маънигиро бисёр шунидаам. “Ахборотхо”, “хусусияти хос”, “хар касе забони модариро гум мекунад, ин бехтарин … гунох аст. Махмадсаид Убайдуллоев, мири шахри Душанбе(дар рузи чашни забон 22 июли соли 2009.)” ва гайрахо.

    Comment by Дустдори озодагон | 21.06.2010 | Reply

    • Дастикам аз хамин руз сар карда, метавон ба пархез аз чамъбандихои арабй огоз кард ва бигзор факат як гушаи забони хешро пок нигох дошт.

      Comment by aioubzod | 21.06.2010 | Reply

  3. Дуруд ба устоди нуктасанч!

    Вокеан ин масьла ва ин мушкил дар чомеаи мо дар хама сохот чи давлатию чи инфироди ба мушохида мерасад.Ман чандин бор аз оинаи нилгун мушохида намудаам,ки хабарнигор(гардонандаи барномаи ахбор) аз калимахое чун ахборот, натоичахо, мазоминхо корбурд кардааст.Яне ин мушкил фикр мекунам таи солхост,ки чомеаро фаро гирифтааст.Вакте аз забони рузноманигори такрибан собикаи 15 солаи кори мешунави,ки мегуяд: “Аз тачорубхои хосилкардааш ба манфиати давлату миллат кумак намуд” . Вакте ба як нафар гуфтам дар ин чумла чи ишколе ба мушохида мерасад, у хам чизе нагуфт ва дуруст будани ин чумларо иддао кард.Аммо бубинед, хамин вожаи “тачорубхо” дорои пайвандаки чамьбандии иловагии “хо” мебошад, агар мо онро ба истилох тарчума кунем, бояд ин тавр шавад;тачрибахохо, магар хандаовар нест.Шакли чамьи алимаи тачриба ин тачоруб аст, тамом,”хо” лозим нест.
    Мутшаккирам аз устод Аюбзод барои интихоби чунин мавзуи мухим.

    Comment by Firdavsi A'zam | 22.06.2010 | Reply

  4. Барои Фирдавси Аъзам:

    Дар чумлаи “Аз тачорубхои хосилкардааш ба манфиати давлату миллат кумак намуд” танхо “тачорубхо” галат нест, балки ин чумла чанд галату сахв дорад: аввал) “аз тачоруб… кумак намуд” хатост, бояд гуфт, “бо истифода аз тачоруб кумак кард”, дувум) “манфиат” дар ин маврид зарур нест, чи агар “кумак” аст, худ нофеъ ва муфид будани амрро мерасонад, севум) ба ивази “кумак”-и туркӣ истифода аз “ёри”-и форсӣ ва ё “мусоидат”-и арабии форсишуду истифода кардан бехтар аст.

    Дар мачмуъ бояд гуфт, ки телевизиони точик дар тахрибу вайрон кардани забони модарии мо бештарин саҳмро дорад. Бо итминон мегуям, ки беш аз 60 дар сади гуяндагон ва хабарнигорони телевизиони точик забони меъёри адабии точикиро намедонанд.

    Хабарнигорони точик беибо ба чои “сомонӣ” (номи пули милли) “сомон” мегуянд, ибораи соддаи барф борид, дар забони онхо ба “бориши барф ба амал омад” табдид ёфтааст. Онхо ба чои “пул” аз “купрук”, бадали “садд” (“даргот”, “варг”) аз “плотина” истифода мекунанд, дар миёни “намоиш” ва “намоишнома”, байни “филм”-у “филмнома” фарке намебинанд, бархе бо лахча ва бархе мисли руси точикиомухта сухан мегуянд. Духтараке барномае дорад дар бораи хунарпешагони синамои хоричӣ (бештар амрикоӣ ва хиндӣ) ва дар ин барномааш номи филмхоро ба русӣ меорад!!!

    Comment by Кодири Рустам | 23.06.2010 | Reply

    • Дуруд ба устоди азиз Кодири Рустам.

      Муташаккирам аз лутфатон,ки ба чумлаи “Аз тачорубхои хосилкардааш ба манфиати давлату миллат кумак намуд”- зикр намудаи ман (аммо ин чумларо ман нагуфтаам) таваччух намуда хатогихояшро ошкор намудед. Иддао ва баррасиятон аз ин чумларо комилан кабул дорам, аммо бояд бигуям, ки чун банда бештар ба пайвандаки чамьбандии иловагии “хо”–и ин чумла таваччух намудам ва кисми дигари чумларо дар канор гузоштам, чун максадам дар овардани ин чумла танхо нишн додани барзиёд будани ин пайвандаки “хо” буду халос.

      Аммо устоди азиз, мутшаккирам аз баррасиятон ва мо хамеша ба чун шумое ниёзмандем.
      Бо эхтиром
      Фирдавси Аьзам

      Comment by Firdavsi A'zam | 24.06.2010 | Reply

  5. Бародари азиз, Фирдавс, зикри айбхои дигари он чумла, на ба ин далел буд, ки гумон карда бошам, мутааллик ба калами туст, балки хостам ба таквияти навиштаи ту биафзоям, ки бисёре аз каламкашони мо, ба вежа хабарнигорон бидуни андеша ва тааммул менависанд ва як сабаби умдаи харобии забони навиштор ва гуфторашон хамин аст! Вассалом.

    P.S. “Хатоги” хатост, “хато” гуфтану навиштан худ кофист!

    Сарбаланд боши!
    Бо эхтиром, Кодири Рустам

    Comment by Кодири Рустам | 25.06.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: