Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тасвири “секс” ва марзи одоб

“Шумо хеле беодобона навиштаед. Махсусан дар бобати муносибати зану мард ва ё тасвири ҷисми зан.” Чунин навиштааст бонуи азизе дар мавриди китобчаи ман “Каме латра”, ки соли 2007 дар нашриёти “Деваштич” дар Душанбе ба теъдоди 500 нусха ба табъ расид.

Бо иҷозаи муаллифи ин нома ва ҳам хонандаи дигаре посухро аз тариқи торнигор пешниҳод мекунам.

Хонандаи аввал ба он таваҷҷӯҳ мекунад, ки дар ҷое аз ин китоб сухан аз поймол шудани ҳувияти зан ҳамчун инсон ва табдил шудани он ба олати хоҳишҳои шаҳвонии мардҳо меравад. Ва дар ҷое ба он ишора мешавад, ки занон бо тани худ роҳи беҳбуди вазъи рӯзгори хешро пайдо ва истифода мекунанд.

Дареғ мегӯям, ки хонандаи азиз, ҳарфи маро на ба он гунае фаҳмидааст, ки ман мехостам. Аслан ҳадафе надоштаам, ки занонро таҳқир кунам, баракс ончӣ навиштаам, дар пуштибонӣ аз занон аст, ки нигоҳи мардҳо ба онҳо дар ҷомеаи мо пеш аз ҳама ва асосан маънии ҷинсӣ ва шаҳвонӣ дорад.

Ба беҳтарин зан, қатъи назар, ки ӯ олим аст, шоир аст, ҳунарпеша ё арбоби сиёсӣ мардҳои тоҷик дар навбати аввал ҳамчун ба зан менигаранд. Илму шеъру хиради ӯ дар ҷои охир хоҳанд буд. Дар нахустин нигоҳ мардҳо ба он меандешанд, ки ин зан дар тахти хоб чӣ гуна бошад. Булҳавасона ӯро бо нигоҳашон урён мекунанд ва тани онҳоро дар пиндошти худ бараҳна мебинанд.

Манзури ман аз порчаҳое, ки хонандаи азизро нороҳат кардаанд ва дареғ, ки дақиқан нагуфтааст, кадом порчаҳоро дар назар дораду ман худ чунин тахмин мезанам, эътироз ба чунин бархӯрд будааст.

Аз сӯи дигар ман дар ҳамаи он китоб бӯе аз беодобӣ намеёбам. Ибораи “шиносномаи байни пойҳои занон” аз номи қаҳрамоне гуфта мешавад ва агар беодобист, беодобии қаҳрамони ман аст. Дар ҳоле ки имрӯз дар кӯчаҳои Душанбе ҳар лаҳза ин узвро бо номаш мешунавем, ончӣ қаҳрамони ман мегӯяд, пардапӯшона аст.

Аммо қабул дорам ва сипосгузорам, ки завқи хонандаи ман ба маротиб болотар аст ва дар оянда ба алфози қаҳрамонони хеш диққат хоҳам дод. Ҳарчанд шадидан мухолифи худсонсуриям.

Тасвири наздикии марду зан дар “Шикасти бесадои шиша” як рамз ё аллегория аст ва набояд онро ба маънои беодобӣ фаҳмид. Аз сӯе ҳам ончиро, ки дар зиндагӣ ҳаст ва тасвираш ба раванди достон кӯмак мекунад, чаро бояд пинҳон дошт? Магар қаробати зану мард як ғаризаи табиӣ барои идомаи насл нест? Худоро шукр, ман аз марз нагузаштаам ва заррае ба фаҳш роҳ надодаам.

Боз ҳам сипосгузорам аз заҳматҳои хонандаи гиромӣ, ки андешаҳои худро бароям навишт ва маро мутаваҷҷеҳи ин нукот кард. Ҳатман сари онҳо хоҳам андешид. Вале намехоҳам, чунин вонамуд кунам, ки дар ҳаёти мардуми мо секс вуҷуд надорад.

Хонандаи дигаре менависад, ба вай муяссар шудааст, як камбуди, ба қавли худаш, “характернок”, яъне хосу мудаввом ва такроршавандаи достонҳои маро пайдо кунад. Нуктаи хурсандибахшест. Аз он лиҳоз ки пас ин дӯсти азиз ҳамаи навиштаҳои маро хондааст, дар акси ҳол наметавонист, “нуқси хос” ва муштараки онҳро кашф намояд.

Маро бояд ба ӯ сипос гузоштан. Ҳам барои хонданаш ва ҳам барои дарёфти ончӣ, ки ӯ нуқс мешуморад ва хоси навиштаҳои ман медонад. Хуб, ин нуқс аз диди хонандаи арҷманди мо чист? Ин буда, ки гӯё ман ҳамеша майл ба он зоҳир кардаам, ки “тарафҳои манфии зиндагиро ба тасвир гирам ва аз зовияи танқид ба онҳо нигарам.” Гӯё ман тақрибан навиштае надорам, ки дар он тарафҳои мусбат ва хушоянди зиндагӣ қаламдод шуда бошанд.

Аҷиб буд, ки хонандаи арҷманд маро бори дигар ба ёди навиштаҳои кӯҳнаам бурд, зеро навишта буд, “бори дигаре достонҳои худро бихонед. Дар китобчаи “Гунги хобдида” фақат ва фақат рӯйдодҳои бад, фоҷиаомез ва андӯҳгин рӯи сафҳа омадаанд. Аммо зиндагӣ фақат аз бадиҳо иборат нест.”

Хуб, он китобчаи сабзро ёфтам ва варақ задам. Дарвоқеъ қиссаи “Асир” саргузашти муфоҷои сарбозест, ки дар хайли нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон бурда шудааст ва маҷбур будааст, ки бадбахтиҳои ҷангро бубинад. Дар ҳикояи “Гунги хобдида” саҳнае аз ҷанги бародаркуши Тоҷикистон тасвир шудааст. “Луллу” қиссаи муҳоҷири нокоми тоҷик дар Русия, “Соя ва нур” марги таксист ва ҳамчунон ба марги зудрас маҳкум шудани олими физикаи ҳастаӣ, “Пой дар занҷир” саҳнаест аз ҳамлаи аҷнабиён ба ватани мо, “Оне ки ҳамеша бо ман аст” тарсу ваҳм аз пайгарди кормандони амниятӣ, “Сояҳои шайтонӣ” худкушии наққоше дар ғояти яъсу ноумедӣ. Ва ба ҳамин минвол.

Дар назари аввал хонандаи мо гӯё кашфиёти дурусте кардааст. Ҳама ҷо ҷангу хунрезӣ, дарду яъс, худфарсоӣ ва худкушӣ. Аммо ин навиштаҳоро гимни ҳазрати Азроил пиндоштан дуруст нест. Агар аз ин дид ба навиштаҳои дигар бингарем, монанди “Каме латра”, “Нардбони тарс”, “Гелос барои каждум” ва ғайра низ гӯё фақат тасдиқи нуктаҳои хонандаи арҷманди моро метавон пайдо кард. Дар идомаи номааш вай менависад, “дуруст аст, ки адабиёт бояд мушкилоти зиндагиро ҳам тасвир кунад, вале бояд решаву иллати ин мушкилотро низ бояд таҳқиқ намуд ва роҳу усули ҳалли онҳоро ҳам нишон дод. Дар акси ҳол муаллиф танҳо бо баёни носозиҳои зиндагӣ ва аз ин роҳ танқиди афроду ҷомеа ва ҳатто гоҳе тамоми миллат маҳдуд боқӣ хоҳад монд. Ин назари пессимистӣ аст.”

Боз ҳам сипос аз заҳмати хонандаи азизам, вале ончӣ ӯ мегӯяд, танҳо зоҳирбинист ва агар ӯ нерӯи зиндагисозро дар навиштаҳои ман пайдо накарда бошад, шояд сабаб дар зовияи нигоҳи худи ӯст, ки низ мисли ман танҳо мушкилот ва ба истилоҳ “негатив”-ро дидааст. Мисоли одӣ, “Соя ва нур” бештар он маъниро фаро мегирад, ки инсон бояд умри худро чӣ гуна ба сар барад ва фидои чӣ чизҳое кунад. Ва марг бештар ба дунболи касе мегардад, ки аз марг метарсаду беш аз ҳад эҳтиёт мекунад. Ё “Гелос барои каждум” оғози инқилоби андешаи қаҳрамони асосист, ки акнун ба омӯзиши зиндагӣ пардохтааст. “Пой дар занҷир” нахустқадами қаҳрамони ман ба сӯи шуҷоат аст. Хуллас, ба ҳамаи ин чизҳо метавон аз зовияи дилхоҳ нигарист ва ба ҳамон натиҷае расид, ки худи хонанда мехоҳад.

Аммо намехоҳам аз мавзеъи дифоъгарона сухан гӯям. Танҳо ба нуктае посух медиҳам, ки ба усули адабиёт пайванд мегирад. Оё нависанда вазифадор аст, ки на танҳо мушкил, балки иллат ё иллали он ва ҳам роҳи ҳалҳоро нишон диҳад? Ман розӣ нестам. Ман тарафдори андарзе ҳастам, ки нависандаи шаҳири рус Гертсен баён карда буд: “Мо пизишк нестем, мо дардем.”

Ончӣ дӯсти азизи мо пешниҳод мекунад, рабте ба адабиёт надорад, балки вижаи журналистика ва илм аст. Агар мо мақолае манависем ва дар он мушкилеро баррасӣ мекунем, бояд сабабҳои онро низ рӯи об барорем ва ҳамзамон роҳҳои мумкини ҳалли онро тахмин занем. Вале адабиёти бадеӣ чизи дигарест. Нависанда мумкин аст, ҳатто мавзӯъеро аз пеш интихоб накунад, балки фақат дарди дилашро менависад ва ин дард дар шакли қаҳрамонон ё саргузаштҳое зоҳир шавад.

Агар усули журналистиро ба адабиёти бадеӣ бор кунем ва мутаассифона, чунин ҳолат дар адабиёти солҳои шӯравии мо борҳо таҷриба ва ҳатто ташвиқу “қадрдонӣ” шудааст, достону қиссаҳои камарзише ба миён хоҳад омад, ки умри кӯтоҳе хоҳанд дошт. Чунин сохтакориҳо ба хонанда низ таъсире нахоҳанд дошт ва ё таъсири бад хоҳанд дошт ва завқи ӯро ба пастӣ хоҳанд бурд.

Аз ин ҷо баҳси дигаре сар мезанад, ки оё журналист метавонад нависанда низ бошад ва нависанда журналист ҳам. Ба ақидаи ман, журналист, аз он ҷо ки дар ҷараёни кори хабарнигорӣ бо мардуми зиёде рӯбарӯ мешавад ва рӯйдодҳои зиёдеро ба баррасӣ мегирад, метавонад нависандаи хубе ҳам бошад. Бахусус вақте мебинад, чизҳои зиёде дорад, ки намешавад дар қолаби журналистӣ онҳоро баён кард.

Бисёр адибони бузург қаламфарсоиро аз кори хабарнигорӣ сар кардаанд. Аммо журналист шудани нависанда душвортар аст, зеро вай бо меъёру дидҳои нависандагӣ шояд танҳо дар навиштани мақолаҳои публитсистӣ ё эссеҳо комёб гардад. Ба ҳар ҳол ин ду ришта аз ҳам на ба он андозае дуранд, ки душмани ҳамдигар бошанд ва на ба он андозае наздиканд, ки тавонанд ҳамдигарро иваз кунанд. Ман дар кори худ ҳамеша ин дуро аз ҳам ҷудо ва дур нигоҳ доштаам. Агар журналистӣ кори ҳаррӯзаи ман буда, нависандагӣ замоне бароям даст дода, ки маҷбур ба навиштани чизҳое бошам, ки солҳо дар мағзам чархиданду надонистаанд, ки дар чӣ шакле берун оянд.

05.07.2010 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Забони модарӣ, Каме латра |

3 Comments »

  1. Ustodi aziz, posux dodan ba nomai xonandagon xub ast, ammo samoreklama ne. Shumo yagon zarra ba chunin tablighho ehtiyoj nadored. Onhoe ki dust medorand. dust medorand, onhoe ki mexonand, mexonand, onho ki bad mebionand, bad mebinand, onhoe ki naexonand, namexonand. Shumo baroi naslhoi oyanda menavised.

    Comment by Samandar | 03.08.2010 | Reply

  2. Akai Salim man yake az havodoroni navi ejodiyoti shumoyam. Az shumo khohish doshtam to yagon rohi dastras kardani on asarhoyaton ki in jo nombar karded, ba mo nishon dihed. Tarjihan nishonahoi somonavii onhoro chun berun az vatanam..Bo arzi sipos

    Comment by saytavarali | 30.08.2010 | Reply

  3. Сипосгузорам аз лутфи Шумо, бародари азиз. Мутаасифона, аксари ин навиштаҳо шакли электронӣ надоранд ва ҳоло сари фурсат кам-кам онҳоро ба компютер мекӯчонам. Агар нишонии худро фиристед, аз нусхаҳое, ки дорам, бароятон равон хоҳам кард. Дар ҳар куҷо ки бошед, саломат, шодком ва сарбаланд бошед.

    Comment by aioubzod | 30.08.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: