Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Сухан, пуфак ва фасод

Шунидам, хабарнигоре ба маҳзи “дуруст кардан”-и кадоме аз асноди худ бо як мансабдори давлат мусоҳиба оростааст. Мусоҳибаи ногаҳонӣ, бехабар ва бемавзӯъ, ки дар он на саволе аҳамият дошту на ҷавобе ва маълум набуд, ҳадаф аз гуфтугӯ чист. Ин фақат як имконияте буд барои мансабдор, ки аз кори худ ситоиш ва садоқати шахсияшро ба мансабдори болотар таъкид кунад.

Дар ивази ин имконият мансабдор санади хабарнигорро “соз” кардааст. Дареғи журналистшавандаи ҷавонро гуфтам, ки ҳам худ ва ҳам садҳо нафар аз ҳамкасбони хешро паст зад. Дертар шунидам, ки дар кишвари мо ин гуна зери пой афкандани шараф ва номуси ҳирфаӣ кайҳо ба падидаи ҳамарӯзӣ табдил ёфтааст.

Ҳамкорам Мирзои Салимпур мегӯяд, ҳоло намудҳои нав ва гуногуни “фасоди журналистӣ” пайдо шудаанд. Барои намуна, журналист ба идорае занг мезанад ва сардори онро огоҳ мекунад, ки дар шумораи оянда як мақолаи сермурчу қаламфуре дар бораи ӯ ва коргоҳаш нашр хоҳад шуд. Сипас пешниҳоди ин садо медиҳад, ки агар тарафҳо дили ҳамдигарро ёбанд, мақола нашр нахоҳад шуд.

Ин дигар на танҳо фасод, балки “рекэт”-и журналистӣ ё шантаж аст. Бояд ба қонунҳо нигоҳе афканд, ки оё чунин ҷиноят ҷазое дошта бошад ё на. Дар Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар ин бора, ба фикрам, чизе нест. Худо кунад, дар қонуни нав ин масъала ба назар гирифта шавад.

Аслан, ба фикрам, бояд ҳама гуна хушомадгӯии матбуотӣ зери табару тешаи қонун қарор бигиранд ва бо ин васила пайкараи мавзуну поки ҷомеа ва ҳирфаи журналистӣ тарошида шавад. Набояд сухани матбуот моли тиҷорат бошад. Тиҷорат ба хотири баҳра, ба хотири тамаллуқ, ба хотири маҳалгароӣ, ба хотири шӯҳрат, ба хотири ҷоҳу мақом. Барои ман, ҳамчун хонанда, бинанда ва шунаванда нафратовар аст, ки бо баҳонаи иттилоъ ё матлаби журналистӣ касе аҳдофи тираи худро нишон бигирад. Мадҳияву қасида дар шеър шояд раво бошад, аммо на дар журналистика!

Муаллифоне ба афроди пулдор ё мансабдорони худхоҳ монанди бонувони танфурӯш қаламу ҳунари худро пешниҳод мекунанд, ки агар инъоме шавад, мадҳияи олие навишта, дар нашрияи дилхоҳ ва ё ба шакли китоб ба чоп мерасонанд.

Журналистоне пайдо шудаанд, ки омодаанд, дар ивази подош аз номи дигарон мақолаҳо нависанд. Ба вижа аз ҷониби онҳое, ки худ ҳунари навиштан надоранд, аммо бисёр мехоҳанд, зери мақолаи калонтар ва хубе имзои худро бубинанд.

Фоҳишагии рӯҳ садҳо бор ваҳшатноктар аз фоҳишагии тан аст. Баъзан оне ки танашро мефурӯшад, ҳазорон бор болотар аз касест, ки рӯҳашро мефурӯшад. Мафтуни як достони кӯтоҳи Ги де Мопассан ҳастам бо номи “Пишка”, ки шояд “Пуфак” баргардон шавад. Касе хондааст, медонад, ки манзурам чист. Фаронса ва Олмон дар ҳоли ҷанганд ва фойтуни фаронсафиҳо ба дасти олмониҳо меафтад. Дар он ашрофону миёнаҳолони фаронсавӣ нишастаанд ва дар ҷумлаи онҳо як ҷавонзани сабукпои фаронсавӣ бо лақаби “Пуфак”.

Марзбонони олмонӣ пешниҳод мекунанд, ки агар “Пуфак” бо онҳо бихобад, ҳамаро раҳо хоҳанд кард. Ашрофону аслизодагон бо ҳазор найранг мехоҳанд, “Пуфак”-ро ба ҳамхобагӣ бо марзбонон розӣ кунонанд, аммо вай мегӯяд, ҳаргиз бо душман ба бистар нахоҳад рафт.

“Ашрофзодагон” мехоҳанд, “Пуфак”-ро қурбонӣ кунанд, вале танҳо дертар огоҳ мешаванд, ки як ҷалаб аз ҳамаи онҳо дида, рӯҳи қавитар ва поктар дорад. Бардошти ман аз ин ҳикоя чунин аст, ки гоҳе фоҳииша болотар аз подшоҳ аст ва ҳам ин ки танфурӯш тавба дорад, рӯҳфурӯш ё виждонфурӯш на.

Агар ҷомеаи мо мехоҳад, ҳаргиз рӯзҳои тангу тор ва хунин дигарбора ба сараш наоянд, бояд рӯҳфурӯшу виждонфурӯшу суханфурӯшонро радди маърака кунад. Бояд ба ҳеч ҳарфи онҳо гӯш надиҳад ва танҳо ришханду заҳрхандро сазои онҳо донад. Дар акси ҳол пешрафте даст нахоҳад дод.

Давроне ки дар нашрияи “Меҳнати коммунистӣ”-и ноҳияи Файзобод кор мекардам, як ҳамкоре доштем, ки ба ман дарси ҷовидонае дод. Мегуфтанд, ки агар вай дар бораи ҳар совхоз ё бригадае нависад, ҳатман аз он ҷо як халта картошка ё пиёз ба хонааш мебурд. Боре чунин иттифоқ афтод, ӯву ман ҳамроҳ дар мошини “Москвич”-и ӯ ба яке аз хоҷагиҳои деҳаи Ҷойникудӣ рафтем. Дар ҳақиқат пас аз сӯҳбат бо сардорон ва пӯшондани дафтарчааш, гуфт, ним халта бодиринг мехоҳад. Зуд оварданд ва ба бордони мошинаш гузоштанд.

Сардор пеш аз хайрхуш ришханд зад: “Ба фикрам, утсенений шудӣ, пештар як халтагӣ мехостӣ ва картошка, ҳоло ним халта ва он ҳам бодиринг.” Ин ҳамкасби солманди мо шарм ҳам накард, озурда ҳам нашуд ва бо қиёфаи комилан ҷиддӣ гуфт, дар хона бодиринг надорад ва вақти картошка боз ба ин ҷо хоҳад омад.

Ончӣ дидаму шунидам, ҳаргиз фаромӯшам намешавад ва ҳаргиз орзу накардаам, ба ман нархнома гузоранд. Дареғ ва боз ҳам дареғ, ки бархе аз ҳамкасбони мо бар асари ҷомеаи фасодзада, худро ва суханро арзон мефурӯшанд ва ҳирфаи худро ба “аввалин қадимтарин” табдил медиҳанд.

Ё шояд ман ноҳақ чунин мегӯям?

07.07.2010 - Posted by | Матбуот, Маҳалгароӣ, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй |

13 Comments »

  1. Na shoma khile ham haqq miguyed!

    Comment by Samandar | 07.07.2010 | Reply

    • Сипосгузорам ва орзу дорам, саломату сарафроз бошед.

      Comment by aioubzod | 09.07.2010 | Reply

  2. Бисёр хак гуфтед ва дуруст тасвираш кардед. Инхелинаш имруз дар расонахои хабарии Точикистон, чи дар чопияшу чи дар электронияш, лак андар лак. Боиси таассуф аст, ки хамин гуна “журналистика” дар кишвар маъмул, норма шудааст.

    Ва афсус, ки дар конуни матбуот барои ин чавобгари пешбини нашудааст ва то чое ки дарак дорам, дар тархи конуни наве, ки домулло Салимзода мехоханд ба мачлисашон пешниход кунанд, низ чунин меъёри чавобгари барои амалхои номбурдаи шумо нест. Аз дигар тараф, ин на мавзуи чавобгарии хукуки балки бояд мавриди чавобгарии этики гардад.

    Чунин амалхои номатлуби журналистон, аз кабили тахияи маводхои фармоиши бояд мувофики Меъёрхои ахлокии фаъолияти журналисти, ки мохи майи соли 2009 аз чониби аксари чомеаи журналистони точикистони кабул гардида буд мавриди бозраси карор гиранд.

    Comment by Sooroosh | 08.07.2010 | Reply

    • Албатта, ман мебоист, ин нуктаро низ зикр мекардам, ки як соли охир журналистикаи мо хеле пешрафт кардааст. Хам аз лихози маъниву мазмун ва хам аз лихози хирфаияту часорат.

      Такрибан хамаи хафтаномахои кишвар хонданй шудаанд ва мо шохиди ворид гаштани хуни тоза ба шарёнхои журналистикаи точик шудаем. Матолиби амик, хамачониба ва чиддй ру ба афзоиш дорад. Инро бояд мегуфтам, то чунин акидае хосил нашавад, ки танхо як чихати манфиро дидааму пешрафтхоро на.

      Аз пазируфта шудани Меъёрхои ахлокй ва ё Кодекси журналистй огохам, матни он ба сурати умум кобили кабул аст. Аммо таъсири амалии он хануз ба мушохида нарасидааст.

      Сипосгузорам, ки маро ба ин андешахо водор кардед. Пируз бошед.

      Comment by aioubzod | 09.07.2010 | Reply

  3. Дуруд бар Шумо!
    Хар чи дар мавриди “рекэт” ва рухфурушиву суханфурушии афроде ба ном “журналист” навиштаед вокеият аст. Аммо онхо, ки дар асл хеч рабте ба ин хирфа надоранд, тасудуфихо дар ин майдон хастанд ва ба хеч вачх усулу арзиши хирфаи ва мукаддас будани суханро дарк накардаву дарк нахоханд кард.

    Беш аз ин ба як “шояд” дар навиштаатон рози нестам. Яъне “мадхияву касида дар шеър шояд раво бошад”. Ба хеч вачх раво нест ва хамеша чуз шармандаги ва бадноми барои мадхиясарову касидагухо хосиле наовардаву нахохад овард. Мадхиясарову касидагухо зуд фаромуш мешаванд, ки бехтарин намунааш онхое хастанд, ки хамзамони Фирдавсии бузург буданд ва хама хунарашон, ки вокеан арзандаи арчгузорист, сарфи мадхияву касида шуду тахтушшуои мазмуни бепоя карор гирифт ва имруз кам касе аз онхо ёд мекунад.

    Инсон, ба вижа сохибони кудрат хамеша ба хато рох додаву рох медиханд ва шояд бузургтарин иллати пай дар пай ба хато рох додан ва аз пайи ислохи хато нашудани мансабдорон гирифтор шудан (будан)и онхо ба бемории худхохист. Пас хар хомабадасте, ки дар бораи хар мансабдоре, новобаста аз маком ва чойгохи он, касида ва мадхияе дар хар шакл: чи назму чи наср бинависад, хатман шармсор хохад шуд. Ба вижа агар низоми идори ва сохти давлатхо дар Шаркро ба назар гирем, мусаллам будани ин шармсори бештар ошкор мешавад.

    Мадхия ва касида факат дар як хол ва он хам дар мавриди Худо, ки хеч нуксе надорад ва баргузидахои Худо кобили кабуласту бас! Ин мансабдоракон, ки на дар фикри Худо ва на дар гами халки Худо хастанд, ба хеч вачх арзиши ситоишро хам надоранд. Шеъри вокеи махсули илхом аст ва илхом як навъ вахй мебошад. Пас олуда кардани ин падида бо чоплуси ва хохишхои моддии зудгузар амрест нобахшидани.

    Муваффак ва саломат бошед.
    Орзуманди сарбаланди ва озодагии хама фарзандони миллат – Зафар

    Comment by Зафар | 09.07.2010 | Reply

    • Зафари азиз,

      Манзури ман ин аст, ки аз кадимулайём шоирон гохе ба хотири ризку рузй ва гохе барои халли мушкиле дар хакки шохону сарварон мадхия менавиштанд. Касидахои Анварй ва Унсурй бо вучуди он ки мадхияанд, аз хунари баланди муаллифон хикоят мекунанд.

      Газали устод Рудакй, ки шохро мачбур кард, савори асп шаваду ба Бухоро баргардад, низ мадхия аст, аммо на барои суди хусусй, балки ба хотири халли мушкил.

      Чанде пеш дар нохияи Дарвоз шоираи махаллие дар хакки раисичумхури Точикистон мадхияи хубе хонд.

      Хуб ин адабиёт аст ва хама медонанд, ки мадхия бе мублоига ва игрок намешавад. Аммо бархе аз навиштахои матбуотро дар бораи ин ё он касон мехонй, хамин гуна мадхия мебошанд. Аз магасе фил месозанд, зеро ё суде ба даст хоханд овард ва ё дусташону хамдиёрашон аст ва муболига дар онхо аз мадхияхои Анварй хам мегузарад.

      Чаро вакте ки як кас танкид мешавад, нашрия ва муаллифро ба додгох мекашад ва мегуяд, уро тухмат кардаанд ва ин навишта дуруг аст. Аммо вакте ситоишномае пур аз дуруг ба чоп мерасад, кй бояд ба додгох мурочиат кунад? Ё шояд бехтар аст, ки расонахо худ аз руи инсоф амал кунанд? Ё аз он чо ки Конуни матбуот дар холи тасхех аст, шояд дар он ин нукта ба шакле сабт гардад?

      Вале ба сурати умум дидгоҳи Шуморо кабул дорам, ки мадхия ва чоплусй кори зишт ва хоинона аст.

      Шодоб ва пирузманду сарфароз бошед!

      Comment by aioubzod | 09.07.2010 | Reply

  4. Салом устод! Хеле навишта ва эроди оли! Ман донишчуйи ДМТ хастам ва дарр оянда мехохам журналисти хуб шавам то бештар дар бораи дарди чомеа мавод тахия созам. Ба блоги Шумо даромада навиштахоятонро мутолиа менамоям. Хамчунин бояд бигуям, ки навиштахоятон дар хафтаномаи Пайкон ва дигар нашрияхо чоп мешавад.

    Устод агар Шумо дар Точикистон мебудед… ва медидед, ки баъзе нашрияхо чи гуна даъвохои тавонистану фалону бесмадон мекунанд.

    Рости дилам аз ин гуна каламбадастон мемонад.

    Як хохиш аз Шумои азиз дорам, ки китобхое ки навиштаед дар блогатон шакли электронияшро чой мекардед… Бисёр хушамон меомад… Каблан сипосгузорам.

    Comment by хонанда | 09.07.2010 | Reply

    • Сипсогузорам аз таваччухатон. Орзу дорам, журналисти сарбаланде шавед ва аз хар сухани Шумо мардум пешрафт кунанд ва кишвару миллат обод гардад.

      Нахустин машварати ман ба Шумо ин аст, ки таърих, забон, адабиёт ва фалсафаи миллати бузурги моро омузед. Бигзор омузиши Шумо назму низоме дошта бошад ва вакти худро ба хондани чизхои бехуда, мисли блоги банда сарф накунед. Зиёд ба умеди устодон нашаваед ва худомуз бошед.

      Профессор Рахими Мусулмониён ба ман гуфта буданд, ки агар муаллим бесавод бошад, метавонад, солхо бесаводии худро пинхон дорад ва ба тадрис машгул бошад. Аммо агар журналист бесвод бошад, аз аввалин навиштаи у бесаводияш хувайдо мегардад.

      Китобхои маро, ки афсус на хамааш шакли электронй дорад, метавонед аз дуст ва хамкорам Каюмарси Ато дастрас намоед.

      Муваффак бошед.

      Comment by aioubzod | 09.07.2010 | Reply

  5. Салом, чаноби Салим! Навиштаи хело оли. Аслан, чизе навиштед, ки ман бояд менавиштам…. Пешдасти муборак бошад)))))

    Вале агар чидди бигуям, чандин муддат буд, ки сари матлабе дар ин маврид андеша мекардам… Дар баробари ишорахои Шумо оид а “фохишагии рух” ва “рэкетии журналисти” ман ба “новичдони” хам ишора мекардам…

    Бовар дорам, ки ин охирин навиштаи Шумо дар ин мавзуъ нест ва бехтар мебуд, агар дар матлабхои баъди рейтинги расонахое, ки теъдоди “фохишахои рухияшон” зиёд аст, раддабанди шавад. Бовар дорам дар гирдоварии ин фехраст дустон хатман кумак мекунанд.

    Comment by MAHBUB-TJ | 09.07.2010 | Reply

    • Салом Махбуби азиз. Маъзарат, агар мавзуъро аз дастат гирифтам. Аммо ба фикрам, ин танхо огози мавзуъ аст ва ту, ки хушбахтона, дар ватани азиз хастй, бештар мебиниву медонй то ман. Пас, иншоаллох, идомаи сазоворе аз худат ба бор хохад омад.

      Дар масъалаи раддабандй, рости гап, ном бурдан кори хассосе хохад буд, хамкасбони азизи мо табъи нозуке доранд, ки зуд меранчанд, ба дил мегиранд ва гузашта аз ин решаи хар суханро на дар аъмоли хеш, балки чои дигар мекобанд.

      Ном бурдани нашрияхо ё каламкашон мавзуъро борик мекунад ва ба хусумату адоват боис мегардад, ки харгиз хадафи ман набудаасту нест.

      Оташсухан ва сарбаланд бошед.

      Comment by aioubzod | 09.07.2010 | Reply

  6. Чунин рафторхои зишт дар Точикистони замони шурави аз чониби журналистони номи низ содир мешуданд ва барои рузноманигорони баднафс ба норма табдил меёфт.

    Як нафаре, ки пеш аз Латифи мухбири «Правда» будааст, солхои камёбии музахои занона ба анбори «Обувьторг» медарояд ва як багал чунин музахоро бепул гирифта аз дарвоза мебарояд. Хамин вакт бо сардори «Обувьторг» ру ба ру меояд, ки аз чаласае меомад. Сардори «Обувьторг», ки бухории бепушту панохе буд ва ба дурусткори ном бароварда буд, ба мухбири «Правда» мегуяд: – Шахр бе дарвоза нест. Ин музахоро аз кучо гирифта бошед ба хамон чо бурда монед.

    Мухбири «Правда» музахоро хамон чо мепартояд ва ба у мегуяд:- Аммо ман туро ба Бухороят бурда мемонам.

    Он замон мухбирони «Правда» узви Кумитаи республикавии назорати халк буданд. Мухбири «Правда» ба «Обувьторг» нозиронро сафарбар карда кори он бухориро дар Кумитаи назорати халки мухокима мекунонад. Баъд пешниход мекунад, ки аз вазифа барканор кунанд.

    Он бухори баъди аз вазифа барканор шудан, азбаски халолкор ва хеле баинтизом буд, хеле гам хурд ва аз сактаи дил мурд.

    Дар «Комсомоли Точикистон» бошад, солхои сардабирии Муким Абдурахмонови исфараги як хамшахрии у кор мекард, ки маколахо бо номи у нашр мешуданду худаш як сатр навишта наметавонист. Инро хамкоронаш вакте пай мебурданд, ки дар вакти навбатдори зери аксхо «Дар акси фалони, суратгир фалони» барин як сухани оддиро навиштанаш лозим мешуд. Баъд у аз ягон хамкор инро илтимос мекард. Аммо хонааш пур аз булуру колину чавохирот буд, ки хамаро бо рохи шантаж гундоштааст.

    Вакте ки сардабир чунин шахсро дар фазифаи мудири шуъба нигох медошт, хама тахмин мекарданд, ки ба харомхурихои ин тоифа у низ шарик аст.

    Боз як исфарагии дигар дар «Адабиёт ва санъат» низ ин гуна корхоро мекард. Дар байни чунин тоифахо аз хар як махал буданд, аз чумла аз шахрхои бостони низ.

    Вакте ки мухбири радио Борис Исхоков аз як раиси колхоз рубохи зиндаро руёнду (он рубох 40-50 мурги уро хурд), касе уро маломат намекард. Балки рузноманигорон чунин корхоро як навъ чуброни маоши ками худ медонистанд.

    Comment by С. Муродиён | 10.07.2010 | Reply

    • Ташаккур, бародари азиз, Муродиён! Шумо ба навиштаи ман намунахои чолиб ва арзиши иловагй зам кардед.

      Аммо таъкид бар махал ё зодбуми кахрамонони ин руйдодхоро нафахмидам. Агар ин ба намунаи овардаи ман аз давраи корам дар Файзобод пайванд дошта бошад, манзури ман ин набуда, ки танхо дар ин чо чунин падида вучуд дорад, балки намунае буд, ки худам дидам. Бароям фарк надошт, агар шохиди чунин падида дар хар кучои дигар мешудам. Нохуш хохам буд, агар ба ин маънй фахмида шавад.

      Комилан дуруст таъкид кардед, ки чунин тоифа мардум дар хама чо буданд ва хастанд.

      Аммо журналистон он вакт маоши кам надоштанд, пули хуб мегирифтанд ва зарурате ба чунин корхо дар миён набуд, балки нафис бад онхро ба ин рох мебурд.

      Comment by aioubzod | 13.07.2010 | Reply

  7. Дуруст мегуед, маоши кам надоштанд. Масалан хамон мухбири “Правда”. Солхое, ки у сарварии радио ва телевизионро бар ухда дошт, ба бисёр журналистони камхунари идораи худ мукофоти Лохутиро гирифта дод, ки дар байни онхо як нафар бева аз шуъбаи мусикии радио низ буд, ки як маколаи дуруст нависта наметавонист. Муроди ман аз ёдоварии харомкори мазкур он буд, ки об аз сар лой буд ва чунин корхоро шахсиятхое чун Г.К. яъне рохбарон мекарданд ва ба дигар журналистони баднафс намунаи ибрат мегардиданд.

    Comment by С. Муродиён | 15.07.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: