Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Омадан ва рафтан

Яке аз феодалҳои Осиёи Марказӣ аз нукаронаш хост, қонуни наве омода карда, зимни он ба ӯ унвони “пешвои миллат” диҳанд ва минбаъд ин унвонро пеш аз номи ӯ ба кор баранд. Намунаи сирояткунандаест. Шояд ба зудӣ раҳбароне барои пинҳон доштани заъфи камар хостори унвони қонунии “мард” шаванд? Ҳокимият, ки дар даст ҳаст, чаро не? Хоҳӣ, метавонӣ бо тасвиби қонуне худро фил ё шер ҳам эълон кунӣ. Аммо дар амал чӣ?

Беҳтар, осонтар ва бемасхаратар нест, ки вақте ҳокимият дар дастат аст, дар амал ба як пешво табдил ёбӣ ва ба он талош бикунӣ, ки на дар қонунҳои дурӯза, балки дар таърихи башар ва дилу зеҳни мардум ба чунин ҷойгоҳи баланд бирасӣ?

Дар зимн, имрӯз зодрӯзи Нелсон Мандело буд. Вай 92-солагии хешро дар миёни фарзанду набераву аберагонаш ҷашн гирифт. Ягон ҳамоиши ғайрирасмии президентҳо ё ҷаласаи Ҷомеаи ҳамкориҳои Африқо дар ин рӯз дар шаҳри Йоҳаннесбург баргузор нагашт.

ПЕШВО КИСТ?

Пешвои мардумсолор касест, ки аз рӯи адолат, бар пояи қонун ва бо камоли садоқат ба мардум хидмат кунад, ҳамаро ба як чашм бинад ва корҳои ҳукуматаш шаффоф бошад. Сарварони зиёде дар мамолики гуногун худро пешво ва демократ меноманд, вале мардумсолорони воқеӣ чи имрӯз ва чи дар гузашта чандон зиёд набудаанд, ҳарчанд бо вуҷуди камшуморӣ, ҳар яки онҳо симои дурахшон, мондагор ва ибратомӯз аст.

Ба монанди Томас Ҷефферсон, Исмоили Сомонӣ, Нелсон Мандело, Франсуа Миттеран, Ватслав Ҳавел ва дигарон. Дар зимн, Ҷефферсони амрикоӣ ба Бузургмеҳри вазир монанд аст. Дар ёддоштҳояш менависад, «агар пурсише пеш ояд, ки ба порлумони озод бартарӣ медиҳам ё ба матбуоти озод, ман матбуоти озодро бармегузинам. Зеро ба воситаи матбуоти озод дертар метавон ба порлумони озод ҳам даст ёфт, вале бе матбуоти озод порлумони озод ба фасод фурӯ хоҳад рафт.»

Пас раҳбар барои он ки мардумсолор шавад, пеш аз ҳама бояд доно ва хирадманд бошад. Хирад метавонад лаҷоми нафс ҳам гардад. Бесабаб нест, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз хирад ситоиш мекунад.

КУРУШИ КАБИР

Журналисти тоҷик Мухтор Боқизода гуфта буд, дар аъмоли бархе аз президентҳои ҷаҳони муосир кам ё беш аносири мардумсолорӣ ба назар мерасад, аммо ҳеҷ кадоме аз онҳоро наметавон ба маънои томаш демократ номид.

Биноан, ӯ рӯ ба таърихи бостон меорад: “Вақте ман ибораи «пешвои мардумсолор»-ро мешунавам, дар пеши назарам симои хаёлии Куруши Кабир зуҳур мекунад, ки тавонист, на танҳо барои мардуми худ, балки барои ҳамаи қавму миллатҳои сарзаминаш низоми қонунманд, мавзун ва осудаеро ба вуҷуд орад.”

Аммо Куруш пеш аз ҳама сипaҳсолор ва ҷанговар буд ва қудратро низ аз роҳи ошӯб ба даст овард. Ҳамзамон бо бузургвориҳое, ки аз худ нишон дод, иштибоҳҳое аз ӯ низ сар задааст. Барои намуна, бино бар сабтҳои торих, ӯ бо такия ба ҳарфи ҳамсараш Асфир дастуре додааст, ки аз ҷумла бо ҳалокати афроди бегуноҳ низ анҷомидааст.

ОМАДАН

Оё метавон раҳбареро, ки бо ошӯб ё хун меояд ба раҳбаре, ки мардум бо дили шод ва умеду орзу интихоб мекунанд, қиёс кард? Ҳатман ин ҷо тафовутҳое хоҳад буд.

Аммо таърих инро ҳам дидааст, ки сарварони ҷанговар мӯҷиби иттиҳоди хонигариҳои пароканда, таъсиси давлати мутамарказу қавӣ ва густариши сулҳу осоиши бардавом шудаанд. Ва баракс, касоне ҳам будаанд, ки бо ваъдаҳои бузургу дилписанд аз тарафи мардум интихоб шуданд, аммо ба зудӣ маълум шуд, ки тилои онҳо мис аст ва худ аз авомфиреби ноӯҳдабарое беш нестанд.

Шояд дилшикастагие, ки чунин сарварон ба миён меоранд, аз нафрату бадбинӣ ба онҳое, ки бо хуну оташ ҳукуматро ба даст мегиранд, сиёҳу сангинтар аст.

Пас чӣ гуна ба сари қудрат омадани раҳбар ҳарчанд муҳим аст, аммо ҳалкунанда нест ва агар ӯ ҳатто бо хун омада бошад ҳам, метавонад, бо хирмадмандию фидокорӣ ва шикастнафсии худ корҳои неке ба нафъи мардум бикунад ва таҳшини талхи гузаштаи нохушоянди хешро аз дилҳо бизудояд, бавижа ки мардум ҳам дили васеъ доранд, то чунин гузаштаро бубахшанд.

Ҳолати ормонӣ ин хоҳад буд, ки сарвар аз ҳама чиркҳо барӣ бошад ва бо дили шоди аксарияти аҳолӣ баргузида шавад.

Нелсон Мандело дар нахустин интихоботи воқеан демократӣ, шаффоф ва озоду одилонаи Африқои Ҷанубӣ пирӯз омад ва президенти ин кишвар шуд. Вай қудратро аз дасти мардуми хеш гирифт. Бо ризоияти ин мардум, на бо зӯрӣ, зар ё найранг.

МАРЗИ ЛАРЗОН

Аз миёни онҳое, ки пешвои миллат ва раҳбарони демократ шумурда мешаванд, ман ба Нелсон Мандело бартарӣ медиҳам, зеро нимадемократ будан монанди нимаобистан номумкин аст ва раҳбарони бисёре агар дар як кор аз сабки мардумсолорӣ истифода кардаанд, дар бахши дигаре заъф нишон додаанд.

Агар Нурсултон Назарбоевро бо Мандело қиёс кунем, ин тафовут ба таври барҷаста намудор мешавад.

Мандело бо вуҷуди он ки як шахси ҷабрдида буд ва 27 соли умрашро дар зиндон гузаронд, кинае ба дил нагирифт ва де Клеркро, ки ӯро зиндонӣ карда буд, сарвазири кишвар таъин кард. Вай дар ҳамаи давраи раҳбарияш ба ягон иштибоҳи сиёсӣ роҳ надод ва боре ҳам аз рӯи кина амал накард. Кина нишонаи худхоҳист ва шахсе бекина аст, ки дар ғами мардум бошад, на дар ғами худ ё хешу табораш.

Ниҳоят, ҳар раҳбар фақат як бор кофист, марзи нозуки байни манфиатҳои халқ ва фоидаи хешро гузарад. Ҳатто ба андозаи ним ангушт ва ба суди бахше аз мардум ё фарзандони азизи хеш. Касе ки як бор марзро гузашт, дигар ба таври бознагаштанӣ ба диктатори нимаошкор ё нимапинҳон табдил меёбад ва раҳбарии ӯ боиси бадбахтии ҳазорон нафар шуда, рушди як кишвар ё миллатро барои солҳои дароз ба ақиб меафканад.

ДАР ВАҚТИ ТАВОНОӢ

Ҳар рӯзи кори сарвари як давлат аҳамияти таърихӣ хоҳад дошт. Ояндагон ба ӯ бар пояи кори ҳамарӯзааш баҳо хоҳанд дод, на аз рӯи суханрониҳо ё намуди зоҳирияш.

Аввалин ва муҳимтарин хислати сарварони мардумсолор, аз нигоҳи ҳуқуқшиноси тоҷик, Шокирҷон Ҳакимов, эҳтиром ба қонун аст. Метавон афзуд, ки раҳбари мардумсолор набояд иҷоза диҳад, ки қонун ба хотири ӯ тағйир дода шавад.

Вале як силсила кишварҳо марҳилаи гузорро ба сар мебаранд. Томас Фридман, журналисти саршиноси Амрико, менависад, дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз ҳамон давраи гузор баҳонае шудааст, ки президентҳо дурудароз дар сари қудрат боқӣ бимонанд ва бигӯянд, ки мехоҳанд, кори саркардаи хешро ба поён расонанд, иқтисодиётро рушд диҳанд ва ба бенавоии мардум хотима гузоранд.

Бархе мегӯянд, дар чунин марҳилаҳои сахти таърих президенте, ки масъулияти сангинеро бар дӯш гирифтааст, метавонад, муддати бештаре дар сари қудрат боқӣ бимонад ва табдили он бо шахси нав марҳилаи гузорро ба дарозо хоҳад кашид. Шахси нав элитаи наверо меорад ва то ҳамаи онҳо ба истилоҳ «сер» мешаванд, ки муддати зиёде мегузарад.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд: “Бе риояи қонун сатҳи зиндагии мардумро боло бардоштан аз эҳтимол дур аст ва фақат бо ислоҳоти сиёсӣ метавон ба ислоҳоти иқтисодӣ расид. Аммо вақте ки барои 15 солу 20 сол як нафар зимоми сиёсии кишварро ба дасти худ мегираду танҳо ба наздикону ҳамқавмонаш ва ё як гурӯҳи муайяни аҳолӣ хизмат мекунад, тамоми беҳбуди иқтисодӣ ба манфиати гурӯҳи хурд тамом мешавад.”

ВИВАТ, МАНДЕЛО!

Нелсон Мандело ҳуқуқшинос буд ва кори ҳукумату роҳи бархӯрд ба онро аз нигоҳи қонун арзёбӣ кард.

Вай ҳамчун яке аз сарони Кунгураи миллии Африқо барои мубориза бо режими опортеид бо иттиҳомоти бофта дар соли 1964 зиндонӣ шуд, аммо аз ақидаҳои худ даст накашид ва дар додгоҳ гуфт, ормонаш як ҷомеаи демократӣ ва озод аст ва ин ақидаҳо ба ҷони ӯ баробаранд ва омодааст, барои онҳо бимирад.

Муборизаи ӯ аз маҳбас низ идома кард ва ниҳоят пас аз 27 соли зиндон ба озодӣ баромад ва аввалин президенти сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ интихоб шуд. Муборизаи вай на бар зидди ҳокимияти сафедпӯстон буд, балки барои ҳуқуқҳои баробар. Вай кишварро ба мусолиҳа овард ва пас аз панҷ сол ё як даври раёсатҷумҳурӣ ба талабҳои зиёд ва самимонаи аксарияти кулли мардум нигоҳ накарда, аз ширкат дар интихобот даст кашид, то ба насли дигари сиёсатмадорон роҳ диҳад.

Вай истеъфои худро бознишастагӣ на, балки оғози наве номид ва гуфт худро ҷавон ҳис мекунад, гӯё 50-солааст.

Мандело талаб накард, ки вакилони порлумон бо тавсиби қонуне ӯро «пешвои миллат» эълон кунанд ва аз ҳама гуна масъулият дар баробари қонун озод намоянд. Аммо мардуми Африқои Ҷанубӣ таронае офаридааст дар ҳаққи Мандело, ки дар он ӯро “бобои мо” ё “падари миллат” меномад.

ШИРЕШ БА КУРСӢ?

Коршиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, Мандело ҳақ дошт барои 27 соли машаққаташ дар зиндон 27 соли президентӣ талаб кунад, вале вақте берун омад, аз кинаву душманӣ фосила гирифт, то ба мардуми худ намунаи олии қонунмандиро нишон диҳад.

Ба навиштаи Томас Фридман, журналисти амрикоӣ, агар Мандело ин гуна намекард, ормонҳои бунёди як ҷомеаи мардумсолорро барбод ва ояндаи кишвари дар ҳоли гузорашро ба самти худкомагӣ таҳрик медод. Мандело ва дертар Ватслав Ҳавел барқарории сулҳу субот ва ё ҳассосияти даврони гузаришро ба баҳонаи идомаи раёсати худ табдил надоданд.

ҚОНУН АВВАЛТАР АСТ Ё ИҚТИСОД?

Албатта, қонун. Зеро пешрафтатарин иқтисод низ аз заъфи қонун тӯъмаи фасод мешавад. Аммо агар дар ҳама ҷо ингуна мебуд, бисёре аз роҳбарони Осиёи Марказӣ бо поёни мӯҳлати раёсати хеш аз саҳна хориҷ мешуданд ва бо ташкили интихоботи озоду демократӣ барои дигарон роҳ мекушоданд.

Ин дар сурате мумкин хоҳад буд, ки чунин раҳбарон дар давраи кори худ ба ғалату ҷиноятҳое роҳ надиҳанд. Вақте ки роҳ доданд, аз он меҳаросанд, ки каси дигар ба сари қудрат омада, онҳоро ба додгоҳ хоҳад кашид. Қудрат хосияте дорад, ки касро дар вартаи озмун қарор медиҳад. Аз қудрат то фасод як ваҷаб роҳ аст.

Дар қонуни «Пешвои миллати Қазоқистон» ё «эл босӣ» (элбошӣ) муҳимтарин нукта на ин унвон, балки амри аз ҳама гуна ҷавобгарӣ барои аъмоли давраи президентияш озод будани Назарбоев муҳим аст. Яъне раҳбар худро болотар аз қонун гузошт ва ҳақиқаташ, худро ғайри қонун эълон кард.

Ин иқдом худ ишораи беэҳтиромона ба олудагии раҳбар аст. Яъне ӯ ҷое барои тарс аз додгоҳу маҳкамаву маҳбас дорад, ки чунин сипаре барои хеш сохт, ҳарчанд ин як сипари коғазӣ ва муваққатист. Журналистони қазоқ мегӯянд, гумон аст, қонуни Назарбоев то чанд соли дигар ҳамин гуна боқӣ бимонад.

Бархе аз сарварон дар давоми раёсаташон дар атрофи худ хешу ақрабо ва афродеро гирд меоранд, ки бидуни хидмате ба ҷомеа, муфту ройгон соҳиби имтиёзҳои зиёд мешаванд. Аҷиб аст, ҳарчанд онҳо ба осонӣ ин имтиёзҳоро соҳиб шудаанд, намехоҳанд, ба осонӣ аз даст диҳанд. Сидқан гумон мекунанд, ин ҳаққи фитрии онҳост. Аз фарти худхоҳӣ ва гирифтории нафс онҳо раҳбари гурӯҳи худро ба «гаравгон»-и манофеъи хеш табдил дода, намегузоранд, орзуҳое, ки дар ҳаққи мардумаш дорад, амалӣ кунад ва бо поёни даври кораш ба истеъфо равад.

РАФТАН

Раҳбаре, ки вазифаашро аз рӯи виҷдон ва содиқона анҷом дода, ба хилофкорие роҳ надодааст, бепарво ва озод навбатро ба дигарон медиҳад.

Моҳи феврали соли 2003 мӯҳлати кори Раисиҷумҳури Чехия Ватслав Ҳавел ба поён расид, аммо порлумон натавонист, дар арафаи истеъфои ӯ президенти нав интихоб кунад. Аз ӯ дархост карданд, боз муддате, то интихоби президенти нав вазифаашро идома диҳад. Рад кард ва чизу чораашро ҷамъ оварда, аз кохи раёсатҷумҳурӣ ба хонааш кӯчид.

Танҳо пас аз якуним моҳи рафтани ӯ кишвар соҳиби президенти нав шуд. Ҳавел метавонист, ин якуним моҳи дигар давр ронад, вале гуфт, набояд хилофи қонун амал кунад.

Ин як рафтани хотирмон ва ибратомӯзе буд.

15.07.2010 - Posted by | Инсон, Сиёсат, Худшиносй, Қонун, Ҳолнома |

13 Comments »

  1. Бисёр маводи хуб. Сад андар сад бо шумо мувофикам. Афсусу сад афсус, ки “рохбарон”-и мо ба ченаки боли як пашша аклу фаросати он бузургмардони шумо номбаркардаро надоранд. Онхо махсули сохти болшавизм хастанд ва метарсам, ки (Худо накунад)50 соли дигар калоба акиб тоб хураду баъд шояд пешрави насиби мо гардад…

    Comment by Sooroosh | 16.07.2010 | Reply

    • Ба назари ман, агар дар чомеа ыарчй бештар аз намунахои хуб сухбат шавад ва мансабдорон бидонанд, ки мардум чашм ва аксл дорад, хама чиро мебинад ва мефахмад, тадричан тагйире руй хохад дод. Ин масъалахо кори чанд сол нестанд ва намунаи Мандело аз ин лихоз низ чолиб аст, ки мегуянд, аввал тачрибаи зиндагй дар чоемаи демократй даркор аст, то чунин суннатхо чой афтанд.

      Comment by aioubzod | 16.07.2010 | Reply

  2. Хайхот, ин “афсонахо бар гуши инхо намефорад”. Инхоро танхо бо рохи инкилоб ва табадулот мешавад аз курсихошон барканор кард. Танхо аз рохи шармандаги ва русвои. Инхо на обру мехоханд на мардонаги, танхо як чиз мехоханд: Курси!!! Гумон мекунанд, ки курси бошад “хамаш халай”! Вале мову Шумову дигарон медонем-ку “хамаш хал” нест! “Хамаш чазирай”. Холо дар Душанбе бисёр чавононро медонам, ки омодаанд, дар дилхох лахза, даст ба тазохурот зананд. Бо як нимишораи “дилхох пешво”. Пас фурсат наздик аст?! Шармандагиву русвои хам наздик аст?!

    Comment by Mahmud | 16.07.2010 | Reply

    • Ба гумони банда, раванд бояд эволютсионй бошад, на инкилобй. Дуруст гуфтед, ки хама гуна тазохуроти хушунатомез, шубхае нест, хама гуна тазохуротро ба хушунат кашидан хеле осон аст, щармсории хам миллат ва хам давлат хохад буд. Чомеа бояд бомаърифат шавад ва нобазурй, бе хушунат ба ахдофи нек бирасад.

      Comment by aioubzod | 16.07.2010 | Reply

      • Устод чомеъа чи тур бомаърифат шавад, аз ки, аз кучо омузад? Вазъи маорифи кишвар ба худатон маълум. Дар мавриди телевизион ва радио чойи харф задан нест. “Интервю”-и чанобашон Рахмонуфи хурди, раиси кумитаи телевизион ва родиоро дар Чархи гардун ва Вечерний Душанбе хондаму хуш аз сарам парид. Ана саволхову мана чавобхо. Мегуед, ун мардак раиси радиоузели калхози 1-уми май бошад…
        Мурод аз ин гуфтахо чист, банда хам дар мавриди инкишофи эволютсиони бо шумо мувофикам. Вале, бо чунин мардум ва бо чунин “рохбарон” метарсам, ки ин гуна инкишоф дар Точикистон утопия аст.

        Comment by Sooroosh | 19.07.2010

  3. Ба ки мегуи?

    Comment by Mark Twain | 16.07.2010 | Reply

    • Ба насли чавон, ба окилон ва хам ба худат, ки муддате нопайдо будй!

      Comment by aioubzod | 16.07.2010 | Reply

  4. Дастатон дард накунад. Бо посухи Шумо ба вокуниши аввал хамфикр хастам. Ҳама чиз аз тарафи мардуми оддӣ низ вобаста аст. Ҷомеае, ки халқаш аз дунё бохабар аст ҳуқуқҳои худро медонад ҳамеша дар пеш аст. Умедоварам, ки аз Назарбоев дигарон дарси ибрат нахоҳанд гирифт. Дарси ибрат аз Русия хам набояд гирифт.

    Comment by Иброҳим | 17.07.2010 | Reply

    • Сипосгузорам. Вокеан дуруст аст, ки танхо мардуми огох метавонад, рузе ба мардуми фахмида табдил ёбад ва мардуми фахмида ба мардуми донистакор. Вале ба назари Шумо аз кй ё кихо метавон дарси ибрат гирифт?

      Comment by aioubzod | 19.07.2010 | Reply

  5. Маколаи хуб! Умедворам ин мавзуъро давом медихед. Маколаи пешинатон оиди матбуоти точик низ чолиб буд. Аммо он низ мухокимаи густардатареро мехост. Сад афсус, ки блогнавису блогхонхои точик холо чандон фаъол нестанд.

    Comment by Адаш ИСТАД | 18.07.2010 | Reply

    • Дуруд бар устод Адаш! Ба фикри худам, мавзуи марбут ба матбуотро хомохом сари сафха овардам, мебоист, руяш захмат мекашидам. Хонандагон зиёданд, аммо онхоро ба харакат овардан ва водор ба баёни андеша кардан мушкил асту хунар мехохад, ки афсус зарфияти банда хамин аст, ки мебинед. Аммо — дунё ба умед…

      Comment by aioubzod | 19.07.2010 | Reply

  6. Владельцу сайта Салими Аюбзод…

    Здравствуйте! Предлагаем вам поучаствовать в партнерской программе с оплатой за клики. Цена: 700р за 1000 кликов. Формат рекламы: Тизеры. Наш сайт: http://bit.ly/d4Pd5E

    Trackback by Предложение | 07.08.2010 | Reply

  7. Hej goh zindoniyoni tojik Gafforovu Yokub va yo Zaydro bo Mandela hatto mukoisa kardan gayri imkon ast! Mandella shaxsiyat bud ba manoi tomash, ammo az zindoniyoni tojik Mandella namebaroyad!! Charo? Baroi on ki hamaashon hej gohe manofei umumi(public Interest)ro himoya nakarda budand. Hangome ki dar kursi menishastand gami avomro namexurdand va hamkosavu hamtabaki diktaror Rahmon budand. Azxudguzarie ki Mandella kardaast ba gumon ki Zaydu Gaffor ham kunand. Xulosa az onho Mandella nameruyad!!!

    Comment by next1 | 10.12.2013 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: