Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Достони алмоси сиёҳ

Ин ҳикояро ҳамчун паёми муҳаббат ба ҳамкурсони азизам, хатмкардагони соли 1982-и бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебахшам, ки ҳеч чизе даҳсолаҳост, ба пайвандҳои ҷонии онҳо газанде наовард. Вале нахуст як нуктаро бояд зикр кунам. Солҳое, ки донишҷӯ будем, аз нависандагон интиқод мекардем, ки чаро дар бораи ҳаёти донишомӯзон наменависанд ё хеле кам навиштаанд. Ҳоло фикр мекунам,

он танқидҳо маҳсули ҷавонию ифротгароӣ буд, зеро дар бораи ин давраи умр навиштан осон нест. Ҳоло худ бихонед. Дар зимн, нонест гарм, ки ҳамин ҳоло аз танӯр кандам. Лутф кунеду назари худро бинависед. Ва, хоҳиш мекунам, ҷасурона интиқод кунед. Андешаи хонандагон бароям бисёр муҳим аст.

ДОСТОНИ АЛМОСИ СИЁҲ

Чашмони ӯ ба алмоси сиёҳ монанд буданд. Фавқулода сиёҳ ва дурахшон. Агар як бор ба онҳо менигаристӣ, нигоҳат дар он лахтаҳои сиёҳи тобон, мармуз ва мутароким, ки дар зери арбӯвони дарозу ҳамоил ва миёни махмали мижгонҳо пур аз фурӯғи сеҳрангез ва ҷозибаи хатар буданд, дармемонд ва намехостӣ, аз онҳо чашм барканӣ ва агар ҳатто маҷбур будиву илоҷе надоштӣ, то ба самти дигар рӯй наорӣ, дилат мехост, зуд баргардӣ ва як бори дигар, фақат як бори дигар ва танҳо барои як сонияи дигар он чашмонро бубинӣ. Он гоҳ ин ду чашми сиёҳ ҷовидона дар ҳофизаи ту нақш мебаст.

Чашмони ӯ хунро дар рагҳоят такон медод ва як ҳаракати мавҳумеро дар умқи вуҷудат ба ҷунбиш меовард. Дар ҳамон як лаҳзаи кӯтоҳ дар дурахшишҳои сафеду сиёҳи чашмони ӯ чизеро медидӣ, ки туро ба фикри туғёни офаринишҳо ва нобудиҳо мекашонд.

Баъдан, дар фурсатҳои дигар беихтиёру ногаҳон он чашмҳо ба ёдат меомаданд ва дилат гум мезад. Ҳатто ҳоло, пас аз ин ҳама сол, чун онҳоро пеши назар меорам, ҳис мекунам, ки дилам дар ёди онҳо маҳин-маҳин меларзад. Ангор, чашмони касе буданд, огоҳтару донотар аз дигарон буд. Чашмоне ки мегуфтанд, соҳиби онҳо сирри ниҳонеро медонист, ки касе намедонист. Онҳо гӯё чашмони инсонӣ ва индунёӣ набуданд ва дар ҳамон як фосилаи бисёр кӯтоҳи бархӯрдани нигоҳҳо чашмонатро сӯрох мекарданду ба умқи мағзат мерафтанд ва ҳатто агар мехостанд, мағзи турову ҷисми туро дупора мекарданд. Магар алмос нест, ки сангро мешикофад ва шишаро мебурад? Алмоси сиёҳ.

Касе набуд, ки ба нигоҳи ӯ тоб оварад. Шояд барои ҳамин вай ба ҳеч кас дуру дароз нигоҳ намекард? Шояд хосияти чашмони худро хуб медонист ва биноан раҳми бечорагонро мехӯрд? Як нимнигоҳе меафканду мерафт. Аммо пас аз ҳамин гуна нимнигоҳ низ дилҳои зиёде ҳамон лаҳза оташ мегирифтанд ва то дер вақт месӯхтанду месӯхтанд. Инсонҳо месӯхтанд. Аҳли башар месӯхт.

Ман талош мекардам, сипари нонамоёне дар муқобили нигоҳи ӯ дошта бошам ва худамро талқин мекардам, ки дар чашмони вай қуллаҳои баланду барфпӯши кӯҳистон, парвози озоди уқобҳо бар фарози осмони кабуд, бурсу арчаҳои сабз ва обҳои кафколуди дарёчаҳои тезоби кӯҳиро бубинам. На бештар аз ин.

Ҳоло фикр мекунам, ин иштибоҳи ман буд, ки кӯшиш накардам ба умқи чашмони ӯ нигарам. Ҳоло фикр мекунам, ин чашмонаш буданд, ки ӯро сохта буданд. Тамоми вуҷуди ӯ, ҳамаи олами ботинияш аз чашмонаш маншаъ мегирифт. Ҳарчанд ба иллати он ки зиёда аз интизор саркаш, якрав ва худхоҳу худписанд буд, унвони “духтари мағрури кӯҳистон” беш аз ҳама аз чашмонаш бармехост, то аз рафтору кирдораш. Зиёд буданд духтарони кӯҳистон, аммо ӯ яктову якдона буд.

Аз донишҷӯёни курсҳои боло касе намонда буд, ки бо ҳазорон сӯзу гудоз ба вай номаи ошиқона нафиристода бошад, шояд фақат як-ду нафари камзарфе, ки ягон шанс надоштани худро хуб медонистанд. Касе намонда буд, ки барои вай як бор оҳи сӯзон аз ҷигар накашида бошад. Ҳатто ҳамин камзарфон вақте дар бораи ӯ чизе мегуфтанд, то решаҳои мӯяшон арғувонӣ мешуданд ва яке аз онҳоро ҳатто табларза мегирифт.

Аммо вай чун ҳароина нимнигоҳе меафканду мегузашт ва гӯё тамоми вуҷуди ӯ ба ҳоли дигарон ханда мезад. Қомати болояш, пироҳани зебояш, мӯйи хурмоии дурушташ ва ҳатто тақ-тақи туфлиҳои пошнадораш. Ӯ мегузашту мерафт ва дигаронро дар як ҳоли ҳақиру мустаманд боқӣ мегузошт. Касе намедонист, ки вай вақти худро чӣ гуна мегузаронад ва даруни дилаш чӣ дорад. Ба назари ман ин гуна меомад, ки ҳамеша машғули кадом андешаҳои дарднок ва дар қайди нигарониҳову талошҳои мармуз аст, ки ҳеч кас асрори онҳоро намедонист. Зоҳираш ин гуна буд, ки ё чӣ будани ишқро аслан намедонист ва ба иллати дили сангаш дарк намекард, ё аз ишқ сар хӯрда буду онгуна сӯхта буд, ки дигар ҷовидона аз ин афсонаи дил мегурехт ва дунболи чизҳои дигар буд.

Мегуфтанд, бисёре аз номаҳои ошиқонаро аслан боз ҳам накарда, ба қуттии ахлот партофтааст. Инро шунида, Забури варзишгару паҳлавон, ки қадди қариб думетра дошт ва ҳар мушташ баробари сари кӯдак буд, ба наздаш рафта, ӯро кӯфтанӣ ҳам шудааст. Аммо мегӯянд, ҳамин ки ба ҳуҷраи ӯ даромадааст, мисли як кӯдак зери обу арақ мондааст ва агар шервор ворид шуда буд, рӯбаҳвор аз он ҷо бадар рафтааст ва аз ҳамон вақт то рӯзе, ки Гулнисо барои ҳамеша аз ҳаёти мо ғайб зад, ба тарафи ӯ нигоҳ намекард ва агар дар гаштаке сухан аз Гулнисо мерафт, бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, мавзӯъро иваз кунад.

Чунин донишҷӯён зиёд буданд. Вақте аз дур медиданд, ки Гулнисо меояд, мисли он ки дарди меъдаашон гирифта бошад ё зардаҷӯш шуда бошанд, ноаён як печутобе ба худ мезаданд ва ҳангоме ки Гулнисо дигар тамоман наздик меомаду баъзеҳо ба ӯ салом медоданд, инҳо рӯй сӯи дигар мегардонданд, ҳарчанд боз ҳам бо гӯшаи чашм ба ӯ менигаристанд. Нигоҳи тобони Гулнисо дар ҳақиқат сеҳрангез буд. Мегӯянд, баъзе аз устодон вақти имтиҳон наметавонистанд ба чашмони ӯ нигаранд ва мехостанд, ҳарчӣ зудтар ба дафтарчаи ӯ баҳо монда, гуселаш кунанд. Аммо дар лексияҳо медидем, ки баъзе аз устодон гӯё танҳо ба ӯ дарс медоданд. Чизе ки мегуфтанду намегуфтанд, чашмашон дар чашмони ӯ буд ва баъзе аз устодони сустаъсобро гоҳе риштаи сухан аз мавзӯъ ба фарсахҳо дур мерафт. Гулнисо маҷбур мешуд, сар ба дафтар хам кунад ва чунин вонамуд кунад, ки суханони нобиғавии устодонро менависад, то фаромӯш накунад.

Духтарон мегуфтанд, вай чизе наменавишт ва ҳатто наметавонист суратакҳое бикашад, лаёқаташро надошт ва танҳо хатҳои каҷукилебе рӯи сафҳа мекашиду дафтарҳояш пур аз чунин хатҳо будаанд. Бояд гуфт духтарон ҳам Гулнисоро хуш надоштанд ва вақте камтарин имконият даст медод, дар борааш ғайбату овозаҳое паҳн мекарданд. Аммо ҳама чиз ба ҳаддаш буд, зеро ҳам духтарон ва ҳам писарон аз Атобеки милиса метарсиданд ва касе намехост, зарби мушти ин марди бераҳмро бичашад.

Атобеки милисаро Гулнисо танҳо барои он таҳаммул мекард, ки ҳамдиёр ва гӯё хеши дуруи падараш буд. Фақат Атобек буд, ки метавонист, бепарво, ҳатто бе огаҳӣ дари ҳуҷраи Гулнисоро боз кунаду дарояд ва соатҳо он ҷо бошад. Вале дугонаҳои Гулнисо мегуфтанд, байни онҳо чизе ба ҷуз аз ҳамдиёрӣ набудаасту нест ва Гулнисо дилашро ба ҳеҷ кас надодааст. Он ки баъзан Гулнисоу Атобек шомгоҳон бо ҳам аз хобгоҳ берун мешуданд ва куҷое мерафтанд, ба гуфтаи онҳо, сайругашти муштарак ё дидорбинии ҳамдиёрони дигар, ки дар ин шаҳр мезистанд, чизе беш набудааст.

Ба ҳар ҳол қомати мисли сарв рости Гулнисо, сару гардани фохира, нигоҳи назарбаландона ва симои ғазаболуду андоми таҳамтани Атобек, махсусан агар вай либоси расмии милисагияшро ба бар карда бошад, бахусус либоси тобистона, пироҳани сафеди остинкӯтоҳ ва шапкаи сафеди ҳошияаш зардӯзӣ ин дуро дар чашми на танҳо донишҷӯён, балки кулли раҳгузарон ҳамчун чуфти муносиб ва ё шояд беҳтарин чуфти шаҳр намудор мекард. Дар ҳузури Атобек кам касон ҷасорати инро доштанд, ки аз печондани нигоҳашон бо нигоҳи тобону дурахшони Гулнисо худдорӣ накунанд. Бисёриҳо хулқу хӯйи Атобекро хуб медонистанд.

Фақат дар ҳамин роҳрави хобгоҳ вай панҷ нафарро латукӯб кардааст. Танҳо барои он ки ба Гулнисо тӯлонитар аз ҳад нигоҳ кардаанд. Баъзеҳо мегуфтанд, Гулнисо худ тобу тоқати Атобекро надорад, аммо аз ӯ мисли як сипар ва пуштибон истифода мекунад.

Вақте дар долон ё зинапоя ва ё дар даромадгоҳ садои пои Гулнисо баланд мешуд, гӯё ҳама ин садоро мешинохтанд ва ба тирезаҳо ҷафс мешуданд, то хиромиданҳои ӯро дар паҳлуи Атобеки паҳлавонсурат бубинанд. Вақте Гулнисо берун мерафт, хобгоҳи чаҳорошёна бо он садучанд сокинаш гӯё тамоман холӣ мешуд ва дар ин маврид танҳо берун рафтани Атобек ба хобгоҳиён оромише мебахшид, баракси он ки берун рафтани Гулнисо андӯҳ ва дилмондагиро ба онҳо ато мекард.

Атобек, ин милисаи бераҳм ва тундхӯро касе хуш надошт. Борҳо дидаанд, чӣ хел донишҷӯёнро азоб медиҳад ва чӣ хел Гулнисо шарикдарсонашро аз зулми ин ҷаббор раҳо мекунад. Барои ин милиса ҳеҷ гуна қонуну қоида вуҷуд надошт. Бадбахтона, ҳамаи хобгоҳҳои донишҷӯӣ дар минтақаи кори шӯъбае воқеъ буданд, ки Атобек сарварии онро дар ӯҳда дошт. Касеро, ки ба вай хуш намеомад, ҳамкорони Атобек ба шӯъба мебурданд ва он ҷо вай мисли шери нар ба онҳо дармеафтод. Чанд нафарро дасту пою қабурғаю дандон шикаста бошад ҳам, касе бо Атобек коре карда наметавонист.

Боре вай ба хобгоҳ омада буд ва дар ҳуҷраи Гулнисо менишаст, ки аз табақи дувум касе рубоб менавохт ва суруд мехонд. (порчае аз суруд). Дар нимаи суруд дари ҳуҷраи он донишҷӯ боз шуд, Атобек ба шаст даромад ва се-чаҳор нафареро, ки он ҷо нишаста, ба хонданҳои овозхон зиҳӣ мегуфтанд, зери мушту лагад гирифт, худи овозхонро чанд мушт зада афтод ва рубобашро гирифта, то порча-порча шуданаш ба сари ӯ зад ва шикаст ва дод зад, ки агар боз аз ин ҳуҷра садое баланд шавад, ҳамаро нест мекунад, баромаду ба ҳуҷраи Гулнисо баргашт.

Баъзеҳо фикр карданд, ки ин аждаҳое бо номи Атобекро Гулнисо ба ҳуҷраи овозхон Миркомил фиристодааст. Зеро Миркомил дар мафҳиле як таронаи бисёр ғамангезе сурудааст ва пеш аз оғози он гуфтааст, ки ин оҳангро аз ғами духтаре офаридааст, ки ҳама ӯро хуб мешиносанд ва медонанд, ки на танҳо дар донишгоҳ, балки дар тамоми шаҳр ошӯбе ба по кардааст.

Баъзеҳо савганд мехӯрданд, ки чакомаи сӯгворонаи Миркомил ба Гулнисо бахшида шудааст, аммо аксарият бар ин буданд, ки тарона ба Гулнисо рабте надорад. Як дугонаи Гулнисо мегуфт, боре Гулнисо аз тиреза сурудхонии Миркомилро шунида, ба ҳунари ӯ таҳсин гуфтааст ва ин ҳарфаш ба Атобек нафоридааст.

Дигарон ҳам аз бадрашкии Атобек мегуфтанд. Гӯё вай фикр мекардааст, ки ҳамаи ҷавонони хобгоҳ ошиқи Гулнисоанд ва шояд Гулнисо ҳам ба кадоме аз онҳо дил бохтааст. Яке аз дугонаҳои Гулнисо шунидааст, ки Атобек Гулнисоро насиҳат мекард, то бо бачаҳои «бегона» аслан сӯҳбат ҳам накунад Бархе мегуфтанд, рашки Атобек рашки як бародари калонӣ буд, ки мехост иффати зебодухтари ҳамдиёри худро аз дастдарозии ҷавонон ҳимоят кунад, бархи дигар бар ин буд, ки худи Атобек ошиқи Гулнисо аст, ҳарчанд Гулнисо ӯро низ кайҳо посухи рад додааст.

Яке аз шоҳидон рӯйдоди таърихии ҳамлаи Атобек ба Миркомилро дар дафтари хотирааш ин гуна сабт кардааст, ки ҳамон вақт тасодуфан дасти ман афтод:

«16-уми апрели соли 1978. Ҳуҷраи 14 дар хобгоҳ, дар кӯчаи Раҳимов, 64.

Шарикдарсон аз бахши забону адабиёт ду шиша майи сурхи арзонро бо чанд порча нони хушк ва панир нӯш карда буданд ва акнун пас аз ним соате баҳси онҳо тафсида буд. Шӯхиомез нишасти ғайринавбатии худро “Ҷашни Мавлоно” номиданд ва баҳс низ аз девони ғазалиёт мерафт.

Аслам, донишомӯзи соли дувум, рубобро аз мех гирифта, ба бағали Миркомил, донишомӯзи соли охир, тела мекард ва гаштаю баргашта илтиҷоомез мегуфт, «ако, якта аз ҳамонҳо шавад, айни вақташ аст да…»

Ниҳоят дили Миркомил об шуд магар, ки дар ними посухаш ба Илёси ҳамкурсаш дар бораи достони “Хар ва каду”-и Мавлавӣ, вақте мегуфт, “ту худат аз онҳое ҳастӣ, ки кадуро надидаӣ, агар кадуро медидӣ ё чӣ будани онро медонистӣ ё сабаби зикри онро дар достон…” рӯ ба Аслами гарданкаҷи хандонлаб оварда, ба маънои “хайр, ба ту чӣ мешавад гуфт, пашшаи шилқин…” даст афшонду рубобро, ки дастааш дар дасти Аслам ва косааш дар бағали худаш буд, гирифт ва бо Аслам песонда, гуфт, “кадомашро хонам?”

Илтиҷои соядор дар чеҳраи Аслами ширакайф дар интизори лаззати ҷонбахш аз овозхонии Миркомил аз хурсандӣ рӯшан шуд. Бо ифтихори касе, ки гӯё дар набарде мирӯз омадааст, чашмонашро нимпӯш карду гуфт:

— Соқиё! Соқиё!

Миркомил аз зеҳи торҳо мизробро кашид, ба торҳо давонд, Даст ёзонда, думчаҳои рубобро тоб дод ва “динг-динг” карда, торҳоро бо ҳам ҷӯр карду як захмаи баланд зада, ба навохтан даромад.

Аслами сармаст тани худро ба ду тараф алвонҷ медод ва бо нӯги пойҳояш дар фарш задан сар кард. Илёс бо ваҷоҳати кароҳатомез ба Миркомил гуфт:

— Ҳамту гап мезанӣ, ки худат дидаӣ…

Миркомил ба Илёс як чашм песонду чизе нагуфт ва маълум буд, ба мусиқие, ки менавохт, фурӯтар мерафт. Носир, шарикдарси ман, ки то ҳоло пушт ба девор менишаст ва ба истаконаш нигариста, охирин қатраҳои майи сурхро гӯё шумурда-шумурда нӯш мекард, истакони холиро рӯи миз гузошт ва лабу даҳонашро бо остинаш пок карда, ҳамзамон туршии рӯяшро низ гӯё бо нӯги остин барчид ва бо сурати беифодае танашро ба девори пасаш такия дод. Суруд сард шуд:

Со-о-о-қиё, бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро,
Хок бар сар кун ғами айёмро-о-о-о…

Ҳанӯз садоҳои охирини ин байт ба деворҳо барнахӯрда, дар ба шаст, шояд ба зарби лагад боз шуд ва Атобеки милиса зада даромад. Миркомил ба торҳои рубобаш менигарист ва мусиқӣ ҳанӯз идома мекард, ки Атобек бо мушти вазнине ба рӯи Аслам, ки ба дар наздиктари дар нишаста буд, зад. Як садои воҳ баромад. Лагади каратевор ба сари Илёс рост омад, ки аз ҳайрат майл карда буд, аз ҷой бархезад, вале гаронии сархушӣ нагузошт, ин ҳаракати ӯ то хӯрдани лагад ба сараш анҷом ёбад ва дар ҳоле ки нимахез буду дастонаш пешорӯ, ба рӯи фарш фурӯ афтод.

Атобек Носирро, ки пуштнокӣ ба девор такия дода буд ва пойҳояш ба пеш дароз, гӯё надид ва ё ҳадафаш маҳз Миркомил буд, ки ба тарафи ӯ ҷаст ва бо як зарба рубобро аз дасти ӯ афтонда, аз гиребонҳояш гирифту рост ба ҳаво бардошт. Миркомил, ки бе ин ҳам лоғар буд, гӯё мисли тори рубоб сари дастони Атобек дароз шуда буд. Пас аз задани чанд муште, ки аз сабаби тундии бархӯрди онҳо шумурданашон номумкин буд, Миркомил бе садое ба рӯи кат афтод. Атобек рубобро бардошт ва дар ҳоле ки ҳишшас мезад, гуфт, “соқиё, поқиё, очаи зорат соқиё, дар дилам задӣ, чӣ, ин майдонро бехошок ёфтӣ? Ин ҷа чӣ, соҳиб надорад?!” бо ин суханон рубобро ба сари Миркомил, ки бе ин ҳам шояд аз ҳуш рафта буд, зад, боз зад ва боз, то даме ки аз сари Миркомил хун шорид ва рубоб шикаста, косааш дар торҳои он овезон шудаву алвонҷ мехӯрд.

Ин лаҳза буд, ки Атобек маро дид. Аз ҷой бархоста будам ва шояд мехостам, фарёд занам, вале садоям гум шуда буд. Баъд аз як мушти сахти Атобек, ки аз байни дастони пеш бурдаам, тирвор гузашта, ба манаҳам хӯрд, ба паси миз афтодам. Аммо шояд аз тарси он ки аз ҳуш наравам, нимхез дидам, ки Атобеки чашмонаш пурхун ба рӯи мизи мо туф карда рафт.

Ягона касе ки аз мушту лагади милисаи девона эмин монд, Носир буд, вале дертар дидем, ки бо чашмони боз аз ҳуш рафта ва шимашро тар карда буд.»

Муаллифи ин хотира, шарикдарси хуби ман, даъво дошт, дар оянда ба яке аз нависандагони машҳури замон табдил ёбад, аммо дар нимаи сол ӯро ба донишкадаи махфии кормандони амният фиристоданд. Пас аз таҳсил дар он 20 ё 25 сол дар Кумитаи амният кор кард ва бознишаста шуду ҳоло дар замини посира машғул ба деҳқонист.

Вақте вай ин порчаро ба ман нишон дод, мафтуни тасвири ӯ шудаву пинҳонӣ онро рӯнавис карда будам.

Баъд аз он воқеа, ки ҳафтаҳову моҳҳо тамоми аҳли хобгоҳро дар ҳолати изтиробзадагӣ ва тарс нигоҳ медошт, Миркомилро чизе нашуд, аммо дар хобгоҳ суруд хонданро абадан тарк кард. Садояш дигар барнаёмад. Аммо ҷоғи Аслам шикаста буд ва ӯ ду ҳафтаро дар бемористон гузаронда, баъд аз он ҳам як моҳ ба ғайр аз оби лағмон чизе хӯрда наметавонист. Ҳама талош мекарданд, бо Аслам чошт бихӯранд, зеро гӯшту угрои лағмон насибашон мегашт.

Ин воқеа сафи онҳоеро, ки ба Гулнисо нигоҳи хуб надоштанд, зиёд кард. Дӯстони Миркомил дигар номи ӯро ба забон намеоварданд, балки барояш лақаби «Бехосият»-ро дода буданд. Вале бо вуҷуди танаффури зоҳирӣ, эҳсос мешуд, ки онҳо ва ҳатто худи Миркомилу Аслам низ пинҳонӣ ба Гулнисо майли хуш доштанд. Ҳамеша нишон медоданд, ки омодаанд, ба вай кӯмак кунанд ва талош мекарданд, тасодуфан ҳам бошад, нигоҳашон бо нигоҳи ӯ бипечад.

Аслам боре гуфта буд, ки дар дурахши чашмони Гулнисо фоҷиае нуҳуфтааст. Дӯстону мухлисони Миркомил, ки акнун таронаҳои ӯро танҳо дар ҷашнҳои расмии донишгоҳ мешуниданд, мегуфтанд, ин духтари бехосият, боз ҳаёти чанд касро месӯзонда бошад. Ҳама гӯё интизори ҳодисае буданд, аммо касе тасаввур ҳам намекард, ки кор ба чунин як нуқтаи мудҳиш хоҳад кашонд.

Як рӯз Гулнисо ва Атобек, ҳар ду паҳлуи ҳам аз зинапоя фуруд меомаданд, аз долон мегузаштанд ва ҳама медонист, ин садои пои Гулнисо аст.

Ҷавононе ки дар толори китобхонии хобгоҳ дар табақаи аввал сари мизҳо нишаста буданд, сар аз китобу дафтари худ мебардоштанд ва ба дари шишабандӣ менигаристанд, то бигзор чамон ҳам бошад, Гулнисоро бубинанд. Аммо аз байни онҳо танҳо Икромҷон буд, ки ба касе коре надошт ва таваҷҷӯҳе ба Гулнисо нишон намедод.

Шояд фақат Икромҷон буд, ки на барои Гулнисо номае навиштааст ва на барои ӯ оҳе кашидааст. Аслан, Икромҷон гӯё кор бо касе надошт. Ҳамеша сараш рӯи китоб хамида буд, бо дигарон танҳо агар аз ӯ суоле кунанд, ҳамгап мешуд ва он ҳам хеле муддабона. Вай шояд ягона донишҷӯе буд, ки касе аз забонаш ҳарфи душномро нашунидааст. Ҳатто дар давраи пахтачинӣ, ки донишҷӯён хеле озодтар мешуданд ва ба худ иҷозаи ҳар кору ҳар суханеро медоданд. Боре як донишҷӯ ӯро на модар монду на хоҳар, на аммаву на хола, вале вай, ки аввал аз шунидани ин ҳақоратҳои болохонадор музтару пакар монда буд, фақат як ибораро гаштаю баргашта ба забон меовард, “ман ҳам ҳамту, ман ҳам ҳамту…” Хуллас, аҳли моҷаро набуд, чӣ монад ба хархаша ё муштзанӣ.

Вале Зайниддин, ки дар як ҳуҷра бо Икромҷон мезист, боре гуфтааст, ки ҳамҳуҷрааш баъзан соатҳои 3-и шаб берун меравад ва субҳ бармегардад. Онҳое ки ин нуктаро шунидаанд, ба Зайниддин гуфтаанд, ки шояд барои халалдор накардани хоби ту ба китобхонаи хобгоҳ меравад ва он ҷо китобашро мехонад ё дарсашро омода мекунад. Воқеан, Икромҷон сокини доимии китобхона буд ва як мизро мизи ӯ медонистанду касе он ҷо наменишаст, ҳам ба нишони эҳтиром ва ҳам барои он ки тақрибан кам иттифоқ меафтод, Икромҷон паси ин миз нишаста набошад. Бархе ин донишдӯстии Икромҷонро як худнамоӣ мешумурданд ва дигарон мегуфтанд, ки ин назари ҳасудон аст.

Азбаски Икромҷон як шахси назарногир буд, дар аксар мавридҳо, ба монанди ташкили дастаи футбол ё интихоби аъзои ҳайати таҳририяи рӯзномаи донишҷӯён ӯро комилан фаромӯш мекарданд. Вай ҳам аз ин гуна корҳо намеранҷид, шояд худ ба худ ташаккур ҳам мекард, ки ӯро ба ҳоли худаш мондаанд.

Он шомгоҳи шум касе намедонад, чӣ иттифоқ афтод, ки Атобек дар ҳоле ки ҳамроҳи Гулнисо берун мерафт, ба Икромҷон часпид. Ҳеч кас надидааст, ки Икромҷон дар долон бо Гулнисоу Атобек рӯбарӯ омада бошад. Ё ҳатто аз ҳамон ҷои нишасташ дар китобхонаи табақаи ҳамкаф, аз дари шишагӣ ба Гулнисоу Атобек нигариста бошад. На. Ҳама гуфтанд, вақте Гулнисоу Атобек аз зинаҳо поин омада, аз долони рӯбарӯи китобхона мегузаштанд, Икромҷон дар ҳамон гӯшаи одатии худ нишаста буд ва ҳамоно сараш хам буд, ё чизе мехонд ё чизе менавишт. Атобеку Гулнисо аз назди китобхона гузашта, чанд қадаме ба сӯи баромадгоҳ низ гузоштаанд. Аммо он ҷо, дидаанд, ки Гулнисо бо илтиҷо аз дасти Атобек гирифта буду мехост, ӯро нигоҳ дорад, вале Атобек ба шаст худро раҳо карда, ақиб рафтааст ва дари китобхонаро бо лагад боз кардаву вориди он шудааст.

Сару сурати Атобек ба гунае будааст, ки чанд нафари китобхонашин аз бало ҳазар гуфта, шитобон китобу дафтари худро ғундошта, берун рафтаанд, аммо Икромҷон ҳамоно сар рӯи когазҳои худ хам доштааст ва Атобек болои сараш рафта, аз гиребони ӯ гирифтааст.

Байни онҳо дар китобхона чӣ радду бадале шудааст, касе намедонад, чун шоҳиде он ҷо набудааст. Икромҷон китобу дафтарашро мепӯшонаду ҳамон ҷо мегузорад ва ҳамроҳи Атобек берун меравад. Ин чизест, ки ҳоло ҳама ҳикоя мекунанд. Яъне чизе ки аз даҳони дигарон мешунавем. Аммо баъдаш чӣ шуд мо ҳама аз тирезаҳо дида будем. Албатта, на ҳама чизро…

Дар саҳни хобгоҳ, ки аллакай касе он ҷо намонда буд, се тан истода буданд. Атобек, Икромҷон ва Гулнисо. Ду мард рӯбарӯи ҳам ва дар миёни онҳо як бонуи соҳиби чашмони алмосӣ. Баъд Атобек бо дасташ Гулнисоро ба тарафе тела дод ва ду нафар дуруст дар баробари ҳамдигар қарор гирифтанд.

Икромҷон дар назди Атобек ба писарбачае дар назди падараш монанд буд. Хурдҷусса, наҳиф дар рӯбарӯи паҳлавони шонапаҳну тануманде. Садои онҳо шунида намешуд, вале гӯё як калимае ба гӯш расид ё фарёде ва Атобек Икромҷонро зери борони мушту лагад гирифт. Аз боло, аз тирезаҳои хобгоҳ дида мешуд, ки Атобек сару рӯ ва шиками Икромҷонро ҳадаф мегирифт. Бо муштҳои паёпай ба сару рӯ мезад ва бо пойҳояш ба шиками Икромҷон ва гӯё чанд сонияи дигар кофӣ буд, ки Икромҷон миёни хоку сабзаҳои ҳавелии хобгоҳ фурӯ афтаду дигар танҳо ба лагадкӯб имконият диҳад.

Аммо воқеаи фавқулодае рӯй дод. Зарбаи Икромҷонро ба ҷуз аз мушткашияш касе надид, аммо ҳама диданд, ки Атобек сари дилашро дошта, дунима шуд, мисли ин ки ба Икромҷон таъзим кард. Дафъатан лагади Икромҷон дида шуд, ки ба сурати Атобек хӯрд ва дар ҳоле ки шапкаи милисагии Атобек аз сараш парида ба дур меафтид, худи ӯ ба рӯи хоку сабзаҳо дароз афтод. Аз ҳамаи тирезаҳо садои «воҳ!» баланд шуд. Касе ҳаргиз Атобекро дар чунин ҳол надида буд ва шояд тасаввур ҳам карда наметавонист.

Икромҷон наздики Атобек рафт, хам шуд ва дар ҳоле ки ҳама гумон карданд, аз дасти ӯ гирифта, ӯро мехезонад, аз камари Атобек туфангчаро гирфт ва баъд аз сонияе садои гӯшкаркунандаи тир ҳаворо такон дод. Гулнисо каме дер даррасида буд ва акнун сари дасти туфангчадори Икромҷон овезон буду фиғон мекашид. Садои тир навбатдору ошпази хобгоҳро берун оварда буд ва дар они воҳид даҳҳо нафари дигар ба ҷои воқеа рехтанд. Вақте мо аз зинаҳо парида-парида поин омадем, аллакай ду мошини милиса ҳам омада буд ва чанд сония баъд як мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба ин ҷо расид. Милисаҳо дастҳои Икромҷонро баста ӯро ба мошин савор мекарданд ва пизишкон, ки дар байни анбӯҳи мардум рӯи Атобек хам шуда буданд, сар бардоштаву ба маънои он ки дер шудааст, сар меҷунбонданд ва касе мегуфт, ки «рост ба дилаш задааст.»

Вақте мошинҳо рафтанд, ҳама мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Гулнисо ҳам нест. Гулнисо дар ҳуҷрааш ҳам набуд. Маълум набуд, бо кӣ ва кай аз ин ҷо рафтааст, дар мошини «Ёрии таъҷилӣ» бо Атобек ё дар мошини милиса бо Икромҷон. Вай фақат як бори дигар ду ҳафта баъд аз воқеа, замоне ки ҳама дар дарс буданд, ба хобгоҳ омадаасту чизу чораашро барчидааст ва аз рӯи мизи кунҷакии китобхонаи табақаи ҳамкаф китобу дафтари Икромҷонро ҳам гирифтааст ва рафтааст, ки дигар ҳаргиз ба ин ҷо барнагардад. Аз ӯ барои мо ҳамин достон монду ёди он чашмони сиёҳи тобони монанди алмос.

—————————-

Акс аз торнингори дӯстам Маликнеъмат “Фарёди хомӯш”

25.07.2010 - Posted by | Адабиёт, Асари бадеӣ, Фарҳанг, Ҳикоя

23 Comments »

  1. Хикояи хондани, хам шавковар хам дилангез!

    Comment by Адаш ИСТАД | 25.07.2010 | Reply

    • Ташаккур, устоди арҷманд, ки вакти худро сарфи хондани ин навишта кардед.

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

  2. Салом ба Шумо, азизам Салими Аюбзод. Дар ин рузхо кам иттифок меуфтад чунин чизи пухтаву расидаро мутолиа кунам. Имруз, ки инро мехондам хеле хушхол шудам. Ахсант ба Шумо. Ба рости ман ки на нависандаам ва на мунаккид, натавонистам заъфи нависандагии Шуморо пай бибарам (ё умуман нуктаи тахрирталаб ва заъф надошт?). Ба ин далел танхо ахсант мегуям!!! Даст марезод!!! Мунтазири навиштахои чолибу хондании Шумо…

    Comment by Mahmud | 25.07.2010 | Reply

    • Саломат бошед, Махмуди азиз. Фикри худро самимона баён кардед. Аммо хатман заъфхое дорад, харчанд ман ин достонро солхо дар ёдам гирифтаму гаштам ва дар як шаб навиштам. Ин чо мисли ин ки дар рузномае нашр шуд ва то он ки ба мачалла равад ё китоб боз гаштаю баргашта сараш кор хохам кард. Харчанд Шумо олихимматона онро “пухтаву расида” номидед, ба фикрам, кор мехохад. Боз хам сипосгузорам.

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

  3. Salom akai Salemjon,

    Chand ryz az kori saxti daftar xelo mondashyda bydam. Amo az xondani in qisai jolib xelo rohat byrdam. Qisai shavqovar va dilangez.. dastaton dardro nabinam va myntaziri navishathoi navi shymoyam

    Comment by Muhammad, Almati | 25.07.2010 | Reply

    • Дуруд ар Мухаммади азиз! Хеле хушхолам, агар як лахзаи хушй ва фарогат бароятон расонда бошам. Навиштани афроде мисли ман барои хамин аст, вагарна чй суд аз пасихам чидани вожахову чумлахо.

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

  4. Фазои ишку чавониву рашк, шахсиятхои ачибу гариб, финоли гайриинтизор — офарин бод! Танхо ба фикри банда симои Гулнисо ба хадде рушану зинда тасвир нашудааст ки намоён гардад. Ва хол он ки вай алмоси сиёх аст ки хаёти инсонхоро мебурад.

    Comment by Samandar | 25.07.2010 | Reply

    • Комилан дурут дарёфтаед. Ман ба таври махсус нахостам чехраи Гулнисоро тасвир кунам, зер чашмони у бояд хамаи чузъиёти ин чехраро пушонанд ва ноанамоён кунанд. Аммо шояд фикр кард, ки барои сохтани як чехраи зинда ва пурхаракату диданй бояд изофахое кард. Хеле мамнунам, ки ба ин нукта ишора кардед. Сарбаланд бошед.

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

  5. takditi ikromjon bo chi anjomid?

    Comment by samak | 25.07.2010 | Reply

    • Агар нависанда хама вокеаро рушан карда ба хонанда барои фикр кардан чой нагузорад, асар хеле содда хохад шуд. Махорати баланди адиб такозо мекунад, ки аз гуфтани тафсилоти зиёд худдори кунад, то ки хонанда асбоби хаёлоти худро ба кор андохта аз руи фахмиши худ талкин намояд.

      Вокеан хам ин хикояи Салим аз чихати махорати нависандаги ба хикояхои классикии Ф.Мухаммаиев “Даъво” ва “Сози Муннавар” наздик аст.

      Comment by Адаш ИСТАД | 26.07.2010 | Reply

      • Сипосгузорам аз устод Адаш Истад, ки ба чои ман посухи расое доданд. Вале бовар надорам ба пояи достонхои машхури устод Фазлиддин наздикй карда бошам. Бисёр бахои баланд, баландтар аз он чи навиштаам.

        Comment by aioubzod | 26.07.2010

  6. ДУРУДИ БЕПОЁН.
    Аҳсан ба Икромҷон.Дасти ин гуна милисаҳоро қат кардан даркор

    Comment by Nousrat | 25.07.2010 | Reply

    • Розиям, вале шояд Гулнисохо милисахои моро ба ин гуна монстрхо табдил медиханд?

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

      • Не!Милисаҳои мо ҳамин сари қудрат омадан ба худашон ҳама чиро иҷозат медиҳанд

        Comment by Nousrat | 29.07.2010

  7. Ин бехтарин навиштаест, ки ман дар дах соли охир хондаам. Не, балки порсол аз китоби “Каме латра” хикояи “Segafredo”-ро ва баъдан “Гунги хобдида”-ро низ хонда будам, ки ба ман таъсири бузурге бахшиданд. Ва хушбахтона, хама навиштахои Салимчонанд.
    Муваффак бошед, Салимчон!

    Comment by Маликнеъмат | 26.07.2010 | Reply

    • Дуруд бар Маликнеъмати азиз. Шоирона игрок мекунед. Кош шоирона мушикофй ва интикод мекардед. Наход чизе дар сохту назми достони кутохи ман, маънй ё маънихои он, забон ва баён пайдо накардед, ки берахмона ба боди танкид бигиред. Хам дар ин ва хам дар навиштахои дигар.

      Ман дур аз ватан ва хавзаи адабиям ва ба нигохи Шумо ва хамаи дустони дигар бисёр эхтиёч дорам, то бубинам, мабод ба рохи галате меравам, ки на ба Каъбаи дилхо, балки ба Туркистон бошад…

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

  8. Durud bar ravshanzamir! Khele olist. Jahonero dar rui safha sokhted, ki kasro maftun mekunad. Bisyor chizhoro nagufated, ammo onashro kas khudash dar zehnu pindorash mesozad, agar aqle dorad va bo adabiyot oshnost. Dast marezod. Ilhomi baland hamesha hsarikaton bod.

    Comment by Rustam | 26.07.2010 | Reply

    • Саломат бош, Рустами чон, ки хелест, паёме надодай. Ба ин ду чумлаат аз чон хуш шудам, аммо бубин, ман чй кадар навишштам ва ту чй кадар паём додй. Инсоф кучост? Танкиде, ки хоси борикбинихои туст, кучост. Ин номаат кабуд не, аз нав бинавис ва мисли оина бинамо ва табарвор бизан… азизам…

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

  9. Assalomualikum Ysrod davomash che meshad baroi che y kitobu daftari Ikromjonro giriftu raft…….

    Comment by Boburshoh | 26.07.2010 | Reply

    • Ваалейкум бар салом. Мехостам, давомашро хонандагон бинависанд, ки чй мешавад. Он гох метавонем, бубинем, ки вокеа чанд самти рушд ва тахаввул дорад. Барои намуна, ба фикри худи Шумо давомаш чй шуда метавонад?

      Comment by aioubzod | 26.07.2010 | Reply

  10. Olijanob! Super! Ba chunin satrho nigared, okhir oli navishta shudaand:

    Баъд аз як мушти сахти Атобек, ки аз байни дастони пеш бурдаам, тирвор гузашта, ба манаҳам хӯрд, ба паси миз афтодам. Аммо шояд аз тарси он ки аз ҳуш наравам, нимхез дидам, ки Атобеки чашмонаш пурхун ба рӯи мизи мо туф карда рафт.

    Ягона касе ки аз мушту лагади милисаи девона эмин монд, Носир буд, вале дертар дидем, ки бо чашмони боз аз ҳуш рафта ва шимашро тар карда буд.»

    Comment by follower | 27.07.2010 | Reply

  11. Дуруд бар устоди заки киёи Салими Аюбзод.
    Зинда бод эхсоси гарматон, хамвора аз навишторатон нуш мекунам.Вокеан аз ин фазои навиштор лаззат бурдам, чи тасвиру чи манзархое! Офарин бар Шумо. Каламатон сабз бод!

    Comment by Firdavsi Azam | 27.07.2010 | Reply

  12. Бехтарин навишта ОФАРИН!

    Comment by 115k | 28.07.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: