Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Чун парда биафтад…”

Вокуниш ба коре, ки торнамои Викиликз.орг анҷом дод, яъне нашри маълумоти махфии Амрико дар бораи ҷанги Афғонистон ҳатто дар миёни бетарафон гуногун аст. Бархе иқдоми ифшогаронро қаҳрамонӣ меноманд, бархи дигар ноҷавонмардӣ.

Аммо ин воқеа ба беҳтарин муаррифӣ ва густардатаин маъракаи таблиғи торнамои Викиликз табдил ёфт. Миллионҳо нафар танҳо акнун аз ҳастии он огаҳ шуданд. Ман ҳам яке аз онҳоям, ки як сарчашмаи олие барои тадқиқоти журналистӣ пайдо кардам.

Таърихро набояд аз гузоришҳои расмӣ ва суханрониҳои сарони давлатҳо омӯхт, балки аз он ҳуҷҷатҳои дасти аввал, ки аз ҷӯши рӯйдодҳо берун меоянд. Он гоҳ хоҳед дид, ки дурӯягии сиёсат дар байни воқеият ва шиор чӣ фосилаи азимеро ба вуҷуд меорад. Дурӯғҳои таърих аз ҳамин варта ба китобҳо меҷаҳанд ва наслҳоро аз паси наслҳо ба раҳгумӣ мебаранд.

Вале тарафи дигари масъаларо низ бояд дид. Бахшиданӣ нест, агар ишфои рози пинҳон ҷони одамон ва амнияти мардумро зери хатар мегузорад, дӯстонро ба душман ва нобовариро ба хусумату кин табдил медиҳад.

Барои намуна, маълумоти махфӣ дар бораи нозуктарин нуқтаи нерӯгоҳи ояндаи Роғун як таҳдид ба амнияти миллии Тоҷикистон аст. Ҳастанд онҳое, ки дар пайи ин иттилоъ мегарданд. Аммо ин ки пули роҳи Душанбе – Чаноқ ба кисаи кӣ меравад ва чаро ин пул барои кандани қарзи Чин сарф намешавад, сирре нест, ки ба амнияти миллӣ ё ҷони инсонҳо таҳдид кунад.

Кадоме аз маълумоти марбут ба Тоҷикистон, ки имрӯз паси ҳафт пардаи асрор мондааст, бароятон ҷолиб аст ва чаро фикр мекунед, ифшои чунин иттилоъ ба пешрафт ва покзиагии ҷомеа ёрӣ мекунад? Агар дар ин баҳс ширкат кардан мехоҳед, ба мақолаи нави ман “WikiLeaks ва ифшои розҳои пиинҳони Тоҷикистон” дар торнамои Озодӣ сар бизанед ва назари хешро бинависед.

31.07.2010 - Posted by | Амният, Амрико, Матбуот, Озодии сухан

2 Comments »

  1. Торнамои Викиликз.орг Додоҷон Аттовуллоевро ба гурӯҳи Whistleblowers, яъне “ҳуштакнавозон” илова кардааст.
    http://wikileaks.org/wiki/Category:Whistleblowers/Tajikistan
    Албатта ифшои сири махфие, ки ба халки ва тамоми кишвар зарар мерасонад бояд муддати тӯлони 50-70 сол пинҳон карда шавад. Вақташ расидааст, ки сирҳои фаъолиятҳои пинҳонии болшевикон русҳоро, ки дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна анҷом дода шуд буд мақомоти кунуни бояд ифшо кунад.

    Comment by Иброҳим | 02.08.2010 | Reply

    • Сипосгузорам аз Иброхимчон. Шумо хуб медонед, ки whistleblower ин ҷо ба маънии фошкунандаи асрор низ аст. Шояд аз тарафи Викиликз кори дурусте набошад, як нафарро ҳадаф қарор додан, зеро ҳафтаҳамҳои мо метавонанд, ӯро ба сифати муаллифи он ҳама навиштаҳо фаҳманд.

      Дарвоқеъ, бояд тамоми асноди марбут ба он давраро нашр кард. Бархе аз ин аснод дар китобҳои бузургони мо нақли қавл шудаанд, аммо беҳтар аст, асли ин ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри ҳамагон гузошта шаванд.

      Comment by aioubzod | 03.08.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: