Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Зодрӯзи РӮЗнома

Ниҳоят, пас аз танаффуси дарози баробар ба 20 сол Тоҷикистон аз нав соҳиби рӯзнома шуд, яъне соҳиби нашрияе, ки ҳар панҷ рӯзи кории ҳафта ба нашр хоҳад расид. Журналисти саршиноси тоҷик Раҷаби Мирзо ҷасорат нишон дод ва даст ба кори сахту сангине зад. Вақте як шаб пеш аз нашри “Имрӯз News” барои Радиои Озодӣ мусоҳиба медод, вай худ иқрор кард, ки дар баробари масъулияти бузурге қарор дорад. Continue reading

Advertisements

30.08.2010 Posted by | Матбуот, Озодии сухан, Тоҷикистон, Худшиносй, Ҳунар | | 1 Comment

Гурези бемисл аз маҳбаси Душанбе

Агар изҳороти мақомоти расмии Тоҷикистон ҳақиқат бошад, яке аз раҳбарони фирори бесобиқа аз боздоштгоҳи Душанбе маҳбуси собиқи Гуантанамо, Иброҳим Насриддинов, дувумӣ фармондеҳи наздик ба Мирзо Зиёев бо лақаби “Кӯри Малиш”, Ҳикмат Азизов, ва савумӣ зодаи Доғистони Русия, Магомед Аҳмадов будаанд.

Аммо саволе аз даҳҳо саволи беҷавоби марбут ба қазия ин аст, ки…

Continue reading

27.08.2010 Posted by | Амният, Баҳс, Душанбе, Матбуот, Русия, Тоҷик, Қонун | 4 Comments

Фирор кунед аз маҳбаси андеша

Агар танзу шӯхиҳоро як сӯ гузорем, вокунишҳо ба хабари фирори 25 маҳбус дар торнамои Радиои Озодӣ ба таври аҷибе ду қутбро ба намоиш гузошт. Ду қутбе дар ҷомеа, ки шадидан хилофи ҳам ва комилан дур аз якдигаранд. Ва ҳарду ҳам дар сатҳи ифроту тафрит, яке тундгароёна шод ва ҳам дигаре тундгароёна ношод.

Continue reading

24.08.2010 Posted by | Баҳс, Душанбе, Тоҷик, Фарҳанг, Худшиносй, Қонун | 4 Comments

Имолаи* имло

Атои сиёсатмадоронро ба лиқояшон бахшед, ки аз онҳо бӯи умед нест. “Кишвару ҳаёти наве месозем,” – гуфтанду коре карданд, ки доштаҳои худро ҳам аз даст додем. Акнун бо тамоми нерӯ ба пеш ҳаракат мекунем, то ба гузаштаи худ бирасем. Давлатмардон як тараф, ҳоло донишмандони мо эълони навсозии забони моро кардаанд. Тарси ман ин аст, ки мабод онҳо корномаи ҳукуматдоронро такрор кунанд.

Continue reading

22.08.2010 Posted by | Ваҳдат, Забони модарӣ, Фарҳанг, Худшиносй, Қонун | 55 Comments

Достони Персеполис

Агар замоне тоҷикон аз паси “девори оҳанин”-и Иттиҳоди Шӯравӣ бо Эрон ишқ меварзиданд, танҳо акнун эрониёне дар Эрон пайдо шудаанд, ки ба Тоҷикистон бо меҳр менигаранд ва мехоҳанд, барои эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангию башарӣ коре бикунанд. Аммо шояд акнун ин як ишқест, ки ба гуфтаи Ҳофизи ширинсухан дар аввал осон намудор гашт, “вале афтод мушкилҳо.” Ҳамон гуна ки нахустин шукуфаҳои ишқи тоҷикон бо Эронро сармо зада буд.

Continue reading

16.08.2010 Posted by | Равобити байнулмилалӣ, Таърих, Фарҳанг, Эрон | , | 1 Comment

Мусиқии тоҷик – гӯшти хук?

Насли нави мусулмонони тоҷик зоҳиран мехоҳад, кореро бо мардуми тоҷик бикунад, ки дар вақташ арабҳо натавонистанд, бикунанд. Агар дар ҳақиқат рӯзе ҳокимият ба дасти онҳо биафтад, шакке нест, ҳатман мусиқиро мамнӯъ эълон хоҳанд кард. Ва шояд на танҳо мусиқӣ, балки тамоми мероси фарҳанги миллиро. Ба фикрам, ин на рӯшанӣ, балки торикии имон аст.

Continue reading

15.08.2010 Posted by | Баҳс, Дин, Тоҷик, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳунар | , | 66 Comments

Нафаси тозаи Рамазон

Рӯзи аввал аз як сӯ бисёр шодмона буд ва аз сӯе ҳам бисёр сахту дароз. Аммо гузашт ҳамонгуна ки рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо мегузаранд. Гузаштанаш ҳам дигар буд ва аслан шабеҳи рӯзҳои рафта набуд. Рӯзи комилан дигаре буд рӯзи нахусти моҳи шарифи рамазон…

Рӯзе буд, ки дар он ҳолати ғайриодие ба кас даст медиҳад. Худро хеле қавӣ ва сабук меангорӣ ва ҳамаи эҳсосотат тару тоза мешавад.

Continue reading

11.08.2010 Posted by | Дин, Мазҳаб, Фалсафа, Фарҳанг | , , | 5 Comments

Зафар ҳам рафт. Дунё биёбонтар мешавад…

Шояд на ҳама эҳсос мекунанд, ки бо даргузашти инсонҳои нек ва ҳунарманд дунёи атрофи мо ҳарчӣ бештар ба биёбон табдил меёбад. Чеҳраҳои наҷибе моро яке аз паси дигар тарк мекунанд ва моро бим фаро мегирад. Вақте чунин шахсони нодир мемиранд, мо бо тамоми вуҷуди хеш бовар мекунем, ки марг, ба ҳар ҳол ҳаст ва ба касе раҳм надорад.

Continue reading

03.08.2010 Posted by | Ватан, Душанбе, Сарнавишт, Фарҳанг, Ҳолнома, Ҳунар | 8 Comments

Марги “Равшан” ва “Джамшут”

Билоахира, симои ин ду ҳаюло аз оинаи нилгуни Русия гуму нест мешавад. Аммо дареғу сад дареғ, ки марги онҳо хеле дер расид. Замоне расид, ки онҳо кори сиёҳи худро карданд ва ному шамоили каҷи худро дар сафҳаи таърих гузоштанд.

Continue reading

02.08.2010 Posted by | Муҳоҷират, Осиёи Марказӣ, Русия, Синемо, Тоҷик | 11 Comments