Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Марги “Равшан” ва “Джамшут”

Билоахира, симои ин ду ҳаюло аз оинаи нилгуни Русия гуму нест мешавад. Аммо дареғу сад дареғ, ки марги онҳо хеле дер расид. Замоне расид, ки онҳо кори сиёҳи худро карданд ва ному шамоили каҷи худро дар сафҳаи таърих гузоштанд.

Шояд садҳо бинанда ва ҳатто аз миёни тоҷикон мотам гиранд, ки дигар як сурраки шайтонмонанди беор ва як лодаи ландаҳуру ҳафтафаҳм аз саргузаштҳои нави хеш ҳикоят нахоҳанд кард. Чаро “аз миёни тоҷикон” низ?

Зеро як корманди давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда буд ба офарандаи нақши Равшан ҷоизаи тоҷикӣ, чизе мисли он унвонҳои ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дода шавад. Сокини дигари Тоҷикистон навишта буд, ки муаллифони барномаи “Наша Раша” дар бораи тоҷикон ҳақиқатро мегӯянд ва ҳатто як ҳафтаномаи чопи Душанберо хашму ғазаб боло гирифта буд, ки ба Равшану Джамшут набояд эрод гирифт.

Худо кунад, ин маҳбубони бархе аз тоҷикон ҷовидона ба гӯристон рафта бошанду дигар аз хоки сиёҳ барнахезанд.

“БАЪД АЗ БЕМОРИИ ДУРУДАРОЗ ВА БЕИЛОҶ…”

Онҳо сахт бемор буданд. Ташхис: бегонабадбинӣ, нажодпарастӣ, фашизми иттилоотӣ. Касоне ки гирифтори чунин амроз бошанд, дур намераванд ва дер намепоянд.

Коргардонҳои барномаи “Наша Раша” дақиқан ба натиҷае расиданд, ки бо паст задани намояндагони қавми дигар ба шодкомии ҳақиқии эҷодӣ даст ёфтан номумкин аст. Албатта, метавон барои чанд лаҳза хешро тасалло дод, ки мардуми аз худашон бадбахттаре ҳам дар рӯи замин ҳаст, аммо ин ифтихор пуч ва гузарон аст.

Хандидан ба мардумони дигар ва он ҳам дар ҳоли дармондагию афтодагии онҳо на ақлу фаросати зиёдеро талаб мекунад ва на заҳмати эҷодиро. Хуб, бигӯед, агар як ҳамсояи маъюб доред, то чанд ба ҳоли ӯ хоҳед хандид ва масхарааш хоҳед кард?

Хулоса, заъфу фарсоиши нерӯҳои эҷодӣ ва бунбасти мавзӯъ ба бемории лоилоҷи онҳо афзуд ва ҳазрати Азроилро бар сарашон овард. Аммо, шигифтовар аст, ки онҳо ин ҳақиқатро эътироф намекунанд, балки баҳонаҳои пуче пеш меоранд. Мегӯянд, дари мавзӯъҳои тозаеро боз ва қаҳрамонҳои ҷолиберо кашф карданд. Аммо ин як газоф аст.

ЗЕРИ ФИШОРИ БЕРУНА

Аввалин эътироз аз блогнависони тоҷик ҳанӯз замоне сар зада буд, ки Равшану Джамшутро дар Тоҷикистон касе намешинохт. Яке аз онҳо, нависандаи саршиноси тоҷик Адаш Истад изҳори нигаронӣ карда буд, ки ҳаҷвияҳои “Наша Раша” беэҳтиромӣ ба тоҷикон дар Русияро ба як меъёри одӣ табдил медиҳад.

Вай изҳори ҳайрат карда буд, ки ин намоишҳои телевизиони “ТНТ”-и Русияро шабакаҳои Узбакистон бо майли тамом бозпахш мекунанд. Дар Самарқанд талошҳое шуд, ки лоақал телевизиони маҳаллии вилоят аз намоиши танзҳои бадбӯй худдорӣ кунад.

Соли 2008, вақте ки портали Мейл.ру акси Галустянро ба як рамзи таблиғии сафҳаи аввали худ табдил дод, блогнависон садҳо нафарро водор карданд, ба идораи ин портал нома зада, эътирози худро аз ин иқдоми Мейл.ру баён доранд. Дере нагузашта, портал аксро ҳазф кард. Вале баҳс дар ин бора дар форумҳои интернетӣ боз муддатҳо идома дошт.

Ба эҳтимоли зиёд дар яке аз чунин форумҳо таҳдиде ба унвони бозигари нақши Равшан Михаил (Ншон) Галустян садо дод, ки бо истинод ба он расонаҳои Русия хатари сӯиқасд ба ҷони ӯро матраҳ карданд ва худи Галустян бо баҳонаи таҳдидҳо ба ҷонаш аз сафар ба Украина худдорӣ кард. Вай маҷбур шуд, расман эълон кунад, ки симоҳои Равшан ва Джамшут рабти мустақим ба тоҷикон надоранд, балки куллан намунаи мардикорон ё гастарбайтерҳо ҳастанд, ки метавонанд, намояндаи ақвоми мухталиф бошанд.

Вале ҳақиқаташ ин буд, ки Галустян ва коргардонҳояш маҳз тоҷиконро ҳадаф қарор дода буданд. Онҳо аз шаҳри Душанбе ва аз Тоҷикистон ном мебурданд ва дар филми “Тухмҳои тақдир” дар даст шиносномаи тоҷикӣ доранд. Ин филм дар Тоҷикистон мамнӯъ гашт ва дар Маскав, Иттиҳоди муҳоҷирони тоҷик таҳти сарварии Каромат Шарифов эълом дошт, ки офарандагони филмро ба додгоҳ мекашанд. Маълум нашуд, оё ба додгоҳ шикоят бурда шуд ё на, вале ин як таҳдиди коро буд.

ҲАДАФИ АСЛИИ КОРГАРДОНҲО

Чаҳор ё панҷ арманибачаи аз таҳи дор гурехта, мардикорони фарҳангӣ, ки дар ватан ё зодбуми худ шуғли камзаҳмату сердаромад наёфтанд, бо истифода аз равобите, ки аз тариқи бозии “КВН” дар Маскав пайдо карда буданд, ба шабакаи аввали телевизиони Русия роҳ ёфтанд ва ба иҷрои як нақшаи хабиси идеолужик сар карданд.

Бино бар ин нақша онҳо бояд корҳое мекарданд, ки аз зеҳни русҳо симои нофорами қафқозиҳоро бишӯянд ва дар ҷои он симои дигаронро устувор намоянд. Ин дар ҳоле буд, ки симои қафқозиҳо баъд аз ду ҷанг дар Чеченистон, танишҳо бо Гурҷистон, норозигии русҳо аз озарбойҷониҳои бозорнишин ва дар пасманзари боло гирифтани ҷунбишҳои миллатгароёнаи ҷавонони рус дар чашми русҳо хеле бад шуда буд. Ва ҳам дар ҳоле ки садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия рехта, ба хотири қути лоямут розӣ буданд, сиёҳтарин корҳоро низ ба гардан гиранд.

Ҳадафи амиқи идеолужик буд, ки танзи “Равшан ва Джамшут”-ро ба дараҷаи иғроқ ва буффонадаи ақлбоварнакарданӣ расонд. Агар муаллифон ва коргардонҳо чунин “фармоиши иҷтимоӣ” ё “фармоиши махсус” намедоштанд, мумкин буд, дар заминаи ҳаёти мардикорон танзҳое офаранд, ки боиси эътироз нашаванд, балки воқеиятро нишон диҳанд ва натиҷаашон ҳам фақат хандаи дӯстона бошад.

Сохтани симои маймунҳои дастомӯз ё ҳайвонҳои шабеҳ ба инсон, ки “насалника”-и рус ба онҳо одитарин қоидаҳои зиндагии инсониро меомӯзонад ва онҳо ҳам танҳо забони душному дасти зӯрро мефаҳманд, иттифоқан, боби дили озурдаи русҳое низ буд, ки ғурур ва ифтихорашон дар натиҷаи фурӯпошии империяи шӯравӣ таҳти сарварии онҳо зарба дида буд.

Шояд ба ҳамин сабаб, вақте дар моҳи августи соли гузашта (2009), вақте нақизае ба “Нашар Раша” дар намоиши “Болшая разнитса”-и шабакаи аввал сабаби ирсоли даҳҳо номаи эътирозӣ шуд, бархе бо номҳои русӣ баракс аз намоиши мазкур ҳимоят карданд. Вале бояд ифтихор кард, номаҳои ҷавонони тоҷик ба маротиб пурмаънитар ва далелҳои онҳо қавитар буд.

ФИШОРИ АСОСӢ ВА ШОЯД НИҲОӢ

Ба назари ман, арманибачаҳо Гарик Мартиросян, Михаил (Ншан) Галустян, Артур Ҷанибекян, Вартанов ва дигарон замоне ба худ омаданд, ки Иттиҳоди арманиҳои Русия аз онҳо талаб кард, ба сияҳкориҳо,яъне “ҷанг андохтани арманиҳову тоҷикон хотима гузоранд ва аз тоҷикон узрхоҳӣ кунанд.”

Вақте армании машҳури ҷаҳон, бунёдгузори “Мактаби ҳофиза” ва барандаи Ҷоизаи Гиннес, Самвел Ғарибян ба онҳо бо чунин пешниҳод муроҷиат кард, Ҷанибекян дар ин гуфтугӯ ӯро таҳқир кардаву ин пешниҳодро “аҳмақона” номидааст. Он гоҳ Ғарибян аз раёсати Иттиҳоди арманиҳои Русия хост, ба баҳс шарик шаванд.

Ин иттиҳод аз мавзеъгири Ғарибян ҳимоят кард ва гуфт, “дар ҳақиқат намоиши мазкур бегонаситезии ошкорост, таҳқиромез аст, ба манфиати Русия нест, на танҳо ҳисси миллии тоҷиконро таҳқир мекунад, балки ҳисси миллии худи арманиҳоро низ.”

Дар зимн, аввалин пешниҳоди тамос бо диаспораи арманиҳо барои баррасии ин масъала ҳанӯз чанд сол пеш аз тарафи нависандаи тоҷик Адаш Истад ба миён гузошта шуд ва даҳҳо нафар аз ҳамватанони мо, дар ҳар куҷое ки буданд, бо истифода аз ҳар шиносоии худ бо бародарони арман ба иҷрои он талош карданд. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки дар ниҳояти амр, кӣ тавонист, пои диаспораи арманиро ба миёна кашад, иттилои наве дар ин бора дастрас нашудааст, аммо ин муҳим ҳам нест. Муҳим он аст, ки барнома аз байн бурда шуд.

РЕКВИЕМ

Дар оғоз бархе аз дӯстон мегуфтанд, вокуниш ба “Наша Раша” кори оқилона нест ва натиҷаи баракс хоҳад дод. Танҳо ба як гуфтаи онҳо розӣ шудан мумкин буд, ки дахолати давлати Тоҷикистон ба ин баҳс салоҳи кор буда наметавонист. Таври маълум, вокуниши шадиди давлати Қазоқистон ба филми “Борат” барои ин филм нақши беҳтарин таблиғро бозида буд.

Аммо сар ба зер афкандану тамоман хомӯш будан ҳам номумкин буд, зеро дидани таҳқиру тавҳин ба унвони худ танҳо дар ҳоле таҳамулпазир буда метавонад, ки виҷдонро бихобонед ва аз нангу номус даст кашед. Он гоҳ зарур ояд, шояд худро тоҷик ҳам наномед.

Албатта, имкон нашуд, як мавҷи бузург ва ҳамоҳанги эътироз ангехта шавад. Вале наметавон гуфт, ончӣ ба вуқӯъ пайваст, бенатиҷа буд. Ҳарчанд боз бояд иқрор кард, ки доғи сиёҳ ба ҷабини муҳоҷири бечора ва бепушту паноҳи тоҷик часпид ва шояд солҳову даҳсолаҳо ҳамон гуна боқӣ бимонад. Лек сабақе бояд бошад барои оянда ва дар ҳоли зарурат.

02.08.2010 - Posted by | Муҳоҷират, Осиёи Марказӣ, Русия, Синемо, Тоҷик

11 Comments »

  1. Ин аввалин галабаи кучак барои ормонхои бузурги халки точик дар рохи худшиносист.Иттиход ва хамфикриву хамдастии точикон муборак бод!

    Comment by Маликнеъмат | 02.08.2010 | Reply

  2. Дуруд.
    Ба иттиходу хамбастаги хамеша бояд умед баст.Ноумед шайтон.Ин хам чузье аз хамон пирузихост,ки хоки аз бонангии мост.

    PS:
    Shoyad in dilporaho vasilae yo hud taharruke dar rohi bedoriyu hudshinosi bishavad….

    Сала гуи калла меорем мо
    Бодаро нодида хамморем мо
    Бо хама ин миллати дардошно
    Водарего чунки беморем мо
    Эьтиное ку дигар аз рохбарон,
    Гуи аз хамхона безорем мо.
    Бо хама ин давлату дороихо
    Боз мегуям,ки нодорем мо
    Гашта Рогун нангу номуси хама
    Нохарида, гуи агёрем мо
    Бо усулу шеваи зуровари
    Баргаи Рогун харидорем мо
    Нолаи мо рафт суи Муштари
    Кас намепурсад, гирифторем мо
    Пунба бар гушем мову рохбарон
    То ба kай хомушу сабборем мо
    Пеши пои пешво афтодаем
    Пеши дигархо риёкорем мо
    Бо хама ин чоплусихои худ
    Бахри ин миллат чи даркорем мо
    Точикистонро парешон кардаем!
    Боз мегуем ватандорем мо?
    Бо уручи харфи истиклоли хеш
    Бе газу беобу бенорем мо
    Дурем аз огуши гарми хонумон
    Дар гариби бепарасторем мо
    Дар талоши чоху тахту салтанат
    Бар адуи хеш гамхорем мо
    То бувад адлу садокат пойдор
    Даст аз ин доман набардорем мо
    Лашкари бегонаи гам омада
    Мулку моли хеш биспорем мо
    Туьмаи теги Фарангистон шуда,
    Пайрави оину рафторем мо
    Бурдаем аз ёд он фарзонахо
    Гофил аз Турсону Бозорем мо
    Бо хама беэьтиноихо магар
    Вориси Чомию Атторем мо?
    Пардаи хомуши мебояд бурид
    То кай обе дар дахон дорем мо
    Пунбачинонем дар айёми дарс
    Бардаи бемузду шокорем мо
    Гар чавононанд фардои Ватан
    Лоики курсии шахворем мо
    Чумла пиронанд ахли Порлумон
    Чой холи кун, ки навкорем мо
    Бо бахамоиву васлу иттиход
    Точикистонро нигахдорем мо
    Миллати ман рафт даврони ситам
    Зиндагии хуш сазоворем мо

    <

    Ало ай ҷавонони бедордил
    Кунун сар буланд кун зи обу зи гил
    Кунун вақти бар по шудан даррасид
    Бубояд ки гулҳои уммед чид.
    Ватан аз ману ту бувад пойдор
    Чаро пас насозем ба ин ибтикор
    Чаро ай ҷавонон ҷудои кунем
    Барои ватан бевафои кунем.
    Аз инҷову онҷои будан магу
    Зи ваҳдат, зи пайвстагиҳо бигу
    Чанубу шимоли ту кисмат макун,
    Ба хоку ба миллат хиёнат макун.
    Хамушиву беэьтинои дигар
    Бирафту биомад кунун болу пар.
    Кунун бояд аз дасти ин золимон
    Аз ин хоҷагону аз ин муфлисон
    Аз ин навкарони худобехабар
    Ки худро фидо кардаанд баҳри зар
    Раҳои биҷуему озодиро
    Рафоқат, ҳақиқат, худоёдиро
    Бубин шоирону адибони мо
    Зи аслу асолат шудаанд чудо
    Ҳама гашта маддоҳи болоиҳо
    Ҳама гунгу куру кару бенаво
    Куҷо аст Лоиқ, ки лаб во кунад
    Алайҳи чунинҳо садоҳо кунад
    Ба тири қалам синаҳо бишканад
    Ба мардум сабоҳи сафо оварад
    Куҷо аст Бозори бозорёб
    Ки бедор созад ҳама аҳли хоб
    Дарего, дар ин кишвари номдор
    Ҳама гашта беному бешаҳриёр
    Кучо аст Турсони дур аз ватан
    Хамон нури чашму хамон рухи тан
    Бубинад, ки фарханги бегонае
    Тахочум намуда ба хар хонае
    Рабуда аз эшон хам оину дин
    Намуда ба эшон чунону чунин.
    Ба тиру туфангу сипар омада
    Ба миллат ба кишвар хатар омада
    Ба расму русуму назар омада
    Ба дунёи мардум зарар омада
    Ало ай ҷавони ҷавонқалби манн
    Биё ай далеру шуҷои миҳан
    Биё инқилобе ба бор оварем
    Ҳама золимонро ба дор оварем
    Кунун сар буланд кун аз он рахтахоб
    Ба майдони хакку хакикат шитоб
    Ватанро чу дида нигаҳбон шавем
    Адуяш бигирему вайрон кунем

    Comment by Firdavsi Azam | 03.08.2010 | Reply

  3. Салом акаи Салим!
    Навиштаи хело хондание овардед инчо. Аз шеьри Фирдавс вокеан кайф кардам, офарин ба хардуятон.

    Comment by Bahriddin | 03.08.2010 | Reply

  4. “Худо кунад, ин маҳбубони бархе аз тоҷикон ҷовидона ба гӯристон рафта бошанду дигар аз хоки сиёҳ барнахезанд.”

    Khudo nakunad yagon Tojik ozodona fikrashro bayon kunad, az baski yak tojiki digar uro baroi ozodii fikrash ba guriston rohi mekunad.
    Ne smotrya na moe uvazhenie k vam lichno, i moey lichnoy radosti tomu chto Ravshanu i Jamshutu nastupil konets, menya vse zhe ogorchaet, chto zhurnalist, narushaya pravila bezpristrastiya, takimi gromkimi slovami i nedobrymi pozhelaniyami vyrazhaet svoe mnenie. A kak zhe togda principy svobody slova? Vy zhe sami zhurnalist (chto prezhde vsego i ogorchaet).

    Comment by Disappointed | 03.08.2010 | Reply

    • Мухтарам Диссапойнтед.

      Шумо манзури маро дуруст нафахмидед. Манзурам гурондани ин ё он ОДАМ нест, балки СИМО ё ОБРАЗ аст, ки бигзор абадан дигар зери хок рафта бошад. Худо шохид, ман марги касеро нахостаам ва намехоҳам ва ин рисолати ман ҳам нест. Ҳатто орзу надорам, Галустян ё дигараш бимирад. Ман навиштам, образҳое ки онҳо аз точикон сохтаанд, бигзор аз байн раванд ва харгиз дубора зинда нашаванд. Лутфан як бори дигар хонед.

      Дувум ва мухимаш ин ки ман харгиз зидди фикру сухан озод набудаму нестам, аммо на он чизе ки инхо мекарданд, фикри озод буд ва на химояте ки мухлисонашон мекарданд. Хар ду тараф танхо як максад доштанд, ки паст задан ва шикастани рухи точиконро аст. Намефахмед, ки чаро дар Амрико, хатто дар як хачвияатон шумо наметавонед ба миллат ва кавм ё ранги пусти одамон дахолат кунед. Дафъатан, худи хукумат шуморо ба додгох мекашад ва ё солхо паси панчара меафтед ё чаримаи бузург месупоред, аммо аз хама мухимаш номи шумо абадан сиёх мешавад. Магар дар Амрико озодии баён нест?

      Но в одном Вы правы. Я не беспристастен. Я люблю свою родину, свой народ, этих простых труженников и добрых людей, ни один из которых во веки веков не делал ничего плохого тем же галустянам и другим. Повторяю, то что они делали даже краешком не относится к свободе слова. Сделали бы они то же самое в Америке, давно сгинули бы в тюьрме или были бы отречены от сцены и экрана. Это не свобода слова, а расизм чистой воды, оскорбление национальных чувств, нацеление скинхедов на беспомощную часть мигрантов.

      Неужели Вы всерьез думаете, что в России есть свобода слова?

      Comment by aioubzod | 03.08.2010 | Reply

  5. умедворам, ки дигар дар барномаи ин “мардикорони фархангӣ” пайдо нахоханд шуд! Байни сиёсатмадорони рус тарафдорони ин нобакорон буданд ва ҳастанд ва мутаасифона ҳам дар байни тамошобинони тоҷик тарафдорони зиёд ҳам доранд, ки тамошо карда ханда мекунанд. Хорошо смеется тот, кто смеется последний…

    Comment by Иброҳим | 03.08.2010 | Reply

  6. Чаноби Аюбзод, факат бе хафаги! Як гапи хеле зебои самаркандихо хаст,ки “Баъди гуздан чор зону”…… ,фахмидед а? Агар миллатдустию ватандустетона дар замони лозимаш нишон медодед, хеле зебо менамоид. Шумо аз пашша фил насозеду нагзтар тахлил кунед. Барнома дар асоси талаб омода карда мешавад, яъне талаб буд ТНТ пешниход кард, талаб суст шуд(даромад суст шуд) ТНТ аз эфир дур кард. (чунин аст такдири дигар барномахохам) Ман хам точик, лекин фахмиши ман дигар.Барномахои хачвии арманихоро ман “талаби сийосии чомеаи русия” хисоб мекунам. Арманихо инчо бозигар, шиори аксарияти онхо “хари чугия об тею пулаша гир”. Менталитети мардуми рус аз он нафси империалисти холо пок нашудаст. Барои руссхо хамма “бад” факат худашон “хуб”. Агар диккат кунед баъзан пукида мемонанду равонашонро фош мекунанд яъне дарунашон чи буданаш кушода мешавад. Масалан “кровь соседа слаше вина” гуфта мемонанд. Ана хамин менталитет ин хел барномахоро мепазирад. Шумо бошед “йор дар хонаву мо гирди чахон мегардем” барин ким -гичохоба гаштед. Чашма калонтар кушоед, ого Аюбзод …, шумо рушанфикр ном доред!
    Агар гапи нодуруст зада бошам узр.

    Comment by Roshangar | 05.08.2010 | Reply

    • Ту худ мефахми ба ки ва чи навишта истодаи? “Агар миллатдустию ватандустетона дар замони лозимаш нишон медодед, хеле зебо менамоид” Салим Аюбзод дар чои лозима ва дар вакти лозима хамеша дар хидмати миллат аст!
      “Шумо аз пашша фил насозеду нагзтар тахлил кунед” Аюбзод тахлилгари раками 1 аст! ин туи ки вакте ба худ меои ки ба худ омаданат онвакт даркор нест.
      “талаб суст шуд(даромад суст шуд) ТНТ аз эфир дур кард” Ту якбор ба дигар сомонахои худи русхо даро хон чи мегуянд. Хатто худи русхо галабаи точиконро тасдик мекунанд.
      “Ман хам точик, лекин фахмиши ман дигар” ЭЭ илохо ту барин точикони фахмишдигар кам шавад. Бо ин фахмишатон хусумату норозиги карда гард думи харат кач гуфта. Ту баринхо аз ба дунё омадан норозианд, хамеша норозианд ва хаминтавр нест шуда мераванд. Вале корвон меравад.
      Ин галаба аст эй инсон. раиси диаспораи арманихо расман бахшиш пурсидааст менависанд расонахои руси. Ту боши дар инчо бесаводиатро нишон дода гард.
      Ба чои онки ташаккур гуи..

      Comment by Bedil | 09.08.2010 | Reply

  7. Чои хафагияш нест, аммо бояд бароятон бигуям, ки муборизаи гох намоёну гох нонамоёни рушанфикрони точик зидди ин барнома аз хамон даврае сар шуд, ки аввалин бахшхои он ба намоиш даромад.

    Дар бораи талаби сиёсй харфи Шуморо намепазирам. Садхо мардикори точик хоханд гуфт, ки русхо дар кул точикбадбин нестанд ва агар нафрате дар онхо бархоста бошад аз таъсири кори хамин арманихо пайдо шудааст. Ман шахсан бо гирифтани тахминии шуморахои телефонй дар Русия худро намояндаи маркази омузищи афкори ом муаррифй карда, муносибати онхоро бо точикони мухочир мепурсидам, аксарияти кул мегуфтанд, муносибати онхо мусбат аст ва ба точикон бадбиние надоранд. Баъзе аз хамсухбатон аз бузургони адабиёти форсу точик ёдовар мешуданд.

    Ман хам замоне ба неруи таблиг чандон бовар надоштам, аммо холо фикр мекунам, бо таблиг ва махсусан аз тарики телевизион метавонед, чомеаро ба хар су ки хостед, баред. Албатта, манзурам, аксарияти кулро.

    Сипосгузорам, ки ба шарофати номаи Шумо ин чанбахо низ бахс мешаванд, аммо лахни номаатонро кабул надорам. Бояд бе асабоният ва эхсосот сухбат кард.

    Кучое ки бошед, саломату сарбаланд бошед.

    Comment by aioubzod | 06.08.2010 | Reply

  8. муборак шавад! Худо зад ин маймунора,иншАллах пуштмон тозахай)))

    Comment by Саид | 27.08.2010 | Reply

  9. Акнун бояд Галу-ситамянхои худиро низ аз сарамон сокит созем ва ин аст кори сохибдилону сохибсаводони точик… Точикистону точике бояд сохт, ки сархам набошад…
    Бо Бисмиллоху Рахмону Рахим сар кардем…

    Comment by Мир Об | 09.09.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: