Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Зафар ҳам рафт. Дунё биёбонтар мешавад…

Шояд на ҳама эҳсос мекунанд, ки бо даргузашти инсонҳои нек ва ҳунарманд дунёи атрофи мо ҳарчӣ бештар ба биёбон табдил меёбад. Чеҳраҳои наҷибе моро яке аз паси дигар тарк мекунанд ва моро бим фаро мегирад. Вақте чунин шахсони нодир мемиранд, мо бо тамоми вуҷуди хеш бовар мекунем, ки марг, ба ҳар ҳол ҳаст ва ба касе раҳм надорад.

Чӣ инсонҳое моро во гузоштанду рафтанд. Ва дареғо, ки ҷои онҳо ҳамоно холисту холӣ. Бархе дами тир шуданд, монанди Муҳаммад Осимӣ, Баширхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Ҷамшед Осимӣ, Моёншо Назаршоев, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Сайфи Раҳимзод… ва бархе бо аҷали хеш, ҳарчанд бояд гуфт, ҳамаи онҳо кушташудагонанд, якеро ҷисман куштанду дигареро рӯҳан. Бақия ҳама захмӣ аз дарун.

“Рафтанд ҷумла ёрон, навбат ба мо расида,” – месуруд Зафари Нозим. Дар он давроне, ки дигарон аз пахтаву колхоз мехонданд, ӯ буд, ки ғазалиёти Ҳофизу Мавлоноро бо он садои худододаш ба гӯши як қавми хоболуд мерасонд. Ва ӯ буд, ки аз чакомаҳояш ҳавои Бухорои қадим меомаду аз чомаҳояш лаҳни Хуросони Бузург. Зафар Нозим синае пурхурӯш моломоли лаҳнҳои клоссикии тоҷикон дошт ва гӯше шунаво ба лаҳнҳои он сӯи Девори оҳанин – навоҳои ҳамзабонони мо дар Афғонистону Эрон.

“Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.”

Ғазали Ҳушанги Соя дар оғози солҳои 1970 аз Эрон, аз рӯи Девори оҳанин парвоз кардаву ба Тоҷикистон омада буд ва он вақт буд, ки ҳар навҷавон ин шеъру ин оҳангро аз ёд медонисту замзама мекард. Шояд начандон дуруст аст, ки Девори оҳаниро аввалин шуда Аҳмад Зоҳир ё Гугуш рахна задаанд ва Зафар нахустин шикоферо бар он ниҳода буд. Магар ҳароси сиёсӣ набуд, ки мақомоти Шӯравӣ аз сафари ӯ ба Эрону Афғонистон ҷилвагирӣ мекарданд. Ва чун одат ҳаёти хусусии ҳунарманди ҷавонро, ки бонувон аз шунидани садояш афсун мешуданд, баҳона меоварданд.

Ба таронаи “Рафтам ба ҷустуҷӯят” гӯш диҳед. Рӯҳи шӯридаи ӯро хоҳед дид. Ва роҳи мушкили ӯро низ. Ин фишори ноаён, аммо амиқу хафакунандаи садои булбулвораш буд, ки замоне афроде хостанд, аз ӯ парчами маҳалгароӣ бисозанд. Вале Зафар ба найранги тангназарон дода нашуд. Вай ҳаргиз одамони алоҳида ба маънии мардуми ин ё он маҳал напазируфт. Вай медонист, ки ӯро дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар Шимол ва шояд беш аз ҳама дар Шимол дӯст медоштанд. Ва дар Ҷануб. Ва дар Шарқу дар Ғарби ин кишвараки кӯчак, ки ҷои тақсим кардан надошт.

Мардум ҳам дар симои ӯ инсонро медиданд. Сипас ҳунарманди хушовозеро. Баъд касеро, ки ҳадаф дошт, мардумро ба ҳам бипайвандад. Худоё дар биҳишти барин ҷой бидеҳ, онҳоеро, ки “барои васл кардан омадаанд, на фасл кардан.”

Муҳаббати ӯ ба модараш ва чандин чакомаи зебои ӯ дар ҳаққи модар Зафарро ба фарзанди ҳар модари тоҷик ва хунёҳои муноҷотияш бо имоне бархоста аз ғазалҳои Ҳофизу Бедил ӯро ба ҳамсӯҳбати тавбаҷӯи пирони дунёдида табдил доданд.

Охирин бор ӯро тобистони соли 1992 дар арӯсии як ҳамкорамон дидам. Сури камодаму хоксорона дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе дар рӯзҳои ҷанги Тоҷикистон. Вазъи ватан ба ин сур асар карда буд. Мо дертар вориди тӯй шудем ва ин сабаб гашт, то моро дар кате бо Зафар ва Муродбеки Насриддин биншонанд. Ифтихоре буд. Гӯё ҷанг мақоми ӯро то одамони хокӣ поён овардаву мақоми хокиёнро то арши мақоми ӯ бардошта.

Аз ончӣ дар ватан мегузашт, хеле малул ва нороҳат буд ва мегуфт, ба хотири дӯстии дерина натавонист, дархости рафиқашро рад кунад вагарна майле ба суру хурсандӣ надорад. Чанд тарона хонд ва яке аз онҳо хеле шод буд, ҳарчанд Зафар чакомаи шод кам дошт.

Омаду нишаст ва ман дар чашмонаш донаҳои ашкро дидам. Бо андаке хиҷолатзадагӣ гуфт, бояд мардумро шод мекард. Гуфт, вазифаам ҳамин аст. Чанде баъд аз он ман дар кишвари дуре шунидам, ки хонаашро сӯзондаанд.

Баъд таронаи ҷонсӯзаш ба мо расид:

“Бармоли Қизилқалъа ҳама сурху кабуд,
Сурхаш ҳама зардобу кабудаш ҳама дуд…”

Соле баъд дӯстам Шаҳобиддини Ҳақназар навори дигаре ӯро бароям фиристод. Бо чакомаи “То боздид, эй офтоб!” Мусиқии он солҳои зиёде ҳусни поёни барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ буд.

Кадом сол буд, ки шаби аз якум ба дуюми июн, вақте дар басти шаб кор мекардам, ба хонааш занг задам ва зодрӯзро барояш табрик гуфтам. Лутф карду барои радио як сӯҳбат ҳам дод. Пурсидам, ба ҷашни зодрӯзатон киҳо хоҳанд омад? Гуфт, касеро интизор нест. Аммо аз паси садояш мешунидам, ки косаву пиёла мешӯянд, пурсидам, вале зиёфат хоҳад шуд? Гуфт, бале дастархонро боз хоҳанд кард, касе омад, нури чашм. Каме хомӯш монд ва афзуд, медонам, ду-се кас меоянд. Бе даъвате. Дӯстони ҳақиқиям.

Ҳаргиз ин қадар сахту дилгудоз нахоста будам, ки он рӯз дар Душанбе бошам…

03.08.2010 - Posted by | Ватан, Душанбе, Сарнавишт, Фарҳанг, Ҳолнома, Ҳунар

8 Comments »

  1. salom akai Salim,

    Man im shab dar in site baze tarnahoi marhymru shudem xelo joliband baroi shynidan, maxsysan taronahoi solhoi javoniyash dar solhoi 70ym ki xelo ovozi jolib bo sherhoi pyr mano.
    Linkro ba shymo taqdim menamoyam.
    http://shahlo-m.mylivepage.ru/file/2259_%D0%97%D0%B0%D1%84%D0%B0%D1%80__%D0%9D%D0%BE%D0%B7%D0%B8%D0%BC

    Salomat boshed.

    Comment by Muhammad, Almati | 04.08.2010 | Reply

    • Tashakkur, zabthoi xube in jost.

      Comment by aioubzod | 04.08.2010 | Reply

  2. БУЛБУЛИ ГУЙЁИ КУХИСТОН ЗАФАР НОЗИМОВ.
    Укоби баландпарвози боги санъати точик буд Зафар Нозим.Сад афсус,ки аз байни мо рафт…
    Устоди бузузурги санъати точик Зафар Нозим тараннумгари ормонхои чандин насли точиконанд ва шахсутуни санъати миллии точик ки дар дилу дидаи мардум чой дошт аз байни мо даргузашт.

    Мо хама аз они Худоем, ва ба суйи у баргарданда хастем”. Вокеан марги устоди санъат хамшахру хамватани мо
    мусибати бузурге аст. Мо хамагон кормандони сомонаи *Садои Кухистон* аз даргохи Яздони пок ба парвардигор дуо мекунам, ки устод дар рахмати Худо бошаду ,чояшро чанатулл маъво кунад ва ба хамаи ахли оилаашон сабри чамил ато фармояд.

    .Зи ҳарҷо бигзарад тобути ман фарёд бархезад,
    Ки оҳ ин мурда сангин меравад, пур орзу дорад.

    Comment by Shahlo | 05.08.2010 | Reply

  3. Дуруд ба Шахлои азиз ва сипоси бекарон барои номахои зебояш.

    Имрузхо боз як андешаи дигар ба зехнам омад, ки фарки амики Зафар бо дигар овозхонони саршинос чй буд? Ин буд, ки вай аз хамаи дигарон дида бо мардуми хеш наздиктар буд, зеро дар сабки мусикияш лахну зарби мусикии махалхои гуногуни кишвар чойгох ёфта буд.

    Мо сипос мегузорем ба устод Зафари Нозим, ки ин кадар таронахои ачибе аз хеш мерос гузошт ва то замоне ки сурудхои у дар хонаи мо садо медиханд, у зиндаасту равонаш шод.

    Дар зимн, агар нишонии сомонаи “Садои Кухистон”-ро мефиристодед, дар бахши торнамо ва торнигорхо чой медодам.

    Сарафроз ва комёб бошед.

    Comment by aioubzod | 06.08.2010 | Reply

  4. Муташакирам бародар аз лутфи самиммияти шумо. Сурогаи торномаи ман http://shahlo-m.mylivepage.ru/home/index/ аст * Садои Кухистон*.
    Ман бе ичозаи шумо сурогаи шуморро ба катори дустонам гузоштам.
    Ман шоираи муктадире ва ё сухангуи волое, ки дорои истедоди асосии фитри буда, ба густохии зебо ва фикри баландпарвоз сухан меронад, нестам ва ба хар сурат сухан аз калбхои саршор аз мухабат мекунам бахри дустонну хамватанонам.
    Ба шумо аз даргохи иллохи таманнои онро дорам ,ки камоли эчоди шумо хамеша пурбор бошаду комёбу муваффак бошед дар зиндаги..

    Comment by Shahlo | 06.08.2010 | Reply

  5. Дуруд бар хохари азиз. Вокеан торнамои зебо ва пурмаъние офаридаед, ки ба чойгохи забони зебои модарии мо ва арзишхои ахлокию фархангии мардуми мо дар шабакаи чахонй меафзояд. Ин пирузмандй ва сарбаландиро ба Шумо ва хамаи хонандагони сомонаи Шумо самимона табрик мегуям ва орзу дорам марзхои он фаротару фаротар бираванд.

    Худованд нигахдоратон бошад.

    Comment by aioubzod | 06.08.2010 | Reply

  6. Салом ба муалиф ва ба хонандаи гирои!
    Ман аз гузашти яке аз меъмори санати точик ки будани у хастии у барои мо ифтихор буд сахт рухафтода шудам.Рухаш шод бошад.
    Вале,Зафар Нозим фаромуш намешавад ва нахохад магар метавон фаромуш кард нафареро,ки хар лахза бо суруду таронахояш дар ёди мо хаст?
    Асло не,фаромуш намешавад охир дили у лабрези тарона буд ва ашори ноби клосиконро ба мо замзама мекард.

    Comment by Орзуи Карим | 09.08.2010 | Reply

  7. Ба ёди таронахои Зафар,пиронеки замоне ба мисли Зафар дар кухистони Вахиё таваллуд шудаанд алон дар водии Вахш мегирянд.

    Марди солхурда Додарбек,ки сафеди ба руяю муяш давидаст рузи дфни Зафар Нозим ашк мерехт,вале хеч тавони рафтан ва падруд гуфтанро надошт чун сахт бемор буд.У холо бо ёди Зафар Нозим,ки дар якчанд маъракахо дидорбини мекард бистари хаст ва дуо мекунад,ки хонаи охиради Зафар Нозим ором бошад
    Мониз дуо мекуним.Омин бирахматика ё архама рохимин!

    Comment by Орзуи Карим | 09.08.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: