Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Нафаси тозаи Рамазон

Рӯзи аввал аз як сӯ бисёр шодмона буд ва аз сӯе ҳам бисёр сахту дароз. Аммо гузашт ҳамонгуна ки рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо мегузаранд. Гузаштанаш ҳам дигар буд ва аслан шабеҳи рӯзҳои рафта набуд. Рӯзи комилан дигаре буд рӯзи нахусти моҳи шарифи рамазон…

Рӯзе буд, ки дар он ҳолати ғайриодие ба кас даст медиҳад. Худро хеле қавӣ ва сабук меангорӣ ва ҳамаи эҳсосотат тару тоза мешавад.

Ҳатто ҳавое, ки нафас мекашӣ, гӯё таъму таркиби дигар дорад, шабеҳи ҳамон ҳавое нест, ки ҳар рӯз аз он нафас мекашидӣ ва нафастанг мешудӣ. Ҳаво бӯйи дигаре дорад. Бӯйи хосу форам. Шигифтзада мешаваӣ, ки чаро то имрӯз ба ҷонбахшии ин ҳаво пай набурдаӣ ва қадрашро нашинохтаӣ.

Гармии ҳаво ҳам бароят мӯътадил аст ва сардии он низ. Бадан онҳоро ҳис мекунад, аммо ҷонат на. Боду борон бароят гӯё паёми осмониянд. Абрҳо ҳам паёманд ва хуршед ҳам паёмест. Субҳ накӯ паём аст ва шом накӯтарин паём. Пай мебарӣ, ки Худованд бароятон шому бомдод офаридааст ва ҳар кадоми онҳо зебову нотакроранд. Ва дар давоми рӯз гузашти замонро ҳис мекунӣ. Дарк мекунӣ, ки ин қадар вақти зиёд доштаӣ, аммо то ҳоло ба ин пай намебурдӣ ва ҳамеша дар шитоб будӣ. Шитобзадагон роҳате надоранд. Вақтро мебинӣ. Корвони онро низ ва бӯйи вақтро мешамӣ. Ҳоло хоҳӣ донист, ки вақт ҳам бӯе дорад.

Ва шом, ҳангоми ифтор, таъом бӯю маззаи дигар ва аҳли хонаводаат дар сари дастархони ифтор низ симову сурати дигар доранд. Шом ҳатто об таъми дигар дорад. Он обе нест, ки ҳар рӯз нӯш мекардӣ. Оби ҳаёт аст. Нӯши ҷон аст, шарбати яздонист, ки пас аз рӯзи тӯлонии сӯхтанҳо дар биёбон мисли оби раҳмат аз гулӯят мешорад ва агар пеш ними пиёларо меошомидию бақияро мепартофтӣ, акнун ба қадри ҳар қатраи он мерасӣ. Об бароят муқаддас мешавад.

Инҳо ҳама ҳикмату фазилати моҳи рамазон аст. Бо ларзиши рӯҳи хеш онро пешвоз гирифтем ва ба хотири рӯҳи хеш онро пазируфтему ба сар мебарем. Бо ҳама машаққат ва зебоиву покизагию раҳму парҳезу гузашту қаноату иродаву муноҷоту муҳаббаташ. Моҳест, ки аз ҳамаи моҳҳои дигари сол фарқ дорад. Моҳи нигоҳи тоза ба зиндагии худ ва ба атрофи хеш аст.

Рост аст, ки дар ин моҳ суръати зиндагии ҷисмонии шумо ба андозае коҳиш меёбад, ки силсилаи дақиқаву соатҳоро бо чашми сар мебинед ва аммо дар ивази ин зиндагии ботинӣ ва рӯҳонии шумо бартарӣ меёбад. Агар тамоми сол ба парвариши тан банд будед, акнун мебинед, ки парвариши рӯҳ муҳимтар аст. Ин моҳи саёҳат ба умқи равони худ аст. Ин моҳи Худост ва кас аз ҳама чиз фориғ мешавад, то ба Худо рӯй орад.

Ин моҳ худро дар ҷомаи шахси рӯҳоние ҳис мекунӣ, ки дар ҳама чизи атрофаш паёми Худоро меҷӯяд. Ва меёбад.

Зиёда аз якуним миллиорд нафар дар рӯйи замин ин субҳро мисли ту пешвоз гирифтанд ва монанди ту ба поён расонданд.

Рӯза ва ё худдорӣ аз обу таъом дар динҳои масеҳӣ, яҳудия ва буддоӣ низ вуҷуд дорад. Ҳадафи он дар ҳамаи динҳо бо ҳам шабеҳ аст ва ҳамаи онҳо бо иди шукӯҳманд ба поён мерасанд. Аммо дар масеҳият, ки рӯза 40 рӯз будааст, бо афзоиши таваҷҷӯҳ ба озодии шахс, шумори рӯзҳо ва муносибати мардум ба он гуногун шудааст.

Шояд аз ин ҷост, ки дигар танҳо бӯҳрони ҷаҳонӣ на тарбияи рӯҳ аст, ки метавонад, пеши роҳи исрофро бигирад. Дарси парҳезгорӣ, пирӯзӣ бар нафс ва тақвияти ирода гум шудааст. Парҳез танҳо барои онҳое мондааст, ки аз зиёдии вазн ба сутӯҳ меоянд ё мехоҳанд, тани мавзуни хешро ҳифз кунанд.

Ҷавони чехе бо як навори кӯтоҳ дар чандин ҷашнвораи синамо пирӯз шуду ҷоизаҳо гирифт. Он издиҳоми рангоранги инсонҳоро нишон медиҳад, ки ба телевизиони азиме дар девори қадимитарин калисои шаҳр бо шӯру шавқ ва ҳамҳиссии бузург бозии футболро тамошо мекунанд.

Бозӣ бо сабаби танаффус қатъ мешавад ва огаҳии Созмони Милал оғоз меёбад, бо тасвире аз кӯдакони пӯстуустухонӣ ва лоғари африқоӣ, ки ба сару рӯяшон пашшаҳо часпидаанд, мардумро даъват ба хайр мекунад. Издиҳоми бинандагоне, ки лаҳзае пеш бо доду фиғон бозии футболро тамошо мекарданд, бо дастафшонию норозигӣ пояи девори телевизиониро тарк мекунанд.

Фикр мекунам, гуруснагию ташнагии моҳи мағфират бояд ба мо бирасонад, ки гуруснагону ташнагони ҷаҳон чӣ ҳоле доранд. Ва он ҳам бе мӯҳлату бе ифторе, на як моҳ, балки моҳҳои дароз.

Як файласуф гуфтааст, миллате ки саҷдаро фаромӯш мекунад, зинда нахоҳад монд. Ва дигаре афзудааст, саҷда бояд самимӣ, идрокшуда, ҳақиқӣ ва бомӯҳтаво бошад.

11.08.2010 - Posted by | Дин, Мазҳаб, Фалсафа, Фарҳанг | , ,

5 Comments »

  1. Бисёр зебо. Хуб мешуд агар ҳама ба ҳамон қадри қатраҳои об ҳаррӯз мерасиданд. Ба гуруснагон на танҳо дар моҳи Рамазон, балки тамоми сол бояд ҳаматарафа кӯмак расонем. Афсӯс, ба ҷои кӯмак расонидан нархҳоро боло бурда истодаанд…

    Comment by Иброҳим | 12.08.2010 | Reply

  2. Мохи Шарифи Рамазон муборак бошад!
    Ба шумо ва хонандагони торномаатон!

    Comment by Адаш ИСТАД | 12.08.2010 | Reply

  3. Mohi Sharfi Ramazon muborak boshad, akoi Salimjon. Tashakur baroi navishtahoi samimiaton. Fikr mekunam, tanho yak bor hondani onho nokifoya ast, to kas lahzae forig az tashvishhoi ruzmarra gardad va az on paemi boronivy ramazoni lazzat bibarad. Sarbalandy piruz boshed.

    Comment by Mehmon | 15.08.2010 | Reply

  4. سلام دوستای گلم فرا رسیدن ماه مبارک رمضان رو بهتون تبریک میگم

    Comment by Firdavsi Azam | 16.08.2010 | Reply

  5. Рамазон моҳест, ки саропо раҳмату мағфират аст, моҳе, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эҳсос мекунад, моҳест, ки раҳмату баракоти Илоҳӣ монанди борони баҳорон фурӯд меояд, моҳест, ки тамоми ҳаракоту саканоти хуби инсонӣ дар даргоҳи Илоҳӣ арзиши чанд баробарро мегиранд.
    Ин моҳи шарифро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон муборак мегуям.
    Ҳаст рӯзаи тоҳир, имсоки таъом
    Рӯзаи маънӣ, таваҷҷӯҳ дон тамом.
    Ин даҳон бастӣ, даҳоне, боз шуд
    Ки хӯранда, донаҳои роз шуд.
    Ҷӯъ мар хосони ҳақро додаанд
    То шаванд аз ҷӯъ шерон зӯрманд.

    Comment by Shahlo | 19.08.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: