Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мусиқии тоҷик – гӯшти хук?

Насли нави мусулмонони тоҷик зоҳиран мехоҳад, кореро бо мардуми тоҷик бикунад, ки дар вақташ арабҳо натавонистанд, бикунанд. Агар дар ҳақиқат рӯзе ҳокимият ба дасти онҳо биафтад, шакке нест, ҳатман мусиқиро мамнӯъ эълон хоҳанд кард. Ва шояд на танҳо мусиқӣ, балки тамоми мероси фарҳанги миллиро. Ба фикрам, ин на рӯшанӣ, балки торикии имон аст.

Онҳо ба як оят, аммо бештар ба ҳадисҳо такия мекунанд ва бе он ки вожаи “мусиқӣ” дар “Қуръон” зикр шуда бошад, онро ҳаром мешуморанд. Иттифоқан онҳо аз ҳадисҳое, ки муносибати мусбати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммадро нишон медиҳанд, чашм мепӯшанду худро нохонда ва нодида мегиранд.

Агар мусиқӣ ҳаром аст, пас ҷадди бузурги тоҷикон Борбад бо кори ҳароме машғул будааст ва Шайх Абдураҳмони Ҷомӣ бо навиштани “Рисолаи мусиқӣ” даст ба кори ҳароме задааст, осори Абӯалии Сино, Имом Ғаззолӣ, Форобӣ, Урмавӣ, Хоҷа Абдулқодир ва ҳатто Аҳмади Дониш ҳамагӣ ҳаром будаанд. Ё наузанбиллоҳ!

Ва инро онҳое менависанд, ки маълум нест худашон барои мардуми хеш чӣ коре кардаанд. Ҳоло маълум мешавад, пас аз Иди Наврӯз мусиқӣ ба як қоғази лакмусии муайян кардани дараҷаи тундгароии исломгароёни мо табдил меёбад.

Устод Мӯъмин Қаноат боре гуфта буд, арабҳо натавонистанд, Наврӯзро аз байн баранд, маҷбур шуданд онро ва ҳаққи ин мардумро ба таҷлил аз Наврӯз эътироф кунанд. Бо мусиқӣ низ айни ҳолат иттифоқ афтодааст. Аммо арабҳо худ дӯстдорони ашадии мусиқиянд ва нӯбаҳои классикии арабӣ ё навои уди онҳо аз ганҷинаҳои ҳунари ҷаҳонист.

Дар замони фишорҳои сахти ҳукумати коммунистӣ ба ислом овозхононе буданд, ки бо ғазалҳои Ҳофиз ва Мавлоно, бо оҳангҳои наздик ба наът рӯҳи мазҳабии ҷомеаро зинда медоштанд ва бо ин роҳ барои ҳифзи суннатҳои динӣ хидмат кардаанд. Агар ин хидмати онҳо намебуд, пояҳои дин дар ҷомеаи тоҷик ба маротиб заъифтар мешуд ва шояд имрӯз мо шоҳиди эҳёи ислом дар кишвар намешудем. Магар ин аст “изҳори сипос”-и насли наврас?

Мусиқии асил бахше аз ҳаёти рӯҳи инсон аст. Ғолибан мусиқӣ аз нигоҳи таъсираш ба инсон ҷойгоҳе болотар аз сухан дорад. Мусиқии классик ва фалакиёти мо реша дар дину мазҳаб доранд. Мардуми мо овози хуш ё ҳунари нодири ромишгариро “худодод” меноманд. Пас чӣ гуна Худо ба бандагонаш чизи ҳароме медодааст? Аслан, чаро ҳунар бояд ҳаром бошад? Он гоҳ хеле чизи зиёдеро бояд аз зиндагӣ берун кард. Пас он чӣ зиндагие хоҳад буд?

Мусиқидонону оҳангсозони Эрон талошҳои ҳукумати ин кишварро ба манъи мусиқӣ як масхара унвон карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ мусиқиро “ҳалол” номид, аммо гуфт, омӯзишу иҷрои он бо арзишҳои исломӣ созгор нест. Эрониён мегӯянд, худи оятуллоҳ дар навохтани сетор ҳунари баланд дорад.

Акнун ҷавонони мо бо ҳаром гуфтани мусиқӣ таърихи ниёкони худ ва ганҷинаҳои фарҳангу ҳунари хешро хатти бутлон мекашанд. Бо ин ҳол ин кишварро чӣ ояндае дар пеш аст? Бовар намекунед? Худ ба ин сафҳа равед ва шарҳу тафсирҳои ғазаболуди онҳоро бихонед. Он гоҳ фақат як калима ба зеҳнатон хоҳад омад – Астағфируллоҳ!

15.08.2010 - Posted by | Баҳс, Дин, Тоҷик, Тоҷикистон, Фарҳанг, Ҳунар | ,

65 Comments »

  1. Дуруд.
    Чун раксу мусики бо хам “дуст”-и наздик хастанд, ман зарур донистам то ин навиштаро,ки Ракс барои Худо унвон дорад ин чо биоаварам, шояд хонандагон аз он бардоште бигиранд.Ва аз устдо Салими Аюбзод ташаккур мекунам барои овардани ин масьла ба сахифаи интернет.

    Ин навишта аз профессор Онне Море Шимел мебошад. Дар ин мақола профессор Онне Море Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди бархе тариқаҳои асили суфия ҳамчун Тариқаи Мавлавия ва бархе машоихи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхи василае барои висоли ирфони, шуҳуди худованд ва шури ирфони талақи шуда аст ва яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст. Профессор Онне Мори Шиммел аз исломшиносон ва шарқшиносони ба ном рузгори муосир аст. Вай аз сари сидқу рости дар роҳи шинохти фарҳанг ва таърихи ислом гом ниҳода ва бо осораш на танҳо чашми гарбиёнро то андозае бар руи ҳақиқати фарҳанги машриқзамин гушуд, балки ба мо мусалмонон низ дар ошноии бештар ва беҳтар бо мироси илми ва фарҳангии ниёконамон ки ҳамон сунннати дини ва мазҳабии мусалмонон мебошад, ёри расонд. Дар мақолае, ки дар пай меояд, Шимел мекушад то нишон бидиҳад, ки рақси суфиёна (самоъ) ҳарчанд аз суи бисёре аз аҳли зоҳир амали шайтони ва гайриахлоқи дониста шуда, аммо назди баъзе тариқаҳои асили суфия ҳамчун тариқаи Мавлавия ва бархе машоиҳи ин қавм ҳамчун Абусаиди Абулхайр ва Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхи василае барои висоли ирфони шуҳуди Худованд ва шури ирфони талқи шуда аства яксара аз таманниёти ҷисмони ори аст.

    Рақс барои Худо

    Профессор Онне Море Шиммел.

    Дар халоли даҳаҳои ахир гоҳе навиштаҳое дар рузномаҳои Амрико дар бораи омузиши “рақси суфиёна” мехондем ва рақси суфиёна ба шеваи марсум барои парвариши нафс бадал шуда аст. Аммо рақс дар силом қабеҳ шмурда шудааст, чаро,ки ба таври куллирақс дар таърихи адён бо ваҷду ҳол дар иртибот аст ва инсонро аз ҳолати одии худ хориҷ мекунад ва метавон гуфт уро бар гирди як меҳвари хос ба чархиш во медорад. бегумон дар давраҳои миёнии исломи зиёфатҳои мусалмонони мутамаккин аглаб бо мусиқи ва рақс ба поён мерасид. Лекин дар бистари дин рақс,ки асосан як пи- падидори мусиқи ва нагмаи хушоҳанг аст, бо хасисаи шариати меҳвари ислом дар таоруз қарор мегирад,зеро мумкин аст фардро аз роҳе,ки худованд муқарар дошта шариат-ба пайроҳа кашад. Аз ин ру ислом ба мухолифат бо рақс бархоста аст ва мутобиқи Қуръон (Фотр , ояи бо каф задану умуре аз ин даст мухолиф аст. Таи чандин қарн мақолот ва рисолоте алайҳи масъалаи рақс ба иллати вуҷуди таъсироти шайтонии он нигошта шуда аст.

    Бадин ҷиҳат хунёгарон ва рақосон ҳаққи шаҳодат додан дар додоҳро надоштанд, ба унвони намуна метавон аз рисолаи мансуб ба ин дар мавриди рақс ва самоъ ёд қард.У ин ду мақуларо ба андозаи табиат аз мугулҳо барои муъминони хатарноқ ва зиёнбор мешуморад. Баъдҳо як пажуҳишгар таъсир ё радпои шумнонаро дар рақс суфиёна мушоҳида мекунад.

    Ҳатто касоне, ки рақсро вижагии аслии тасаввуф мешуморанд ва ҳудро ба ин ҷараён мансуб медоранд, мавриди накуҳиш қарор додаанд, чаро, ки ҳадафи ишон бузургнамоии чунин таҷоруби халасаовари будааст. Ишон дар ин маворид бо Ҳиҷвири (қарни 5 қамаи-11 милоди) мувофиқ меоянд. Вай дар Кашф-ал-маҳбуб баён медорад. “Тоифае дидам аз авом,ки мепиндоштанд мазҳаби тасаввуф худ ҳеч нест ҷуз тасаввуф. (Кашфулмаҳбуб саҳ416, тарҷумаи Николсон).

    Аввалин самоъхонаи маъруф ё ҷое барои рақсидан ва навохтани мусиқии мазҳаби дар нимаи дувуми қарзи савуми ҳиҷри баробар бо нуҳуми милоди дар Багдод таъсис шуд, ҷое, ки суфиён маҷоли шунидани нагмаҳои оҳангинро меёфтанд ва бархе дар халоли он ба чарх задан мепардохтанд. Гоҳе авқот ин ҳолати халаса ба ҷое мерасид, ки хирқаҳояшон-тика порчаҳое, ки бо диққат ба яқдигар духта шуда буд-ро медариданд.

    Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳи ба суи осмон дароз мекунанд

    Дар ин ҳангом чунин тасаввур мешуд, ки саршор аз баракати “неруи ҷодуи, муқаддас ва маънави” шудаанд. Масъалаи мавриди ихтилоф ин буд, ки оё мубтадиёни тариқат-чунон,ки шайх Абусаиди Абулхайр муътақид буд боиста аст,кид ар маросими рақс ва самоъ ширкат кунанд то муштаҳиёни нафсонии худро аз миён бардоранд ё ин ,ки аз шикрта дар ин гуна маҷолис бояд барҳазар бошанд.

    Масъалаи дигар ба ин гуна буд, ки оё навомухтагони тариқат ба воситаи пойкубии сармастона ва гуш додан ба мусиқи метавонанд “аҳволи” ирфониашонро таоли бахшанд ё бояд аз намоиши чунин амале парҳез кунанд? Пойкуби ва дастафшони бахше аз чунин рақсҳое буд, ки мумкин буд ба чунун мунтаҳо шавад (чунон ки Ҷоми онро дар силисилатулазҳаб тавсиф мекунад) минётурҳое, ки умдатан аз ҳавзаи фарҳанги ирони бар ҷой мондааст, суфиёни чархзанро бо остинҳои баланде,ки парандагонро тадои мекунад ба тасвир мекашанд.

    Истилоҳоте аз қабили “пойкуби” ва “дастафшони” ва назоири онҳо дар ашъори Ҷалолиднини Руми бахусус рубоиёт фаровон аст, чаро,ки рубои аглаб ба унвони қолаби манзум дар маҷолиси самоъ ба кор гирифта мешавад.Назди Мавлави тамоми ҷаҳон дар рақси шигифтовар дар ҳаракат аст. Аз замоне, ки адам, хитоби азалии Худованд: “Оё ман парвардигори шумо нестам”- ро шунид пойкубон по ба арсаи вуҷуд ниҳод. (Девони Шамс,шумораи 18365)

    Ин ақида ба гуфтаҳои Ҷунайд ишора дорад. Рақс ва самоъ ду нардбон барои суъуд ба осмон- яъне меъроҷи ҳақиқи ҳастанд ва фариштагону чиниён низ дар ин уруҷ ширкат доранд. Рақси шохаҳои дарахтон ба воситаи вазиши насими баҳори мазҳаре аз он сарнамуни азали аст.

    Фарзанди Мавлоно , Султон Валад, мусиқи ва рақсро, ки падараш бо илҳомоти худ онҳоро парваронда буд, сомон дод, ба ин маъно рақс дар назди Мавлавия як амали шурмандона энони гусехта нест, балки рақси манзуми “бола”аст, ки дар он як дарвеш метавонад шаъафи сармастонаро таҷриба кунад. Аммо ин шаъафи сармастона роҳе барои парастиши “У” ва дар ҳақиқат “рақс барои Худо” аст. Чарг задан аглаб ба ҳаракати ситорагон ба даври хуршед ё рақси парвона ба даври шамъ барои “фано”- и дар он ташбеҳ мешавад. Ин таҷрибаи фано аст.”Фано”-и дар Худо барои расидан ба сатҳи болотар аз басират.Шоирони баъди Мавлоно назири Галиб (мутавафи дар Истанбул ба соли 1213 қамари, 1799 м)ба монанди шоирони Ҳинд ва ирони албатта бо сароҳати бештареин симбулизмро дар ашъораш бо радифи рақс ба кор гирифт.

    Дар миёни даровиш ба вижа Мавлавия маросими тадвин аглаб бо пойкуби ҳамроҳ буд ва низ дар мавриди ҷашнҳое, ки барои накудошти як ориф мутавафи баргузор мешуд, вазъ бар ин минвол буд ва бинобар ин ҷои шигифте нест, ки аз рақси биҳишти сухан бамиён овардаанд. (Аз ин ру ёдовар бардошти гарби аз нақошиҳои Микеланжело аст) Ва Рузбаҳони Бакали , чунон,,ки иддао мекунад, худро дар рақс бо малоиқ ва паёмбар дид. Намоди поёни сафи сафари ирфонии у “рақс бо худо” аст.

    Дар кишварҳои исломи маъмулан раксҳои маҳалли барои занон ва мардон ҷудогона тартиб меёфт ва чунон хи дар мавориди занон ва мардон бо ҳам дармеомеҳтанд ва ба пойкуби мепардохтанд ба монанди қабоили бар бар-ки тавассути аҳли зоҳир ва суфиёни мутанассик мавриди эътироз воқеъ мешуд. Ин амр,ки имруза ҳатто занон дар тариқаҳои “имрузи” ширкат меҷуянд бо тамоми суннати клосик дар тақобул аст. Чаро,ки самоъи суфиёна мутаваҷҷеҳи аҳдоми ҷисмони нест. Наққодони суннатии тасаввуф Ибни Ҷавзи рақсро ваҳъи шайтони ва феъли “хилофи ахлоқ” медонанд.

    Наҳваи анҷоми рақси самоъ дар тариқаи Мавлавия

    Дар ин маросим шайх дар васати доира меистад. Қоличаи сурхранг (намоди иттиҳод бо олами шуҳуд) ба суи Макка густаронида мешавад. Маросим бо тиловати Қуръон ва наът (шеъре, ки дар снаои наби суруда мешавад) огоз мешавад. Навозандагон ру ба руи шайх менишинанд ва сукуте,ки дар паи тиловати Қуръон ва наъти наби дар маҷлис соя афланда бо садои табл шикаста мешавад.

    Пас аз он такнавозии най шуруъ мешавад. Сипас дарвешон ба дунболи шайх дар доираи толор меистанд ва ба як дигар сар фуру меоваранд. Рақс бо нахустин саломи як дарвеш огоз мешавад. Дарвеш бо бусае бар дасти шайх аз у барои самоъ рухсат металабд.Муршиди самоъ уро ба ҷои худ роҳнамои мекунад.

    Навозандагон ва хонандагон шуруъ ба хондан мекунанд. Шайх дар ҷои худ истода ва дарвешон бар гирди у боз мешаванд ва мечарханд ва оҳиста зикри Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ…ро зери лаб такрор мекунанд.

    Ин бахш аз маросим тақрибан 10 дақиқа ба тул мекшад ва барои чаҳор бор такрор мешавад. Дар чаҳорумин саломи худ шайх низ ба рақс мулҳақ мешавад. Дар назми хуршедвори Мавлоно шайх намоди хуршед аст ва дарвешон ба монанди ситорагон ба даври худ ва ба даври шайх чарх мезананд.

    Ишон чархзанон дасти росташонро барои касби раҳмати илоҳи ба суи осмон дароз мекунанд то онро ба қалби худ мунтақил созанд ва аз қалб низ бо пойин овардани дасти чап ба суи замин онро аз раҳмати илоҳи сероб месозанд.

    Ҳангоме, ки як нафар пои худро маҳкам ба замин мекубад, дигари дунболаи кори уро мегирад ва рақсро идома медиҳад. Фарозу фуруди пои рост доиман бо зикри оҳангини Аллоҳ, Аллоҳ, Аллоҳ… ҳамроҳ аст.

    Бадин тартиб симбулузми (рамз) ниҳон дар рақсу самоъи тариқаи Мавлавия ба ишқи осмони ва шури ирфони ва низ иттиҳод бо Худо ишорат дорад. Дар поён , дарвешон ҳу-ҳукунон ба якдигар мулҳақ шуда ва бо зикри фотиҳа ва адои намоз барои Мавлонова Шамси Табрези маросимро ба поён мерасонанд.

    Мутарчим ва фарохамсоз: Фирдавси Аъзам
    http://mavloiman.wordpress.com/2010/05/25/рақс-барои-худо/

    Comment by Фирдавси Аьзам فردوس اعظم | 15.08.2010 | Reply

  2. Ин чавонон 99% пайравони ХНИТ мебошанд!

    Comment by Абду | 15.08.2010 | Reply

    • Дустам, хохиш мекунам носанчинда ва бидуни илм ХНИТ-ро ки як хизби муътадил ва бонуфузаст дар хама чиз ва дар хамачой наандозед. Ва ба фикри банда, ХНИТ ё чи хеле, ки аз баъзе онхо мумкинаст истинбот кунем, на ба он дарачае,ки ин чавонон мусикиро харом медонанд ва на ба он хадде ки шумо онро чавоз медонед бале мавкифаш дар байни ин ду мебошад. Азинру, ба фикрам кашондани ХНИТ дар хар чой ва дар хар хурду калон аз руйи адл нест.
      Акаи Салимчон, Худованд кувватат дихад ва мо хамеша маколахои Шуморо бо шавк мехонем.

      Comment by Дусти НАХЗАТ | 16.08.2010 | Reply

  3. Assalomualikum Usrod. KHub meshud nukhsai hamin makolatonro ba zaboni anglisi tarjuma menamuded….Khudovand nigahdoraton

    Comment by Boburshoh | 15.08.2010 | Reply

    • Агар ба англиси тарчума шавад эронихо ва афгонхо барои мусулмонии мо наълат мехонанд!

      Comment by Абду | 16.08.2010 | Reply

  4. Ба номи Худо Салом
    Ман ин мақалае навишат шудааст қабул надорм чуни илми нест би ин чанд далел:
    1- Аввалан Равияи Суфия дини Ислом нест.
    2- Оятуллох Хомани рахбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гоҳ фатовт надодаст, ки мусиқи ҳалол аст чаро ки уро пайрави мазҳаби Ҷаъфари бидонем хечгоҳ бар алайҳи суҳани хазрати Эмом Ҷаъфари Содиҷ сухан намегуяд: Хазрати Эмом Ҷаъфари Содиҷ мефармояд: Ғино (мусиқи) аз ҷумалаи гуноҳоне аст, ки Худован бар онӯо ваъдаи Фармудааст./ Кулайни, Усули Кофи, ҷ/6, саҳ. 431, ҳадиси 4.
    Сухан ва далелҳои фаровоне дар ин масъала аст ман феълан ба ҳамин иктифо мекунам
    Ва ман аз Салими Аюбзод хоҳиш мекунам, ки матолибе, ки дар ин сомонаи хусисиаш меоварад хатман инсоф ва ростгуиро дар назар дошта бошад.
    Мувафақ бошед.

    Comment by Карим | 16.10.2010 | Reply

  5. Хитоби ман ба он касе, ки ин мақоларо навиштааст, ин аст, ки аз забони бегона, исломи азизи мора муррифи накунад. Ин мақола дар воқеъ навиштаҷоти куркурна аст на муҳақиқона. Худованд дар Қуръон ба Паёмбараш мефармояд: Яҳуд ҳаргиз аз ту рози намешавад магар ин ки дини онҳоро қабул куни. Яҳуде,(Онне Море Шимел) ки то динашро қабул накунем аз мо рози нест чигуна метавон бовар кард, воқеан дини моро муаррифи мекунад??? шумо фикр накунед, ки мо мусалмонҳо аз найранги шарқшиносон беҳабар хастем. Равиши шарқшиносон дар муаррифии Ислом ин аст, ки аз тариқи фирқаҳои сохта шуда истифода намуда ва Исломро муррифи мекунанд ва намояндагони он фирқаи золлаи Суфияро наояндагон Исломи ноби Муҳаммади муаррифи мекунанд.
    Хитоби ман ба ҷаноби Салими Аюбзод ин аст, ки ин мақоларо, ки бе поя ва асос аст хазф намоед.
    Мувафақ бошед,
    Мувафақ бошед.

    Comment by Карим | 16.10.2010 | Reply

  6. Ба номи Худо Салом
    Ман ин мақалае навишат шудааст қабул надорм чуни илми нест би ин чанд далел:
    1- Аввалан Равияи Суфия дини Ислом нест.
    2- Оятуллох Хомани рахбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гоҳ фатовт надодаст, ки мусиқи ҳалол аст чаро ки уро пайрави мазҳаби Ҷаъфари бидонем хечгоҳ бар алайҳи сухани хазрати Эмом Ҷаъфари Содиҷ сухан намегуяд: Хазрати Эмом Ҷаъфари Содиқ мефармояд: Ғино (мусиқи) аз ҷумалаи гуноҳоне аст, ки Худован бар онҳо ваъдаи азоб Фармудааст./ Кулайни, Усули Кофи, ҷ/6, саҳ. 431, ҳадиси 4.
    Бародарон шумо дар ҳамин интернет дар http://www.google.com чумлаи ғино ҳаром астро тойп кунед ба роҳати садҳо далел барои ҳаром будани ғино ва мусқи дар ихтиёрат қарор медиҳад ниёз нест, ки аз забони бегона дар бораи Ислом барои мо сухун бигуед.
    Сухан ва далелҳои фаровоне дар ин масъала аст ман феълан ба ҳамин иктифо мекунам
    Ва ман аз Салими Аюбзод хоҳиш мекунам, ки матолибе, ки дар ин сомонаи хусисиаш меоварад хатман инсоф ва ростгуиро дар назар дошта бошад.
    Мувафақ бошед.

    Comment by Карим | 16.10.2010 | Reply

    • Бародар Карим,

      Дари ин кошона ба руи хама боз аст ва агар дусте матлаберо дар ихтиёри хонандагон гузоштааст, айнан мисли ин аст, ки худат фикру назаратро навиштаӣ. Чаро ман бояд яке ҳазф кунаму дигареро ҳифз? Агар ин тавр кунам он гоҳ аз руи инсоф хоҳад буд? Ё баҳс низ дар ислом ҳаром аст?

      Сониян, дар ҳоле ки Хоманаӣ ин сухнонро гуфтааст ва забти онҳо низ вуҷуд дорад ва ман бо гӯши худ шунидаам, аз чй маро ба дурӯғгӯй айбдор мекунӣ ва бовар дорӣ, ки Хоманаӣ чунин нагуфтааст?

      Comment by aioubzod | 16.10.2010 | Reply

  7. Саломун алйкум бародар Салими Аюбзод
    Ман ин сухнаро қабулнадорам, ки “Дар ин кошона барои рўи ҳамам боз аст”. чаро ки ман худам шуморо як инсон бо фарҳанг ва ҳақиқатҷу фикр мекунам агр ту ҳақиқатҳоҳо боши бояд воқеиятҳоро баён куни ва агар ки не ман ҳарфе надорам. Суҳанҳоро вақте мегуед равшан ва возеҳ боён кунед на муштабаҳ соз. шумо мегуед:Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ мусиқиро “ҳалол” номид, аммо гуфт, омӯзишу иҷрои он бо арзишҳои исломӣ созгор нест.
    ҳоло фатвои эшон дар ин масъала ин аст:
    Савол: милоки фарқи мусиқии ҳало аз ҳаром чист? ва оё мусиқии клосик ҳалол аст? бисёр муносиб аст, ки меъёри онро баён фармоед.
    Ҷовоб:Ҳар мусиқие, ки бошад ба назари урф мусиқии

    Comment by Карим | 23.10.2010 | Reply

  8. Ҷовоб:Ҳар мусиқие, ки бошад ба назари урф мусиқии лаҳв(беҳуда) ва мутриб, ки муносиб бо маҷолиси айшу ва нуш бошад, мусиқии ҳаром махсуб мешавад ва…. фарқе намекунад, ки мусиқи класики бошад ё ғайри калиски. ташҳиси мавзуъ ҳам вогузор мешавад ба назари урфии мукаллаф, агар мусиқи ингуна набошад ба худии худ эрод надорад.

    Comment by Карим | 23.10.2010 | Reply

  9. қазоват ба худ шумост оё далеле, ки шумо овардаед манзур ҳамин аст? Агра ҳамин бошад ман ҳарфе надорам ва гар чизи дигае бошад қобили қабул нест.
    мувафақ бошед

    Comment by Карим | 23.10.2010 | Reply

  10. Саломун алйкум бародар Салими Аюбзод
    Ман ин сухнаро қабулнадорам, ки “Дар ин кошона барои рўи ҳамам боз аст”. чаро ки ман худам шуморо як инсон бо фарҳанг ва ҳақиқатҷу фикр мекунам агр ту ҳақиқатҳоҳо боши бояд воқеиятҳоро баён куни ва агар ки не ман ҳарфе надорам. Суҳанҳоро вақте мегуед равшан ва возеҳ боён кунед на муштабаҳ соз. шумо мегуед:Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ мусиқиро “ҳалол” номид, аммо гуфт, омӯзишу иҷрои он бо арзишҳои исломӣ созгор нест.
    ҳоло фатвои эшон дар ин масъала ин аст:
    Савол: милоки фарқи мусиқии ҳало аз ҳаром чист? ва оё мусиқии клосик ҳалол аст? бисёр муносиб аст, ки меъёри онро баён фармоед.
    Ҷовоб:Ҳар мусиқие, ки бошад ба назари урф мусиқии лаҳв(беҳуда) ва мутриб, ки муносиб бо маҷолиси айшу ва нуш бошад, мусиқии ҳаром махсуб мешавад ва…. фарқе намекунад, ки мусиқи класики бошад ё ғайри калиски. ташҳиси мавзуъ ҳам вогузор мешавад ба назари урфии мукаллаф, агар мусиқи ингуна набошад ба худии худ эрод надорад.
    қазоват ба худ шумост оё далеле, ки шумо овардаед манзур ҳамин аст? Агра ҳамин бошад ман ҳарфе надорам ва гар чизи дигае бошад қобили қабул нест.
    мувафақ бошед

    Comment by Карим | 23.10.2010 | Reply

  11. мутасифона мехостам одресашро ки вебсайт буд бифиристам натавонистам чун ин вебсайт намегузорад он одрес мутнатиқл шавад.

    Comment by Карим | 23.10.2010 | Reply

    • Дуруд бар Шумо, бародари азиз. Дарднок аст, ки бедалел маро ба гуфтани дуруг айбдор мекунед. Ин аз руи инсоф нест. Лутфан, ба ин матлаб саре бизанед ва аз ман узрхохй кунед. Агар ин матлаби мустанад хам бароятон кам буд, ба зудй сабти садои ин оятуллоро бароятон фарохам хохам овард.

      http://www.ozodi.org/content/article/2125392.html

      Comment by aioubzod | 23.10.2010 | Reply

  12. Карим ин кадар ту тую шумо ту ту шумо карди! Чи ин кадар дод мезани мисли фанатик! Агар лозим набошад кори худата дон ба дигарон кордор нашав! Мусики гуш накуни накун ва дигаронро фанат хам накун. Ба майли хамагон мон! Аз тарзи навиштанат маълум ки дар майнаат чи гуфта истодию руяки чи гуфта истодаи!

    Comment by Точик | 23.10.2010 | Reply

  13. Салом бародар Айюбзод ман айни фатворо барои шумо овардам шумо аз Радиои озоди далел меоварид ин кучову айни фатвои хоманаи кучо? шумо бояд узур хохи кунед на ман.
    мувафақ бошед

    Comment by Карим | 24.10.2010 | Reply

  14. Карими доно! Гуш кун доноча ба дили як чиз зади! Ана хамин чумла аз сайти Хоманаи аст!
    وسيقي اگر اين خصوصيات مضر و موجب حرمت را نداشته باشد، البته آن‏وقت حرام نيست.

    http://www.leader.ir/cps/ebook_index.php?page=14&ptype=show_parags&eid=2&kwid=1407

    Ин видеоро тамошо кун http://www.youtube.com/watch?v=OjHyfELrcF0 ва назархои мардуми эронро хонба ба як хулосае биё!

    Comment by Точик | 27.10.2010 | Reply

  15. Khamenei said: “Although music is halal, promoting and teaching it is not compatible with the highest values of the sacred regime of the Islamic Republic.”
    http://www.guardian.co.uk/world/2010/aug/02/iran-supreme-leader-music-islam

    Comment by Точик | 27.10.2010 | Reply

  16. Дуруд!

    Аввалан, аз устоди хушкаламу некусалика чаноби Аюбзод ба хотири ин макола камоли сипосро иброз медорам. Макола, маколаи чолиб ва хонданист. Хол, чи басо ба завки бархе аз бародарони азизамон хуш наояд, ин камоли ихтиёри инсони сохибирода аст, ва карор нест хар навишта ва хар гуфтае мавриди писанди хамагон гардад. Хамчунин, шояд сохиби калам, ба назари иддае аз бародарони гироми, дар овардани матлабе ба иштибох рафта бошад, чунин падидае гиребонгири хар инсоне мешавад, айбе надорад.

    Нисбат додани бародари азизамон Аюбзод ба Оятулло Хоманаи ин фатворо, ки мусики агар аз масодики лахву лаъиб набошад, халол аст, нисбати дурусте аст. Ин фатворо метавон дар истифтооти эшон дар сайти расмияш дид.

    Тоза, ба ин нукта бояд таваччух кард, ки масъалаи халол ё харом донистани мусики, як масъалаи ихтилофи байни фукахост. Ва чун ихтилофист, набояд мучиби бигумагухои бехуда ва хатто пархошгари нисбат ба якдигар гардад.

    Аз хама мухим, мо харгиз ин нуктаро аз мадди назар дур наандозем, ки имруза инсонхо дар ибрози акоиди хеш озоданд, ва чун озоданд, касе хакки амру нахй надорад. Хол, агар дар мучтамаъе будем, ки фатвои дини хамчун конун дар он пазируфта шуда буд, он чо дигар амру нахй маъно дошт. Аммо дар вебсайт, мо ба чуз ибрози акида ва андешаи хеш, дигар хакки хеч дахолате надорем.
    Ин назари камина буд.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 27.10.2010 | Reply

  17. Кучо шуд Карим намояндаи сайти tojikon.org? Карим бояд узр хохи кунад!!!

    Comment by Точик | 29.10.2010 | Reply

  18. Иштибохи худро дарк намуда узрхостан кори МАРДон аст…

    Comment by Fakhri | 29.10.2010 | Reply

  19. Карим, ту кучо шуди? Забон дарози карди ва худро доно нишон доди? Чи хомуш шуди? Ин чо бисёр мардон интизори узрхохии туем!

    Comment by Точик | 29.10.2010 | Reply

  20. Бародарон, шумо аз рубох амали шерона интизоред??? )))))

    Comment by Snaiper | 30.10.2010 | Reply

  21. Интизорем! Гаштаю баргашта навишт, рози набуд, узрхохиро аз устод талаб кард. Харакат кардем, ки исбот кунем. Кучо шуд оё метавонад мардона узрхохи намояд? Ба хар хол навишатхои моро хонда истодааст ва хомуш аст. Рубох хеч вакт шер намешавад, умедворам, ки каме хам бошад худро тағйир хоҳад дод🙂

    Comment by Точик | 30.10.2010 | Reply

  22. Ба номи Худо салом
    Дар кучо Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ гуфта бошад, ки мусиқи “ҳалол” аст, аммо гуфт, омӯзишу иҷрои он бо арзишҳои исломӣ созгор нест.
    http://www.tabnak.com/nbody.php?id=39070
    шумо ин сайтро нигох кунед оятуллох Хоманаи марзи холол ва Харомроми мусикиро муаян кардаст нагуфтааст мусики халол аст, Инчо Салими Аюб зод дар воке чизеро дорад пинхон мекунад ва мавзуро тавре вонамуд мекунад, ки Рахбари Эрон мутлакан мусикиро холол эълом карда бошад, ки ин ин тавр нест.
    Ин дахонкачоне, ки аз ман талаби узурхохи кардаистодаан аслан намедонад ин ки мо дар чи бора сухан мегуем.
    шумо дахон качон худатон харф бизанед ва сухан бигуед далел доред биёварде агар не дахонхоро бибандед
    мувафак бошед

    Comment by Карим | 01.11.2010 | Reply

    • Бародар Карим, агар ту мусулмон бошй вой бар Ислому вой бар мусулмонй. Хамин тарзи тафаккур аст, ки кишвархои исломй харгиз даст ба пешрафте нахоханд ёфт. Ва сониян, аз руи кадом одобу ахлок бародарони хешро “даханкач” меномй? Бо ин хол магар мешавад бо ту сухбат кард? Бисёр мехохам бидонам, чандсолай ва чунин одоу ахлокро дар кучо ва аз кй омухтай.

      Comment by aioubzod | 01.11.2010 | Reply

  23. Карим, аз сарчашмаи асли, яъне аз сайти Хоманаи мисол овардем, кам аст? Боз забондарози мекуни?
    http://www.leader.ir/cps/ebook_index.php?page=14&ptype=show_parags&eid=2&kwid=1407

    Comment by Точик | 01.11.2010 | Reply

  24. Ба номат пайванди озодиро назан, Карим! Дар боло ба tojikon.org пайванд зади!

    Comment by Точик | 01.11.2010 | Reply

  25. Дуруд,
    Намедонам чаро мо хамдигарро пархош мекунем? Барои чи? Билохира, хар чи хаст, як фатвост, ва то худуде масъала рушан аст. Пархош ба якдигар, нишонаи суи ахлок аст, ва мусалмон набояд чунин бошад. Яке узр мепурсад, дигаре мубохот мекунад, ки “ман” дуруст мегуяму ту нодуруст. Ба Худо, корест сад дар сад шайтони.
    Мусики, тибки фатвои Оятулло Хоманаи, модоме ки мучиби лахву лаъиб набошад, халол аст. Кучои ин масъала норушан мебошад?
    Инсон каме фурутан бошад.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 01.11.2010 | Reply

  26. Шахсан пайрави Хомайни нестам. Бигзор Хомайни пайрави ман шавад! Хомайни ва Ахмадинажод сарварони басичиёнанд, ки аз сабаби сиёсати милитаристиашон мардуми эрон дар шиканча, миллионхо берун аз ватан дар гариби! Лаънат ба Хомайни ва Ахмадинажод!

    Comment by Точик | 01.11.2010 | Reply

  27. Точик! аз ту ки пурсид Ахмадинажод ва Хумайни сарварони чи касоне хастанд??? У касоне, ки дар хорич хастан хамон фосиқони Худо бе хабар ва фосиқон хастанд дилатон бо онхо насузад,
    Мувафақ бошед

    Comment by Карим | 02.11.2010 | Reply

    • Карим, фаромуш накуни дар дохили Эрон шумораи тарафдорони ту “фосик” гуфта бисёранд. Чунбиши сабз! Ту худ ки буданатро инчо нишон доди! Барои инсони ба мазмуни гапу кор мерафтаги ахлоку рафтори ту дар ин торнигор баст аст! Дилам месузад намесузад кори ман аст! Ту тарафдориатро ба Хомайни ва Ахмакинажод намоиш доди ман ба ту посухат додам!

      Comment by Точик | 02.11.2010 | Reply

    • Бо як порча гушти сурхи чунбон 5-6 миллион нафарро фосик номидан худ баёнгаи хувияти шахс аст. Холо ба харфи Чаноби Олй Эмомалй Рахмон бовар мекунам, ки ба Точикистон терроризми равонии тундравони навбаромад тахдид мекунад.

      Comment by aioubzod | 02.11.2010 | Reply

  28. Cалим Аюбзод шахсиятатро дар ин номаат хуб нишон доди ман аз зургуиҳои шумо наметарсам мо ки шуморо хуб шинохтаги ту на бо Чоноби эмомали мувофиқи ва на ба Ислом. Ҳамин шумо ва амсоли шумо хабарнигорони вобаста ба ғарб бо тафриқаҳои харузаатон миллати Точики мора овораву саргадон кардед.
    Шумо ва амсоли шумо кадом вақт аз Ислм дифоъ кардед ва аз Ҷаноби оли, ки имруз дифоъ мекунед???
    5-6 милион фосиқ кам аст дар дунё инқадар фисиқ зиёд аст, ки шуморишаш мушкил.
    Салими Аюбзод ту куҷо хақиқатро баён карди имруз дар сомони риоият хақиқатро баён мекунед??? дар харкуҷои дунё як фосиқ овоз баланд кунад шумо аз он химоят мекунед ин як чизи ошкор аст. Мо мусалмонҳо душманони исломро аз таърифҳо ва пуштибонии шумо хуб мешиносем. Дар куҷое дуня як инсон пасти ки хеч эътиборе надорад ин қадар бузургнамои мекунед, ки тараф дар шак мекунад.
    Ба Точик
    Ман на Эмом Хумайниро мешиносам ва на Хомани ва Ахамадинажод ва на чунбиши сабз ман фақат хаминро медонам, ки имруз Эрон хам аз лиҳози илми ва хам аз лиҳози дини, сиёси тамоми дунёро зери боли худ гирифтааст тамоми абрқудратҳои истикорби ғарб ба зону задаанд. Ман бо хукумати динии Эрон мефахрам чун душманони Исломро хору залил кардаанд албатта ман ханафи мазхабам, вале инхоро дуст дорам.
    Мувафақ бошед

    Comment by Карим | 03.11.2010 | Reply

    • Оре, бародар, ман чизи пинхоне надорам ва ошкор мегуям, ки бояд ба пеш рафт, на ба пас. Бояд муътадил андешид ва муътадил рафтор кард, на тундравона ва бефаросотонаву эхсосотй. Афроде мисли ту кишвари моро дубора ба чангу чидол кашиданиед ва агар ман дар гузашта тарафдори озодии комили инсон дар таблигу даъвати динияш будам, пас аз хондани номахои ту ба натичае расидам, ки бояд пеши рохи чунин тундравонро баст. Ончй ту мегуи Исломи хакикй нест, балки ситезагарй ва вайронкорист.

      Дуруст аст, ки дар хеч кавму чомеае панч панча бо хам баробар нест, аммо бо як туффи дахан чандин миллион нафарро фосик номиданд ва он хам бедалел ва он хам дар холе ки дар байни онхо хазорону хазорон нафар инсони комил хастанд, ба чуз аз тундравии кур-курона чизе нест. Дуо мекунам, Худованд туро хидоят кунаду чашмонатро боз ва аклатро рушан.

      Comment by aioubzod | 03.11.2010 | Reply

    • Карим, росташро навис барои чи дар Русия кор мекуни? Ба кавли ту Русия давлати фосикон аст барои чи махз Москваро интихоб карди? Метавонисти аз хама ифлостарин пойтахти чахон Техронро интихоб намои!

      Он кудрат ва хурмате, ки Эрон пеш аз инкилоб хозир надорад! Вохурии Сталин, Черчил ва Рузвелтро дар Техрон медони? Ин вохури на факат Чанг Дуюми Чахонро тагйир дод боз тамоми асри XX тагийр дод. Имруз бошад Техрон аз хама ифлостарин пойтахт ба хисоб меравад.

      Ба назари ту кумаки камтари Эрон ба Точикистон ин гирифтани тамоми чахон зери боли худ нест. Ту барин ханафи мазхабиро дар Эрон чашми дидан надоран аммо мачбуран руяки чизе мегуянд ки ту худро бародари басичиён мешумори! Ба ту халки оддии эрон бо ин назарат лаънат мехонад.

      Аз ту барин кутохандеши бесавод Точикистонро Худо нигох дорад. Бо ин чалла мусулмониат дур нахохи рафт!

      Comment by Точик | 03.11.2010 | Reply

  29. Бародар Аюбзод агар номусулмони пешрафт бошад холо бо ҳамон хиёл бош имруз дар чоҳон ислом хеле пеш рафтааст, ки шумо хоб хастед. Шумо агар пешрафтро дар чомеои ғарб бидонед бидон, ки имруза ғарб аз тамоми чихат дар пеши Эрони исломи сар хам кардааст, ин пешрафтро дунё башарият дарк кардааст.
    Бародар шумо куркурона амал мекунед шумо дар кучое аз мақолахо ва хабархоятон хақиқатро бозгу кардаед???? хамааш чуз таъриф бепоя ғарб чизи дигаре нест. мо мусалмонҳо аз шумо интизореро надорем, ки шумо аз ислом дифоъ кунед.танҳо шумо забонҳои заҳрогинатонро аз паст задани Ислом бибандед кифоят мекунад.
    мувафақ бошед

    Comment by Карим | 04.11.2010 | Reply

  30. Салими Аюбзод чаро ба гуфтаи худ амали намекуни:*Дари ин кошона ба руи хама боз аст*
    Чаро номахоро пок мекуни? тарсиди кам -кам сирхо фош мешавад?
    Худо хоахад хамааш фош шудаги
    мувафақ бошед

    Comment by Карим | 04.11.2010 | Reply

  31. Точик!
    Сукутро риоят кун, баҳтар аст, ки дар гумноми бимон аз ин ки намедони чи мегуи.
    мувафақ боешд

    Comment by Карим | 04.11.2010 | Reply

  32. Точик:
    Фикр мекунам дар ин планета нести лутфан афкори пусидаро баён накун.
    мувафақ бошед

    Comment by Карим | 04.11.2010 | Reply

  33. Салимчон харгиз махзун нашавед аз фикру акидаи галати Карим. Сад дар сад фикратон дуруст аст. Саломат бошед.
    Карим, ту фикр мекуни бо ин фикрат гуё пуштибони аз дини мубини Ислом карда истодаи. Лекин ин корат хатост. Чунин фатводеххоро бисёр дидаам, ки сад грамм спирти нушида сархушу сармаст паси компутар менишинанд ва пуштибони аз дини пок мекунанд.
    Як чизро дарк кун ки ин мамнуъиву сархадгузори одамонро аз дини Ислом мегурезонад ва метарсонад. Ислом динест осон ва озод. Ту боши онро дини пурманъдор ва мушкил мепиндори. Ин хизматест хирсона.
    Барои мусулмонони одди ин мамнуъиро ба рох гузоштан хуб нест. Агар ба хамаи нозукихои шариат риоя намоем, пас он либосе ки мепуши ва гизое ки истеъмол менамои раво нест. Пас ин кадар нозук наравед ва он Исломе ки падару бобохои мо доштанд хамонро идома дихем.
    Саломат бошед.

    Comment by Фахри | 05.11.2010 | Reply

  34. Салим оюбзод чоро номаҳои навиштаи Карим пок мешавад. магар ин сомона озод нест??? ё ҳар ончи ба нафъи шумо бошад мемонад ва агар бар зидди шумо бошад пок мешава.
    Тачик ҳар гуна сухан бигуяд ба бародар Карим шумо лаб накушои ва ба он ҳам чизе нагуи ин оё аз руи инсоф аст????

    Comment by Рустам аз душанбе | 06.11.2010 | Reply

  35. “Рустам” ва “Карим”, ки хар ду як нафар бо ду ном хастед! Ягон нома пок нашудааст ва Шумо тибки маъмул ва аз руи муктазои табиати хеш тухмат мезанед.

    Мушкил ин буд, ки ба иллати серкорй фурсат надоштам, номахои навро мунташир кунам, факат хамин.

    Сониян, ин сомонаи шахсии ман аст ва агар хостам, номааи беаклонаатро чоп мекунам, нахостам, ба сабади ахлот мепартоям. Холй хозир ба густохихои аблахона токат мекунам, аммо хохиш дорам, аз хад нагузар ва бехтар аст, агар мардона ва чун мусулмони асил ному насабатро бинавису ин бозихои зери чанд ном нома заданро канор гузор.

    Худо хидояатат кунад.

    Comment by aioubzod | 06.11.2010 | Reply

    • IP адресашро фош кунед. Бо клавишаи Print Screen сурати IP aдреси Карим ва Рустамро гирифта як блоги нав нависед.

      Карими гаранг хаёл мекунад, ки аз IP адресаш аз кучо навистанаш ба администратори хар сайт маълум аст🙂 ва аз номхои гуногун истифода мебарад хахаха. Дигаронро мисли худаш гаранг хисоб мекунад.

      Ба донистани IP адресаш ва дидани скриншоташ интизорам!

      Саломат бошед!

      Comment by Точик | 06.11.2010 | Reply

      • Ташаккур, бародари азиз. Ман фикр мекунам, зарурат ба ин кор нест, иззо додани бандаи Худо харом аст. Ин тундравии у аз камхирадию камдонишист. Худо хохад, рузе ки илму донишу фаросоташ ба хадди боло расид, худ дарк мекунад ва бо рохи дуруст меравад. Худо нигахдораш бошад.

        Факат як чизро мегуям, ки ин шахс дар Эрон зиндагй мекунад. Ин аст тухфаи Чумхурии Исломии Эрон ба мардуми точик! Агар у мехохад, номи хакикй ва дар кадом нишонй вокеъ будани ду компютереро, ки аз онхо нома задааст, барояш менависам. Ин бечора хануз намедонад, ки чахони Гарб ба кучохо расидаасту у дар хами кадом куча аст.

        Comment by aioubzod | 06.11.2010

      • Оғои Аюбзод! Ман имруз боз як чизиди дигарро аз Шумо омухтам! Одамигариро – Инсонпарвариро! Шумо дар хакикат устодед! Ман бо Шумо хеч гох ру ба ру нашудаам, аммо Шуморо устоди худ мешуморам! Албатта, Шумо манро хеле хуб медонед ман ба ин боварии калон дорам!

        Ман Каримро мисли Шумо ба Худо супоридам! Худо вайро ба рохи рост хидоят кунад!
        Ташаккур устод!

        Comment by Точик | 06.11.2010

  36. Дустони азиз,
    Ман аввал аз баёнияхои Бозор Собир дар бораи дин дар Точикистон норохат мешудам, аммо андешаву шиори хамин афроде монанди Карим маро водор кард, аз часорати Бозор Собир истикбол кунам. Он кас хеле дуруст мегуянд, ки бояд ба исломй шудани Точикистон рох надод ва давлати мо бояд дунявй монад.

    Бозор Собир гуфтаанд: « Хуб, ҳанӯз ки Тоҷикистон кишвари исломӣ нест. Рӯзе, ки ин кишвар исломӣ шуд, дигар қадами ман инҷо намерасад. Ин ки ман ин ҷо меоям, ба хотири ин аст, ки ҳанӯз бӯйи Шӯравӣ дорад. Агар исломӣ шавад, ман дигар ин ҷо намеоям.

    Агар Тоҷикистон исломӣ шавад, бадбахттарин кишвар хоҳад шуд. Мисли Афғонистон, Эрон, Покистон ва ғайра. Инҳо бадбахттарин кишварҳои олам ҳастанд. Дар ислом бӯе аз тамаддун нест. Медонем, ки як замон дин даркор буд, лекин имрӯз ниёз ба он вуҷуд надорад.

    Шоъирон дин менависанд. Духтарчааш ҳам дин менависад, муйсафедаш ҳам аз дин менависад. Ҳама динсароӣ мекунанд. Ман дигар чизе дар онҳо намебинам. Ҳоло идеали онҳо дин аст.

    Ҳазору панҷсад сол ҳама динсароӣ буд. Аз Кашмир то Бағдод куҷое, ки шоъиру қаландару дарвешу суфӣ буд, ҳама динсароӣ мекард. Ва боз дубора ба ҳамин мурдарег баргаштан чӣ аст? Камоли ҷаҳолат аст!»

    Comment by Samandar | 06.11.2010 | Reply

  37. Каллаи Рустам ба пайвастани сайти озоди ба номаш монанди каллаи Карим кор кардааст🙂

    Comment by Точик | 06.11.2010 | Reply

  38. Достони маъруфе ҳаст, ки мегӯянд, як нафар хирс дошт ва он хирс хеле вафодор ба соҳиби худ буд. Рӯзе он мард хобид ва бо ишора ба он ҳайвони забонбаста фаҳмонд, ки вақте мехобам, пашшаҳое, ки музоҳими ман мешаванд, аз ман дур кун. Ҳангоме ки хобид, пашшае музоҳими ӯ мешуд, ва хирс ҳам, ки вафодор буд, мехост бо дастонаш пашшаро дур кунад, вақте дид намешавад, санги бузургеро бардошт ва он замон ки пашша бар рӯйи соҳибаш нишаст, сангро бар рӯйи он мард партоб кард, то пашшаро бикушад; пашша, ки намурд, вале ба ҷои ӯ соҳибаш аз зарбати санг кушта шуд. Ин достон зарбулмасал ҳам шудааст, ки вақте мебинанд як бебасират ва аблаҳ аз ин навъ хадамоти аҳмақона мехоҳад бикунад, мегӯянд: “Хидмати хирсона макун”.
    Албатта интизор намерафт бархе аз дӯстон, ки навъе дигар аз “тундравӣ”ро пеша кардаанд, як сара ҳама чизро зери суол баранд; аз маорифи ислом гирифта то низоми мавҷуд дар Эронро, ки фикр намекунам “ақабмонда” ба ин сурате, ки вонамуд мекунанд бошад.
    Ба ҳар ҳол, виҷдони инсон худ довар аст.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 06.11.2010 | Reply

  39. Сайидюнуси азиз. Дарег, ки бахсхо ба тундгуихо гузашт, ки ман аслан тарафдори ин нестам, аммо бояд як чизро фаромуш накард, ки мардуми Точикистон дар мархилаи хассоси эхёи дину мазхаби хеш аст. Мусулмонони вокей дар кишвар дарсади хеле камро ташкил мекунанд ва як бахши умдаи ахолй хануз тахти таьсири инертии идеолужики шуравист. Як бахши бузурги чавонони мо русгарою гарбгароянд. Дар чунин шароит ру задани ин тундравон ва хамлавар гаштани онхо тамоми дастовардхоро дар мавриди эхёи дину маънавият бахам мезананд. Ман муътакидам, ки онхо хоста ё нохоста, дониста ё нодониста ба осиёи душманони ислом об мерезанд. Пурсиши ман аз Шумо ин аст, ки оё чунин афрод ба Ислом даркоранд? Оё Ислом аз хузуру хамлаи онхо бурд мекунад ё бохт?

    Comment by aioubzod | 06.11.2010 | Reply

  40. Салом бародар Салими Аюбзод
    Ман ки аз аввал бо шумо пархошгари накардам ва он чизеро, ки ба назарам дар мақолаи шумо эрод буд ман навиштам холо ман гунох кардам???? аз шумо узур мехоҳам шумо ки инсони маъсум ва бе хато нестед хотто мекунед хоб агар хотто бошад бигуед ба ин далел ба ин далел хато нест шумо аз моқолаат диофоъ кунед на ин ки ба ман тавхин раво бинед.Эроди мо ба хотири ин нест, ки бигуем, ки шумо бе совд хастед не ман ки эрод мегирам аз хар кучои маоқаоллат маро қонеъ кунед на ки шумо курукран сухан мегуед намедонам дигаронро мунофиқ мегуед агар дар ин замина далел дошта бошед баён кунад агар на хади ақал хақи маро дар ин сомона поймол накунед.
    Мувафақ бошед

    Comment by Карим | 10.11.2010 | Reply

    • Салом бародар Карим. Бад нест, агар як бори дигар навиштахои худро бихонед. Хакки Шумо ягон зарра поймол нашудааст, Худоро шукр, банда каме хам бошад, аз адлу инсоф огохам.

      Як мисоли одй меорам, ки агар Хоманай мусикиро харом мегуфт, дар Эрон ягон оханге садо намедод.

      Comment by aioubzod | 10.11.2010 | Reply

  41. Ба номи Худо Салом
    Ба фикрам барои касе фарқ надошта бошад ки ман дар кучои дунё хастм ин муҳим нест бародар Салими Аюбзод шумо ба эроди ман диққат кунед на ки ман кучо дунё хастам ва шумораи кампютерам чанд аст маро мисли кудак тарс надихед аз шумо дур аст, ки маро бо ин чизохи кудокона тарс бидиҳи.
    Ман дар баробари суханхои шумо дигар аз чи лахан истифода кунам????
    Мувафақ бошед

    Comment by Карим | 10.11.2010 | Reply

    • Манзури ман ин буд, ки зери ду ном нанависед ва аз хама бехтар бо номиу насаби худ ошкоро бинависед, агар ба далелхои худ бовар доред.

      Comment by aioubzod | 10.11.2010 | Reply

  42. Салом бародар Аюбзод дуруд бар шумо
    Ман хам нагуфта Оятллох хоманаи мутлакан мусикиро харом гуфтааст албатта бо шарту шароит
    Мувафақ бошед

    Comment by Карим | 10.11.2010 | Reply

  43. Ба хархол мо хам инсон хастем ва барои хар навиштачот диккат мекунем. хар эроду мушкили ба назарамон расид баён мекунем. ман одат ин аст. Агар хуб набошад моро рохнамои кунед.
    Мувафақ бошед

    Comment by Карим | 10.11.2010 | Reply

  44. Гуш кун карим-рубох садкаи номи карим шави ага дар вокеъ номат хамихе боша, ту мара дахонкач номида–
    — “Ин дахонкачоне, ки аз ман талаби узурхохи кардаистодаан аслан намедонад ин ки мо дар чи бора сухан мегуем.”
    — фикр мекуни ман то дарачае мисли ту гусфанд астам ки мавзуи бахсро намедонам?
    ман дигар намедонам бо ту бо кадом забон харф занам.
    Ту ниммуллоча киро “фосик” номиди!?
    Хуб дар инчо гап бисёр нанависам ту мард боши емайлатро гузор ман ба ту исботи илмии пурра хохам фиристод ки кадоме аз шоирони классики мо дар мусикии точик сахм доштанд ва онхо фосик набуданд.
    Ду аслан хушёр асти? Аз навиштахои ту дар хакки муаллиф ман шарм медорам. Бо ин усули диниатон Тчро кучо бурданиед?

    Comment by снайпер | 11.11.2010 | Reply

  45. Ба Точик
    холо шумо, ки савод надоред ин тараф он тараф мепаред пешпеши суханхои мо ва муддаи хастед, ки Рустам ҳамон Карим бошад агар раст мегуи бигу занам се Талолқ Рустам Карим аст.
    Мард боши ва яқин дошта боши ин қасамро хуред.
    Ту бо ин фикри ақибомондаат фикр мекуни, ки ғайр аз ман касе дигаре Радиои озодиро намедонад ё ғайр шумо??? ба ин Ту дар кадом планета зиндаги мекуни? дар дунё аз донишчу саркарда то сохиммансабхои бололи кишвар чи дар кишвар бошанд чи дар хорич хамма медонад, ки Радиои озодие аст. Ба ин ақли тупчаат тавонисти муаян куни, ки Рустам ҳамо Карим аст. ба болои номи Бародар Салими Аюбзод калик кунед он ҳам сайташ Радиои озодди холо пас Салими Аюбзод хамон Карим аст?? Ха Ха Ха.
    Мувафақ бошед

    Comment by Карим | 11.11.2010 | Reply

    • Карим, ту мараз хасти на диндор! Ту ноодами! Ту хамон пусида букардаи! Дахонатро дор номард!
      Касамаро ту хур касофати бадбахт! Гайр аз ту касе дигаре инчо ба номаш озодиро напайваст! Хайфи вактам, бехтараш ту нобакроро ба майлат гузорам. Фаромуш накун ки ту маргинал бадбахти! Ин бахс факт аст!
      Устод Аюбзод дар Озоди кор мекунад ва дар ягон номаш ба озоди напайвастааст! Факат назархои худро менависад. Ба ту барин курхо асо карда навиштааст:

      “Ин торнигори хусусии ӯст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.”

      Comment by Точик | 11.11.2010 | Reply

  46. Точик Хиндук хеле чизхоро фикр карда буд

    Comment by Карим | 11.11.2010 | Reply

    • Рустамро фикр карда баромади, Карими Бадбахт! Хеле хуб мешуд агар IP-адресатро медонистам! Хеч гап не аник мекунам!

      Comment by Точик | 11.11.2010 | Reply

  47. Пас аз ҳаво сухбат накун дар илми усул мехонем, ки изо ҷоал эҳтимол баталл Истидлол яъне ҳар гоҳ эҳтимол пеш омад истидлол ботил мешавад.
    мувафақ бошед

    Comment by Карим | 13.11.2010 | Reply

  48. Салому дуруд бар бародарони Точики ман. Мавзуи мусикиро ба бахсхоятон хонда дар таачубам, ки чаро бахси бефоида мекунед. Мебинам дар инчо ду чониб хастанд яке тарафдорони кулли мусикихо халол ва дигаре тарафдори акидаи мусикии бемаъниву фахш- харом аст. Харчанд кушиш кунед харду тараф якдигарро мутмаин кардан наметавонед, ки шумо хак хастед, бинобар ин бигзоред хар кас бо фикру акидаи худ бимонад ва якдигарро бо суханхои кабех наранчонед.
    Факат як чиро ман илова карданиям, гарчи барои хама такрор шавад.
    Мусикие, ки дар он суханхои бемаъни, фахшу лахш, ошикии байни марду зан бошад, сарохатан гуш кардану лаззат бурдан чоиз нест. Ин суханро одамон аз пеши худ нагуфтаанд, балки аз забони шахсиятхои бузурги Ислом ба монанди Абуханифа (р) шунидаанд ва дар фикхои Исломи хондаанд, ки бо бовари комил мегуянд. Хар сухан пайванд бо далел аст. Он шахсоне, ки мегуянд мусики харом нест далел надоранд ва он сухане, ки гуе бо овози рубобу най рух ба чисм даромадааст, афсона аст агар афсона намебуд, е хадисе мешунидем, ки Бухориву Муслим ривоят мекарданд е ки Худованд худ дар Куръон хикоя мекард, ки “Мо рухро фармон додем то ба чисм дарояд ва рух нахост ки ба чисм ворид шавад, пас амр кардем, ки мусикие навохта шавад то рух ба дохили чисм дарояд”. Лекин ин гуна нест охир, баъзе бародаронамон ба афсонахои кампирона бовар доранд аммо ба суханони Худованд бовар надоранд ва беахамияти мекунанд. Бинобар ин ман мурочиат ба хаммаи шумо мекунам, ки чи гунае мегуянд, гури хар кас чудо аст ва худаш ба рафтору кирдораш чавоб медихад, дили якдигарро наранчонед, ва Иншооллох бовари дорам, ки Рузи Киемат вакте худи Аллох довар аст, хукми боадолатона нисбати хар яки мо мекунад ва махз хамон вакт хама хохем донист, ки кадоме аз инсонхо хак будаанд. Бовар дорам ки маро дуруст дарк мекунед. Сарбаланд бошед, бародарон.
    P/S Ман шахсан мусикихои Чурабек Муродов, Афзалшо Шодиев, Муродбек Насридинов, Кобилчони Зариф, Сами Юсуф ва дигар хофизоне, ки суруди бемаъниву фахшу лахш надоранд гуш мекунам.

    Comment by amid | 22.11.2010 | Reply

  49. банда навакак ин маколахоро мехонам ва харки харчи мегуяд, зуд аст симои хешро ошкор хохад кард, аз ин ру ба чонибхо гуфтаниам, ки харчи дар дил аст бар забон ояд ва хар чи дар дег аст бар кафлес. хусусан точик вакте мегуяд: бар сари фалон чиз зади ,айб аст бародар, айб.
    Гино хуши туро абгор созад,
    танат кушта рухат бемор созад..

    Comment by сони | 03.05.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: