Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Достони Персеполис

Агар замоне тоҷикон аз паси “девори оҳанин”-и Иттиҳоди Шӯравӣ бо Эрон ишқ меварзиданд, танҳо акнун эрониёне дар Эрон пайдо шудаанд, ки ба Тоҷикистон бо меҳр менигаранд ва мехоҳанд, барои эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангию башарӣ коре бикунанд. Аммо шояд акнун ин як ишқест, ки ба гуфтаи Ҳофизи ширинсухан дар аввал осон намудор гашт, “вале афтод мушкилҳо.” Ҳамон гуна ки нахустин шукуфаҳои ишқи тоҷикон бо Эронро сармо зада буд.

Солҳои 1970 огоҳ будам, ки мутахассисону тарҷумонҳо тоҷик, ки бо роҳхатти Маскав дар Эрон кор мекарданд, аз он ҷо тасвирҳои рангаи Тахти Ҷамшеду Исфаҳон, наворҳои Гугуш, маҷаллаҳои “Иттилооти ҳафтагӣ” ё “Занни рӯз”-ро меоварданд ва ҳам қиссаҳои афсонавии Эронро. Яке аз онҳо гуфта буд, шоҳи Эрон дар дидор бо мутахассисони тоҷик изҳори дареғ кардааст, ки чаро Бухоро ва Самарқанд дар ҳайати Тоҷикистон нестанд.

Бо эҳтимоми аллома Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарҳангиёни тоҷик аввалин бор Нодири Нодирпур, Сайиди Нафисӣ, Бадеуззамон Фурӯзонфар, Парвиз Нотили Хонларӣ меҳмони Тоҷикистон шуданд. Он вақт буд, ки тоҷикон аз шеъри Фурӯғи Фаррухзод ва достонҳои Содиқи Ҳидоят огаҳӣ ёфтанд. Ҳама чизе ки аз Эрон мерасид барояшон писанд буд ва шукӯҳи Эрон барояшон повазни фишори Шӯравӣ буду танҳо номи Эрон барояшон эҳсоси пушту паноҳ медод.

Шӯравӣ аз пайвандҳои Эрони замони шоҳ бо Амрико нохушнуд буд, аммо ба таҳкими равобит бо Эрон мухолифат надошт, ҳарчанд зимни ин бештар ба тақвияти ҳизби “Тӯда”-и марксистони Эрон талош мекард.

Соли 1979 дар Эрон инқилоби исломӣ пирӯз гашт. Дертар номаи машҳури оятуллоҳ Хумайнӣ ба раҳбари вақти шӯравӣ Михаил Горбачев ба таври махфӣ дар миёни тоҷикон дастобадаст паҳн шуд.

Тарҷумонҳои тоҷик аз Афғонистон китобу маҷаллаву навори бештари эронӣ ба кишвар ворид карданд. Эрон наздиктару наздиктари мо гашт.

Соли 1991 Тоҷикистони мо соҳиби истиқлолият шуд. Ман шояд дар сафи аввалин журналистони тоҷик будам, ки барои боздиде ба Эрон даъват шудам ва шояд барои ин бояд ба нахустсафири Эрон дар Тоҷикистон, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ арҷу сипос бигузорам.

Бо диле пур аз ишқ ба Эрон сафар кардам, вале бо дили холие баргаштам. Эроне ки ман дидам, Эрони Содиқи Ҳидоят ё Нодирпур набуд. Эрони комилан дигаре буд. Хеле бад аст, вақте солҳо симоеро дар зеҳни хеш даруни меҳи афсонаҳо дуруст мекунӣ ва аз воқеъияти ногувор тамоми афсуни онро аз даст медиҳӣ. Ба гуфтаи журналисти дигаре, ки дар ин сафар бо мо буд, дар он ҷо ҳамон низоми шӯравиро дидем, вале на коммунистӣ, балки исломӣ. Ҳамон тохтани идеолужик бар ҳаёти ҷомеа. Ҳамон давлат андаруни давлат.

Аз ҳама бадаш эрониён хабаре аз Тоҷикистон надоштанд ва ҳар замон аз мо мепурсиданд, форсиро дар куҷо ин қадар хуб ёд гирифтаем. Сониян, таваҷҷӯҳи зиёд ба мазҳаб доштанд, ки мо суннием ё шиъа. Ниҳоят ва дар беҳтарин ҳолат моро чизе шабеҳи Буснӣ Ҳерзегувин мепиндоштанд.

Ин ҳам дар ҳоле ки мо бо синае пур аз ишқ канори хеш ба бародари гумшудае мекушодем, ки пас солҳои зиёди фироқ пайдо кардаем. Ин дидоре буд, ки ишқро ба дилсардӣ табдил медод.

Дар ин муддат корҳое шуд. Нависанда ва журналисти тоҷик Мирзо Шакурзода солҳо дар Эрон зиста, китобҳои хубе дар бораи тоҷикон дар он ҷо ба табъ расонд. Шоҳиди ҳол будам, ки ҳар бор ӯ иҷозаи иқоматашро бо чӣ душвориҳое соҳиб мешуд. Профессор Раҳими Мусулмониён низ саҳмгузор буд. Ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки ситоди хешро дар Теҳрон мустақар карда буд, сарони сиёсии Эронро мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон кард. Баъдҳо сафирони Тоҷикистон дар Эрон фаъолтар шуданд.

Аммо солҳои охир аз ҳама беш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафарҳои зиёдаш ба Эрон ва хоҳишҳои мадади бародарона аз раҳбарони Эрон дар муаррифии тоҷикону Тоҷикистон саҳми бузург гирифт. Ҳоло ошкор нест, ба кадом самт.

Ин фикрҳо дар ҳоле ба сарам омад, ки блоги журналисти эронӣ Куруши Зиёбариро мехондам ва медидам, вай айни ҳамон андешаҳоро мегӯяд, ки мо зиёда аз 30 сол пеш мегуфтем. Оё самаре аз ин навиштаҳои ҳамкасби мо хоҳад буд? Зеро чандин сол аст, ки сарони се кишвари форсизабон аз ҳамкорию ҳамбастагӣ шиор мезананд ва дар ин ҳама муддат ҳатто натавонистаанд, он телевизиони ваъдагии форсизабононро ба роҳ андозанд.

Тардидомез аст, ки ин ҳама рафту омадҳо ва нишасту бархостҳо ба як дӯстии маҷбурӣ монанд аст. Эрон зоҳиран ба як кишвари дӯст зор аст ва Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз ҷое пуле рӯёнад, фарқ надорад, аз кӣ.

Тарсам, ки ин журналисти эрониро оқибат сарнавишт ба андешаҳои имрӯзии ман орад. Навиштаашро хуб бихонед ва худ натиҷагирӣ кунед.

16.08.2010 - Posted by | Равобити байнулмилалӣ, Таърих, Фарҳанг, Эрон | ,

1 Comment »

  1. Salom akai Salimjon,

    Man ham misli shymo barin Ironro dar ibtidoi istiqloliyat xelo dyst medoshtam va dar on vaq 16 sol doshtam. Amo bo myryri zamon didam va myshohida kardam ki Iron tanho az pai sodir namydan inqilobi mazhabiyash hast va na dar fikri zaboni forsi va ham zabononash hast.
    Vaqti hijrat didam bo chashmoni xyd hamin hykymati Iron ba hardy tarafi nizoi Tojikiton siloh va kymak mekard. Javononi myhojiro az Afgoniston ba Iron byrda tarbiyai nizomi medod bar alaihi hykymat va dar aini zamon ba hykymat kymakhoi pyli va moli medod. Boz dar vaqti myhojirat dar Afgoniston didam, ki chigyna Iron doimo bar alaihi Ahmadsho Masyd (Xydo Rahmatash kynad) Hazorahoi Afgonistonro ki Turk najod hastand bo asliha tamin menamyd. Va hykymati Afgoniston dar dasti hamzabononi mo hast chi dar kor in dasisaboziho.Va hamchyni dar tarix mexonem ki vaqto ki mygylho ba kishavri mo hyjym namydand hamin hmazabononi mo(ironiyoni Shia) kymakhoi namydai xilofati Islomiro ba mo(sunihoi Tojik) mana namydan ki bil oxira hazorho tan az hamvatanoni mo kyshta shydand az dasti mygylho.
    Az vaqti Istiqloliyat to kynyn agar mo davri Ironro dar Tojikiston bybin tanho tamarkyz dar baxshi farhangi va ilmi hast bo in roh Iron mexohad nyfyzi mazhabi va biloxira nyfyzi siyosi xeshro pyrqyvat kynad. Va dar oyanda 1 Hizbulohi ifrtoti digarro dar Tojikiston bynyod namoyad. Tanho 2 loihai sarmoyagyzir shydai Iron to kynyn ba anjom narasodast. Digar loihahoi ki dar zabon hast tanho ba hadafhoi siyosi hast ki bovar nadoram qobili piyoda shydan boshand.Doimo mo faromysh nakynem chinaki siyosat in dar amal piyod kardani gyftahost. Agar mo Ironro bo Chin dar myqoisa monem mebinem Chin ki ba mo hamzabon nest az Iron beshtar sarmoyagyzori kardast. Va boz pyli solonai ki Iron ba HIzbulohi Lybnon medihad myqoisa namoyem, mebinem Iron dar baxshi iqtisodi kishvari ham zabonash dar barobari kishvari arabi yagon roli chashmras nadorad. Az tajribai chandsolam ba chynin xylosa omadam doir ba hamgaroi kishvarhoi forsi zabon.
    1) Iron shia mazhab va Afgoniston va Tojikiston Suni mazhab. Va chynone ki hamagon medon din va mazhab dar har 1 in 3 kishvar roli myhim mebozad ba fikram jama kardani inho xelo dyshvor hast.Iron tanho dar fikri sodir namydani mazhabash hast agar chi on ba zidi hamzabononash boshad.Bigzor baroi Iron tyrk va arab boshad amo baroi mazhabi shia kor kynad.Dar yodam hast sababi bo rohi zaboni forsi nashr namydani shia dar digar kishvarho ba monadi Pokiston sababi xorij namydani zaboni forsi az omuzishi maktabhoi mioyona shydast. To solhoi 80ym dar maktabhoi Miyonai Pokiston zaboni forsiro omyzish medodan az vaqti inqilobi iron ryxdod, hykymati Pokiston baroi jilavgiri az omadani mazahabi Shia dar libosi forsi, omyzishi zaboni forsiro mana namyd dar maktabho.
    2)Rahbari Iron Khomanai Tyrk najod va Raisi jymhyri Afgoniston Homid Karzai Pashtyn va Tojiskiton Tojik. Dar gymon hast tyrky pashtyn ba hamgaroi forsizabonon xyshbin boshad. Va shoyad hamin tyrk najodi Rahbari Iron hast ki doimo dar fikri mazhabi shia hast na dar fikri zaboni forsi va sababash hanib boshad ki dar Tojikiton aziz sarmoyai chashmras nakardast va hazorahoro bar alaihi Ahmadsho Masyd ba mexezond.
    3) Iron va Afgoniston nizomi siyosi Islomi va Tojikiston nizomi siyosi din az davlat jydo.

    Ba fikrma mo bo mardymi Afgoniston xelo mazdiktar hastem az Iron dida chyn ki Tojikhoi Afgoniston in myhojironi peshina Tojikiston hastand ki az dasti Shyravi ba Afgoniston hijrat namydan va mo bo in mardym myshtarakoti beshtar az Iron dorem. Va az hykymati kishvar va donishmandoni jymhyri xohish doram ki az pai gysasta kardai aloqa va robita bo Tojikhoi Afgoniston shavem na bo Iron.

    Comment by Somoni | 24.08.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: