Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Имолаи* имло

Атои сиёсатмадоронро ба лиқояшон бахшед, ки аз онҳо бӯи умед нест. “Кишвару ҳаёти наве месозем,” – гуфтанду коре карданд, ки доштаҳои худро ҳам аз даст додем. Акнун бо тамоми нерӯ ба пеш ҳаракат мекунем, то ба гузаштаи худ бирасем. Давлатмардон як тараф, ҳоло донишмандони мо эълони навсозии забони моро кардаанд. Тарси ман ин аст, ки мабод онҳо корномаи ҳукуматдоронро такрор кунанд.

Кумитаи забон, ниҳоди марбут ба ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки мехоҳад, имлои забони модарии моро ислоҳ кунад. Шубҳае нест, ки он ба ислоҳ ниёз дорад, аммо шояд ин кумита намебоист, корашро аз имло сар мекард. Зеро дар ин ришта кам ё беш ҳанӯз як низоме вуҷуд дорад. Мушкили аввал дар байни ҳазорон мушкили забони мо омӯзишу омӯзониш ва эҳтироми он, эҳёи тавонмандиҳо ва поккории он ва ҳам таъини меъёрҳои ҳамгироӣ бо бародаронаш – форсии Эрон ва дарии Афғонистон аст.

Ва ҳам шояд вокуниши зуду сареъ ба калимаву истилоҳҳои наве, ки ба забони мо сарозер мешаванд ва ҳар кас ба дараҷаи фаҳмиши худ онҳоро тарҷума кардаву истифода мебарад ва ё бархе бидуни чунин талош онҳро мепазиранду ба гардиш мебароранд.

КОРПОЯ ВА КОНСЕПТСИЯ

Умдатарин мушкил ин аст, чаро бахше аз мардуми кишвар маънии сухани бахши дигаррохуб намефаҳмад ва аз ин роҳ забони тоҷикӣ барои баъзе аз соҳибони ин забон ғашовар гаштааст. Чаро забони матбуоти мо барои хонанда мушкилфаҳму печида шудааст? Иллат дар сатҳи саводи мардум аст ё зиёдаравиҳо ва бебандубориҳои матбуот? Кадомеро бояд ба самти дуввумӣ таҳрик дод?

Аммо шояд талош бар ин аст, ки бо ислоҳи имло фосилаи байни забони адабӣ ва лаҳҷаҳои мо коҳиш дода шавад? Ин фосиларо нахустин бор дар ибтидои солҳои 1980 файласуфи тоҷик Акбари Турсон дар мусоҳибааш бо журналисти саршинос Додоҷони Атовуллоҳ як монеаи рушди ҷомеа номида буд ва мегуфт, дар пайи тарроҳии консептсияи коҳиши ин фосила аст.

Барои бисёриҳо ҷолиб буд, бубинанд, ки оё ба чӣ роҳе мешавад, забони адабиро бо омма наздик кард, то ҳар деҳқон ё ронанда низ битавонанд, озодона ва беғалат ба забони адабӣ сӯҳбат кунанд.

Он гоҳ забони меъёр метавонист, ваҳдату якпорчагии ҷомеаро кафшер кунад.

Вақте эълони Кумитаи забонро дар бораи ислоҳи имло шунидам, фикр кардам, сухан аз ҳамин консептсия меравад. Вале шарҳу тафсири эълон чандон умедбахш ба назар намерасад.

УСУЛИ ИСЛОҲ

На танҳо консепсия эълон нашудааст, балки принсипҳо ё усули ислоҳот низ мушаххас нест. Ин усул бояд на фақат барои марҳилаи феълӣ, балки садсолаҳои ояндаи рушди забони мо баргузида шавад.

Бардошти ман аз мусоҳибаҳои раиси Кумитаи тозатаъсиси забон, Саймуддини Додихудо, ин аст, ки ҳоло ин ниҳод мехоҳад, эҳтимолан бо дастуре аз “боло” имлои нави хушоянд ба раҳбарияти феълии кишварро муаррифӣ кунад.

Далелаш ҳам ин аст, ки манзур аз ислоҳи имло марҳилаи аввали омодагӣ барои гузаштан ба хатти ниёкон нест, балки бар пояи гӯишҳои имрӯзии ҳоким дар Душанбе устувор кардани имлост. Ин ҳарфест, ки худи ҷаноби Додихудо гуфтааст. То куҷо як ҳарфи илмист, бигзор хонанда худ қазоват кунад.

Аммо агар олими тоҷик мегуфт, ки қоидаи феълии фурӯафтии ҳарфи “ъ” дар байни ду садонок (“шеър”, аммо “шоир, на “шоъир”) бекор хоҳад шуд, мо паём мегирифтем, ки кишвар аз роҳи ислоҳи имло ба самти эҳёи расмулхатти бобоӣ ҳаракат хоҳад кард. Аммо чунин паёме дода нашудааст.

БАҲСИ ЗАБОН Ё ҲАРФ?

Афзоиши истифода аз лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ дар Душанбеи имрӯза ва ҳатто дар гуфтори расмӣ табъан баҳси садои “ӯ”-ро ба парчами рӯз табдил додааст.

Худи ҷаноби Додихудо низ аз ин норозист ва мегӯяд, набояд баҳси доманадори имло бар сари як ҳарф тамаркуз ёбад. Шояд ба ин сабаб вай дар бораи “ӯ” хамшгинона ҳарф мезанад ва таъкид мекунад, ки дигар набояд забони мо бар пояи шеваи маҳалҳое боқӣ бимонад, ки худи забони тоҷикӣ акнун дар дар он маҳалҳо вуҷуд надорад.

Олими тоҷик аз он маҳалҳо ном намебарад, вале агар манзураш Бухоро ва Самарқанд аст, мисли талабаи синфи 1 иштибоҳ мекунад. Ҳарчанд инҳо ду гаҳвораи тамаддуни миллии моянд ва забони адабии муосир танҳо қисман ба дастовардҳои ин тамаддун такия мезанад ва фақат бар пояи онҳо шакл нагирифтааст.

Аз забони ҳомии забону фарҳанг шунидани чунин ҳарф боиси хиҷолати ҳамаи рӯшангарону рӯшанфикрон аст.

МИСЛИ АЙНӢ ШАВЕД

Фаромӯш набояд кард, ки зодаи Бухоро ва парвардаи Самарқанд, устод Садриддини Айнӣ, ба тамоми шеваю лаҳҷаҳои забони мо бо эҳтироми тамом муносибат кардаву пояҳои забони адабии муосири моро дар ҳама ҷое ҷуст, ки тоҷикон ба сар мебурданд.

Худи ӯ аз лаҳҷаи Самарқанд, Ӯротеппа ва Хуҷанд интиқод мекунад ва мегӯяд, онҳо аз таъсири ӯзбакӣ орӣ нестанд. “Бино бар ин, менависад Айнӣ дар соли 1924, моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон ба забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик забони форсии содда , аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида халт (омезиш – С.А.) наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст.”

Дар ҷои дигар Айнӣ забони кӯҳистони тоҷикро “соф ва мувофиқи қоида” меномад. Пас, қобили дарк нест, ки ҷаноби Додихудо ба кадом шеваҳо ҳамчун пояҳои забони адабии муосир ишора мекунад. Оре, истифодаи ҳарфи “ӯ” дар бисёр мавридҳо ғалат аст, аммо шояд роҳи дигаре барои ишора кардани “вов” дар калимаҳо набудааст, ки ин ҳарф сохта шудааст. Ва чаро бояд аз ин зовия баҳсро ба маҳалгароӣ кашонид?

Сониян, масъалаи истифодаи ин ҳарф ба луғати имло рабт мегирад, то ба қоидаҳои он. Имлои забони моро дар солҳои 1930-1950 асосан русҳову яҳудиҳову арманиҳо менавиштанд. Ва бархе аз иштибоҳҳо аз ҳамон давра мондаанд. Масалан, мансабдори Ҳизби коммунисти Шӯравӣ, Иосиф Брагинский мехост, пасванди “ро”-ро аз забони тоҷикӣ берун кунад.

Устод Айнӣ маҷбур шуд аз бистари беморӣ дар Самарқанд бархезад ва барои наҷоти пасоянди “ро” ба Душанбе сафар кунад. Дақиқ нест, талоши ӯ натиҷа дод ё кӯмаки рӯшанфикри яҳудӣ Донӣ Сезанаев, ки гуфт, агар “ро” барҳам хӯрда, ҷои онро “я” гирад, калимаи “шӯро” ба “шӯя” табдил меёбад, ки хатои сиёсӣ ва таҳқир дар ҳаққи Шӯравӣ хоҳад буд. Албатта, дурусташ аз нигоҳи ислоҳкунандагони забон “шӯроя” мешуд.

Айнӣ тамоми талоши худро кард, ки сарфу наҳви тоҷикӣ ба беҳтарин шакли мумкин пазируфта шавад. Кош олимони ҳамзамони мо низ айнивор амал кунанд ва талоши онҳо танҳо ба хотири беҳбуд ва рушди миллат бошад, на интиқоме аз гузаштаи таърихӣ ё сулолаҳои хокшуда.

ШИКАСТАН ОСОН АСТ

Солҳои 1920 дар Русия имлои забонро тағйир доданд. Бархе аз шеваҳои навишт “пасмондаҳои ҳукумати подшоҳӣ” эълон шуд, аз ҷумла ҳамин аломати бечораи “ъ”, ки дар охири вожагони русӣ меомад ва тобишу оҳанге ба онҳо медод.

Бисёре аз рӯшанфикрони рус, аз ҷумла Марина Светаева, Александр Блок, Александр Белий ва дигарон ин ислоҳотро напазируфтанд ва ҳамоно ҳарфро дар шеъру румонҳои худ истифода мекарданд.

Манзурам ин аст, ки тағйири имло бояд бар ҳамраъйии кулли ҷомеа асос ёбад ва касеро аз худ норозӣ боқӣ нагузорад. Мақсад, ин корро намешавад бо хашму ғазаб ё тундгӯиву зӯроварӣ амалӣ кард. Вагарна, тавре дар матбуоти имрӯза, интернет ё китобҳои шоирону нависандагону олимон мебинем, ҳар кас ба таври худ менависад ва мумкин аст, “ошӯбгароне” ислоҳи имлоро ба боди нақиз гиранду роҳи худро бидуни мушовироне паймоянд.

Хулоса, худо кунад, ислоҳи имло дар Тоҷикистон ба роҳи дурусту созгоре равад ва пушаймонӣ бор наорад. Накунад, ки бинои нимавалангори забони мо батамом фурӯ равад ва ҳам қавитарин риштаи пайванди миллии тоҷикон зери суол афтад.

Агар ҳарфи “ӯ” ин қадар мушкил пеш овардааст, чарои “ҳе”-и ҳуттиро низ парчам накунем? Ин ҳарф дар матн ҳеч нишонаи фарқкунанда надорад, вале бархе онро ончунин аз чуқурии ҳалқи худ берун мекашанд, ки гӯӣ ҳафт пушташон араби яманӣ буд. Ин таъкид ба садоҳои хос арабӣ дар нутқи муллоҳо ва исломгароён бештар дида мешавад. Ҳар қадар ки гӯянда итиҷоъпарасту вопаснигару бегонадӯст бошад, ҳамон қадар “ҳе”-и ҳуттиро ғализтар талаффуз мекунад.

Ё ин ки мардуми бархе аз маҳалҳо, аз ҷумла Ёвон, садоноки аввали калимаҳоро “мехӯранд”. Пас оё имлоро чӣ гуна мешавад ислоҳ кард, то аз ин тарзи гӯиш пешгирӣ ба амал ояд? Зиёду гуногун будани садонокҳо сарвати забон аст ё камбағалии он? Дар инглисӣ, барои намуна, “е” аз “э” фарқи зиёд дорад, вале Кумитаи забон, зоҳиран, ҳардуро як хоҳад кард.

ЗАРБАИ ОҲАНГАР?

Пурсиши дигар ин аст, ки ҳар як забон ҳаракат ба он самт дорад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат бештарин маъниро баён кунад. Оё имлои нав дар ин бобат аз шеваҳои маҳалҳо истифода хоҳад кард? Чӣ афсӯс дар ин ҳама сол луғатномаҳои гӯишҳои маҳаллии Тоҷикистон ба нашр нарасидааст, то аз он ҷо дурдонаҳоро бардошт ва ба забони муосир ворид кард.

Аммо, муҳимтар аз ҳама чизи дигар, оё садҳо бор беҳтару осонтар нест, ки мо ба хатти ниёконамон баргардем ва ба як бору барои ҳамагон ин мушкилро ҳал кунем? Ба назари ман ин беҳтарин роҳ аст ва ҳама кори дигар фақат аз даст додани фурсат хоҳаду буду ба ҳован об кӯбидан. Ҳайҳот, кӯбидане, ки хоҳад тавонист, андоваи дару девори бинои забони моро фурӯ резонад.

————————————————-

Имола* — арабӣ 1. Майлон додан, моил гардонидани чизе ба поён ба сӯи чизе. 2.дар вақти хондан ва навиштан табдили ҳарфи -о ба ҳарфи -е, ки бештар дар калимаҳои арабӣ воқеъ мешавад. 3. ба воситаи олати махсус ба рӯдаҳо фиристодани дору. (Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1, саҳ. 477. М. 1969)

22.08.2010 - Posted by | Ваҳдат, Забони модарӣ, Фарҳанг, Худшиносй, Қонун

55 Comments »

  1. Барои мисол Афгонистонро мегирем. Вакте, ки бесаводтарин фарди ин мамлакат сухан меронад ба гумонам аз босаводтарин фарди мо зеботар сухан мегуяд…

    Comment by Mark Twain | 22.08.2010 | Reply

  2. Дуруду офарин бар Шумо!
    Устод, бо ин назаратон комилан мувофиқам, ки садҳо бор беҳтару осонтар аст, ки мо ба хатти ниёконамон баргардем. Хатти форсӣ бо ҳама камбудаш, вижагиҳои забони моро дақиқан мерасонад, зеро дар ин хатт муҳим навишти вожа аст, на талаффузи он. Чунончӣ, шерозие «мекунам»-ро «микунум», хатлоние «мекънъм», кобулие «мекунум» ва теҳроние «микунам» мегӯяд, аммо тарзи навишти ҳамаи онҳо ҳамон «می کنم» аст ва дар ҳеҷ гӯише тағйир намекунад. Ҳамин хатти форсӣ буд, ки аз гӯишҳои парешону парокандаи мо забоне ягона ва навишторӣ офарид, ки имрӯз онро забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ меноманд. Аз ҳамин рӯ мо бояд дубора ин хаттро ба кор гирем то забонамон тоҷикӣ шавад. Аммо бозгашт ба хатти форсӣ бояд барномарезишуда ва замонбандишуда сурат гирад, на якшабаву ба дастури «ҳизбу ҳукумат». Зеро аз «баракати» сиёсати «ғамхоронаи» ҳизбу ҳукумат буд, ки дар 70 сол забони мо «рузбакӣ» гашт, яъне забоне сахт олудаву носуфта ва ниме русиву ниме узбакӣ ва аз тоҷикӣ дар он танҳо «ӣ» мондаву бас. Соддасозӣ забони моро аз авҷи Зуҳал бар қаъри гили сиёҳ кашонд. Худо накунад ки ин бор ҳам аз барои кайке пӯстинро оташ зананд…

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 22.08.2010 | Reply

  3. Boshad ki zabon ba asli khud yor shavad,
    Bo harfi alifi khud padidor shavad.
    Arvohi guzashtagon shavad domangir,
    In moyai iftikhor agar khor shavad.

    Ustod bisyor khub farmuded, ki “МИСЛИ АЙНӢ ШАВЕД”. Ey kosh in davlatmardoni khudfurukhtai mo aqalan misli yak tojiki voqei dilsuzi millat mebudand.

    Comment by Odinamuhammad | 23.08.2010 | Reply

  4. Чун имруз мисли Эмо Мао Ли сарвару Чаноби Олии Каллахоли дорем, инчуна вокунишот хеч ачабе надорад. Алохазрат албатта охиста, охиста моро чини хоханд кард…

    Comment by Patriot | 23.08.2010 | Reply

    • Фикре ки дар худ чанд мох доштам холо аз шумо шунидам. Ахсан! Дар хакикат барои чи забони мо забони точики ном дорад? Он бояд форси ном гирад, зеро точикии мо аз эронии имруза ба форсии классики наздиктар аст, аммо дар эрон забон номи худро гум накарду, мо бошад точики номаш кардаем? Агар ман президент мешудам – аввалин коре ки мекардам хати ниегонро чори ва номи забонро точики мекардам. Кори дигар ин аст: бояд ки олимони точикистону эрон ва афгонистон чамъ оянд ва ба наздиккунии забони бароямон умумии форси камар бубанданд. Хисси миллатшиносии халкро ин тавр бояд бардошт! Ман бештар мехохам: Чаро нашавад ки хамаи мо миллатамонро низ форс гуем? Аз чудоии забону миллат мо кучак мешавем.

      Comment by Фаридун | 16.03.2011 | Reply

    • номи забонро точики не – форси мекардам, хато навистам**********

      Comment by Фаридун | 16.03.2011 | Reply

  5. Бале, ба гуфтаи бародар Чайхони комилан мувофик хастам, танхо рохи начоти мо чун миллат гузариш ба хатти милии форси аст. Ин хат танхо сурати навишти андешаву афкор нест, балки фаротар аз он, яке аз рукнхои асосии миллати мост. Дар баробари ин, мо бояд ба номи аслии забонамон – “забони форси” низ баргардем. Мо точикем, забонамон форсист. Инхо, ки имруз лоф аз истиклол мезананд ва бештар хурсандиашон аз он аст, ки хар коре ки хоханд мекунанд, хануз ба ин маъни нарасидаанд, ки агар халке ба мухимтарин рукнхои хастии худ сохиб нест, наметавонад, озод бошад, истиклол дошта бошад.
    Ва аммо… Додихудо Саймуддинов, бешак, аз забоншиносони хуби мост ва умед аст, ки кори имлоро дар чахорчуби илми вокеи анчом бидихад. Аммо ду нукта мавриди нигаронист. 1) Ёд дорем, ки эшон чанд сол кабл бо супориши сиёси забони моро чун олимони рус, ки максадашон рушан аст, ба се забон чудо карда буд ва агар ин бор хам масъалаи имлоро бо супориши сиёси “халлу фасл” кунад, вой бар забони мову вой бар илми мову вой бар мо! 2) Фарханги забони точики (соли 2009) ва фархангхои руси ба точики ва точики ба руси, ки солхои охир аз чониби забошиносони мо тахия шудаанд, бозгуи вазъи забоншиноси ва забоншиносони мост ва агар ба имло низ касоне, ки ин фархангхоро тахия кардаанд, машгул шаванд, пас, медонем, ки чи мешавад…
    Забони мо сахт бемор шуда, холи зоре дорад. Сабаб: маърифат паст шуда, чун забон махсули тафаккур аст. Ва ду маншаъи асосии харобии забони мо, яке матни конунхое аст, ки давлатмардон ва намояндагони мачлис тахия ва тасвиб мекунанд ва дигаре телевизиони точик. Матни конунхо забони коргузориро хароб карда (барои мисол,вакте мехохед калимаеро дар санади расми истифода кунед, эрод мегиранд: дар конуни фалон чунон омада, бояд хамонро кор фармоед), телевизион забони мардумро.
    Яъне, барои он ки забонамон сиххат шавад, бояд матни конунхоямонро чиддан веростори кунем ва низ бояд, беш аз 70 дар сади хабарнигорони Телевизион аз кор ронда шаванд!
    Агар муддате як шабака дошта бошем хам боке нест (чун хама такрори хамдигаранд), аммо метавонем пеши рохи хароб шудани забонро то хадде бигирем!!!

    Comment by Кодири Рустам | 24.08.2010 | Reply

    • Чаноби Аюбзод хеле мушкилии умдаро пайгири кардаед. Аммо ба мухтарам Кодири Рустам бояд бигуям, ки аз байни телевизионхои Точикистон бахусус давлати “Чахоннамо” ба кулли фарк дорад ва нашояд ба хамаи онхо эрод бигиред. хабарнигорону ровиёни ин шабака аз забони софи точики-форси истифода мебаранд ва ба осони кас дарки барномаву суханхои онхо менамояд. Танкид албатта аз як чихат хуб аст, аммо таърифу хакикатбини низ зарар надорад.

      Comment by Nabizoda | 25.08.2010 | Reply

      • Чахоннаморо бар сари Сафина зану хардуро бар тв1. Чи хубие дидед ё шунидед дар чахоннамо? Саросар дуругу хамду санохони ва аз СИФР (0) кахрамонсози! Лагандбардору тарсуе беш нестанд. Ягон чолибияте нест дар барномахои онхо. Шахсан ман ин шабакахои лабайкгуйро тамоман тамошо намекунам.

        Comment by Bedil | 04.09.2010

  6. Бале, “Чахоннамо” аз назари забон ва фасохати баён аз шабакахои дигари телевизионии мо фарк мекунад, ки боиси хурсандист.Аммо барномахои асил ва худии “Чахоннамо” дар мачмуъ шояд камтар аз 10 дар сади барномахои шабакахои телевизионии Точикистонро ташкил дихад ва ровиёну хабарнигорони он аз чумлаи хамон худуди 30 дар сади хабарнигорони телевизион хастанд, ки гуфторашонро метавон тахаммул кард!

    Comment by Кодири Рустам | 26.08.2010 | Reply

  7. Ба ростӣ, аз зеботарин матолибе буд, ки то кунун чангам бад-он хурдааст.

    Comment by Дориюш | 27.08.2010 | Reply

  8. “Агар ҳарфи “ӯ” ин қадар мушкил пеш овардааст, чарои “ҳе”-и ҳуттиро низ парчам накунем? Ин ҳарф дар матн ҳеч нишонаи фарқкунанда надорад, вале бархе онро ончунин аз чуқурии ҳалқи худ берун мекашанд, ки гӯӣ ҳафт пушташон араби яманӣ буд”.

    Аз ин харфхо буйи нафрат ба кухистонихо меояд. Ки “ҳе”-и ҳуттиро кухистонихо, аз чумла Саймуддин Додихудоев, талаффуз мекуннд ва ин навишта хакорати муаллиф ба Додихудоев аст. Агарчи кухистонихо “ҳе”-и ҳуттиро талаффуз мекунанд, вале онро бар муаллиф тахмил накардаанд. Вале чаноби муаллиф як сарашонро дошта фикр кунанд, ки чаро 5 миллион точик, аз чумла сокинони пойтахти кишвар, масбур шаванд, ки “у”-и дарози бегонаро, ки хоси хамшахрихои муаллиф аст, омузанд. Намешавад, ки хамин “у”-ятонро дар хонаи худатон истифода кунед?

    Comment by Хонанда | 28.08.2010 | Reply

    • Бародари азиз “ҳе”-и ҳуттиро дар бисёр маҳалҳои кишвар талаффуз мекунанд, ҳам дар шимол ва ҳам дар ҷануб, ғарб ва шарқи кишвар. Чаро Шумо онро ба кухистонихо рабт медихед?

      “Ӯ”-и дароз хоси хамшахрихои ман нест, мардуми Масчо талаффузи онро ба зӯр меомӯзанд.

      Аммо хамин номаи Шумо худ далел аст, ки чаноби Додихудоев чи баҳси бад ва маҳалгароёнаеро доман задааст. Набояд аз забони миллй барои манфиатҳои сиёсӣ истифода кард.

      Хонаи мо, ба Шумо мефорад ё не — Тоҷикистон!

      Comment by aioubzod | 28.08.2010 | Reply

  9. Ман ба ин андеша мувофик нестам.
    Як савол. Харфи у-и ба истилох дароз дар гушии шимол ва дар бархе манотики Дарову Ванч вучуд дорад. Инмруз Саймуддинов мехохад имлоро ислох кунад. Хуб мекунад. Аммо чаро сохибони у дар шимол нигаронанд, вале сохибони у дар Ванчу Дарвоз парвое надоранд, ки у-яшон аз алифбо хазф мешавад? Ин бахсхо бештар чанбаи хусумати дорад. Даъво ин аст, ки чаро имлои навро чаро Додихудо месозаду хамшархирииман не.
    Биеед икрор кунем, дар сатхи Саймуддинов холо донишманди забоншинос надорем.
    Кошки ба майдон биояд, мо хам тарафдор, вале холо будагиш хамин мардак аст.

    Comment by Толибшо | 28.08.2010 | Reply

    • Бардошти Шумо ғалат аст. Барои ман аслан фарқе надорад, кӣ ё киҳо имлои нави моро менависанд, аммо бархӯрд ба масъала ва шеваи пешниҳоди он муҳим аст, ки ба ягонагии миллии мо, ки бе ин ҳам дастхуши ҳазорон бадиҳо ҳастем, зарба назананд.

      Дар матлаб инро ҳам навиштаам, ки ислоҳи имло зарур аст, аммо на ба ин тарзи пешниҳод, ки барои як бахши мардуми кишвар таҳқиромез ва хасмона бошад.

      Comment by aioubzod | 28.08.2010 | Reply

  10. “Ин таъкид ба садоҳои хос арабӣ дар нутқи муллоҳо ва исломгароён бештар дида мешавад. Ҳар қадар ки гӯянда итиҷоъпарасту вопаснигару бегонадӯст бошад, ҳамон қадар “ҳе”-и ҳуттиро ғализтар талаффуз мекунад”.

    Ман хамчун як фарди кухистони, ки “хе”-и хуттиро чуноне шумо мегуед, гализ талаффуз мекунам, ин навиштаи шуморо тахкир ба беш аз якуним миллион кухистони кабул мекунам. Шумо як минтакаи Точикистонро ба исломгарои ва бегонадусти тухмат кардаед. Ин кисмати навиштаатонро бардоред.

    Бо эхтиром ба тамоми мардуми шарифи Точикистон.

    Comment by Хонанда | 28.08.2010 | Reply

    • Ман аз номи худам гап мезанам ва номамро пинҳон намедорам ва дар ақидаҳоям устуворам, Шумо аз номи якуним миллион нафар гап мезанед, аммо номи худро пинҳон медоред.

      Ин нишон медиҳад, ки дар ақидаҳои худ мутмаин нестед ва танҳо мехоҳед иғвоангезӣ кунед. Хаволаатон ба Яздони пок. Афсус холо хамин гуна як даврае расидааст.

      Comment by aioubzod | 28.08.2010 | Reply

      • Манзури асосии ман — зарурати бозгашт ба алифбои ниёкон ва қатъи ин ҳама бачабозиҳо бо забону имлост! Ин корҳо ҳама дурӯғ ва найранганд.

        Вақте пули тоҷикии “рубл”-ро ҷорӣ карданд, ман навишта будам, ки ин як кори муваққатист ва рӯзе номи пули миллии мо дигар хоҳад шуд. Чанд сол баъдаш мо соҳиби “сомонӣ” ва “дирам” шудем.

        Иншоаллоҳ, ин “рублбозиҳо” бо имлову забон ана ҳамин хел чизест, ки чанд сол баъд инсонҳои шарифе меоянду онро зеру забар мекунанд ва алифбои ниёконро эҳё ва бо ин роҳ тамоми мушкилоти имрӯзаи забонро пурра ва бебозгашт ҳал мекунанд. Ман ба ин бовар дорам.

        Comment by aioubzod | 28.08.2010

    • Хонандае, ки бо боди даҳон фазои торнигорро такон медиҳӣ! Лутфан нахуст манзури муаллифро дарёб ва баъдан ба ҷору ҷанҷол бипардоз. Ҳадаф бозгашт ба ҳамон алифбои худамон, яъне алифбои форсист. Он вақт шумо на аз паридани “ӯ” дилтанг мешаведу на аз даридани “ҳ”-и ҳалқӣ. Он вақт ҳама як ҷӯр менависанду ҳар кас ба шеваи худаш мехонад. Пас ором бош. Ё агар назаре дар ин замина дорӣ, бо риъояти адаб ва бо ному нишон баҳсатро матраҳ кун.

      Comment by Дориюш | 31.08.2010 | Reply

  11. Агар мо майл ба сӯи алифбои ниёкон намоем, пеш аз ҳама баҳси маҳал аз миён меравад, ки ду хонандаи гумономе матраҳ доранд. Забон ва алифбои ниёкон арзиши миллии мо маҳсуб меёбад, хатои маҳз мекунем, ки ба ин арзишҳо аз зовияи маҳалгароӣ менигарем. Нашавад, ки Кумита низ мисли ин хонандаҳои гумном (шояд дасти дарозе ҳам дошта бошанд) фаъолияти худро барои мавқеъи ҳарфҳои «ӯ» ва «ҳ» мутамаркиз кунад.
    Дар ҳақиқат ҷаноби Додихудо Саймуддинов аз забоншиносҳои номӣ ҳастанд. Умед мебандем, ки арҷ ба арзишҳои миллиро болотар аз амрҳои сиёсӣ мегузоранд.

    Comment by Абдуазими Абдуваҳҳоб | 29.08.2010 | Reply

  12. Кодири Рустам, ки медоданд, у-и дароз узбакистон, хомуш аст.
    Лекин чаро ба саволи ман посух надодед? Чаро сохибони у дар шимол нигаронанд, вале дар Ванчу Дарвоз хомуш нишастаанд?

    Comment by Толибшо | 29.08.2010 | Reply

    • Гуш Толибшо, пас айби кист ки Ванчу Дарвоз хомушанд. Агар ягон шахсиятхои забоншиносу рушанфикру дурбин надошта бошанд пас чи хам мегуянд? Ту ин кадар шимол-шимол нагуй бехтарашу игвои махалбозиро инчо наандоз.

      Comment by Nabizoda | 29.08.2010 | Reply

    • Ҷумлаи аввалатро нафаҳмидам, ҳарчанд ҳоло 90 дарсади тоҷикон ҳамин гуна сӯҳбат мекунанд ва менависанд ва ифтихор ҳам мекунанд.

      Саволи дувум як ишораи маҳалгароёна аст, ки бо баҳонаи ислоҳи имло ба авҷи худ расидааст. Мо бояд талош кунем, ки мардуми ҳамаи маҳалҳо бо забони ба ҳамдигар наздик сӯҳбат кунанд ва лаҳҷаву шеваи онҳо боис ё баҳонаи танзу масхараву мазҳака набошад.

      Барои ҳамин мегӯям, ки чунин ислоҳоти муҳимро бояд хеле нозук ва боэҳтиёт анҷом дод, на бо он валвалае, ки имрӯз барпо кардаанд ва бархеро ситоиш мекунанду бархеро наҳ мезананд.

      Гуфтам, шикастан осон аст, сохтан мушкил. Шояд зарур буд, аввал чизе сохта шавад ва сипас чизи зиёдатӣ партофта?

      Мо, тоҷикон, дар нисбати ҳаммиллатони худ бисёр кӯрнамак ва бераҳмем. Ба ҷои он ки ҳамаро якҷо орем, омодаем, нимамон ними дигарро бибураду ба дур ҳаво диҳад.

      Акнун посух ба суолат. Соҳибони “ӯ” дар шимол аз он нигаронанд, ки ҷанубиҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, онҳоро бибуранду ба дур ҳаво диҳанд. Дар Ванҷу Дарвоз хомӯш нишастаанд, аммо ин раванд як рӯз балоҳои дигареро ба сари онҳо низ хоҳад овард, зеро ин роҳи дуруст ва наҷотбахш нест. Роҳи ягона иттиҳод аст, ки онро алифбои форсӣ таъмин карда метавонад. Ва иттиҳод на танҳо байни як миллати кӯчак, балки байни ҳамаи форсизабонон дар саросаи ҷаҳон ва истифода аз дастовардҳои ҳамдигар. Бе хатти ягона чунин иттиҳод ва табодула номумкин аст.

      Comment by aioubzod | 29.08.2010 | Reply

  13. ТО ЧОК МАН МЕДОНАМ, ШУМО ХАМ МУКОБИЛИ ХАТИ ФОРИС ХАСТЕД. ДАР РАДИОИ ОЗОДИ ОЁ БА САРОХАТ МЕГУЕД, КИ ТОЧИКИ ФОРСИТ? НЕ! АГАР ТОЧИКИ ВА ФОРСИ ЯК ШАВАД, ШУМО БЕ ЧОИ КОР МЕМОНЕД. БАХШИ ТОЧИКИИ ОЗОДИ ДАР КОР НАМЕШАВАД. МИСЛЕ, КИ ДАР БИ БИ СИ НЕСТ ИН ГУНА БАХШИ ТОЧИКИ. ШУМО АЗ РУИ ДИЛ ГАП НАЗАНЕД, КИ ЧОНИБДОРИ ХАТИ ФОРСИ ХАСТЕД. ХАМИН ИСЛОХОТЕ, КИ КУМИТА МЕКУНАД, ДУРУСТ АСТ. БАР АСОСИ ХАТИ ФОРСИТ. ХЕЧ ЧОИ ВОХИМА НАДОРАД. ВОХИМАРО ШУМО КАРДАЕД. СУХАНОНИ САЙМУДДИНОВ ИЛМИ АСТ. ШУМО БАХСИ ИЧТИМОИ МЕКУНЕД. ВАКТЕ ХАТИ ФОРИСРО НАМЕДОНЕД, ХАК НАДОРЕД, КИ ДАР БОРАИ МАВКЕЪИ ВОВИ МАЧХУЛ ГАП ХАНЕД. МАЧХУЛ ЧИСТ?

    Comment by Толибшо | 30.08.2010 | Reply

  14. Намедонам, ин баҳси забон аст ё орзуи бе ҷои кор мондани ман. Cипос аз ғамхориятон, Худованд бузург аст ва касеро бе ризқ халқ накардааст. Шумо шояд аз намояндагони насли ҷавоне ҳастед, ки муборизаҳо барои мақоми давлатии забонро шоҳид набудаед ва онро аз рӯи навиштаҳои имрӯза медонед. Онҳое ки он вақт як забонро се забон мегуфтанд, имрӯз ҳомиёни забон шудаанд. Дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” таҳти раҳбарии устод Адаш Истади Самарқандӣ ситоде таъсис ёфта буд, ки он ба камияш 50 мақолаи зарбазан дар ин мавзӯъ омода ва нашр намуд.

    Яке аз дастовардҳои он бузургон буд, ки дар қавсайн ҳам бошад, номи забон форсӣ навишта шуд. Дар соли 1993 ҳомиёни имрӯзаи забон ба вожаи “форсӣ” дар қонун хатти бутлон кашиданд. Биноан ҳоло форсӣ номидани забони тоҷикӣ мушкил аст, мардуми зиёде дар Тоҷикистон аз ин калима мутанаффиранд. Ин шояд масъалаи 20 сол баъд бошад. Аммо ҳаракати бозгашт ба хатти форсӣ аз ислоҳи имло ҳам муҳимтар аст ва мушкилоти имлоро худ ба худ ҳал мекунад.

    Дар зимн, барои ман 22-юми июл Рӯзи забон боқӣ мемонад, намехоҳам зодрӯзи касе ҳамзамон Рӯзи забон бошад. Набояд танҳо бо имрӯз зист, балки дуртарро бояд дид. Ин номҳову ин одамакҳо гузарандаанд, забони форсии тоҷикӣ ҷовидона аст!

    Хуб, муҳим нест ва намедонам, чаро ман бояд худамро аз ҳамлаи омиёнаи Шумо дифоъ кунам. Шояд барои он ки ба худ ҳақ медиҳед, ба чӣ ҳақ доштану надоштани ман ё касони дигарро таъин намоед. Ҳамин худ баёнгари ботин ва сатҳ аст. Шояд ба Шумо зарур аст, ки як бори дигар матни маро бихонед. Вови маҷҳулро аз ягон каси донишманд бипурсед. Дилам гирифт аз ин баҳси тафриқаандозон. Саломат бошед.

    Comment by aioubzod | 30.08.2010 | Reply

  15. Akai Salimjon az in noma khasta nashaved. Nameshavad ki darro ba rui tolibsho barin tafrikaandozon qulf zaned? Mo inja namekhohem haminguna sukhanhoi “детский”-i har sangu kulukhakro bikhonem.

    Comment by Bedil | 31.08.2010 | Reply

    • На, бародар Бедил, ин ба фикрам, кори одилонае нест. Дар тафовут бо чунин афрод ман бовар дорам, ки хар шахс ба гуфтани назару акидаи хеш хак дорад, бигзор дуруст ё хато. Хонанда аз ин хама худаш ба як хулосае меояд. Сониян чунин изхориназархо то андозае баёнгари вазъи рухию равонии чомеаи мо ва дурнамои он хастанд.

      Comment by aioubzod | 31.08.2010 | Reply

  16. Толибшо мепурсад, ки «чаро соҳибони «ӯ» дар шимол нигаронанд, вале соҳибони «ӯ» дар Ванҷу Дарвоз парвое надоранд, ки «ӯ»-яшон аз алифбо ҳазф мешавад»?
    Мардуми Дарвозу Ванҷ аз он рӯ парво надоранд, ки хоҳ «ӯ»-ро аз алифбо ронанду хоҳ бимонанд, онҳо «ӯ»-яшонро хоҳанд гуфт. Зеро ин «ӯ» дар гӯиши Дарвозу Ванҷ хусусан, ва забони порсии тоҷикӣ умуман, овози аслӣ ва табиъӣ аст ва реша дар порсии бостон дорад.
    Овози «ӯ» дар порсии тоҷикӣ бозмонда аз овози «ō» дар порсии миёна аст, ки реша дар дуовози «au» дар порсии бостон дорад: бӯй = > bōy => baudah; рӯз => rōz => raučah; гӯш => gōš => gauš. Аз ин рӯ ҳарфи «ӯ» дар алифбои кунунии тоҷикӣ беҷову бегона нест.
    Инро ҳам бояд гуфт, ки хатти русиасоси тоҷикӣ, бо ҳама осониву хубиҳояш, ҳама вижагиҳои овозии забони тоҷиконро нишон намедиҳад. Ман бар ин боварам, ки беҳтарин хатту алифбо барои забони мо ҳамон хатту алифбои порсист, зеро вижагиҳои забони моро дақиқан мерасонад. Дар ин хатт муҳим навишти вожа аст, на талаффузи он: агар «рӯз»-ро шимолие «рӯз» ва ҷанубие «руз» мегӯяд, аммо тарзи навишташ ҳамон «روز» аст ва дар ҳеҷ гӯише дигаргун нагардад.

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 01.09.2010 | Reply

    • Чаноби Umedi Jayhoni, у-и дароз дар Ванчу Дарвоз хеч решае дар забони порсии бостон надорад ва ба чуз аз точикони Узбакистон, шимоли Тоҷикистон, дехоти кади Шикеви Дарвоз ва якчанд дехаи Ванчи поён касе аз форсизабонони чахон ин харфро талаффуз намекунад. Решаи у-и дарози Дарвоз ва Ванч дар Кошгар аст. Садсолахо пеш аз Кошгари Чин мухочирон ба ин минтака омада мукими шуданд. Онхо бо мардуми махалли омехтанд ва у-и дарозро то имруз хифз карданд.

      Comment by Чавоб ба Умед | 03.09.2010 | Reply

      • Ҷаноби беному нишон, дастатон дард накунад, ки решаи моро ба Чину Мочин кашондед. Ман худ падар андар падар дарвозӣ ҳастам, вале нахустин бор ин афсонаро мешунавам, ки муҳоҷироне аз Кошғар ба Дарвоз кӯчида бошанд.
        Мардуми Дарвозу Ванҷ садсолаҳо пеш аз ин забоне доштанд, ки монанд ба забонҳои помирӣ, ба вижа забони язгуломӣ, буда ва аз он забон дар гӯиши порсии тоҷикии дарвозиёну ванҷиён вожаҳои фаровон бозмондаанд. Бештари ҷойномҳо дар ин ду ноҳия бозмонда аз ҳамон забон ҳастанд. Масалан, Зиғар (ки «ғар» дар ин ҷойном ҳамон аст ки дар Кошғар аст ва кӯҳро мегуфтаанд), Сангевн, Пунишор, Шкев, Ёгед, Курговад ва дигару дигар ҳама гувоҳ бар ин аст, ки ин мардум аз гаҳи бостон то кунун замон дар ҳамин макон буду бош доранд. Бархе аз хонаводаҳо бар ин боваранд, ки ниёконашон аз Хуросону Балху Бухоро кӯчида ба Дарвоз омадаанд ва ин гуфта ҳам дуруст аст. Масалан, дар миёни Шкеву Ёгед ҷойе ҳаст, ки Ғаркуф ном дорад. Ҳар ду бахши ин ҷойном – «ғар» + «куф» – як маънӣ доранд = «кӯҳ», вале «ғар» вожаи суғдӣ-сакоист ва «куф» – паҳлавӣ, ки бозмонда аз «kaufa» дар порсии бостон аст. Ҳамин як ҷойном гувоҳ бар ин аст, ки ниёкони бархе аз шкевиёну ёгедиён аз Хуросон омадаанд, ки дар гузашта Паҳлав ном дошт. Аммо бештари мардум бумӣ ҳастанд. Агар бумӣ намебуданд, ҷойномҳо ҳам дигар мегаштанду тоҷикӣ мешуданд.
        Забоншиносон собит кардаанд, ки дарвозиён дар садаҳои 14-15 порсизабон гаштаанд ва ванҷиён дар садаҳои 19-20 ва овози «ӯ» ҳам дар гӯиши Дарвозу Ванҷ бозмонда аз овози «ō» (вови маҷҳул) дар порсии миёна аст. Агар гуфтаи маро бовар намекунед, навиштаҳои устод Маҳадовро дар бораи гӯиши Дарвоз ёбеду хонед. Шумо, ки аз Шкев ёд кардаед, бояд донед, ки шкевиҳо “муш”-ро чигуна талаффуз мекунанд.
        Хуш бошед!

        Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 04.09.2010

      • Он чи Умеди Ҷайҳонии гиромӣ гуфтаанд, аз пуштвонаи илмӣ бархурдор аст. Ва тоза, танҳо дар бахше аз шимоли Тоҷикистон ва Ванҷу Дарвоз нест, ки “ӯ” талаффуз мешавад. Мардуми бумии Нишопур ва дигар шаҳрҳои Хуросон дар Эрони имрӯзӣ ва бисёре аз мардуми шимоли Афғонистон низ “вови маҷҳул”-ро ба шеваи тоҷикони Хуҷанду Ванҷу Дарвоз талаффуз мекунанд. Талаффузи “кулӯх” тавассути як нишопурӣ бо талаффузи ин вожа тавассути як теҳронӣ фарқ мекунад ва дақиқан шабеҳи “кулӯх”-и хуҷандӣ ё ванҷию дарвозист.

        Comment by داريوش | 04.09.2010

    • Умеди азиз, решахои кошгарии иддае аз хонаводахои Ванчу Дарвоз хам аз суи мардумшиносони рус тахкик шудааст ва хам шохидони зинда дорад. Дар махалхое, ки банда ишора кардам решахои кошгари дар ёдхои худи мардум мондааст ва агар аз ин дехот дидан кунед, онхо аз ман дида ба шумо хубтар накл мекунанд. Бехтар ва осонтар аст, ки як бор ба дехаи Чорфи Дарвоз сафар кунед ва бо устод Худои Шариф, ки низ аз хонаводахои кошгарист, сухбат кунед.

      Вале решаи кошгари доштан маънои турк буданро надорад. Мардуми мухочири кошгари дар Ванчу Дарвоз аз эронитаборони минтакаи Кошгар хастанд, ки хамрох бо худ У-и задаро ба ин минтака овардаанд. Яъне У-и зада ба ачдодони онхо аз хамсояхои туркнажодашон таъсир карда да зехнхояшон нишастааст.

      Мухочирони кошгари дар Гарм хам вомехуранд. Дар ин минтака дехаест бо номи Ялдамич, ки садонокхоро ба фарк аз дигар мардуми води дарозтар талаффуз мекунанд ва бо номи “кошгари” машхуранд.

      Бародаре дар мавриди У-и зада дар Нишопуру Кобулу… ибрози назар кардааст, ки даъвои бепоя аст. Дар форси мо танхо ду намуд у дорем: у маъмули ва у-и кутох. Ва У-и дароз, ба харчи касам, моли турку мугул аст ва дар забони мо бунэди таърихи надорад.

      Ба бародарони чонибдори У-и дароз хаминро гуфтаниям, ки шумо ин кадар барои У-и бегона (агарчи аз хурди барои шумо як харфи маъмулист), ки аз хамсояхои турк ба падарон ва шумо асар кардааст, чанги забониро огоз накунед. Замоне барои хайкали бегонаи Ленин хамдигарро катли ом кардем, пас биёед барои як харфи бегона чанги лафзиро огоз накунем. Мардонавор икрор шавед, ки У-и зада моли бегона аст. Зеро хохед-нахохед дар имлои нав барои ин моли бегона чой нахоханд дод.

      Дасти падарону модарони тамоми манотики Точикистон ва хамчунин Бухорову Самарканд ва Хуросонро мебусам.

      Comment by Чавоб ба Умед | 05.09.2010 | Reply

      • Ба фикрам зери номи “Чавоб ба Умед” худи чаноби Додихудо Саймиддинов посух медихад. Бо истифода аз фурсат барояш як чиз мегуям. Чаноби Саймиддинов, агар хамин руз чаноби олй гуянд, ки у-дароз хаст, шумо аз хамин руз акидаат дигар мешавад.

        Касе гуфтааст, ки тимсох намепарад. Дигарй посух додааст, чй хел намепарад, чаноби олй гуфтанд, ки мепарад. Он шахс посухашро иваз кардаву гуфтааст, мепараде, лекин паст…

        Хуб, у-и дароз туркй будааст, фахмидем, лекин чаноби Саймиддинов, забони навро дар пояи лахчаи Душанбе месозем гуфтй, кадом лахчаро дар назар дорй? Хамон лахчаи омехта ба русию туркию арабию форсичаю афгонча?

        Comment by Samandar | 05.09.2010

      • Бародари арҷманд, ин ки чанд хонаводае таборашонро ба кошғариён мекашонанд гувоҳ бар ин нест ки ҳама дарвозиён кошғаритаборанд. Мардуми Дарвоз, ки дар гузашта Маҳистон ном дошта, аз 2700 сол пеш ариётабор буда, аммо то 600 сол пеш порсизабон набуд. Забони дарвозиён дар куҳантарин замонҳо яке аз гӯишҳои сакоӣ будааст ва забонҳои помирӣ бозмонда аз онҳо ҳастанд. Пас аз гурезу кӯчиши порсизабонон аз Хуросону Суғду Балху Хатлону Вахшу Бадахшон дар паи ҳамлаи туркҳову муғулҳо ва бозмондагонашон ба ин сарзаминҳо, дарвозиён оҳиста-оҳиста порсигӯ шуданд. Ҳамин ки бархе вожаҳо ва ҷойномҳо зинда мондаву порсӣ нашудаанд, худ гувоҳ бар ин аст, ки мардум яку якбора порсизабон нашуда ва замоне дузабона (помирӣ ва порсӣ) буда ва дертар якзабона (порсӣ) гаштааст. Паи забони пешин ҳамакнун низ дар гӯиши порсии тоҷикии дарвозиён ошкор аст. Шумо бояд донед ки гӯиши дарвозӣ камтарин асарро аз забонҳои туркиву муғулӣ пазируфта ва овози “ӯ” (вови маҷҳул, на у-и дарозу заданок) ҳам дар вожаҳое гуфта мешавад, ки решаи эронӣ ва порсияшон сад дарсад ошкор аст. Ин ҳам дуруст аст ки Кошғару Хутан замоне ариёнишин буданд, аммо аз онҷо ба Дарвоз роҳ нест, магар ин ки аз Олойу Рашту Вахиё ё Мурғобу Шуғнону Рӯшон бигзаранду ба Дарвоз расанд. Гурезаҳое ки он ҳама сарзаминҳои сабзу хуррамро гузаштаву ба Дарвоз кӯчидаанд, ҳабетаву гӯлу гаранг будаанд…
        Дар ҳар сурат, овози “ӯ” дар гӯиши дарвозиён бумӣ аст ва овардаи кошғариён нест. Масалан ҳама ёгедиён “ӯгӯ” ҳастанд, аммо ҳеҷ хонаводае худро кошғаритабор намедонад. Ванҷиёнро ҳам дарвозиёну вахиёиён порсигӯ кардаанд. Ҳамин дигарзабонии ванҷиён баҳонае шуда барои дарвозиён то онҳоро “гӯл” номанд, зеро забонашонро намедонистаанд. Ба ҳар ҳоле, як-ду хонавода муҳоҷири кошғарӣ дар Ҷорфу Ялдамич наметавонад гуфтори мардуми Дарвозро дигар гардонанд. Он ҳам дар сарзамине ки рустоҳояш то соли 1940 роҳе надоштанд ки харсавор рафтуомад кунанд… Ҳамин дуриву бероҳӣ буда ки ҳануз хам ҳар деҳае дар Дарвоз гӯише вижа барои худ дорад.
        Мардонавор бояд гуфт ки ҳама гуфтаҳоятон далел намешавад ки як овозро туркӣ донем ва онро аз забонамон дур андозем. Садҳо вожа аз гӯиши дарвозӣ гувоҳанд ки “ӯ” “моли бегона” нест. Забони мардумро чун даҳонаш ба осонӣ наметавон басту дигаргун кард. Навишторро мешавад дигар кард, аммо гуфторро на. Он қоидаи имло ҳам танҳо забони навишториро танзим хоҳад кард (агар тавонад), аммо забони гуфторӣ ҳамчунин ки ҳаст хоҳад монд. Хирадмандона ҳам нест ки тоҷикон аз сари душманӣ бо узбакҳо забони худашонро дигаргун кунанд.

        Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 05.09.2010

      • Бародаре ки асли мардуми Ванҷу Дарвозро аз Қошғар мешуморад, оё ҳеҷ китобе дар хусуси таърихи ин мардуми бостонӣ хонда аст, ё на?
        Агар нафаре ё ду нафар ва ҳатто даҳ нафар аз Қошғар бошанд, оё инсоф аст, ки чандин ҳазор нафарро қошғарӣ хонд?
        Дигар ин ки агар устод Худойии Шариф аз Қошғар бошад, ба чӣ далел метавон, ба туркнажодии ӯ ҷазм кард? Пӯшида нест, ки дар Қошғар миллатҳои ғайритурк ҳам ҳастанд, аз он ҷумла, тоҷикон ҳам.
        Оё ин қошғаршинос чеҳраи худро дар ойина дида аст, ки туркчеҳра аст, ё тоҷикчеҳра? Сипас, чеҳраи худро бо чеҳраи ванҷиёну дарвозиён муқоиса намояд, ки кадомяк тоҷикчеҳратар аст?

        Comment by Ahmar | 10.09.2010

  17. Барои маълумоти дакик гирифтан аз “у”-и кутох ва “у”-и дароз китоби пурарзиши мархум Толиб Хаскашовро хонед. Чунончи “ё”-и мачхул (дар калимоте амсоли “шер”, “сер”,”далер” дар гуиши точикони Варозруду Ориёно (Афгонистон) боки монда, хамчунин “вов”-и мачхул дар Эрони имруз ва дар миёни кисмате аз точикон аз миён рафтааст. Ва ба ин сабаб хам онхоро “ё”-и мачхул ва “вов”-и мачхул гуфтаанд. Овозхо низ сарвати миллии мо хастанд ва онхоро хифз бояд кард. “Вов”-и мачхул бояд дар калимахои форси (руз, дуз-духтан ва г.) боки бимонад, вале дар калимахои араби хазф шавад бехтар.

    Comment by Кодири Рустам | 07.09.2010 | Reply

  18. “Ҷавоб ба Умед”-и гиромй. Барои дарёфтани маъно ва асолати “вови маҷҳул” ниёзе нест заҳмати сафар ба Туркистону Кошғарро бипазиред, ҳарчанд маҷозӣ. Кофист ба кунҳи маънои вожаи “маҷҳул” биандешед, ки чаро яке аз ин “вов”ҳоро “маҷҳул” ва дигариро “маълум” номидаанд. “Маҷҳул” баромада аз “ҷаҳл” ва “надонистан” аст. Чун садои “ӯ” барои аъроб садои ошное набуд ва онро намедонистанд, “маҷҳул” ё “ноошно”яш номиданд. “Вов”е, ки талаффузи он бо “у”и арабӣ тафовути чандоне надошт, “маълум” ё “ошно” унвон гирифт. Пас пешинаи “ӯ” ба дирӯзу парерӯз на, балки ба садҳо ва мусалламан, ҳазорон сол пеш бармегардад. Садои “ӯ” дар забонҳои ҳиндуурупоии олмонию фаронсавӣ ҳам маҳфуз аст ва фикр намекунам, ки касе аз Кошғар ба он сомон ҳам шабехун зада бошад ва “вови маҷҳул”ро барояшон ба армуғон бурда бошад.

    Гузашта аз ин, мардуми бадахшизабони Тоҷикистон низ садое шабеҳи “вови маҷҳул”ро дар забонҳои худ доранд ва барои намуна, вожаи “равон”ро ба шакли “равӯн” ва “Бадахшон”ро ба шакли “Бадахшӯн” талаффуз мекунанд. Яъне “вови маҷҳул” дар миёни забонҳои ҳиндуурупоӣ (дар кул) ва эронӣ (билахас) мунҳасир ба забони порсӣ нест.

    Ин ки шумо аз мавҷудияти садои “ӯ” дар бархе аз гӯишҳои Эрону Афғонистон хабаре надоред, далел бар набуди он намешавад. Гӯишҳои эронӣ ва афғонистонӣ танҳо дар ду гӯиши теҳронӣ ва кобулӣ хулоса намешаванд. Шояд андаке гаштугузор дар рустоҳои Хуросони Бузург битавонад ҳаллоли мушкили шумо бошад.

    Зимнан, дар гӯиши модарии инҷониб садои “ӯ” мавҷуд нест ва ман талаффузи ин садои мансухшударо пас аз соъатҳо тамрин омӯхтаам;) Манзур танҳо баёни як ҳақиқати илмист. Хуш бошед.

    Comment by داريوش | 08.09.2010 | Reply

  19. Дориюш, дуруг нагед, ки ӯ дар забони муборкаи шумо ва падару модари шумо мавҷуд нест. Модаратонро накмедонам, шояд рост мегуед, аммо дар забони падаратон хатман, ки вуҷуд дошт.

    Comment by Али | 08.09.2010 | Reply

  20. Хохишмандам, бигуед бар ман, бар кудакони синни мактаби чи гуна фарки байни калимахои “кус”(айб хам бошад бубахшед) ва “ку/с”(Ин калимаро аз “Шохнома”- и безавол мисол овардаам, “кусу духул”…) “кушиш” ва ку/шиш”ро бифахмонам? Вакте аз радиову телевизион “кушиш” мегуянд, мо катлро бифахмем? Дигараш, шумо ба зодгохи Рудаки сафар кунед, ончо то имруз кадами турктаборе нарасида, ягон касе бо турктаборе пайванди хуни надошта, чаро онхо “у-“-и дарозро истифода мебаранду ва гуиши онхо барин тозае дар тамоми Точикистон нест? Ягон калимае аз узбаки нест дар гуиши онхо…Ва Айнии бузург вакте “кухистон” мегуяд, махз он кухистонро дар назар дорад на сарзамини имрузаи кулобу кургонтеппа, хол он ки ин чо кухе хам нест…

    Comment by Фаридун | 09.09.2010 | Reply

  21. Бо дуруд
    Нахуст аз устод Салим Аюбзод барои пургӯӣ дар торнигорашон бахшоиш мехоҳам.
    Дигар бар вай ва дӯстам Дориюш дуруду офарин мефиристам, ки хомаву номаашонро барои пуштибонӣ аз забону фарҳанги порсӣ-тоҷикӣ шамшеру сипар кардаанд.
    Касоне ҳам, ки барои рондани овозу ҳарфи «ӯ» аз забони порсӣ-тоҷикӣ ва хатти русӣ-тоҷикӣ ангушт ранҷа кардаанд, бояд дониста бошанд, ки овози «ӯ» дар порсӣ-тоҷикӣ бо овози «ӯ» дар туркӣ-узбакӣ фарқ дорад. Дар ин бора устод Додихудо Саймуддинов ҳам дар суҳбати бархат бо хонандагони сомонаи радиои «Озодӣ» чунин гуфт:
    “«Ӯ»-и тоҷикӣ бояд «вови маҷҳули» таърихӣ бошад ва дар вожаҳои форсӣ-тоҷикӣ мутобиқи меъёри классикӣ навишта шавад ва онро набояд бо «ӯ»-и бегона давр калимаҳои иқтибосӣ омезиш дод…
    Вақте ки мо «ӯ»-ро ҳамчун «вови маҷҳул» муаррифӣ мекунем, бояд меъёри классикии «вови маҷҳул»-ро дониста бошем ва зери ин истилоҳ таҳти таъсири лаҳҷаҳо «ӯ»-и дигарро дар калимаҳои бегона ба забони тоҷикӣ ворид накунем. Магар дар калимаҳои иқтибос аз забонҳои туркӣ-ӯзбекии «ўгай, ўймоқ, ўланг, ўйғур, ўзбек, ўра, ўрда, ўлҷа ва ғ. ин «ў» маҷҳул аст?”

    Дигар ин ки узбакҳоро тоҷикон «о-гӯ» ва «ӯ-гӯ» кардаанд ва узбакӣ худ забонест омехта аз туркиву тоҷикӣ. Аз порсиву тоҷикӣ ҳам агар бигзарем, «ӯ» (вови маҷҳул) дар забони суғдӣ ҳам будааст ва аз он ба порсии тоҷикӣ даромадааст.

    Аммо аз Алӣ тоҷикона хоҳиш дорам, нахуст одоби сухан гуфтану баҳс карданро ёд гирад ва сипас бо ҷавонмардоне чун Дориюш мубоҳиса кунад.
    Бетамизиҳои одам аз сухан пайдо шавад,
    Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад…

    Хуш бошед!

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 09.09.2010 | Reply

  22. Умеди бузурги Чайхунии чун,
    харчи мегуи рост,як савол. Ба хамин мардум як фахмон, ки кай хаму хамшахриёи устод Рудаки забони форисро кабул карданд. Дуруги калон ана ин аст.

    Comment by Али | 09.09.2010 | Reply

    • Алӣ-ҷон, нахуст ин ки ман Ҷайҳонӣ (جیهانی) ҳастам, на Ҷайҳунӣ (جیحونی) ва хоҳишмандам номамро дуруст бинавис. Дигар ин ки манзурат аз «ҳаму ҳамшаҳриёи устод Рӯдакӣ» кист? Ҳар порсизабоне ҳамшаҳрии ӯст! Аммо агар суғдиёнро, чӣ бостонӣ ва чӣ кунунӣ, дар назар дорӣ, пас бидон, ки суғдиён аз куҳантарин замонҳо забони порсиро медонистаанд. Худ забони суғдӣ то садаи 16 милодӣ дар сарзамини аслияш бар сари забонҳо будааст, аммо аз замоне, ки суғдиён мусулмон шуданд (соли 713 милодӣ), раванди порсизабон шудани суғдиён оғоз шуд ва ҳануз ҳам анҷом наёфтааст. Яғнобиён вопасин гӯишварони забони суғдиянд. Самарканду Бухорову Хуҷанду Исфараву Панҷиканду Рарзу Фалғару Анзобу Варзобу дигару дигар – ҳама ҷойномҳои суғдиянд.
      Яке аз муҳиммтарин омилҳои густариши забони порсӣ дар сарзамини Суғд мусулмон шудани суғдиён, исломгустарии худи онҳо дар Туронзамин ва фаъолияти садҳо масҷиду мадрасаву мактаб дар сарзаминашон буд. Масалан, яке аз ҳамшаҳриёни устод Рӯдакӣ – Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (р) (699 – 767 м.) ягона ва якумин касе буд, ки фотиҳа хондан ба забони порсиро раво шумурд ва далилаш ин буд, ки «ин «Қуръон» дар китобҳои пешин ҳам фуруд омада буд (сураи «Шуъаро», ояи 196) ва он низ ба забоне ҷуз арабӣ будааст. Пас ғайри арабҳо ҳаққ доранд онҳоро «Қуръон» бидонанд». Душманони Имом Абуҳанифа ӯро ба маҷусгароӣ мутаҳҳам карданд, зеро ки вай нахустин бор ин суханро дар бораи забони порсӣ боз карда буд .
      Яке дигар аз ҳамшаҳриёни Одам-уш-шуъаро – амири Сомонӣ Мансур ибни Нӯҳ ибни Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил (961 – 976 м.) аз уламои Мовароуннаҳр хост чорае ёбанд то осори муҳимми эътиқодиро аз арабӣ ба порсӣ баргардонанд. Уламои Мовароуннаҳр фатво доданд, ки: «Раво бошад хондану навиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар-он касро, ки ӯ тозӣ надонад, аз қавли Худои аззаву ҷалла, ки фармуд: «و ما اَرسلنا مِن رَسولٍ اِلا بِلِسانِ قـَومِه»; яъне: «Ман ҳеҷ пайғамбареро нафиристодам, магар ба забони қавми Ӯ ва он забоне, ки эшон донистанд». Ва дигар он бувад, ки ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд, аз рӯзгори Одам то замони Исмоъили пайғамбар ҳама пайғамбарон ва мулукони заминӣ порсӣ сухан гуфтандӣ ва аввал касе, ки сухан гуфт ба забони тозӣ, Исмоъили пайғамбар (а) буд ва Пайғамбари мо сал-Аллоҳу-алайҳ аз Араб берун омад ва ин Қуръон ба забони арабӣ бар Ӯ фиристоданд ва инҷо бад-ин ноҳият забон порсӣ аст ва мулукони ин ҷониб мулуки Аҷаманд» .
      Ин фатвоҳои Имом Абӯҳанифа (р) ва уламои Мовароуннаҳр роҳкушои корбурди забони порсӣ дар умури динӣ ва коргузории кишварӣ ва заминасози густариши донишу адабиёту ҳунару фарҳанг барои ҳазорсола буданд.
      Хуш бош!

      Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 09.09.2010 | Reply

      • Бисёр суолу чавоби нодир дар мавриди ватани Устод Рудаки. Ачиб, агар Рудаки аз Панчруди Панчакент буд, пас чи гуна бо падару модари сугдизабон бузург шуду бо забони форси шохкорихо кард!? Шояд вакти он расидааст, ки оромгохи аслии устодро чустучу кунем ва ба як дахон гапи эхсосии Герасимови рус бовар накунем!?

        Comment by Чавоб ба Умед | 10.09.2010

  23. На, Умеди фарзона, пузиши Шумо пазируфтанӣ нест, ин торнигори худатон аст, хонаи Шумост, ҳар қадар ки ба дилатон мегунҷаду гоҳ, тавон ва рисолати рӯшангарие, ки доред, бинависед, то дигарон аз сухани Шумо суд бардоранд.

    Дар бораи вожаҳои туркӣ-узбакӣ, русӣ, арабӣ, юнонӣ, ҳиндӣ ва ғайра, ки дар забони мо худро бо зӯр ҷо кардаанд, ҳаминро гуфтаниям, ки бояд онҳо аз забони мо то марзи тавон рӯфта шаванд. Ман корбурди ҳар вожаи бегонаро ба ҷои вожаи нобу сараи форсии тоҷикӣ як хиёнат ба фарҳангу таърихи бузурги милллат медонам. Албатта, дареғ, ҳамаи онҳоро нест кардан сахт аст, аммо талош бояд кард, ки онҳо камтару камтар ба кор бурда шаванд. Намунаро ба мо Фирдавсии бузург додааст.

    Ба онҳое, ки аз миёни ҳарфашон заҳри кину адоват мерезад, мерасонам, ки мағзи хешро аз олудагиҳо пок кунанд ва андоза нигаҳ доранд, ки андоза накӯст.

    Бо дуруд.

    Comment by aioubzod | 09.09.2010 | Reply

    • Устоди арҷманд, сипосгузорам аз лутфу бузургвориву роҳнамоиятон. Кӯшиш хоҳам кард то сазовори бовариятон бошам ва хидмате ба мардумамон кунам.
      Худованд ёру нигаҳдоратон бод!
      Бо дуруду сипос,

      Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 09.09.2010 | Reply

  24. Сухантарошихои бидуни далели муътамади таърихи ва таоруфатонро як су гузореду ба як саволи банда посух дихед: Агар хамаи “Ӯ”-гуёни Точикистонро чамъ кунем, ба ду миллион намерасед. Чаро 6 миллион точики дигари Кулобу Кургонтеппаву Хисору Каротегину Бадахшону Масчох мачбур бошанд, ки ин харфи хоси шуморо биёмузанд ва худро азоб дода талаффуз кунанд? Магар шумо аз ин 6 миллион болотаред, ки як харфи бегонаи хоси худро ба ин 6 миллион тахмил мекунед? Намешавад, ки хамин у-и задаро дар хонахоятон талаффуз кунед ва онро ба дигарон ичборан бор накунед? Агар “Ӯ”-и шумо ин кадар мукаддас бошад, пас чаро “ҳ”-и ҳуттиро ҳам ба имло илова накунем ва шуморо мачбур созем, ки гулуи нозукатонро “дарронед”? Чаро хама бояд ба хости дили шумо бошад? Магар шумо аз болотаред?

    Comment by хонанда | 10.09.2010 | Reply

    • Ҳоло пайти ин аст, ки ин ҳақиқат ифшо шавад, ки Али, “Чавоб ба Умед” ва Хонанда — хамагй 1 шахс аст, ки зери се ном паёпай сузоки эътирози худро бо туфи даҳани бадбӯй руи ин сафҳа меандозад. Ӯ кист, ман хеле хуб медонам ва ҷои кораш ҳам ба ман маълум аст, аммо иззои банда ҳаром, номардиро ба виждони худаш мегузорем, ҳаволааш ба Худо бузург.

      Аммо шигифтовар аст, ки кас худ чизе нависад ва боз ба он посух диҳаду ҳамовозӣ кунад. Ин шайтонӣ ҳунари ҳар кас нест. Боракаллоҳ! Магар ҳадаф сохтани фазое нест, ки гӯё аз марази маҳалгароёнаи як-му махави маънавӣ одамони зиёде ҳимоят мекунанд. Хушбахтона, воқеият ба ин сурат нест.

      Ман “Имола”-ро барои он навиштам, ки ба шеваи сӯҳбати ҳокимони бадавронрасида дар бораи забони модарии мо, ки ҳар як шахс соҳибу молику ҳомии он аст ва на танҳо 1-2 баминбаррасида, ғалати фаҳш аст, чун тоҷиконро ба анвоъ ҷудо мекунад. Гӯри падараш, агар ҳамин имлоро дигар карданӣ буд, бесарусадо мекарду мерафт, аммо таънаву наҳ задан, бигзор на ба унвони ман ё мардуми маҳалли ман, балки ба мардуми ҳар қисмате аз Тоҷикистони азиз бошад, маро ором намегузорад ва навиштам, то ин бечорагон баҳуш бошанду бо рукнҳои муқаддас бозии кӯдакона накунанд.

      Гӯри падарашон чӣ ҳарферо мегузоранду чӣ ҳарферо ҳазф мекунанд, мардум ба ҳамон тавре ки хост, сӯҳбат хоҳад кард. Ин донотарошии онҳо фақат пеши завҷаҳояшон қадре дошта метавонаду бас.

      Эй, дареғ, одами таҳсилдида ва шахсе, ки бо сухан сари кор дорад, ин гуна пинҳонбозие зери се номи мухталиф бикунад. Ҳайфам меояд аз ин дӯсти азиз.

      Ҳаволааш ба Худои бузург. Як рӯз пешипо хоҳад хӯрд ва хоҳад донист, чӣ умри ғалатеро ба сар бурдааст.

      Comment by aioubzod | 10.09.2010 | Reply

  25. Посухдиҳандаи арҷмандам, зодгоҳи устод Рӯдакӣ ҳамон Панҷрӯд аст ва дигар даркор нест ки зодгоҳу оромгоҳашро ҷои дигар ҷӯем. Устод Рӯдакӣ дар ашъораш бисёре аз вожаҳои суғдиро ба кор бурдааст ки дар ин бора бисёр навиштаанд. Масалан, дар ин ду байти зерин “кек” ба маънии “мардумаки чашм” омадааст, ки вожае суғдист:
    Хашм омад-шу ҳамон дам гуфт: – Век!
    Хост к-ӯро баркананд аз дида кек.
    ***
    Ба рӯзи маърака ба ангушт гар падид ояд,
    Зи чашм барканад аз дур кеки Аҳриман.

    (Дар омади гап, ҳамин вожа ба маънии “чашма” дар ҷойномҳои Обикик, Даҳанакик ва Баландкик дар ноҳияи Хуросон бозмонда аст ки “оби чашма”, “сари чашма” ва “чашмае дар баландӣ” маънӣ доранд. Пас оё беҳтар набуд, ки ноҳияи Ғозималикро Чашмасорон ном мегузоштанд, на Хуросон? Хуросон устонест дар Эрон ва замоне ҳам номи ҳама сарзаминҳои шарқии Эрон будааст ва худ маънии “хуросон” ҳам “шарқ” аст. Аммо ноҳияи Хуросон дар ғарби Тоҷикистон ҷой дорад ва ин номгузорӣ бемаъниву хандаовар аст: Шарқ куҷову Ғарб куҷо?!)

    Шояд шумо маънии аслии вожаи “ҳамшаҳрӣ”-ро намедонед. “Шаҳр” дар ин вожа ба маънии “кишвар” аст, чунон ки дар истилоҳи “шаҳрванд” низ ҳаст ва реша дар порсии бостон дорад: xšaθra- => šahr => شهر => шаҳр. Пас “ҳамшаҳр” ва “ҳамшаҳрӣ” ба маънии “ҳаммеҳан” ва “ҳамватан” аст, яъне “касе ки бо дигаре аз як сарзамин бошад”. Дар ин маънӣ мо ҳама ҳамшаҳрии устод Рӯдакӣ ҳастем. Ногуфта намонад, ки “меҳан” низ бозмонда аз вожаи суғдии “mēθan” аст ки дар забони авестоӣ “maēθana” ва дар порсии бостон “maiθana-“ буда ва решаи он “maiθ-“ ба маънии “бошидан; зиндагӣ кардан” аст. Ин вожа ҳамакнун ҳам дар бархе ҷойномҳо ба гунаи “метан” барҷост: Рометан, Хурметан, Нӯметан, Урметан ва дигар.
    Ман аз ин дар шигифтам ки чаро тоҷикон Панҷикандро узбакона Панҷакент мегӯянду менависанд?

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 11.09.2010 | Reply

  26. Он бародаре ки асли мардуми Ванҷу Дарвозро аз Қошғар мешуморад, оё ҳеҷ китобе дар хусуси таърихи ин мардуми бостонӣ хонда аст, ё на?
    Агар нафаре ё ду нафар ва ҳатто даҳ нафар аз Қошғар бошанд, оё инсоф аст, ки чандин ҳазор нафар ванҷиву дарвозиро қошғарӣ хонад?
    Дигар ин ки агар устод Худойии Шариф аз Қошғар бошад, ба чӣ далел метавон, ба туркнажодии ӯ ҷазм кард? Пӯшида нест, ки дар Қошғар миллатҳои ғайритурк ҳам мезиянд, аз он ҷумла, тоҷикон ҳам…
    Оё ин қошғаршинос чеҳраи худро дар ойина дида аст, ки туркчеҳра аст, ё тоҷикчеҳра? Сипас, чеҳраи худро бо чеҳраи ванҷиёну дарвозиён муқоиса намояд, ки кадомяк тоҷикчеҳратар аст?

    Comment by Ahmar | 11.09.2010 | Reply

  27. О буродаро, о охир чи бахс мекунед. Агар фарз бар ин бошад, ки точикони шимол аз табори сугдиён хастанд, ки шакке нест, пас инсоф ин аст, ки дар забони сугди овози ӯ набуд. Далели он хам дар гуиши Мастчо вучуд надоштани ин овоз аст. Чун Мастчо танхо маконест дар шимол, ки аз олоиши турки нисбатан дар амон монда. Ба ин тартитб, суол пайдо мешавад, ки сокинони дигари шимол аз кучо ӯ-ро гирифтанд. Ин вомест аз турки ва узбакӣ, ки ба қиёмат бояд гузошта нашавад ва пас гардонида шавад.

    Comment by хонанда | 12.09.2010 | Reply

  28. Ба хонанда! Точикистон ин танхо Кулобу Кургонтеппаву Раштонзамину Сугди имруз нест, балки Бухорову Самарканду Фаргона нз хаст. Агар 1000 сол бигзарад хам, на Кулоб ва на Душанбе чун Самарканду Бухоро нахоханд шуд! Саволе бар миён меояд: Ки донотар аст Айни ё Саймиддинов? Турсунзода, Рахимзода, Лохути, ва хамаи он шоиру нависандагоне, ки аз будани харфи “у”-и дароз умуман нохинчор набуданд, ё Саймидинове, ки умуман ба касе шинос нест, рости ман то ба имруз ягон рисолаи илми, маводе фархангиву адабиро аз Саймиддинов намедонам, гарчи аз сохаи забону забоншиноси фарсаххо дурам. Дар Панчруд чизеву касе аз турку узбак нест, ва гуиши ин мардум умуман аз калимоти турки озод аст, вале “у”- и дарозро хама истифода мебаранд…Ба хар хол, ба саволхои пешинаи худ чавоб наёфтам…Устоди арчманд зинда бошед!!!

    Comment by Фаридун | 15.09.2010 | Reply

  29. Дуруд бар дустдорони бахс ва хомиёни забону у- и дароз! Дар боло назари як танеро бо исми Толибшо хондам, ки сари лахча ва гуйишхои Ванчу Дарвоз сухбат кардаанд. Бархе аз дустони ин факир бароям гуфтанд, ки гуё банда хамин гуна як гапхоеро гуфта бошам. Ба хамаи бародарону дустон мерасонам, ки банда ба бардарам Салими Аюбзод, ба Абдукодири Рустам ва ба хама андешамандони миллатам эхтироми зиёд дорам ва гумон накунанд, ки гуфтахои боло моли банда бошанд. Ман харчи гуфтаам хамеша бо имзои Толибшохи Сайидзода гуфтаам ва забони модариам- точикиро зиёд дуст медораму хама аз хама лахчаву гуйишхои он хушам меояд. Шимолу Шарку Чануби Гарби Точикистон бароям яксон Ватан аст. Бахси Салиму Абдукодир дигар бародаронам, ки боандеша ва олимона харф мезананд бисёр хуб аст. Сарбаланду хушруз бошед, дустони азизу точики ман.

    Comment by Толибшохи САЙИДЗОДА | 25.12.2010 | Reply

  30. 1) Ман худам аз он форсизабононам ки “У”-и дарозро истифода мекунам, аммо ба фикри ман аз алифбои мо ин- харф бояд хазф шавад. Гарчанде ки 2миллион шимоли Точикистон ва 10миллион форсизабонони Узбакистон аз чумла Бухорогиву самаркандихо ин- харфро истифода мекунанд, ба хар хол…
    2) Нохияи Хуросон! Аввал ин- ки Хуросон – маънояш хур-хуршед,офтоб ва осон- ба маънии баромад, яъне ч,ое ки офтоб мебарояд, на шарк, ба хар хол аз он ки аз шарк офтоб мебарояд хуросону шарк муродиф намешаванд, ба фикри ман. Дигар ин- ки Хуросон остони дар шарки Эрон не, балки хуросон ин- аз техрон ин- тараф то помир хама хуросон. Ва он факте ки дар шарки эрон хуросон хасту дар гарби точикистон хуросон хаст – бисер зебост ба хотире ки гуё нишонае аз он аст ки ин- ду хуросон як хуросони пора гашта аст, ва рузе ба хам хоханд омад, бо пайвастани балху хироту ду хуросони tojikistonu eron:)
    3) Дар як чо хонда будам ки забони кухани сугдиву порсиву пахлавию бохтариву дигару дигар лахчахо – чунон наздик будаанд ки Куруши ва наздиконаш бо сугдиён бе тарчумон сухан мегуфтаанд. Боке нест агар забони порси аз кадим барои тамоми Эронзамин – аз Шероз то Помир яке будаасту, Порси ном гирифтанаш ба он хотир аст ки калимаи Порс баъди Куруш барои эрониён як маркае шуд ки дар тамоми чахон моро бо он мешинохтанд.
    4) ОХИРИН ВА ЗАРУРТАРИНЕ аз гуфтанихоям – Чавоб ба саволи – ЧАРО забони имрузаи точикии мо олуда асту бародари азизамон аз афгонистон бехтар аз вазирони мо сухангуи форсианд? Чавобам ба намуди савол аст – Шумо гуед ки мо точикони точикистони аз кучо бояд забонамонро омузем? ба гайри оила хеч, кучое нест ки мо форсиамонро тарошида базеб кунем. Хама тевеканалхое ки мо мебинем руси, ба гайри ин- дар бисер нохияхо каналхои узбаки тамошо мекунанд, АНА аз кучо туркиву руси дар забони мо! Савол ба хукумати мо – барои чи шабакаи форсиро намекушоед?? Эрон маблаггузори кардааст, чи намерасад? Дигар ин- ки барои чи Россия2-ро барои точикистониён нишон медихеду BBCpersian ки аз Бритониё пахш мешаваду хеч, хатари шиаву дигару дигар надорад агар аз ин- тарсед, Чи мешавад ба ч,ои Россия2 ки худи мо точиконро танкид мекунад, BBCpersian ро мардум тамошо кунад? Ман тамошо мекунам аз интернет- форсиашон мушкил нест. Шабака ба таври расми барои се кишвар аст- эрон афгонистон ва точикистон – хабархо аз хар се кишвар мерасанд. Чаро нишон намедихед? Ана барои хамин Хучандихо Дом2 тамошо мекунанду Истаравшанихо Ёшлар, пас аз кучо бояд мо форси омузем?? Халли мушкилро аз чизхои одди бояд огоз кард. Баъди он- ки бо шабакахо корро ба тартиб овард – хукумат баъд метавонад аз паи хати форси шавад…

    Comment by Фаридун2 | 22.03.2012 | Reply

  31. Джонибек Асанов

    Comment by jonibek | 07.06.2013 | Reply

  32. […] нав борҳо гуфтаанду навиштаанд, банда ҳам аз он ҷумла ( “Имолаи имло”– 22.08.2010 ва “Бори дигар дар бораи имло” – 29.09.2010), […]

    Pingback by Иауоэяӣ ё “вая вай кунед, ки вай шавад” « Салими Аюбзод | 20.03.2017 | Reply


Leave a reply to Умед Ҷайҳонӣ Cancel reply